Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид
Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар давраи мураккаби ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар лаҳзаҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба бақои давлату миллат таҳдид менамуд, дар Қасри маданияти “Арбоб” иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, бо иродаи кулли вакилони Шурои Олӣ сиёсатмадори оқилу ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Маҳз бо хираду ҷасорату қарорҳои оқилонаи Сарвари давлат ва Иҷлосияи таърихӣ ба сулҳи тоҷикон оғоз бахшида, давлату миллат пойдор боқӣ монд.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, қарорҳои он ва амалу иқдомҳои ҷасуронаю дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарору таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии давлати ҷавони тоҷикон, барқарории сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт.
Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукуҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа — олимону зиёиён, занону ҷавонон бо барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ ва дар фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукрона аз давлати соҳибистиқлол таҷассуми садоқат, эҳдои меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маҳз хираду ҷасорат, сиёсати оқилонаю ояндабинонаи наҷотбахшу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, сиёсатмадори хирадманд аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот пойдор ва халқи Тоҷикистон бо иқдому амалҳои созанда баҳри рушду пешрафти минбаъда қадамҳои устувор мегузоранд.