Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии ҶДММ «Акобир»-ро дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
27 октябр дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмӯи мебели гуногуни мулоим буда, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Италия ва Чин ворид карда шудаанд.
Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ пурра дар дохили корхона сурат мегирад.
Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.
Ба иттилои роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”, тамоми намуди мебел, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавогӯи стандартҳои замони имрӯз буда, дар бозори Тоҷикистон харидорони бештар доранд.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.