Сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон 28.06.2022
28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.