Сафири Тоҷикистон бо Волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
16 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Волии шаҳри Анқара Васип Шаҳин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкорӣ миёни ду кишвар, бахусус бо шаҳри Анқара дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ин ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.