Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ва ифтитоҳи бинои нави Кӯдакистони «Зангӯла» дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (Кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мақсади рушди соҳаи маориф ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи як сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Иншооти нав дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии “Зангӯла” дар чор гурӯҳ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёнияти муосиру замонавӣ таъмин буда, ороиши дохили ҳуҷраҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.