Ба истифода додани бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб
5 октябр дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.
Нахуст баъди ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ин навбат 43 нафар кудакону наврасони шаҳри Кӯлоб, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум шудаву зери ғамхории ҳамешагии Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни солгарди соҳибистиқлолии Ватанро ба ин насли сазовори кишвар таҳният гуфта, ба онҳо хушрузгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлату миллатро орзу карданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назари худ қарор дода, то ба ҳаёти мустақил гусел кардан, нигоҳубин менамояд. Барои зисту таҳсили онҳо, илму касбомӯзиашон тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.
Таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини тамоми шароити хизмати онҳо ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат барои хизматчиён ва оилаҳои онҳо манзилҳои истиқоматӣ тақдим карда, барои фарзандони содиқ ва муҳофизони шуҷоъ беҳтарин имкониятҳоро муҳайё месозанд.