САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРӢ

 

ХАДАМОТИ

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО

ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРӢ

(ќисми 1)

 

 

Душанбе

2021

 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ:

«Дастурамал оид ба тартиби гузаронидани назорат аз рӯи намунабардории кулл ҳангоми истихроҷ, коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва муайян намудани бадастоварии ҷузъҳои таркибии фоиданоки онҳо дар дастгоҳи заршӯӣ».

«Қоидаҳои ягонаи ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҳи канданињои фоиданоки сахт».

«Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот ба тартибдиҳии хулосаи экспертизаи бехатарии саноатӣ».

«Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии аттраксионњо».

«Қоидаҳои бехатарии саноатии нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ».

«Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод».

«Қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар нуқтаҳои газпуркунӣ ва стансияҳои газпуркунии гази моеъ».

«Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ».

 

Зери роҳбарии:

Рањим Санъат Асо – сардори Хадамот

Тањияи:

Аламзода И. Б.          – муовини якуми сардори Хадамот

Мирзозода А. А.        – муовини сардори Хадамот

Олимӣ З.                     – сардори раёсати илмию техникӣ

Сафари Н.                   -сардори нозироти давлатии назорати кӯҳӣ – техникӣ

Убайдуллозода И.     -сардори нозироти давлатии назорати истифодаи оќилона ва ҳифзи қаъри замин

Холназарзода Ф. –   сардори нозироти давлатии назорати иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо

Назриев Х. Х.            – сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ

Ҳомидов Д. А.           – сардори нозироти давлатии назорати газ

Мақидов Т. Ш.          – сармутахассиси раёсати илмию техникӣ.

 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2020, №1024 ба қайд гирифта шудааст. Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 12 майи соли 2020, №33 тасдиқ карда шудааст.

 

ДАСТУРАМАЛ

ОИД БА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАЗОРАТ

АЗ РӮИ НАМУНАБАРДОРИИ КУЛЛ ҲАНГОМИ ИСТИХРОҶ, КОРКАРДИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ ПОШХӮРДА ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ БАДАСТОВАРИИ ҶУЗЪҲОИ ТАРКИБИИ ФОИДАНОКИ ОНҲО ДАР ДАСТГОҲИ ЗАРШӮӢ

 

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Дастурамал оид ба тартиби гузаронидани назорат аз рӯи намунабардории кулл ҳангоми истихроҷ, коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва муайян намудани бадастоварии ҷузъҳои таркибии фоиданоки онҳо дар дастгоҳи заршӯӣ (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи сархати сию чоруми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст ва бо мақсади муайянсозии коэффитсиенти муносиби бадастоварии компоненти фоиданок ва талафёбии технологӣ дар дастгоҳҳои заршӯӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, таҳия гардидааст.
  3. Дастурамали мазкур қоидаҳо ва тартиби коркарди маводи аввалияро дар ҷараёни шустани регҳо, назорати ҷараёни технологии бойгардонӣ бо мақсади муайян намудан ва нигоҳдории реҷаи оптималии кори дастгоҳи технологиро муқаррар менамояд.
  4. Намунабардории кулл бо қувваи коргарон, мутахассисони корхонаи истихроҷии соҳаи кӯҳкорӣ бо мақсади назорати раванди бойгардонии технологӣ, муайян намудани талафоти технологӣ, фоизи бадастоварии компонентҳои фоиданок дар комплексҳои бойгардонӣ, гузаронида мешавад.
  5. Барои назорат аз рӯи намунабардории кулл бо фармоиши Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи салоҳиятнок (минбаъд – комиссия) таъсис дода мешавад.
  6. Иҷроиши талаботи Дастурамал барои ҳамаи корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва моликият, ки коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ҳатмӣ мебошад.

 

  1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
  2. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

намунабардорӣмаҷмӯи амалиёт барои гирифтан ва коркарди намунаҳо бо мақсади муайян намудани таркиб ва хусусияти моддаҳои таҳқиқшаванда ва яке аз муҳимтарин амалиёт ҳангоми истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад;

дастгоҳи шӯянда – таҷҳизоте, ки барои шустани қумҳои металлдор (зардор) пешбинӣ шудааст;

– ППМ-5 – дастгоҳи заршӯии модулӣ, ки бари элак 5 метрро ташкил медиҳад;

ГГМ-3 – элаки гидромеханикӣ, ки бари он 3 метрро ташкил медиҳад;

бункер – иншоот барои захира намудан, нигоҳдории муваққатӣ ва холӣ намудан ва бор кардани канданиҳои фоиданок ва ҷинсҳо мебошад. Бункери қабулкунанда бевосита ба фабрикаи бойгардонӣ наздик ҷойгир кунонида мешавад;

дарғотҳо (дар бойгардонӣ) – дастгоҳҳои бойгардонии ҷозибавӣ, ки он новаи моилро ифода мекунад ва таги новаи моил – фарши мулоим ва панҷараи оҳанин (трафарет) мумкин дошта бошад (ноҳамвориҳое, ки аз лундаҳо, ходаҳо, резинаи чиндор ва ғайраҳо сохта шудаанд). Мавҷуд будани панҷараҳои оҳанин барои таҳшиншавии минералҳои вазнин аз қумҳои пошхӯрда мусоидат мекунад.

– таҳшин (шлих) – консентрат аз минералҳои вазнин, ки баъди шустани қумҳо аз конҳои пошхӯрда ба даст меояд;

шӯъбаи такмилдиҳӣмарҳилаи охирини бойгардонӣ, ки консентрати кондитсионӣ медиҳад;

маркшейдерия – соҳаи илми техникӣ ва кӯҳкорӣ, ки асосан бо ченкунии фазоӣ-геометрӣ машғул мебошад (аксбардории маркшейдерӣ), мақсади он тасвир кардани кандаҳои кӯҳӣ дар нақшаҳо, бурришҳо, проексияҳо ва дигар графикаҳои қаъри замин ҳангоми корҳои омӯзишии конҳо, сохтмон ва истифодабарии корхонаҳои соҳаи кӯҳкорӣ мебошад;

эфел – масолеҳи майда ва донадор, ки ҳангоми шустани тиллои пошхӯрда ва бойгардонии маъдани тилло ҷудо мешавад;

бутара – таҷҳизоте, ки аз як ё ду элак ва дарғоти моил иборат буда, барои шустани ҷинсҳои кӯҳӣ бо мақсади ҷудо кардани гилхок ва масолеҳи хурд муқаррар карда шудааст;

зумпф – зарфе, ки ба он аз ковишгоҳ барои бо насос кашидан тавассути мошини лойкашак ва насоси қумӣ омехтаи обӣ меояд; ҷинси кӯҳӣ ва об барои тайёр кардани лойоба;

элаккунӣҷараёни тасниф аз рӯи калонҳаҷмӣ, ки дар сатҳи элаккунӣ амалӣ карда мешавад (панҷараҳо, элакҳо ва ғайра).

 

  1. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ КОМИССИЯ
  2. Вазифаҳои асосии комиссияи назорат оид ба гузаронидани намунабардории кулл инҳоянд:

– азназаргузаронии пешакии карери истихроҷӣ, маҷмӯи дастгоҳи заршӯӣ, аз он ҷумла, бункери қабулкунанда, гиреҳи элаккунӣ, ҳолати шустан ва хориҷкунии лундасангҳо, дарғот (гиреҳи нигоҳдоранда), инчунин шуъбаи такмилдиҳӣ ва ҳолати анбори эфелӣ;

– назорати риояи ҳамаи меъёрҳо ва талаботи технологии харитаи реҷаи технологии коркарди регҳо;

– назорати ҷараёни бойгардонӣ бо мақсади муайян намудан ва нигоҳдории реҷаи муфиди кории дастгоҳи технологӣ;

– коркард намудани маводи воқеии ҳосилшуда оид ба назорати намунабардории кулл ва тартиб додани санад.

  1. Комиссия ҳуқуқ дорад:

– эксперти мустақил, мутахассисони корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ, донишкадаҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва дигар шахсони салоҳиятдорро ҷалб намояд;

– аз корхонаҳои зериназоратӣ маводҳои иловагии геологию маркшейдерӣ, маводи аввалияи намунабардорӣ аз рӯи намунабардории кулли ҷорӣ аз партовҳо, фоизи (дараҷаи) бадастоварии компонентҳои фоиданок, маводҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва дигар маводҳои аввалияи заруриро талаб намояд;

– Комиссияе, ки назорати намунабардории кулл ва санҷиши дастгоҳҳоро мегузаронад, ҳуқуқ дорад, ки шартҳои рафти намунабардориро вобаста ба шароитҳои воқеии кор иваз намояд;

– дар ҳолати мувофиқат накардани шароити корӣ тибқи талаботи Дастурамали мазкур, зиёд будани баландии зинаи корӣ нисбати бели экскаватор, омода набудани дастгоҳҳои шӯянда, надоштани миқдори даркории рег барои гузаронидани намунабардории кулл, аз меъёр зиёд будани омехташавии ҷинсҳои кӯҳӣ нисбати регҳо, комиссия метавонад, ки намунабардории куллро манъ намуда, ба корхона ё ҷамъият санад дар бораи бартараф намудани қоидавайронкуниҳо ва ба дигар вақт гузаронидани намунабардории кулл, инчунин дигар қоидавайронкуниҳо нисбати меъёрҳои ҳифзи қаъри заминро бо тавсияҳо ва талабот ҷиҳати бартараф намудани онҳо пешниҳод намояд.

 

  1. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАМУНАБАРДОРИИ КУЛЛ ВА САНҶИШИ ДАСТГОҲҲОИ ЗАРШӮӢ (ДАР МИСОЛИ ДАСТГОҲҲОИ ППМ-5, ГГМ-3 ВА ДИГАРҲО)
  2. Намунабардории кулл ва санҷиши дастгоҳҳои шӯянда аз тарафи истифодабарандагони қаъри замин дар як мавсими корӣ на кам аз 1-2 маротиба ва як маротиба дар ҳузури комиссия дар реҷаи муқаррарии корӣ дар давоми 3-5 шабонарӯз вобаста ба шароити корӣ ва мавҷудияти қувваю воситаҳо, дар мувофиқаи дақиқ бо харитаи реҷавии раванди технологӣ, ки онро роҳбари корхона ё сармуҳандис тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.
  3. Вазифаи чунин шакли намунабардорӣ аз гирифтани маълумот барои тартиб додани баланси пурраи об ва рег (бо баҳодиҳии миқдорӣ ва сифатӣ) бо маводи фоиданок, ки ба дастгоҳи заршӯӣ дохил мешавад, иборат мебошад.
  4. Пеш аз оғози намунабардории кулл ва санҷиши дастгоҳҳо, комиссия омода будани дастгоҳи шӯянда, муҳайё будани миқдори басандаи рег барои истихроҷ, баландии зинаҳои истихроҷӣ, будан ё набудани миқдори ҷинсҳои омехташуда, дараҷаи обнокӣ ва дигар мамониятҳои эҳтимолие, ки коркарди кандании фоиданок ва гузаронидани намунабардории куллро мушкил менамоянд, мушоҳидавӣ месанҷад.
  5. Баландии зинаи истихроҷӣ аз рӯи баландии ковиши техникаи истихроҷӣ муайян карда мешавад ва набояд аз баландии ковиши он зиёд бошад. Баландии ковиш барои экскаватори ЭКГ-5 – 10 метр, LG-688 – 5-7 метр, CAT-347Д – 3 метрро ташкил медиҳад.
  6. Дар комплекси дастгоҳи шӯянда инҳо ба назорати мушоҳидавӣ фаро гирифта мешаванд:

– ҳолати ҳимоявии майдонҳои хизматрасонӣ ва зинапоя;

– надоштан ё доштани чакиш ва резиш дар гиреҳҳои васлшавӣ;

– ҳолати дарғотҳои дастгоҳҳои шӯянда ва шуъбаи такмилдиҳӣ, хосиятҳои техникии онҳо;

– хосиятҳои техникии дастгоҳҳои шӯянда бояд талаботи ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва техникӣ, ки корхонаи истеҳсолкунандаи он муқаррар намудааст, ҷавобгӯ бошанд.

  1. Ҳолат ва намуди руйпуши қаппак – намадчаҳои резинӣ бо сӯрохиҳо, ки ба талаботҳои зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

– миқдори элакҳо – 4;

– андозаи элак -3-150 мм;

– андозаи порчаҳое, ки ба элак дохил мешаванд – 400 мм;

– намадчаҳои қаппанда тамғаи R4-2262385;

– бари намад – 1,0 метр;

– ғафсии намад – 2,0 см;

– дарозии торҳо (мӯякҳо) – 1,7 см;

– ҳолат ва намуди ромбӣ – металлии 50-36 мм, трафарети тагшонии хурд – металлӣ 3 мм.

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ РЕГҲО ДАР КОВИШГОҲ ВА МИЗИ ҚАБУЛКУНИИ ДАСТГОҲИ ЗАРШӮӢ
  2. Дар ҳолати қаноатбахш будани ковишгоҳи кон, дастгоҳи заршӯӣ, миқдори зарурии регҳои зардор ва дигар шароитҳо, аз ҷумла, чорабиниҳо оид ба ҳифзи компоненти фоиданок, комиссия қарори гузаронидани намунабардории кулл ва санҷишро қабул менамояд ва аз болои иҷроиши талаботҳои харитаи раванди технологӣ дар ҳамаи пайвастагиҳои занҷири технологӣ – аз гирифтани намуна аз кон, мизи қабул, партовҳои бойгардонӣ то коркарди онҳо, ченкунии фишори обе, ки ба дастгоҳи заршӯӣ дода мешавад, бузургиҳои маҳлул (пулпа) то амалисозии ҳисобҳо ва тартиби додани санадро назорат мекунад.
  3. Комиссия ба чораҳо оид ба ҳифзи компоненти фоиданок – мавҷудияти қулфу муҳр дар ҷойҳои зарурии дарғот, тирезаҳои каноравии дастгоҳи заршӯӣ диққати махсус медиҳад.
  4. Намунабардории кулл бо аксбардории маркшейдерии ҳолати воқеии ковишгоҳ дар кони кушод оғоз шуда, бо аксбардории мазкур низ анҷом меёбад.
  5. Намунабардории кулл дар муддати 8-9 соат вобаста ба суръати воридшудаи регҳо, додани онҳо барои шустан, элаккунӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт гузаронида мешавад.

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ РЕГҲО ДАР КОВИШГОҲ
  2. Намунабардории кулл аз гирифтани намунабардории қисми ҷӯякӣ-зинавӣ (бороздавӣ) аз реги дар ковишгоҳ оғоз меёбад. Аз регҳо дар ҳамаи баландии зинаи корӣ, ки он ба баландии ковиши механизм – экскаватор баробар аст, намунаҳо гирифта мешавад. Барои экскаватори ЭКГ-5 баландии зинаи корӣ 10 метрро ташкил медиҳад. Дарозии намунаи ҷӯякӣ (бороздавӣ) дар фосилаи ҳар 2 метр гирифта мешавад. Бо мақсади дақиқ муайян намудани миқдори металл дар рег, намунаҳо аз се ҷӯяк гирифта мешаванд, ки яктои он дар маркази ковишгоҳ ва дутои дигар дар канораҳои ковишгоҳ ҷойгир шудаанд.
  3. Ҳаҷми як намуна на кам аз 0,02 м3-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии намунаҳои стандартӣ аз се ҷӯяк – 15 намуна.
  4. Барои экскаватори намуди CAT-349Д баландии ковиш 3,0 метр, баландии зина – 3,0 м. Дарозии қисматҳо дар ҷӯяк дар ин ҳолат – 1,1 метр. Баландии умумии ҷӯяки якҷоякардашуда – 10 метр. Шумораи умумии намунаҳо дар ҳолати се ҷӯяки якҷояшуда – 28 намуна бо ҳаҷми 0,01 м3 ё 14 намунаи стандартӣ иборат мебошад.

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ РЕГҲО ДАР МИЗИ ҚАБУЛ
  2. Баъди ба анҷом расидани намунабардории ҷӯякӣ ба истихроҷ ва коркарди регҳои зардор дар дастгоҳи заршӯӣ оғоз карда мешавад. Барои коркард миқдори регҳои зардор бидуни ҳаҷми харсангҳои калон, ки дар ковишгоҳ боқӣ мемонад, истифода мегардад. Ҳаҷми коркарди регҳои зардор барои дастгоҳи заршӯии тамғаи ППМ-5 дар давраи гузаронидани намунабардории кулл 800 м3 тавсия карда мешавад.
  3. Коркарди регҳои зардор барои назорати сифатнокии онҳо дар як вақт намунабардории кафӣ дар мизи қабулкунандаи дастгоҳи заршӯӣ ҳамроҳӣ мекунад. Аз ҳар як автомашинаи ҳисоби ҷуфт намунаҳо гирифта мешавад. Намунаҳо тарзе гирифта мешаванд, ки онҳо сифатноки миёнаи регҳои ҳамин мошинро муайян карда тавонанд. Барои ин аз тӯдаи рехташудаи мизи қабулкунанда намунаҳо «қабатӣ» гирифта мешавад. Аввалан мунтазам ба шакли катаки тахтаи шоҳмот аз боло, аз 10 нуқта, баъдан, пас аз шустани ними тӯда, аз қисмати сатҳи миёнаи майдони ташкилшудаи тӯда тариқи «лифофа» – аз 5 нуқта гирифта мешавад. Ҳаҷми намунаи «кафӣ» – 0,7 литр (1,5 кг) ё се қисмати як бел буда, ҳаҷми намунаи алоҳида – 0,01 м3-ро ташкил медиҳад. Миқдори мошин (рейс) вобаста аз ҳолати воқеии меъёрҳои пуркунии тамғаи автосамасвалҳо, ҳаҷми регҳои зардори коркардшаванда метавонад аз 100 то 114 тағйир дода шавад ва миқдори умумии намунаҳои алоҳида аз 50 то 57 ё 25-28 ҳаҷми пурраи стандартӣ тағйир ёбад.
  4. Таркиби миёнаи компонентҳои фоиданок дар регҳои истихроҷгардида ва коркардшуда аз миқдори умумии навъи намунаҳои гирифташуда ҳамчун адади миёнаи арифметикӣ ҳисоб карда мешавад ва ҳаҷми умумии истихроҷ ҳамчун фарқияти ду аксбардориҳои маркшейдерӣ, ки қаблан ва баъди анҷоми намунабардории кулл гузаронида шудааст, муайян карда мешавад.

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ МАҲСУЛОТИ ПАРТОВГОҲҲО
  2. Дар раванди коркарди регҳо дар дастгоҳҳои заршӯии тамғаи ППМ-5, ГГМ-3 ва дигар намудҳои ба инҳо монанди дастгоҳҳои заршӯӣ, ба партовҳо асосан ду фраксия дохил мешаванд: фраксияҳои якҷояи ҷудошудаи лӯласангҳою шағал ва фраксияи эфелҳое, ки дар алоҳидагӣ захира мешаванд.
  3. Ҳаҷми маводи сангу шағал дар регҳои коркардшаванда аз 480м3 то 560м3 тағйир меёбад ва миқдори боркашонии автомашинаҳо мувофиқ ба меъёрҳои боркашии автосамосвалҳои БелАЗ (8 м3) ва HOWO (7 м3) мутаносибан 60-70 ва 68-80 маротибаро ташкил медиҳад.
  4. Аз ин рӯ, миқдор ва ҳаҷми умумии намунаҳо аз маҳсулоти партовӣ дар қитъаҳои гуногун вобаста ба таркиби фраксионии регҳои қитъаи дахлдор муайян карда мешаванд.
  5. Дар партови лӯласангҳо ва шағал барои намунабардории ин фраксияи регҳо майдончаи махсус ба ҳаҷми ғунҷойиши маҳсулоти лӯласангу шағали воридшаванда тайёр карда мешавад. Дар он дар баробари гирифтани намунаҳо аз ҷониби хадамоти маркшейдерии қитъа, баъди ҷудокунӣ бо ёрии булдозер дар ковишгоҳ низ ченкунии ҳаҷми умумии лӯласангҳо гузаронида мешавад.
  6. Аз сабаби миқдори кам доштани хокмайдаҳо дар таркиби массаи сангу шағал (то 7%) ва имконнопазирии дастӣ гирифтани онҳо, намунаҳо аз онҳо тариқи механикӣ пас аз ҷудо кардани лӯласангҳо бо булдозер гирифта мешаванд. Дар ин ҳолат, дар якҷоягӣ ба маводи регу шағал, сангпораҳо, инчунин маводи шағалдор низ ворид мегардад. Гилҳои ба сангпораҳо часпида бо ҷорӯби оҳанин ва ё бел тарошида мешаванд.
  7. Дар раванди намунабардории кулл, ҳамчунин маҳсулоти партовҳои лӯласангию шағалӣ ва эфелии дастгоҳи заршӯӣ, ё дар баромади чап ва рости ҷамъшавандаҳои миёнаю хурдии дарғотҳо дар новаҳои асосии чап ва рост намунабардорӣ мешаванд.
  8. Аз маҳсулоти «Кисагӣ»-и дар охири дарғоти тагшонии миёна васлшуда, резишҳои гуногун ва талафёбии регҳо дар занҷири технологӣ – «истихроҷ-боркашонӣ-коркарди регҳо», ҳамчунин партовҳои қатъкунаки консентрати дарғотҳои тагшонии чуқур, миёна ва хурд, дарғоти назоратӣ ва партовҳои дар мавриди бутаркунонӣ, ғалберкунии намунаҳо ва пуфкунии консентрати онҳо пайдошуда, ҳамчунин баъд аз бутар дар зумпф ва мизи такмилдиҳии шӯъбаи такмилдиҳӣ, намунаҳо гирифта мешаванд.
  9. Нуқтаҳои асосӣ, ки дар партовҳои онҳо талафёбии технологии қисми компоненти фоиданок арзёбӣ мегардад, инҳо мебошанд: ғалбери гидромеханикӣ (лӯласангҳо ва шағал), новаҳои чап ва рости ғункунандаҳои миёна ва хурд, новаҳои асосӣ, шуъбаи такмилдиҳандаи асосӣ, инчунин «киса»-и васлшудаи дарғоти тагшонии миёна ва гидроэлакӣ (дар ҷое, ки дарғоти тагшонии хурд васл шудааст).

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ ЛӮЛАСАНГУ ШАҒАЛ
  2. Дар пошхӯрдаҳое, ки миқдори фраксияи лӯласангу шағал 60 %-ро ташкил медиҳад ва автосамосвалҳоро истифода мебаранд, миқдори камтарини намунаҳо дар ҳолати истифодабарии БелАЗ метавонад як намунаи стандартиро аз ду мошин, яъне аз ҳар як мошин 0,01 м3 ва барои HOWО як намунаи стандартӣ аз се мошин ташкил диҳад.
  3. Дар пошхӯрдаҳое, ки миқдори фраксияи лӯласангу шағал 70% -ро ташкил медиҳад, миқдори зиёдтарини намунаҳо барои намудҳои автосамосвалҳои нишондодашуда тақрибан ба як намунаи стандартӣ аз мошин баробар мебошад.

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ ЭФЕЛҲО
  2. Партовҳои маводҳои эфелӣ бо асбоби намунагир дар баромади чап ва рости дарғотҳои миёна ва хурд (дар он ҷое, ки онҳо васл карда шудаанд), шуъбаи такмилдиҳӣ «киса»-и чап ва рости новаи асосӣ, бо роҳи давра ба давра бастани ҷараёни лойоба (пулпа) баъди ҳар як 10-15 дақиқа намунабардорӣ мешавад.
  3. Ҳаҷми намунаи шабонарӯзии интихобӣ аз ҳар як дарғотҳои чап ва рости тагшинҳои миёна, аз ҳар новаи чап ва рост мувофиқи тавсияҳои Чемезов В. В. (соли 1980) – 200-250 литр ё ин ки 0,2-0,25 м3-ро ташкил медиҳад.
  4. Мувофиқи иқтидори истеҳсолии лоиҳавии дастгоҳи тамғаи ППМ-5 баробари 100 м3/соат бошад, давомнокии шустани ҳаҷми муайяни рег (8 соат) ва давомнокии вақти лоиҳавӣ дар як шабонарӯз 18 соат, миқдори максималии умумии намунаҳои алоҳида ташкил медиҳад:

Vумум= (0.25×2/18)x8=0,222 м3 ё 11 адад (0.222/0,02=11,1) намунаи стандартӣ.

Миқдори минималии намуна – 0,178 м3 ё 9 намунаи стандартӣ.

  1. Миқдори қатъкунӣ бо давомнокии 10-15 дақиқа, бо фосилаи байни онҳо 10-15 дақиқа – 3 қатъкунӣ дар як соат ва ҳангоми гузаронидани намунабардории кулл ва санҷиш (8 соат) – 24 қатъкуниро ташкил медиҳад. Дар ҳолати ҳаҷми намунаи интихобии шабонарӯзӣ ба 250 литр барои як нова (дарғот) баробар будан, ҳаҷми намунаи алоҳида дар як қатъкунӣ [(0.25х8):18]:24=0,0046=0,005 ё ин ки аз чор як ҳиссаи ҳаҷми намунаи стандартиро ташкил медиҳад. Чунин ҳаҷми намунаи алоҳида барои як қатъкунӣ нисбати новаи дигар низ пешбинӣ мегардад.
  2. Дар ҳолати надоштани шароит барои гирифтани намунаи эфелҳо бевосита аз баромади новаҳо, дарғотҳои тагшонии миёна ва хурд (дар ҷое, ки васл шудааст), эфелҳо аз партовгоҳи онҳо барои намунабардорӣ тавсия дода мешавад.
  3. Эфелҳо дар партовгоҳашон тариқи хуруҷӣ аз рӯи тури (шабакаи) шакли чоркунҷавӣ ё росткунҷавӣ то чуқурии умумии эфелҳои навбавуҷудомада бо назардошти гуногунии суръати таҳшиншавии зарраҳои тилло ва дигар компонентҳои сахти селоба (пулпа), намунабардорӣ мешаванд. Тарафҳои тӯри чоркунҷагӣ (квадратӣ) бо паҳноии қабати эфелҳо 0,5 м, ҳаҷми миёнаи намунаи интихобӣ барои пошхӯрдаҳои 30% эфелҳоро дошта – 4,5х4,5 м ва барои росткунҷагӣ – 4х5м қабул карда мешаванд. Барои пошхӯрдаҳои 40% эфелҳоро дошта, ин нишондодҳо мувофиқан 5х5 ва 4х6 м-ро ташкил менамоянд.
  4. Ҳаҷми намунаҳо 0,01 м3. Миқдори умумии намунаҳои алоҳида 20-25 намуна, ҳаҷми намунаи интихобӣ – 0,23-0,25м3 муқаррар гардидаанд.

 

  1. НАМУНАБАРДОРИИ ПАРТОВҲОИ НОВАҲОИ НАЗОРАТӢ
  2. Дар раванди ихтисоркунии консентратҳои дарғотҳои тагшонии чуқур ва миёна бо ихтисоркунаки шуъбаи мукаммалсозӣ ба вуҷуд меояд. Ҳаҷми умумии консентрати ихтисоршаванда тақрибан 1,0 м3-ро ташкил медиҳад. Гирифтани намуна баъд аз итмоми обгардонӣ ва ҷудо кардани консентрати бойгардонидашуда гузаронида мешавад. Ҳаҷми намунаи ягона – 0,02-0,04 м3-ро ташкил медиҳад. Нақшаи намунабардорӣ монанди намунабардории эфелҳо дар партовҳои онҳо мебошад.

 

  1. КОНСЕНТРАТИ «КИСАГӢ»
  2. Консентрати мазкур, ки бисёр вақт ба партовҳои эфелӣ пеш аз обгардонии дарғоти тагшонии миёна партофта мешавад, маводҳои регу шағали дар раванди коркарди пурраи регҳо ба вуҷуд меомадаро ифода менамояд. Ҳаҷми он тақрибан 0,2 м3, ҳаҷми намунаи ягона аз «киса» – 0,01 м3-ро ташкил медиҳад.

 

  1. ТАҲШИНҲОИ ХОКИСТАРРАНГ ВА СИЁҲ
  2. Таҳшинҳои хокистарранг ва сиёҳ дар марҳилаи камшавии консентрати такмилдиҳии намуна дар раванди пуфкунии онҳо ва гирифтани маҳсулоти таҳшиншуда ба вуҷуд меоянд. Таркиби ин таҳшинҳо на фақат аз таркиби минералогӣ ва сифати регҳо, балки дар бисёр ҳолатҳо аз дараҷаи тахассусии пуфкунҳо ва коркарди босифати консентрат вобастагӣ дорад. Таркиби металл дар таҳшинҳо дар баъзе ҳолатҳо ба 1-1,5 грамм ва зиёдтар ба 1 кг таҳшин рост меояд.
  3. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисоби талафёбии металл дар охири тозакунӣ таҳшинҳои сиёҳ ва хокистаранг бояд аз озмоиш гузаронида шаванд. Вазни онҳо вобаста ба миқдори таҳшинҳо (шлихҳо) бояд 50-100 граммро ташкил диҳад.

 

  1. ТАЛАФЁБИҲОИ ДИГАР
  2. Ба ин намуди талафёбӣ дохил мешаванд: талафёбӣ ҳангоми истихроҷ, кашонидан, коркард ва талафёбии эҳтимолӣ дар резонаҳои занҷири технологӣ.
  3. Талафҳои бо истихроҷ вобаста то имрӯз озмоиш нашудаанд ва ҳисобӣ кардани онҳо ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, аксиомаи маълумро оид ба алоқаи зичии компонент бо файзнокиаш дар ҷинсҳои кӯҳии нигоҳдоранда (рег), шартан андозаи талафёбиро муайян кардан мумкин аст. Қабул шудааст, ки ҳаҷми регҳои талафшаванда ҳангоми истихроҷ, кашонидан ва коркард, хусусан дар ковишгоҳҳои обдор 3%-ро ташкил месозад. Аз ин бармеояд, ки кандании фоиданоки талафёбанда ба кандании фоиданоки регҳои талафшаванда, яъне ҳосили зарби ҳамин ҳаҷми регҳо ба файзнокии он баробар аст.
  4. Талафёбии кандании фоиданоки резонаҳо дар шароити истифодабарии ППМ-5 ва дигар дастгоҳҳои шӯянда қариб вуҷуд надорад. Дар ҳолати ғайричашмдошт, резонаҳо ҳатман намунабардорӣ мешаванд. Дар ин ҳолат ҳаҷми намуна ба ҳаҷми худи резона баробар мешавад.

 

  1. ПАРТОВҲОИ РАВАНДИ БУТАР ВА НОВАКУНӢ
  2. Ин партовҳо дар натиҷаи ихтисоркунии регҳо, консентратҳо дар бутар ё нова пайдо мешавад. Дар аксар ҳолатҳо онҳо аз қобилияти шӯяндаҳо вобастагӣ доранд. Гирифтани ҳаҷми намунаҳои назоратӣ аз партовҳои бутарӣ ва новаи аз рӯи намуди намунаҳо дар ҳаҷми 25% аз миқдори умумии навъи намунаҳои коркардшуда тавсия дода мешавад.
  3. Коркарди ҳамаи намунаҳо тибқи нақшаи маълуми стандартӣ гузаронида мешавад: таҳшинкунӣ (бураткунӣ) – ҷудокунӣ – хушккунӣ – пуфкунӣ – гирифтани таҳшини компоненти фоиданок.
  4. Аз рӯи натиҷаҳои коркарди намунаҳо бо истифода аз усули маълуми ҳисобкунӣ, таркиби металл аз рӯи намудҳои талафёбӣ ҳисоб карда мешавад ва бо назардошти ҳаҷми мувофиқи онҳо, миқдори компоненти фоиданок талафшаванда ҳисоб карда мешавад. Миқдори умумии компоненти фоиданоки талафёфта бо ҷамъкунии миқдори ҳамаи намуди талафёбӣ муайян карда мешавад.

 

  1. ҲИСОБИ БАДАСТОВАРИИ МЕТАЛЛ
  2. Ҳангоми коркарди регҳои пошхӯрдаи сохти геологии мураккаби конҳои пошхӯрда бо тақсимоти таркиби гуногундоштаи металл ва таркиби гуногуни фраксионии компонентҳои фоиданок, ки таъсири андозаи ҳисобинашудаи конпоненти фоиданок ба андозаи бадастоварии он (дар мисоли ППМ-5) калон аст ва миқдори металлҳои бадастовардашуда аз металлҳо дар регҳои аввалия бартарият дорад, дар ин сурат, ҳисоби бадастоварӣ бо назардошти ҷамъи талафёбии воқеии технологӣ аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

 

Yавв – миқдори металл дар регҳои аввалия;

Yт – ҷамъи ҳамаи талафёбии металл;

Yг – миқдори металли бадастомада.

 

  1. НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТЕХНОЛОГӢ
  2. Регҳои зардор бо хосияти доштани миқдори зиёди лӯласангу шағал ва дар ҳолатҳои зиёд бо маводи гилхок тавсиф мешаванд. Ин ҳолат зарурияти дақиқ шустан ва элаккунии тӯдаи кӯҳии аввалия, назорати бодиққат ба ҷойивазкунии маҳсулот дар элаки гидромеханикӣ, гидроэлак, шустани он берун аз параметрҳои лойоба ва танзимдарории онро ба миён меоварад.
  3. Суръати тӯли интиқоли масолеҳ дар ғалбери гидромеханикӣ набояд аз 0,2+0,3 м/сония зиёд бошад. Фаввораи оби фишорӣ бояд зич бошад. Фишори оби ба гидромонитор дохилшаванда 20 метри сутуни обӣ (2 атмосфера) мебошад. Суръати селоби лойоба дар дарғотҳо бо сонияшумор ҳисобӣ шуда, ғафсии қабатро бо ҷадвал ва таносуби қисмҳои сахт ва моеъ (С:М) чунин муайян карда мешавад: дар баромади дарғотҳо бо таври бурриши селоб бо воситаи озмоишкунак селоб қисман гирифта, дар як маврид вақти бурриш қайд карда мешавад. Дар натиҷаи якчанд ченкунӣ бузургии миёнаи таносуби С:М (таносуби қисмҳои сахт ва моеъ) муайян карда мешавад. Дар зери новаи лӯласангу шағалҳо ба миқдори назаррас маҳсулоти майда (3+6мм) бояд набошад.

 

  1. БОЙГАРДОНӢ ДАР ДАРҒОТҲО
  2. Лойоба мунтазам дар тамоми паҳноии дарғот ҳаракат мекунад. Суръати сатҳи ҷараён набояд аз 2+2,5 м/сония зиёд бошад. Чуқурии ҷараён 2,5+3 маротиба аз андозаи донаҳои аз ҳама калони маводи бойгардонидашуда зиёдтар мешавад, вале на кам аз 30-32 мм. Эфелнокшавии берун аз дарғот мушоҳида намешавад, таносуби С : М = 1:10-16: 20-26.
  3. Панҷараи оҳанин (трафарет) ба таги дарғот бо маводи тахтагӣ махкам карда шуда, сатҳи кории панҷараи оҳанин ҳамвор мебошад. Дар трафарети пресскардашуда фраксияҳои лойқадор мушоҳида намешаванд. Бо қатъ кардани маҳсулот ва об намадчаҳои резинӣ бо консентрат пӯшонида мешаванд. Баъд аз гирифтани консентрати дарғотҳо сурохаҳои қаппакҳои резинӣ тоза карда мешаванд.

 

  1. КОРКАРДИ НАМУНАҲО
  2. Барои коркарди намуна мавҷудияти асбобу анҷоми зерин лозим аст:

– бутара барои шустани намунаҳо;

– нова барои шустан;

– андозаи геологии ченкунӣ бо ҳаҷми 0,02 м3 (ендовка);

– бел, рӯдаҳои резинӣ, чангакҳои гуногун;

– элаккунии компоненти шлихӣ;

– маҷмӯи элаккунии компоненти фоиданок бо сурохаки андозаҳои 10 мм, 5 мм, 3 мм, 1 мм, 0,5 мм, 0,25 мм, 0,125 мм, 0,065 мм.

 

  1. ШУСТАНИ НАМУНАҲОИ ГЕОЛОГӢ
  2. Намунаҳои аз регҳои лӯласангу шағал ва эфелҳо гирифташуда, бо тариқи дастӣ дар бутара коркард карда мешаванд. Фраксияҳои калонро (аз 10 мм калонтар) ҷудо карда, баъд аз шустан ва азназаргузаронӣ ба партовгоҳ партофта мешаванд. Қисмати дигари фраксияҳои бо сарфи 5-6 литр/сония об, дар трафарети тагшонии хурди сахт ҷиҳозонидашуда ва рӯдаи резинӣ ба бойгардонӣ дар таҷҳизоти бутарӣ фарогир мешаванд. Барои пешгирии талафёбии қисми хурди консентрат, консентрати бутариро дар тағорачаи дастӣ то расидан ба дараҷаи таҳшинҳои хокистаррангу сиёҳ пурра шуста мешавад. Таҳшинҳои дар мавриди шусташавӣ гирифташударо хушк карда, дар ғилофак гирифта, тамға зада мешаванд. Баъдан таҳшинҳо дар шӯъбаи консентрати таҳшинӣ бо коркарди камералӣ ва дар тарозуи таҳлилӣ барои баркашидан фаро гирифта мешаванд. Миқдори миёнаи он бо усули мақбули умум, баъдан бо назардошти ҳаҷми фраксияҳои намудҳои талафёбӣ, миқдори талафёбии компоненти фоиданок муайян карда мешавад.
  3. Аз натиҷаи гузаронидани намунабардории кулл, комиссия санад тартиб медиҳад, ки дар он натиҷаи ҳамаи намудҳои намунабардорӣ, ҳисоби муайянкунии таркиби миёнаи компонентҳои фоиданок дар регҳои аввалия, талафёбиҳои технологӣ, миқдори компонентҳои фоиданок дар дастгоҳи заршӯӣ, ҳамчунин маълумотҳои ченкунии фишори обдиҳӣ ва параметрҳои лойоба замима карда мешаванд.
  4. Санад аз ҷониби ҳамаи аъзоёни комиссия имзо карда шуда, дар ҳолати гузаронидани намунабардории кулл аз ҷониби худи корхона аз тарафи роҳбари корхона ва ё сармуҳандиси корхонаи истихроҷкунанда тасдиқ карда мешавад, дар ҳолати гузаронидани намунабардории кулл бо иштироки комиссия бо роҳбарият ё сармуҳандиси корхона мувофиқа карда мешавад.

 

  1. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ДАСТУРАМАЛИ МАЗКУР
  2. Шахсоне, ки дар вайронкунии Дастурамали мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2020, №1019 ба қайд гирифта шуд. Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2020, № 14 тасдиқ карда шудааст

 

ҚОИДАҲОИ ЯГОНАИ ҲИФЗИ ҚАЪРИ ЗАМИН

ҲАНГОМИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ САХТ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Қоидаҳои ягонаи ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки сахт мутобиқи сархати сиву дуюми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст, таҳия карда шуда, талаботҳо оид ба истифодабарии самаранок ва маҷмӯии конҳои канданиҳои фоиданоки сахт ва ҳифзи қаъри заминро муайян месозад.
  3. Қоидаҳо барои ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, ширкатҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (новобаста аз шакли моликият) ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, барҳамдиҳӣ ва консерватсияи корхонаҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (ғайр аз маъмул) машғуланд, ҳатмӣ мебошад.
  4. Мафҳумҳои дар Қоидаҳо овардашуда ба қонунгузорӣ дар бораи қаъри замин, инчунин дастурамалҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии байнисоҳавӣ ва соҳавӣ (низомномаҳо, дастурамалҳо, нишондиҳандаҳои методикӣ), ки истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки сахтро дар бар мегирад, мутобиқ кунонда шудааст.

 

  1. ТАЛАБОТҲОИ УМУМӢ
  2. Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳолати риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қаъри замин ва мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин рухсат дода мешавад:

– иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳисоботи геологӣ бо захирасанҷии канданиҳои фоиданок ва протоколи тасдиқи захираҳо дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (минбаъд -КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– санади супоридан ва қабул намудани кони омӯзишкардашуда барои азхудкунии саноатӣ;

– лоиҳаи тасдиқкардашуда барои сохтмони корхонаи нав ва ё  васеъгардида, азнавсозӣ ва бозсозии техникии корхонаи амалкунанда ва коркарди кон;

– санад, тасдиқкунандаи қитъаи кӯҳӣ;

– сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин;

– санади комиссияи давлатӣ оид ба қабули корхона ё ягон навбати ба истифода додашудаи он;

– рухсатнома барои истифодабарии махсуси об дар сурате, ки истихроҷи канданиҳои фоиданок ба ҳолати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ таъсир мерасонад ва дар ҳолати зарурӣ – протоколи КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи захираи обҳои зеризаминӣ;

– мувофиқакунӣ бо мақомотҳои ҳифзи моҳиён ҳангоми коркарди канданиҳои фоиданок дар соҳили баҳрҳо ва ҳудуди обанборҳо;

– нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ;

– ҳуҷҷатҳои геологӣ, геодезӣ, маркшейдерӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар равиши сохтмон тартиб додашуда;

– ҳисоботҳои корхонаҳои махсус оид ба таҳқиқотҳои технологӣ, гидрогеологӣ, муҳандиси-геологӣ, омӯзиши реҷаи газнокии конҳо ва дигар шартҳои коркарди онҳо, ҳангоми гузаронидани корҳои  иктишофии конҳо ва баъди ба анҷомрасии онҳо;

– мағзаҳои чоҳҳои иктишофӣ ва маҳакҳои такрорие, ки барои корҳои омӯзиши геологии оянда ва коркарди кон заруранд.

Тартиби гирифтани иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав) муайян менамоянд.

  1. Муассиса бо комплексҳои нақбканӣ ва кӯҳканӣ, истихроҷӣ, таҷҳизотҳо ва мошинаҳои кӯҳӣ-нақлиётӣ, дигар воситаҳои техникие, ки тибқи лоиҳа барои таъмини бехатаронаи иҷроиши корҳои кӯҳӣ, ба пуррагӣ ва комплексӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданок аз қаъри замин истифода мешаванд, бояд таъмин бошад.
  2. Қаъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси санади тасдиқкунандаи қитъаи кӯҳӣ барои истифодабарӣ ҷудо мегардад.

Қитъаи кӯҳӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок барои истифодабарӣ (ғайр аз маъмул) бо тартиби муайянгардида аз тарафи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар оянда-Хадамоти назорати кӯҳӣ) ҷудо карда мешавад.

Қитъаи кӯҳӣ, тибқи қоида, барои коркарди тамоми кони кандании фоиданок ба корхона ҷудо карда мешавад. Ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки нисбатан калон, қитъаҳои кӯҳӣ ба якчанд корхонаҳо ба тариқи истисно, аз тарафи Хадамоти назорати кӯҳӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки ҳар хелае, ки дар як майдон ҷойгиранд, қитъаи кӯҳӣ барои ҳар як кон ҷудогона пешниҳод мегардад. Дар ин ҳолат, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки калон аз тарафи якчанд корхонаҳо тартиби коркард ё қисми онҳо ва ҳампайвастагии корҳои кӯҳӣ бояд ба пуррагӣ, комплексӣ ва ба тариқи кофӣ истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки иктишофшударо аз қаъри замин, инчунин риояи талаботҳои бехатариро таъмин намояд.

Сарҳадҳои қитъаҳои кӯҳӣ дар асоси ҳудуди захираҳои иктишофшудаи канданиҳои фоиданок ё ягон қисми онҳо бо дарназардошти ҳудуди лағжиши ҷинсҳои кӯҳӣ ё паҳншавии қисматҳои (канора) карерҳо муайян мегардад. Берун аз қитъаи кӯҳӣ мондани қисми конҳое, ки барои коркарди мустақил номувофиқ манъ аст.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок берун аз ҳудуди қитъаи кӯҳӣ манъ аст. Воридкунии қитъаҳои кони берун аз ҳудуди қитъаи кӯҳӣ ҷойгиршуда, тибқи дастрас намудани қитъаи кӯҳӣ бо асосноккунии техникию иқтисодӣ аз нав ба расмият дароварда мешавад.

Қитъаҳои кӯҳӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ба корхонаҳо, муассисаҳо, кооперативҳо, ҷамъиятҳо дар асоси иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва лоиҳаи коркарди кон (қитъа) ҷудо карда мешаванд.

  1. Ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони корхона ва истихроҷи канданҳои фоиданок баъди ба расмият даровардани қитъаи кӯҳӣ, бо тартиби муқарраркардаи асосҳои қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Истихроҷи саноатию таҷрибавии конҳои канданиҳои фоиданок ё ягон қисмати он бе қитъаи кӯҳӣ, дар асоси лоиҳаи тасдиқнамудаи муассисаи болоӣ, хулосаи мусбии муассисаҳои геологӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин тибқи тартиботи муқарраргардида, гузаронида мешавад. Дар ҳудудҳои обанборҳо, кӯлҳо, дарёҳо истихроҷи саноатию таҷрибавии конҳои канданиҳои фоиданок ба ғайр аз он, бо мақомотҳое, ки муносибат ва истифодаи обҳоро ба танзим медароранд, мувофиқа карда мешавад.

Истихроҷи саноатию таҷрибавии конҳо ё ягон қисми он барои аниқ намудани шароитҳои кӯҳию геологӣ ва дигар параметрҳо бо мақсади интихоби тарзи дурусти истихроҷ ва усули коркарди ашёи минералӣ, инчунин гирифтани маълумотҳои иловагӣ барои тартиб додани лоиҳаи сохтмони корхона ба роҳ монда мешавад.

Муҳлати гузаронидани коркарди саноатию таҷрибавӣ, ки дар лоиҳа асоснок карда шудааст, бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мутобиқ кунонида мешавад.

  1. Талаботҳо оид ба истифодабарии самаранок ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки сахт бо усулҳои геотехнологӣ ва дигар (гудозиши сулфури зеризаминӣ, ишқоркунии зеризаминӣ, газикунонии зеризаминии ангишт ва дигар) дар асоси дастурамалҳо, ки аз тарафи вазоратҳо ва идораҳо тасдиқшудаву бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа шудааст, бояд пешбинӣ гардад.
  2. Нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шуда, аз тарафи истифодабарандагони қаъри замин тасдиқ карда мешавад.

Дар нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ нисбати ҳар як қисми истихроҷӣ дар алоҳидагӣ дарҷ карда мешавад.

Эзоҳ: қисми истихроҷӣ – ин қитъаи минималии кон бо шароитҳои нисбатан якҷинсаи геологӣ мебошад, ки коркарди он бо як системаи коркард ва нақшаи технологии кандани кон (зина, блок, камера ва ғайра) амалū гардида, дар ҳудуди он захираҳо дақиқ муайян карда шудаанд ва баҳисобгирии аввалиндараҷаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва дигар маъданҳои ҳамроҳ имконпазир аст.

Дар нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ бояд чораҳо оид ба камшавии талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ, дар ҳолати зарурӣ истихроҷ намудани захираҳои пешконсерватсияшуда ва ё аз тароз берунбуда, истифодабарии канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ва ҷинсҳои холии қабаткушоӣ, ҷобаҷокунии ашёи минералии ба талабот номувофиқ дар партовгоҳҳои махсус, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани пешравиҳои илмию техникӣ, инчунин нишондодҳои пешравиҳои технологӣ ва хулосаҳои илмию таҳқиқотӣ ва корҳои таҷрибавӣ доир ба ҳифзи қаъри замин пешбинӣ карда шавад.

Нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ тибқи Тартиби таҳия ва мутобиқ намудани нақшаҳои солонаи рушди корҳои кӯҳӣ, меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Кумитаи назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кӯњкории назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 04-6 аз 9 октябри соли 1997 тасдиқ карда шудааст, таҳия карда мешавад.

  1. Лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои аҳолинишин, комплексҳои саноатӣ ва дигар объектҳои хоҷагии халқ дар ҳолати аз ташкилоти соҳаи геология маълумот нисбати мавҷудияти канданиҳои фоиданок дар ҳудуди сохтмони пешбинишуда пешниҳод карда нашавад, манъ карда мешавад.

Ба тариқи истисно, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷойгиршавии захираи кандаҳои фоиданок (ғайр аз маъмул), инчунин, ҷойгиркунонии гузаргоҳҳои зеризаминӣ, ки бо гирифтани канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ вобастанабуда, дар маҳалли мавҷудияти конҳо, аз тарафи Хадамоти назорати кӯҳӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат чорабиниҳои сохтмонӣ бо имконияти истихроҷи канданиҳои фоиданок бояд ба ҳисоб гирифта шавад.

