Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад ва мо ҷонибдору ҳавасманди тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он мебошем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ табодули андеша карда, аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвари бародар ва дӯст, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энеретика, ифтитоҳи корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон, коркарди пахта ва махсулоти ниҳоӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сармоягузории лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судовар ва ҳамкории ниҳодҳои молиявию бонкӣ, табодули андеша карданд.

Дар бахши кишоварзӣ таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Аморот, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал ва чорвои зиндаю маҳсулоти гӯштӣ, зарур дониста шуд.

Густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои дигари ояндадори робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Аморот маънидод гардид.

Зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва пайваст намудани пойтахтҳо тавассути роҳандозии парвозҳои мустақим байни Абу Забӣ ва Душанбе ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.