Аз рӯи масъалаи якум дар мавзӯи “Мафҳум ва моҳияти Конститутсия” Мизонов Сайидо–нусхабардор ва таъминотчии сомонаи Хадамот суханронӣ намуд.
Ҳозирини гиромӣ !
Истилоҳи «Конститутсия» ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар замони сохти ҷамъияти феодалӣ мазмуни он тағйир ёфта, муносибатҳои ба сохтори марзӣ–давлатӣ алоқамандро танзим менамуд. Аввалин конститутсияҳо дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нав дар Амрико – соли 1787, Фаронса – соли 1791 ва Лаҳистон – соли 1791 таҳия ва қабул шудаанд.
Мувофиқи мазмунашон меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳолати ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатиро аз рӯи таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти онҳо мустаҳкам менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ аз меъёрҳои қонунҳои одӣ ба он фарқ мекунанд, ки онҳо ба маънои васеашон усул ва шаклҳои баамалбарории ҳокимияти давлатиро муқаррар ва таҳким мебахшанд. Гузашта аз ин, меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба талаботи ҳаёти ҷомеа алоқаманд буда, ба устувории Конститутсия замина мегузоранд.
Қувваи олии Конститутсия дар маҷмӯи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи ин санадро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ муайян менамоянд. Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.
Конститутсияи ҳоло амалкунандаи мо хусусиятҳои махсуси худро дорад. Дар он хусусиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, миллӣ, сиёсӣ, таърихӣ, динӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар як вақт барои ҳамаи конститутсияҳо хусусиятҳои умумӣ хос мебошанд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷум–ҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии давлат буда, мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати муттаҳидсозандаи тамоми мардуми ватани азизамон–Тоҷикистон ба шумор меравад.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Конститутсия раванди давлатдорӣ ва сиёсати пешгирифтаи давлатро нишон медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳар сол 6-уми ноябр рузи Конститутсия қайд карда мешавад. шањрвандон боло бурда шавад.