2 феврали соли 2021 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамот-Раҳим Санъат Асо, муовини якуми Сардор- Аламзода Исроил Бобо, муовини Сардор-Мирзозода Ардашери Абдуғаффор, сардорони нозиротҳо ва бахшҳо ва дигар мутахассисону кормандони Хадамот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.