ТАБРИКОТИ Рохбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди Хукумати ЧТ бахшида ба Рӯзи Истиклолияти давлатии ЧТ
Истиқлолу иқболи тоҷик
Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳими миллати тоҷик дар дарозои таърих аст. Сулҳу субот, тинҷиву амонӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои озодонаи изҳори андеша, афкори шахсӣ ва озодии дину ақида, осудагӣ ва амнияти иҷтимоӣ аз бузургтарин дастовардҳои замони истиқлоли давлати мо ба шумор меравад.Миллати мо идҳо ва ҷашнҳои зиёде дорад. Аммо ҷашни истиқлол аз назари муҳтаво, арзиш, аҳаммият ва ифтихор мақоми хосса дорад. Ҷашни истиқлол, дар ҳақиқат, тоҷи сари ҳамаи ҷашнҳост. Камоли саодати миллати мост, ки 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро расман эълон кард ва бо ин амал саҳифаи наве дар китоби ҳаёти мардуми мо боз шуд. Тоҷикистони азиз соҳиби истиқлоли давлатӣ ва истиқлоли миллӣ гардид. Истиқлоле, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ зудгузар ва нопойдор хоҳад буд. Тоҷикистониазизи мо дар давоми 30 соли истиқлол ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Агарчи панҷ соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати ободгари мо ба зудӣ пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифт ва бо муттаҳид шудан дар атрофи сарвари худ, ба сўи пирўзиҳо роҳ мепаймояд. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд оварда, устувор гардонд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим ёфта, пули миллӣ ба муомилот баромад ва ҳар фарди ҷомеа соҳиби шиносномаи миллӣ гардид.
Соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.Баррасии асноди расмии солҳои охири шӯравӣ нишон медиҳад, ки андешаи истиқлолпарвариву истиқлолхоҳии тоҷикон тайи ин солҳо дар ҳолати таҳаввулу такомул қарор дошта, оқибат то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрўзаи мо гардид. Агар андак ба дарунтари таърих фурў равем, мебинем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рўҳи истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт. Агарчи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9-уми сентябри соли 1991 ба истиқлол расид ва давлати мустақили худро таъсис кард, аммо давлату давлатдорӣ барои тоҷикон чизи нав набуд. Ойини давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тўли таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кўшишу талошҳо намудааст. Аз нигоҳи таърихнигорон ташаккули давлатдории халқи тоҷикро ба чор марҳилаи таърихӣ ҷудо кардан мумкин аст:Давраи якум – замони ташаккул ва инкишофи давлати Сосониён дар ҳудуди шимолу шарқи Хуросон; Давраи дуюм – ташаккулёбии халқи тоҷик дар Мавороуннаҳр, ки дар он халқиятҳои Эрони Шарқӣ, аз ҷумла, бохтариҳо, хоразмиҳо ва суғдиҳо зиндагӣ мекарданд; Давраи сеюм – ташаккули комили халқи тоҷик дар замони Сомониён; Давраи чорум – ҳамчун давлати мустиқил ва соҳиби ихтиёри том арзи ҳастӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин тараф. Омўзиши сарчашмаҳо ва бозёфтҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон аз ибтидои пайдоишашон дорои анъана ва тарзу услуби хоси фарҳанги давлатдорӣ будаанд. Давлату давлатдорӣ дар Эронзамини бостонӣ давраҳои тўлонии таърихиро дар бар мегирад. Тибқи маълумоти бостоншиносӣ сароғози давлатдории ниёгонамон ба замони пайдоиши сулолаҳои ориёии Пешдодиён ва Каёниёни бузург нисбат дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки кишвари азизамон – Тоҷикистон дар тўли 31 соли истиқлоли худ рўз аз рўз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст.
Дар даврони истиқлол баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳо оғоз гардид. Бо иқдомоти Пешвои миллат сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа–Кўлоб амалӣ гардиданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун эҳё шуд.
Бунёди маҷмааи Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам кам аст, китобхонаи миллӣ, осорхона, театри миллӣ, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар радифи кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд.
Нуктаи муҳими дигар ва қобили зикр он аст, ки истиқлол ба зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам овард. Дар замони истиқлолият занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолият намоянд. Имрӯз занон дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки зиёда аз 51 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Ҳоло дар ҷумҳуриамон фаъолияти занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, фарҳанг бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд. Зиёда аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, беш аз 68 фоизи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва 51 фоизи кормандони соҳаи фарҳангро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият, яъне аз соли 1991 то инҷониб 8 нафар зан ба ҳайси муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар зан ба ҳайси Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар ба ҳайси вазир ва 13 нафар роҳбарони аввали кумитаву идораҳои назди ҳукумат таъин гардида, ҳамзамон, занон ба ҳайси раиси суди олии иқтисодӣ ва сардори хадамоти иҷро фаъолият намуда истодаанд.
Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 19176 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4486 нафар, ё 23,4%, аз шумораи умумии 5910 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1148 (19,4%) нафарро занон ташкил медиҳад, ки албатта ҳамаи ин самараи истиқлоли кишвар аст.
Ин гуна неъмат ва шароитҳо ҳар як инсони ватандору ватанпарасти Тоҷикистони азизро водор месозад, ки шукргузорӣ аз ҳар як порча замини ватани озоду обод кунем, шукронаи як нафаси беғубори осоиштагӣ кунем, шукронаи хандаҳои беолоиши кудакон, ва оромии дили модарон кунем, шукрона кунем, ки Пешвои муаззами миллат дорем, ки на танҳо Тоҷикистон, балки тоҷикони дунёро соҳибӣ карда истодааст. Биёед, ҳама сар аз як гиребон бароварда, барои ояндаи дурахшони миллату давлати азизамон дар бари Пешвои миллатамон рост истода, тамоми ғайратамонро барои ободии кишвар равона созем.