Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро иброз менамоям.
Кишвари мо Австрияро яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, аз сатҳу раванди рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо он изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Зимни таъкиди мақоми хоссаи густаришу тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Австрия, мо идомаи муколамаи сиёсии миёни ду кишварро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, ба нафъи дастрасӣ ба ҳадафҳои аслии мавриди манфиати тарафайн медонем.
Итминон дорам, ки талошҳои муштарак дар роҳи тавсеаи муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунсамт, бо дарназардошти мавҷудияти имкониятҳои фаровони ду кишвар, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии бардавом, комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Австрия сулҳу осоиш ва пешрафту шукуфоии бомаром орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
25 марти соли 2022 Ҷумҳурии Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатиашонро таҷлил менамоянд. Дар иртибот ба ин санаи ҷашнӣ ва хотирмон дар муносибатҳои дуҷонибаи мо хушнудам ба Шумо номаи табрикотии худро ирсол намоям.
Дар тӯли 30 соли сипаришуда ҳамкориҳои кишварҳои мо дар асоси усули эҳтироми ҳамдигар ва дар маҷрои дӯстӣ рушд ёфтаанд. Тайи солҳои охир занҷираи муҳими онҳоро ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад. Умед дорам, чунин шарикиро мо минбаъд низ идома дода, дар соли ҷашнӣ бо саъйю талошҳои муштарак ба тавсеаи ҳамкории байни кишварҳоямон дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ноил мешавем.
Дар фарҷом мехоҳам ба Шумо некӯаҳволии шахсӣ ва ояндаи дурахшону бомуваффақияти кишваратонро орзу намоям».