  1. Дар конҳо ё қисмҳои алоҳидаи он, ки истихроҷ ва коркарди он мувофиқи асосноккунии техники-иктисодӣ аз тарафи муассиса ѓайримақсаднок мебошад, истихроҷи канданиҳои фоиданок аз тарафи ташкилотҳои худфаъол иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок аз тарафи ташкилотҳои худфаъол танҳо дар асоси шартнома бо корхонаи истихроҷӣ, ки қитъаи кӯҳӣ ба ӯ тааллуқ дорад, инчунин тибқи лоиҳаи тасдиқнамудаи истифодабарандаи қаъри замин ва Оинномаи намунавии ташкилоти худфаъол гузаронида мешавад.

Номгӯи канданиҳои фоиданок, ки истихроҷи он ба ташкилотҳои худфаъол рухсат дода шудааст ва Оинномаи намунавии онҳо бо тартиби муайян намудаи қонунгузорӣ, тасдиқ карда мешавад.

Корхонаҳо корҳои истихроҷии ташкилотҳои худфаъолро, инчунин риояи талаботҳои қонунгузории қаъри замин ва Қоидаҳои мазкурро аз тарафи онҳо мунтазам назорат намоянд.

  1. Ҳар гуна намуди фаъолият, ки тартиботи нигохдории моддањои камёфти аёншудаи геологиро, пайдоиши минералогиро, қитъаҳои палеонтологӣ ва қитъаи қаъри замини бо тартиби муайян ҳамчун минтақаи манъкардашуда мансуб аст ё ин, ки ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангиро вайрон месозад, манъ аст.

Ҳангоми истифодаи қаъри замин ҳар гуна пайдоишҳои нодири геологӣ ва ташкилшавиҳои минералогӣ, метеоритҳо, иншоотҳои полеонтологӣ, археологӣ ва дигароне, ки манфиатҳои илму санъатро доранд, ошкор карда шавад, корҳо дар иншоотҳои мазкур ҳатман манъ карда шуда, ба мақомотҳои давлатии дахлдор хабар дода мешавад.

Барқарорсозии корҳо дар ин қитъа бо розигии мақомотҳои ваколатдори давлатӣ рухсат дода мешавад.

  1. Бо максади самаранок ва оқилона истифодабарии боигариҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, барои истифодабарандагони қаъри замин, шахсони мансабдор ва дигар коргарон, ки ба беҳбудии истифодаи қаъри замин ва мустаҳккамкунии ҳифзи онҳо чораҷӯӣ намудаанд, аз тарафи вазоратҳо ва муассисаҳо ҳавасмандгардонии молӣ ва ахлоқӣ бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ гардидааст.
  2. Вазоратњо, идораҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои соҳавии илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор ҳастанд, технологияи нав ва ё муосири вариантҳои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, воситаҳои механизатсиякунонӣ, ташкили меҳнат барои баланд бардоштани сифатнокӣ ва яклухтии ҷудо намудани кандании фоиданок ҳангоми истихроҷро кор карда бароянд ва нақшабандӣ намуда, татбиқи онро дар истеҳсолот таъмин намоянд.
  3. Истихроҷи канданиҳои фоиданок ва истифодаи ашёи минералии он, ки ба қарори КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми тасдиқи захираҳо муайян карда шудааст, мухолиф аст, ё ин ки ба қоидавайронкунӣ роҳ дода шудааст, манъ аст.

Дар ҳолатҳои алоҳида ин намуди коркард муваққатан, танҳо бо иҷозати махсуси КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати кӯҳӣ иҷро мегардад.

  1. Корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок ва омода намудани ашёи хом барои коркард машғул ҳастанд, барои азхудкунии комплексии конҳо, истифодабарии самаранок ва оқилонаи ашёи минералӣ ҷавобгар ҳастанд .
  2. Талаботҳои Қоидаҳои мазкур бояд дар хуҷҷатгузориҳои соҳавӣ (қоидаҳои истифодабарии техникӣ, оинномаҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо ва дигарон), ки фаъолияти истеҳсолии хадамотҳо, зерсохторҳо ва мансабдорони алоҳидаи корхонаҳоро баён месозад, бояд дарҷ карда шаванд.

 

  1. ТАЛАБОТҲОИ АСОСӢ ОИД БА ЛОИҲАСОЗӢ,

СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАҲОИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

  1. Мавзеи ҷойгиршавии корхона – майдон барои сохтмони корхона оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қаъри замин, об ва инчунин тибқи талаботҳои меъёрҳо ва стандартҳои соҳавӣ интихоб карда мешавад.
  2. Мавзеи ҷойгиршавии корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок қабл аз корҳои лоиҳасозӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Хадамоти назорати кӯҳӣ ва инчунин бо дигар мақомотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.
  3. Ташкилоти лоиҳасоз- лоиҳасози генералӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби ташкилотҳои махсуси лоиҳасоз ва таҳқиқотӣ бо дархости фармоишгар, барои интихоби майдонҳои сохтмон, вариантҳои гуногуни ҷойгиркунонии корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданокро бо ҳисобу китоби асоснок муқоисаи техникӣ-иқтисодӣ намуда, аз рӯи вариантҳои мувофиқ пешниҳод омода мекунад. Ҳаҷм ва номгӯи ин маводҳо ва пешниҳодҳо бо дарназардошти мураккаб будани объект муайян карда мешавад ва барои хулосабарорӣ бо мақсади самаранок ва пурра истифода бурдани конҳои канданиҳои фоиданоки истихроҷмешуда ва қарор кардан дар бораи ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, кифоя бошад.
  4. Маводҳои асосноккардашуда бо вариантҳои муқоисавии техникӣ-иқтисодии ҷойгиршавии корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва пешниҳодот дар бораи вариантҳои муфидро ташкилоти лоиҳасоз-лоиҳасози генералӣ, барои хулосабарорӣ ба Хадамоти назорати кӯҳӣ, ки намояндаи ӯ дар интихоби майдон барои сохтмони корхона ширкат намудааст, пешниҳод менамояд.
  5. Барои интихоби майдони сохтмони корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок аз ҷониби Фармоишгар тибқи тартиби муқарраршуда, комиссия бо иштироки ҳатмии намояндаи Хадамоти назорати кӯҳӣ ташкил карда мешавад ва санад дар бораи интихоби майдони сохтмони корхона тартиб дода мешавад.

Санад дар бораи интихоби майдон барои сохтмони корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни комиссия ба имзо мерасад, аз тарафи фармоишгар тасдиқ мегардад ва ҳамчун ҳуҷҷати мувофиқашуда доир ба мавқеи ҷойгиршавии корхонаи истихроҷи канданињои фоиданок маҳсуб меёбад.

  1. Дар ҳолати интихоб кардани майдон барои сохтмони корхона дар ҳудуди конҳои канданињои фоиданок, қабл аз оғози корҳои лоиҳасозӣ фармоишгар тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат барои сохтмони майдоне, ки дар он канданиҳои фоиданок ҷойгир шудааст, бояд ба расмият дарорад.
  2. Лоиҳаи корхона, аз он ҷумла коркарди таҷрибавию-саноатии кон, бояд ба талаботи қонунгузорӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, ба гурӯҳбандӣ намудани захираи конҳо ва захираи пешбинишудаи канданиҳои фоиданоки сахт, меъёрҳои амалкунанда оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон, меъёрҳои соҳавӣ ва дастурҳо оид ба лоиҳакашӣ, талаботҳои бехатарӣ ва истифодабарии техникӣ ва ҳамчунин ба Қоидаҳои мазкур, ҷавобгӯ бошад. Дар лоиҳа чорабиниҳо дар бораи иҷрои қарор ва тавсияҳое, ки КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи захираҳо пешниҳод намудааст, бояд ба назар гирифта шавад.
  3. Лоиҳаи корхона, аз он ҷумла коркарди таҷрибавию саноатӣ, дар асоси супориши техникӣ оид ба лоиҳакашӣ, ки аз тарафи истифодабарандаи қаъри замин ва ё ташкилоти болоии он тасдиқ шудааст, дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ дар қисми ҳифзи қаъри замин, таҳия карда мешавад. Лоиҳаи корхонаҳое, ки ба талаботи қонунҳои амалкунандаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва қоидаҳои мазкур ҷавобгӯй нест, қабл аз тасдиқ намудани он бояд бо Хадамоти назорати кӯҳӣ дар қисмати ҳифзи қаъри замин мувофиқа карда шавад.
  4. Дар лоиҳаи корхона масъалаҳои зерин бояд пешбинӣ шаванд:

– ҷойгиркунонии таҷҳизоту иншоотҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии корхона, тарзи боз намудан ва системаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, истифодаи воситаҳои механизатсиякунонӣ ва автоматикунонии ҷараёни истеҳсолӣ, ки пурраву самаранок ва аз ҷињати иқтисодӣ манфиатовар ҷалби захирањои тавозунӣ ва самараноку оқилона истифода кардани онҳо ва дар якҷоягӣ бо онњо канданиҳои фоиданоки ҳамроҳро таъмин месозад, ҳамчунин ҳифз ё захира намудани захираҳои ғайритавозунӣ дар зери замин ё дар анборҳои алоҳида барои азхудкунии саноатии минбаъдаи онҳо;

– омода намудани канданињои фоиданоки истихроҷшуда, ки тарзи пешрафти ғанигардонӣ ва коркарди манфиатноки ашёи минералӣ, самаранок ва пурра ҷалб кардани маъданҳое, ки дар таркибашон захирањои саноатӣ мавҷуд аст, таъмин намояд;

– самаранок истифода кардани ҷинсҳои кӯҳии ҳамроҳ ва қабаткушоӣ, партовҳои истеҳсолие, ки дар натиҷаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ба амал омадаанд;

– безараргардонӣ ё зери хок намудани партовҳои зарарноки истеҳсолот тибқи қонунҳои амалкунанда;

– дар алоҳидагӣ ҷамъ намудан ва нигоҳ доштани канданиҳои фоиданоки ҳамроҳе, ки муваққатан истифода намешаванд, ҳамчунин партовҳои истеҳсолӣ, ки дар таркибашон компонентҳои фоиданок мавҷуд аст, асосноксозии ғунҷойиши анборҳо, тартиб ва технологияи анборкунӣ, шароит ва муҳлати нигоњдорӣ ва ҷалби онҳо барои истифодаи канданиҳои фоиданок ва партовҳои истеҳсолот, чорабиниҳо доир ба пешгирӣ кардани талафёбӣ ва вайрон шудани ашёи минералӣ;

-омӯзиши геологии қаъри замин, ки дар давоми сохтмон ва фаъолияти корхона кашф шудаанд, тартиб додани ҳуҷҷатгузориҳои геологӣ ва маркшейдерӣ;

-воситаҳои техникие, ки барои ҳисобу китоби дақиқ ва сифати ашёи минералии маъдани истихроҷшуда истифода бурда мешавад;

-ҳайати хадамоти геологӣ ва маркшейдерии корхона ва таҷҳизотҳои техникии онҳо;

-чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии кормандони корхона ва аҳолӣ, ҳифзи қаъри замин, ҳаво, замин, ҷангал, об ва дигар объектҳои табии муҳити гирду атроф, бино, иншоот, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ аз таъсири манфие, ки ба истифодабарии қаъри замин алоќа дорад;

-чорабинӣ дар бораи техникаи бехатарӣ;

-мутобиқи қонунҳои амалкунанда, бехатар ва барқарор намудани қитъаҳои замин ва манбаъҳои об, ки дар натиљаи истифода бурдани сарватҳои табиӣ вайрон мешаванд, ба ҳолате, ки қобили истифодаи хољагии халқ бошанд.

Инчунин, дар чорабиниҳои вобаста ба ҳифзи муҳити атроф, ки дар лоиҳа оварда шудааст, дар якҷоягӣ бо дигар масъалаҳо бояд пешбинӣ шаванд;

-кам намудани бегонакунии заминҳое, ки таҳти корҳои кӯҳӣ қарор доранд;

-дар бораи интихоби технологияи истихроҷ ва коркарди аввалияи ашёи хоми маъданӣ бо камтарин партов ба муҳити табиати атроф;

-дар бораи ташкили назорат доир ба ҳолати муҳити табиати атроф ва дурнамои ҳолати ивазшавии муҳити табиати атроф дар алоқамандӣ бо истифодаи қаъри замин.

  1. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар конҳои нисбатан калон, ки дар он ду ва зиёда корхона ҷойгир мебошад, бояд лоиҳаи маҷмӯии азхудкунӣ ва коркарди кон таҳия карда шуда, масъалаҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

– самаранок боз намудани конҳо бо майдонҳои шахтавӣ (карерӣ), ки нисбатан истихроҷи пурраи захираҳоро аз қаъри замин, истифодабарии маҷмӯии захираҳои кони асосӣ ва канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ва ҷузъҳои фоиданоки он, инчунин, чорабиниҳое, ки бехатарии кормандони корхона ва аҳолиро таъмин менамояд;

– асосноккунии иқтидори муфиди ҳар як корхона, коркарди бонавбати конҳо (қабатҳо), танаҳои маъдандори канданиҳои фоиданоки гуногуншакл ва гуногунсохт бо истиснои коркарди нодурусти он ва роҳ надодан ба талафёбии беасоси онҳо;

– дуруст ва маќсаднок ҷойгир кардани майдончаҳои саноатии асосӣ ва ёрирасони корхона бо биноҳои руизаминӣ ва иншоотҳое, ки барои истифодаи корхона заруранд, аз он ҷумла анбори кандании фоиданок, партовгоҳҳои ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ ва ҳамсафар, инчунин, шаҳраки коргарнишин ва коммуникатсия: роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, хатҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва иншооти обтозакунӣ ва дигар объектҳое, ки барои фаъолияти мунтазами корхона лозим меояд;

– сохтмони марҳилавӣ ва ба истифода додани корхонаҳои алоҳида;

– харољоти сармоявӣ ва нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии корхонаҳо дар алоҳидагӣ ва умуман дар кон.

Лоиҳаи маҷмӯии азхудкунӣ ва коркарди кон тибқи тартиботи муқарраргардида аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ ва бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда мешавад ва дар асоси он лоиҳаи алоҳидаи корхонаҳое, ки дар ин кон ҷойгир шудаанд, таҳия карда мешавад.

  1. Тарзи боз намудани кон дар, усул ва низоми коркарди кон дар лоиҳаи корхона бо ҳисобу китоби техникию иқисодии вариантҳо, бо қабул намудани варианте, ки шароити бехатарии корҳо, истихроҷи пурра ва босифати кандании фоиданокро аз қаъри замин бо фоидаи максималии иқтисодӣ ба ҳар як воҳиди (тонна, м. куб) захираҳои тавозунии истихроҷшуда бо риояи талаботҳои ҳифзи муҳити атроф таъмин менамояд, қабул карда мешавад.

Ҳангоми асоснок кардани усул ва низоми коркарди кон дар лоиҳаи корхона, ҳамчунин вариантҳои коркарди майдонҳои шахтавӣ аз марзи кон ба марказ, омода намудани қисмҳои истихроҷшаванда бо ковишҳои ҷинсҳои кӯҳии ғайримаъданӣ, инчунин, муайян кардани бузургиҳои муфиди қисмҳои истихроҷшаванда дида баромада шавад.

Ба амал баровардани вариантњои дар лоиҳа кабул гардида, бояд бехатариро дар вақти кор таъмин намояд ва коркарди интихобии минтақаҳои нисбатан серҳосили қабатҳо, танаҳо ва хобишҳои маъданӣ, ки боиси паст шудани сифати захираҳои тавозунӣ мегардад, инчунин коркарди паҳлӯӣ ва барзиёди қабатҳо, танаҳо ва хобишҳои маъдан, ки ба талафёбии арзиши саноатӣ ва ё пурра талафёбӣ оварда мерасонад, манъ намояд.

  1. Агар дар лоиҳаи корхонаи фаъолияткунанда коркарди захираҳои тавозунии ҳамроҳ нишон дода нашуда бошад ва ё коркарди он ба роҳ монда нашуда бошад, корхона уҳдадор аст, ки оид ба коркарди кандании фоиданоки ҳамроҳ ба лоиҳаи мавҷуда илова ворид намояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ маҳали ҷойгиркунонии кандании фоиданоки ҳамроҳро дар партовгоҳи махсус бо мақсади истифодаи он дар оянда, муайян намояд.

Дар вақти таҳия намудани илова ба лоиҳа, бояд истихроҷ ва коркарди пурраи ашёи хом, истифодаи технологияи муосири истихроҷ ва коркард таъмин карда шавад ва дараҷаи азхудкунӣ, сифат ва фазои ҷойгиршавии кандании фоиданок, мавҷудияти истеъмолкунандагон ва дурнамои талабот ба ин намуди кандании фоиданок ба ҳисоб гирифта шавад.

  1. Ҳангоми сохтан ва ба истифода додани корхонаҳое, ки дар конҳои шароити табии мураккаби кӯҳӣ-геологӣ ҷойгир шудаанд, талаботҳои Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои ангишт бо тарзи зеризаминӣ, Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои ангишт бо тарзи рӯизаминӣ, Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ғайримаъдан ва пошхӯрда бо тарзи зеризаминӣ, Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми коркарди канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод, Қоида (Дастур) дар бораи ҳифзи иншоот ва объектҳои табиӣ аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ, инчунин, талаботҳои дастурамалҳои махсус, ки дар ҳамин Қоидаҳо оварда шудааст, қатъиян риоя карда шавад.
  2. Дар лоиҳаи корхона коркарди ашёи минералии маҷмӯие, ки аз тарафи КДЗ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъиноти бисёрҷониба муайян карда шудааст, бояд варианти муфиди азхудкунии кон ва истифодаи маҳсулоти истихроҷмешуда барои манфиатҳои максималии хоҷагии халқ муайян карда шавад.
  3. Дар лоиҳаи корхонае, ки ба истихроҷи зеризаминии масолеҳи табии сохтмонӣ аз санг, гаҷ, оҳаксанг, намаки сангӣ ва калий машғул аст, бояд омодагии мақсадноки нақбҳо бо мақсади таъмини истифодаи дарозмуддати он бо мақсадҳое, ки ба истихроҷ вобаста нест, нишон дода шуда бошад.
  4. Ҳангоми сохтмони корхонаи нав ё азнавсозии корхонаи амалкунанда, ҳамчунин дар онҳо омода кардани уфуқҳо ва қитъаҳои истихроҷӣ, тағйир додан ё қафомонии талаботи лоиҳаи тасдиқшуда, ки ба вайрон намудани қонунгузории истифодаи қаъри замин ва Қоидаи мазкур оварда мерасонад, бе розигии пешакии ташкилоти лоиҳакаш ва мақомоти Хадамоти назорати кӯҳӣ, инчунин бе иҷозати хаттии ташкилоте, ки лоиҳаро тасдиқ намудааст, манъ аст.
  5. Корхонае, ки мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида сохтмони он (азнавсозӣ, васеъкунӣ) ба анҷом расидааст ва барои истифода омода аст, аз ҷониби Фармоишгар барои қабул ба комиссияи давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳайати комиссияи давлатии қабул, тартиби кор ва таъиноти онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда муайян карда мешавад.

Корхонае, ки сохтмонаш ба итмом расидааст, барои истифодабарӣ бо санади комиссияи давлатии қабул ба расмият дароварда мешавад.

  1. Маълумоти асосӣ дар бораи қарори лоиҳавӣ оид ба таъмини истифодаи самараноку коркарди маҷмӯии онҳои истифодашаванда ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ҳифзи қаъри замин ва табиати муҳити атроф, бояд дар қисми махсуси лоиҳа – «Ҳифзи қаъри замин ва табиати муҳити атроф» нишон дода шавад.

 

  1. ТАЪМИНОТИ ГЕОЛОГИЮ МАРКШЕЙДЕРИИ

КОРҲОИ КӮҲӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ЗАХИРАҲО

  1. Вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ба лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок машғуланд, бояд хадамотҳои геологӣ ва маркшейдерӣ дошта бошанд.

Сохтор, вазифа, масъулият ва ҳуқуқҳои хадамотҳо бо Низомномаи намунавии соҳавии хадамоти геологӣ ва Низомномаи намунавии соҳавии хадамоти маркшейдерӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 1995, № 650  тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешавад.

  1. Корхонаҳо вазифадоранд, ки:

– азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷии конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар корҳои геологиро бо мақсади мукаммалгардонии базаи ашёи минералӣ, пурра намудани маълумотҳои саҳеҳии захираҳои иктишофшуда, омӯзиши кӯҳӣ-геологӣ ва дигар шароитҳои коркарди конро ба роҳ монад;

– корҳои маркшейдериро бо мақсади таъмини коркарди (истихроҷи) нисбатан пурра ва истифодаи маҷмӯии канданиҳои фоиданок, самаранок ва бехатар бурдани корҳои кӯҳӣ, ҳифзи қаъри замин, биноҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳои табииро аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ, иҷро намояд;

– ҳуҷҷатгузории муқарраршудаи геологӣ ва маркшейдериро пеш барад;

– ба ҳисобгирӣ, ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданокро таъмин намояд, инчунин, канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ, канданиҳои фоиданоке, ки муваққатан истифода бурда намешаванд, партовгоҳҳои истеҳсолии саноатие, ки дорои компонентҳои фоиданок ҳаст, ба қайд гирад;

Коркарди конҳо ва сохтмони (азнавсозии) корхона бе таъминоти саривақтӣ ва босифати корҳои геологӣ ва маркшейдерии корҳои кӯҳӣ, ба ҳисоб нагирифтани ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок манъ аст.

  1. Ҳамаи корҳои геологӣ дар ҳудуди кони коркардшудаистода бояд мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида, ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ ва фармоишҳо, ҳамчунин бо риояи талаботҳои дастурамалҳои КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои методӣ ва фармоишҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо гузаронида шаванд.

Дар ҳолатҳои алоҳида бо розигии Хадамоти назорати кӯҳӣ, бурдани корҳои иктишофи истихроҷии кон дар асоси нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ иҷозат дода мешавад.

  1. Азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷии конҳо ё минтақаҳои алоҳидаи он аз тарафи корхона ё ташкилот тибқи супориши геологӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Азнавомӯзии иктишофӣ дар қисмҳои пурра омӯхтанашудаи кони истифодашаванда (қанот, уфуқҳои поёнӣ, қитъаҳои алоҳида) бо ҳамбастагии лоиҳаи корхона ва нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ пайдарпай гузаронида мешавад.

Иктишофи истихроҷии кон бояд аз корҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ пеш бошад ва дар ҳамаи муддати фаъолияти корхона гузаронида шавад.

  1. Лоиҳаи идомаи корҳои иктишофӣ (доразведка) ва иктишофи истихроҷии конҳо бояд пешбинӣ намояд:

-супориши мақсаднок, асосноккунии масъала ва роҳи ҳалли онҳо;

-методика ва технологияи гузаронидани корҳои комплексии геологӣ, геофизикӣ, гидрогеологӣ ва инженерӣ-геологии қабулшуда ва ҳамчунин тадқиқотҳои технологӣ ва дигар намуди тадқиқотҳо, ки барои иҷрои супориши мақсаднок зарур аст;

-ҳисоби ҳаҷми корҳои аслӣ ва маблағҳои зарурӣ аз рӯи методикаи корҳои қабулгашта;

-натиҷаҳои ниҳоӣ оид ба зиёд шудани захираҳои канданиҳои фоиданок, гузаронидани захираҳо ба категорияҳои нисбатан баланд аз лиҳози дараҷаи омӯзиш, ҳамчунин муайянкунии хусусиятҳои геологии кон ё минтақаҳои алоҳидаи он.

Дар шароитҳои мураккаби кӯҳӣ-геологии коркарди конҳо ва минтақаҳои он (эҳтимолияти пайдоиши партови ногаҳонии массаи кӯҳӣ ва газ, рахназании обҳо ва лойқа, зарбаҳои кӯҳӣ, лағжиши кӯҳ ва диг), дар лоиҳаи иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ гузаронидани тадқиқотҳои махсус дар нақб бо мақсади пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба таъмини самаранок ва бехатар бурдани корҳои кӯҳӣ нишон дода шавад.

Лоиҳаи азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ бояд истифодаи максималии нақбҳои мавҷудаи асосӣ, омодасозӣ ва бурришӣ, чоҳҳоро барои идомаи корҳои азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ пешбинӣ намояд.

Нақбҳои иктишофӣ дар корҳои истихроҷӣ бояд ба таври максималӣ истифода бурда шавад.

  1. Натиҷаҳои корҳои геологӣ, гидрогеологӣ, геофизикӣ, технологӣ ва дигар, ки дар раванди сохтмон ва истифодаи корхона, азнавомӯзӣ ва иктишофи истихроҷӣ ба даст меояд, бояд сари вақт коркард намуда, барои асосноккунии геологии лоиҳа ва банақшагирии самараноки корҳои кӯҳӣ, инчунин нақбҳои асосӣ, омодасозӣ ва истихроҷӣ бурда истифода шавад.

Дар мавриди мутобиқат накардани нишондодҳои иктишофи дақиқ ва нишондодҳои воқеӣ, ки дар рафти сохтмон ва истифодаи корхона, азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ ошкор мешавад, маводи номутобиқатӣ бояд аз тарафи корхона якҷоя бо ташкилоте, ки иктишофи дақиқи конро анҷом додааст, баррасӣ карда шавад. Дар сурати пайдо шудани номувофиқии нисбатан зиёд, маводҳо ба КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мегардад.

Корхона ё ташкилоти махсус дар натиҷаи корҳои гузаронидашудаи корҳои иктишофӣ-геологӣ ҳисоботи геологӣ тартиб медиҳад. Тартиб, муҳлат ва мазмунии ҳисоботи геологии корхона ё ташкилотҳои махсуси иктишофӣ-геологиро Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Лоиҳакашӣ ва нақшабандии корҳои кӯҳӣ, ҳамчунин пешбурди онҳо бе асосноккунии пешакии геологӣ иҷозат дода намешавад.

  1. Барои ҳамаи нақбҳои иктишофӣ-геологӣ ва чоҳҳои пармакардашуда бояд ҳуҷҷатнигории геологӣ карда шавад ва дар мавриди ошкор намудани канданиҳои фоиданок ва дар дигар ҳолатҳои лозимӣ – намунагирӣ (опробование), аз он ҷумла, намунагирии технологӣ гузаронида шавад. Намунагирии (намунагирии технологӣ) мувофиқи лоиҳа ва дастурамал оид ба корҳои геологӣ, тибқи талаботҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи таснифоти захираҳои канданиҳои фоиданок, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Дар мавридҳои зарурӣ, тибқи дастурамал, дар нақбҳои асосӣ (капиталӣ), омодасозӣ, бурришӣ, чоҳҳои кофташудаи таъиноти гуногун ҳуҷҷатикунонии геологӣ гузаронида мешавад.

Корхона вазифадор аст, ки саривақт ташхиси химиявӣ, спектралӣ ва дигар намудҳои ташхисро барои ҳама гуна компонентҳои фоиданок ва зиёновар, тибқи лоиҳаи корҳои иктишофӣ-геологӣ ва Дастурамали зикршуда таъмин намояд. Ҳамчунин, хусусиятҳои технологии канданиҳои фоиданок ва дорои компонентҳои фоиданоки таъиноти саноатӣ доштаи онро мавриди тадқиқот қарор диҳад.

  1. Сифатнокӣ ва саривақтӣ тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи геологӣ ҳар семоҳа аз тарафи шахси мансабдори хадамоти геологии ташкилоти болоии корхона санҷида мешавад.
  2. Дар бораи ҳама гуна тағйирёбии шароитҳои кӯҳи-геологии кон, ки ба мураккабшавии технология ё боздоштани корҳои кӯҳӣ оварда мерасонад, хадамоти геологӣ вазифадор аст роҳбарони корхонаро мувофиқи Дастурамал оид ба корҳои геологӣ, бетаъхир хабардор намояд.
  3. Дар асоси хуҷҷатҳои аввалиндараҷаи геологӣ, бояд ҳуҷҷатгузории ниҳоии геологӣ тартиб дода мешавад.

Маҷмӯи ҳатмӣ ва таркиби ҳуҷҷатгузориҳои аввалиндараҷа ва ниҳоии геологиро дастурамал оид ба корҳои геологӣ муайян менамояд.

Барои конҳои сохтори мураккаб дошта ё бо тарзи гуногун хобиш доштани компонентҳои фоиданок ва омехтаҳои зараровар, зарур аст, ки геометризатсияи тафсилии махсуси конҳо ё минтақаҳои алоҳидаи он бо тартиб додани ҳуҷҷатикунонии махсуси графикӣ гузаронида шавад.

  1. Ҳуҷҷатикунонии геологии графикӣ дар асоси корҳои маркшейдерӣ бо риояи аломатҳои шартие, ки барои хуҷҷатикунонии графикии корҳои кӯҳӣ қабул шудааст, бояд тартиб дода шавад.

Нақшаҳои графикӣ дар материале бояд омода карда шавад, ки муҳлати муқарраргардидаи истифода ва нигаҳдории онро таъмин намояд.

Ҳуҷҷатҳои кории геологӣ бо назардошти ҷамъшавии маводи ҳақиқӣ, на кам аз як маротиба дар як моҳ мукаммал карда мешавад.

Ҳуҷҷатикунонии геологии ниҳоӣ ҳар семоҳа мукаммал карда мешавад. Қафомонӣ дар пурра кардани хуҷҷатикунонии корҳои геологӣ иҷозат дода намешавад.

  1. Дар асоси хуҷҷатгузории геологӣ, натиҷаҳои намунагирӣ ва дигар корҳои геологие, ки дар раванди азнавомӯзии иктишофӣ, иктишофи истихроҷӣ ва коркарди конҳо тартиб дода шудааст, элементҳои хобиш, ҳудудҳо, сифат ва хосияти технологии канданиҳои фоиданок муайян карда мешаванд. Ин натиҷаҳо барои ҳисоб намудан ё аз нав ҳисоб намудани захираҳои тавозунӣ ва ғайри тавозунии воҳидҳои алоҳидаи истихроҷӣ, қитъа, танањо маъдандори кандании фоиданок ва умуман кон, истифода бурда мешавад.

Ҳудуди захираҳои тавозунӣ ва ғайритавозунӣ барои ҳисоб намудан ё азнав ҳисоб намудани он, тибқи кондитсияҳои дар асоси тартибот тасдиқгардида, муайян карда мешаванд.

  1. Дар корхонаҳои сохташуда истода ва фаъолияткунанда корҳои маркшейдерии зерин бояд иҷро гардад:

– саривақт ташкил намудани шабакаҳои геодезӣ ва такягоҳии маркшейдерӣ, шабакаҳои аксбардорӣ ва дар асоси онҳо гузаронидани ҳама намуди ченкуниҳо ва ҳисобу китоби маркшейдерӣ барои мунтазам омода ва пурра намудани ҳуҷҷатгузориҳои кӯҳии нақшавӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни кӯҳи-геометрӣ вобаста ба истеҳсолоти кӯҳӣ;

– дар асл нишон додани параметрҳои лоиҳавии сохтмони объектҳои гуногун дар рӯи замин ва ҳам дар нақбҳои зеризаминӣ, нишон додани самти нақбҳои зеризаминӣ ва иктишофӣ мувофиқи лоиҳаҳо ва нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ ва ҳамчунин назорати иҷроиши онҳо;

– гузаронидани назорати инструменталӣ оид ба лағжиш ва ҳаракати ҷинсҳои кӯҳӣ, деформатсияи рӯи замин, биноҳо, иншоотҳо, устувории зинаҳои корӣ ва канораҳои карерҳо;

– ҳисоб намудан ва сари вақт нишон додани сутунҳои муҳофизавӣ ва монеавӣ, ҳудудҳои бехатар бурдани корҳои кӯҳӣ дар нақшаҳо ва ҳуҷҷатгузориҳои кӯҳӣ-техникӣ;

– дар ҳуҷҷатгузориҳои нақшавии кӯҳӣ муайян намудан ва сари вақт нишон додани қитъаҳои хатарноки рахназании об ва газ дар нақбҳои фаъолияткунанда, қитъаҳо фишори баланди кӯҳӣ дар сутунҳои пластҳои якҷошуда (сутунҳои маъдандор) ва зуҳуроти газодинамикӣ (партофтҳо, зарбаҳои кӯҳӣ);

– назорат аз болои чорабинии тасдиқгардида оид ба бехатарона бурдани корҳои кӯҳӣ дар наздикӣ ва атрофи қитъаҳои хатарнок вобаста ба таъминоти корҳои маркшейдерӣ;

– назорат оид ба роҳ надодани сохтмони худсарона дар майдонҳои хобиши канданиҳои фоиданок.

  1. Корҳои маркшейдерӣ тибқи талаботҳои Дастурамал оид ба гузаронидани корҳои маркшейдерӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо риояи қатъии иҷроиши корҳо дар муҳлати муайяншуда, ҳамчун қонунгузории истифодабарии қаъри замин, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии амалкунанда, қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва Қоидаҳои мазкур бояд иҷро карда шавад.

Корҳои маркшейдерие, ки татбиқи усулҳои махсус, воситаҳои техникӣ ва инструментҳоро талаб менамоянд, аз тарафи ташкилотҳои махсус бо бастани шартномаи тарафайн бо корхонаҳо иҷро карда мешавад.

  1. Бурдани корҳои кӯҳӣ, иктишофӣ-геологӣ ва сохтмонӣ бе таъминоти маркшейдерии корҳо манъ аст.
  2. Дар ҳар як корхона, бояд китоби сабти дастуру нишондодҳои геологӣ ва маркшейдерӣ, ки иҷроиши онҳо барои шахсони мансабдори ин нишондодро гирифта, ҳатмӣ мебошад, бурда шавад. Иҷроиши ин дастурҳо аз тарафи роҳбари ин корхона ва ё сармуҳандис мунтазам назорат карда мешавад.
  3. Баҳисобгирӣ ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок, ҳамчунин ба қайд гирифтани захираҳо аз рӯи дараҷаи тайёрии онҳо барои истихроҷ, мувофиқи талаботҳои дастурамалҳои соҳавӣ, Дастурамал оид ба ҳисобгирии захираҳои сахти канданиҳои фоиданок ва тартиби таҳия намудани ҳисоботи тавозунии шакли 5-кк ба роҳ монда мешавад.

Ба ҳисобгирии канданиҳои фоиданоки сарироҳӣ, канданиҳои фоиданоки муваққатан истифоданашаванда, ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ ва партовҳои истеҳсолӣ мувофиқи дастурамалҳои соҳавӣ амалӣ карда мешавад.

  1. Ба ҳисобгирӣ ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок бояд бо риояи талаботҳои асосии зерин амалӣ гардад:

– захираҳои канданиҳои фоиданоке, ки аз тарафи КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва захираҳое, ки аз рӯи талаботи КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои давлатии соҳавии вазоратҳо тасдиқ намудааст, бояд ба ҳисобгирифта шавад;

– захираҳои канданиҳои фоиданок бо категорияҳои А, В, С1 ва С2  дар алоҳидагӣ дар конҳо, қитъаҳо, қабатҳои ҷудогонаи маъдан, майдони шахтавӣ, воҳидҳои истихроҷӣ, усул ва системаи коркардҳо, навъ ва намуди саноатии (технологӣ) кандании фоиданок ба ҳисоб гирифта мешавад;

-захираҳои канданиҳои фоиданок дар қаъри замин новобаста аз талафёбӣ ва омехташавӣ дар вақти истихроҷ ва коркард ба ҳисоб гирифта мешавад;

– аз эътибор соқит намудани захираҳои канданиҳои фоиданок дар натиҷаи истихроҷ, талафёбӣ, гум кардани аҳамияти истеҳсолӣ ва тасдиқ нагардидан тибқи «Низомнома дар бораи аз эътибор соқит намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷкунанда», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1997, №320 тасдиқ карда шудааст, аз тарафи Хадамоти назорати кӯҳӣ амалӣ карда мешавад;

– аз эътибор соқит намудани захираҳо бояд дар ҳуҷҷатҳои геологӣ ва маркшейдерӣ дар алоҳидагӣ нишон дода шуда, дар китоби махсуси бақайдгирии аз эътибор соқит намудани захираҳои кандании фоиданок дарҷ карда шавад;

– афзуншавӣ ва гузаронидани канданиҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамсафар бо ҷузъҳои фоиданок ба категорияҳои баландтар вобаста ба дараҷаи омӯзиш, дар асоси маводҳои воқеии геологӣ амалӣ карда шуда, мувофиқи тартиби муайянгардида тасдиқ карда мешавад.

  1. Баҳисобгирӣ ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавӣ – баҳисобгирии аввалия, баҳисобгирии ниҳоӣ ва ҳисоботи тавозунии солонаи захираҳоро дарбар мегирад.

Баҳисобгирии аввалия дар воҳидҳои истихроҷӣ дар асоси маводҳои геологӣ ва маркшейдерӣ, ки дар раванди гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ, капиталӣ, нақбҳои омодасозӣ, бурришӣ ва истихроҷӣ омода карда шудааст, ба роҳ монда мешавад;

Дар асоси нишондодҳои баҳисобгирии аввалия баҳисобгирии ниҳоии ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавӣ дар уфуқҳо, қитъаҳо, конҳо (майдони шахтавӣ) ва умуман дар корхона амалӣ карда мешавад.

  1. Ҳисоботи солонаи тавозуни захираҳо аз тарафи корхона дар асоси баҳисобгирии аввалия ва ниҳоии захираҳо, талафёбӣ ва омехташавӣ канданиҳои фоиданок ба ҳолати 1 январи ҳамасола тартиб дода мешавад.

Ба ҳисоботи солонаи тавозуни захираҳои корхона, маводи тағйирёбии захираҳо дар натиҷаи афзуншавии онҳо, аз эътибор соқит намудани захираҳои аҳамияти саноатиашро гум карда, ё дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофӣ ва истихроҷӣ тасдиқнашуда, асоснок ва замима карда мешаванд.

  1. Аз қайд баровардани ҳамаи захираҳои тавозунӣ ё гузаронидани пурраи онҳо ба гурӯҳи ғайритавозунӣ дар конҳое, ки аҳамияти саноатиро гум кардаанд, бо розигии Хадамоти назорати кӯҳӣ гузаронида мешавад:

-дар конҳое, ки захираҳои он аз тарафи КДЗ-и собиқ СССР ва ё КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар ҳолати вуҷуд доштани қарори дахлдори КДЗ;

– дар конҳое, ки захираи он аз тарафи Комиссияи соҳавии захираҳои вазорат тасдиқ гардидааст, бо қарори дахлдори вазорат.

  1. Бақайдгирӣ ва ҳаракати захираҳо вобаста ба дараҷаи омодагӣ барои истихроҷ аз тарафи корхона амалӣ мегардад:

– аз рӯи захираҳои бозкардашуда, омодакардашуда ва захираҳои тайёр барои истихроҷ;

– дар алоҳидагӣ аз рӯи усули коркард, намуди конҳо ва системаи коркарди қабулшуда;

– дар қитъаҳои истихроҷӣ.

  1. Дар асоси маълумотҳои бақайдгирии ҳолат ва ҳаракати захираҳои канданиҳои фоиданок вобаста ба дараҷаи омодагӣ барои истихроҷ ва ҳамчунин супоришҳои нақшавии истихроҷ, хадамотҳои геологӣ, маркшейдерӣ ва дигар умурҳои корхона оид ба самти рушди корҳои кӯҳие, ки таъмини пурраи захираҳои бозкардашуда, омодакардашуда ва барои истихроҷ тайёр, ҳамчунин, азхудкунии пурра ва комплексии конро таъмин менамояд, пешниҳодҳо омода менамоянд.

 

  1. НАҚШАБАНДӢ ВА ЛОИҲАКАШИИ

РУШДИ КОРҲОИ КӮҲӢ

  1. Нақшабандӣ ва лоиҳакашии рушди корҳои кӯҳӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок қатъиян тибқи қонун ва санадҳои меъёрии амалкунандаи қаъри замин, лоиҳаи корхона ба роҳ монда шуда, дар он бояд тамоми масъалаҳои вобаста ба технологияи истеҳсоли кӯҳӣ, ки тарзи дурусти коркарди кон, самаранок ва истифодаи комплексӣ ва ҳифзи қаъри заминро дарбар мегирад, нишон дода шавад.
  2. Нақшаи перспективии (дурнамои) корњои кӯњӣ (нақшаи панҷсола) масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

– гузаронидани корҳои азнавҳисобкунии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷии кон;

– коркарди бомароми кон ва ё қисмати он, ки истихроҷи оптималии кандании фоиданокро аз қаъри замин ҳангоми коркард таъмин намуда, коркарди интихобии минтақаҳои бойтарини кон, паст намудани арзиши саноатии кон ва мушкил намудани шароити коркарди онро ихтисор менамояд;

– такмил додан ва истифодаи тарзҳои нав ва муосири намудҳо ва системаи коркард, технологияи истихроҷ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи истихроҷи канданиҳои фоиданок аз қаъри замин, беҳтар намудани бехатарии корҳо, ҳифзи бино ва иншоотҳо ва объектҳои табиӣ аз таъсири зарарноки коркарди конҳо;

– иҷрои супоришҳои нақшаи давлатӣ дар масъалаҳои ҳифзи қаъри замин ва истифодаи самараноки захираҳои минералӣ;

– мукаммал намудани захираҳои бознамуда, омоданамуда ва захираҳои барои истихроҷ тайёр тибқи супоришҳои (меъёрҳои) дар корхона муқарраршуда;

– ҳифзи захираҳои тавозунӣ ва захираҳои қаблан консерватсияшудаи конҳои канданиҳои фоиданок ва ба коркард ҷалб кардани онҳо;

– истифодаи ҷинсњои кӯҳии қабаткушоӣ ва сарироҳӣ;

– чорабиниҳо оид ба техникаи бехатарӣ, ҳифзи кон ва ё қисми он аз обхезӣ, обшоркунӣ, сӯхтор ва дигар факторњое, ки сифат ва арзиши саноатии кандании фоиданокро паст менамояд ва ё коркарди онро мушкил мегардонад;

– тартиб ва муҳлати пур намудани холигиҳо;

– чорабинињо оид ба ҳифзи биноҳо, иншоотњо, сатҳи замин ва объектҳои обӣ аз таъсири зарарноки коркарди конҳо;

– истифодаи истихроҷи интихобии захираҳои канданиҳои фоиданок бо гузоштани ҷинсҳои кӯҳии сарироҳӣ дар майдони коркардшуда, дар ҳолате, ки истифодаи чунин тарзи коркард сатҳи истихроҷро зиёд намуда, омехташавии (хокистарнокии) канданињои фоиданокро паст менамояд;

– барқарор намудани заминҳое, ки аз таъсири корњои кӯҳӣ вайрон шудаанд.

Дар таҳия намудани нақшаи дурнамои корҳои кӯҳии корхона лоиҳакаши генералии корхона бояд иштирок намояд.

Ҳангоми тараққиёти техника, такмил ёфтани технологияи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи минералӣ, тағйир ёфтани шартҳои техникӣ ва стандартҳо ба маҳсулоти молӣ, дар сурати аз ҷињати иқтисодӣ фоиданок будани гузаронидани захирањои ғайритавозунӣ ба тавозунӣ, дар нақшаҳои дурнамо масъалаи аз нав дида баромадани кондитсия барои ашёи минералӣ ва аз нав тасдиқ намудани он тибқи тартиботи муқарраршуда дида баромада мешавад.

  1. Нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ наќшаи дурнамои (панҷсолаи) корхонаро дар асоси супориши нақшавии корхона оид ба истеҳсоли маҳсулоти тиҷоратӣ, дақиқтар намуда, ҳифзи ќаъри замин ва самаранок истифодабарии захираҳои минералиро дар соли банақшагирифташуда нишон дода, масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

– истифодаи тарз ва системаи коркарди конро, ки истихроҷи пурраи кандании фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳро аз қаъри замин таъмин менамояд;

– ҷавобгӯ будани системаи коркард ба шароитҳои воқеии кӯҳӣ-геологӣ дар самти самаранок истихроҷ намудани канданиҳои фоиданок аз ќаъри замин ва таъмини бехатарии корҳо дар ҳар як воҳиди истихроҷӣ;

– мутобиқ будани ҳаҷми пешрафти (проходка) нақшавии нақбҳои асосӣ ва омодасозӣ, корҳои қабаткушоӣ нисбати супоришҳо оид ба (меъёрҳои) захираҳои бознамуда, омодакардашуда ва тайёр барои истихроҷ, хамчунин, супориш оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок;

– истихроҷи канданиҳои фоиданок тибқи кондитсияи тасдиқкардашуда;

– гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, илмӣ-ташхисӣ ва дигар корҳо бо мақсади оптималӣ намудани нишондодҳои истихроҷи канданиҳои фоиданоки асосӣ ва хамроҳ, инчунин, ҷузъҳои фоиданоки дар ихтиёри онҳо буда;

– самаранок истифодабарии якҷояи қисми истихроҷӣ, ки истихроҷи кандании фоиданок, миқдор ва сифати лозимии канданиҳои фоиданокро таъмин менамояд;

– сарбории оптималии синакорҳои қисмҳои истихроҷӣ;

– истихроҷи имконпазирии ҳаҷми истихроҷмешудаи захираҳои шароити беҳтарин, яъне шароити бой ва мусоид коркарди қитъаҳои конҳои канданиҳои фоиданок;

– риоя намудани нақшаи таќвимии истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳар як қисми истихроҷӣ ва муҳлати саркуб кардани онҳо;

  1. Дар нақшаи солонаи рушди корҳои кӯњӣ маълумотҳои зерин бояд оварда шавад:

-тавсифи мухтасари геологии кон ва қисмҳои истихроҷӣ;

-маълумот дар бораи системаи қабулшудаи коркарди кон ва таъмин будани корхона бо захираҳо аз рӯи омода будани онҳо барои истихроҷ;

-маълумот дар бораи иҷрои нақшаи солонаи истихроҷ ва меъёрҳои муқаррашудаи талафёбӣ ва омехташавӣ дар қисмҳои истихроҷӣ;

– маълумот дар бораи ҳаҷми истихроҷ ва меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ дар соли банақшагирифташуда;

– ҳаҷм, самт ва муҳлати гузаронидани пешрафти нақбҳои зеризаминӣ (дар карерҳо ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ);

– нақшаи корҳои кӯҳӣ дар проексияи уфуқӣ ё амудӣ бо нишон додани ҳаҷми корҳо дар семоња ё моҳона, дигар нақшаҳои графики зарурӣ – ҳисобу китоби техникӣ-иқтисодии меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ дар қисмҳои истихроҷии нав ба истифода додамешуда;

– маълумот дар бораи талафёбии зиёда аз меъёри дар соли ҷорӣ роҳдода шуда ва ё дарназардошта ва сабаби пайдо шудани он;

– чорабинӣ оид ба таъмини сатҳи нақшавии бадастоварии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ, самаранок ва истифодабарии комплексии захираҳо;

– тартиби идора намудани сифати канданиҳои фоиданоки истихроҷшаванда;

– чорабиниҳо оид ба истихроҷи сутунҳои муваққатӣ, ки эҳтиёҷ ба нигоҳ доштани онҳо намондааст;

– тартиби коркард ва захиракунонии канданиҳои фоиданоке, ки муваққатан истифода намешаванд, ҳамчунин канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ё ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ;

– нақшаи ҷойгиркунонии хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ ва партовҳои саноати кӯҳӣ, ҳавзаҳои хокаи маъдан ва полоишгоҳҳо;

– тартиби истихроҷи канданиҳои фоиданоке, ки дар қисми коркарди кон ва ё атрофии он ҷойгир буда, аз тарафи дигар корхона коркарди он ғайриимкон аст;

– чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва истифода бурдани (нақбҳои) кандаҳои кӯҳӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ;

– маълумот оид ба миқдор, тартиб ва муҳлати коркард ва саркӯб намудани захираҳои ғайрифаъол, ҳамчунин чорабиниҳо дар бораи кам намудани бисёруфуқӣ ва парокандагии корҳои кӯҳӣ;

– чорабиниҳо дар бораи иҷрои нақшаҳо ва лоиҳаҳои корҳои пуркунӣ;

– ҳаҷми корњо ва тартиби хушк намудани кон ва қитъаҳои корҳои кӯҳӣ;

– маълумот дар бораи мавҷудият ва пур намудани холигиҳо;

– чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии корњои кӯҳӣ.

