25 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот – суд, прокуратура, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, раисони суди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси суди ноҳияи Лахш ва судяҳои як қатор шаҳру навоҳии мамлакат бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати ваколати дар вазифаи судя будан аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд.

Дар мақомоти Прокуратура низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, прокуророни ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати роҳбарӣ таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳим – сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул – сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Бахтиёр Саидқул – сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуруллозода Сафарбек Нурулло – директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар», Амирзода Дилафрӯз Субҳон – директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз – директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», Бахтовари Сайфулло – директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» таъин гардиданд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур оид ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

«Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед» – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.