Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс пирӯз шуд
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад. Дирӯз варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуюм ҳарифи кениягиашро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуда, ба даври сеюм баромад. 31 октябр ӯ дар даври сеюм бо Наренда аз Ҳиндустон муҳориба мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуда, то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд. 28 октябр се варзишгари тоҷик ба ринг баромаданд — дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов ба муқобили Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов ба муқобили Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов ба муқобили Элли Очола (Кения). Аз миёни онҳо танҳо Ҷаҳон Қурбонов тавонист, ки ба даври дуюм барояд.
Имрӯз, 29 октябр шоҳиди маҳорати Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бо Роланд Верес (Венгрия) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг бо Ҷамар Телей (ШМА) мешавем.
30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Русия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд. Инчунин Шаббос Негматуллоев дар рақобати дуюмаш бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад.
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар даври аввал Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуда буд.
Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.