Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.
28 декабр ҳайати кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, тавассути пахши мустақим дастҷамъона тамошо намуданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи кунунии рушди мамлакат мавриди арзёбӣ қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон барои солҳои оянда муайян карда шуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро гирифта, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таассуроти амиқ гузошт. Кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» руҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистода барои соли оянда саъю кӯшиш менамоянд. Иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷумҳурии мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистон қадами ҷиддӣ хоҳад буд.