  1. Системаи коркард, нақшаҳои технологии корҳои омодасозӣ ва истихрољӣ, тарзи идора намудани майдони коркардшуда, ки дар нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ қабул карда мешавад, бояд таъмин намоянд:

– истихроҷи канданиҳои фоиданок аз танаҳои маъдан бо иқтидори минималии кондитсионӣ ва сифатнокии ниҳоӣ;

– огоҳ намудани пастшавии сифати канданиҳои фоиданоки дар натиҷаи бодхурдашавӣ, оксидшавӣ ва худгармшавӣ ба амал омада;

– ҳифзи захираҳое, ки муваққатан хобонда мешаванд;

– хориҷ намудан ва ё кам намудани талафёбиҳо дар сутунҳои таъиноташон гуногун.

  1. Дар истихроҷи зеризаминии канданиҳи фоиданок, маҳали ҷойгиркунонӣ ва самти коркардҳои омодасозии кӯҳӣ тарзе ба нақша гирифта мешавад, ки истихроҷи пурраи захираҳо ва нигаҳдории самаранокии кандаҳои кӯҳиро таъмин намоянд. Варианти аз ҳудуди қабати маъдандор берун ҷойгир кардани нақбҳо ҳатман бояд баррасӣ карда шавад.
  2. Меъёри талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок дар нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ бо назардошти шароитҳои кӯҳӣ-геологии қисмҳои истихроҷии канданиҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳ, ки дар лоиҳаи истихроҷ нишон дода шудааст, ҳисоб карда мешавад.

Дар сурати тағйир ёфтани шароити кӯҳӣ-геологии хобиши канданиҳои фоиданок дар ҳудуди қисми истихроҷӣ, технологияи истихроҷ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои иқтисодиву-техникие, ки ҳангоми бамеъёрдарории талафёбӣ ва омехташавӣ қаблан ба ҳисоб гирифта шудааст, меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ аз сари нав ҳисоб карда шуда, бо Хадамоти назорати кӯҳкорӣ мувофиқа ва тибқи тартиботи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.

  1. Дар нақшаи рушди корхои кӯҳӣ манъ карда мешавад:

– нақшабандии зиёд аз нишондодҳои сифатнокии ашёи минералии истихроҷмешуда аз нишондиҳандаҳои сифатнокии канданињои фоиданок дар захираҳои омодакардашуда ва иктишофшуда;

– истихроҷи интихобии минтақаҳои бойи канданиҳои фоиданок, ки ба талафёбии беасоси зиёда аз меъёри захираҳои тавозунӣ оварда мерасонад;

– самтҳои коркардҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба паст шудани арзиши саноатии кон ва ё минтақаҳои ҳамшафат коркарди он оварда мерасонад ва ё коркарди ояндаи онро душвор мегардонад, ҳамчунин ба зиёд намудани захираҳои беасос хобондашаванда дар қаъри заминро, ба вуҷуд меоварад;

– мондани захираҳои тавозунӣ дар марзҳои майдонҳои шахтавӣ (карерӣ) ё дар ҳудуди захираҳои барои истихроҷ таъиншуда, ки коркарди ин захираҳо дар оянда мушкил ва ё ғайриимкон мегардад;

– хориҷ намудани захираҳо аз лоиҳаи нақшаи қитъаҳо, ки арзиши саноатии худро гум кардаанд ва тибқи тартибот аз эътибор соқит карда нашудаанд;

– барои давраҳои оянда мондани канданиҳои фоиданок дар қисми истихроҷӣ, агар чунин амал дар технологияи корҳои кӯҳӣ пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Барои ҳар як қисми истихроҷӣ бояд лоиҳаи коркард тартиб дода шавад. Асос барои тартиб додани чунин лоиҳаи коркард лоиҳаи корхона (кон) ва нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ ба шумор меравад.

Дар лоиҳаи коркарди қисми истихроҷӣ бо ҳисобу китоби техникӣ-иқтисодӣ бояд асоснок карда шаванд:

– бадастоварии канданиҳои фоиданок аз қаъри замин (коэффитсиенти бадастоварӣ аз қаъри замин);

– омехташавӣ ва ё паст шудани сифатнокии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ (коэффитсиенти тағйирёбии сифат);

– чорабиниҳо оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки навъҳои гуногун ва намудҳои гуногун;

– параметрҳои оптималии қисмҳои истихроҷӣ;

– тарзи муайян намудан ва ба қайд гирифтани нишондиҳандаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок (мустақим, ғайримустақим ва муштарак), ки нишондиҳандаҳои ҳатмии истихроҷро ба пуррагӣ, қатъӣ, оперативӣ муайян ва таъмин менамояд.

  1. Лоиҳаи коркарди қисми истихроҷӣ иборат аст аз:

– тавсифи геологӣ;

– маълумот оид ба захираҳои таҳти истихроҷ қарордошта, аз он ҷумла, захираҳои ғайритавозунӣ, ки ба ҳудуди истихроҷ дохил карда мешавад;

– тарзи гузаронидани иктишофи истихроҷӣ ва тарзи омода намудани қисми истихроҷӣ барои коркард;

– тавсифи системаи коркард ва параметрҳои асосии он;

– нақшаи ҳавотозакунии коргоҳҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ;

– шиносномаи идора намудани фишори кӯҳӣ ва мустаҳкамсозии коркардҳо (нақбҳо);

– номгӯи воситаҳои механизатсиякунонии корҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ;

– нақшаи таъмин бо барқ, нақлиёт, дастрас намудани материалњо;

– лоиҳа (шиноснома)-и корҳои таркишӣ;

– меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок;

– чорабиниҳо оид ба бехатарии корҳо, ихроҷи ногаҳонии газ, бегазгардонӣ, огоҳ намудан аз худоташгирӣ (самовозгорания), аз ғарқшавии кандаҳои кӯҳӣ, аз обҳо ва лойобаҳои кандаҳои ҳамшафат;

– ҷадвали ташкили корҳо дар коргоҳҳои истихроҷӣ ва омодасозӣ, нишондиҳандаҳои асосии техникӣ-иқтисодӣ, муҳлати ниҳоии коркарди воҳиди истихроҷӣ;

– асосноккунии техникӣ-иқтисодии ҳадди поёнии файзнокӣ дар баромади компоненти фоиданок тибқи планограмма (ҳангоми коркарди зеризаминии конҳо бо тарзи фурӯ резондани кандании фоиданок ва ҷинсҳои кӯҳии ҳамроҳ);

– ҳадди ниҳоии файзнокии ҷузъҳои фоиданоки нуқсондор дар кандании фоиданоки истихроҷмешуда.

Лоиҳаи коркарди қисми истихроҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида бояд тасдиқ карда шавад.

  1. Дар ҳар як қисми истихроҷӣ бояд шиносномаи бақайдгирии ҳолат ва ҳаракати захираҳои кандании фоиданок (ғайр аз ангишт ва варақсангҳои сӯзанда), ки шакл ва таркиби онро дастурамалҳои соҳавӣ муайян менамояд, бурда мешавад.

 

  1. БОЗ НАМУДАН ВА ОМОДА НАМУДАНИ КОН
  2. Тарз ва нақшаи боз намудани кон ва ё қисми он, маҳали ҷойгиркунонии нақбҳои асосии бознамоӣ бояд таъмин намоянд:

– аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок будани истихроҷи максималии канданиҳои фоиданок ва ҳамроҳ аз қаъри замин дар ҳудуди қитъаи кӯҳкорӣ;

– бехатарии корҳои кӯҳӣ;

– имконияти истихроҷи танаҳои маъдандори алоҳида ҷойгиршуда ва ҷудокардашуда, пластҳо ва хобишҳое, ки аҳамияти саноатӣ доранд;

– ҳимояи кон аз обзеркунӣ, обхезӣ, сӯхтор ва аз дигар факторҳое, ки ба талафёбӣ, пастшавии сифатнокии канданиҳои фоиданок ва арзиши саноатии кон ва ё ба мушкилии коркарди кон оварда мерасонад.

  1. Майдончаи саноатии корхона ва нақбҳои асосии бознамоӣ (чоҳи амудӣ, нақбҳои асосӣ) бояд дар минтақаҳои бемаъдан ва ё маъдандори сифатнокиаш паст, ё ин ки дар минтақаҳои ғайрикондитсионӣ ҷойгир карда мешавад.

Дар ҳолати ғайриимкон будани ин талабот мавзеи ҷойгиршавии майдончаи саноатӣ ва нақбҳои асосии бознамоӣ дар мавзеи хобиши канданиҳои фоиданок интихоб карда мешавад ба шарте, ки дар сутунҳои муҳофизавии онҳо ҳадди ниҳоии (миқдори минималӣ) захираҳои тавозунӣ гузошта (консерватсия) шавад ва ҳангоми барҳамдиҳии корхона ин сутунҳо бо талафёбии минималӣ истихроҷ карда шавад.

  1. Дар ҳама ҳолати ҷойгиркунонии майдонҳои саноатӣ ва нақбҳои асосии бознамоӣ, бояд таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ ба онҳо хориҷ карда шавад.
  2. Боз намудан ва омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок тибқи лоиҳаи корхона амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати номувофиқии шароитҳои кӯҳӣ-геологии кон бо талаботҳои лоиҳавӣ, тибқи тартиботи муқарраргардида сари вақт ба лоиҳа илова ва тағйиротҳои дахлдор ворид карда мешавад.
  3. Ҳаҷм, муҳлат ва тарзи корҳои бознамоӣ ва омодасозии интихобшуда бояд миқдори захираҳои бознамуда, омодакардашуда ва барои истихроҷ тайёрро таъмин намояд.
  4. Дар раванди боз намудан ва омода намудани кон барои коркард бояд таъмин карда шавад:

– назорат оид ба иҷрои талаботҳои лоиҳа ҷиҳати ҷойгиркунонӣ, дурустӣ ва параметрҳои коркардҳои кӯҳӣ, андозаи сутунҳои муҳофизавӣ, нақшаи технологии пешрафт;

– гузаронидани иктишофи истихроҷӣ ва дигар корњои геологӣ;

– гузаронидани мушоҳидаҳо (назоратҳо) оид ба нишонаҳои фишори кӯҳӣ, ғеҷидани массаи кӯҳӣ ва дигар зуҳуротҳо, ки ҳангоми коркарди корҳои кӯҳӣ ба амал меоянд;

  1. Ҳангоми пешрафти коркардҳои бознамоӣ ва омодасозӣ бо истихроҷи сарироҳии канданиҳои фоиданок корхона вазифадор аст:

– ҳангоми зарурият истихроҷи селективии канданиҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳро таъмин намояд;

– истихроҷ ва талафёбии онҳоро ба ҳисоб гирад;

– дар сурати набудани истеъмолкунанда канданиҳои фоиданоки истихроҷшударо дар анбор нигоҳ дорад ва ҳифз намояд;

  1. Дар раванди боз намудан ва омода намудани кон (майдони шахтавӣ) вайрон ё хароб намудани қитъаҳои маъдандори ҳамшафат бо захираҳои тавозунӣ ё ғайритавозунии канданиҳои фоиданок, иҷозат дода намешавад. Дар ин ҳолат беасосноккунонии дахлдор корњои зерин манъ аст:

– гузаронидани коркардҳои кӯҳӣ дар қитъаҳои номбурда ва ҷойгиркунонии партовҳо дар ин қитъаҳо;

– истихроҷи иловагии қабати маъдандор (пласт, залеж), ки коркарди ояндаи онро ғайриимкон мегардонад;

– гузаронидани корҳои кӯҳӣ-омодасозӣ дар маҳалҳои ҳамшафати ҳудуди лоиҳаи карер бе иҷрои чорабиниҳое, ки яклухтии канданиҳои фоиданок ва бехатарии корњои кӯҳиро таъмин менамояд;

– ҷойгиркунонии партовҳо дар маҳалҳои фурӯравии коркардҳои зеризаминӣ;

– роҳ додан ба фаъолшавии қитъаҳои вайроншавии геологӣ дар раванди корҳои омодасозӣ;

– ҷойгиркунонии партовҳо, сохтмони роҳҳои оҳан ва дигар роҳҳо, коммуникатсияи гуногун дар мавзеъҳои коркардшуда бе мавҷудияти санади барҳам додани воҳиди истихроҷӣ;

– истифода бурдани канданиҳои фоиданок ҳамчун маводи балластӣ ҳангоми сохтмони роҳҳои технологӣ дар зинаҳои қабаткушоӣ.

  1. Ҳифзи коркардҳои асосии зеризаминӣ дар асоси лоиҳа ба назар гирифта шуда, тибқи Қоидаҳои ҳифзи иншоотҳо ва объектҳои табиӣ аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҳолат бояд таъмин карда шавад:

– ҷойгиршавии оқилонаи коркардҳои омодасозӣ нисбати қабатҳои маъдандори (пластам, залежам) канданиҳои фоиданок, ҳамчунин нисбати майдони коркардшуда ва вайронаҳои геологӣ;

– истифодабарии ҷинсњои кӯҳии коркардҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ барои сохтмони сутунҳои сунъӣ (рафҳо) бо мақсади ҳифзи нақбҳои омодасозӣ ва пур намудани майдони коркардшуда, ва ё гузоштани сутунҳои ҳимоявӣ аз канданиҳои фоиданок бо андозаҳои муносиб, ки амнияти нақбҳоро таъмин менамояд.

  1. Ҳангоми дар корхонаҳои фаъолияткунанда барҳам додани нақбҳои омодасозӣ, ки бо сутунҳои муҳофизавии канданиҳои фоиданок ҳифз карда шудааст, истихроҷи сутуни муҳофизавӣ дар асоси лоиҳаи махсус сурат мегирад. Истихроҷи пурраи захираи сутунҳо бо ҳисобу китоби техникӣ-иқтисодӣ муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми истихроҷи рӯизаминии канданиҳои фоиданок ҷудо намудани қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ аз қабатҳои маъдан бо талафёбӣ ва омехташавии минималӣ бояд таъмин карда шавад.

Ҳолати майдонњои тозакардашуда бо мақсади тайёр намудани захираҳои ба истихроҷ тайёр аз тарафи бахши геологии корхона назорат карда мешавад.

  1. Дар шароити зиёд шудани резиши об ҳангоми гузаштани нақбҳои омодасозӣ маълумотҳои аввалияи гидрогеологӣ ва параметрҳои ҳисобкардашуда бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи хушккунонӣ, таъмини устувории кандаҳо ва истихроҷи нисбатан пурраи канданиҳои фоиданок, ҳамчунин таъмини бехатарии корҳои кӯҳӣ, дақиқ карда мешавад.
  2. Ҳангоми гузаштани нақбҳои омодасозӣ, ҳолати фишори кӯҳӣ ва ғеҷиши ҷинсҳои кӯҳӣ таҳти назорати доимӣ бояд қарор гирад.

Аз рӯи натиҷаи мушоҳидаҳо, кунҷи ғеҷиши ҷинсҳои кӯҳӣ, бузургии лағжиши сатҳи замин ва ҳудудҳои минтақаи хатарнок муайян карда шуда, чорабиниҳо оид ба ҳифзи захираҳои балансӣ ва ғайрибалансӣ (агар мувофиқ бошад) аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ, ки дар ҳудуди минтақаи ҳаракаткарда (ё ғеҷида) қарор доранд, тартиб ва амалӣ карда мешавад.

  1. Пешрафти нақбҳои дренажӣ дар зери қабатҳои обнигаҳдор ва коркардҳои кӯҳии зериобмонда аз рӯи лоиҳаи махсус амалӣ карда мешавад, ки дар он:

– пармакунии чоҳҳои пешгузар, ки дарозии он дар шиносномаи мустаҳкамкунӣ ва идоракунии шифти нақбҳои зеризаминӣ нишон дода шудааст;

– гузоштани таҷҳизот ё механизме, ки рахназании обро ба нақбҳо, инчунин бехатарии одамон ва таҷҳизотҳоро таъмин менамояд;

– берункунии самараноки обҳои дренажӣ.

  1. Сармаркшейдер ва саргеологи корхона вазифадоранд, ки на дертар аз як моҳ дар бораи наздик шудан ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷумла, минтақаҳои рахназании об, лойқа, газҳои зарарнок, инчунин, мавзеи бурида гузаштани ҳудудҳои минтақаи хавфнок ва баромадан аз онро бо таври хаттӣ сармуҳандиси корхонаро хабардор намоянд.

Дар ҳудуди минтақаҳои хавфнок пешбурди корҳои кӯҳӣ бе иҷрои чорабиниҳо оид ба пешгирии рахназании обҳо, лойқа ва газҳои зарарнок, инчунин имконияти талафёбии кандании фоиданок, манъ аст.

  1. Дар ҳолати пайдо шудани омилҳое, ки ба устувории кандаҳои кӯҳӣ таъсир расонда, ба ҳаёт ва саломатии кормандони ба корҳои кӯҳӣ машғулбуда таҳдид менамояд, инчунин ба талафёбии беасоси канданиҳои фоиданок оварда мерасонад, то иҷрои чорабиниҳо оид ба бехатарии корҳои кӯҳӣ ва ҳифзи қаъри замин, корҳои кӯҳӣ боздошт карда мешавад.
  2. Ҳангоми дар як вақт истихроҷ намудани канданиҳои фоиданок бо тарзи зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани талафёбии беасоси канданиҳои фоиданок ва таъмини бехатарии корҳо, чораҳои махсус, ки дар лоиҳаи корхона ва нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ оварда шудааст, бояд амалӣ карда шавад.

Дар ин сурат бояд мушоҳидаҳои инструменталӣ ва визуалии ҳолати зинаҳои корӣ ва фарши он ва девораҳои карер, инчунин назорати доимии саривақтии пур кардани холигиҳо ва коркардҳо дар майдонҳои корӣ, роҳҳо ва коммуникатсияҳо, бурда шавад.

 

  1. КОРҲОИ ИСТИХРОҶӢ (ТОЗАСОЗӢ)
  2. Корҳои истихроҷӣ қатъиян тибқи лоиҳаи коркарди қисми истихроҷӣ ва нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ бояд бурда шавад.

Бурдани корҳои истихроҷӣ то гузаштани кандаҳои (нақбҳо)-и омодасозӣ ва бурришӣ, ки дар лоиҳа нишон дода шудаасту бехатарии корҳо ва шароити иҷрои нақшаи истихроҷро ба пуррагӣ таъмин менамоянд, манъ аст.

  1. Механизмҳо ва комплексҳо, ки барои истихроҷи канданињои фоиданок истифода мешаванд, бояд ба параметрҳои танаи маъдани (ќабати ангишт, раги маъдандор) коркардмешуда ҷавобгуй бошанд.
  2. Миқдори захираҳои барои истихроҷ тайёр, сифатнокии он, меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ барои қисми истихроҷӣ, шахта ва карерҳо муайян карда мешавад.
  3. Барои қабули ба истифода додани қисми истихроҷӣ аз тарафи корхона комиссияи қабул ташкил карда мешавад, ки дар ҳайати он намояндаи Хадамоти назорати кӯҳӣ ҳатман шомил карда мешавад.

Дар санади қабули қисми истихроҷӣ тавсифи мухтасари геологӣ, маълумот оид ба захираҳои таҳти истихроҷ қарордошта, параметрҳои воҳиди истихроҷӣ, ҳамчунин, мутобиқ будани кандаҳои (нақбҳои) иктишофӣ, омодасозӣ ва бурришии ба лоиҳа, қоида ва меъёрҳои бехатарии корҳо нишон дода мешавад.

Санади қабули қисми истихроҷӣ аз тарафи роҳбари корхонае, ки комиссияро таъин намудааст, тасдиқ карда мешавад.

  1. Миқдори қисмҳои истихроҷӣ, ки дар як вақт дар корхона таҳти коркард қарор дорад, бояд таъмин намояд:

– иҷрои бомароми нақшаҳои супориши давлатӣ;

– истихроҷи канданиҳои фоиданоки сифатнокиаш гуногун дар таносубе, ки истихроҷи нисбатан пурра ва самараноки канданиҳои фоиданокро аз қаъри замин ва гирифтани ашёи минералии сифатнокиаш муқарраршударо таъмин менамояд;

Ба истифода додани қисмҳои истихроҷии иловагӣ бо мақсади истихроҷи интихобии қитъаҳои бой ва осон, ки ба талафёбии беасоси канданиҳои фоиданок ва ё паст шудани арзиши захираҳои тавозунии боқимонда оварда мерасонад, манъ аст.

  1. Дар раванди корҳои истихроҷӣ корхонаҳо вазифадоранд:

– ба боқӣ мондан ва консерватсияи захираҳои тавозунӣ, талафёбӣ дар шафати ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҳамроҳ ва дар қитъаҳое, ки ғафсии қабатҳои маъдан ва ё пласт нисбатан хурд аст, роҳ надиҳанд;

– ба вуҷуд омадани захираҳои муваққатан ғайрифаъол роҳ надиҳанд;

– бурдани назорати мунтазами геологӣ дар коргоҳҳои ниҳоӣ ва пешгӯиҳои саривақтии геологӣ бо мақсади идораи самарабахши корҳои кӯҳӣ;

– гузаронидани омӯзиши таркиби моддӣ ва хусусиятҳои технологӣ, ҷамъбаст намудани натиҷаҳои махакагирӣ, ошкор намудани қонуниятҳои тағйирёбии сифати канданиҳои фоиданок;

– ба ҳисобгирии истихроҷ, нишондодҳои ҳосилнокӣ аз қаъри замин, талафёбӣ ва омехташавии барои ҳар як қисми истихроҷшаванда.

  1. Ҳангоми корҳои истихроҷӣ манъ аст:

– коркарди интихобии қитъаҳои бой ва осондастраси танаҳои маъдани канданиҳои фоиданок, ки ба талафёбии беасоси захираҳои тавозунӣ ва ғайритавозунӣ оварда мерасонад;

– мондан ва ё консерватсия кардани захираҳои канданиҳои фоиданок дар қаъри замин, ки дар оянда сабаби душвор гаштани коркарди он ва ё талафёбии пурра ё қисми он мегарданд;

– талафёбӣ ва омехташавии аз меъёр зиёд;

– вайрон намудани муҳлатҳои муқаррарнамудаи коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок дар марзҳои майдони шахтавӣ (карерӣ) ва ё дар ҳудуди захираҳои коркардшуда, ки истихроҷи минбаъдаи онҳо душвор ё ғайриимкон мегардад.

  1. Бо мақсади намондани сангҳои калон дар натиҷаи корҳои пармакунию таркишӣ, инчунин, пешгирӣ намудани майдашавии канданиҳои фоиданок, кам намудани талафёбӣ ва омехташавӣ дар ҳамхобиши ҷинсњои кӯҳӣ, корхона мунтазам корҳои пармагарию таркиширо бояд такмил диҳад.
  2. Ҳангоме, ки дар ҳудуди қисми истихроҷшаванда кандании фоиданоки ғайрикондитсионӣ ошкор карда шавад, ки истихроҷи он аз рӯи лоиҳаи қисми истихроҷшаванда ба назар гирифта нашудааст, мондани онҳо дар ќаъри замин ва ё истихроҷи он бояд аз ҷиҳати техникӣ-иқтисодӣ асоснок карда шавад.
  3. Пас аз анҷом ёфтани коркарди қисми истихроҷшаванда дар давоми як моҳ санади барҳамдиҳии он тартиб дода мешавад.

Дар санад маълумот оид ба захираҳои ибтидоии тавозунӣ ва ғайритавозунӣ, миқдори захираҳои коркардшуда ва истихроҷшуда, меъёрҳо ва миқдори аслии талафёбӣ ва омехташавӣ, ҳамчунин дигар нишондодҳое, ки истихроҷи пурра ва сифатнокии канданиҳои фоиданок ва ҷузъҳои фоиданок, инчунин ҳолати корҳои кӯҳиро дарбар мегирад, нишон дода мешавад.

Санади мазкур аз тарафи сармуҳандиси корхона тасдиќ карда мешавад.

  1. Ҳангоми мавҷуд будани кандании фоиданоки бисёрҷузъ, баҳодиҳии коркард ва сифатнокӣ чӣ аз рӯи компоненти асосӣ ва чӣ аз рӯи компонентҳои ҳамроҳ, ки арзиши саноатӣ доранд, гузаронида мешавад.

Нишондодҳои коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок аз қаъри замин, талафёбӣ ва омехташавӣ дар асоси ба ҳисобгирии аввалия дар алоҳидагӣ аз рӯи намуд ва тарзи системаи коркард, қисмҳои истихроҷшаванда тибқи талаботҳои Дастури методӣ оид ба муайян намудан, меъёрбандӣ намудан, ба ҳисобгирӣ ва баҳои иқтисодии талафёбии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ, инчунин дастурамалҳои соҳавӣ муайян карда мешавад.

  1. Миқдори талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок бо тарзи мустақим, ғайримустақим ва муштарак ҳисоб карда мешавад. Бо тарзи ғайримустақим ва муштарак ҳисоб намудан дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ иҷозат дода мешавад.

Тарзҳои муайян намудани талафёбӣ ва омехташавӣ бояд таъмин намояд:

– муайян намудани миқдори талафёбӣ бо саҳеҳии зарурӣ;

– муайян намудани талафёбӣ бевосита дар раванди технологияи истихроҷ аз рӯи намуд ва маҳали ба вуҷуд омадани он;

– ошкор намудани талафёбии зиёда аз меъёр ва сабаби ба вуҷуд омадани он.

  1. Муайян намудан, ба ҳисобгирӣ ва назорат оид ба истихроҷ дар карерҳо тибқи талаботҳои Дастурамали байнисоҳавӣ дар бораи муайян ва назорат намудани истихроҷ ва корҳои қабаткушоӣ дар карерҳо, бурда мешавад.

Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок бо тарзи зеризаминӣ ва карерҳое, ки иқтидори солонааш зиёда аз 100 ҳаз. т. мебошад, барои баҳисобгирифтани истихроҷ истифодаи таҷҳизотҳои баркашӣ (тарозуҳо) ҳатмӣ мебошад.

Зичии ҷинсҳои кӯҳӣ дар сутунҳо аз рӯи методҳои муқарраршуда муайян карда мешавад. Барои конҳои шароити геологиашон содда гузаронидани тадқиқотҳои зарурӣ ва таҳияи методҳо ба зиммаи хадамоти геологии корхона, барои конҳои шароити кӯҳӣ-геологиашон мураккаб ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда мешаванд.

  1. Сифатнокии канданиҳои фоиданоки истихроҷмешуда бо гирифтани намунаҳо (маҳакҳо) муайян карда мешавад. Тарзи намунагирӣ, ҳаҷми намунаҳо, давраи гирифтани намунаҳо, методи муайян намудани сифатнокӣ, методи назорати гирифтани намунаҳо ва корҳои лабораторияњои аналитикӣ аз рӯи дастурамале, ки ташкилоти болоии корхона тасдиқ намудааст, гузаронида мешавад.
  2. Талафёбӣ ва омехташавии зиёда аз меъёр ҳамчун фарқияти байни талафёбӣ ва омехташавии аслӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи онҳо барои ҳар як қисми истихроҷӣ муайян карда мешавад.

Ба вуҷуд омадани талафот ва омехташавии зиёда аз меъёр тибқи қоида бо иштироки намояндаи Хадамоти назорати кӯҳӣ баррасӣ карда мешавад.

Барои талафоти зиёда аз меъёр ҳатман таҳрими иқтисодӣ истифода мешавад, шахсони мансабдори гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Корхона вазифадор аст, ки мавзеъ ва сабаби пайдо шудани талафот ва омехташавии зиёда аз меъёрро ошкор намояд, барои дар оянда роҳ надодан ба талафотҳои зиёда аз меъёр чорабиниҳо тартиб дода, онро амалӣ намояд.

  1. Муайянкунӣ, баҳисобгирӣ ва баҳои эътиборнокии нишондодҳои сифатнокӣ ва бапуррагии истихроҷи канданиҳои фоиданок дар коргоҳҳои ниҳоӣ аз тарафи хадамоти геологӣ-маркшейдерии корхона, хадамоти назорати техники корхона бо ҷалби (дар вақти зарурӣ) дигар хадамот ва сехҳои корхона ба роҳ монда мешавад.

Барои саривақт ташкил намудан ва эътимоднокии баҳисобгирии истихроҷ ва талафёбии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ  сармуҳандиси корхона ҷавобгар мебошад.

  1. Барои таъмини истифодаи нисбатан пурраи захираҳои канданиҳои фоиданок, ҳамчун илова ба кондитсияҳои амалкунандаи ашёи минералӣ, бо иҷозати ташкилоти болоӣ ва мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ, мумкин аст миқдори сақатии файзнокии ниҳоии компоненти фоиданок дар канданиҳои фоиданоки истихроҷмешуда истифода шавад. Миқдори сақатӣ бояд барои қисми истихроҷшавандаи муайян ва ё барои якчанд қисми истихроҷшаванда дахл дошта, бо дарназардошти шароити конкретии кӯҳию-геологӣ, технологӣ ва иқтисодӣ муайян карда мешавад.
  2. Истихроҷи нимкораи қисми истихроҷӣ манъ аст. Дар ҳолати истисноӣ бо мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ ва иҷозати ташкилоти болоӣ, дар мӯњлати на зиёда аз як сол мондани қисми захираҳои тавозунӣ дар қисми истихроҷӣ иҷозат дода мешавад. Ин дар ҳолате иҷозат аст, ки коркарди нимкораи захираҳо ба коркарди интихобии дигар қитъаҳои бойи кон ва ё ба талафёбии иловагии канданиҳои фоиданок оварда нарасонад.
  3. Бо мақсади баланд бардоштани истихроҷи пурра ва босифати канданиҳои фоиданок аз қаъри замин корхона вазифадор аст, ки чунин чораҳоро доимо ба роҳ монад:

– мукаммал кардани методҳои бозҳисобӣ ва иктишофи истихроҷӣ, технологияи коркарди кон, методҳои назорат оид ба сифати канданиҳои фоиданок дар қаъри замин ва ашёи минералии истихроҷшуда;

– ворид кардани техникаи кӯҳии муосир;

– ба истихроҷ ворид намудани захираҳои ғайритавозунӣ, ҳамчунин захираҳои маҳдуди қаблан коркарднашудаи кон, ки аз рӯи технологияи қабулшуда монда шудааст.

Ғайр аз ин, ҳангоми бо тарзи зеризаминӣ коркард намудани конҳои канданиҳои фоиданок масъалаҳои зерин бояд баррасӣ карда шаванд;

– имконияти иваз намудани сутунҳои канданиҳои фоиданок ба сутунҳои изолятсионӣ аз ҷинсҳои кӯҳӣ;

– мақсаднок будани истихроҷи захираҳо дар қитъањое, ки дар он сӯхтор хомӯш карда шудааст;

– имконияти истихроҷи захираҳои сутунҳои муҳофизавӣ ва барерӣ дар сурате, ки эҳтиёҷ ба гузоштани ин сутунҳо намондааст;

– имконияти пур кардани майдонҳои коркардшуда бо мақсади коркарди нисбатан пурраи конҳои канданиҳои фоиданоки камёфт ва пурқиммат;

– бодиққат тоза намудани фаршҳои коркардҳои канданиҳои фоиданок аз хокаи маъдан;

– чораҳо оид ба тоза намудани обҳои шахтаҳо ва дренажҳо;

Қабули қарор оид ба масъалаҳои номбурда бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок карда шуда бошад ва ба шарте, ки талаботҳои қоида ва меъёрҳои бехатарӣ риоя карда шаванд.

  1. Санҷиши таҷрибавию истеҳсолӣ ва мукаммалгардонии системаи коркарди мавҷуда ва бузургиҳои он танҳо аз рӯи лоиҳаи махсус, ки тибқи тартибот тасдиқ карда шудаасту бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа шудааст, иҷозат дода мешавад.

Қитъаҳои барои гузаронидани корҳои таҷрибавию истеҳсолӣ бояд шароити якхелаи конро доро буда ҳаҷми корҳо интихобӣ бошад. Ҷудо намудани қитъаҳои алоҳидаи кон, ки файзнокии баланд доранд, ё дигар канданиҳои фоиданок, ки сифатнокии он аз сифатнокии миёнаи канданиҳои фоиданок баланд аст, манъ аст.

  1. Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод, гузаронидани мушоҳидаҳо оид ба ҳолати девораҳои карер, нишебаҳои зинаҳо ва хоктӯдаҳо бо мақсади муайян намудани параметрҳои оптималӣ барои пешгирӣ кардани деформатсияи онҳо, ҳатмӣ мебошад.

Дар конҳои шароити кӯҳӣ-геологӣ ва гидрогеологиашон мушкил барои муайян намудани параметрҳои девораҳои карер, нишебаҳои зинаҳо ва хоктӯдаҳо ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда мешаванд.

Деформатсияи девораҳои карер, нишебаҳои зинаҳо ва хоктӯдаҳо бо нишон додани сабаби пайдо шудани деформатсия ва ҳисороти иқтисодӣ ҳатман ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад. Дар зинаҳо ва девораҳои карер, ки деформатсия шудааст, ҳама намуди корҳо то амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини бехатарӣ, манъ аст.

  1. Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок бо тарзи зеризаминӣ бо системаи мондани болораҳои маъданӣ ва сутунҳои байникамеравӣ бо нигаҳдории муқаррарии майдони коркардшуда (дар ҳолати зарурӣ бо ҷалби ташкилотҳои махсусгардонидашуда ё илмию-тадқиқотӣ), бояд мушоҳидаҳои доимии ҳолати болораҳои маъдан, фарш ва сутунҳо бо мақсади сари вақт муайян ва ошкор намудани деформатсияи онҳо, муҳлати истифодабарии сутунҳо ва андозаҳои оптималии онҳо, талафёбии минималии канданиҳои фоиданок ва таъмини бехатарии корҳо бурда шавад.
  2. Ҳангоми истифодаи системаи коркард бо тарзи фурӯрезонидани маъдан ва ҷинсҳои кӯҳии ҳамроҳ бояд нақшаи мунтазами барориши кандании фоиданоки кандашуда риоя карда шуда, мушоҳидаҳои доимии минтақаҳои фурӯравӣ ва ҳаракати ҷинсҳои кӯҳӣ бо мақсади аниқ намудани кунҷи ҳаракати онҳо ва амалӣ намудани чораҳо оид ба муайян намудани бузургии фурӯравии сатҳи замин ва ҳифзи объектҳои руизаминӣ ва зеризаминӣ аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ бояд бурда шавад. Коркарди захираҳое, ки бевосита дар минтақаи фурӯравӣ қарор доранд ва ё ҳамчун сутунҳои муҳофизавӣ истифода мешаванд ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
  3. Корхонаҳое, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок машғуланд, имкониятҳои зеринро бояд истифода баранд:

– истихроҷи захираҳое, ки дар конҳо ва ё қитъаҳои алоҳидаи он қаблан ҳангоми коркарди кандании фоиданок монда шудааст;

– истихроҷи ҷинсҳои кӯҳии майдонҳои коркардшудае, ки дар онҳо компонентҳои фоиданок мавҷуд аст;

– истихроҷи захираҳои ғайритавозунӣ дар минтақаҳои коркардшудаи захираҳои балансӣ;

– истихроҷи канданиҳои фоиданоке, ки дар майдонҳои коркардшуда монда мешавад дар сурати истифодаи системаи коркард бо тарзи фурӯрезонидани кандании фоиданок ва ҷинсҳои кӯҳии ҳамроҳ;

– аз хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ ва ҳамроҳ ҳосил намудани канданиҳои фоиданок.

Корҳои мазкур дар асоси лоиҳаи махсус, ки ташкилоти лоиҳасоз таҳия намудааст ва ташкилоти болоӣ тасдиқ намуда бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳа масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

– баҳодиҳии иқтисодиву-техникии истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок;

– методика ва технологияи корҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ бо алоқамандӣ бо корҳои кӯҳии асосии корхона;

– чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии корҳои кӯҳӣ.

 

  1. ТАЛАБОТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ИСТИХРОҶИ КОНҲОЕ,

КИ ШАРОИТИ КӮҲӢ-ГЕОЛОГИАШОН МУРАККАБ АСТ

  1. Ба конҳое, ки аз ҷињати кӯҳӣ-геологӣ ва дигар шароитҳои табиӣ мураккабанд, дохил мешаванд:

– конҳои хавфнок аз лиҳози газ, рахнашавии ногаҳонӣ ва зарбаҳои кӯҳӣ;

– конҳои канданиҳои фоиданоке, ки ба худсӯзӣ майл доранд;

– конҳои канданиҳои фоиданоки дар об тезҳалшаванда;

– конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрда;

– конҳои канданиҳои фоиданоки қимматбаҳо, нимқимматбаҳо, сангҳои ороишӣ ва ашёи пезоптикӣ;

– конҳои канданиҳои фоиданоке, ки дар зери обҳои баҳрҳо, кӯлҳо, обанборҳои дохилӣ, дар минтақаҳои ярчфуро, селу тармафуро ва ноҳияҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ баланд ҷойгиранд;

– конҳое, ки дар чуқуриҳои нисбатан зиёд, қаъри замин дар ҷинсҳои кӯҳии солҳои зиёд яхбаста, ки ҳангоми обшавии онҳо фурӯравии ҷинсҳои кӯҳӣ дар назар аст, ҳамчунин дар ҷинсҳои кӯҳие, ки дар таркибашон файзнокии обҳои минералӣ зиёд аст.

  1. Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок дар конҳое, ки дар банди 113 оварда шудааст, бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири манфии омилҳои табиӣ ба самаранок ва комплексӣ истифодабарии захираҳои канданиҳои фоиданок дар корхонаҳои фаъолияткунанда чорабиниҳои махсус бо дарназардошти талаботҳои меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарӣ бояд ба роҳ монда шавад.
  2. Дар конҳое, ки барориши обаш зиёд асту холигиҳои карстӣ ва лойқаобҳо мавҷуд аст, истифодаи технологияи корҳои кӯҳӣ, ки ҳаракати уфуқҳои обӣ ва ҷинсҳои серобро ба вуҷуд оварда, сабаби рахназании ногаҳонии об ва талафёбии беасоси канданиҳои фоиданок мегардад, манъ аст.
  3. Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок бо тарзи зеризаминӣ дар шароити паҳншавии яхбастагии солҳои тӯлонӣ дар ҷинсҳои кӯҳие, ки ҳангоми обшавӣ ба фуруравӣ майл доранд, бояд таъмин карда шавад:

– муҳайё намудани шароите, ки обшавии ҷинсҳои кӯҳӣ ва фурӯ рафтани коркардҳои кӯҳиро пешгирӣ менамоянд;

– коркарди якбора ва ё пешакии захираҳо дар марзи минтақаи яхбаста;

– истифодаи системаи коркард ва технологияи истихроҷи канданиҳои фоиданок бо истифодаи максималии комплексҳои механизатсиякунондашуда ва фурӯрезонидани шифт.

Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо тарзи кушод дар шароити мазкур бо мақсади пешгири намудани талафёбӣ дар қисмати наздиплотикии файзнокиаш нисбатан баланд, бояд кони пошхӯрда об карда шавад.

  1. Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, бо мақсади роҳ надодан ба талафёбии канданиҳои фоиданок дар натиҷаи ғалтидани онҳо ба тарқишҳои плотик, бояд ҷинсҳои кӯҳии плотик омӯхта шаванд ва оид ба коркарди онҳо барои шустан чорабиниҳои босамар амалӣ карда шавад. Ғайр аз ин, бояд истифодабарии ҳамроҳи шлихҳо ё захира намудани он дар анбор бо мақсади истифодаи он дар оянда, ҳалли худро ёбад.
  2. Дар конҳои канданиҳои фоиданоки дар об тезҳалшаванда, ки бо тарзи зеризаминӣ коркард карда мешавад, бояд чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани рахназании об ба кандаҳои кӯҳӣ тартиб дода шавад. Истихроҷи ин намуди канданиҳои фоиданок бо тарзи ишқоркунӣ дар майдони кон, ки бо тарзи шахтавӣ коркард карда мешавад, манъ аст.
  3. Дар раванди корҳои кӯҳӣ ҳангоми пайдо намудани сангҳои қимматбаҳо, нимқимматбаҳо ва майда, криссталҳои оптикӣ ва пезоэлектрикӣ, намунаҳои музеӣ ва коллексионии гулсангҳо ва ё дигар пайдоишҳои табиӣ, ки арзиши умумихалқӣ ё илмӣ доранд, роҳбари корхона барои ҳифзи онҳо ва муҳайё намудани шароит барои коркади баъдинаи онҳо ҷавобгар аст.

Зуҳуроти канданиҳои фоиданоки номбаршуда тибқи тартиби муқарраршуда иктишофӣ карда мешаванд, истихроҷи захираи онҳо бояд дар асоси лоиҳаи махсус, ки фармоишгар ва ё ташкилоти болоӣ тасдиқ намудаасту, бо ташкилоти геологии дахлдор мувофиқа шудааст, ба роҳ монда мешавад. Дар лоиҳа бо мақсади роҳ надодан ба талафёбӣ ва харобшавӣ бояд тарзи ҷудо намудани он аз массив, кашондан ва нигаҳдории канданиҳои фоиданок нишон дода шавад. Баҳисобгирии он бояд ба воситаи тарозуҳои баркашӣ сурат гирад.

  1. Ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки мустақили дар банди 119 овардашуда, ҳамчунин сангҳои рӯйкашӣ ва сохтмонӣ, истифодаи система ва технологияи коркард, ки ба вайроншавӣ ва паст шудани сифатҳои табии онҳо оварда мерасонад, манъ аст.

 

  1. ОМОДА НАМУДАНИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ ИСТИХРОҶШУДА БАРОИ ҲАМЛУ НАҚЛ ВА КОРКАРД
  2. Бо мақсади таъмини пурраи истеъмолкунандагон бо маъдан ҳангоми коркарди ашёи минералӣ, ки компонентҳои фоиданок дорад, инчунин нигаҳдории намуду сифатҳои молӣ, корхона уҳдадор аст, ки тибқи талаботҳои лоиҳа, ГОСТ-ҳо ва шартҳои техникӣ канданиҳои фоиданоки истихроҷшударо барои ҳамлу нақл ва коркард омода намояд.
  3. Бо мақсади мукаммал намудан ва баланд бардоштани технологияи коркард дар вақти коркарди кон бояд намунагирии технологии ашёи минералӣ мунтазам гузаронида шавад. Барои чунин намунагирӣ намунаҳои технологӣ аз рӯи таркиби минералии ашё, хосиятҳои асосии физикавӣ ва тавсифҳои дигар таъмин карда шавад.
  4. Шартҳои техникӣ барои интихоби намунаҳои технологии ашёи минералӣ бояд параметрҳои асосии зеринро муайян намояд:

– вазни умумии намунаи технологӣ ва вазни қисмҳои таркибии он;

– намудҳои табиӣ ва технологӣ, навъҳои канданиҳои фоиданок ва таносуби байни онҳо;

– таркиби миёнаи химиявӣ ва минералогии ҳар як намуд, навъи кандании фоиданок, миқдори омехтаҳои зарарнок;

– омехташавӣ, ки ҳангоми гирифтани намуна ба вуҷуд омадааст.

Барои ҳар як намунаи технологӣ санади интихоби намуна тартиб дода, шиносномаи он тибқи дастурамали соҳавӣ тартиб дода мешавад.

  1. Ашёи минералии истихроҷшуда, ки ба харидор (истеъмолкунанда) ва ё барои коркарди оянда пешниҳод карда мешавад, ҳамчун моли ниҳоии саноати кӯҳӣ бояд тибқи талаботҳои қонунгузорӣ оид ба қаъри замин таҳти баҳисобгирӣ ва назорати қатъӣ қарор дода шавад. Ин новобаста аз он, ки корхона тавозуни мустақил дорад ва ё дар ҳайати ташкилотҳои муттаҳиди истеҳсолӣ қарор дорад, ба роҳ монда мешавад.
  2. Тарзи анборкунии ашёи минералии истихроҷшуда, ҳаҷми анбор ва зарфҳо (бункер) ва сохтмони онҳо бо дарназардошти иқтидори корхона, арзиши хосиятҳои физикиву–механикии канданиҳои фоиданок, зарурияти иҷрои амалиётҳои технологӣ оид ба омодасозии ашё, аз ҷумла, устувории сифати он, ҷудошавии резишҳои мустақили навъ ва намудҳои он, инчунин бо назардошти пешгирӣ намудани талафёбии механикӣ муайян карда мешавад.

Ҳангоми захиракунии канданиҳои фоиданоки арзишнок дар шароити таъсири омилҳои атмосферӣ барои таъмини беосеб ва сифати онҳо истифодаи анборҳои кушод манъ аст. Истифодаи анборҳои кушод дар ҳолатҳои алоҳида дар сурати амалӣ намудани чорабиниҳои махсус, ки талафёбӣ ва пастшавии сифати канданиҳои фоиданокро пешгирӣ менамояд, иҷозат дода мешавад.

  1. Ашёи минералии истихроҷшуда баъд аз қабули он аз тарафи умури назорати техникӣ ва ё умури махсуси салоҳиятдори корхона бо назардошти мутобиқ будани он бо ГОСТ-ҳо ва шартҳои техникӣ ба харидор (истеъмолкунанда) интиқол дода мешавад.

Шартҳои техникӣ оид ба таҳвили ашёи минералӣ бояд бо ташкилотҳои манфиатдор мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад.

Таҳвияи ашёи минералии истихроҷшуда бо вайрон намудани шартҳои техникӣ, ки ба паст шудани ҳосилнокии компонентҳои фоиданок ҳангоми коркард оварда мерасонад, манъ аст.

  1. Назорат ва ба ҳисобгирии миқдор ва сифати ашёи минералии дар анбор ҷамъшудае, ки барои интиқол омода карда шудааст, аз тарафи умури назорати техникӣ ва ё умури махсуси салоҳиятдори корхона ба амал бароварда мешавад.

Нишондодҳои назорат ва ба ҳисобгирии миқдор ва сифати ашёи минералии истихроҷшуда бояд таҳияи тавозуни маҷмӯии корхонаро: захираҳо, канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ва интиқолшуда, маҳсулоти молӣ, молҳои дар партовбуда бо файзнокии компонентҳои фоиданоки онҳо таъмин намояд.

  1. Тартиб ва ташкил намудани баҳисобгирӣ ва назорати сифатнокӣ ва миқдори канданиҳои фоиданоки дар анбор ҷамъшуда ва ҳифзшуда, ки барои интиқол омода карда шудааст, аз рӯи дастурамали соҳавӣ ва ё дастурамали корхона, ки ташкилоти болоии он тасдиқ намудааст, муқаррар карда мешавад. Дар Дастурамал бояд тартиб, тарз ва муҳлати гирифтани намунаҳо, ҷойгиршавии воситаҳои баркашӣ, нуқтаҳои баҳисобгирӣ, назорати миқдор ва сифати маҳсулоти молӣ, номгӯи компонентҳои ошкормешуда ва хосиятҳои физикию механики он, инчунин тарзи гузаронидани ташхиси намунаҳо ва назорати дақиқии он нишон дода шавад.

Ҷойгиркунии нуқтаҳои баҳисобгирӣ, назорати миқдор ва сифати маҳсулоти молӣ, ки ба нодуруст будани маълумотҳо оварда мерасонад, роҳ дода намешавад.

  1. Корхонаҳое, ки канданиҳои фоиданоки қимматбаҳо истихроҷ менамоянд, дар раванди технологӣ бояд таҷҳизоти махсус барои гирифтани намуна ё ин ки дастгоҳ барои мунтазам муайян намудани сифати канданиҳои фоиданок дошта бошанд.

Номгӯи канданиҳои фоиданоки қимматбаҳоро вазорати соҳавӣ бо мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ муайян менамояд.

  1. Таҳвили ашёи минералӣ аз тарафи корхона бояд дар асоси баҳисобгирии вазнӣ бо дарназардошти вазни хушки он бо таъмини самарабахш ва саҳеҳи сифати моли интиқолмешуда ба роҳ монда шавад.

Истифодаи мувақќатии тарзҳои дигари баҳисобгирии интиқоли ашёи минералӣ дар ҳолати истисно, бо назорати ҳатмии методи баркашӣ бо иҷозати ташкилоти болоӣ дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ ба роҳ монда мешавад.

