Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Амири минтақаи Риёз ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.