Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро ифтитоҳ намуда, ба 50 нафар ятимони кулл тӯхфаҳо тақдим карданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоотро соҳибкори маҳаллӣ Сорбон Савриддинов дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд намудааст. Бинои асосии маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино ду ҳаммом таъсис дода шудааст, ки замонавӣ мебошад ва барои қабули 24 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳаммом аз ҳуҷраи қабул, хонаҳои либосивазкунӣ, истироҳатӣ, буғхона ва ҳавз иборат аст.

Дар ошёни якуми маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» мағозаи техника ва таҷҳизоти рӯзгор таъсис дода шудааст. Дар мағоза таҷҳизоти зарурии истеҳсоли ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз қабили радио ва телевизор, телефонҳои мобилӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шудааст. Акнун бо таъсиси чунин мағозаи замонавӣ сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти он ба дигар шаҳру ноҳияҳо нарафта, аз ин ҷо техникаву таҷҳизоти лозимаро ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ метавонанд харидорӣ намоянд.

Ошёнаи дуюми бино дорои 7 ҳуҷраи барҳаво аст, ки барои дафтари кории ширкатҳои тиҷоратии шаҳр пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо замонавӣ буда, дар ҳар кадоми он шароити муосири фаъолият барои соҳибкорону дигар ширкатҳои тиҷоратӣ мавҷуд мебошад. Дар ин ошёна ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Меҳмонхонаи марказ, ки бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шудааст дар ошёнаҳои сеюм ва чорум ҷойгир мебошад. Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи дунафара, аз ҷумла 2 ҳуҷраи олӣ, 5 ҳуҷраи люкс ва 8 ҳуҷраи нимлюкс иборат аст. Ҳуҷраҳо бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандартҳои хизматрасонӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имкон аст дар меҳмонхона ба 30 нафар хизмат расонида шавад. Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар шаҳри Исфара рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин менамояд.

Зебоии атрофи бинои маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз, ки бо тарҳи хос шинонида шудааст, ҷилои дигар мебахшанд. Корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеаизҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин ва намудани ибрат барои дигар сокинони мамлакат маънидод карданд.

Дар маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл, ки дар мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таълиму тарбия мегиранд суҳбати самимӣ анҷом дода, ба 50 нафар ҷавонону наврасони бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз маҷмуи сару либоси мактабӣ, аз ҷумла шиму кастюм, пойафзол ва шириниҳои зиёд иборат аст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раъиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадя карда шуд. Тақдими туҳфа ва суҳбати самимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл боиси хушҳолиашон гардид.

Таъкид карда шуд, ки ятимон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат бенасиб намемонанд ва онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Ятимони кулли шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо аз чунин ғамхорӣ пайваста баҳравар ҳастанд. Ҷавонону наврасони ятим Президенти мамлакатро бовар кунанданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманд ба воя мерасанд ва бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.