  1. Корхона (интиқолдиҳанда ва қабулкунанда) уҳдадор аст, ки зарфҳои интиқолдиҳандаро мунтазам назорат ва тоза намояд.

Ҳангоми интиқоли ашёи минералӣ чораҳо оид ба пешгирии талафёбӣ дар вақти ҳамлу нақл, инчунин зидди сахтшавӣ, яхкунӣ, часпидан бо дарназардошти истифодаи воситаҳое, ки ифлосшавӣ ва паст шудани сифати моли ашёро хориҷ менамояд, амалӣ карда мешаванд.

Ҳангоми ҳамлу нақл ба воситаи роҳи оҳан, ҳифзи ашёи минералӣ аз таъсири ҳавои парешон, дар вақти зарурӣ аз таъсири зарарноки боришоти атмосферӣ бояд таъмин карда шаванд.

  1. Ислоҳ ва ё саҳеҳ намудани далелҳои геологӣ ва маркшейдерӣ нисбати миқдор ва сифати канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда аз рӯи маълумотҳои баҳисобгирии корхонаи коркард (фабрикаи ғанигардонӣ) иҷозат дода намешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани фарқияти мунтазам оид ба муайян намудани миқдор ва сифати канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда, коркард ва интиқолшуда, корхонаҳо ва ташкилотҳои манфиатдор бояд чораҳои муштарак оид ба муайян ва пешгирӣ намудани фарқият ва ислоҳи онро амалӣ намоянд.
  2. Барои ҳар як дастаи (партияи) ашёи минералии ба харидор интиқолмешуда бояд сертификат ё шиносномаи мол тартиб дода шавад, ки дар он миқдор ва сифати ашёи минералӣ бо тақсимоти навъҳои технологӣ, намуд ва миқдори компонентҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳе, ки арзиши саноатӣ доранд, нишон дода мешаванд. Нусхаи сертификат ё шиносномаи мол дар давоми соли муомилотӣ дар корхона нигоҳ дошта мешавад ва барои пур кардани китоби бақайдгирии интиқол ва истихроҷи канданиҳои фоиданок асос мешавад. Шакл ва тартиби пур кардани ин китобро дастурамали соҳавӣ муайян месозад.

Ҳангоми интиқоли пай дар пайи ашёи молӣ ба харидор (ба воситаи конвейерҳо, механизмҳои пневмогидромеханикӣ ва дигар технологияҳои пайдарҳами интиқол), китоби бақайдгирии интиқол аз рӯи маълумотҳое, ки бевосита аз ҷараёни интиқол ба воситаи таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳои махсуси баркашӣ гирифта шудааст, бурда мешавад.

  1. Ашёи минералие, ки истихроҷ шудааст ва муваққатан истифода бурда намешавад, бояд дар анбор захира ва ба ҳисоб гирифта шуда, барои коркарди оянда нигоҳдорӣ карда шавад.

Дар вақти анборкунӣ чораҳо оид ба пешгирӣ намудани талафёбӣ ва вайроншавии ашёи минералӣ аз бодлесшавии обӣ, худдаргирӣ ва дигар сабабҳо амалӣ карда мешавад. Ҳудуди анбор (партовгоҳ) бояд аз обҳои зеризаминӣ ва боришот ҳифз карда шавад.

Дар минтақаҳои фурӯравии майдонҳои шахтавӣ, дар минтақаҳои ғеҷиш ва дар наздикиҳои ҳудудҳои коркарди майдонҳои шахтавӣ (карерӣ) нигоҳдорӣ намудани ашёи минералие, ки муваққатан истифода намешавад, манъ аст.

  1. Ашёи минералие, ки муваққатан истифода намешавад, барои коркарди оянда вобаста аз технологияи коркард аз рӯи навъ, сорт ва муҳлати нигоҳдорӣ дар анбор захира карда мешавад.

Барои ҳар як анбори нигаҳдории ашёи минералие, ки муваққатан истифода намешавад, бояд шиноснома бо шакле, ки сармуҳандиси корхона тасдиқ намудааст, бурда мешавад.

  1. Интиқол додани ашёи минералии бисёрҷузъа ба корхона, ки истифодаи комплексии ашёи минералиро таъмин наменамояд, манъ аст.

Дар ҳолатҳои алоҳида, дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ чунин интиқол муваққатан иҷозат дода мешавад, ба шарте, ки аз тарафи ташкилоти соҳавии болоӣ муҳлат ва тартиби истифодаи комплексии ашёи минералӣ муайян карда шавад.

 

  1. ҲИФЗИ ТАБИАТИ АТРОФ ҲАНГОМИ

КОРКАРДИ КОНҲО

  1. Ҳангоми сохтмон, таҷдид ва истифодаи корхонаи истихроҷкунандаи канданиҳои фоиданок, бехатарии ҳаёт ва солимии аҳолӣ, ҳифзи ҳавои атмосферӣ, замин, ҷангал, обҳо, олами ҳайвонот ва дигар объектҳои муҳити атроф, бино ва иншоотҳо, ҳамчунин, мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва маданӣ аз таъсири зарарноки корҳое, ки ба истифодаи қаъри замин алоқаманданд, тибқи талаботҳои қонунгузории ҳифзи муҳити зист бояд таъмин карда шаванд.
  2. Корхона вазифадор аст, ки оид ба ҳолати муҳити табиат ва иҷрои чорабиниҳои ҳифзи табиат, ки дар лоиҳа оварда шудааст, назорати доимӣ барад. Умурҳои дахлдори корхона (бахшҳо, шӯъбаҳо) барои самаранок гузаронидани назорати ҳолати ифлосшавӣ ва тағйирёбии муҳити атроф, бояд бо воситаҳои техникии зарурӣ таъмин карда шаванд.

Агар ҳангоми коркарди кон зарурияти истифодаи чорабиниҳои нисбатан пурсамари ҳифзи муҳити табиат, ки тағйир додан ва ё мукаммал намудани хулосаҳои лоиҳавиро талаб менамояд, пеш ояд, корхона уҳдадор аст, ки барои тағйир додани қисмҳои дахлдори лоиҳа ба лоиҳасози генералӣ супориши техникӣ диҳад.

  1. Корхонае, ки истихроҷи кандании фоиданок, корҳои иктишофӣ-геологӣ, сохтмон ва дигар корҳоро дар заминҳои хоҷагии қишлоқ ва ҷангал, обанборҳо ва минтақаҳои наздисоҳилӣ ба роҳ мондааст, вазифадор аст, ки пас аз он, ки ба ин заминҳо эҳтиёҷ намондааст, заминҳоро барои истифодабарӣ дар хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ, ҳангоми иҷрои корҳо дар дигар заминҳо – аз рӯи таъиноташ аз ҳисоби худ барқарор намоянд

Ба ҳолати корӣ овардани заминҳо дар раванди корҳо, дар сурати набудани имконият – баъди анҷоми корҳо дар муҳлатҳои муқаррар намудаи ташкилот ва сохторҳое, ки заминро ҷудо намудаанд, тибқи тартиботи дар лоиҳа нишон додашуда амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар корҳо, ки қабати ҳосилхези замин вайрон карда мешавад, корхона вазифадор аст, ки қабати ҳосилхези заминро ҷамъ ва ҳифз намуда, барои барқарор намудани замин ва ё барои киштзорҳои камҳосил истифода барад.

  1. Дар вақти коркарди конҳои канданиҳои фоиданок корхона бояд бо мақсади роҳ надодан ва пешгирӣ намудан қабати хок аз бодлесшавии обӣ ва шамолӣ, шура задани замин, ботлоқзор шудан ва дигар омилҳое, ки ҳосилнокии заминро вайрон менамояд, чораҳо амалӣ намояд.

Хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ, партовгоҳҳои истеҳсолӣ, анборҳои муваққатии ашёи минералии истифоданашуда, ки барои барқарорсозии замин ғайри қобили истифода мебошанд, тибқи талаботҳои ҳифзи табиат ташкил карда мешаванд.

  1. Корхона бояд истифодаи самараноки обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминиро бо мақсади аввалиндараҷаи қонеъ намудани эҳтиёҷи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва маишӣ, ҳифзи онҳоро аз ифлосшавӣ ва касифшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири обҳои шахтавӣ ва шоранда ба объектҳои табиӣ таъмин намояд.

Агар таъсири корҳои кӯҳӣ ба обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ таҳдид намояд, бояд сари вақт чораҳои зарурӣ дар мувофиқа бо сохторҳои ҳифзи моҳиён амалӣ карда шавад. Чорабиниҳои мазкур бояд ҳифзи моҳиҳо, организмҳои обӣ ва такрористеҳсолии онҳоро таъмин намояд.

  1. Корхона вазифадор карда мешавад, ки меъёрҳои технологӣ ва қоидаҳои истифодаи об, нақшаҳои муқарраршударо риоя намояд, инчунин тадқиқотҳои гидрогеологӣ ва назорати ҳолати обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминиро дар минтақаҳои истеҳсолии корхона ба роҳ монад.
  2. Партофтани обҳои шоранда ва обҳои шахтавӣ ба манбаъҳои обӣ манъ аст. Партофтани обҳои шоранда ва шахтавӣ ба манбаъҳои обӣ бояд ба талаботҳои Қоидаҳои ҳифзи обҳои рӯизаминӣ аз обҳои шоранда ва Қоидаҳои ҳифзи обҳои наздисоҳилии баҳрҳо ҷавобгӯй бошад.

Дар ҳолати вайрон кардани талаботҳо оид ба таркиб ва миқдори моддаҳои гуногуни ифлоскунандаи ба обҳо партофтамешуда, сабаби ин вайронкунӣ муайян карда шуда, чораҳо оид ба барҳамдиҳии он бояд амалӣ карда шавад.

Партофтани обҳои шоранда ва шахтавӣ ба манбаъҳои обӣ, ки ба категорияи обҳои табобатӣ, инчунин, дар ҷойҳои нигоҳдорӣ, тухммонӣ ва зимистонгузаронии моҳиҳо дохил карда шудааст, манъ аст.

Бақайдгирии сарфи об ва ба дигар тараф равон кардани он тибқи Низомнома дар бораи бақайдгирии давлатии об ва истифодаи он ба роҳ монда мешавад.

  1. Агар ҳангоми истихроҷ уфуқҳои обдор кушода шавад, корхона вазифадор аст, ки сохторҳои танзимкунандаи истифода ва ҳифзи обро хабардор намояд ва барои ҳифзи обҳои зеризаминӣ тибқи тартиботи муқарраршуда чораҳо андешад.

Корхонае, ки ба корҳои пармакунӣ машғуланд, вазифадоранд, ки дар чоҳҳои худҷоришавандаи об механизмҳои танзимкунанда васл намоянд, тибқи тартиби муқарраршуда чоҳи мазкурро консерватсия намоянд ва ё барҳам диҳанд.

  1. Ба истифода додани:

– корхона ва объектҳое, ки бо таҷҳизотҳои тозакунии обҳои шоранда ва шахтавӣ таъмин карда нашудаанд;

– системаи хушк намудани кон то омода намудани обқабулкунакҳо ва дигар иншоотҳо тибқи лоиҳаи тасдиқшуда;

– иншоотҳои обҷамъкунӣ бе механизми ҳифзи моҳиҳо тибқи лоиҳаи тасдиқшуда;

– чоҳҳои пармакардашуда дар об бе васл намудани механизми танзимкунанда ва муайян намудани минтақаи ҳифзи санитарӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;

– обанборҳо, партовгоҳҳо ва обтӯдаҳо (пур кардани онҳо) то амалӣ намудани чорабиниҳои дар лоиҳа овардашуда оид ба омодасозии ложа, аз он ҷумла, ҷиҳозонидани онҳо бо пардаҳои полоиш, манъ аст.

  1. Истихроҷи канданиҳои фоиданок, бурдани корҳои таркишӣ, ҷойгиркунонӣ ва истифодабарии хоктӯдаҳо, партовҳои истеҳсолӣ танҳо бо риояи қоидаҳои пешгирӣ ё кам намудани ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, ки бо сохторҳои давлатии ҳифзи муҳити табиат мувофиқа шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Ҷойгиркунонии хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва партовҳои истеҳсолӣ, ки манбаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба тариқи чанг, газҳои зараровар, моддаҳои бадбӯ ҳастанд, ҳамчунин сӯзонидани партовҳо дар дастгоҳҳои ғайримахсус дар ҳудуди корхона ва ё нуқтаҳои аҳолинишин, манъ аст.

Корхона вазифадор аст, ки партовҳои зараровари ҳавои атмосфериро, ки ҳамчун ашё истифода мешавад, сари вақт кашонад ва ё ба майдонҳои махсусгардонидашуда ҳамлу нақл намояд.

  1. Ҳангоми коркарди конҳо корхона вазифадор аст, ки меъёрҳои ниҳоии партовҳои атмосферии муқарраршударо қатъиян риоя намояд. Ба миқдори умумии моддаҳои зарарноки ба ҳавои атмосферӣ партофта мешуда, миқдори моддаҳои зарарноки ҳамаи манбаъҳои имконпазири ифлоскунанда дохил карда мешавад.

Таъсири зарарноки факторҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биологие, ки барои инҳо меъёрҳои мутобиқ муқаррар карда нашудааст, танҳо дар ҳолати истисно бо иҷозати сохторҳои давлатии ҳифзи муҳити табиат дар муҳлати муайян ба амал бароварда мешавад. Дар ин муҳлат бояд меъёрҳои ниҳоии таъсири зарарноки факторҳои мазкур мақаррар карда шавад ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосферӣ ба амал бароварда шавад. Дар ҳолати зиёд будани миқдори моддаҳои зарарнок аз меъёрҳои муқарраркардашуда, корхона вазифадор аст, ки ба сохторҳои назоратии ҳифзи ҳавои атмосферӣ хабар диҳад ва чорабиниҳо барои барҳамдиҳии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ амалӣ созад.

  1. Корхонаҳое, ки фаъолияташон ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ алоқаманд аст, новобаста аз пайдоиши манбаи ифлоскунӣ, бояд бо иншоотҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳо барои қапидан ва нест кардани моддаҳои зарарнок, ё тоза намудани ҳавои атмосферӣ дошта бошанд, иншоотҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳои мазкур доимо бояд дар ҳолати корӣ қарор дошта, кори самаранок ва мутаасили (поддерживающий) иншоотро таъмин намоянд, инчунин миқдор ва таркиби моддаҳои зарарнокро мунтазам ба қайд гиранд.

 

  1. БАРҲАМДИҲӢ ВА МУВАҚҚАТАН ХОБОНИДАНИ КОРХОНАҲОИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК
  2. Баъди ба итмом расидани коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок, инчунин дар ҳолатҳое, ки коркарди ояндаи кон ва ё ягон қисми он аз лиҳози иқтисодию техникӣ ғайримақсад ва ғайриимкон мебошад, корхонаи истихроҷкунанда ва ё қисми номувофиқи он барҳам дода мешавад ва ё муваққатан хобонида мешавад.

Ҳангоми барҳамдиҳии яклухт ё қисм ва ё муваққатан хобонидани корхона, ҳамаи кандаҳои кӯҳӣ ва чоҳҳо бояд ба ҳолате оварда шавад, ки бехатарии аҳолӣ, ҳифзи муҳити табиат, бино ва иншоотҳо таъмин карда шаванд, ҳангоми муваққатан хобонидан – ҳолати кон, кандаҳои кӯҳӣ ва чоҳҳо дар муҳлати хобонидан ҳифз карда шавад.

  1. Барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхона ва ё қисми он дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки захираҳои тавозунии канданиҳои фоиданок пурра коркард шуда бошад, пешомади афзоиш надошта бошад, имконияти коркарди такрории кон ва коркард намудани захираҳои ғайритавозунӣ надошта бошад ва ба шарте, ки боќимондаи захираҳои аҳамияти саноатӣ надошта аз эътибор соқит шуда бошанд.

Ҳангоми барҳамдиҳии корхона масъалаи дар оянда истифода бурдани кандаҳои кӯҳӣ ва чоҳҳо ба манфиати хоҷагии халқ бояд ҳал карда шавад.

Барҳамдиҳии корхона ва ё қисми он манъ карда мешавад дар ҳолате, ки ҳангоми коркарди кони канданиҳои фоиданок дар мувофиқа бо Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати кӯҳӣ, кандаҳои кӯҳии зеризаминӣ бо мақсадҳои муайян омода карда шуда бошанд ва ҳифзи дарозмуҳлати онҳоро барои истифодаи босамари ояндаи он дар хоҷагии халқ таъмин намоянд.

  1. Муваққатан хобонидани корхона ва ё қисми он дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки коркарди ояндаи кон ё қисми он аз лиҳози техникиву иқтисодӣ, шароитҳои кӯҳию геологӣ ва дигар сабабҳо ғайриимкон ва ғайримақсаднок буда, ҳифзи кандаҳо ва иншоотҳо, назорати доимии ҳолатҳои онҳо ҳатман таъмин карда шавад.
  2. Муваққатан хобонидани кандаҳои кӯҳие, ки дар қайди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мебошанд ва дар оянда дар онҳо ҷойгиркунонии объектҳо бидуни истихроҷи канданиҳои фоиданок пешбинӣ шудааст, ҳатмӣ мебошад.

Тартиби муваққатан хобонидани чунин кандаҳо ва муҳлати муваққатан хобонидани онҳоро Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ муқаррар менамояд.

Барҳамдиҳии кандаҳои дар қайди (тавозуни) Кумитаи сохтмон ва меъморӣ буда танҳо дар ҳолати истисноӣ дар мувофиқа бо Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ва Хадамоти назорати кӯҳӣ иҷозат дода мешавад.

  1. Барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхона ё қисми он танҳо бо иҷозати вазорати (идораи) дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баъди мувофиқа намудани барҳамдиҳӣ ва ё муваққатан хобонидан бо Хадамоти назорати кӯҳӣ амалӣ карда мешавад.

Бе мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхона ё қисми он манъ аст.

  1. Тартиби барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхона ё қисми он аз лиҳози таъмини бехатарӣ, истихроҷи пурраи канданиҳои фоиданок ва ҳифзи қаъри замин ва кандаҳои кӯҳӣ бо мақсадҳои истифодаи онҳо барои ҳоҷагии халқ, инчунин ба расмият даровардани маводҳо тибқи Дастурамале, ки Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ва Хадамоти назорати кӯҳӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.
  2. Барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхона ё қисми он аз рӯи лоиҳаи махсус, ки бо Хадамоти назорати кӯҳӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор мувофиқа карда шудаасту, тибқи тартиби муайяншуда тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Дар лоиҳа бевосита корҳои омодасозӣ барои барҳамдиҳӣ ва ё муваққатан хобонидани корхона дарҷ гардида, чораҳои зерин ба нақша гирифта мешавад:

– тартиб ва ҷадвали коркарди захираҳои тавозунии боқимонда ва коркарди захираҳои ғайритавозуние, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок аст;

– ҳалли масъалаҳо оид ба коркарди такрории кон, инчунин барои хоҷагии халқ истифодаи канданиҳои фоиданоки ғайрикондитсионии дар анбор ҷамъкардашуда ва партовҳои истеҳсолӣ ва амалӣ намудани чораҳо барои ҳифзи онҳо;

– чораҳо оид ба таъмин намудани бехатарии аҳолӣ, ҳифзи қаъри замин ва муҳити табиати атроф, биноҳо, иншоотҳо, аз он ҷумла пешгирӣ намудани рахназании об ва газҳо, паҳншавии сӯхторҳои зеризаминӣ ва дигар;

– ҳалли масъалаҳои истифодаи кандаҳои кӯҳӣ ва чоҳҳои пармакардашуда барои мақсадҳои хоҷагии халқ;

– тарзи барҳам ва ё муваққатан хобонидани корхона ё қисми он;

– чораҳо оид ба ҳолати корӣ овардани заминҳо ва объектҳои обии аз таъсири корҳои кӯҳӣ зарардида бо мақсади дар хоҷагии халқ истифодаи бурдани онҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳалли дигар масъалаҳои лоиҳавие, ки бо хусусиятҳои алоҳидаи кон, бознамудан ва системаи коркарди кон алоқаманд аст.

Дар лоиҳаи барҳамдиҳӣ, ки ба ҳаҷми калони пур кардани холигиҳо мавҷуд аст, хулосаи ташкилотҳои махсусгардонидашудаи илмию тадқиқотӣ зарур мебошад.

  1. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва ё муваққатан хобонидани корхона ё қисми он манъ аст:

– боздоштани корҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок то иҷрои чорабиниҳои лоиҳавие, ки истихроҷи пурраи захираҳо ва ҳифзи қаъри заминро таъмин менамояд, ҳамчунин то гирифтани иҷозати хаттӣ (фармон, қарор) оиди боздошти кор аз тарафи ташкилоти болоӣ;

– барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобондани корхона ва ё қисми он ба тарзи «хушк» («сухая» консервация) дар ҳолатҳое, ки дар онҳо сӯхторҳои зеризаминӣ ба пуррагӣ барҳам дода ва ё хомӯш карда нашудааст;

– мувақатан хобонидани корхона ё қисми он бо тарзи «мартуб» («мокрая» консервация) дар корҳонаҳои истихроҷкунандаи канданиҳои фоиданоки дар об ҳалшаванда (намакҳои табиӣ, гаҷ ва диг.);

– дар коркардҳои кӯҳӣ ва анборҳо мондани канданиҳои фоиданоки майли худдаргирӣ дошта;

– муваққатан хобонидани корхона ё қисми он ба муҳлати дароз, ки боздошти корҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок ба харобшавии кон, паст шудани сифати захираҳои кандании фоиданок дар қаъри замин, вайроншавии кандаҳои кӯҳӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа истихроҷи захираҳои боқимондаи канданиҳои фоиданок ғайримақсаднок мешавад.

  1. Нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои геологию маркшейдерӣ, ки ба ҳангоми анҷоми корҳо мукаммал карда шудааст, тибқи тартиботи муқарраргардида барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ супурда мешавад.

Ҳангоми барҳамдиҳии корхона, инчунин муваққатан хобондани он ба муҳлати зиёда аз панҷ сол, санади қитъаи кӯҳӣ ба Хадамоти назорати кӯҳӣ баргардонида мешавад.

  1. Бе розигии Хадамоти назорати кӯҳӣ ва иҷозати вазорати (идораи) дахлдор ба шакли хаттӣ (фармоиш, қарор), баъди барҳам додан ва ё мувақќатан хобонидани корхона, истифодаи кандаҳои кӯҳӣ бо мақсадҳои гуногун манъ аст.
  2. Сохтмон дар майдонҳое, ки аз таъсири корҳои кӯҳӣ зарар дидаанд, танҳо баъди анҷом ёфтани раванди ғеҷиши онҳо ва гирифтани иҷозати Хадамоти назорати кӯҳӣ бо амалӣ намудани чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ намудани таъсири зарарноки корҳои кӯҳӣ ба объектҳои сохташаванда, ба роҳ монда мешавад.

 

  1. НАЗОРАТ БАРОИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ҚАЪРИ ЗАМИН, ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲО
  2. Масъалаи асосии назорати давлатии истифода ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият таъмин намудани риояи тартиби муқаррарнамудаи истифодаи қаъри замин, иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба ҳифзи қаъри замин, таъмини бехатарии корҳои кӯҳӣ оид ба ҳифзи қаъри замин, пешгирӣ ва барҳам додани таъсири зарарноки онҳо ба аҳолӣ, ба муҳити табиати атроф, бино ва иншоотҳо, риоя намудани қоидаҳои давлатии баҳисобгирии захираҳо ва конҳои канданиҳои фоиданок, ҳамчунин дигар қоидаҳо ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодабарии қаъри замин ва Қоидаҳои мазкур мебошад.
  3. Назорати давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин риояи Қоидаҳои мазкурро Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хадамоти назорати кӯҳӣ) амалӣ менамояд.

Назорати давлатӣ оид ба омӯзиши геологии қаъри замин, ҳамчунин бозиктишофии кон аз лиҳози омӯзиши пурра ва комплексии қаъри замин аз тарафи корхонаи амалкунанда, ба салоҳияти Хадамоти назорати кӯҳӣ (нозироти геологӣ) ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

  1. Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи Ҳукуматҳои маҳал оид ба назорати давлатии истифода ва ҳифзи қаъри заминро қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Назорати соҳавӣ барои риояи тартиби муайяншудаи истифодаи қаъри замин, омӯзиши геологии қаъри замин, иҷрои талаботҳои ҳифзи қаъри замин оид ба таъмини пурраи истихроҷи канданиҳои фоиданоки асосӣ ва сарироҳӣ бо компонентҳои фоиданок, таъмини бехатарии корҳои кӯҳӣ, иҷрои чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии аҳолӣ, ҳифзи муҳити табиати атроф, биноҳо, иншоотҳо, риояи қоидаҳои баҳисобгирии захираҳо ва конҳои канданиҳои фоиданок, ҳамчунин дигар қоида ва меъёрҳои истифодабарии қаъри замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ҳамчунин, риояи Қоидаҳои мазкур ба зиммаи умурҳо (бахшҳо, шӯъбаҳо ва диг)-и дахлдори корхонаҳо вогузор карда шудааст.

Назорат оид ба коркарди дурусти конҳои канданиҳои фоиданок аз тарафи хадамотҳои маркшейдерӣ, геологӣ ва дигар умурҳои вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо амалӣ карда мешавад.

  1. Ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисии техникии корхона (шахта, кон, карер ва диг) вазифадоранд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани коркарди кони канданиҳои фоиданок ва ҳифзи қаъри замин корҳои кӯҳиро мунтазам назорат намоянд ва оид ба бартараф намудани қоидавайронкуниҳои истифодаи қаъри замин ва Қоидаҳои мазкур чораҳо амалӣ намоянд.
  2. Додани супориши корӣ барои иҷрои корҳои кӯҳие, ки бар хилофи талаботҳои қонунгузориҳои истифодаи қаъри замин ва Қоидаҳои мазкур мебошад, манъ аст.
  3. Ҷавобгарӣ барои риояи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ барои таҳвили ашёи минералӣ, эътимоднокии баҳисобгирӣ ва назорати самараноки миқдор ва сифати ашёи минералии барои коркард ба истеъмолкунанда интиқолшаванда, инчунин барои нигоҳдории он дар анборҳо, ҳангоми амалиётҳои технологӣ ва омода сохтан барои интиқоли ашё, корҳои ҳамлу нақли он ба зиммаи роҳбарони корхона ва умурҳои дахлдор вогузор карда шудааст.
  4. Кормандони корхона вазифадоранд, ки барои риояи қонунгузориҳои қаъри замин ва Қоидаҳои мазкур фаъолона мусоидат намоянд. Корманде, ки қоидавайронкуниро, ки сабаби талафёбии беасоси канданиҳои фоиданок гаштааст ё мегардад, ошкор намудааст, вазифадор аст, ки ба шахси дахлдори назорати техникӣ ё маъмурияти корхона, барои чорабинӣ, хабар диҳад.
  5. Шахсони мансабдор ва кормандони муҳандисию техникии корхона, ки ба вайрон намудани қонунгузории қаъри замин ва иҷро накардани Қоидаҳои мазкур роҳ додаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва дигар намуди ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани қонунгузориҳо дар бораи қаъри замин ва иҷро накардани Қоидаҳои мазкур дар асоси моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қонунгузориҳо дар бораи қаъри замин дар асоси моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 455 аз 31 декабри соли 2008 татбиқ карда мешавад.

Масъулияти интизомӣ барои вайрон кардани қонунгузории қаъри замин ва иҷро накардани Қоидаҳои мазкур дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва дар моддаҳои дахлдори Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

  1. Корхона, ташкилот, идораҳо вазифадоранд, ки зарари расонидашударо ҳангоми риоя накардани қонунгузории қаъри замин ва Қоидаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

Барои роҳ додан ба талафёбии зиёда аз меъёри  канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ, корхона вазифадор аст, ки зарари ба хоҷагии халқ расонидаро, тибқи нархномаи Кумитаи давлатии нархгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулҳои соҳавӣ, ки вазоратҳо тасдиқ намудаанд ва аз рӯи тартиботи муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.

  1. Шахсони мансабдор ва кормандони муҳандисӣ-техникӣ, ки бо гуноҳи онҳо корхона зарари вобаста ба риоя накардани қонунгузории қаъри замин ва Қоидаҳои мазкур ҷуброн намудааст, тибқи тартиботи муқарраргардида ҷавобгарии молиро бар дӯш доранд.
  2. Баҳсҳои байни корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва идораҳо оид ба масъалаҳои истифодаи қаъри замин дар қатори дигар мақомотҳо аз тарафи Хадамоти назорати кӯҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

Баҳсҳо дар асоси аризаи яке аз тарафҳо ё бо ташаббуси мақомоти Хадамоти назорати кӯҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии баҳсҳо қарори дахлдор қабул карда мешавад, ки дар он тартиби ҳалли баҳсҳо ва чорабиниҳо оид ба таъмин намудани иҷрои талаботҳои қонунгузории қаъри замин нишон дода мешавад.

 

 

 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2020, №1020 ба қайд гирифта шудааст. Бо фармоиши сардори  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2020, №16 тасдиқ карда шудааст.

 

ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА ТАЛАБОТ БА ТАРТИБДИҲИИ ХУЛОСАИ ЭКСПЕРТИЗАИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот оид ба тайёр намудани хулосаи экспертизаи бехатарии саноатӣ (минбаъд – Тартиб) мутобиқи қисми 3 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» ва сархати чоруми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
  3. Тартиби мазкур тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ (минбаъд – экспертиза), талабот оид ба тайёр намудани хулосаи экспертиза ва талабот ба экспертҳои бехатарии саноатиро (минбаъд – экспертҳо) муайян менамояд.
  4. Тартиб ҳангоми гузаронидани экспертизаи иншооте, ки дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» (минбаъд – иншооти экспертиза) пешбинӣ шудааст, татбиқ карда мешавад.
  5. Тартиби мазкур дар ҳолати гузаронидани экспертизаи иншооти хатарнок ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмӣ ё дар сурати муҳлати амали он бо мақсади баҳодиҳии зараре, ки метавонад дар натиҷаи садама дар иншооти хатарнок расонад, шумораи ниҳоии эҳтимолии зарардидагон ва (ё) дараҷаи бехатарии иншооти хатарнок, татбиқ карда намешавад.
  6. Таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда бояд аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузарад (агар дар регламенти техникӣ шакли дигари баҳодиҳии мутобиқати таҷҳизоти мазкур ба талаботи ҳатмӣ муайян нашуда бошад):

– пеш аз истифодабарӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок;

– дар ҳолати ба итмом расидани муҳлати истифодабарӣ ё ҳангоми аз меъёр зиёдшавии шумораи доираҳои кории таҷҳизоти техникии мазкур, ки истеҳсолкунандаи он муқаррар намудааст;

– ҳангоми дар ҳуҷҷатгузории техникӣ набудани маълумот оид ба муҳлати истифодабарии чунин таҷҳизоти техникӣ, агар муҳлати воқеии истифодабарии он аз бист сол гузаштааст;

– баъд аз гузаронидани корҳои вобаста ба тағйирёбии сохт, ивазкунии масолеҳи қисмҳои синҷи ин таҷҳизоти техникӣ, ё ин ки таъмири азнавбарқароркунӣ баъд аз садама ё ҳодиса дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки дар натиҷаи он чунин таҷҳизоти техникӣ зарар дидааст.

  1. Биноҳо ва иншоотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки барои иҷрои ҷараёнҳои технологӣ, нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулот, ҷойивазкунии одамон ва борҳо, пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои садамаҳо муқаррар гардидаанд, аз экспертизаи бехатарии саноатӣ мегузаранд:

– ҳангоми ба итмом расидани муҳлати истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо, ки дар ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ муқаррар гардидааст;

– ҳангоми набудани ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ, ё дар ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ набудани маълумот оид ба муҳлати истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо;

– баъд аз садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки дар натиҷаи он сохтҳои синҷи биноҳо ва иншоотҳо вайрон шудаанд;

– баъд аз ба итмом расидани муҳлати истифодабарии бехатарона, ки дар хулосаи экспертиза муқаррар гардидааст;

– ҳангоми пайдо шудани деформатсияи аз меъёр зиёди биноҳо ва иншоотҳо.

Экспертизаи биноҳо ва иншоотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки барои иҷрои ҷараёнҳои технологӣ, нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулот, ҷойивазкунии одамон ва борҳо, пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои садамаҳо муқаррар гардидаанд, дар сурати мавҷуд будани талаботи дахлдори бехатарии саноатӣ ба чунин биноҳо ва иншоотҳо гузаронида мешавад.

  1. Экспертизаи таҷҳизоти техникӣ, биноҳо ва иншоотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки ба манфиати мудофиа ва амнияти давлат истифода мешаванд, бо дарназардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ва ҳифзи сирри давлатӣ гузаронида мешавад.

 

  1. ТАЛАБОТ БА ЭКСПЕРТҲО
  2. Эксперт бояд ба чунин талабот мутобиқат кунад:

– доштани маълумоти олӣ;

– гузаштан аз санҷиши малакаи дониш дар соҳаи бехатарии саноатӣ оид ба соҳае, ки ба иншооти экспертиза мутобиқат мекунад;

– собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар соҳаи муайянгардидаи аттестатсияи талаботи бехатарии саноатӣ;

– донистани санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои техникӣ оид ба масъалаҳои экспертиза, бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок, ки ба иншооти экспертиза вобаста аст, воситаҳои истифодашавандаи ченкунӣ, таҷҳизоти озмоишӣ, усулҳои ташхиси техникии таҷҳизоти техникӣ ва муоинаи биноҳо ва иншоотҳо.

  1. Ба эксперт иштирок намудан дар гузаронидани экспертиза нисбати иншооти истеҳсолии хатарноке, ки дар ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии ташкилот тааллуқ дорад ва дар муносибатҳои меҳнатӣ, ки ӯ қарор дорад, манъ аст.

Ба эксперте, ки ҳолати маҳдудкунанда барои ҷалби ӯ дар гузаронидани экспертиза маълум аст ё намегузорад, ки принсипҳои гузаронидани экспертизаи дар банди 12 Тартиби мазкур зикргардидаро риоя намояд, дар гузаронидани экспертиза иштирок карда наметавонад.

  1. Экспертҳо уҳдадор мебошанд:

– мутобиқати иншооти экспертизаи бехатарии саноатӣ ба талаботи бехатарии саноатиро бо тарзи гузаронидани таҳлили маводҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ пешниҳод гардидаанд, муайян намоянд;

– ҳолати воқеии техникии таҷҳизотҳои дар иншооти истеҳсолии хатарнок, биноҳо ва иншоотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро муайян намоянд;

– хулосаи экспертизаи бехатарии саноатиро омода намуда, ба роҳбари ташкилоте, ки экспертизаи бехатарии саноатиро гузаронида аст, пешниҳод намоянд;

– воқеият ва асосноккунии натиҷаҳои хулосаи экспертизаро таъмин намоянд;

– нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва махфияти маълумоти барои экспертиза пешниҳодгардидаро таъмин намоянд.

  1. Талаботи иловагӣ ба ташкилоти экспертӣ ва экспертҳо, тартиби аккредитатсияи онҳо, ки экспертизаи таҷҳизоти техникӣ, биноҳо ва иншоотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки ба манфиати мудофиа ва амнияти давлат истифода мешаванд, бо дарназардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ва ҳифзи сирри давлатӣ гузаронида мешавад.

 

 

  1. ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗА
  2. Экспертиза бо мақсади муайян намудани мутобиқати иншооти экспертиза ба талаботи ба ӯ пешниҳодшудаи бехатарии саноатӣ гузаронида мешавад ва ба принсипҳои мустақилият, воқеият, таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурра асос меёбад ва бо истифодаи дастовардҳои муосири илм ва техника гузаронида мешавад.
  3. Муҳлати гузаронидани экспертиза аз рӯи мураккаб будани иншооти экспертиза муайян карда мешавад, аммо набояд аз се моҳ аз вақти аз ҷониби ташкилоти экспертӣ гирифтани маҷмӯи маводи зарурӣ ва ҳуҷҷатҳо аз фармоишгари экспертиза тибқи шартнома барои гузаронидани экспертиза зиёд бошад.
  4. Экспертизаи бехатарии саноатиро ташкилотҳое, ки барои гузаронидани ин экспертиза иҷозатнома барои фаъолияти экспертизаи бехатарии саноатӣ доранд, аз ҳисоби маблағҳои фармоишгар дар асоси шартнома мегузаронанд.
  5. Ба ташкилотҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ иҷозатнома доранд, гузаронидани чунин экспертиза нисбати иншооти истеҳсолии хатарноке, ки дар ҳуқуқи моликият ё дар дигар асоси қонунии он тааллуқ дорад ё ба шахсоне, ки бо он дар асоси қонунгузории инҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ дохил мешавад, ҳамчунин нисбати дигар иншооти экспертиза, ки бо чунин иншооти истеҳсолии хатарнок алоқаманд мебошад, манъ аст. Хулосаи экспертизае, ки бо вайрон кардани ин талабот тартиб дода шудааст, ба мақсадҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, истифода шуда наметавонад.
  6. Барои гузаронидани экспертиза бо фармоиши роҳбари ташкилоте, ки экспертизаро мегузаронад, эксперт ё гурӯҳи экспертҳо муайян карда мешавад.

Дар ҳолати гузаронидани экспертиза аз ҷониби гуруҳи экспертҳо бо фармоиши дарҷгардида роҳбари гурӯҳ (эксперти калон)-ро метавон таъин намуд, ки ҷамъбасти натиҷаҳо, сари вақт гузаронидани экспертиза ва омода намудани хулосаи экспертизаро таъмин намояд.

  1. Ба ҳайати гуруҳи экспертҳо метавон экспертҳоеро дохил намуд, ки дар басти вазифаҳои ташкилоти экспертӣ дохил намешаванд ва агар дониши махсуси онҳо барои гузаронидани экспертиза зарур бошад ва чунин экспертҳо дар ташкилоти экспертӣ вуҷуд надорад.
  2. Ташкилоти экспертӣ баъд аз ҳолатҳои зерин ба гузаронидани экспертиза шуруъ менамояд:

– аз ҷониби фармоишгар дар асоси шартнома пешниҳод гардидани хуҷҷатҳои лозимӣ барои гузаронидани экспертиза;

– пешниҳод намудани намунаҳои таҷҳизотҳои техникӣ ё таъмин намудани ҳуқуқ ба дастрасии экспертҳо ба таҷҳизоти техникӣ, воридшавӣ ба биноҳо ва иншоотҳое, ки дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифода мешаванд.

  1. Фармоишгар уҳдадор аст, ки бо талаби экспертҳое, ки экспертизаро мегузаронанд, барои воридшавии онҳо ба иншооти истеҳсолии хатарнок, таҷҳизоти техникӣ, биноҳо ва иншоотҳо, ки дар он экспертиза гузаронида мешавад, рухсат диҳад.
  2. Ҳангоми гузаронидани экспертиза пуррагӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳои ба иншооти экспертиза тааллуқдошта, ки аз ҷониби фармоишгар пешниҳод шудаанд, муайян карда мешавад, ҳамчунин ҳолати воқеии таҷҳизоти техникӣ, биноҳо ва иншоотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои баҳодиҳии ҳолати воқеии биноҳо ва иншоотҳо муоинаи онҳо гузаронида мешавад.

Ташхиси техникӣ, назорати вайроннашаванда ё назорати вайроншавандаи таҷҳизоти техникӣ барои баҳодиҳии ҳолати воқеии таҷҳизоти техникӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

– дар ҳолати ба итмом расидани муҳлати истифодабарӣ ё ҳангоми аз меъёр зиёдшавии шумораи доираҳои кории таҷҳизоти техникии мазкур, ки истеҳсолкунандаи он муқаррар намудааст ё ҳангоми дар ҳуҷҷатгузории техникӣ набудани маълумот оид ба муҳлати истифодабарии чунин таҷҳизоти техникӣ, агар муҳлати воқеии истифодабарии он аз бист сол гузаштааст;

– ҳангоми гузаронидани экспертиза баъди таъмир ва азнавбарқароркунӣ баъд аз садама ё ҳодиса дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки дар натиҷаи онҳо чунин таҷҳизоти техникӣ зарар дидааст;

– ҳангоми аз ҷониби экспертҳо дар ҳолати азназаргузаронии таҷҳизоти техникӣ ошкор гардидани норасоиҳое, ки дар мустаҳкамии конструксия шакку шубҳа вуҷуд дорад ё норасоиҳое, ки фаҳмидани сабабҳои онҳо душвор мебошад.

  1. Ташкилоти экспертӣ ҳуқуқ дорад, ки барои гузаронидани ташхиси техникӣ, назорати вайроннашаванда, назорати вайроншавандаи таҷҳизоти техникӣ, ҳамчунин барои муоинаи биноҳо ва иншоотҳо, дигар ташкилотҳо ё шахсонеро, ки барои гузаронидани корҳои зикргардида таҷҳизоти зарурӣ доранд, ҷалб намояд.

Дар ҳолатҳое, ки фармоишгар дар басти вазифаҳо дар соҳаҳои ташхиси техникӣ, муоинаи биноҳо ва иншоотҳо, назорати вайроннашаванда, назорати вайроншаванда мутахассисони худро дошта бошад, ки сатҳи тахассусии онҳо барои иҷро намудани намудҳои алоҳидаи корҳо мутобиқат мекунад, дар ҳамин сурат барои ҷалб намудани чунин мутахассисони фармоишгар барои иҷрои ин корҳо ва ба инобат гирифтани натиҷаи корҳои мутахассисони зикргардида дар хулосаи экспертиза иҷозат дода мешавад.

Роҳбарияти ташкилоте, ки экспертизаро гузаронидааст, барои сифат ва натиҷаҳои корҳое, ки ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҷалб гардидаанд, масъул мебошад.

  1. Аз натиҷаи гузаронидани ташхиси техникӣ, назорати вайроннашаванда, назорати вайроншавандаи таҷҳизоти техникӣ, муоинаи биноҳо ва иншоотҳо санади иҷроиши корҳои зикргардида тартиб дода мешавад, ки аз ҷониби роҳбари ташкилоте, ки дар он экспертиза гузаронида шудааст ва роҳбари ташкилоте, ки экспертизаро гузаронидааст, имзо карда мешавад ва дар хулосаи экспертиза замима карда мешавад.

 

  1. ТАРТИБДИҲИИ ХУЛОСАИ ЭКСПЕРТИЗА
  2. Натиҷаи гузаронидани экспертиза ин хулоса мебошад, ки аз ҷониби ташкилоте, ки экспертизаро гузаронидааст ва экспертҳое, ки дар гузаронидани экспертиза иштирок намудаанд, ба имзо расонида шуда, бо муҳри ташкилоти экспертӣ тасдиқ карда шудааст ва бо нишон додани шумораи саҳифаҳо дӯхта мешавад.
  3. Ташкилоти экспертӣ баҳисобгирии хулосаҳои додашуда ва нигоҳдории нусхаҳои онҳоро таъмин менамояд.
  4. Ба хулосаи экспертиза инҳо дохил карда мешаванд:

1) Варақаи унвон бо нишон додани номи хулосаи экспертиза;

2)  Қисми муқаддимавӣ, ки инҳоро дар бар мегирад:

– асос барои гузаронидани экспертиза;

– маълумот дар бораи ташкилоти экспертӣ (номи ташкилот, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҷойгиршавӣ, рақами телефон, факс, санаи додан ва рақами иҷозатномаи фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ);

– маълумот дар бораи экспертҳо (маълумот, собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос, маълумот оиди аттестатсия ҷиҳати донистани талаботи махсуси бехатарии саноатӣ);

3) рӯйхати иншоотҳои экспертиза, ки дар онҳо амали хулосаи экспертиза татбиқ мегардад;

4) маълумот дар бораи фармоишгар (номи ташкилот, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҷойгиршавӣ);

5) мақсади экспертиза;

6) маълумот оиди ҳуҷҷатҳои дар рафти экспертиза баррасишуда бо нишон додани ҳаҷми маводи дорои рамз, рақам, тамға ё дигар рамзе, ки барои ҳаммонандкунӣ зарур мебошанд;

7) тавсифи мухтасар ва таъини иншооти экспертиза;

8) натиҷаҳои экспертизаҳои гузаронидашуда бо истиноди қоидаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ, ки дар асоси онҳо баҳодиҳии мутобиқати иншооти экспертиза ба талаботи бехатарии саноатӣ гузаронида шудааст;

9) натиҷаҳои хулосаи экспертиза;

10) замимаҳо, ки дар онҳо номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ, ҳуҷҷатгузории техникӣ, санадҳои муоина ва ташхис, ҳисоботи техникӣ ҳангоми экспертиза истифодашударо дар бар мегирад.

  1. Хулосаи экспертиза оид ба мутобиқати иншооти экспертиза ба талаботҳои бехатарии саноатӣ (ба ғайр аз экспертизаи эъломияи бехатарии саноатӣ ва асосноккунии бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок) аз хулосаҳои зерин иборат мебошад:

1) иншооти экспертиза ба талаботи бехатарии саноатӣ мутобиқат мекунад.

2) иншооти экспертиза ба талаботи бехатарии саноатӣ ба пуррагӣ мутобиқат намекунад ва ҳангоми дар ҳуҷҷатгузорӣ ворид намудани тағйироти дахлдор ё иҷро намудани чорабиниҳои дахлдор нисбат ба таҷҳизоти техникӣ ё бино ва иншоотҳо иҷозат дода мешавад (дар хулоса тағйироте нишон дода мешавад, ки баъди вориди ин тағйиротҳо ҳуҷҷатгузорӣ ба талаботи бехатарии саноатӣ мутобиқат хоҳад кард ё чорабиниҳое, ки баъди гузаронидани онҳо таҷҳизоти техникӣ, бино, иншоотҳо ба талаботи бехатарии саноатӣ мутобиқат хоҳанд кард).

3) иншооти экспертиза ба талаботи бехатарии саноатӣ мутобиқат намекунад.

  1. Аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи таҷҳизоти техникии биноҳо ва иншооти истеҳсолии хатарнок дар хулосаи экспертиза ба таври илова ҳисоббаробаркунӣ ва таҳлили расмиёти арзёбӣ ва пешгӯии техникии ҳолати иншооти экспертиза нишон дода мешавад, ҳамчунин дар он муайянкунии захираи боқимонда (муҳлати истифодабарӣ) бо нишон додан дар хулосаи экспертиза муҳлати муқарраргардидаи минбаъдаи истифодабарии бехатаронаи иншооти экспертиза ва шартҳои истифодабарии минбаъдаи бехатаронаи он дарҷ карда мешавад.
  2. Аз натиҷаи гузаронидани экспертизаи эъломияи бехатарии саноатӣ дар хулосаи экспертиза, хулосаҳои зерин нишон дода мешаванд:

– дар бораи асосноккунии моделҳои истифодашавандаи физикӣ-математикӣ ва усулҳои истифодашудаи ҳисоби оқибатҳои садама ва нишондиҳандаҳои таваккалнокӣ;

– дар бораи дуруст ва саҳеҳ будани ҳисобҳои иҷрошудаи таҳлили таваккалнокӣ, ҳамчунин баҳисобгирии пурраи омилҳое, ки ба натиҷаҳои ниҳоӣ таъсир мерасонанд;

– оид ба эҳтимолияти амалишавии сенарияҳои қабулшудаи садамаҳо ва имконияти баромадани омилҳои зараровари ин садамаҳо берун аз ҳудуди иншооти истеҳсолии хатарнок, ҳамчунин оқибати таъсири омилҳои зараровар ба аҳолӣ, дигар иншоотҳо ва муҳити зист;

– оид ба кифоягии чораҳои пешгирии воридашавии шахсони бегона ба иншооти истеҳсолии хатарнок.

