Сарвазири Тоҷикистон бо Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ мулоқот намуд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков мулоқот намуд.

Дар доираи мулоқот муҳимтарин масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки давоми 23 сол ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд заминаи воқеӣ пайдо намуда, ҳамасола татбиқи муҳимтарин лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт бештар мегардад.

Айни замон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон 19 лоиҳа татбиқ мешаванд, ки соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, илм ва маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бо Бонки Осиёии рушд ҳамкории нек ба роҳ монда, барои вусъати он пайваста тадбир меандешад.