Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд
18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳад миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро зарур шумурданд.
Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳокима карда шуданд.