Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқӣ имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Чумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам Оглу Аскеров баррасӣ гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкории мутақобила заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
“Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногун бо Озарбойҷон изҳор намуда, ба рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла муштараки сиёсӣ, таваҷуҳи хос ва доимӣ дорем. Мо қодирем муносибатҳои намунавии дӯстонаро таъмин намоем ва ҳамаҷониба тақвият бахшем”, — изҳор дошт М. Зокирзода.
Роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳори назар намуда, Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки итминони комил дорам, гурўҳи дўстии байни парлумонҳо бо талошҳои муштарак ҳамкории мутақобилан судмандро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд.