Таъмини истиқлоли энергетикӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт якчанд лоиҳаҳо татбиқ карда шуда, корҳои сохтмону барқарорсозии инфрасохтори соҳа ҷараён дорад. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак» шинос шуд. Корҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак соли 2019 шурӯъ шуда, фарогири ду марҳила мебошанд.
То имрӯз дар гидроагрегати №1 таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон васл гардида, дарбанди куравӣ пас аз таъмир аз майдони кушодаи васлӣ ба ҷои васли доимӣ интиқол дода шудааст.
Айни замон корҳои қиррезӣ дар ҷойи гирифтани об барои системаи оби техникӣ, васли сарпӯши генератор ва рефленкаи креставинаи болоӣ, омадагӣ барои васли ғалтаки статор бо тахтасим, васли платформаи металлӣ, васлаки элегазӣ ва дигар корҳои сохтмону барқарорсозӣ бо суръат ҷараён доранд.
Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.
Таъкид бояд кард, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоот зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани таҷдид ба барқарорсозии НБО-и «Норак» ба рушди соҳаи энергетикаи мамлакат замина мегузорад.
Вобаста ба ин зимни шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак» Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро барои бо сифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмону барқарорсозӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва ҷоннок намудани фаъолият вазифадор намуд.