Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуданд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳист.
Дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳудуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.
Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, барояшон шароити хуби кор фароҳам оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.