Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид

Субҳи 22 ноябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба кор оғоз намуд.

Дар кори ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ, Қирғизистон Руслан Казакбаев, Узбекистан   Абдулазиз Камилов, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиев, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл ва узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ  Ютта Урпилан ширкат доранд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда,  доир ба дурнамои ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо табодули афкор сурат гирад. Ба рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дохил мешаванд.