  1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи асосноккунии бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок ё ҳангоми ворид гардидани тағйирот, дар хулосаи экспертиза натиҷаҳои зерин дарҷ карда мешаванд:

– баҳодиҳии пуррагӣ ва дурустии маълумоте, ки дар асосноккунии бехатарӣ пешниҳод шудааст;

– баҳодиҳии пуррагӣ ва кифоягии чорабиниҳое, ки риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи бехатарии саноатиро ҷуброн мекунад;

– баҳодиҳии асосноккунии натиҷаҳои баҳодиҳии хавфи садамаҳо, аз он ҷумла комилан мувофиқ будани моделҳои истифодашавандаи физикӣ-математикӣ ва усулҳои истифодашудаи ҳисоби оқибатҳои садама ва нишондиҳандаҳои таваккалнокӣ, дуруст ва саҳеҳ будани ин ҳисобҳо, ҳамчунин баҳисобгирии пурраи омилҳое, ки ба натиҷаҳои ниҳоӣ таъсир мерасонанд;

– баҳодиҳии ҳисоби таҷрибаи муосири истифодабарӣ, таъмири асосӣ, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок дар асосноккунии бехатарӣ;

– баҳодиҳии пурра ба талаботҳо барои истифодабарӣ, таъмири асосӣ, муваққатан хобондан ё барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок, ки дар асосноккунии бехатарӣ пешбинӣ шудаанд.

  1. Дар хулосаи экспертизаи асосноккунии бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок яке аз хулосаҳои зерин дарҷ карда мешавад:

1) асосноккунии бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок ба талаботи бехатарии саноатӣ мутобиқат мекунад;

2) асосноккунии бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок ба талаботи бехатарии саноатӣ мутобиқат намекунад.

  1. Фармоишгар хулосаи экспертизаро барои бақайдгирӣ дар феҳристи хулосаҳои экспертизаи бехатарии саноатӣ ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2007, таҳти №590).

 

  1. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ТАРТИБИ МАЗКУР
  2. Шахсоне, ки дар вайронкунии Тартиби мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1022 аз 17. 04. 2020 ба қайд гирифта шуд. Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №24 тасдиқ карда шудааст.

 

ҚОИДАҲОИ СОХТ ВА БЕХАТАРОНА

ИСТИФОДАБАРИИ АТТРАКСИОНҲО

 

«Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии аттраксионҳо» дар асоси талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объекти истеҳсолии хатарнок», бандҳои 5 ва 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо мақсади ба танзим даровардани истифодабарии аттраксионҳо, риояи қоидаҳои бехатарии саноатӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо (новобаста аз шакли моликияташон) ҳамчун иншооти истеҳсолии хатарнок дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифтани онҳо дар Феҳристи давлатӣ ва ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш ҳангоми истифодабарии аттраксионҳо таҳия карда шудааст.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. «Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии аттраксионҳо» (минбаъд– Қоидаҳо) барои ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, инчунин соҳибкорони инфиродие, ки кору хизматрасонии алоҳидаи марбут ба аттраксионҳоро иҷро мекунанд, ҳатмӣ мебошанд.
  3. Қоидаҳои мазкур аттраксионҳои сайёр ва статсионариеро фаро мегирад, ки барои насби муваққатӣ ё доимӣ дар ярмаркаҳо, боғҳои фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои дигар пешбинӣ гардидаанд.
  4. Қоидаҳои мазкур талаботҳоро:

– ба лоиҳакашӣ (тартиб додан), омодасозӣ, насб, танзим, таҷдид, таъмир, муоинаи техникӣ, ташхиси техникӣ, истифодабарӣ, истифодаи партовҳои аттраксионҳо, ҷузъу механизмҳои онҳо, аз он ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ;

– оид ба таъмини бехатарии муштариён, ҳайати хизматрасон ва ашхосе, ки ба истифодаи аттраксионҳо назорат мекунанд, муқаррар менамояд.

 

 

  1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
  2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– садама – вайроншавии аттраксион ё ҷузъи он бар асари иллати конструксия ё вайронкунии низоми истифодаи муқаррарнамудаи санади истифодабарӣ;

– аттраксион – таҷҳизоти сайёр ё статсионарӣ барои фароғат, ки дар онҳо бо мақсади вақтхушӣ ва ба вуҷуд овардани таъсироти рӯҳӣ ва физиологӣ истифодаи таъсири биомеханикӣ ба истифодабарандагони аттраксионҳо пешбинӣ шудааст;

– аттраксиони механиконидашуда – аттраксионе, ки дар он истифодабарандагон аз ҳисоби навъҳои мухталифи энергия, ба истиснои энергияи инсон (одамон) ва (ё) қувваи вазнинӣ интиқол меёбанд;

– аттраксиони ғайримеханиконидашуда – аттраксионе, ки дар он истифодабарандагон фақат аз ҳисоби энергияи инсон (одамон) ва (ё) қувваи вазнинӣ интиқол меёбанд;

– комплекси аттраксионӣ – минтақаи кушод ва ё бинои пӯшида, ки дар он аттраксион ва таҷҳизоти мансуб ба он (хоначаи шахси идоракунанда, тавора, лавҳаи тақсимоти барқ ва ғайра) насб шудаанд;

– ба кор андохтан – рӯйдоде, ки омодагии аттраксион барои истифода аз рӯи таъиноташ сабт гардида, мувофиқи тартиби муқарраргардида бо санад ба расмият дароварда шудааст;

– соҳиби аттраксион – ташкилот ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар моликият ё иҷораашон аттраксион қарор дорад;

– ҳодисаи ногувор – бозистодан ё вайрон шудани аттраксион, риоя накардани низоми истифодабарӣ;

– муҳлати таъиншудаи хизмат – давомнокии тақвимии истифодабарӣ, ки дар сурати ба охир расидани он истифодабарии аттраксион, сарфи назар аз ҳолати техникиаш, бояд қатъ карда шавад;

– ҳодисаи нохуш –  ҳодисае, ки дар натиҷаи он инсон маъюб мешавад ё ба саломатиаш осеби дигаре расонида мешавад;

– ҳайати хизматрасон-операторон, навбатдорони аттраксион, электромеханикҳо ва шахсони дигаре, ки хизматрасонӣ ва таъмири аттраксионҳоро ба амал мебароранд;

– захираи боқимонда – ҷамъи кори аттраксион аз лаҳзаи назорати ҳолати техникии он то лаҳзаи гузариши эҳтимолӣ ба ҳолати ниҳоӣ;

– шаҳраки сайёри аттраксионҳо як ё бештар аз он аттраксионҳое, ки дар ҷойи насб на бештар аз нисфи мавсими истифода дар маҳалли мазкур ҷойгир мешавад;

– муоинаи даврии техникӣ – муоинаи техникии аттраксион дар давоми тамоми давраи хизмати он;

– муоинаи пурраи техникӣ – муоинаи техникии аттраксиони ба тозагӣ гузошташуда (навшуда, таҷдидгардида);

– муштариён – ашхосе, ки аз аттраксион истифода мебаранд ва (ё) ашхосе, ки дар наздикии бевосита аз аттраксион қарор доранд;

– қоидаҳои истифодаи аттраксион – талабот оид ба истифодаи бехатарии аттраксионҳо барои муштариён, ки аз тарафи ташкилоти лоиҳакашӣ, ташкилот ё соҳибкори инфиродии истифодабарандаи аттраксион (минбаъд–ташкилоти истифодабаранда) муқаррар гардидаанд;

– ҳолати ниҳоӣ – ҳолати техникии аттраксионҳо, ҷузъу механизмҳо, аз он ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ, ки истифодаи минбаъдаи онҳо нораво ё мувофиқи мақсад нест ва ё барқарор намудани ҳолати кории онҳо номумкин аст ё мувофиқи мақсад нест;

– муҳлати хизмат – давомнокии тақвимии истифодаи аттраксион аз оғози истифода ё барқароркунӣ пас аз таъмири он то гузариш ба ҳолати ниҳоӣ;

– ташхиси техникӣ – таҳқиқи конструксияҳои металлӣ, ҷузъу механизмҳои аттраксион бо истифода аз усулҳои харобнакунандаи назорат, назорати кори ҷузъҳо ва алгоритми кори аттраксион, муайян намудани ҳолати техникии аттраксион, муоинаи техникӣ, санҷиши беҳаракат (статикӣ) ва ҳаракатнок (динамикӣ), бо мақсади муайян намудани захираи боқимондаи таҷҳизот;

– хизматрасонии техникӣ – маҷмӯи амалиёт (корҳо) ё амалиёт оид ба нигоҳ доштани коршоямӣ ва ҳолати дурусти аттраксион зимни истифодаи он аз рӯи таъинот, интизорӣ ва нигоҳдорӣ;

– муоинаи техникӣ – баҳодиҳии низоми истифодаи аттраксион, тафтиши ҳолати техникии он ва муайян намудани мутобиқат ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ, аз ҷумла ба қисмҳо ҷудо кардан ва аз назар гузаронидани қисматҳо, агар зарур бошад, гузаронидани озмоиш ва бакорандозии назоратӣ бо мақсади қабули қарор дар бораи коршоямии аттраксион барои истифодаи минбаъда ё зарурати фавран бартараф намудани нуқсонҳо;

– ҳолати техникии аттраксион – маҷмӯи ифодаҳои тағйирнаёбанда ва дар ҷараёни истифодабарӣ тағйирёбандаи параметрҳои аттраксион, ки бо ҳуҷҷати истифодабарӣ ва лоиҳавии ин дастгоҳ муқаррар шудаанд;

– талаботи бехатарӣ – талаботи Қоидаҳои мазкур, меъёрҳои техникӣ ва стандартҳои миллӣ, ки бо мақсади то ҳадди ақал кам кардани хавф зимни тарҳрезӣ, истеҳсол, истифода ва истифодаи партовҳои аттраксионҳо муқаррар шудаанд;

– шартҳои истифодабарӣ – маҷмӯи омилҳое, ки зимни истифодаи аттраксион ба он таъсир мерасонанд;

– дастгоҳи бехатарӣ – дастгоҳи техникӣ барои таъмини бехатарона истифодабарии аттраксион;

– ташхиси нопурраи техникӣ – ташхиси техникии аттраксион пас аз таъмири асосӣ (ивазкунӣ) ё шинондани ҷузъҳо, механизмҳои аттраксион, аз ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ;

– санади истифодабарӣ – ҳуҷҷати конструкторие, ки дар алоҳидагӣ ё дар маҷмӯъ бо ҳуҷҷатҳои дигар қоидаҳои истифодабарии маҳсулотро муайян мекунад ва (ё) маълумоти тасдиқкунандаи мафҳуми параметрҳо ва тавсифи (хислатҳои) аз тарафи ташкилоти истеҳсолкунанда кафолатшудаи маҳсулот, кафолат ва маълумотро дар бораи истифодаи он дар давоми давраи хизмат дар бар мегирад;

– истифодабарии аттраксион – марҳалаи даври фаъолияти аттраксион, ки дар давоми он сифати он амалӣ мегардад, нигоҳ дошта мешавад ва барқарор гардида, истифода аз рӯи таъинот, нигоҳдорӣ дар давраи истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва таъмирро дар бар мегирад.

  1. Лоиҳакашӣ (нақшакашӣ), насб, танзим, истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ, ташхис ва таъмири аттраксионҳо, ки мебояд дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд–мақоми давлатии назоратӣ) ба қайд гирифта шаванд, бояд аз тарафи ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ дар асоси иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шавад.
  2. Ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ метавонанд бо ташкилотҳое, ки барои истеҳсол ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои техникии воридотии таҳти назорати мақоми давлатии назоратӣ иҷозатнома доранд, дар хусуси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид сохтани аттраксионҳо, қисму механизмҳои онҳо, аз ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ қарордод банданд.
  3. Ҳуҷҷатҳои истифодабарии аттраксионҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, қисму механизмҳои онҳо, аз ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ бояд ба забони тоҷикӣ ё русӣ тартиб дода шуда, ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошанд.
  4. Аттраксионҳо бояд ба шароити истифодаи онҳо (омилҳои иқлимӣ, номусоидии муҳит, низоми кор, таъсири шамол ва ғайра) мутобиқ бошанд.
  5. Лоиҳакашӣ, истеҳсол, насб, танзим, таъмир, хизматрасонии техникӣ, истифодабарӣ, ташхис ва муоинаи техникии аттраксионҳо, партовкунии онҳо бояд мутобиқи талаботҳои ҳуҷҷатҳои корхонаи истеҳсолкунанда, Қоидаҳои мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ амалӣ гардонида шаванд
  6. Ҳар як аттраксиони истеҳсолшуда бояд аз тарафи шӯъбаи назорати техникии ташкилоти истеҳсолкунанда қабул гардида, ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад:

– дастурамали истифодабарӣ;

– дастурамали насб, бакорандозӣ, танзим ва ба кор омода кардан;

– шиносномаи техникӣ;

– каталоги қисмҳо ва воҳидҳои васлшаванда;

– номгӯи маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ, асбобу лавозимот;

– расмҳои таълимии техникӣ;

– дастурамалҳои махсуси истифодабарӣ;

– номгӯи ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ;

– нусхаи иҷозатномаи мақоми давлатии назоратӣ барои ҳуқуқи истеҳсол ва (ё) истифодаи аттраксион;

– усули тахлияи бехатарии одамон.

  1. Мавҷудияти маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва мутобиқати онҳоро ба талаботи Қоидаҳои мазкур, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ бояд таҳвилгар ва (ё) ташкилоти истеҳсолкунандаи аттраксион таъмин намоянд.
  2. Нусхаи дуюми (дубликати) шиносномаи аттраксионро ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, ки лоиҳакашӣ (нақшакашӣ) ва истеҳсоли аттраксионҳоро амалӣ менамояд ва дорои иҷозатномаи дахлдори мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми давлатии назоратӣ додашуда мебошанд ва ё ташкилоти махсусгардонидашуда таҳия карда метавонанд.
  3. Дар сурати ошкор гардидани камбудӣ дар конструксия ё нуқсонҳо дар таҷҳизоти аттраксионӣ ба таҳвилгари ин таҷҳизот ва ташкилоти истеҳсолкунанда даъво пешниҳод карда мешавад.

 

  1. МУАЙЯН НАМУДАНИ МАНБАИ ХАТАР МАРБУТ

БА ИСТИФОДАБАРИИ АТТРАКСИОНҲО

  1. Омилҳо, ҳолату рӯйдодҳои асосие, ки барои муштариёни аттраксионҳо ва ҳайати хизматрасон хатарноканд:

а) Афтидани муштариён дар аттраксион, аз он (аз як зина ба зинаи дигар) ё дар наздикии бевосита аз он бо сабаби:

– лағжидан ва (ё) пешпо хӯрдан;

– харобшавии конструксия;

– рафтори сабукфикрона;

– дар ҳолати мастӣ (машрубот, нашъамандӣ ва ғайра) будан;

– таъсири объектҳои афтанда:

– деталҳои аттраксион;

– қисмҳои ороиш;

– асбобҳо.

б) Таъсири механизмҳои ҳаракаткунанда дар натиҷаи:

– риоя накардани фосилаи бехатар;

– забт, дармондан ва ҷойивазкунии бадан, қисмҳои бадан ва либос;

– зарба;

– риоя накардани низоми суръат;

– ба кор андохтан ва боздоштан.

в) Расонидани таъсир ба муштариён дар натиҷаи:

– бархӯрдани муштариён бо қисмҳои конструксия ё бо якдигар;

– афзудани андоза ва вақти таъсири суръатафзоӣ, аз ҷумла марбут ба зарбахӯрӣ дар чуқуриҳо;

– таъсири қувва аз тарафи дастгоҳҳои мустаҳкамкунӣ ва ҷойҳои нишаст;

– берун партофтани муштариён.

г) Вайрон шудани ҳолати конструксияҳои аттраксион дар натиҷаи:

– вайроншавии статикӣ;

– тағйирёбии шакли нораво;

– харобшавӣ аз фарсудагӣ;

– вайрон кардани ҳолати муқарраршудаи васлкунӣ;

– ноустувор гаштани меҳварҳо;

– варамидани пластинаю ҷилдҳо.

– тағйир ёфтани аттраксион дар натиҷаи чаппа шудан, лағжидан ва бардошта шудан.

д) Вайрон шудани ҳолати механикии қисмҳои аттраксион дар натиҷаи:

– харобшавӣ аз фарсудагӣ;

– андозаи зиёди тағйирёбии шакл;

– фарсудагии хатарнок;

– зангзанӣ.

е) Таъсири барқӣ ва электромагнитӣ дар шакли:

– дуршавии нораво аз мафҳумҳои муқарраргардидаи тавсифҳо;

– задани ҷараёни барқ;

– ба вуҷуд омадани камонаки барқӣ;

– шиддатнокии норавои таъсири рӯшноӣ;

– майдони электромагнитӣ;

– шарораи барқӣ;

– барангехтани оташ, дуд ва таъсироти ҳароратӣ.

ё) Таъсироти заҳрнок дар шакли:

– гази дамдама;

– моеъҳои заҳрнок;

– нарасидани ҳаво;

– объектҳои ҳавододашавандае, ки дар аттраксион истифода мешаванд:

– саққоҳо;

– дискҳо;

– тирҳо ва ғайра.

ж) Таъсири садо вобаста аз:

– давомнокӣ;

– дараҷа;

– спектри такроршаванда;

– шароити номусоиди муҳити зист:

– боду ҳаво;

– таъсири шамол;

– зиёдии барф;

– таъсири зилзила;

– раъду барқ;

– хатари марбут ба истифодаи об (аттраксионҳои обӣ);

– афтидан аз болои теппачаи обӣ;

– афтидан дар теппачаи обӣ;

– ба ҳам бархӯрдани муштариён;

– сӯхтаҳо;

– дармондан.

з) Ҷароҳатҳои дигари марбут ба нуқсонҳои сатҳи лағжиш дар минтақаи поёнфароӣ;

– ғарқшавӣ;

– ифлосшавӣ ва олудагии об.

к) Хатари марбут ба хизматрасонӣ ва санҷиши таҷҳизоти дар об буда.

л) Хатари марбут ба хусусиятҳои тахлияи муштариён дар ҳолатҳои садамавӣ;

– тахлияи муштариён аз ҷойҳои дурдасти берун аз минтақаи саворшавӣ (фаромадан), масалан, бинобар вайрон шудани аттраксион;

– сарбории ниҳоӣ ба конструксия бар асари ҷамъшавии шумораи зиёди одамон;

– воҳима ва телакунӣ дар издиҳоми мардум;

– тахлияи муштариён дар шароити танг будани гузаргоҳҳо ва шароити дигари душвор.

м) Хатари марбут ба ҳолати пуризтироб аз рӯи нишондодҳои тиббӣ (масалан, бемории дил);

н) Хатарҳои марбут ба таҳдид ва ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ ва табиӣ.

  1. Хавфи муштариён ва ҳайати хизматрасон аз таъсири хатарҳои дар боло зикргардида бояд аз ҳисоби андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки ба роҳ надодани хавфҳои пешгӯишаванда ва таъмини бехатарӣ ҳангоми истеҳсол, насб ва истифодаи аттраксионҳо равона гардидаанд, роҳ дода нашаванд.
  2. Аттраксионҳои алоҳидае, ки ба таҷҳизоти дорои хатари калон барои ҳаёти муштариён ва ҳайати хизматрасон дохил мешаванд:

– аттраксионҳои дорои ҳаракатовари механиконидашуда, ки ҷойҳои нишасти муштариёнро аз сатҳи майдончаи нишаст зиёда аз 2 метр – барои аттраксионҳои кӯдакона ва 3 метр – барои калонсолон, сарфи назар аз суръати даврзаниашон, боло мебардоранд;

– чархофалакҳо бо ҳаракатовари механиконидашуда: амудӣ, уфуқӣ, моил, бо траекторияи мураккаби ҳаракат – бо суръати хаттии нишастгоҳҳо зиёда аз 0,5 м/с, сарфи назар аз баландии болошавӣ;

– автомобилҳои ба ҳам бархӯранда, автомобилҳои зудрав, картинг бо траекторияи озоди ҳаракати воситаҳои худрави (электромобилҳои) бе боло бардоштан, ки суръати ҳаракаташон зиёда аз 4 м/с мебошад;

– аттраксионҳои дорои конструксияи ҳархела бо суръати хаттии ҳаракати нишастгоҳҳои муштариён зиёда аз 5 м/с;

– чархофалакҳои механиконидашуда ва ғайримеханикии даврзананда ё бо кунҷи дуршавии нишастгоҳҳо ба андозаи зиёда аз 450 ва бардоштани кабинаҳо (нишастгоҳҳо) ба баландии зиёда аз 1,5 м;

– аттраксионҳои механиконидашуда бо ҳаракатовари гидравликӣ ё пневматикии нишастгоҳҳо (кабинаҳо, платформаҳо);

– бурҷҳои афтиши озод;

– аттраксионҳои дорои қисмҳои эластикӣ (катапултаҳо, ҷаҳиш аз баландӣ бо таноби эластикӣ ва ғайра).

 

  1. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА КАМ КАРДАНИ ХАВФ

ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ АТТРАКСИОНҲО

  1. Қабл аз ба истифода додани аттраксион соҳиби он бояд хатарҳо, ҳодисаю ҳолатҳои хатарнокро бар асари таъсири механикӣ, барқӣ, кимиёвӣ (аз ашё, мавод ва моддаҳои дигар), ҳароратӣ (гармӣ), муҳити обӣ, инчунин риоя накардани талаботи эргономика ва сабабҳои дигар, ки аз тарафи ташкилоти истеҳсолкунанда пешгӯӣ шудаанд, ҳаммонанд (идентификатсия) кунад.
  2. Аз рӯи натиҷаҳои ҳаммонандкунии хатарҳо, ҳодисаю ҳолатҳои хатарнок соҳиби он бояд чорабиниҳоро ҷиҳати кам кардани хавфи рух додани садамаю ҳолатҳои фавқулодда таҳия созад, ки дар алоҳидагӣ ё дар якҷоягӣ бо чораҳои дигар бояд инҳоро таъмин намоянд:

– риояи талаботи тарҳрезӣ ва технологияи истеҳсол (баҳисобгирӣ ва кам кардани сарборӣ, ҳисобу китоби мустаҳкамӣ ва устуворӣ, интихоби маводи конструксия ва ғайра);

– кам кардани таъсири зараровар ба муштариён;

– интихоби дурусти дастгоҳҳои муҳофизатӣ, пешгирикунанда ва панҷара;

– истисно кардани мавҷудияти нӯгу кунҷҳои тез, қисмҳои барҷаста ва ғайра;

– иҷрои талаботи эргономика;

-риояи талаботи бехатарӣ њангоми танзим ва хизматрасонии системаҳои идоракунӣ;

– роҳ надодан барои ба миён омадани хатарҳои марбут ба таҷҳизоти гидравликӣ ва пневматикӣ;

– таъмини бехатарии зидди сӯхтор, барқ ва ғайра;

– роҳ надодан ба ҷойгиркунии аттраксионҳо дар маҳалҳое, ки ба онҳо ҷараёнҳои номусоиди табиӣ ва геологӣ (ярч, фурӯравӣ, ботлоқшавӣ, зери об мондан, хамидан ва ғайра) ва зуҳуроти техногенӣ (минтақаҳои зарбаи имконпазири кимиёвӣ, радиатсионӣ, биологӣ, гидродинамикӣ, сӯхтор) таъсир мерасонанд;

– дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани даромадгоҳи аттраксионҳо ва майдончаҳои назди онҳо барои воситаҳои техникии наҷотдиҳӣ зимни садама;

– таъминот бо воситаҳои алоқа ва овоз, ҳамеша дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани онҳо;

– тоза кардани қаъри қитъаи ҷойгиршавии аттраксионҳои обӣ дар маҳалҳои ҷойгиршавӣ;

– хизматрасонии садамавию наҷотдиҳии маҳалҳои ҷойгиршавии аттраксионҳо;

– омӯзиши ҳайати хизматрасон ба амалиёт зимни рӯй додани садама ё ҳолати фавқулодда, таҳияи чорабиниҳои дахлдор оид ба бартараф намудани садамаю ҳолатҳои фавқулодда ва бо ҳайати хизматрасон якҷоя бо хадамоти садамавии наҷотдиҳӣ машқ кардани онҳо;

– бо маълумоту дастурамалҳо таъмин намудани муштариён, ҳайати хизматрасон ва назорат кардани иҷрои талаботи дастурамалҳо.

  1. Барои кам кардани хавфи таъсир ва ҳолатҳои хатарнок ба таври иловагӣ инҳо заруранд:

– таҳлили хавфи рӯй додани садама ва ҳолатҳои фавқулодда, таҳияи усулҳои тахлияи муштариён ва ҳайати хизматрасон, муайян намудани роҳҳои тахлия ва таъмини доимо дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани онҳо;

– пешбинӣ намудани дастгоҳҳо барои дар ҳолатҳои зарурии садамавӣ боздоштани  аттраксионҳо;

– таъмин намудани имконияти дастӣ интиқол додани қисмҳои алоҳидаи таҷҳизот;

– беҳтар намудани доираи назар аз ҷойи кори оператори аттараксион;

– таъмин намудани дастрасии ҷузъу қисмҳо барои тафтиш, таъмир ва хизматрасонии дигар.

 

  1. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ИСТЕҲСОЛ

(ТАҶДИД, НАВСОЗӢ) ВА МУОИНАИ АТТРАКСИОНҲО

  1. Фаъолият оид ба истеҳсоли (таҷдид, навсозии) намунаи (навъи) мушаххас, намунаҳои таҷрибавӣ ва истеҳсоли сериявии аттраксионҳои дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифташаванда, ҷузъу механизмҳо, аз он ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ, аз тарафи ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродие, ки иҷозатномаи дахлдори мақоми давлатии назоратиро доранд, амалӣ карда мешавад.
  2. Фаъолият оид ба муоинаи техникии аттраксионҳои дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифташаванда аз тарафи инҳо амалӣ шуда метавонад:

– муоинаи пурраи техникӣ – аз тарафи мақоми давлатии назоратӣ;

– муоинаи даврӣ ва ҷузъии техникӣ – аз тарафи мақомоти давлатии назоратӣ ё ташкилот, соҳибкори инфиродие, ки иҷозати ҳуқуқи гузаронидани муоинаи техникии аттраксионҳоро аз мақомоти давлатии назоратӣ дастрас намудааст.

  1. Ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти марбут ба насб, танзим, хизматрасонии техникӣ, таъмири аттраксионҳои дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифташавандаро амалӣ менамоянд, муоинаи даврии техникии аттраксионҳои аз тарафи ин ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ба хизматрасонии техникӣ қабулшударо анҷом дода наметавонанд.
  2. Муоинаи техникии аттраксионҳои дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифтанашаванда аз тарафи хадамоти техникии соҳиби аттраксион, дар ҳолати зарурӣ бо ҷалби дигар ташкилотҳои аз мақоми давлатии назоратӣ рухсат дошта, роҳ дода мешавад.

 

  1. ИСТЕҲСОЛИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Ташкилоти истеҳсолкунандаи аттраксион бояд кафолат диҳад, ки аттраксион ба ҳамаи талаботи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию конструкторӣ мутобиқ буда, сифати конструксия ва истеҳсол ба талаботи истифодабарӣ ҷавобгӯ мебошад.
  3. Барои санҷидани сифати аттраксионҳои истеҳсолшуда, ҷузъу механизмҳои онҳо, аз ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ, мутобиқати онҳо ба талаботи шартҳои техникӣ ташкилоти истеҳсолкунанда бояд озмоиши онҳоро (қабул, тахассусӣ, қабулу супориш, даврӣ ва ғайра) анҷом диҳад.

Иштироки намояндаи мақоми давлатии назоратӣ дар озмоишҳои дар ҳамин банди Қоидаҳои мазкур зикргардида ҳатмӣ мебошад.

  1. Озмоиши қабули намунаи таҷрибавии аттраксион бо тартиби муқаррарнамудаи барнома ва қоидаи қабул, ки бояд бо дарназардошти талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ тартиб дода шуда, инҳоро пешбинӣ намоянд, гузаронида мешавад:

– азназаргузаронӣ;

– озмоиш бе сарборӣ, аз ҷумла санҷиши амали асбобҳо ва таҷҳизоти бехатарӣ;

– озмоишҳои беҳаракат ва ҳаракатнок.

  1. Озмоишҳои қабулу супориши ҳар аттраксиони истеҳсолшуда ё қисми таркибии он, ки барои таҳвили мустақилона пешбинӣ шудааст, аз тарафи ташкилоти истеҳсолкунанда тибқи барнома ва усули озмоиши тасдиқнамудаи он гузаронида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани озмоишҳои қабулу супориши аттраксионе, ки дар шакли тайёр таҳвил мегардад, бояд санҷиши беҳаракат (статикӣ) ва ҳаракатнок (динамикӣ) гузаронида шаванд. Натиҷаҳои озмоиш бояд дар шиносномаи аттраксион ё дар санади тасдиқкунандаи сифати қисми таркибӣ сабт карда шаванд.
  2. Озмоишҳои даврӣ ва якқолибаи аттраксионҳо, қисмҳои таркибии онҳо, ки ба таври сериявӣ истеҳсол мешаванд, аз тарафи ташкилоти истеҳсолкунанда мувофиқи тартиби муқарраргардида тибқи барнома ва усули озмоиш гузаронида мешаванд. Озмоиши даврӣ нисбати як маҳсулоти ба таври сериявӣ истеҳсолшаванда як маротиба дар се сол гузаронида мешавад.
  3. Шартҳои техникии истеҳсол бояд мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таҳия ва мувофиқа гардида, талабот, нишондод ва меъёрҳоеро, ки аттраксионҳо, ҷузъу механизмҳои онҳо, аз он ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ, бояд ба онҳо мутобиқ бошанд, талабот оид ба назорати сифати кафшер ва нишондодҳои нуқсонӣ, талаботи бехатарӣ, тартиби қабули қисмҳои таркибӣ ва дар маҷмӯъ маҳсулоти тайёр, инчунин маълумотро дар бораи металлҳо ва маводи кафшерие, ки ҳангоми истеҳсол бояд истифода шаванд, дар бар гирифта бошанд.
  4. Шартҳои техникии истеҳсоли аттраксионҳо бояд бо мақоми давлатии назоратӣ мувофиқа карда шаванд.
  5. Ҳангоми истеҳсоли аттраксионҳо аз қисмҳои таркибии аз тарафи якчанд истеҳсолкунанда таҳвилшаванда, барои сифати истеҳсоли дар маҷмӯъ аттраксион, мутобиқати он ба шартҳои техникӣ, инчунин ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои техникӣ ташкилоти истеҳсолкунандае ҷавобгар аст, ки аттраксионро дар шакли тайёр истеҳсол менамояд.

Шиносномаи аттраксион аз рӯи маълумоти ҳуҷҷатҳо барои қисмҳои алоҳидаи таркибии аз тарафи дигар ташкилотҳо истеҳсолшуда тартиб дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои ин ташкилотҳоро истеҳсолкунанда дар давоми тамоми муҳлати хизмати аттраксион маҳфуз нигоҳ медорад.

  1. Дастурамали истифодабарии аттраксион бояд мутобиқи тала-боти ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии ҳуқуқии техникӣ таҳия карда шавад.

Дар дастурамал дар баробари маълумоти дигар бояд маълумоти зерин зикр карда шавад:

– навъи аттраксион, хусусиятҳои асосӣ, андоза ва талабот нисбати минтақаи бехатарии атрофи аттраксион, дар сурате ки ин минтақа аз андозаи он калонтар бошад;

– тавсифи кори аттраксион, аз ҷумла шарҳи муфассали системаю механизмҳои асосӣ, системаи идоракунӣ ва кори онҳо. Тавсиф бояд дорои расму нақшаҳо (кинематикӣ, барқӣ, пневматикӣ, гидравликӣ) бошад. Агар аз нақшаҳо дар хусуси кори таҷҳизоти гидравликӣ (пневматикӣ) ва амали мутақобили он бо таҷҳизоти барқӣ тасаввуроти возеҳ ҳосил нагардад, бояд шарҳи муфассалтари ин таҷҳизот пешниҳод карда шавад;

– маълумот дар бораи дастгоҳҳои мустаҳкамкунӣ барои муштариён, шарҳи кори онҳо ва қоидаҳои истифодабарӣ;

– шарҳи дастгоҳҳои бехатарӣ, ки дар ҳолатҳои истисно (масалан, ҳангоми равшан кардани чароғи садамавӣ ё ҳангоми андешидани чораҳое, ки дар сурати аз кор мондани ҳаракатовар барои бехатарона боздоштани ҳама гуна ҷойивазкунии таҷҳизот имконият медиҳанд), инчунин воситаҳои муҳофизат аз сӯхтор;

– талабот нисбати минтақаҳои бехатарии атрофи аттраксион, панҷараи якқади аттраксион, андозаи баромаду даромадгоҳҳо;

– тартиби тавсияшудаи саворшавӣ ва фаромадани муштариён, дар ҷойҳои мусофирон ҷойгир кардани онҳо, инчунин маҳдудиятҳои зарурӣ барои пешгирии аз ҳад зиёд вазнин кардани аттраксион;

– маҳдудиятҳои истифодабарӣ (дар сурати мавҷудияти онҳо) барои муштариён, маҳдудиятҳои бузургии суръати корӣ ва тезонидани аттраксион, давомнокии даври корӣ ва маҳдудиятҳои имконпазири сарбории нопурра ё ассиметрии аттраксион;

– шумораи ҳадди аксари муштариён, ки барои истифодабарии яквақта роҳ дода мешаванд, вазни умумии муштариён дар як модули мусофиркаш ва (ё) умуман аттраксион;

– шароити боду ҳавое, ки дар он истифодабарии аттраксионҳо мумкин нест, масалан, шамол, борон, туман ва ғайра;

– шарҳи тартиби тахлияи садамавӣ, аз ҷумла тахлияи дар сурати қатъ гардидани таъминоти барқ;

– тавсияҳо дар мавриди таҳияи қоидаҳои рафтори муштариён, аз ҷумла маълумоти антропометрии муштариён, ки аттраксион ба он пешбинӣ шудааст, суръати ҳадди аксари ҳаракат, вақти сайр, танаффусҳои зарурӣ байни сеансҳо;

– дастурҳо дар мавриди ба ҳолати бехатар овардани аттраксион ҳангоми кор накардани он;

– амалҳои ҳайати хизматрасон ҳангоми бекор мондан, шароити ғайриштатӣ ва махсус;

– даврият ва тавсифи корҳо оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири аттраксион, аз он ҷумла дастгоҳу таҷҳизоти бехатарии он, инчунин номгӯи қисмҳои барои ин кор зарур;

– тартиби тафтиши ҳаррӯзаи аттраксион қабл аз оғоз ва пас аз итмоми кор, талаботи махсус оид ба омода сохтани аттраксион барои кор бо муштариён, аз ҷумла усулҳои тафтиш;

– нақшаи ҷойгиршавии аломатҳои бехатарӣ ва лавҳаҳои огоҳкунанда дар аттраксион;

– талабот ба ҳайати хизматрасон;

– вазифаҳои ҳайати хизматрасон;

– номгӯи ҷузъ ва қисмҳои таркибие, ки тафтиши мунтазамро талаб мекунанд (аз ҷумла, қисмҳои конструксияву механизмҳо, ки ҳангоми зуҳуроти харобшавӣ аз хастагӣ бинобар шиддатнокии баланд зимни истифодабарӣ хатарнок мебошанд), даврияти тавсияшудаи онҳо (бештар дар соатҳои истифодабарӣ), инчунин усулҳои тавсияшудаи тафтиш, азназаргузаронӣ ё назорати вайроннакунанда. Ҷузъҳо ва қисмҳои таркибии дорои муҳлати маҳдуди хизмат, барои таъмини бехатарии аттраксион мушкил бояд алоҳида зикр карда шаванд;

– тавсияҳо оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизоти барқӣ ва системаи идоракунии аттраксион;

– вайроншавии имконпазири конструксияҳои металлӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо;

– усулҳо ва тартиби санҷиш ва танзими тормозҳо, асбобу таҷҳизоти бехатарӣ ва системаи идоракунии аттраксион;

– номгӯй ва аломати қисмҳои зуд фарсудашаванда ва фарсудашавии иҷозатшудаи онҳо;

– меъёри ҳолати ниҳоии аттраксион ва қисмҳои таркибии он (қисмҳои механизмҳо, конструксияҳо, аз он ҷумла кафшерӣ ва аз пластик сохташуда, масолеҳи мураккаб ва монанд);

– тартиби гузаронидани муоинаи техникӣ;

– тавсияҳо оид ба озмоиши таҷҳизот (тафтиши муқовимати изолятсия, бутунии занҷирҳои барқӣ, бутунии контури сими замин ва тафтиши коршоямии таҷҳизоти хомӯшкунии автоматикӣ, агар чунин таҷҳизот васл шуда бошад ва ғайра);

– талаботи бехатарӣ ҳангоми истифода, хизматрасонӣ ва муоинаи техникии аттраксион бо дарназардошти хусусиятҳои конструксияи он.

  1. Дар дастурамал оид ба насб, ба кор даровардан, танзим ва ба кор омода кардан бояд инҳо зикр карда шаванд:

– навъи аттраксион, хусусиятҳои асосӣ, андозаи  дар ҳолати корӣ;

– хусусиятҳои таҷҳизот, асбобу масолеҳ, қисму ҷузъҳои махсусе, ки барои насб ва таҷзияи бехатар лозиманд;

– талабот нисбати майдончаҳои ҷойгиршавӣ ва ҷойҳои такяи таҳкурсидор ё бе таҳкурсӣ, ки тобоварӣ ба сарбории ҳисобшударо таъмин мекунанд. Ҳисобу китоби мазкур бояд ҳамчунин дар дастурамали насб зикр карда шавад. Дар ҳолати зарурӣ дар дастурамал оид ба насб усулҳои рехтани болиштаки зеризаминӣ ва гузоштани тахтасангҳо барои осонии ҳамворкунӣ, ҳадди дуршавӣ аз амудӣ ва ноҳамвории сатҳ, тавсияҳо нисбати болиштакҳои зеризаминӣ ва маҳдудиятҳо барои онҳо, инчунин талабот нисбати корҳои пуштасозӣ зикр мегарданд;

– талабот нисбати минтақаи бехатарии атрофи аттраксион, агар ин минтақа аз андозаи он калонтар бошад, талабот оид ба муҳофизат ё бо девор (панҷара) ҷудо кардани периметри аттраксион ҳангоми насб (таҷзия);

– талабот нисбати сохти таҳкурсӣ (конструксия, сарборӣ ва ғайра);

– тартиби анҷоми корҳои насбкунӣ (таҷзия), ки устувории конструксияҳоро таъмин менамоянд, аз ҷумла пайдарҳамии марҳилаҳои корҳои мураккаби насбкунӣ;

– вариантҳои имконпазири насб (таҷзия);

– дар нақшаҳои насбкунӣ бояд қисмҳои конструксия ва ҷузъҳое, ки шикастани онҳо боиси аз даст додани қобилияти бардошти конструксия шуда метавонад, инчунин кори бехатари таҷҳизотро халалдор созад, нишон дода шаванд;

– нақшаҳои бехатари ҳалқабандии (борбандии) конструксия;

– тавсифи лаҳзаҳои тарангкунии пайвастҳои масъули рахапеч;

– номгӯи маснуоти тиргак (мурватҳо, винтҳо, санҷоқакҳо, пайвастҳои рахапеч, гайкаю шайбаҳо ва ғайра) ва тавсифи онҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ (аз ҷумла дараҷаи мустаҳкамӣ) бо зикри ҷойҳои насби онҳо ва қисмҳои васлшавандае, ки ба воситаи онҳо васл карда мешаванд;

– усулҳои ба манбаъҳои нерӯ дуруст пайваст кардани системаҳои барқӣ;

– нақшаи ба замин васл кардан, аз ҷумла барои муҳофизат аз зарбаи раъду барқ;

– тартиби гузаронидани танзим, ба кор омода сохтан ва озмоиш пас аз насбкунӣ;

– талаботи бехатарӣ зимни насб (таҷзия).

  1. Ташкилоти истеҳсолкунанда бояд маълумотро дар бораи аттраксионҳои истеҳсолшуда ва қисмҳои алоҳидаи таркибие, ки барои таҳвили мустақилона пешбинӣ шудаанд, ба дафтари баҳисобгирӣ ворид намуда, бо лавҳачаи дар ҷойи намоён насбшуда бо зикри маълумоти зерин таъмин намояд:

– номи кишвари истеҳсолкунанда;

– номи ташкилоти истеҳсолкунанда, аломати молӣ ва суроғаи ҳуқуқии он;

– номи (навъ, сохти) маҳсулот;

– сарбории бехатари корӣ (шумораи муқарраргардидаи муштариён);

– санаи истеҳсол (моҳ, сол);

– рақами тартибӣ аз рӯи рақамгузории ташкилоти истеҳсолкунанда;

– шарҳи шароити техникие, ки аттраксион истеҳсол шудааст;

Усули сабти навиштаҷот дар лавҳача бояд бе осеб нигоҳ дошта шудани онро дар давоми тамоми муҳлати хизмати аттраксион таъмин намояд.

Дар аттраксионҳо бо аробачаҳои ҳаракаткунанда чунин лавҳачаҳо дар конструксияи металлии роҳи оҳан ва дар ҳамаи аробачаҳо насб карда мешаванд.

  1. Ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ, ки зимни насб ё истифодабарии аттраксион дар конструксия ё истеҳсоли он нуқсон, инчунин номутобиқатӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ ошкор намудаанд, ба ташкилоти истеҳсолкунанда эътирознома (даъво) мефиристанд. Барои маҳсулоти аз хориҷа харидоришуда эътирознома (даъво) ба ташкилоти истеҳсолкунанда ва нусхаи он ба мақоми давлатии назоратӣ ирсол мегардад.
  2. Ташкилоти истеҳсолкунанда бо гирифтани эътирознома бояд бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, инчунин вайронкунии талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникиро таъмин намояд.

Ташкилоти истеҳсолкунанда бояд эътирозномаҳо (даъвоҳо) ва огоҳиномаҳои дигарро дар бораи нуқсонҳои конструксия ва истеҳсоли конструксия ба қайд гирифта, маълумоти зеринро дар қайд зикр намояд:

– номи даъвогар;

– рақами дар завод додашудаи аттраксион ё қисми таркибии он;

– мундариҷаи мухтасари эътироз (даъво);

– чораҳои андешидашуда.

Агар нуқсонҳои ошкоргардида бехатарии истифодаи аттраксионро халалдор карда тавонанд, ташкилоти истеҳсолкунанда бояд ба ҳамаи ташкилотҳои истифодабаранда дар хусуси зарурат ва усулҳои бартараф намудани чунин нуқсонҳо хабар диҳад, инчунин ҳуҷҷати техникӣ ва масолеҳ, ҷузъу қисмҳои ивазшавандаро ирсол намояд. Огоҳиномаи дахлдор бояд ба мақоми давлатии назоратӣ низ фиристода шавад.

  1. Мақомоти давлатии назоратӣ, ки барои ҳуқуқи тайёр кардани сохти (навъи) намунаҳои озмоишӣ ва истеҳсоли сериявии аттраксионҳо, ҷузъу механизмҳои онҳо, аз ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ иҷозатнома додааст, дар ҳолати дар ҷараёни истифодабарии аттраксион муайян гардидани нуқсонҳои бо ҳуҷҷат тасдиқгардида ё бемувофиқа тағйир додани конструксияи аттраксион, ки ба бехатарии соҳиби аттраксион, ҳайати хизматрасон ва муштариёне, ки дар банди 4 Қоидаҳои мазкур зикр гардидааст таъсир мерасонанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ пешбинӣ менамоянд, ҳуқуқи боздоштани амали онро дорад.

 

  1. НАСБИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти оид ба насби аттраксионҳои дорои хатари баландро анҷом медиҳанд, бояд дар хусуси имконияти иҷрои босифати корҳои зикргардида тасдиқномаи ташкилоти истеҳсолкардаи маҳсулотро дошта бошанд. Тартиби гирифтани тасдиқномаи мазкур бо мувофиқаи байни ташкилоти истеҳсолкунанда ва ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти оид ба насби аттраксионҳои дорои хатари баландро анҷом медиҳанд, муайян карда мешавад.
  3. Насб ва (ё) танзими аттраксионҳое, ки ба аттраксионҳои дорои хатари баланд мансуб дониста нашудаанд, инчунин аттраксионҳои шаҳракҳои сайёрро хадамоти техникии соҳиби аттраксион, дар ҳолати зарурӣ, бо ҷалби дигар ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ анҷом дода метавонанд.
  4. Насб (таҷзия) ва (ё) танзими аттраксионҳо бояд мутобиқи талаботи дастурамал оид ба насб, ба кор андохтан, танзим ва ба кор омода кардан, инчунин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ анҷом дода шавад.
  5. Қабл аз насби аттраксионҳо ташкилот, соҳибкори инфиродие, ки насбкуниро анҷом медиҳад, бояд конструксияҳои металлӣ ва таҷҳизоти аттраксионро бо мақсади баҳодиҳии ҳолат ва маҷмуи онҳо аз назар гузаронад.

Ҳамаи ҷузъҳо ва қисмҳои таркибӣ қабл аз насбкунӣ бояд ҷиҳати ошкор намудани фарсудашавии нораво, шаклдигаркунӣ ва ғайра тафтиш карда шаванд. Қисмҳои васл ва тамба бояд мутобиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ истифода гарданд ва дар ҳолати зарурӣ ба қисмҳои дахлдор иваз карда шаванд.

Дар сурати ошкор гардидани фарсудашавии нораво ё нуқсонҳо, қисмҳои вайроншуда бояд ба қисмҳои ба талаботи ташкилоти истеҳсолкунанда мутобиқ иваз карда шаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои азназаргузаронӣ санад тартиб дода мешавад.

  1. Насби аттраксионҳои таҳкурсидор бояд дар сурати мавҷуд будани санади таҳқиқоти геологӣ ва иҷозатнома барои гузаронидани корҳои заминӣ дар ҷойи насби онҳо анҷом дода шавад.

Ҳамаи тағйироти конструксияи аттраксионро ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, ки аттраксионро насб мекунад, бояд ба таври хаттӣ бо истеҳсолкунандаи аттраксион мувофиқа намояд.

  1. Ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо дар мавриди ташкил ва таъмини бехатарии корҳо дар минтақаи насбкунӣ, аз он ҷумла шабона ва рӯзҳои ғайрикорӣ, бояд дар шартномаи байни фармоишгар (соҳибмулк) ва ташкилот, соҳибкори инфиродие, ки насби аттраксионро анҷом медиҳад, зикр карда шаванд.
  2. Интиқоли аттраксионҳо ба майдонча, насб ва таҷзияи онҳо бояд чунон амалӣ карда шавад, ки хавфи харобшавии конструксияҳо пешгирӣ карда шуда, тамоми таҷҳизот зимни интиқол боэътимод мустаҳкам карда шавад.
  3. Агар зимни насб ё таҷзия сарбории иловагӣ ё ҳолати ноустувор ба миён ояд, бояд ҳамаи чораҳои имконпазири бехатарӣ андешида, воситаҳои кашиш, тиргак, поя ва сутунҳои муваққатӣ истифода гарданд, то ин ки ба вайроншавии ягон қисм роҳ дода нашавад.
  4. Ҳангоми насб ва то оғози истифодабарии аттраксион шахсони бегона бояд ба он роҳ дода нашаванд. Соҳиби аттраксион ё шахси ваколатдори ӯ бояд ҷиҳати роҳ надодани шахсони бегона ба маҳалли иҷрои корҳо чораҳо андешанд, масалан, бо девор иҳота кунанд ё аломатҳои огоҳикунанда насб кунанд.
  5. Дар ҷараёни насб аттраксион бояд рост карда шавад, мавқеи устувор дошта бошад, ба замин фишори якхела оварад ва ба таври боэътимод мустаҳкам карда шуда бошад.
  6. Ба қисмҳои таркибии таҷҳизоти аттраксион, ки ба истифодаи бехатар таъсир мерасонанд (қисмҳои конструксия, ҷойҳои пайванд, сутуну тиргакҳо, системаҳои барқӣ, тормоз ва ғайра), таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудан лозим аст. Онҳоро то насбкунӣ ва пас аз он ҷиҳати муайян намудани дуруст насб шуданашон бодиққат санҷидан лозим аст.
  7. Барои бехатарона иҷрои корҳо таъмини равшании кофӣ зарур мебошад.
  8. Таҳмонакҳои зери пояҳои аттраксионҳо бояд устувор бошанд.
  9. Хоки майдонча бояд чунон бошад, ки ба сарбории аттраксиони дар дастурамали насбкунӣ зикргардида тоб оварда тавонад.
  10. Насби аттраксион дар сатҳи моил ва (ё) ноҳамвор, ки аз меъёрҳои дар дастурамали насб зикргардидаи уфуқӣ ва ноҳамворӣ зиёдтар мебошанд, манъ аст.
  11. Насби аттраксионҳо бояд бо дарназардошти коммуникатсияҳои зеризаминӣ (рӯизаминӣ), хатҳои кабел, хатҳои интиқоли барқи дар наздикӣ воқеъгардида, инчунин талаботи эътимоднокӣ ва истифодаи бехатари ин иншоотҳо анҷом дода шавад.
  12. Ҳангоми дар майдонча ҷой кардани аттраксион соҳиби он бояд принсипҳои зеринро дастури амали хеш қарор диҳад:

– ҷойгиршавии аттраксион бояд чунон бошад, ки вуруду хориҷшавии бехатари муштариён, бехатар дар он ё дар наздикии он қарор доштани онҳоро таъмин кунад, танбаву телакуниро дар ҳолатҳои хатарнок истисно кунад;

– дар гузаргоҳҳои байни аттраксионҳо масоҳати холие бунёд карда шавад, ки барои ҳаракати мошинҳои хизматӣ имконият медиҳад;

– агар ба масоҳати бо андозаҳои як аттраксион қисмҳои аттраксиони дигар дохил шуда бошанд, пас тарҳи бехатарии ду аттраксион набояд ҳамдигарро буррида гузаранд. Соҳиби аттраксион бояд риояи фосилаҳои бехатарро барои муштариён кафолат диҳад.

