Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ маълум гардид
Тавре қаблан хабар додем, 13 майи соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа 9 масъала пешбинӣ шудааст. Вазирон ба нақша гирифтаанд, ки оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод табодули афкор кунанд.
Дар назар аст, ки маърӯза «Дар бораи лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ» шунида шавад.
Лоиҳа
(ба ҳолати 26 апрели соли 2022)
РӮЗНОМАИ
ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
13 майи соли 2022, шаҳри Душанбе
- Мубодилаи афкор аз рӯйи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи ИДМ.
- Дар бораи гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
- Дар бораи Лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ».
- Дар бораи татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳӣ миёни ВКХ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2021
- Дар бораи ҷараёни иҷрои Барномаи амал оид ба фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021.
- Дар бораи ташкили заминавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти нотариалӣ.
- Дар бораи ташкили заминавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи туризм.
- Дар бораи лоиҳаи Номгӯи лоиҳаҳои илмии умедбахш, самтҳои дахлдори афзалиятноки тадқиқоти бунёдӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
- Дар бораи мукофотонидан бо Ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.