Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазоратҳо ва сохторҳои давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар сохтори Вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, сӯҳбат намуданд.
Пешвои миллат зимни мулоқот аз таҳлилу баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбарони мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимму рӯзмарра, нақши ҳар як мутахассис дар пешрафти соҳа вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо далелу рақамҳои дақиқ мисол оварда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон, кордону ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру супориш дода, Сарвари давлат, бахусус, ба соҳаи илму маориф, ки махзани асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибмалака дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар сохтору мақомоти зикргардида аз баъзе камбудиву норасоиҳо ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки; «кадрҳои ҷавон бояд бо завқи беандоза, дасту дили пок, савияи баланди донишҳои замонавӣ, маҳорати роҳбарӣ ва суханвариву забондонӣ барои аз байн бурдани монеаҳои роҳҳои рушду тараққиёти давлат — хурофотпаратӣ, ришваситонӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи волоияти қонун мубориза баранд ва дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд».