Робитаҳои дуҷониба миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Чин тақвият меёбанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо вакилони Маҷлиси умумичинӣ- намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар реҷаи фосилавӣ мулоқот намуд.
Саидмурод Фаттоҳзода доир ба равобити ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, бахусус миёни парлумонҳои ҳарду давлат изҳори андеша намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки вохӯрии мо дар арафаи 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин басо рамзист. Дар таърихи навини Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон дар баробари Маҷлиси Миллӣ яке аз ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи қонунгузории муосири Тоҷикистон муайян кардани ниёзҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини асоснокии илмӣ ва самаранокии қонунгузорӣ дар шароити тағйирёбии воқеият ва чолишҳои нав мебошад.
«Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва муҳимтарин муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд. Ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил, аз ҷумла 15 нафар занон, 32 нафар олимони соҳаҳои гуногун, 13 нафар докторони илм ва 15 нафар номзадҳои илм шомиланд», — афзуд Саидмурод Фаттоҳзода.
«Тоҷикистон ва Чин дӯст ва шарикони хубанд. Муносибатҳои дуҷонибаи мо дар тӯли 30 соли охир аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ рушди солим ва устуворро дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ, натиҷаҳои мутақобилан судманд нигоҳ доштаанд. Дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст оварда шуданд. Чин имрӯз яке аз шарикони пешрафтаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад», — тазаккур дод раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон.
Мавсуф афзуд, ки дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин пешбурди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавқеи муҳим ишғол мекунад.
«Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» барои ҳамкории зичи кишварҳои мо дурнамои бузург вуҷуд дорад, — таъкид дошт Саидмурод Фаттоҳзода ва илова намуд, ки — мо инчунин иқтидори назаррасро дар ташаббуси нави глобалии рушди Чин мебинем. Алоқаҳои байни шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ торафт мустаҳкам шуда, вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, густариши муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистон ва Чин, балки ба таҳкими сулҳу суботи тамоми минтақа мувофиқ аст ва мо минбаъд низ ин равандро ҳамчун самти стратегии ҳамкории худ ҳадафмандона пеш мебарем».
Дар раванди мулоқот мубодилаи қонунгузорӣ ҷузъи муҳими равобити Тоҷикистон ва Чин арзёбӣ шуд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи баланд бо натиҷаҳои судманд дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ рушд мекунанд.
Дар ҳамоиш аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот иштирок намуданд.