Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари ба ҳалокат расидани шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари зилзилаи шадид боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Бо эҳсоси ҳамдардӣ аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, наздикону пайвандони қурбониён ва тамоми мардуми Чин тасаллиёти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.
Ба ҳамаи осебдидагон аз ин офати табиӣ шифои комил мехоҳам».