  1. Қисмҳои таркибии таҷҳизот бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд ва риояи онҳоро ташкилоти истеҳсолкунанда таъмин намояд:

– доштани тамғаи инфиродӣ дар ҳолатҳое, ки қисмҳои таркибӣ гарчанд зоҳиран якхела бошанд ҳам, якдигарро иваз карда наметавонанд;

– надоштани олудагӣ, инчунин нуқсонҳои механикӣ ва зангзанӣ;

– мавҷуд будани воситаҳои зарурии дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пешбинигардидаи пайваст ва мустаҳкамкунӣ (контрагайкаҳо, гайкаҳои зинатӣ, шплинт; риояи талаботи лоиҳавӣ дар мавриди дараҷаи маҳкамии васли мурватҳо ва лаҳзаҳои тарангкунӣ);

– мутобиқати муҳлатҳои хизмати қисмҳои таркибӣ ба муҳлатҳои кафолатшуда.

  1. Дар сурати истифодабарии таҷҳизоти болобардорӣ ҳамаи талаботи иҷрои бехатари корҳо мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникиро риоя кардан зарур аст.
  2. Ҳамаи васлҳои дақиқи механикӣ бояд бидуни ба кор андохтани зӯрзании зиёдатӣ анҷом дода шаванд.
  3. Истифодаи тиргакҳое, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ё дастурамали насб, ба кор андохтан, танзим ва ба кор омода сохтан ҷавобгӯ нестанд, роҳ дода намешавад.
  4. Танобҳои сими пӯлодӣ ва танобҳо аз нахҳои синтетикӣ, ки барои насб истифода мешаванд, бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҷавобгӯ бошанд.
  5. Қубурҳо, рӯдаҳо, сарпӯшҳои пешгирӣ ва таҷҳизоти дигар, агар вайрон шуда бошанд, набояд насб карда шаванд. Дар пайвандҳо набояд чакидани моеъҳои корӣ ҷой дошта бошад. Пайвандҳои системаҳои пневматикӣ бояд ҳавоногузар (герметикӣ) бошанд.
  6. Таҷҳизоти барқии аттраксион, насби он, ҷараёнгузаронӣ ва сими заминпайваст бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мутобиқ бошанд.
  7. Истифодаи асбобҳои гармкунандаи дар завод истеҳсолнашуда манъ аст.
  8. Ҳамаи ҷевонҳои барқтақсимкунӣ бояд барои дастнорасии ашхоси бегона маҳкам бошанд. Манбаи нерӯи барқ ва калидаки чароғи барқӣ бояд аз истифодаи беиҷозат эмин нигоҳ дошта шаванд.
  9. Конструксияҳои баланд, ҷудо ва дигари нозук бояд аз зарбаи раъду барқ муҳофизат карда шаванд.
  10. Пас аз насби аттраксион ташкилот, соҳибкори инфиродие, ки онро насб кардааст, мутобиқи замимаи 1 санади омодагии техникии аттраксионро тартиб медиҳанд, ки бо он анҷоми корҳо мутобиқи талаботи дастурамали насб, ба кор даровардан, танзим ва ба кор омода кардан тасдиқ карда мешавад. Дар санад бояд номи пурраи ташкилот, соҳибкори инфиродие, ки насб кардааст, рақам ва санаи ба он дода шудани иҷозатномаи махсуси (литсензияи) мақоми давлатии назоратӣ зикр карда шавад.
  11. Азназаргузаронӣ ва санҷиши аттраксион пас аз насб мутобиқи талаботи банди 86 Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад. Ба ғайр аз ин санҷидани инҳо зарур аст:

– дурустии ҷойгиршавии аттраксион;

– риояи шартҳои насби дар дастурамали насб, ба кор даровардан, танзим ва ба кор омода кардан зикргардида;

– бартараф намудани нуқсонҳо, азкормонӣ ва эродҳои дар ҷараёни тафтишҳои пешакӣ ошкоргардида (дар сурати ҷой доштани онҳо);

– мутобиқати ҳолати тагмонак ва тиргакҳои анкерӣ ба хусусиятҳои хок дар ҷойи насби аттраксион;

– мутобиқати насби ҳамаи синљҳо, аз он ҷумла воситаҳои кашиш, шаклу андозаи бурриши кӯндаланги синљҳо ба талаботи асноди лоиҳавӣ;

– дурустии васл ва насби дастгоҳҳои гидравликӣ ва пневматикӣ, кодоки зинапоя, платформа, девор, тахтабандӣ, унсурҳои ороиш ва дигар қисмҳо ва таҷҳизот;

– тиргакҳои қисмҳои ҷудошаванда, аз он ҷумла унсурҳои ороишӣ;

– ҷойгиршавии бехатари симҳои барқ ва қубурҳои оби таҳти фишор.

  1. Пас аз гузаронидани азназаргузаронӣ ва тафтиши аттраксион мутобиқи банди 68 Қоидаҳои мазкур озмоиши аттраксион бе сарборӣ (истифодаи санҷишӣ) дар давоми се соат дар низоми сикли пурраи истифодабарии корӣ (бе муштариён) гузаронида мешавад. Ҳангоми истифодаи санҷишӣ инҳо санҷида мешаванд:

– риояи андозаҳои контури бехатарӣ дар ҳамаи нуқтаҳои траекторияи ҳаракат нисбати дигар қисмҳои аттраксион;

– дурустии кори системаҳои барномавӣ, садамавӣ ва блокировкакунонии идоракунӣ;

– риояи нишондодҳои муқарраршудаи ниҳоии суръат, шитоб ва вазни қисмҳои алоҳида, ки ба бехатарии истифодабарӣ таъсир мерасонанд;

– нишондодҳои кории фишор дар системаҳои гидравликӣ ва пневматикӣ;

– дуруст кардани калидакҳои барқии дар охир буда, дастгоҳҳои назораткунандаи кунҷи хамшавии аттраксион, дастгоҳҳои муҳофизат аз сарбории аз ҳад зиёд (масалан, клапанҳои фишорпарто) ва ғайра;

– дастгоҳҳои муҳофизатӣ;

– устуворӣ аз кандашавӣ аз замин ва чаппашавӣ.

  1. Дар ҳолати зарурӣ, тавре дар дастури истифодабарӣ зикр гардидааст, ҷиҳати боварӣ ҳосил кардан ба дурустии кори системаҳои идоракунӣ, дастгоҳҳои боздоштани садамавӣ ва таҷҳизоти дигари муҳофизатӣ ва садамавӣ ҳолати садамавӣ эълон мешавад. Ҳамчунин воситаҳои блоконӣ, ки ба воситаи он кормандон метавонанд кори аттраксионро то вақти ба масофаи бехатар рафтанашон боздоранд, тафтиш карда мешаванд.

 

  1. ТАҶДИД ВА ТАЪМИРИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Зимни таҷдид инҳо иваз карда ё тағйир дода мешаванд:

– қисмҳои конструксия ва механизмҳо, ки боиси дуршавӣ аз талаботи аввалаи лоиҳавӣ мегарданд;

– қисмҳои таркибии масъул (синљ);

– таҷҳизоти дар ҳолатҳои садамавӣ истифодашаванда;

– нишондодҳои техникии таҷҳизот.

Корҳои марбут ба системаҳои ҷойгиркунии муштариён бояд ҳамчун корҳои масъул ва ба бехатарӣ таъсиркунанда арзёбӣ гарданд.

  1. Таҷдид танҳо дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертиза дар бораи имконияти анҷом додани он амалӣ карда мешавад.
  2. Таҷдид ва таъмир мувофиқи ҳуҷҷатҳои техникии тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ гузаронида мешавад. Ба таркиби ҳуҷҷат бояд дастури техникӣ дохил карда шавад.
  3. Дастури техникии таъмир бояд ба талаботи дар моддаи 31 Қоидаҳои мазкур баёнгардида ҷавобгӯ бошад.
  4. Ҳангоми таъмири қисмҳои вайроншудаи конструксияҳои металлӣ бояд ба он аҳамияти махсус зоҳир карда шавад, ки таъмир боиси тағйир додани нишондодҳои техникӣ ва номувофиқатӣ ба лоиҳаи аввал нагардад. Масалан, зиёд кардани сахтӣ ё маҳкамии як ҷузъи конструксия метавонад боиси афзоиши фишор ба ҷузъҳои ҳамсояи конструксия ва харобшавии онҳо гардад.
  5. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунадаи сифати маводи истифодашуда ва кафшергарӣ дар ташкилот, соҳибкори инфиродие, ки корҳоро анҷом додааст, нусхаҳои онҳо бошад, дар шиносномаи аттраксион дар давоми муҳлати хизмати он нигоҳ дошта мешаванд.
  6. Пас аз анҷоми таъмир ё таҷдид ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, ки корҳои марбутаро иҷро кардаанд, дар шиноснома доир ба корҳои иҷрошуда бо зикри ҷойи таъмир (ё нақшаҳои таъмир ё лоиҳаи таҷдидро замима мегардонанд), дар хусуси ҳамаи тағйироти параметрҳо, тавсифу нишондиҳандаҳо, дар бораи масолеҳи истифодашуда бо зикри рақамҳои аснод дар хусуси сифати онҳо маълумот ворид месозанд.

 

  1. МУОИНАИ ТЕХНИКИИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Аттраксионҳои мавриди истифодабарӣ қарордошта бояд пас аз нигоҳдории байнимавсимӣ, вале на камтар аз як маротиба дар 12 моҳ аз муоинаи даврии техникӣ гузаранд.
  3. Муоинаи техникии аттраксионҳо бо мақсади зерин гузаронида мешаванд:

– оиди мутобиқати аттраксион ба маълумоти шиноснома ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ;

– оиди коршоямии аттраксион, ки истифодаи бехатарро таъмин мекунад;

– ҷавобгӯй будани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бо аттраксион ирсолшаванда ба талаботи Қоидаҳои мазкур, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ;

– ҷавобгӯӣ будани ташкили назорат ва хизматрасонии аттраксионҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ.

  1. Муоинаи пурраи техникӣ пас аз итмоми насб ва корҳои танзиму бакорандозӣ то ба истифода супоридани аттраксион, инчунин баъди садама ё пас аз қисман таҷзия гардидан ва сипас дубора насб шудани аттраксион, гузаронида мешавад.
  2. Муоинаи нопурраи техникии аттраксион пас аз таъмири асосӣ (ивазкунӣ) ё васли ҷузъҳо, механизмҳои аттраксион, аз он ҷумла асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ гузаронида мешавад.
  3. Муоинаи ғайринавбатии техникии аттраксион пас аз:

– таҷдиди аттраксион;

– навсозии аттраксион;

-таъмири қисмҳои таркибии муҳими аттраксион, аз ҷумла ивазкунии қисмҳои таркибии ҳаракатовари гидравликӣ ва пневматикӣ (дастгоҳҳо, сахткунии сатҳи силиндр ва ғайра), редукторҳо, тормоз, танобу занҷирҳо ва ғайра;

– танаффус дар истифодабарӣ ба муҳлати зиёда аз 12 моҳ;

– таҷзия ва насбкунӣ дар ҷойи нав;

– ба охир расидани муҳлати муқарраршудаи хизмат;

– бозистодан бар асари истифодабарӣ ё таназзул, ошкор намудани фарсудашавӣ (механикӣ ё зангзанӣ), шаклдигаркунии боқимонда, тарқишҳо, дигар нуқсонҳои қисмҳои таркибӣ, қисмҳо ва ё ҷузъҳои онҳо;

– садама ё нуқсон дар натиҷаи рух додани ҳолати фавқулоддаи табиӣ ё дорои хусусияти техногенӣ гузаронида мешавад.

  1. Муоинаи техникӣ бояд мутобиқи дастурамали истифодабарии атраксион, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ, бо иштироки мутахассисе, ки барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани аттраксионҳо ва истифодаи бехатари онҳо масъул аст, гузаронида шавад.
  2. Қабл аз анҷоми муоинаи техникӣ барқарор намудани рангпардозии рӯи конструксияҳои металлии аттраксионҳо иҷозат дода намешавад.
  3. Муоинаи техникӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

– омӯзиши ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ (шиноснома, дастурамали истифодабарӣ, дафтари азназаргузаронии ҳаррӯзаи аттраксион ва ғайра), конструкторӣ (лоиҳавӣ) ва таъмир;

– таҳлили шароит ва низомҳои истифодабарӣ;

– аз назар гузаронидани аттраксион;

– санҷиши фаъол будани механизмҳо ва санҷиши беҳаракат (статикӣ) ва (ё) ҳаракатноки (динамикии) аттраксион;

– баҳодиҳии ҳолати техникӣ;

– муайян намудани шароити истифодабарӣ ва муҳлати муоинаи навбатии техникӣ.

  1. Зимни муоинаи техникӣ бояд ҳамаи механизмҳо ва тормозҳои онҳо, асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ, механизмҳои гидравликӣ ва таҷҳизоти барқӣ, сигнализатсия ва ғайра аз назар гузаронида шаванд ва озмуда шаванд.

Ғайр аз ин:

– ҳолати конструксияҳои металлии аттраксион ва пайвандҳои кафшерӣ, рахапеч ва парчин (набудани тарқишҳо, шаклдигаркунӣ, камшавии ғафсии парда дар натиҷаи зангзанӣ, суст шудани пайвандҳои мурватҳо ё парчин ва дигар нуқсону вайроншавӣ), инчунин кабинаҳо, зинапояҳо, майдочаҳои саворшавӣ, панҷара, роҳи оҳан, васли ҷойҳои нишаст, танаи аробачаҳо, воситаҳои мустаҳкамкунии муштариён, мавҷудияти воситаҳои мустаҳкамкунӣ ва ғайра;

– ҳолати танобҳо ва  тиргакҳои онҳо;

– мустақамкунии пайвандҳои ҷудошаванда барои истисно намудани кушодашавӣ ва ҷудошавии ногаҳон, инчунин мутобиқати воситаҳои мустаҳкамкунӣ (фиксатсия) ба дастурамали истифодабарии аттраксион;

– мутобиқати насби дастгоҳҳои муҳофизатӣ (дастгоҳҳои муҳофизат аз берун рафтан аз релсҳо, воситаҳои мустаҳкамкунӣ, ғасб ва ғайра) ба лоиҳа ва дастурамали истифодабарии аттраксион;

– мавҷуд будани тарқишҳо ва масофаҳои бехатари бо асноди истифодабарӣ муқарраршуда;

– мавҷуд будани нуқсонҳои ба назар намоёни дастгоҳҳои барқӣ (пайвандкунакҳои нуқсондори штепселӣ, лампаҳои шикаста ё чароғҳои белампаи дар масофаи дасти дароз кардашуда ҷойгиршуда ва дастраси муштариён);

– ҳолати сими заминпаӣвасти аттраксион, роҳи оҳан ва ҳолати изолятсия бо муайян намудани муқовимати онҳо;

– ҳолати чархҳои ҳаракаткунанда, ҷузъҳои тормоз, устувона (барабан), блокҳо, тирҳо, воситаҳои васлкунии онҳо, дастгоҳҳои гардиши поя, инчунин ҷузъҳои кашида васлшавандаи аттраксионҳо;

– ҳолати хок ва қобилияти борбардории он санҷида мешаванд.

  1. Зимни муоинаи аттраксион пас аз таъмир, таҷдид ҳамчунин инҳо бояд санҷида шаванд:

– мутобиқати корҳои иҷрошуда ба талаботи ҳуҷҷатҳои дар бораи таъмир ва таҷдид;

– сифати пайвастҳои анҷомшудаи кафшерӣ ва корҳои дигар (бо роҳи азназаргузаронӣ).

  1. Санљиши беҳаракат (статикӣ) ва ҳаракатноки (динамикӣ) аттраксион бояд дар ҳаҷми пешбининамудаи дастурамали истифодабарӣ гузаронида шаванд.
  2. Дар сурати дар дастурамали истифодабарӣ мавҷуд набудани дастур дар бораи гузаронидани санљиш аз талаботи зерин истифода намудан зарур аст:

– санљиши беҳаракат (статикӣ) бо роҳи ба навбат бор кардани ҳар модули мусофирбар (нишастгоҳ) бо вазни 100% зиёдтар аз сарбории барои ҳар модули мусофирбар (нишастгоҳ) муайяншуда гузаронида мешавад. Давомнокии санљиш бояд на камтар аз 10 дақиқа бошад;

– санҷиши ҳаракатноки(динамикӣ) аттраксион бо бор кардани ҳар модули мусофирбар (нишастгоҳ) бо вазни 10% зиёдтар аз сарбории барои ҳар модули мусофирбар (нишастгоҳ) муайяншуда гузаронида мешавад.

  1. Муоинаи пурраи техникиро шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ дар асоси дархости соҳиби аттраксион дар ҳузури намояндагони ташкилот ё соҳибкори инфиродие, ки аттраксионро насб кардааст ва ташкилоти сохтмонии пудратчии асосӣ анҷом медиҳад.
  2. Зимни муоинаи пурраи техникӣ аттраксион аз назорати визуалӣ ва ченкунӣ, санҷиши кор кардани он дар ҳамаи низомҳо ва озмоишҳо мегузарад.
  3. Зимни муоинаи пурраи техникӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои бо атрактсион фиристодашаванда, инчунин санади корҳои пинҳонӣ сохтмонӣ ва протоколҳои зерин тафтиш карда мешавад:

– ченкунии муқовимати изолятсияи таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳои барқии аттраксион;

– санљиши мавҷуд будани занҷир байни таҷҳизоти барқии ба замин пайвастшуда ва ҷузъҳои таҷҳизоти ба замин пайвастшуда;

– санҷиши ба кор даромадани воситаҳои муҳофизат дар низоми бо қувваи барқи шиддаташ то 1000 В таъмин будани таҷҳизоти барқӣ ва нейтрали амиқан ба замин пайвастшуда;

– ченкунии дараҷаи ғалоғула ва ларзиш.

  1. Дар сурати ошкор гардидани номутобиқатии аттраксион, аз ҷумла қисми сохтмон, инчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои техникӣ ба талаботи Қоидаҳои мазкур, камбудиҳо аз тарафи ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, ки ба вайронкунӣ роҳ додааст, бартараф карда мешаванд ва сипас бартараф намудани номутобиқатиҳо тафтиш карда мешавад.
  2. Натиҷаҳои муоинаи техникӣ бо санад ба расмият дароварда шуда, ба шиносномаи аттраксион дохил карда мешаванд ва бо имзо ва (ё) мӯҳри шахси мансабдоре, ки муоина гузаронидааст, тасдиқ карда мешаванд.

 

  1. ТАШХИСИ ТЕХНИКИИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Аттраксионҳое, ки муҳлати меъёрии истифодабариашон тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳуҷҷатҳои конструкторӣ гузаштааст, бо мақсади дар оянда истифодабарии онҳо аз ташхиси экспертӣ гузаронида мешаванд.
  3. Зимни муоинаи ташхиси экспертӣ аттраксион бояд аз инҳо гузарад:

– азназаргузаронӣ ва назорати ченкунӣ;

– санҷиши кор дар ҳамаи низомҳо;

– муайян намудани ҳолати таҷҳизоти аттраксион бо ошкор намудани нуқсонҳо, носозӣ, дараҷаи фарсудашавӣ, зангзанӣ;

– озмоиши воситаҳои бехатарӣ;

– таҳқиқи конструксияҳои металлӣ бо истифода аз усулҳои вайроннакунандаи назорат;

-озмоиши сими заминии муҳофизатӣ, муқовимати изолятсияи шабакаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, санҷиши ба кор даромадани воситаҳои муҳофизат дар шабакаҳои дорои нейтрали амиқан ба замин пайвастшуда.

Ҳаҷми санҷишҳо, таҳқиқот ва озмоишҳои аттраксион мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, аз тарафи ташкилоте, ки ташхиси техникӣ мегузаронад, муайян карда мешавад.

  1. Дар асоси натиҷаҳои ташхиси техникии аттраксион ва таҳлили шароити истифодабарии он ҷиҳати муайян намудани захираи боқимондаи таҷҳизот ва имконияти дароз кардани муҳлати муайяншудаи хизмати аттраксион корҳо анҷом дода мешаванд.
  2. Тавсия дода мешавад, ки кори оид ба дароз кардани муҳлати муайяншудаи хизмати аттраксион то ба охир расидани он анҷом дода шавад. Дар давоми як сол иҷро намудани ҳам корҳо оид ба ташхиси техникии аттраксион ва ҳам корҳо оид ба муоинаи техникӣ роҳ дода мешавад.
  3. Натиҷаҳои ташхиси техникии аттраксионе, ки муҳлати таъиншудаи хизматаш ба охир расидааст, дар шиносномаи аттраксион ва ҳисобот оид ба ташхиси техникӣ инъикос меёбанд.

 

 

  1. БАҚАЙДГИРИИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Аттраксионҳои дорои хатари баланд, ки дар банди 18 Қоидаҳои мазкур зикр гардидаанд, ба истиснои аттраксионҳои дар банди 101 Қоидаҳои мазкур зикргардида то ба истифода супорида шуданашон бояд дар мақоми давлатии назоратӣ дар асоси талаботҳои бақаӣдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.
  3. Аттраксионҳои зерин дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифта намешаванд:

– автомобилҳои ба ҳам бархӯранда, автомобилҳои зудрав, картинг бо траекторияи озоди ҳаракати воситаҳои худрави (электромобилҳои) бе боло бардоштан, ки суръати ҳаракаташон то 4 м/с мебошад;

– чархофалакҳои ғайримеханикии даврзананда ё ғайримеханикии кунҷи дуршавии нишастгоҳҳояшон ба андозаи на зиёда аз 450 ва бардоштани кабинаҳо (нишастгоҳҳо) ба баландии то 1,5 м;

– аттраксионҳои дорои қисмҳои эластикӣ (катапултаҳо, ҷаҳиш аз баландӣ бо таноби эластикӣ ва ғайра).

  1. Ба аттраксионҳое, ки дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифта намешаванд, рақами инфиродӣ дода мешавад ва соҳиби он таҳти ин рақам дар дафтари сабт ба қайд мегирад.
  2. Барои бақайдгирии аттраксион дар мақоми давлатии назоратӣ соҳиби он бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

– ариза;

– шиносномаи аттраксион;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дар басти вазифаҳо мавҷуд будани мутахассисону кормандони таълимгирифта ва аттестатсияшуда (донишашон санҷидашуда) ё шартнома бо ташкилоти ба хизматрасонии аттраксион махсусгардонидашуда;

– ҳисоботи техникӣ оид ба ташхиси техникӣ барои аттраксионҳое, ки муҳлати муайяншудаи хизматашон ба охир расидааст;

– хулосаи коршинос (шахси мансабдор) дар бораи омодагии аттраксион барои истифодабарӣ (сабт дар шиноснома дар хусуси муоинаи техникӣ);

– санадҳои омодагии техникӣ ва қабул;

– маълумот дар бораи мавҷуд будани иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи аттраксиони истеҳсоли хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ариза зикр мегардад).

– дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар доираи талаботҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ, ки мувофиқи Қоидаҳои тибқи тартиби муқарраргардидаи тасдиқшуда муайян карда шудааст.

  1. Дар мақоми давлатии назоратӣ ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ пешниҳодшуда мувофиқи тартиби муқарраргардида баррасӣ мегарданд ва дар сурати мутобиқати онҳо ба талаботи дар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ зикргардида, аттраксион ба қайд гирифта мешавад. Дар шиносномаи аттраксион бо зикри мақоми давлатии назоратӣ, рақами додашудаи қайд ва имзои шахси мансабдор мӯҳр гузошта мешавад.
  2. Аттраксион пас аз анҷоми корҳои зерин бояд аз нав ба қайд гирифта шавад:

– таҷдид;

– таъмир, агар ба аттраксион шиносномаи нав тартиб дода шуда бошад;

– ба ҷойи нав кӯчондани аттраксион;

– ба соҳибмулки дигар супоридани аттраксион.

  1. Барои аз нав ба қайд гирифтани аттраксиони таҷдидшуда бояд шиносномаи наве, ки аз тарафи ташкилот, соҳибкори инфиродии таҷдидкарда дода шудааст, ё шиносномаи ташкилоти истеҳсолкунанда бо тағйирот пешниҳод карда шавад. Ба шиноснома бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима гарданд:

– маълумотнома дар бораи хусусияти таҷдид, ки аз тарафи ташкилоти таҳиянамудаи лоиҳаи таҷдид имзо шудааст;

– тавсифномаи нави аттраксион ва нақшаҳои намуди умумии аттраксион бо андозаҳои асосиӣ , агар онҳо тағйир ёфта бошанд;

– нақшаҳои усулии барқӣ ва гидравликӣ, дар сурати тағйир ёфтани онҳо;

– нақшаҳои кинематикии механизмҳо дар сурати тағйир ёфтанашон;

– нусхаҳои сертификатҳо (иқтибос аз сертификатҳо) ба металли зимни таҷдиди аттраксион истифодашуда;

– маълумот дар бораи масолеҳи кафшеркунӣ (натиҷаи озмоиши металли гудохташуда ё нусхаи сертификати электродҳо);

– маълумот дар бораи натиҷаҳои назорати сифати кафшеркунии конструксияҳои металлӣ;

– санад дар бораи озмоиши қобилияти кории асбобу дастгоҳҳои бехатарӣ;

– санад дар бораи муоинаи пурраи техникӣ.

  1. Дар ҳолатҳои зерин аттраксион бояд аз қайди мақоми давлатии назоратӣ бароварда шавад:

– дар сурати ба соҳиби дигар супоридани он;

– ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардан (таҷзия).

Аз қайд баровардани аттраксион аз тарафи мақоми давлатии назоратӣ дар асоси аризаи хаттии соҳиби аттраксион амалӣ гардида, дар шиноснома дар бораи сабабҳои аз қайд баровардан навишта мешавад.

Барои аз қайд баровардани аттраксион ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардани он соҳиби он бояд ба мақоми давлатии назоратӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро пешниҳод кунад, ки конструксияҳои металлӣ ва ҷузъҳои аттраксион фарсуда шуда, барои истифодаи минбаъдаи онҳо дар аттраксионҳо муносиб нестанд.

  1. Дар сурати тағйир ёфтани номи ташкилот, муассиса соҳиби аттраксион бояд дар давоми як моҳ дар ин хусус ба мақоми давлатии назоратие, ки аттраксион дар он ба қайд гирифта шудааст, расмӣ хабар диҳад.

 

  1. БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Ташкилоти истифодабаранда (соҳиб) пас аз гузаронидани муоинаи пурраи техникии аттраксион бояд комиссияи қабулро дар ҳайати зерин ташкил диҳад:

– раиси комиссия–намояндаи ваколатдори ташкилоти истифодабаранда (соҳиб);

– аъзои комиссия:

– намояндаи ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, ки аттраксионро насб кардаанд;

– мутахассисе, ки барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва исти фодаи  бехатари аттраксионҳо масъул мебошанд;

– намояндаи ташкилоти сохтмонии пудратчии генералӣ;

– намояндаи ташкилоти истеҳсолкардаи аттраксион;

– намояндаи мақомоти давлатии назоратӣ;

– намояндаи фармоишгар (агар бошад).

  1. Ташкилоти истифодабаранда (соҳиб) на дертар аз панҷ рӯз пеш ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродиеро, ки намояндагонашон ба ҳайати комиссияи қабул дохил шудаанд, дар бораи санаи кори комиссия огоҳ месозад.
  2. Ба комиссияи қабули аттраксион ҳуҷҷатҳои зерин пешкаш мегарданд:

– ҳуҷҷатҳои ташкилоти истеҳсолкунандаи аттраксион;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати насб;

– санад дар бораи гузаронидани муоинаи пурраи техникӣ;

– низомнома дар бораи ташкил ва амалӣ намудани назорат;

– фармонҳо дар бораи таъини мутахассисони масъул ва додани иҷозат ба ҳайати хизматрасон барои кори мустақилона;

– ҳуҷҷатҳое, ки санҷидани дониши мутахассисони масъул ва ҳайати хизматрасонро тасдиқ менамоянд.

  1. Комиссия ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, азназаргуза-ронии назоратии аттраксионро анҷом медиҳад.
  2. Натиҷаҳои кори комиссия мутобиқи замимаи 2 дар санади қабули аттраксион барои истифодабарӣ инъикос меёбад.
  3. Дар асоси санад дар бораи гузаронидани муоинаи техникӣ ва натиҷаҳои мусбии кори комиссияи қабули аттраксион шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ барои ба истифода супоридани аттраксион иҷозат медиҳад ва инро бо қайд дар шиносномаи аттраксион бо зикри санаи муоинаи минбаъда тасдиқ менамояд.
  4. Агар ҳангоми муоинаи техникӣ ва азназаргузаронии назоратии аз тарафи комиссияи қабул гузаронидашуда вайронкунии талаботи Қоидаҳои мазкур, дастурамали ташкилоти истеҳсолкунанда, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникие ошкор гардад, ки ба бехатарона истифодабарии аттраксион таъсир мерасонад ва бартараф намудани онҳо зимни азназаргузаронӣ ва озмоиш дар ҷойи истифодабарии аттраксион номумкин аст, барои истифодабарии аттраксион иҷозат дода намешавад.
  5. Ташкилоти истифодабарандаи (соҳиби) аттраксион бартараф намудани нуқсонҳоро таъмин мекунад, сипас мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қисми Қоидаҳо қабули такрории аттраксион гузаронида мешавад.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Соҳиби аттраксион вазифадор аст, ки бо роҳи ба таври лозимӣ ташкил намудани назорат, хизматрасонӣ ва таъмир, дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аттраксион ва истифодаи бехатари онро шахсан таъмин намояд ё ташкил кунад.

Бо ин мақсад бояд:

– мавҷудият ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дар банди 12 Қоидаҳои мазкур зикргардида таъмин гардад;

– мутахассиси масъули назорат ба истифодаи бехатари аттраксион ва мутахассиси барои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аттраксионҳо ва истифодаи бехатари онҳо масъул (минбаъд – мутахассисони масъул) бо фармоиш таъин карда шаванд;

– тартиби азназаргузаронӣ, хизматрасонӣ ва таъмири мунтазами атрактсион муқаррар карда шавад;

– тартиби бо Қоидаҳои мазкур талабшавандаи таълим ва санҷиши мунтазами аз тарафи ҳайати хизматрасони аттраксионҳо донистани дастурамалҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва дастурамалҳо оид ба истифодабарӣ (минбаъд – дастурламалҳо), инчунин санҷиши аз тарафи мутахассисони масъул донистани Қоидаҳои мазкур муқаррар карда шавад;

– дастурамалҳои вазифавӣ барои мутахассисони масъул ва дастурамалҳо барои ҳайати хизматрасон, дафтарҳои азназаргузаронии аттраксионҳо, дафтарҳои фаврӣ таҳия карда шаванд;

– дар ихтиёри мутахассисони масъул мавҷуд будани Қоидаҳои мазкур, дастурамалҳо ва дастурамалҳои истифодаи бехатари аттраксионҳо ва дар ихтиёри ҳайати хизматрасон мавҷуд будани дастурамалҳо таъмин гардад;

– аз тарафи мутахассисони масъул иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкур ва аз тарафи ҳайати хизматрасон бошад, иҷрои дастурамалҳои вазифавӣ таъмин карда шавад;

– аз истифода баровардани аттраксионҳо бо гузашти муҳлати таъиншудаи истифодаашон, тайёрӣ ба ташхис, муоинаи техникӣ таъмин гардад;

– ҷиҳати пешгирии ба ҷойҳои истифодаи хизматии аттраксион ворид шудани шахсони бегона чораҳо андешида шаванд;

– иҷрои дастурҳои  шахсони мансабдор, ки мутобиқи ваколатҳояшон дода шудаанд, таъмин карда шавад;

– дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои бевосита ба ҳаёт ва саломатии мардум таҳдидкунанда мустақилона ё бо супориши мақоми давлатии назоратӣ ва шахсони мансабдор боздоштани истифодаи аттраксион таъмин гардад;

– оид ба маҳдуд сохтан ва бартараф намудани оқибати садамаҳо, ҳодисаҳои ногувор ва фалокат дар аттраксион чорабиниҳо таҳия карда, ба мақомоти давлатӣ мусоидат карда шавад, иштирок дар таҳқиқи сабабҳои рӯй додани садамаҳо, ҳодисаҳои ногувор ва фалокат дар аттраксион таъмин гардад, инчунин ҷиҳати бартараф намудани сабабҳои зикргардида ва пешгирии онҳо чораҳо андешида шаванд;

– оид ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии кормандони ба истифодабарии ат-траксионҳо ҷалбгардида тадбирҳо андешида шаванд;

– дарҳол дар хусуси садама, ҳодисаи ногувор ва фалокат дар аттрактсион огоҳ кардани мақомоти давлатии ҳокимиятӣ ва мақоми давлатии назоратӣ таъмин гардад;

– баҳисобгирии садамаҳо, ҳодисаҳои ногувор ва фалокатҳо дар аттраксион тибқи тартиби муқарраргардида таъмин карда шавад;

– иштироки шахсони мансабдор, аз он ҷумла роҳбарон, дар тафтишҳо таъмин карда шавад;

– аз тарафи мутахассиси масъули назорати истифодаи бехатари аттраксион гузаронидани санҷишҳои доимӣ ва мунтазам бо муайян намудани ҳаҷму даврияти онҳо таъмин гардад;

– тартиби баррасии натиҷаҳои тафтишҳо, бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва андешидани чораҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати минбаъд роҳ надодани онҳо муайян карда шавад.

  1. Мутахассисони масъул бояд маълумоти техникӣ дошта бошанд, таълим гиранд, аз санҷиши комиссия бо иштироки шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ ҷиҳати муайян намудани донистани Қоидаҳои мазкур, дастурамалҳои вазифавӣ ва дастурамалҳо барои ҳайати хизматрасон гузаранд ва шаҳодатномаи дахлдор гиранд.
  2. Мутахассиси масъули назорати истифодаи бехатари аттраксион бо роҳи гузаронидани тафтишҳои доимӣ ва мунтазам ва додани дастурҳои дахлдор вазифадор аст, ки:

– ҳолати техникӣ ва истифодаи бехатари аттраксионҳоро назорат карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани корҳо бо вайронкунии қоидаҳои бехатарӣ чораҳо андешад;

– риояи тартиби бо Қоидаҳои мазкур муқарраршудаи ба идоракунӣ ва хизматрасонии аттраксионҳо роҳ додани ҳайати хизматрасонро назорат карда, дар комиссияҳо оид ба санҷидани дониши мутахассисон ва ҳайати хизматрасон иштирок намояд;

– риояи муҳлат ва ҳаҷми корҳои марбут ба хизматрасонӣ ва таъмири аттраксионҳоро, ки бо ҳуҷҷати истифодабарӣ муқаррар шудаанд, назорат кунад;

– мавҷуд будани дастурамалҳои вазифавӣ барои мутахассисони масъул ва дастурамалҳо барои ҳайати хизматрасон, иҷрои талаботи онҳоро аз тарафи мутахассисони масъул ва ҳайати хизматрасон назорат кунад;

– иҷрои дастурҳо ва нишондоди аз тарафи шахси мақоми давлатии назоратӣ додашударо назорат кунад;

– ҷиҳати баратараф намудани нуқсону вайронкуниҳо чора андешад ва дар сурати ҷой доштани хатар барои ҳаёт ва саломатии одамон истифодаи аттраксионҳоро манъ кунад.

  1. Мутахассисе, ки барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани аттраксионҳо ва истифодаи бехатари онҳо масъул мебошад, вазифадор аст, ки:

– хизматрасонӣ ва таъмири аттраксионҳоро аз тарафи кормандони таълимгирифта ва донишашон санҷидашуда таъмин намояд;

– ҳайати хизматрасонро бо дастурамалҳо таъмин намояд;

– назорати риояи талаботи дастурамалҳоро аз тарафи ҳайати хизматрасон таъмин намояд;

– омӯзиш, бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ қабл аз ба хизматрасонии аттраксионҳо иҷозат додан, дастурдиҳӣ ва санҷидани дониши оид ба ҳифзи меҳнати ҳайати хизматрасонро мутобиқи Қоидаҳои мазкур таъмин намояд;

– аттраксионҳоро бо роҳи назорат кардани азназаргузаронии ҳарбастӣ ва мунтазам, инчунин таъмирҳои нақшавии пешгирикунандаи таҷҳизоти аттраксион дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи нақша, сари вақт бартараф намудани нуқсонҳои ошкоргардида аз тарафи ҳайати хизматрасон, тафтишҳои мунтазами шахсии ҳолати техникии аттраксионҳо дар ҳолати коршоям нигоҳ дорад;

– дастурҳои шахсони мансабдорро, ки мутобиқи ваколатҳояшон дода шудаанд, дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намояд;

– маҳфуз нигоҳ доштани шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои техникии аттраксионҳо, протоколҳои (нусхаҳои онҳо) санҷиши дониш доир ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, инчунин пешбурди дафтари бақайдгирии дастурҳоро оид ба ҳифзи меҳнат таъмин намояд;

– дар тафтишҳое, ки шахсони мансабдор мутобиқи ваколатҳояшон мегузаронанд, инчунин ҳангоми муоинаи техникии аттраксион иштирок намояд;

– дар сурати ошкор гардидани носозиҳои аттраксион, ки боиси садама ё фалокат шуда метавонанд, то бартараф намудани ин носозиҳо ба истифодаи аттраксион роҳ надиҳад.

  1. Рақам ва санаи фармонҳо дар бораи таъини мутахассисони масъул, инчунин вазифа, ному насаб, рақами шаҳодатнома ва имзои онҳо бояд дар шиносномаи аттраксион навишта шавад. Ин маълумот бояд то бақайдгири аттараксион дар мақоми давлатии назоратӣ, инчунин ҳар дафъаи пас аз таъини мутахассиси масъули нав ба шиноснома ворид карда шавад.
  2. Дар вақти рухсатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ё мавридҳои дигари ҳозир набудани мутахассиси масъул иҷрои вазифаҳои ӯ бо фармоиш ба зиммаи корманде гузошта мешавад, ки аз рӯи вазифа ӯро иваз намуда, аз санҷиш дар мавриди донистани Қоидаҳои мазкур гузаштааст (бе сабти ному насаби ӯ дар шиносномаи аттраксион). Роҳбарияти ташкилот бояд ба мутахассисони масъул барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда шароит фароҳам оваранд.
  3. Дар ҳолате, ки соҳиби аттраксион барои таъини мутахассисони масъул имконият надорад, (мувофиқи шартнома) ба зиммаи кормандони ташкилоти хизматрасонандаи аттраксион, ё ба зиммаи мутахассисоне, ки мутобиқи Қоидаҳои мазкур таълим гирифтаанд, дигар ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ вогузоштани иҷрои вазифаҳои онҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин сурат дар шартномаи байни онҳо бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо бо дарназардошти банди 117 Қоидаҳои мазкур муайян карда шаванд.
  4. Ба хизматрасонии аттраксионҳо ашхоси синни 18-солагиро пуркардае роҳ дода мешаванд, ки аз муоинаи тиббӣ ҷиҳати муайян намудани мутобиқати вазъи ҷисмонии онҳо ба талаботи нисбати кормандони ин касбҳо пешниҳодшаванда гузаштаанд ва таълими махсус гирифтаанд.
  5. Ба кор иҷозат додани ҳайати хизматрасон дар сурати шаҳодатнома дар бораи аз санҷиши дониш дар бораи бехатарии саноатӣ ва ҳифзи меҳнат гузаштанро доштани онҳо бояд бо фармони ташкилот ба расмият дароварда шавад.
  6. Ба электромеханикҳо бояд аттраксионҳои муайян вобаста карда шаванд. Миқдори аттраксионҳои ба як электромеханик вобасташуда бо дарназардошти тахассуси ӯ, ҳолати техникии аттраксионҳо, имкониятҳои хизматрасонии босифати онҳо, фавран бартараф намудани носозиҳо ва чораҷӯйӣ, зимни ҳолатҳои фавқулодда муайян карда мешавад.

Электромеханикҳое, ки таҷрибаи амалии шашмоҳаи соҳаро надоранд, ба иҷрои корҳои зикргардида танҳо таҳти роҳбарии электромеханике ҷалб шуда метавонанд, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири аттраксионҳо ба ӯ вогузор шудааст.

  1. Ташкилоти истифодабарандаи (соҳиби) аттраксионҳо бояд ҳайати хизматрасонро бо дастурамалҳои муайянкунандаи уҳдадориҳо, тартиби иҷрои бехатари корҳо, ҳуқуқу масъулияти онҳо таъмин намояд. Дастурамалҳо ба ҳайати хизматрасон бояд пеш аз ба кор иҷозат додани онҳо бо гирифтани имзоҳояшон дода шаванд.
  2. Хизматрасонии аттраксион аз тарафи оператор амалӣ гардида, азназаргузаронии ҳарбастии аттраксионро дар бар мегирад.

Вогузоштани азназаргузаронӣ ба электромеханике, ки хизматрасонии техникии аттраксионро ба амал мебарорад, иҷозат дода мешавад.

  1. Ташкилоти истифодабарандаи (соҳиби) аттраксион бояд низоми таъмирҳои нақшавии пешгирикунандаро таҳия намояд.
  2. Низоми таъмирҳои нақшавии пешгирикунанда бояд аз инҳо иборат бошад:

– низоми хизматрасонии иборат аз азназаргузарониҳои даврӣ, хиз-матрасонии техникӣ, хизматрасонии садамавии техникӣ;

– низоми барқароркунии захираи аттраксион, ки аз таъмири асосӣ (ивазкунии таҷҳизот), навсозӣ иборат аст.

  1. Низоми таъмирҳои нақшавии пешгирикунанда бояд инҳоро дар бар гирад:

– даврият ва ҳаҷми хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷузъҳо, механизмҳо ва таҷҳизот;

– даврият ва усулҳои тафтиш ва танзими дастгоҳҳои бехатарӣ;

– номгӯи қисмҳои зуд фарсудашаванда;

– меъёри вақт (сарфи меҳнат) барои азназаргузаронӣ, шаклҳои гуногуни таъмир ва хизматрасонии аттраксион, ҳайати миқдории бригадаҳо ва тахассуси зарурии иҷрокунандагон.

  1. Азназаргузаронӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири даврии аттраксионҳо бояд мутобиқи дастурамалҳои ташкилотҳои истеҳсолкунанда дар муҳлатҳое, ки дар ҷадвалҳои таъмирҳои нақшавии пешгирикунанда муқаррар шудаанд, анҷом дода шаванд. Ҷадвал бо дарназардошти кори воқеӣ тартиб дода мешавад.
  2. Ташкилоти истифодабаранда (соҳиб) штати кормандонро дар асоси зарурати иҷрои ҳаҷми корҳои дар дастурамали истифодабарӣ пешбинишуда ва бо дарназардошти шароити маҳаллии истифодабарӣ пурра мекунад.
  3. Агар зимни азназаргузаронии назоратӣ ва ё муоинаи техникӣ ҳолатҳои зерин ошкор гардад, истифодаи аттраксион роҳ дода намешавад:

– ҷой доштани нуқсонҳое, ки ба истифодаи бехатари аттраксион таъсир мерасонанд;

– иҷро нагардидани дастурҳо ва нишондоди шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ;

– ҳозир набудани мутахассисе, ки барои дар ҳолати коршоям ва истифодаи бехатари аттраксионҳо масъул мебошад;

– набудани ҳайати хизматрасони таълимгирифта ва донишашон санҷидашуда.

  1. Мансабдори ваколатдоштае, ки вайронкуниҳои боиси манъ гардидани кори аттраксионро ошкор намудааст, бояд дар шиноснома сабти асоснок кунад.
  2. Дар сурати ошкор гардидани нуқсонҳои ба кори бехатари аттраксион монеъшаванда ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ, шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ бояд дар хусуси боздоштани истифодабарии он, ба шиносномаи аттраксион дар ин бора қайди дахлдор ворид созад.
  3. Соҳиби аттраксион ё ташкилоти истифодабаранда дар хусуси бартараф намудани нуқсонҳои зимни муоинаи техникӣ ё азназаргузаронии назоратӣ ошкоргардида ташкилотеро, ки намояндаи он ин нуқсонҳоро ошкор намудааст, бояд ба таври хаттӣ огоҳ созад. Пас аз ин бояд тафтиши такрорӣ гузаронида шавад ва дар сурати натиҷаи мусбӣ додани он барои истифодаи аттраксион иҷозат дода мешавад.

 

  1. ТАЪЛИМ ВА САНҶИШИ ДОНИШИ МУТАХАССИСОН

ВА ҲАЙАТИ ХИЗМАТРАСОН

  1. Мутахассисони масъул бояд таълим гиранд, инчунин дар муассисаҳои таълимие, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида ваколат ва иҷозатномаи мақомоти давлатии дахлдорро барои ҳуқуқи такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, дар истеҳсолот омӯзонидани ашхосе, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ барои ташкил ва таъмини бехатарии корҳо дар объектҳо ва истеҳсолоти таҳти назорати мақоми давлатии назоратӣ иҷозатнома доранд, ихтисосашонро такмил дода, на камтар аз як маротиба дар се сол аз санҷиши сатҳи дониш аз рӯи талаботҳои «Қоидаҳо»-и мазкур гузаранд.
  2. Натиҷаи санҷиши сатҳи дониш дар протокол инъикос карда мешаванд. Ба шахсоне, ки аз санҷиши сатҳи дониш гузаштаанд, шаҳодатнома дода мешавад.
  3. Нақшаҳои намунавии таълим, барномаҳои омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони масъул ва кормандони дар ҳамин қисми «Қоидаҳо» зикргардида бояд бо мақоми давлатии назоратӣ мувофиқа карда шаванд.
  4. Ҳайати хизматрасон пас аз танаффуси зиёда аз шаш моҳа дар кор аз рӯи ихтисосашон бояд малакаи заруриро барқарор намуда, аз санҷиши дониш аз тарафи комиссияе, ки барои санҷиши дониш доир ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ ва ҳифзи меҳнат бо фармони ташкилоти истифодабарандаи (соҳиби) аттраксион таъин шудааст, гузаранд. Танҳо пас аз ин ба онҳо барои кори мустақилона иҷозат дода мешавад.
  5. Санҷиши даврии дониши ҳайати хизматрасон аз тарафи комиссияи санҷиши дониш доир ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ бояд на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида шавад.
  6. Санҷиши ғайринавбатии дониши ҳайати хизматрасон дар мавридҳои зерин гузаронида мешавад:

– ҳангоми ба ҷойи кори дигар гузаштани корманд;

– бо талаби шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ ё мутахассисе, ки барои назорат аз болои истифодаи бехатари аттраксионҳо масъул мебошад;

– ҳангоми барои хизматрасонии аттраксионҳои конструксияи дигар гузаронида шудан.

