Ифтитоҳи бинои Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳиявӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои осорхона дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шудааст.
Дар бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ, ки аз 5 ошёна иборат мебошад, инчунин китобхонаи марказӣ, идораи бойгонӣ ва рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Балх” бо матбаа ҷой дода шудааст.
Осорхонаи ноҳиявӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҷойгир буда, дар рафҳои намоишӣ бештар аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксарияти нигораҳо аз гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёфт гардидааст. Нигораҳо давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, шурӯъ аз асри 6-и пеш аз мелод то замони навро дар бар мегирад. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки мансуби асри 6-7 то мелод аст, зиннатбахш ва василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 мелодӣ дар масоҳати 13,5 гектар замин ҷойгир буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медод.
Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз димнаи Кофирқалъа маводҳои зиёд – зарфҳои кулолӣ(сафолӣ), шишагӣ, оҳанӣ, инчунин ашёҳои аз устухону санг сохташуда дарёфт карда шудааст, ки онҳоро бостоншиносон ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Ҳамчунин ёдгориҳои сершумори санъати мутааллиқ ба дини буддоӣ аз даруни куҳандиз ва хонаҳои истиқоматӣ дарёфт карда шуд.
Мутахассисон ин бозёфтҳоро ҳаматарафа омӯхта, ба кадом давр тааллуқ доштани онҳо, ҳамчунин ба маданияти кадом минтақаҳо омехта буданашонро муайян кардаанд.
Намунаҳои мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард дар бинои осорхонаи нав ба маъраз гузошта шудааст, ки муаррифгари таърихи қадимаи миллати тоҷик мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норушани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо осорхона таъкид шуд, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзиши баланди таърихии миллати тоҷикро доро буда, қисмати муҳими Роҳи Абрешим тавассути ҳамин ноҳия то Аҷинатеппа мерасид ва воситаи муҳими тиҷорат маҳсуб меёфт. Дар ҳудуди ноҳия аз тарафи бостоншиносон ду корвонсарой кашф гардидааст.
Дар умум, ҳар як меҳмони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик ба пуррагӣ ошноӣ пайдо намояд.
Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудааст, ин скалатитҳои дорои таърихи 3 миллион сол, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили Китоби сурх, кӯзаҳои асри биринҷӣ, кӯзаҳои замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диарамаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллат тоҷик мебошад.
Бояд таъкид кард, ки таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба кишвари мо ба мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар як нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ карда шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.