Нигоҳ аз Душанбе: Тоҷикистон ва Узбекистон наметавонанд аз ҳам ҷудо, бидуни дӯстиву ҳамкории мутақобила рушд кунанд
21 апрел дар Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Тошканд мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Узбекистон ва Тоҷикистон дар фазои ягонаи таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ баргузор гардид». Дар кори мизи мудаввар, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, мутахассисони муассисаҳои пешбари коршиносӣ-таҳлилӣ ва тадқиқотии Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласа сохторҳои махсуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Африқо, инчунин Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Сафорат дар Тошканд муаррифӣ намуданд.
Аз ҷониби Узбекистон коршиносони Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президент, Институти таърих, Маркази миллии археология, Осорхонаи давлатии таърихи халқҳои Узбекистон дар назди Академияи илмҳо, Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни репрессия, Филиали Тошкандии Университети иқтисодии Русия ба номи Плеханов иштирок доштанд.
Зимни ҷамъомад иштирокчиён таҷриба ва донишҳои пешқадамро дар соҳаи ҳифз, омӯзиш ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангии Узбекистон ва Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстонаро ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Коршиносон нотакрор будани минтақаи моро ҳамчун фазои ягонаи таърихию фарҳангӣ, ки ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири беандоза расонидааст, зикр намуданд. Ба акидаи зиёди шарқшиносон, Осиёи Миёна гиреҳи махсуси равандҳои этногенетикӣ буда, метавонад асоси ҳамкории минтақавӣ гардад.
Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Узбекистон ва Тоҷикистон дар роҳи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ҷомеаи сермиллату бисёрзабон, рушди неруи гуногуни фарҳангӣ, зеҳнӣ ва маънавии халқҳои мо таваҷҷуҳи хосса дорад ва омӯзиши муфассалро тақозо мекунад.
Зимни суханронии ифтитоҳии худ директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров зикр кард, ки Узбекистон ва Тоҷикистон, ки дар фазои ягонаи таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ мавқеи махсусро ишғол мекунанд, имрӯз ба самти гуманитарии ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон равобити дуҷониба маҷрои тоза гирифта, имрӯз шарикии стратегӣ дар тамоми соҳаҳо рушду таҳким меёбад.
Вохӯрии хеле гарму дӯстона бо зиёиёни эҷодкор ва илмӣ, ки моҳи июни соли гузашта дар доираи сафари расмии Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, махсусан зикр карда шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кард, ки ду мамлакат дорои таърихи тӯлонии равобит буда, дар муколамаи тамаддунии мардуми Осиёи Марказӣ саҳми арзанда доранд.
Узбакистон ва Тоҷикистон ду давлате ҳастанд, ки таърихан муҳимтарин ҳалқаи Роҳи бузурги абрешим буданд. Онҳо дар чорроҳаи роҳҳои асосии тиҷорати ҷаҳонӣ қарор дошта, аз замонҳои қадим дар раванди ғанисозии мутақобилаи фарҳангу тамаддунҳо мавқеи муҳимро ишғол кардаанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».
Муовини директори Осорхонаи давлатии ёдбуди қурбониёни репрессия Мурод Зикруллоев аҳамияти баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалии чунин шаклро, ки барои табодули ошкоро ва созандаи афкор миёни коршиносони ду мамлакат ва мустаҳкам намудани алоқаҳои илмию фарҳангии Узбекистон ва Тоҷикистон имкон медиҳад, махсусан таъкид намуд.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Насрулло Убайдулло зикр кард, ки таърихи чандинасраи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии тоҷикону узбекҳо, умумияти амиқи фарҳангӣ, миллӣ, динӣ дар назди мо вазифа гузоштааст, ки дар шароити ҷаҳонишавии кунунӣ ба анъанаҳои дӯстӣ, бародарӣ ва боварӣ ба ҳамдигар бодиққат муносибат кунем.
Муовини директори Маркази миллии бостоншиносии Академияи илмҳои Узбекистон, профессор Ғайбулло Бобоёров таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки густариши равобити неки ду мамлакат ба наздикшавии фарҳангҳо ва таҳкими робитаҳои илмӣ зич алоқаманд аст.
Сармутахассиси Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ , профессор Бахтиёр Бобоҷонов ҳузури ҷамъиятҳои бузургро дар мамлакатҳои мо, ки аз пайванди наздики сарнавишт, фарҳанг ва таърихи ду халқ гувоҳӣ дода, имрӯз ҳамчун заминаи тавонои дипломатияи мардумӣ амал мекунанд, таъкид кард.
Директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияв ва Тоҷикистон, профессор Гузел Майтдинова гуфт, ки Тоҷикистону Узбекистон аз ҳам ҷудо, бидуни дӯстӣ ва ҳамкории мутақобила наметавонанд рушд кунанд. Охир, ду халқ аз қадимулайём дар як сарзамин сукунат доранд, ин ҳамсояҳои нек дар ҳамаи масъалаҳо бо ҳамдигар маслиҳат ва мавзӯъҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ҳамдигарро муҳокима мекунанд.
Мудири шуъбаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Некбахт Дороншоева таваҷҷуҳро ба зарурати эҳтиром ба маданият ва таърихи бойи халкҳои бародари мо ҷалб намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дӯстии мамлакатҳо минбаъд низ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат хоҳад кард.
Сармутахассиси Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Рамзиддин Ғуломов зикр кард, ки халқҳои Узбекистон ва Тоҷикистон таърихан ва маънаван ба ҳамдигар наздиканд. Таърихи муштарак, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, инчунин анъанаҳои беназири чандинасраи эҳтироми ҳамдигар ва ҳамсоягии нек заминаи мустаҳками дӯстии мамлакатҳоро асос гузоштаанд.
Ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Миёнаи Институти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаббатшо Қобилов иброз дошт, ки фаъолияти муштарак ва ҳамзистии халқҳои тоҷику узбек дар ташаккули он нақши бузург бозид.
Иштирокчиёни чорабинӣ дар мавриди зарурати густариши минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ тавассути баргузории чорабиниҳои мунтазами муштарак, табодули таҷриба ва дониш дар соҳаи ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Узбекистон ва Тоҷикистон якдилона изҳори назар карданд, ки минбаъд риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии некро мустаҳкам менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Институти байналмилалии Осиёи Миёна 15 июли соли 2021 кушода шуда, дар маросими ифтитоҳи он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комилов, роҳбарони ниҳодҳои хориҷии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, намояндагони воломақоми СММ, ИДМ, СҲШ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Мушкилот ва имконият» дар Тошканд қарор доштанд, ширкат намуданд.