Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
Имрӯз, 23 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии Созмон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба фаъолияти муштараки давлатҳои «оилаи СҲШ» дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд. Дар ин замина, аҳамияти иқдомоти зарурӣ ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.
Дабири кулли СҲШ аҳамияти таърихии натиҷаҳои саммити СҲШ-ро дар Душанбе, ки ба 20-умин солгарди таъсиси созмон бахшида шуда буд, зикр кард.
С. Муҳриддин ба Дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расонидани мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.