Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ дар 9 моҳи соли 2021
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамбасти 9 моҳаи фаъолияти Хадамот доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагон аз Ҳукумати ҶТ, роҳбарият ва кормандони ин ниҳод иштирок доштанд. Хадамот фаъолияти хуро дар нуҳ моҳи соли 2021 дар асоси Конститутсияи ҶТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ соҳавӣ, Низомномаи Хадамот ва нақшаи тасдиқшудаи санҷишҳо ба роҳ мондааст. Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 334 корхона ва 10 ҳазору 333 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатии марказӣ ва 3 нозиротҳои комплексии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Бадахшон дар корхона ва объектҳои ба қайд гирифта шуда, 177 назорати техникӣ гузаронда шуд, ки аз ин 162 назорати нақшавӣ, 14 назорати ғайри нақшавӣ ва як назорати иловагӣ мебошад. Дар ин давра 15 қитъаи кӯҳкорӣ барои коркарди саноатии канданиҳои фоиданоки маъмул, ки аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатӣ ба корхонаҳо дода шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар китоби бақайдгирии қитъаҳои кӯҳкорӣ барои конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул сабт карда шуд.
Рохбарият ва кормандони назорати Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риоя намудани талаботҳои бехатарии саноатӣ ва пешгирии ходисаҳои нохуш ва садамахои истеҳсолӣ бо роҳбарони корхонаҳо мунтазам вохӯрӣ гузаронида, машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Дар ин давра 1 ҳазору 399 нафар кормандони муҳандисию техникӣ ва коргарони корхонахои зериназоратӣ аз санҷиши малакаи дониш гузаронда шудаанд.
Хадамот тасмим дорад, ки дар доираи салоҳиятҳои худ кӯшиш ба харҷ диҳад, ки барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳавӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории техникӣ ва қабули иншооти ҷашнӣ тибқи риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ саҳми назаррас гузоранд.