Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
19 декабр дар Деҳлӣ нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳҳои таҳкими абзори мазкур, густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва пайванди байниминтақавӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳамкории муштарак дар татбиқи иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд. Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имконияти содиротӣ таъкид гардид.
Гузашта аз ин, намояндагони кишварҳои узви муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намуданд.
Дар интиҳо оид ба натиҷаҳои нишасти сеюми Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.