Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи томактабии «Маърифатпарвар»-ро ифтитоҳ намуданд
14 апрел дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”-ро ифтитоҳ карданд.
Иншооти соҳаи маориф дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти бахши хусусӣ аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ дар кӯдакистон 400 нафар наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, мусиқӣ, рақс, забономӯзӣ ва толор барои варзиш иборат мебошад. Бо дарназардошти шароити мусоиди таълим дар маҷмуъ 13 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Бунёди кӯдакистон барои амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — фарогирии бештар ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
Дар Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан аз беҳтаршавии имкониятҳо барои таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии таълимӣ ёдовар шуда, кормандони соҳаи маорифро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят карданд.
Таълим дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити мусоиди фароҳамгардида, ки ба стандартҳои байналмилалии таълим мутобиқ мебошад, имкон медиҳад, ки кӯдакон шуруъ аз даврони якуми таҳсил бо бартариҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.