Кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати ҶТ Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат мустаъқиман тамошо намуданд

 

Тамошои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати ҶТ муташаккилона тавассути шабакаҳои телевизионӣ  мустақиман тамошо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат дар Паёми худ зикр намуданд, ки «роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо давоми сӣ соли гузашта, инчунин дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди иқтисоди миллиро таҳлилу баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

 

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Кормандону масъулини Хадамот ҳама супоришҳои Президенти мамлакатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар оянда кӯшиш менамоянд, ки дар пешрафти ватани маҳбуби хеш ҳисагузор бошанд.