Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат Президенти кишвари дӯст ва дар шахси ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлолияти давлатӣ гарму ҷӯшон табрик намуданд.
Дар ин зимн Роҳбари давлати мо дастовардҳои назаррас ва пешрафти бузургеро, ки Ҷумҳурии Қазоқистон тайи солҳои гузаштаи истиқлолият дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯву эътибори худ дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардааст, махсусан таъкид карданд.
Ҳамчунин, тавсеа ва таъмиқи бемайлону босуботи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ имрӯзҳо мунтазам рушд меёбанд, қайд гардид.
Дар баробари ин ҷонибҳо аҳаммияти татбиқи минбаъдаи ҳамаҷонибаи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои байнидавлатӣ зимни сафари Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба даст омода буд, таъкид карданд.
Президентҳо атрофи масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.