Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи «Хуҷанд-Могилёвлифтмаш» оғоз бахшиданд
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш” оғоз бахшиданд.
Коргоҳи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” Музаффар Ҷумъаев дар ҳамкорӣ бо Корхонаи истеҳсоли лифти “Могилёвлифтмаш”-и Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шудааст.
Масоҳати умумии корхона 1,8 гектарро ташкил дода, барои бунёди коргоҳ 2,9 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Аз ин 2,1 миллион сомонӣ барои харидориву васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ равона шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Беларус ворид карда шуда, аз технологияи пешрафтаи истеҳсоли лифт ва дорои кафолати сифати махсулот мебошад.
Лифтҳои нимтайёр аз корхонаи “Могилёвлифтмаш” ворид карда шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 36 лифти замонавӣ буда, бо бунёди коргоҳи нави истеҳсоли лифт дар шаҳри Хуҷанд 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва музди меҳнати хуб таьмин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар соҳаи мошинсозӣ баҳои баланд дода, ба онҳо барои марҳила ба марҳила рушд додани соҳа ва минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр тавсия доданд.
Бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосир истеҳсоли лифтҳои гуногуни борбардор, мусофиркашонӣ барои хонаҳои баландошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншоот амалӣ карда мешаванд.
Коргоҳ ҳамчунин ба ҷуз лифтҳои муқаррарӣ барои шахсони маъюб лифт ва эскалатору травалаторҳо истеҳсол менамояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи стратегии мамлакат — саноатикунонии босурьати кишвар ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли лифт аз иқдомҳои наҷибу шоистаи соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот мебошад.
Танҳо соли 2021 4 намуд лифт бо вазни 1,8 ҳазор тонна ба маблағи 4,2 миллион доллари америкоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки ин иқдом қадами аввалин баҳри созмон додани механизми ивазкунандаи воридот вобаста ба рушди соҳаи сохтмон мебошад.