ДУШАНБЕ ДАР РУСИЯ МАЪРУФИЯТИ БЕШТАР ПАЙДО КАРДААСТ. Дар ин бора омори фурудгоҳи «Пулково»-и Санкт-Петербург дар 4 моҳи аввали соли 2022 гувоҳӣ медиҳад
Душанбе ба самти маъруфи байналмилалӣ барои мусофирон дар фурудгоҳи «Пулково»-и Санкт-Петербург табдил ёфтааст. Дар ин бора дар дафтари матбуотии ширкати идоракунандаи «Дарвозаҳои ҳавоии пойтахти шимолӣ» гуфтанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Sputnik».
Дар маҷмуъ, дар 4 моҳи соли 2022 мизони истифодаи мусофирон аз хадамоти ин фурудгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз афзуда, қариб 4,5 миллион нафар аз он истифода кардааст. Дар баробари ин дар хатсайрҳои дохилӣ коркунони фурудгоҳ ба 3,8 миллион мусофир хидмат расондаанд. Ин рақамҳо бо рақамҳои соли 2021 мувофиқанд.
Дар хатсайрҳои байналмилалӣ бошад, ин мизон 2,5 баробар афзуд. Дар давоми 4 моҳ 672 ҳазор нафар мусофир аз ин самтҳои парвоз дар Пулково истифода кардаанд. Маъруфтарин шаҳрҳо дар Русия Москва, Сочи, Калининград, Новосибирск, Екатеринбург, Архангелск, Қазон, Мурманск ва Уфа номбар шудаанд.
Дар масирҳои байналмилалӣ, ба ҷуз аз Душанбе, Истанбул (Туркия), Дубай (АМА), Минск (Белорусия), Хургада ва Шарм-уш-Шайх (Миср), Тошканд ва Урганҷ (Ӯзбекистон), Ош (Қирғизистон) ва Ҳелсинки (Финландия) маъруф будаанд.
Бояд гуфт, ки Пулково аз ҷиҳати ҳаҷми мусофиркашонӣ дар Русия пас аз фурудгоҳҳои Москва ҷойи чаҳорумро мегирад.
Аз соли 2010 оператори асосии он Консорсиуми байналмилалии «Дарвозаҳои пойтахти шимолӣ» мебошад, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ фурудгоҳ ва лоиҳаи таҷдиду рушди онро идора мекунад.
Қаблан Душанбе ба феҳристи масирҳои арзон барои истироҳати шаҳрвандони Русия дар рӯзҳои иду таътилҳои моҳи май ворид шуда буд. Маблағи тахминие, ки бояд барои чиптаи сафар ба пойтахт пардохт шавад, 10 ҳазор рублро ташкил медиҳад.