Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази перинаталӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.
Дар шуъбаи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи 3-юми бино ҷойгир аст, барои гузаронидани аксар намуди амалиёти ҷарроҳии эндовидеоӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидаанд, ки пас аз ҷарроҳӣ беморон бистарӣ ва ба эҳёгарӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон, ки дар маҷмуъ 90 кати хоб дорад, 45 нафар мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ бо кор таъмин гардидаанд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии баландсифати тиббӣ мерасонанд. Илова бар ин беш аз 10 нафар бонувони қаблан бешуғл ҳамчун гурӯҳҳои ёрирасон фаъолияткунанда ба кор ҷалб ва бо маоши хуб таъмин шуданд.
Дар Маркази перинаталӣ таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз қабили рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, асбоби ҷарроҳии эндовидеоӣ, беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосир, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, барои ҳифзи солимии модару кӯдак- шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудаанд, васлу насб гардидаанд.
Инчунин дар марказ нуқтаи тамизгардонӣ мавҷуд аст, ки тамоми таҷҳизоти тиббӣ баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ пурра безарар карда мешавад.
Дар ошхонаи марказ барои беморон, модарони ҳомила ва модарони баъд аз таваллуди фарзанд ғизои болаззат, ки асосан парҳезӣ аст, бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Барои хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба модару кӯдак дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон ду адад воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии сайёр бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд аст.
Илова бар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.
Акнун, бо бунёди Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар самти хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модару кӯдак шароити арзанда фароҳам оварда шуд.