Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад.
Сарони давлатҳо изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.