Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд

4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон бо номи «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду давлат мебошад.

Консерти ҷаззоби «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду давлат, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон мебошад, хушу хотирмон баргузор шуд.