  1. Санҷиши даврии (ғайринавбатии) дониши ҳайати хизматрасон бояд аз тарафи комиссияи санҷиши дониш доир ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ ташкилоте, ки шахси санҷидашаванда дар штати он қарор дорад, дар доираи дастурамалҳо вобаста ба хусусияти корҳои иҷрошаванда гузаронида шавад. Зарурати иштироки шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ дар санҷиши даврии ҳайати хизматрасон аз тарафи мақоми давлатии назоратӣ ҳал карда мешавад.
  2. Аъзоёни комиссияҳои дар бандҳои 138 ва 142 «Қоидаҳо»-и мазкур зикргардида бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷиши дониш оиди «Қоидаҳо»-и мазкур гузаранд.

Санҷиши дониши аъзои комиссия бояд на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида шавад.

  1. Натиҷаҳои санҷиши даврии дониши ҳайати хизматрасон бо протокол ба расмият дароварда шуда, дар шаҳодатномаи онҳо қайди дахлдор карда шавад.
  2. Мутахассисони масъул ва ҳайати хизматрасон бояд гурӯҳи дахлдори таъмини бехатарии барқи бо ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ муқарраргардидаро дошта бошанд.

 

  1. ТАРТИБИ ТАҲҚИҚОТИ САДАМАҲО, ҲОДИСАҲОИ НОГУВОР ВА ҲОДИСАҲОИ НОХУШИ МАРБУТ БА ИСТИФОДАБАРИИ АТТРАКСИОНҲО
  2. Дар сурати рӯй додани ҳолати фавқулодда, садама, ҳодисаи ногувор, ҳодисаи нохуши гурӯҳӣ, ҳодисаи нохуши марговар ё оқибаташ вазнини марбут ба истифодабарии аттраксионҳои дар мақоми давлатии назоратӣ ба қайд гирифташаванда, ташкилоти истифодабарандаи (соҳиби) аттраксионҳо вазифадор аст, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида мақоми давлатии назоратӣ ва дигар ташкилотҳоро дар хусуси ҳодисаи нохуши рухдода огоҳ намояд.
  3. То расидани шахси мансабдори мақоми давлатии назоратӣ барои таҳқиқоти сабабҳои садама, ҳодисаи ногувор ё фалокат ташкилоти истифодбарандаи (соҳиби) аттраксион вазифадор аст, ки бетағйир нигоҳ доштани тамоми вазъиятро дар ҷойи ҳодиса таъмин кунад ва агар ин номумкин бошад, вазъиятро бо роҳи тартиб додани нақшаҳо, гирифтани сурат ва ё бо усули дигар сабт намояд.
  4. Таҳқиқоти садамаҳо ва ҳолатҳои ногувори зимни истифодабарии аттраксионҳо рухдода, ки оқибати ҳодисаи нохуш надоранд, мутобиқи дастурамали дахлдори тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда, анҷом дода мешавад.
  5. Таҳқиқоти ҳодисаи нохуш, ки зимни истифодабарии аттраксионҳо рух додааст, мутобиқи Низомномаи тафтиш ва ба ҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардидаи тасдиқшуда, анҷом дода мешавад.

 

  1. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОИДАҲО
  2. Ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродие, ки истеҳсол, насб, танзим, таҷдид, таъмир, муоинаи техникӣ, ташхиси техникӣ, истифодабарии аттраксионҳоро ба амал мебароранд, барои мутобиқати корҳои иҷрошаванда ба талаботи Қоидаҳои мазкур, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ масъул мебошанд.
  3. Роҳбарон, мутахассисони ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродии амалигардонандаи истеҳсол, насб, танзим, таҷдид, таъмир, муоинаи техникӣ, ташхиси техникӣ, истифодабарии аттраксионҳо, ки «Қоидаҳо»-и мазкурро вайрон кардаанд, инчунин ҳайати хизматрасоне, ки дар вайронкунии дастурамалҳои марбут ба кори аз тарафи онҳо иҷрошаванда гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайронкуниҳои содиркардаашон, сарфи назар аз он, ки ин боиси садама, ҳодисаи нохуш ё фалокат шудааст ё не, масъулияти шахсӣ доранд.
  4. Аз тарафи роҳбарон, мутахассисони ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ додани дастур ё супоришҳое, ки зердастонро барои вайронкунии Қоидаҳои мазкур ва дастурамалҳо маҷбур месозад, худсарона барқарор намудани корҳои аз тарафи мақоми давлатии назоратӣ боздошташуда, инчунин наандешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани вайронкунии қоидаҳо ва дастурамалҳо, ки дар ҳузури онҳо аз тарафи шахсони тобеъ роҳ дода шудааст, вайронкунии Қоидаҳои мазкур маҳсуб мешавад.
  5. Вобаста ба хусусияти вайронкуниҳо шахсони содиркардаи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шаванд.

 

 

 

 

Замимаи 1

Ба Қоидаҳои сохт ва бехатаронатифодабарии аттраксионҳо

 

САНАДИ ОМОДАГИИ ТЕХНИКИИ АТТРАКСИОН

 

Шаҳри, ноҳияи_________ «______» _____________________с.20_____

 

Мо, имзокунандагон намояндаи ташкилоте, ки аттраксионро насб кардааст.____________________________________________________

(номи ташкилот),

 

вазифа, ному насаб)

иҷозатнома барои васлкунӣ аз ____________ № ______________

аз тарафи ________________________________________ дода шудааст

(номи мақоми давлатӣ)

ва намояндаи ташкилоти сохтмонии пудратчии асосӣ _____________

_____________________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб)

санади мазкурро дар он хусус тартиб додем, ки насбкунӣ ва корҳои танзим мутобиқи талаботи дастурамали оид ба насб, ба кор андохтан, танзим ва ба кор омода кардан анҷом дода шуда, дар доираи Қоидаҳои бехатарона истифодабарии аттраксионҳо азназаргузаронӣ ва озмоиши аттраксион гузаронида шудааст.

 

Аттраксион дар суроғаи зерин насб гардидааст: шаҳри_____________ ноҳияи_____________кӯчаи  ___________________________

 

Тавсифномаи аттраксион

____________________________________________________________________________________________________________________________

Соли истеҳсол______________________________________

Аттраксион аз назар гузаронида шуда, аз санҷиш гузаштааст, коршоям аст ва барои қабул омода мебошад.

 

Намояндаи ташкилоти

насбкунанда                           ______________________

(имзо, ному насаб)

Намояндаи пудратчии асосии

Ташкилоти сохтмонӣ                   ______________________

(имзо, ному насаб)

Замимаи 1

Ба Қоидаҳои сохт ва бехатаронатифодабарии аттраксионҳо

 

 

САНАДИ ҚАБУЛИ АТТРАКСИОН БАРОИ ИСТИФОДАБАРӢ

 

Шаҳри, ноҳияи_________ «______» _________________с.20_____

 

Мо, имзокунандагони аъзоёни комиссияи оид ба қабули аттраксиони насбшуда:

намояндаи ваколатдори ташкилоти истифодабарандаи (молики) аттраксион__________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

намояндаи ташкилоти насбкунандаи аттраксион___________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

мутахассисе,ки барои нигоҳдории аттраксион дар ҳолати коршоям ва истифодаи бехатар масъул мебошад__________________

________________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

намояндаи ташкилоти сохтмонии пудратчии асосӣ____________

________________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

намояндаи ташкилоти истеҳсолкунандаи аттраксион__________

________________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

намояндаи мақоми давлатии назоратӣ_______________________

________________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

намояндаи фармоишгар___________________________________

________________________________________________________

(номи ташкилот, вазифа, ному насаб )

Санади мазкурро дар ин хусус тартиб додем, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда баррасӣ гардида дар доираи Қоидаҳои бехатарона истифодабарии аттраксионҳо азназаргузаронӣ ва озмоиши аттраксион гузаронида шудааст.

 

Аттраксион дар суроғаи зерии насб гардидааст: шаҳри_________

ноҳияи_____________  кӯчаи_______________________________

 

 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2020, №1040 ба қайд гирифта шуд. Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 11 сентябри соли 2020, №58 тасдиқ карда шудааст.

 

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ НАФТАНБОРҲО

ВА АНБОРҲОИ МАҲСУЛОТИ НАФТӢ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ (минбаъд – Қоидаҳо) мутобиқи сархати бисту шашуми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
  3. Қоидаҳои мазкур талаботҳоеро муқаррар мекунанд, ки риояи онҳо барои таъмини бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳо, ҳодисаҳои нохуш дар объекти истеҳсолии хатарноки нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ нигаронида шудааст.
  4. Қоидаҳои мазкур дар тамоми ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилю ҳуқуқӣ ва моликият, ки дар соҳаи бехатарии саноатии объекти истеҳсолии хатарнок фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
  5. Қоидаҳо дар нафтанборҳои фаъолияткунанда, барқароршаванда, лоиҳашаванда, сохташаванда ва муваққатан хобонидашуда, ҳамчунин дар анборҳои маҳсулоти нафтии зерин татбиқ карда мешаванд:

– тобоварии фишори буғии анборҳои маҳсулоти нафтӣ, зиёда аз 700 мм сутунчаи симоб мебошад;

– истгоҳҳои алоҳидаи пуркунии сӯзишворӣ;

– анборҳои ҷамъоварӣ ва омодасозии нафт ва анборҳои қубурҳои магистралӣ.

  1. Нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ, ки амали Қоидаҳои мазкур дар онҳо татбиқ мегардад, бояд ҳуҷҷатҳои мушаххаси зеринро дошта бошанд:

– иҷозатнома барои амалӣ намудани намуди фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбинӣ гардидааст;

– иҷозати истифодаи дастгоҳҳои техникӣ, аз ҷумла истеҳсоли хориҷӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок;

– шартномаи суғуртаи хавфи масъулият барои расонидани зарар ҳангоми истифодаи объекти истеҳсолии хатарнок;

– шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ;

– ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба сохтмон, васеъкунӣ, азнавсозӣ, таҷдиди техникӣ, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии объекти истеҳсолии хатарнок;

– санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки қоидаҳои коргузориро дар объекти истеҳсолии хатарнок муқаррар менамоянд.

  1. Зарурати таҳия ва ба расмият даровардани эъломияи бехатарии саноатии объектҳои хатарнок бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» муайян карда мешавад. Корхонаҳои истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарноки нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ ӯҳдадоранд:

– талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи бехатарии саноатиро риоя кунанд;

– ба пуррагӣ шумораи кормандони объектҳои истеҳсолии хатарнок, ки ба талаботи дараҷавии ихтисос мутобиқат мекунанд ва ин кор ба онҳо зарари тиббӣ надорад, таъмин намоянд;

– тайёрӣ ва аз аттестатсия дар соҳаи бехатарии саноатӣ гузаштани кормандонро дар корхона таъмин намоянд;

– назорати истеҳсолиро ҷиҳати риояи талаботи бехатарии саноатӣ ташкил ва амалӣ намоянд;

– тибқи талаботи муқарраргардида мавҷуд будан ва фаъолияти таҷҳизоти зарурӣ ва системаҳои назоратро дар равандҳои истеҳсолӣ таъмин намоянд;

–  гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, ташхис, озмоиши иншоот, муоинаи иншоот ва таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд;

– омодагиро барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садама таъмин кунанд, нақшаҳои пешгирӣ ва барҳамдиҳии ҳолатҳои садамавӣ ва нақшаҳои барҳамдиҳии резиши садамавии нафт ва маҳсулоти нафтиро дошта бошанд, дарсҳои омӯзишӣ оид ба амалиёти кормандон дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронанд;

– дар тафтишоти техникии муайян намудани сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар объектҳои хатарнок иштирок намоянд, барои рафъи ин сабабҳо ва пешгирии чунин ҳодисаҳо чораҳо андешанд, садамаҳо ва ҳодисаҳои дар объектҳои истеҳсолии хатарнок рухдодаро ба ҳисоб гиранд;

– барои муҳофизати ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми садамаҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок чораҳо андешанд;

– аз воридшавии шахсони бегона дар иншоот, ки иҷозати даромаданро надоранд, пешгирӣ намоянд;

– фармоиш ва нишондодҳои мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ, мақомоти ҳудудии он ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати худ пешнињод намудаанд, иҷро намоянд;

– тибқи тартиби муқарраргардида оид ба иҷрои чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии саноатӣ маълумот пешниҳод намоянд.

 

  1. ТАЛАБОТИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ДАР

ОБЪЕКТҲОИ ТЕХНОЛОГӢ

 

  • 1.Талаботи умумӣ
  1. Дар нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои хавфноке, ки ба бехатарии саноатӣ таъсир мерасонанд, бояд чорабиниҳо таҳия ва татбиқ карда шаванд.
  2. Чорабиниҳои таҳияшавандаи хусусияти меъёрӣ, ташкилию техникӣ бояд самти дақиқ ва татбиқи амалии зеринро дар бар гиранд:

– таъмини бехатарии саноатӣ;

– пешгирии садамаҳо;

– роҳ надодан ба пайдоиши муҳити хавфи таркишдошта;

– пешгирии пайдоиши манбаъҳои оташгирӣ дар муҳити хавфи таркишдошта.

  1. Бехатарии саноатӣ бояд таъмин карда шавад:

– бо қарорҳои техникие, ки ҳангоми лоиҳакашӣ қабул карда шудааст;

– бо риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва меъёри равандҳои технологӣ;

– бо бехатарона истифодабарии дастгоҳҳои техникӣ, ки ба талаботи санадҳои меъёрӣ ва меъёрии техникӣ ҳангоми истифода, нигоҳдорӣ ва таъмир ҷавобгӯ мебошанд;

– бо тартиби муайяни омодасозии кадрҳои баландихтисос.

  1. Пешгирии садамаҳо бояд ба даст оварда шаванд бо:

– истифодаи системаҳои идоракунии автоматӣ ва муҳофизати зиддисадамавӣ;

– нигоҳдорӣ ва таъмири танзимшудаи таҷҳизот бо истифодаи ташхис бо усулҳои озмоишии вайроннашаванда;

– системаи мониторинги омилҳои хатарнок, ки ба бехатарии саноатӣ таъсир мерасонанд;

–  ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи садамаҳо ва ҳодисаҳо;

– андешидани чораҳои пешгирикунанда ҳангоми сар задани садамаҳо.

  1. Пешгирии пайдоиши хавфи сӯхтан ва таркидани муҳит бояд бо роҳҳои зерин таъмин карда шавад:

– автоматикунонии равандҳои технологӣ вобаста ба муомилоти моеъи зуддаргиранда ва моеъҳои даргиранда;

– татбиқи чораҳои техникӣ ва воситаҳои ҳифзи таҷҳизот аз осеб ва фарсудашавӣ пеш аз муҳлат;

– назорати қатъии танзими қитъаҳо, пайвастаҳо, ки ҳангоми истифодабарӣ метавонанд манбаи ҷудошавии партовҳои газҳои сӯзанда шаванд;

– назорати муҳит ва идоракунии блокњои роњњои пайдоиши муҳити хавфи таркишдоштаро дар марҳилаҳои аввал боздошта тавонанд;

– гузаштани буғҳои омехтаи тарканда ва ба обанбор партофтани онҳо;

– истифодаи воситаҳо ва техникаҳо барои ҳадди ниҳоии ихроҷи моддаҳои сӯзишворӣ;

– истифодаи системаи пӯшида барои ҷамъоварии омехтаҳои тарканда аз рӯи навъи зарфҳои тааллуқдошта.

  1. Пешгирии пайдоиши манбаъҳои сӯхтор дар муҳити хавфи таркишдошта бояд ба назар гирифта шавад, ҳангоми:

– истифодаи таҷҳизоти барқӣ, ки ба гӯруҳҳо ва категорияҳои хавфи сӯхтан ва таркишдошта мутобиқат мекунад;

– истифодаи усулҳо ва реҷаҳои ҷараён ва таҷҳизоти технологӣ, ки ба талаботи бехатарии электростатикӣ мувофиқат мекунанд;

– дастгоҳ ва санҷиши мунтазами муҳофизати раъду барқии биноҳо, иншоот ва таҷҳизот;

– дар сохти воситаҳои зудамалкунанда истифода намудани хомӯшкунии муҳофизатии манбаъҳои эҳтимолии сӯхтор;

– истифодаи таҷҳизоте, ки шарораро ҳангоми кор бо дастгоҳҳои дорои моеъи зудсӯзанда ва моеъҳои сӯзанда ба вуљуд намеорад;

– назорати ҳарорати мошинҳои гармидиҳӣ, механизмҳо, подшипникҳо ва дастгоҳҳое, ки бо сӯзишворӣ алоқаманд буда метавонанд;

– бартараф кардани дастрасии моддаҳои пирофорӣ бо ҳаво;

– риояи ҳуҷҷатгузории меъёрии техникӣ ва қоидаҳои бехатарии саноатӣ.

  1. Системаи назорати истеҳсолии бехатарии саноатиро бояд таъмин намояд:

– риояи қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;

– таҳлили ҳолати бехатарии саноатӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳое, ки ба такмили он нигаронида шудаанд;

– ҳамоҳангсозии корҳо оид ба пешгирии садамаҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок ва таъмини омодагии корхона ба пешгирии садамаҳо ва рафъи оқибатҳои онҳо.

 

  • 2. Хатҳои интиқол аз қубурҳои

магистралии маҳсулоти нафтӣ

  1. Қубурҳои магистралии маҳсулоти нафтӣ (минбаъд-ҚММН) барои қабули (тақсимкунии) маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои тақсимоти маҳсулоти нафтӣ бояд бо риояи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ оид ба ташкил ва тартиби интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз қубурҳои асосии маҳсулоти нафтӣ анҷом дода шавад.
  2. Корхонаҳо (воҳиди қабулкунанда) бояд ба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмонӣ барои лӯлаҳои магистралӣ, иншооти нигоҳдории нафт ва маҳсулоти нафтӣ, стандартҳои бехатарии сӯхтор ва тарҳи технологии қубурҳои магистралии маҳсулоти нафтӣ (қубурҳои паҳнкунандаи маҳсулоти нафт) ҷавобгӯ бошанд.
  3. Васлкунии қубурҳои ҷумакдор ва қубурҳои технологии истифодакунанда бояд бо чунин таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз карда шавад:

– бо ду ҷумакҳои пӯлодии тақсимшаванда;

– бо камераи гирифтани намуна бо намунагиракҳо;

– системаи канализатсионӣ, бо зарфҳои љамъшавандаи намунаҳои гирифташуда;

– манометрҳо, дастгоҳҳои назорати намудҳои маҳсулоти нафтӣ;

– системаи таъминоти барқ барои таъмини ҷумакҳо ва рӯшноидиҳӣ;

– панҷараҳои мувофиқ.

  1. Таъминнокии асбобҳои назоратӣ ва ченкунӣ (минбаъд – АНЧ), дастгоҳҳои биҳисобгирӣ (асбобҳо), дараҷаи автоматикунонии равишҳо бо санадҳои меъёрии фаъолияткунандаи лоиҳавӣ, автоматикакунонӣ, телемеханизатсия кардани қубурҳои тармимшуда муайян карда мешаванд.
  2. Истифодабарии маҳсулоти нафтӣ ба воситаи лӯлаҳо танҳо дар ҳолате сурат мегирад, ки қубурҳои магистралии маҳсулоти нафтӣ бо реҷаи корӣ кор кунад.
  3. Барои роҳ надодан ба ҳолатҳои садамавӣ (зарбаҳои обӣ) ҷумакҳоро бо пайдарҳамии он кушодан лозим аст.
  4. Амалҳои кормандон дар ҳолатҳои садамавӣ бояд ба нақшаҳои маҳаллисозии ҳолати садама ва нақшаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои садамавии резиши нафт ва маҳсулоти нафтӣ мувофиқат кунанд ва бо тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шаванд.
  • 3. Гузаргоҳи резиш ва пуркунии роҳи оҳан
  1. Қабул ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба зарфҳои роҳи оҳан тавассути дастгоҳҳои махсус таҷҳизонидашудаи қубурҳои резанда ва пуркунанда бояд амалӣ карда шаванд.
  2. Маҳсулоти нафтӣ бояд ба зарфҳои роҳи оҳан бо истифода аз дастгоҳҳои автоматикии часпакдор ё сохти телескопӣ, ки бо воситаҳои механизатсия муҷаҳҳазанд, рехта шаванд.
  3. Системаи қубур бояд тавре тарҳрезӣ карда шавад, ки озодшавии пурраи лӯлаҳо пас аз клапанҳо аз пасмондаҳои маҳсулоти рехта ё хушкшуда таъмин карда шавад. Барои тоза намудани коллекторҳо ва қубурҳо аз маҳсулоти нафтӣ бояд системаи пӯшидаи дренажӣ, аз ҷумла воситаҳо барои дренажии дастгоҳҳои пуркунанда ва коллекторҳои алоқаманд ва қубурҳои маҳсулот пешбинӣ карда шавад.
  4. Маҳсулоти ифлосшуда аз зарфи заҳбурӣ бояд ба зарфҳои резишдори барои зарфҳои равғани партов фиристода шаванд.
  5. Ҳангоми боркунии маҳсулоти нафтӣ системаҳои зуд ҷудокунандаи барқӣ (асосан дастгоҳҳои автоматӣ) бояд таъмин карда шаванд. Ҳангоми пур кардани маҳсулот ба таври автоматикӣ бояд қатъ шавад:

– додани меъёри мазкур;

– ба ҳадди ниҳоии пур кардани зарфи роҳи оҳан.

  1. Ҳадди ниҳоии боркунии нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба лимити бехатар бояд бо роҳи интиқол додани як қисми маҳсулот ба қубури ҷараёни насос таъмин карда шавад. Танзими автоматии ҷараёни гардиши маҳсулоти гузаранда ҳангоми нигоҳ доштани фишори доимӣ дар хати фишори маҳсулот ба механизмҳои борбардор сурат мегирад.
  2. Барои роҳ надодан ба пайдоиши омехтаҳои тарканда дар системаҳои қубурӣ ва резишгоҳи коллекторҳои обӣ, газ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси тарҳрезишуда ва хатҳо таъмин карда шаванд. Ин талабот нисбати анборҳои сӯзишвории авиатсионӣ татбиқ намегардад.
  3. Гузаргоҳи қабули резиш барои сӯзишворӣ бояд аз масолеҳи оташнагиранда сохта шуда, дар болои панҷараҳои металлӣ, сарпӯшҳои ҷудошаванда ва бо асбобҳо барои гармкунии сӯзишворӣ муҷаҳҳаз карда шавад.
  4. Сӯзишвориҳои хоҷагӣ бояд бо воситаҳои чен кардани ҳарорат, дараҷа, дараҷаи маҳдудкунандаи дастгоҳҳо, қубурҳои вентилятсия, воситаҳо барои гарм кардани сӯзишворӣ, насосҳои обкашӣ, одатан муҷаҳҳаз бошанд. Дастгоҳҳои қабулкунӣ бояд аз пуршавии зиёд ҳифз карда шаванд.
  5. Ҳангоми анҷом додани корҳои рехтагари бо маҳсулоти нафтӣ дар ҳарорати то 61° C истифодаи гармии барқ манъ аст.
  6. Ҳангоми истифодаи гармкунакҳои алоқаи мустақими интиқолдиҳандаи гармӣ бо маҳсулоти нафтӣ иҷозат дода намешавад.
  7. Фишори буғ ҳангоми истифодаи гармкунакҳои кӯчонидашаванда набояд аз 0,4 МПа зиёд бошад (барои фурудгоҳҳо на бештар аз 0,3 МПа).
  8. Найчањои морпечи буѓи ва гармкунакњои барќӣ бояд танҳо пас аз он, ки ѓутондан дар чуќурии на кам аз 500 мм аз сатҳи канори болоии гармкунӣ ба маҳсулоти нафтӣ ба кор андохта шавад. Қатъи таъминоти буғ ва қатъи неруи барқ бояд пеш аз оғози резиш анҷом дода шавад.
  9. Барои назорат кардани фишор ва ҳарорати маҳсулоти нафтӣ ба коллектори маъмул барои расонидани изофаи маҳсулот бояд асбобҳои ченкунии ин параметрҳо ҳангоми хондан ба утоқи кории оператор насб карда шаванд.
  10. Эстакадањои пуркунанда ва резиш барои нафт ва маҳсулотњои нафтӣ бояд аз расидани мустаќими таъсири барқ ва индуксияи электромагнитӣ муҳофизат карда шаванд.
  11. Барои роҳ надодан ба зиёд шудани зарядҳои барқӣ ва пайдоиши партовҳои хатарнок, ҳангоми коркарди раванди технологӣ бо маҳсулоти нафтӣ чунин усулҳо заруранд:

– заминпайвасти зарфњо, қубурҳо ва дастгоҳҳои пуркунӣ;

– маҳдуд кардани суръати боргузорӣ дар марҳилаҳои аввалия ва охирини боркунӣ.

 

  • 4. Анбори нигоҳдории маҳсулоти нафт
  1. Намудҳо ва усулҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ ва нафтанборҳо бояд ба талаботи муқарраршуда оид ба нишонагузорӣ, банду баст, интиқол ва нигоҳдорӣ мувофиқат кунанд. Дар анборҳои азнавсохташуда ва барқароршуда нигоҳдории захираҳои нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳои зеризаминӣ манъ аст.
  2. Анборҳои маҳсулоти нафтӣ, вобаста аз иқтидори зарфҳо, тибқи талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунанда, гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
  3. Барои анҷом додани корҳо оид ба қабул, нигоҳдорӣ ва паҳн кардани маҳсулоти нафтӣ, зарфҳои амудии пӯлодӣ, вобаста аз хусусиятҳои маҳсулоти захирашуда, бояд бо дастгоҳҳои техникӣ муҷаҳҳаз бошанд, ки асоси он инњоянд:

– қубурҳои қабулкунӣ бо истгоҳҳо;

– асбобҳои нафаскашӣ ва бехатарӣ;

– дастгоҳҳои намунавӣ ва оби истеҳсолшуда;

– дастгоҳҳои назоратӣ, сигнализатсия ва муҳофизат;

– дастгоҳҳои гармидиҳӣ;

– техникаи зидди сӯхтор;

– қубурҳои вентилятсияи дорои оташгиранда.

  1. Намуди обанбор ва таҷҳизот, ҷумак ва дастгоҳҳои дар он насбшуда истифодаи бехатарии зарфҳоро таъмин менамояд, агар:

– пур кардан, нигоҳдорӣ ва холӣ кардан маҳсулоти нафтӣ;

– тозакуни ва таъмири зарфҳои маҳсулоти нафтӣ;

– интихоб барои санҷиши маҳсулотҳои нафтӣ;

– санҷидани сатҳ, ҳарорат, фишор.

  1. Ҳар як зарф мувофиқи лоиҳа истеҳсол карда мешавад. Барои ҳар як зарф шиноснома тартиб дода мешавад. Рақами дар шиноснома нишондодашуда ба зарфҳо тааллуқ дорад.
  2. Ҳангоми насби сарпӯши гидравликӣ зарфҳо бояд аз моеъи дербухоршаванда, булӯргарди, полимеризатсия ва деряхкунанда пур карда шаванд.
  3. Дар зарфҳое, ки бо қубурҳои сарпӯшдор муҷаҳҳаз шудаанд, қубурҳои муҳофизаткунанда насб карда мешаванд. Қубурҳои сарпӯшдор дар қабулкунандаҳои ҷудогона насб карда мешаванд.
  4. Ҳангоми муҷаҳҳаз гардонидани зарфи газбаробаркунӣ, барои ҳолатњои садамавӣ бояд тартиби воситаи фосилавии ҷудо кардани ҳар як зарф аз системаи мазкур пешбинӣ карда шавад (барои пешгирии паҳншавии ҳолати сдама дар системаи газбаробаркунӣ).
  5. Зарфҳо бо маҳсулоти нафтӣ ва нафт бояд мутобиқи талаботи санадҳои меъёрӣ бо воситањои назорат ва автоматизатсия муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
  6. Барои хориљ кардани оби таҳшиншуда аз зарфҳои амудии силиндрӣ, ки барои нигоҳдории маҳсулоти нафт пешбинӣ шудаанд, бояд системаи заҳкаш барои обҳои таҳшини ҷорӣ карда шавад.
  7. Таҷҳизоти андозагирӣ ва интихоби бояд қобилияти санҷиши фаъолияти онҳоро бидуни барҳам ва ихроҷ кардани зарф аз маҳсулот таъмин кунад.
  8. Назорати сатҳи маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо бояд тавассути асбобҳои назоратию ченкунӣ анҷом дода шавад.
  9. Барои нигоҳ доштани мазут зарфҳои оҳанубетонӣ ва металлӣ, зарфҳои уфуқӣ ва амудии силиндрӣ бо боми статсионарӣ истифода мешаванд.
  10. Таҷҳизоти дар зарфи муқаррарӣ насбшуда бояд барои навъи зарф мувофиқ бошанд. Истифодаи таҷҳизоти дигар бо мувофиқаи таҳиякунандаи лоиҳа иҷозат дода мешавад.
  11. Ҳангоми нигоҳ доштани маҳсулотњои нафтии хеле часпанда ва сахтшаванда, бояд гармкунии онҳо пешбинӣ карда шавад. Интихоби навъи гармибар аз ҷониби корхонаи лоињакашӣ вобаста аз навъи маҳсулоте, ки нигоҳ дошта мешавад ё насб карда мешавад, хусусиятҳои физикию химиявии он ва нишондиҳандаҳои хавфи сӯхтор ва таркиш, шароити иқлим ва намуди зарфҳои анбор, анҷом дода мешавад.
  12. Ҳангоми гарм намудани маҳсулоти нафтӣ бо истифодаи гармкунакҳои фишори буғ набояд аз 0,4 МПа (4 кгс/см2) зиёд бошад.
  13. Қубурҳои буғӣ ва қубурҳои конденсат бояд мувофиқи талаботи санадҳои меъёрӣ оид ба шабакаҳои гармидиҳӣ ва дастгоҳҳо, инчунин истифодаи бехатарии қубурҳои буғӣ бо оби гарм таъмин карда шаванд.
  14. Гармкунакҳо бояд аз қубурҳои пӯлодии бе чок иљро карда шавад.
  15. Ҳангоми дар зарфҳо нигоҳ доштани нафт ва мазут, барои пешгирии љамъшавии таҳшинҳо системаи шуста бурдани он пешбинӣ карда шавад.
  16. Насб кардани таҷҳизоти барқӣ ва кашидани хати барқӣ дар дохили бастаи обанбор, ба истиснои системаҳои гармидиҳии электрикӣ, дастгоҳҳои назоратӣ ва автоматикӣ, инчунин дастгоҳҳои равшанидиҳӣ иҷозат дода намешавад. Бо асосноккунии мувофиқ насби каллоќҳои барқӣ дар њолати њимояи таркишӣ иҷозат дода мешавад.
  17. Барои таъмини бехатарии электростатикӣ, маҳсулоти нафтӣ бояд ба обанбор бидуни пошидан ва омехтаи шадид рехта шаванд (ѓайр аз њолатњое, ки агар технологияи омехтакуниро пешбинӣ накунад ва чораҳои махсуси бехатарии электростатикӣ пешбинӣ нагардида бошанд). Ҳангоми пур кардани зарфи холӣ, нафт (маҳсулоти нафтӣ) бояд бо суръати на бештар аз 1 м/с то пур кардани найчаи қабулкунанда ё то пайдоиши понтон расонида шавад.
  18. Ҳар як корхонаи истифодабаранда бояд дастурҳои оид ба истифода ва назорати техникӣ, усулҳои тафтиш ва рад кардани зарфҳоро дошта бошад.

 

  • 5. Анборҳои нигоњдории маҳсулоти нафтӣ

(дар зарфҳо)

  1. Ҷойгиркунии анборҳои мањсулоти нафтӣ ва мањсулот дар зарфњо ва талаботҳои умумӣ ба онҳо бояд ба стандартҳои бехатарии зидди сӯхтор барои анборҳои нафт ва маҳсулоти нафтӣ мувофиқ бошад.
  2. Намудњои зарфњо барои нигоҳдорӣ, талабот ба тайёркунӣ, пур кардан ва нишонгузории онњо, шароити нигоҳдорӣ, инчунин талаботи бехатарӣ њангоми пур кардан (бандубаст), нигоҳдорӣ бояд ба талаботњои нишонагузорӣ, борбандӣ, интиқол ва нигоҳдорӣ мувофиқат кунанд.
  3. Маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо дар биноҳои махсуси таҷҳизонидашуда ё зери айвонњо нигоҳ дошта мешаванд. Маҳсулоти нафтиро дар зарфҳо (ба истиснои моеъи зуддаргиранда) дар майдонҳои кушод дар ҳарорати паст на бештар аз як моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.
  4. Навъи моеъи гидравликии синтетикӣ, ки барои системаҳои гидротехникӣ ва таҷҳизоти фурудгоҳи ҳавопаймоӣ пешбинӣ шудааст, бояд дар маводи сӯзишворӣ дар анборҳои пӯшидаи мӯҳрдошта нигоҳ дошта шавад.

Нигоҳ доштани маҳсулоти нафтӣ ва газӣ дар ҷойҳои кушоди анборҳои сӯзишворӣ ва маҳсулотҳои нафтӣ манъ аст.

  1. Дар як анбор нигоҳ доштани моеъи зуддаргиранда МЗ (моеъи зуддаргиранда) якҷоя бо дигар моддаҳое, ки њолати таркишро ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.
  2. Анборҳои маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо метавонанд бо зарфҳо ва бастабандӣ дар як бино, инчунин насосҳо ва дигар ҳуҷраҳо бо шарти риояи таъмини меъёрҳои бехатарии зидди сӯхтор нигоњ дошта шаванд.
  3. Анборҳо ва майдонњои нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо бояд бо механизми боркунӣ ва борфарорӣ ва амалиёти нақлиётӣ муҷаҳҳаз бошанд. Дарҳои биноҳои анбор барои маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо бо назардошти риояи талаботи бехатарии гузаргоњ бо воситаи механизмњо таъмин карда шавад.
  4. Анборҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо бояд бо чунин таҷҳизотњо таъмин бошанд:

– муайянкунандаҳои консентратсияи њаво то ба вуљуд омадаи таркиш;

– системаи њавокашӣ, ки миќдори зарурии ивазшавии ҳаворо таъмин мекунад;

– дастгоҳҳои боркунӣ ва борфарорӣ.

  1. Фаршҳо дар биноҳои анбор барои нигоҳ доштани маҳсулоти нафтӣ дар зарфҳо, бояд аз масолењњои насӯзанда ва наљаббандаи мањсулоти нафтӣ сохта шаванд, ҳангоми нигаҳдории МЗ (моеъи зуддаргирианда) – аз масолењњое, ки ба вуљуд овардани шарораро истисно мекунанд. Сатҳи фарш бояд ҳамвор бошад ва бо назардошти нишебии резиши моеъ ба чоҳҳо иљро карда шавад.
  2. Таҷҳизотҳои барқӣ, ноқилҳои барқӣ, ва бастабандӣ зарфҳо бояд ба талаботи бехатарии зиддитаркиш мувофиқат кунанд.
  3. Тавсия дода мешавад, ки биноҳои пуркунӣ ва сӯзишворӣ бо дастгоҳҳои автоматикӣ барои паҳнкунӣ, борбандӣ ва муайян кардани миқдори маҳсулоти нафтӣ, амалиёти механикии борбардорӣ, ќубурњои ихрољкунанда ва воситаҳои худќаткунандаи пуркунӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.
  4. Гирифтани маҳсулоти моеъ ба зарфҳои ҷисман хурд, чун қоида, бояд бо тариќи хатҳои автоматӣ насбкардашуда ба амал бароварда шуда, амалиёти пуркунии дурусти маҳсулот риоя карда шавад.
  5. Дастгоҳҳои ченкунӣ, инчунин бастабандӣ ва пуркунӣ (камераҳо) моеъ ба зарфҳо бояд бо таљњизотњои худкашандаи дохилӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.
  6. Ба зарфҳое, ки мустақиман дар воситаҳои нақлиёт ҷойгир карда шудаанд, моеъњои сабукалангаро ба вуљудоваранда ва тездаргиранда рехтан манъ аст.
  7. Барои анборњои лоињашаванда ва таљдидшаванда дар таҳхона ҷойгир кардани зарфҳои нигоњдории равѓанњо манъ аст.
  8. Ҳама корҳои технологӣ оид ба қабул, нигоҳдорӣ ва пур кардани маҳсулоти нафтӣ дар контейнерҳо бояд тибқи талаботи регламенти тасдиқшудаи технологӣ (дастурамалњо) ва Қоидаҳои мазкур иҷро карда шаванд.

 

  • 6. Қубурҳои технологӣ

 

  1. Ба лӯлаҳои технологӣ қубурҳои анборҳои нафт ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ дохил мешаванд, ки тавассути онҳо маҳсулоти нафтӣ ва равған, реагентҳо, буғ, об, сӯзишворӣ барои таъмини раванд ва таҷҳизот интиқол дода мешаванд, инчунин қубурҳои нафт, ки тариқи онҳо маҳсулоти нафтӣ ба корхонањое, ки дар тавозуни нафтанбор (байни нафтанборњо ва ғайра) мебошанд, интиќол карда мешаванд).
  2. Дастгоњ ва истифодабарии қубурҳои технологӣ дар дохили анборҳо ва иншооти нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ мувофиқи талаботи бехатарии дастгоњ ва истифодаи бехатари лӯлаҳои технологӣ, истифодаи бехатари қубурҳои буғӣ ва оби гарм сурат мегирад.
  3. Корхонаҳое, ки қубурҳои технологӣ, анборҳои нафт ва анборҳои маҳсулоти нафтиро истифода мебаранд, барои дуруст ва бехатари истифодаи қубурҳо, назорати кори онҳо, санҷиш ва таъмири босифати саривақтӣ, масъуланд.
  4. Корхонаҳои лоиҳакаш муҳлати истифода, хизматрасонӣ, категорияҳо ва гурӯҳҳои қубурҳоро муайян мекунад.
  5. Барои интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ танҳо қубурҳои оњанин истифода бурда мешаванд. Истифодаи қубурҳои аз шиша ва дигар маводњои тезвайроншаванда, инчунин маводи даргиранда ва душвордаргиранда (фторопластика, полиэтилен, винил пластикӣ ва ғайра) иҷозат дода намешавад.
  6. Қубурҳо барои анборҳои сузишвории авиатсионӣ бояд аз ќубурњои сахти оњанин (низкоуглеродистой стал) сохта шаванд, ки хусусияти зидди зангзанӣ дошта бошанд. Ин қубурҳо инчунин бояд як қабати берунаи зидди зангзанӣ ва ҳангоми насби зеризаминӣ – муҳофизати катодӣ аз ҷараёнҳо дошта бошанд.
  7. Истифодаи маводи хӯлаҳои мис, кадмий ва пӯлоди руҳшуда дар таъмини сӯзишвории авиатсионӣ, иҷозат дода намешавад.
  8. Қубурҳои технологии маҳсулоти нафтӣ, дар анборҳои нафт бояд рӯизаминӣ ҷойгир буда, бояд аз болои конструксияњои насӯзанда (эстакада, пояњо ва такягоњ), гузаронида шаванд.
  9. Қубурҳои рӯизаминии технологӣ, ки дар пояњои алоњида, эстакада љойгир карда мешаванд, дар масофаи на камтар аз 3м бо гузаргоњ ва на камтар аз 0,5м аз девор бе гузаргоњ, ҷойгир карда шаванд.
  10. Зарурати гузоштани клапанҳои муҳофизатӣ, диаметри онҳо ва ќобилияти гузариш аз ҷониби корхонаҳои лоиҳакаш муайян карда мешавад.
  11. Гузаронидани қубурҳои нафт ва маҳсулотӣ нафтӣ бо нишебӣ боиси бошиддат равон шудани мањсулот њангоми манъ шудан, бо нишебии на камтар аз – 0,2% анҷом дода шавад.
  12. Истифодаи қубурҳои воридотии хориљӣ бо дастгоҳҳои барқии гармидињанда ва хатҳои технологӣ, ки дорои сертификати мутобиқат ва иљозати истифодаи онҳо бо тартиби муқарраршуда мебошанд, иҷозат дода мешавад.

 

  • 7. Истгоҳ ва дастгоҳҳои обкашӣ

 

  1. Мафҳуми дастгоҳњои насосӣ як дастгоњи насосӣ ё гурӯҳи дастгоҳҳои насосӣ фаҳмида мешавад, ки масофаи љойгиршавии онҳо аз њамдигар на аз 3 м зиёд мебошад. Дастгоњњои насосии (истгоҳҳо) маҳсулоти нафтӣ метавонанд дар иморати пӯшида (дар биноҳо) ва кушода (зери айвон) бошанд.
  2. Дар пойгоҳҳои дастгоњњои насосии кушода, ки дар зери айвон ҷойгиранд, майдони сохтмони пањлуи ињоташуда, на бояд бештар аз 50% масоҳати ќисми умумии паҳлӯи мањками иморат бошад. Ќисми муҳофизати девори анборҳои дастгоњњои насосии кушода бояд ба оташ тобовар буда, аз системаи њавокашии табиӣ таъмин бошад
  3. Системаи муҳофизати насос ва тарҳрезии моддии насос ва қисмҳои он бояд кори бехатарро дар тӯли тамоми муҳлати хизмат таъмин кунанд.
  4. Дар қубурњои фишорашон баланд, бояд клапани барнагаштани мањсулот насб карда шавад, то ки моддаҳои интиқолшуда ба қафо бар нагардад.
  5. Насосҳо бо системаҳои овоздињӣ ва қулфбанди муҷаҳҳаза карда мешаванд, ки бехатарии онҳоро тибқи дастурамалҳои истеҳсолкунандагон оид ба нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва санадҳои меъёрӣ ва техникӣ таъмин мекунанд.
  6. Насосҳои интиќолдињандаи маҳсулоти нафтӣ, новобаста аз мавќеи љойгиркунии онњо бояд назорати дистансионӣ бурда шавад.
  7. Барои анбори нави лоиҳашуда ва таљдидшуда мониторинги истифодаи дастгоњњо насосӣ, аз ҷумла сатҳи ларзиш бояд таъмин карда шавад.
  8. Истифодаи насос бо асбоби нодурусти фишор манъ аст.
  9. Дар истгоҳҳои насосии тариќи кушода системаи гармидиҳии фаршњо бояд таъмин карда шавад Дастгоҳҳое, ки фаршро гарм мекунанд, бояд ҳарорати сатҳи фарш + 5°C бо ҳарорати миёнаи тақрибан панҷ рӯзи хунуктарин таъмин кунанд.
  10. Ҷойгиркунонии насосҳо бояд мутобиқи талаботҳои сохтмонӣ ва риояи меъёрҳои бехатарии сӯхтор дар анборҳои нафт ва маҳсулоти нафтӣ амалӣ карда шаванд. Насосҳо ва қубурҳо дар биноҳои обкашӣ бояд тавре ҷойгир шаванд, ки барои нигоҳдорӣ, таъмир ва муоинаи онҳо бамаврид бошад.
  11. Барои сохтмони анборҳои лоињашуда ва таҷдидшуда истгоҳҳои насосии дар чуқурӣ ҷойгиршуда, манъ аст.
  12. Дар қубурҳои заҳкашҳо ва вентилятсияи ҳаво аз қубурҳои сӯзишвории нерӯгоҳҳои гармидиҳӣ бо фишори кории 2,5 МПа ва бештар аз он, бояд насби ду дастгоҳи пӯшида пешбинӣ карда шавад.
  13. Дастгоҳҳои сӯзишвории мазутӣ бояд дар беруни биноҳо ҷойгир карда шаванд – дар платформаҳои бетонии кушод, ки самти равиши мањсулот ва об ба чуќурӣ майл доранд.
  14. Дар биноҳои насос бояд кори хуб ва доимии дастгоҳҳои њавокашӣ таъмин карда шавад. Дар ҳолати корношоям будани дастгоњњои њавокашӣ, кор кардани насосҳо иҷозат дода намешавад.
  15. Биноҳои насос бояд бо дастгоҳҳои борбардоранда барои таъмири таҷҳизот муҷаҳҳаз гарданд, ки таҷҳизоти барқии онҳо бояд ба категория ва гурӯҳи омехтаи тарканда ва синфи минтақаи тарканда мутобиқи талаботи насби барқӣ мувофиқ бошанд.
  16. Ҳар як агрегати насос бояд шиноснома дошта бошад, ки дар он ҳама маълумот дар бораи таъмир ва ивазкунии қисмҳои он ворид карда мешавад. Дар њуҷҷатҳо бояд муҳлати таъмини оянда дарљ карда шавад.
  17. Насб, ба кор даровардан ва озмоиши насосҳо бояд мувофиқи дастурҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунанда гузаронида шавад.

 

  • 8. Системаҳои барқароркунии буғҳо

 

  1. Барои қабули иншооти лоиҳашаванда ва таҷдидшаванда, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ, фишори буғ аз 500 мм сутуни симобӣ тавсия дода мешавад, ки дастгоҳҳои статсионарӣ барои ҷамъоварӣ, роҳи оҳан ва гузаргоҳи автомобилӣ таъмин карда шаванд.
  2. Барои муҳофизати дастгоҳҳои барқарорсозии буғ аз баландшавии фишор, дар ҳолати зарурӣ дастгоҳҳои бехатарӣ бояд таъмин карда шаванд. Интихоб ва баҳисобгирии асбобњо мувофиқи талаботи муқарраршуда барои банақшагирии зарфҳои зери фишор амалкунанда гузаронида мешаванд.
  3. Ҳангоми насб кардани асбоби љаббиши буғӣ насби дастгоҳи эҳтиётӣ бояд таъмин карда шавад, ки ҳангоми кам шудан ё баланд шудани ҳарорат дар система, ё кам шудани фишор муайян карда мешавад.
  4. Сохти зарф барои ҷамъоварии буғҳои партофташуда, бояд қобилияти тағир додани ҳаҷми буғҳоро ҳангоми воридкунӣ ва обкашӣ таъмин кунад.
  5. Зарфи љамъоварии буғ бояд бо клапани бехатарӣ, дастгоҳи аз оташмуњофизаткунанда, дастгоҳҳои назоратӣ ва муҳофизати ҳолатҳои фавқулодда муҷаҳҳаз карда шавад.
  6. Таҷҳизот ва қубурҳо, ки дар агрегати барқарорсозии буғ бо системаи хунуккунӣ истифода мешаванд, бояд ба талабот оид ба нақша ва кори бехатари системаи хунукдињӣ мувофиқ бошанд.
  7. Истифодаи таҷҳизоти зиддитаркишии барқӣ, ки ба системаи барқарорсозӣ ва љойгиршавии минтақаҳои тарканда мансуб мебошад, бо гурӯҳҳои омехтахои тарканда ва минтақаи хатарнок дохил мешавад.
  8. Ҳангоми истифодаи дастгоњи људокунанда (сепаратор) дар таљњизоти љамъкунандаи буѓ, буѓи љамъшуда, бояд бо тариќи системаи автоматии кашиш ба зарфи махсус ҷамъ карда шавад.

 

  • 9. Барқарорсозии маҳсулоти нафтӣ
  1. Барои истифодаи оқилонаи маҳсулоти нафтии сарфшуда ва коҳиш додани таъсири манфии онҳо ба муҳити зист, бояд азнавсозӣ намуд.
  2. Қурби мубодилаи ҳаво ҳангоми вентилятсияи нерӯгоҳҳои барқароршавӣ бояд 12 мубодилаи ҳаво дар як соат бошад.
  3. Таркиби буғи мањсулоти нафтӣ дар ҳавои биноҳо барқароршавӣ набояд аз 5,0 мг/м3 зиёд бошад.
  4. Ҳарорати гармкунии маҳсулоти нафтии истифодашуда бояд аз 25°С камтар аз њарорати буѓи алангаоваранда бошад. Рехтани мањсулоти нафтӣ ҳангоми гарм кардан манъ аст.
  5. Гарм кардани мањсулоти нафтии истифодашудаи дар зафњо воридшуда, набояд бо фишори буѓи аз 0,05-0,1 МПа баланд бошад.
  6. Интиқоли маҳсулотҳои нафтии истифодашуда ва барқароршуда бояд бо насосҳои ҷудогона амалӣ карда шавад.
  7. Партовҳои дар таљњизотњои барқароршавӣ ба вуҷуд меоянд (маводи софкунӣ, реактивҳо ва ғайра) бояд мувофиқи қоидаҳои санитарӣ дар бораи тартиби ҷамъоварӣ, интиқол, безараргардонӣ ва партовҳои заҳрноки саноатӣ бартараф карда шаванд.
  8. Ҳангоми омодагӣ ба таъмири дастгоњњои тозакунандаи маҳсулоти нафтӣ, таҷҳизотњо аз кислотањо безарар гардонида, аз ишќорњо ва дигар моддањои зањрнок тоза ва шуста шуда, бо буғ ё гази инертӣ тоза карда шаванд.
  9. Ҳангоми истифодабарии дастгоњњои тозакунии маҳсулотҳои нафтии истифодашуда, њолати бехатарӣ бо риояи њуљљатњои техникӣ, санадҳои техникӣ ва Қоидаи мазкур иљро карда шавад.

