Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Кумитаи рушди маҳал, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед аз вазифаи Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Қурбонзода Амирхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд.
Ҳамчунин дар ҳайати роҳбарикунандаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» раис ва муовинон аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида бо таҳлилҳои мушаххас мисол оварда, таъкид намуданд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Зимни мулоқот бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ таъингардида Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амалии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар иншооти энергитикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.