Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Борбади шаҳри Левакант бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот се ошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 компютер, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, синфхона барои ҳунаромӯзии дӯхтарон, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.
Дар атрофи бинои навбунёд гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, саҳни муассиса пурра сафолакпуш ва ҳамзамон чароғон гардидааст.
Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,06 гектар замин бунёд карда шуда, имкон медиҳад, ки дар ду баст 640 нафар хонанда дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Дар иншооти навбунёд 50 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нави таълимӣ кормандони соҳаи илму маорифро барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ аз ҳарвақта дида масъулиятшинос бошанд.