Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Фармоишгари бунёди иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он тибқи лоиҳаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “ПИЛҶ САНИИОСП” бунёд гардидааст.
Пудратчиёни асосии бунёди иншоот ширкатҳои ватании сохтмонии ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Фаввора”, “Самар СН” ва “Инкишоф Сохтмон” мебошад.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот аз 450 то 650 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат коргарону масъулони ин бахши пешрафтаи ҷомеаро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.
Дар навбати худ кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории амиқи хешро иброз доштанд.