Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бинои нави Кӯдакистони хусусии «Бунёд»-ро ба истифода доданд
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бинои нави Кӯдакистони хусусии “Бунёд”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ амалӣ гардида, онро соҳибкорзан, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд-ҷаҳони орзуҳои Шумо” Истамой Мадалиева сохта ба истифода додааст.
Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, барои 80 кӯдак дар 5 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст. Қабати якум аз ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгоҳ, толори бозии кӯдакон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро ҳуҷраҳои хоб ва синфхонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Кӯдакистони “Бунёд” бо тарҳи нави меъморӣ сохта шудааст. Дар самти таъмини муассиса бо аёниятҳои дарсию китобҳои бачагона, аз ҷониби соҳибкор миқдори зарурии лавозимоти хониш дастрас гардида, ҳамчунин беҳтарин мураббияҳои соҳибтаҷрибаву донандагони хуби соҳа ба кор ҷалб гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба ташаббуси соҳибкорзан Истамой Мадалиева ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои дурдаст, баҳои баланд доданд.