Семинар-тренинг тарики Онлайн

 

Тибки супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2021  вобаста ба амалисозии лоиҳаи «Мустаҳкамкунии бехатарии амалиёти саноати кӯҳӣ, аз он ҷумла полоишгоҳҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ» аз 2 то 4 июни соли 2021 бо  иштироки намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои  нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар полоишгоҳи ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд семинар тренинг гузаронда шуд.        

 

 

 

 

Ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо пешниҳоди Комиссияи иктисодии аврупоии СММ  санаи 2-юми декабри соли ҷорӣ аз соати 14.00 то 17.00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҲҶТ ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба бехатарии полоишгоҳҳо ва пешгирии ифлосшавии тасодуфии об ба тарики онлайн баргузор гардид.

 

 

 

 

 

Тарафҳо зимни ҷаласа ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда мубодилаи афкор намуданд.