Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО дар Нур-Султон иштирок намуд.
Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим намояндагӣ кард.
Фарњод Салим оид ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон изҳори назар намуда, ширкаткунандагонро бо иқдомҳои Тоҷикистон дар самти муҳитизистӣ шинос намуд.
Ҳамчунин Ф. Салим аз кишварҳои узв барои ҷонибдории иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо даъват ба амал овард.
Инчунин, 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲТБО ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзид.
Дар рафти мулоқот ҳайатҳо ба ҷониби қазоқистонӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО изҳори сипос намуда, оид ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар минтақа табодули назар намуданд.