Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.