 

  • 10. Талаботи бехатарии саноатӣ ва

системаҳои таъминоти техникӣ

  1. Системаҳои назорати автоматӣ ва назорати равандҳои технологӣ, ки бо таҷҳизотњо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ё тибқи нақшаҳои сохтмон ва таҷдиди анборҳои мавҷудаи нафт ва иншооти нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд, бояд ба талаботи бехатарии саноатӣ мувофиқат кунанд.
  2. Ҳангоми муайян кардани ҳаҷм ва сатҳи автоматикунонии назорати равандҳои технологӣ, инчунин зарурати воситаҳои автоматикӣ бояд талаботҳои бехатарии саноатӣ барои системаҳои назорат ва автоматизатсия, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва лоињаи технологии корхонаҳои таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ (анборҳои маҳсулотӣ), лоињаи резиши эстакадањои роҳи оҳан, моеъҳои зудсӯзанда ва сӯзанда ва газҳои карбогидратҳои моеъ, лоињаи системаи автоматии дар бораи бор кардани маҳсулоти нафтии сабук ба зарфҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ риоя карда шавад.
  3. Рӯйхати пешбининамудаи лоиҳаи ҳаракат, ки танзими корро нишон медиҳад, аз ҷониби роњбари техникии анбори нафт ва анбори маҳсулоти нафт тасдиқ карда мешавад.
  4. Ҷойгиркунии таҷҳизоти барқӣ ва назоратӣ, муҳофизати ҳолатҳои фавқулодда, алоқа ва огоҳӣ дар минтақаҳои хатарноки таркиш дар биноҳои истеҳсолӣ ва иншооти беруна бояд ба талаботҳои қоидаҳои мавҷудаи дастгоҳҳои барқӣ мувофиқат кунанд.
  5. Системаҳои назоратӣ, муҳофизати ҳолатҳои фавқулодда, алоқа ва огоҳӣ бояд дар ҷойҳои мувофиқ ва бехатар нигоҳ дошта шаванд.
  6. Таҷҳизоти назорат ва автоматизатсия дар ҳавои кушод насбшуда, ки иҷрои онҳо ба шароити иқлимии маҳал мувофиқ нест, бояд дар ҷевонҳои пӯшида гармшаванда љйгир карда шаванд.
  7. Системаи идоракунии автоматӣ ва назорати равандҳои технологии анбори нафт ба таври марказонида аз як нуқта амали карда шавад – оператор ё диспетчер. Ҷойгиршавии нуқтаи назоратӣ бояд ба талаботҳои қоидаҳои васлкунии барқ мувофиқат кунад.
  8. Дар утоқи идоракунӣ бояд алоќаи мобилӣ ва садодињӣ дар бораи ѓалишавии меъёри газ дар биноҳои саноатӣ ва ҳудуди иншооти идорашаванда ҷой дода шаванд.
  9. Гузаронидани равандҳои технологӣ ва истифодаи таҷҳизот бо дастгоҳҳои корношоям ё асбобњои хомушкардашуда, ки як қисми системаи назорат ва идоракунӣ мебошанд, манъ аст.
  10. Дар давраи иваз кардани элементњои системаи идоракунӣ ва анҷом додани амалиёти технологӣ бо тариќи дастӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат, амалҳои кормандони техникӣ бояд дар дастурамал инъикос карда шаванд.
  11. Дар системаҳои назорат ва муҳофизати фавқулодда, алоқа ва огоҳӣ истифодаи дастгоҳҳо ва дигар љузъњои, ки муҳлати хизматрасониашон гузаштааст ё муҳлати ба итмом расидани муҳлати санҷиш доранд, манъ аст.
  12. Усулҳои ченкунӣ, назорати воситаҳои ченкунӣ ва ташхиси бояд дақиқ тибќи стандарт ва бо тариќи андозагирии ченакҳои зарурии технологӣ, ки лоиҳа муқаррар кардааст, таъмин карда шаванд.
  13. Ҳангоми анҷом додани корҳои технологӣ дар вақти нигоҳдорӣ ва бо насос кашидани маҳсулоти нафт, параметрҳои маҳдудкунанда дар регламенти технологӣ (харита) барои ин амалиёт муқаррар карда мешаванд ва аз ҷониби роҳбари техникӣ тасдиқ карда мешаванд.
  14. Системаҳои технологии объектҳои сӯзишвории мазутӣ бо воситаҳои назорати таъмини бехатарии таркиш, бо сабти нишондодҳо ва аломати пешакии системаи садодињӣ, инчунин бо системаҳои идоракунии автоматӣ, системаҳои блоки технологӣ ва муҳофизати фавқулодда (технологӣ) мувофиқи дастурҳо оид ба ҳаҷми андозаҳои технологӣ, назорати автоматӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.
  15. Ҳама воситаҳои ченак бояд санҷида шаванд. Тартиби санҷиши воситаҳои ченак тибқи қоидаҳои метрологӣ амалӣ карда мешавад.

 

  • 11. Таъминоти барқ ва таҷҳизоти барқӣ
  1. Анборҳои маҳсулоти нафтӣ бояд аз ду манбаи мустақили барқ бо категорияи 1 эътимоднок бошанд. Барои қабулкунакҳои махсусан интиқоли қувваи барқ (таъмини қувваи барқ ба системаҳои муҳофизатӣ, алоќа ва огоҳкунӣ), барқ бояд аз ҷониби гурӯҳи -1 таъминкунандаи махсуси эътимоднок аз се манбаи мустақил дода шавад.
  2. Механизми таъмини барқи амалкунанда, ки қисми системаҳои муҳофизати электрикӣ мебошанд, бояд ба категорияи якуми эътимод аз ду манбаи мустақил таъмин карда шаванд.
  3. Барои таъмин намудани барқ дар сурати аз кор баромадани манбаи асосӣ дар система, бояд воситаҳое истифода шаванд, ки бо таври автоматикӣ аз манбаи асосӣ ба манбаи захиравӣ пайваст шаванд.
  4. Гузаронидани хатҳои кабелӣ бояд асосан бо роҳи кушод дар ҷойҳое анҷом дода шавад, ки таъсири ҳарорати баланд ва хисороти механикиро истисно накунанд. Дар ҳолати зарурӣ хатсайрҳо метавонад дар ҷойҳое ҷойгир карда шаванд, ки таъсири маҳсулоти нафтиро истисно мекунанд. Истифодаи кабелҳо бо изолясияи полиэтиленӣ манъ аст.
  5. Гузаронидани хати кабелӣ дар болои пулҳо, гузаргоҳҳо, бандҳо ва сутунҳо бояд бо қубурҳои пӯлодӣ гузаронида шаванд.
  6. Сӯрохиҳо дар деворҳо ва фарш барои гузаронидани ноқилҳо ва қубурҳо бо маводи оташнагиранда пӯшонида мешаванд.
  7. Дар анборҳои нафт, мувофиқи талаботҳои қоидаҳои насби дастгоҳҳои барқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар иншоотҳои маъмули сохтмонӣ гузаронидани хатҳои кабелӣ ва қубурҳои технологӣ иҷозат дода мешавад.
  8. Равшан кардани ҳудуди хоҷагиҳои обанбор бояд, чун қоида, бо чароғҳо ва прожекторњои барқӣ насб карда шавад.
  9. Дар сурати мавҷуд набудани чароғҳои доимии барқӣ, барои равшан кардани биноҳои зиддисухтор ва таркандаи муваққатӣ, қитъаҳои кушоди технологӣ, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти дигар аз истифода намудани чароғҳо зарур аст. Истифодаи лампаҳои сайёре, ки ба талаботи бехатарии таркиш ҷавобгӯ нестанд, манъ аст. Фурӯзон ва хомӯшкунакњои чароғҳо бояд берун аз минтақаи хатарнок қарор дошта бошад.
  10. Таъмири таҷҳизоти барќии аз таркишмуњифизаткунанда дар корхонањои махсус анҷом дода мешавад.
  11. Дар анборҳои нафт ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ дар минтақаҳои хатарноки дараҷаи B-1a, таҷҳизоти электрикии сатҳи муҳофизат аз таркиш истифода бурда мешавад, ки ба категорияҳо ва гурӯҳҳои омехтаи тарканда мувофиқат намуда, аз таркиш тобовар мебошанд.
  12. Дар биноҳои дараҷаи B-1б таҷҳизоти барқии муҳофизатшавандаи дараҷаи муҳофозатии на кам аз IP 44 насб карда шудаанд.
  13. Муҳарикҳои барќии садамавии њавокашӣ ва дастгоҳҳои оғози онҳо бояд сатҳ ва навъи муҳофизати таркишро, ки ба категория ва гурӯҳи омехтаҳои тарканда дар биноҳои тарканда ташаккул дода мешаванд, дошта бошанд.
  14. Таҷҳизоти барқӣ барои дастгоҳҳои беруна, ки берун аз минтақаи хатарнок ҷойгиранд, бояд нусхаи пӯшидаи муҳофизатии аз обу ҳаво дар шакли айвон дошта бошанд.
  15. Дар нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ, хусусан ҳангоми нигоҳдорӣ ва интиќол додани маҳсулоти нафтӣ дар контейнерҳо, мошинҳои электрикӣ – аробаҳои худгард худкор, мошинҳои барқӣ барои интиқоли мањсулоти нафтӣ истифода мешаванда.
  16. Ҳангоми ба кор даровардани дастгоҳҳои барқӣ (телферҳо, кранҳо, винчҳо) истифодаи симҳои троллейбусҳо ва коллекторҳои кушод дар ҷойҳои хатарнок манъ аст.
  17. Таъмини барќ тавассути кабели фасеҳ сурат мегирад, ки он дар ҳалқаҳо ҷамъ оварда шуда, ба аробаҳои ғилдиракдор боздошта мешавад ё ба барабан печонида мешавад.
  18. Дастгоҳ, насб, нигоҳдорӣ ва таъмири таҷҳизоти барқии анборҳои нафтӣ ва анбори нигоњдории маҳсулоти нафтӣ бояд ба талаботҳои қоидаҳои истифодабарии дастгоҳҳои барқ истеъмолкунандагон, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ мувофиқ бошанд.

 

  • 12. Раъдубарқмуҳофизаткунак ва

муҳофизат аз барқи статикӣ

  1. Таҷҳизоти технологӣ, бино ва иншоот, вобаста аз таъинот, синфҳои минтақаҳои тарканда ва оташсӯзӣ бояд бо муҳофизати барқ, муҳофизат аз электрикии статикӣ ва зуҳуроти такрории барқ бо риояи талаботи санадҳои меъёрӣ оид ба лоињакашӣ ва насби муҳофизати барқ дар биноҳо ва муҳофизат аз барқи статикӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.
  2. Дастгоҳҳо ва тадбирҳое, ки ба талаботи мављгардонаки барқӣ дар биноҳо ва объектњо мувофиқанд, бояд дар лоиҳа ва ҷадвали сохтмон ё азнавсозии нафтанборњо (иншооти инфиродии технологӣ, анбори мањсулоти нафтӣ) тавре сохта шаванд, ки муҳофизати барқ бо корҳои асосии сохтмонӣ ва васлкунӣ сурат гирад.
  3. Зарфҳои нигоњдории мањсулоти нафтии зуддаргиранда ва зуд аланга ба вуљудоварандаи њаљмашон на кам аз 100 ҳ. м3 бояд аз мављгардонаки барќӣ таъмин бошанд.
  4. Обанборҳои бо ғунҷойиши камтар аз 100 ҳ.м3 бояд аз зарбаи мустақими барқ муҳофизат карда шаванд:

– бадани зарф бо ғафсии металли 4 мм, дар худи нафтанбор ҷойгир шуда бошанд;

– корпуси обанбор бо ғафсии 4 мм ва зиёда аз он, инчунин зарфҳои алоњида бо ҳаҷми 200 м3, новобаста аз ғафсии металлии сақф ба пӯлодҳо ба заминӣ пайваст карда шудаанд.

  1. Муҳофизати такрорӣ аз чароѓакњо тавассути тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:

– таљњизотњои металлӣ ва ҳолатҳои ҳамаи таҷҳизот ва дастгоҳҳое, ки дар бинои ҳифзшаванда ҷойгиранд, бояд ба дастгоҳи васлкунандаи дастгоҳҳои барқӣ ё таҳкурсии оҳану бетонии бино, пайваст карда шаванд, ба шарте, ки онҳо ба арматураҳои худ пайванди барқии доимӣ дошта бошанд ва бо қисмҳои дохилӣ тавассути кафшер пайваст карда шаванд;

– ҳангоми пайвастани элементњои қубур ва дигар љисмњои металӣ, бояд тавофути муваққатии муќовимати на бештар аз 0,03 Ом пайваст карда шавад.

  1. Пайвастакњои мављќабулкунак бо токмањдудкунак ва токмањдудкунак бо заминпайвастак тибќи талаботи ќоида бо тариќи кафшерпайваст иљро карда мешавад, аммо барои роњ надодан ба корњои хатарноки оташӣ бо муруват пайваст карда мешаванд, ки муқовимати гузариши на бештар аз 0,05 Ом бо назорати ҳарсолаи охирин то оғози мавсими раъду барқ иҷозат дода мешаванд.

160.Заминпайвасткунакҳо, токмањдудкунакњо мунтазам назорат карда шуда, дар  панљ сол як маротиба аз санҷиши даврӣ гузаронида мешаванд. Ҳамасола 20% аз миқдори умумии ноқилҳои заминпайвастакњо ва ноқилҳо барои пешгирӣ аз зангзании кушода ва санҷида мешавад. Агар зиёда аз 25% масоҳати майдони қубургузар таъсир дошта бошад, пас чунин ноқилҳои заминпайваст иваз карда мешаванд.

  1. Натиҷаи санҷишҳо ва муоинаҳо дар шиносномаи дастгоҳи муҳофизаткунандаи барқ ва феҳристи дастгоҳҳои муҳофизат аз барқ сабт мешаванд.
  2. Биноҳо ва объектҳое, ки дар он ҷо консентратсияи буғњои тарканда ё оташгирандаи нафтӣ метавонад љамъ шаванд, аз ҷамъшавии қувваи барқи статикӣ бояд ҳифз карда шавад.
  3. Барои пешгирии пайдоиши њолати хатарноки қувваи барқи статикӣ, њатман ғункунии зарядҳои барқиро дар дастгоҳҳо ва маҳсулоти нафтӣ тавассути васл кардани дастгоҳҳои металлӣ ва қубурҳо бартараф карда, суръати ҳаракати маҳсулоти нафтро дар қубур коҳиш додан ва чош хурдани маҳсулоти нафтӣ пешгирӣ кардан даркор ё ки консентратсияи буғи нафт то њолати бехатар паст намудан лозим аст.
  4. Барои муҳофизат аз пайдоиши барќи статикӣ ба заминпайвастакњо асос мешаванд:

– зарфҳои зеризаминӣ барои моеъи зуддаргиранда ва дигар моеъҳои диэлектрикӣ, ки қобилияти омехта кардани таркишҳои буғиро бо ҳаво дар вақти бухоршавӣ доранд;

– қубурҳои рӯизаминӣ баъди њар 200 метр ба таври илова ба ҳар заминпайвастакњо пайваст бояд карда шаванд ;

– воситаҳои сайёри сӯзишворӣ ва насоси сӯзишворӣ – ҳангоми истифодаи онҳо;

– рельсҳои роҳи оҳани қитъаҳои боркунию борфарорӣ, ки бо ҳам бо барқ пайваст карда шудаанд, инчунин конструксияҳои металлии стеллажҳои борбардорию борфарорӣ аз ҳарду тараф дар тӯли дарозӣ;

– конструксияҳои металлии дастгоҳи пуркунӣ;

– ҳама механизмҳо ва таҷҳизоти пойгоҳҳои насосӣ барои маҳсулоти нафтӣ;

–  конструксияњои металлии лаби баҳр ва дарёҳо дар ҷойҳое, ки маҳсулоти нафтӣ фароварда мешаванд (бор карда мешаванд);

– каналҳои металлӣ ва гармкунакҳои гармидиҳӣ дар ҷойҳои хатарнок дар ҳар 40-50 метр.

  1. Дастгоҳи васлкунӣ барои муҳофизат аз барқи статикӣ бояд чун қоида, бо дастгоҳҳои заминпайваст барои муњофизати таҷҳизоти электрикӣ истифода шавад. Муқовимати дастгоҳи васлкунӣ, ки танҳо барои муҳофизат аз қувваи барқи статикӣ пешбинӣ шудааст, набояд аз 100 Ом зиёд бошад.
  2. Ҳама қисмҳои металлӣ ва ѓайриметаллии таҷҳизоти технологӣ новобаста аз татбиқи дигар чораҳои муҳофизатӣ аз нерӯи барқи статикӣ бояд бо заминпайвастак пайваст карда шаванд.
  3. Муҳофизати индуксияи электростатикӣ бояд тавассути пайваст кардани тамоми таҷҳизот, дастгоҳҳои дар биноҳо, иншоот ва дастгоҳҳо ҷойгиршуда ба майдони муҳофизатӣ таъмин карда шавад.
  4. Биноҳо бояд аз индуксияи электростатикӣ бо татбиқи торҳои тӯрњои симњои пӯлодӣ, ки диаметрашон 6-8 мм мебошанд, ба сақфи ғайриметаллӣ ҳифз карда шаванд, тарафи паҳлӯии сурохањо аз 10 см зиёд набошад, гиреҳи торҳо бояд санљида шаванд. Конструксияи металлии бино зеризаминии муайяншуда бояд бо корпуси таҷҳизот ва дастгоҳҳо бо тариќи заминпайвастак, пайваст карда шавад.
  5. Барои муҳофизат кардани индуксияи электромагнити байни қубурҳо ва дигар љисмњои васеи металлӣ (чаҳорчӯбаи сохтор, руйпуши кабелӣ), ки дар дохили бино ҷойгир шудаанд, дар наздикии мутақобилаи онҳо дар масофаи 10 см ё камтар аз ҳар 20 м дарозӣ, кафшер ё гудозиши металлро зарур аст, то пешгирии ташаккули ҳалқаҳои пӯшида. Ҳангоми пайвастагии унсурҳои қубур ва дигар ашёи металлии васлшуда, ки дар сохтори ҳифзшаванда ҷойгиранд, бояд гурӯҳбандии аз симҳои пӯлод бо диаметри на камтар аз 5 мм ё лентаи пӯлод бо тасмаҳои чуқуриаш на камтар аз 24 мм2 созанд.
  6. Барои муҳофизат кардан аз ҳаракатҳои потенсиали баланд тавассути алоқаи зеризаминии металлӣ (қубурҳо, кабелҳо, аз ҷумла онҳое, ки дар каналҳо ва нақбҳо гузошта шудаанд), коммуникатсияро ба ноқилҳои заминпайвастак муҳофизат аз индуксияи электростатикӣ ё заминаи муҳофизати таҷҳизот ҳангоми ворид шудан ба иншоот пайваст кардан лозим аст.
  7. Тамоми чораҳо оид ба муҳофизати биноҳо ва иншоот аз пайдошавии такрории безарядшавии электрикӣ, бо тадбирҳо оид ба муҳофизат аз барқи статикӣ мувофиқат мекунанд. Аз ин рӯ, дастгоҳҳоеро, ки барои пайдоиши такрории раъду барқи дубора пешбинӣ шудаанд, бояд барои муҳофизати биноҳо ва иншоот аз барқи статикӣ истифода баранд.

 

  • 13. Системаҳои алоќа ва хабардоркунӣ
  1. Анборҳои нафт ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ, ки объекти технологии категорияи мухталифи хатари таркишро дар бар мегиранд, аз ҷиҳати технологӣ бо ҳамдигар ва дигар иншоот бо системаҳои алоқа муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳангоми лоињакашии системаҳои алоқа ва хабардоркунӣ, талаботро барои ҷойгиркунӣ ва истифодаи онҳо, бояд тибқи санадҳои меъёрӣ амалӣ карда шаванд.
  2. Рӯйхати қисмҳои истеҳсолӣ, ки бо он системаи алоќа муқаррар карда мешавад, намудҳои алоќа аз ҷониби лоињакаш вобаста ба шароити истеҳсолӣ бо назардошти категорияи воҳидҳои технологӣ аз таркиш муайян менамояд.
  3. Дар блокҳои технологии ҳама категорияҳои хатари таркиш, воситаҳои техникӣ мавҷуданд, ки дар бораи ҳолати фавқулодда огоҳӣ медиҳанд.
  4. Таҷҳиҳоти хабардоркунии беруна бояд аз истифодаи таљњизоти саноатӣ шабоњатан фарқ дошта бошанд; ҷойгиркунӣ ва ҷобаҷогузории онҳо бояд бо дастрасии шахсони бегонаро ва имконияти истифодаи тасодуфиро истисно намояд. Дастгоҳҳои системањо овоздињӣ бояд мӯҳр карда шаванд.
  5. Ташкил, тартиби огоҳкунӣ ва амали ҳайати кормандони истеҳсолот дар ҳолатҳои садаммавӣ бо нақшаҳои маҳаллисозии ҳолатҳои садамма ва нақшаҳои вокуниши фаврии нафт ва маҳсулоти нафтӣ муайян карда мешаванд.

 

  • 14. Гармидиҳӣ ва њаводињӣ
  1. Системаҳои гармидиҳӣ ва њаводињӣ бо мақсади таъиншуда, дастгоҳ, хусусиятҳои техникӣ, лоиња, нигоҳдорӣ ва шароити истифода бояд ба талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва қоидаҳои лоињакашӣ мувофиқат кунанд.
  2. Ба сифати оби сардкунанда барои гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаво, одатан оби гарм бояд аз ҷониби ҷадвали ҳарорат танзим карда шавад. Барои биноҳо дар минтақаҳое, ки ҳарорати тарроҳии минус 40° C ва камтар аз он аст, истифодаи иловагиҳо барои пешгирии яхкунӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми истифодаи иловагиҳо моддаҳои хатарнок ва оташдор набояд истифода шаванд, инчунин моддаҳои зараровар ба миқдори зиёд, ки метавонанд садамаҳоеро ба вуқӯъ оранд, ки боиси партови аз ҳад зиёд аз миқдори таркиби моддаҳои зарарнок дар ҳавои корӣ ба амал оянд.
  3. Ҳарорати дохилии ҳаво дар биноҳои истеҳсолӣ дар мавсими сармо бояд ҳадди аққал чунин бошад:

– бо иштироки доимии кормандони нигоҳубин, 16 ° C;

– бо иштироки муваққатии ҳайати техникӣ 10°C (будубоши кормандони хидматрасонӣ ба таври доимӣ то 2 соат);

– дар биноҳои маъмурӣ-лабораторӣ 18 …. 22 ° С;

– дар утоқҳои идоракунӣ, утоқҳои технологияи микропросессор, параметрҳои доимии ҳавои дохилӣ (микроклимат) дастгирӣ карда мешаванд;

– ҳарорат 22-24°C;

– рутубати ҳавои нисбии 60 – 40%.

  1. Гузаронидани қубурҳои системаҳои гармидиҳӣ дар зери фарши биноҳои истеҳсолӣ манъ аст.
  2. Системаҳои вентилятсияи ихроҷӣ ҳаво бо индуксияи сунъӣ барои минтақаҳои хатарнок бояд бо як винтилятори захиравӣ таъмин карда шаванд (барои ҳар як система ё якчанд система), ки ҷараёни ҳаворо барои нигоҳ доштани консентратсияи дохили ҳаво, ки на зиёда аз 10% аз маҳдудияти паҳншудаи сӯзишворӣ (минбаъд МПС) дорад, таъмин мекунад. Винтилятори захиравӣ иҷозат дода мешавад: агар таҷҳизоти технологии бо он алоқаманд манъ карда шавад, вақте ки системаи вентилятсия қатъ шудааст; дар ҳолати вентилятсия ва консентратсияи газҳои тездаргиранда буғ таъмин карда шавад, ки он аз 10% (МПС) зиёд набошад. Њангоми имконнопазир будани насб кардан винтилятори захиравӣ, бояд системаи овоздињии садамавӣ ба кор дароварда, шавад.
  3. Дар объектҳои истеҳсолӣ, дар ҳолатҳои асоснок ва ҳисобҳо, вентилятсияи садамавӣ бояд насб карда шавад.
  4. Системаҳои вентилятсияи таъҷилӣ бояд ба таври худкор аз анализаторҳои газ дар чойи кор насб карда шаванд. Илова ба дохилкунии автоматӣ, дастурамалро таъмин кардан лозим аст (дурдасти маҳаллӣ, аз утоқи идоракунӣ).
  5. Вентилятсияи садамавӣ дар анборњои сӯзанда ва тарканда бояд бо мубодилаи ҳавои омехташавандаи 8-маротиба дар 1 соат илова бар вентилясияи асосӣ пешбинӣ карда шавад.
  6. Дастгоҳҳои њавољамъкунӣ барои системаҳои њаво таъминкунанда дар ҷойҳое пешбинӣ карда шаванд, ки буғҳои тарканда ва газҳоро дар њама шароит људо карда ба системаи њавокашӣ нафтанборњо даромадан роњ надињад.
  7. Ҳуҷраи таҷҳизоти њавокашӣ бояд аз ҳуҷраи хизматрасонӣ бо девори махсуси дарнагиранда ҷудо карда шавад. Дар даромадгоњњои ихроҷи таҷҳизоти вентилятсионӣ, ки аз девори њимоявии зидди оташ мегузаранд, бояд дастгоҳҳои оташпешгиранда, нигоҳ дошта шаванд.
  8. Таҷҳизоти системаҳои аз таркиш њимоякунанда, бояд дар шакли муқаррарӣ гирифта шаванд, дар сурате, ки дар гузаргоњњои ҳаво ҳангоми аз камераи њавокашӣ баромадани њаво, ба кор даромадани сарпушакњои муњофизатии зиддитаркишӣ пешбинӣ шудааст.
  9. Таҷҳизоти вентилятсия, қубурҳои металлӣ ва каналҳо барои системаи гармидиҳӣ ва вентилятсия бояд заминӣ бошанд.
  10. Дар бино барои системаҳои таъмини таҷҳизоти зарурӣ барои таъмини вентилятсияи маҷбурӣ бо на камтар аз ду баробар зиёд мубодилаи ҳаво дар 1 соат пешбинӣ кардан даркор.
  11. Дар утоқҳои таҷҳизоти системаҳои ҳавокашӣ бояд системаи њавокшии мубодилаи яквақтаи ҳаво барои 1 соат пешбинӣ шавад.
  12. Гузаргоњњои ҳаво бояд, чун қоида, аз пӯлоди галванӣ истифода шаванд.
  13. Автоматика ва бастани системаҳои њавокашӣ бояд бо мақсадҳои зерин таъмин карда шаванд:

– ба кор даромадани вентилятсияи садамавӣ автоматӣ дар бинои насбшудаи газтањлилкунандаи то 10% мављуд будани кофисиенти мављудияти газњои тарканда;

– нишон додани паст шудани фишори ҳаво ба системаҳо таъминот њаво дар утоқҳо, овоздињакњо дар ҳуҷраи идоракунӣ ҳангоми паст шудани фишор, ки кафолати фишори ҳаворо дар дохили бино медиҳад;

– садодињак (бо хориҷкунӣ ба нуқтаи идоракунӣ) дар бораи кори системаҳои њаводињаки доимоамалкунанда;

– танзими автоматии ҳарорати ҳавои дарунӣ ё ҳарорати ҳаво;

– муҳофизати автоматии гармкунакҳо аз яхкунӣ;

– автоматикунонии системаҳои ҳаво;

– хотимаи автоматии системаи њаводињӣ ҳангоми сӯхтор дар ҳуҷрае, ки бо системаи автоматии сӯхторхомушкунӣ ё садодињак муҷаҳҳаз шудааст;

– ба таври худкор ворид кардани њаводињаки эҳтиётӣ дар ҳолати аз кор баромадани њаводињаки корӣ бо додани ишораи пайваст намудани њаводињаки эњтиётӣ;

– бо тариќи автоматӣ ба кор даромадани системаи њавокашӣ њангоми пайда шудани дуд.

  1. Хотимаи ҳолати садамавии системаҳои њавокашӣ, ба истиснои системаҳое, ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонанд, бояд бо тугмаи ягона дар даромадгоҳи бино ҷойгир карда шаванд.

 

  • 15. Хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти технологӣ,

зарфҳо ва қубурҳо, системаҳои таъмини техникӣ

  1. Корҳои барқарорсозӣ, аз ҷумла сохтмон, насб, ба кор даровардан, инчунин ташхиси таҷҳизот бояд мутобиқи талаботи санадҳои меъёрӣ оид ба бехатарии саноатӣ ва ташкили таъмири корҳои бехатар дар корхона гузаронида шаванд.
  2. Ҳаҷм, давра ва тартиби ташкил ва гузаронидани нигоҳдорӣ ва таъмири таҷҳизот бо дарназардошти шароити мушаххаси истифодабарӣ тибқи дастуре, ки тартиби муқарраршуда таҳия ва тасдиқ карда мешавад, муайян карда мешаванд.
  3. Ҳангоми санҷиши зарфҳои пӯлодин ба ҳолати поёнии љойњои пайвандии бадани зарф ва кунҷи зарф диққати махсус дода мешавад. Агар дар љойњои кафшершуда ё дар бадани зарф тарқишҳо мавҷуд бошанд, он бояд фавран аз истифодабарӣ бароварда шавад.
  4. Натиҷаи азназаргузаронии техникии зарф дар шиносномаи ӯ аз ҷониби шахси масъул сабт карда мешавад.
  5. Мустањкамии тањкурсии њар як зарф бояд мунтазам назорат карда шавад. Барои зарфҳои нав сохташуда, дар давоми панҷ соли аввали фаъолият,на камтар аз як маротиба дар як сол, нивелировка дар ҳашт нуқтаи муқобили њамдигар гузаронида мешавад. Дар сурати ноњамвор будани тањкурсӣ, зарфи маҳсулоти нафтӣ холӣ карда мешавад.
  6. Дар ҳар як анбори мањсулоти нафтӣ, тавсия дода мешавад, ки як зарфи алоњидаи холӣ барои њолатњои садама ё сӯхтор ҷудо карда шавад. Њаљми он бояд аз зарфи калонтарин анбор кам набошад.
  7. Тоза кардани зарфњои роҳи оҳан ва омодагии онњо барои пур кардан дар нуқтаҳои махсус гузаронида мешавад.
  8. Тоза кардани зарфҳо ва контейнерҳоро аз љониби кормандони хизматрасон ё корхонаи махсус иљро карда мешавад.
  9. Ҳамаи зарфҳои металлӣ ба таври даврӣ тоза карда мешаванд:

– на камтар аз ду маротиба дар як сол – барои сӯзишвории авиатсионӣ;

– на камтар аз як маротиба дар як сол – барои дигар маҳсулоти нафтӣ ва равғанҳои сабук;

– дар ҳолати зарурӣ – барои мазут.

  1. Дар њолати дарозмуддат нигоњ доштани маҳсулоти нафтӣ, тоза кардани зарфҳои металлӣ пас аз холӣ кардан мумкин аст.
  2. Зарфҳои металлӣ, илова бар ин, бояд тоза карда шаванд:

– дар вақти таъмир;

– ҳангоми тайёрӣ ба сӯзишворӣ бо маҳсулоти нафтӣ нисбат ба маҳсулоти дар он ниҳоят сифатан баландтар.

  1. Таҷҳизоти барқии дастгоҳҳои тозакунӣ, ки барои тоза кардани зарфҳо истифода мешаванд, бояд ба таркиш тобовар бошанд.
  2. Ҳангоми тоза кардани зарф аз маҳсулоти равғании сулфур, боқимондаҳои маҳсулот бояд, то пурра тоза шудан ва пешгирӣ намудан аз њолати оташангезӣ дар намнок нигоњ дошта шаванд.
  3. Бартараф кардани буғи нафтӣ аз дохили зарф то њолати пешгирӣ аз консентратсияи таркиш тавассути шустушӯ кардани он бо маҳлулҳои махсуси обӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои кушодани механиконидашуда ё буғкунӣ, инчунин тавассути вентилятсияи ҳамаҷонибаи (маҷбурӣ ё табиӣ) пас аз амалиёти дар боло овардашуда сурат мегирад. Вентилятсия гузаронида намешавад, агар таҳлили намунаҳои ҳаво аз зарфи баландии ҳадди ҷойизи буғро нишон надиҳад.
  4. Вентилятсия гузаронида намешавад, агар таҳлили намунаи ҳаво аз зарф нишон надиҳад, ки меъёрҳои ҳадди аксари иҷозатдодашуда дар таркиби бухориҳои нафт нишон дода нашудаанд.
  5. Ҳангоми насб кардани нақшаҳои муваққатии қубурњо, ки бо кашидани боќимондаи мањсулот, бухоршавӣ, тозакунӣ ва шустушӯ, ки истифодаи наќшаи муваќќатии барќтаъминкунӣ ва таљњизотњои барќӣ алоқаманданд, (насоси сайёр, пускателњо, васлкунакҳо) бояд дар њолати риояи ѓайритаркишӣ иљро карда шаванд.
  6. Қубурҳо, ки барои тозакунӣ, шустушӯ ва тоза кардани зарфҳо пешбинӣ шудаанд, бояд пеш аз гузаронидани ин амалиёт кушода ва насб карда шаванд. Дар охири кор, онҳо бояд аз қисм ҷудо карда шаванд, берун аз партовҳои зарф нигоҳ дошта шаванд ва аз борону барф ҳифз карда шаванд.
  7. Ҳангоми интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ рафъи камбудиҳо дар таҷҳизоти корӣ манъ аст.
  8. Ҳамарӯза, инчунин пеш аз хушкшавӣ, пур кардани маҳсулоти нафтӣ бояд дастгоҳҳои пуркунӣ ва холикунӣ тафтиш карда шаванд. Натиҷаҳои тафтиш бояд дар китоб қайд карда шаванд.
  9. Озмоиши ихроҷи тамоми таҷҳизоти пуркунӣ ва тақсимкунӣ дар ду сол як маротиба а санљиши гидравликӣ ё пневматикӣ гузаронида мешавад.
  10. Барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани маҳсулоти нафтӣ дар контейнерҳо, чунин тадбирҳоро андешидан лозим аст:

– насб намудани зарф барои нигохдорнии об;

– насб намудани анбор бо шабакахои вентилятсионӣ;

– ҳамасола санҷиши ҳолати нигаҳдошт ва бартараф намудани  тамоми камбудиҳои ошкоршуда;

– ҳар сол аз ҷониби комиссияҳо бо мақсади муайян кардани зарурати нигоҳдорӣ ва таъмири капиталии иншоот.

  1. Бо мақсади пешгирии зарари бармаҳали анборҳо ва маҳсулоти нафтӣ, ки дар онњо ҷойгиранд, бомҳо ва болои зарфњо бояд мунтазам аз барф тоза карда шаванд ва пас аз фарорасии обхезиҳои баҳорӣ, илова бар ин, љуйборҳои обрав, қубурҳо ва обгузарҳо аз барф ва ях тоза карда шаванд. Пас аз раъду барқ, тундбоди шадид, анборро тафтиш карда ва камбудии муайяншударо бартараф кардан лозим аст.
  2. Барои дар ҳолати эътимоднокии доимӣ нигоҳ доштани дастгоҳҳои муҳофизаткунандаи барқ, онњо бояд ҳар сол пеш аз саршавии раъду барқ тафтиш карда шаванд. Илова бар ин, бояд мониторинги даврӣ ва санҷишҳои ғайринавбатии ҳолати дастгоҳҳои муҳофизаткунандаи раъду барқ гузаронида шавад. Ҳангоми санҷиши ҳарсола ва санҷиши дастгоҳҳои муҳофизаткунандаи барқ зарур аст:

-дастгоҳҳои мављмуҳофизаткунаки барқӣ, ки таъмирталаб шудаанд дар њолати мустањкамии механикӣ иваз ё таъмир карда шаванд;

– дараҷаи нобудшавии зангзании ҷузъиёти алоҳидаи муҳофизати барқро муайян карда ва барои муҳофизати зиддизангзанӣ ва мустаҳкам кардани ҷузъиётҳои аз зангзанӣ зарардида чораҳо андешид;

– санҷиши мустањкамии пайвастҳои электрикии қисмҳои насбшаванда дар ҳама дастгоҳҳои муҳофизаткунандаи барқ (нуқтаҳои кафшерӣ, болтҳо ва ғайраҳо);

– мутобиқати дастгоҳҳои муҳофизат аз барқ ва хусусияти таркибро санҷад ва дар сурати ошкор шудани дигаргуниҳои сохтмонӣ ва технологӣ дар давраи гузашта, муҳофизати барқро такмил диҳад ва онро ба нишондиҳандаҳои стандартӣ расонид;

– муқовимати ҳамаи ҷараёни гузаронандагонро чен кунад ва ҳангоми муқовимат ба замин ба миқдори ҳисобкардашуда (меъёрӣ) зиёда аз 20% зиёд карда шавад, барои муқовимат ба замин ба арзишҳои лозимӣ чораҳо андешид.

  1. Санҷиши муқовимати дастгоҳҳои заминӣ, инчунин пас аз таъмири муҳофизати барқ ва худи иншоот анҷом дода мешавад.
  2. Санҷишҳои ѓайринавбатии дастгоҳҳои муҳофизаткунандаи барқ, пас аз шамолҳои шадид (тӯфон) ва пас аз раъду барқҳои шадид бояд гузаронида шаванд.
  3. Асбобҳои барқдиханда бояд аломатҳои огоҳкунанда дошта бошанд, ки ба онҳо наздик шудан њангоми раъду барқ ба масофаи на камтар аз 4 метр манъ карда шавад.
  4. Ҳамаи таъмири дастгоҳҳои муҳофизатӣ бояд пеш аз сар шудани раъду барќ анҷом дода шавад.
  5. Нигоҳдории дастгоҳҳои назоратӣ, танзим ва автоматикӣ аз ҷониби мутахассисони махсус омӯзонидашуда, тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ барои истифода ва нигоҳдории истеҳсолкунандагони ин дастгоҳҳо ва дастурҳои истеҳсолкунандагон амалӣ карда мешаванд.
  6. Таҷҳизот, ки муҳлати муқаррарии истифодабариаш ба итмом расидааст, бояд аз ташхиси техникӣ гузарад. Истифодаи таҷҳизот бидуни хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатӣ иҷозат дода намешавад.
  7. Ҳама маводе, ки њангоми таъмир истифода мешаванд, бояд аз санҷиши воридотӣ гузаранд ва бояд дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат бошанд.
  8. Ҳама таҷҳизот ва дастгоҳҳои дар анборҳои нафт ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ насбшуда бояд шиносномаи корхони истеҳсолкунанда дошта бошанд.
  9. Ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ дар ҳудуди анборҳои нафт ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ дар минтақаҳои хатарнок қоидаҳои бехатариро истифода кардан лозим аст.
  10. Корҳои хатарноки газӣ, ки бо тайёр кардани таҷҳизот барои таъмир алоқаманданд, бояд мутобиқи талаботи санадҳои меъёрӣ оид ба ташкил ва бехатарии корҳои хатарноки газӣ анҷом дода шаванд.
  11. Таъмири таҷҳизот метавонад аз ҷониби корхони хидматрасон ё фармоишгар анҷом дода шавад. Роҳбарон ва мутахассисон, кормандони истеҳсолот бояд омӯзонида шаванд ва тибқи тартиби муқарраршуда аз санҷиши дониш гузаранд.
  12. Дар ҳолати насб, санҷиши техникӣ ё истифодабарӣ, мувофиқат накардани таҷҳизот ба талаботњои санадҳои меъёрӣ ва техникӣ он бояд бекор карда шавад.
  13. Барои бардоштан ва кашонидани қисмҳои вазнин ва таҷҳизоти алоњида, механизмҳои борбардори статсионарӣ ё сайёр пешбинӣ карда мешавад.
  14. Дастурамалҳои истеҳсолӣ пас аз ба охир расидани муҳлати амали онҳо бо тағйир додани схемаҳои технологӣ, лоињакашӣ ва тағйирот дар сохтори идоракунӣ, ки ба вазифаҳои шахсони мансабдори масъул таъсир мерасонанд, навсозӣ карда мешаванд.
  15. Анборҳои нафт ва маҳсулоти нафтӣ бояд бо тартиби муқарраргардида ҳамасола нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон ва баҳор-тобистон таҳия кунанд.
  16. Манъкунии иншоот бояд тибқи тартиби муқарраргардида оид ба ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба бехатарии саноатӣ ба муњлати дароз ва бехатар нигоҳ доштани объектҳои саноатӣ анҷом дода шавад.
  17. Қабулкунакҳои барқии системаҳои гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаво бояд дар ҳамон категорияе, ки барои қабулкунакҳои электрикии таҷҳизоти технологӣ ё муҳандисии бино насб карда шудаанд, пешбинӣ карда шаванд. Таъмини барқии системаҳои вентилятсияи садамавӣ, системаҳои рафъи дуд, системаҳои нигоҳдории утоқҳои барқӣ, илова бар системаҳои рафъи газҳо ва дуд пас аз сӯхтор, бояд категорияи 1-уми эътимоднокиро дар бар гиранд.

 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 2020, №1041 ба қайд гирифта шуд. Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2020, №46 тасдиқ карда шудааст

 

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК БО ТАРЗИ КУШОД

 

  1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
  2. Иҷрои Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод (минбаъд – Қоидаҳо) барои ҳамаи корхонаҳое, ки чунин фаъолиятро ба роҳ мондаанд (новобаста аз тарзи ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон) ҳатмӣ мебошад. Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод фаъолияти лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ, васеъкунӣ, азнавсозӣ ва азнавтаҷҳизонидан, муваққатан хобонидан ва барҳам додани объектҳои корҳои кӯҳиро дар бар мегирад. Объектҳои корҳои кӯҳӣ аз карерҳо, конҳои пошхӯрда, майдонҳои драгавӣ, объектҳои ишқоркунии тӯдавӣ, инчунин объектҳои коркарди партовҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, маъданҳои ғайрикондитсионии шахтаҳо, карерҳо, партовгоҳҳои обии фабрикаҳои бойгардонӣ, партовгоҳҳои тилло, партови дажғолии марказҳои барқию гармидиҳӣ (минбаъд-МБГ) ва корхонаҳои металлургӣ ба ҳисоб мераванд.
  3. Сохтмон, васеъкунӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонидани техникӣ (минбаъд сохтмон), истифодабарии объектҳои корҳои кӯҳии кушод бояд дар асоси лоиҳаҳое, ки тибқи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», дигар қонунҳо, Қоидаҳои мазкур ва меъёрҳои соҳавӣ оид ба бехатарии саноатӣ таҳия карда шудаанд, ба роҳ монда шавад.
  4. Шарти асосии қабули қарор дар бораи оғози сохтмон (истифодабарӣ) ва барҳамдиҳии объектҳои корҳои кӯҳии кушод мавҷуд будани хулосаи мусбати экспертизаи бехатарии саноатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мебошад. Лоиҳаҳои техникӣ барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти назорати кӯҳӣ) мувофиқа карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии объектҳои корҳои кӯҳии кушод бояд тибқи талаботҳои Қоидаҳои мазкур иҷро карда шавад.
  5. Барҳамдиҳии объектҳои корҳои кушоди кӯҳӣ бо барқарор намудани заминҳое, ки дар натиҷаи истифодабарии қаъри замин корношоям шудаанд, бояд дар як вақт гузаронида шаванд.
  6. Намудҳои фаъолияте, ки иҷрои онҳо иҷозатномаро талаб мекунад ва тартиби ба расмият даровардани иҷозатномаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.
  7. Ташкилотҳои лоиҳасоз тибқи тартиби муқарраргардида назорати муаллифиро нисбати лоиҳаҳои таҳиягашта, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва қарорҳои лоиҳа ба роҳ монанд.
  8. Барои санҷиши системаи нави коркард ва мукаммалгардонии системаи амалкунандаи коркард ва параметрҳои он, истихроҷи таҷрибавию саноатии конҳои канданиҳои фоиданок ё як қитъаи он дар асоси лоиҳа ё нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, ки бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст ва роҳбари корхона онро тасдиқ намудааст, рухсат дода мешавад.
  9. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод, сохторҳои техникии истифода мешуда, биноҳо ва иншоотҳо, ки дар ҳудуди қитъаи кӯҳкорӣ ҷойгир карда мешаванд, бояд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» ҳатман аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузаранд.
  10. Корхонаҳое, ки бо истихроҷи канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод машғуланд, уҳдадоранд, ки ташкил ва назорати истеҳсолиро оид ба риоя намудани талаботҳои бехатарии саноатӣ, ки қисми таркибии идоракунии бехатарии саноатӣ мебошад, ба роҳ монад.
  11. Ҳангоми қабули объекти корҳои кӯҳӣ барои истифодабарӣ мутобиқатии объект бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, омодагии ташкилот ба истифодабарии он ва амалҳо ҳангоми пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибати садамаҳо санҷида мешавад. Объектҳои корҳои кушоди кӯҳӣ бо тартиби муайянгардида бо иштироки намояндагони Хадамоти назорати кӯҳӣ барои ба истифода додан қабул карда мешавад.
  12. Дар ҳолати сохтмон, истифодабарӣ, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии объектҳои корҳои кӯҳии кушод аз нишондоди ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ берун баромадан рухсат дода намешавад. Дигаргуниҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ворид карда мешавад, бояд аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузашта, бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шавад.
  13. Корҳои таркишӣ дар объектҳои корҳои кушоди кӯҳӣ бо риояи «Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои таркишӣ» гузаронида мешавад.
  14. Лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ, азнавсозӣ ва аз истифода баровардани обпартовгоҳҳо ва захиракунандаҳои партовҳои моеъ дар объектҳои корҳои кушоди кӯҳӣ тибқи талаботҳои Қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
  15. Барои истифодабарии объектҳои корҳои кӯҳии кушод, дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Тартиби ба расмият даровардани эъломияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок, ки бо фармоиши сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2011, №03 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлия 16 сентябри соли 2011, №622 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, эъломияи бехатарии саноатии объекти истеҳсолии хатарнок тартиб дода мешавад. Роҳбари корхона барои пуррагӣ ва саҳеҳии маълумотҳое, ки дар декларатсияи бехатари саноатӣ дарҷ гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Эъломияи бехатари саноатӣ бо тартиби муайян гардида аз ташхиси бехатари саноатӣ гузаронида мешавад.
  16. Корхонаҳое, ки бо коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод машғуланд, тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» барои хизматрасонӣ бо қисмҳои махсусгардонидашудаи садамавию наҷотдиҳандаи кӯҳӣ бояд шартнома дошта бошанд ва инчунин барои пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои садамаҳо чорабиниҳо ба нақша гирифта амалӣ намоянд.
  17. Дар асоси моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» корхонаҳое, ки фаъолияти коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бо тарзи кушодро доранд, уҳдадоранд, ки барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё ин ки молумулки дигар шахсон ва муҳити зист дар ҳолати садама дар объекти истеҳсолии хатарнок суғурта намоянд.
  18. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ ё корҳои сохтмонии махсус дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод, ғайр аз Қоидаҳои мазкур, бояд ки талаботи қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмонӣ риоя карда шавад.
  19. Истифодабарии объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод, ки усули ишқоркунии тӯдагиро истифода мебаранд, бояд бо риояи талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии бехатарӣ ҳангоми майдакунӣ, ба хелҳо ҷудо кардан, бойгардонии канданиҳои фоиданок ва донакунии маъдан, хокаи маъдан ва Қоидаҳои мазкур ба роҳ монда шавад.
  20. Истифодабарии сехҳои ёрирасони корхонаҳои кӯҳӣ маъданӣ ва объектҳо бояд тибқи талаботҳои ҳуҷљатҳои меъёрӣ оид ба истифодабарии бехатарии сехҳои ёрирасони корхонаҳои кӯҳӣ-маъданӣ ба роҳ монда шавад.
  21. Ҷойҳои корӣ ва раванди истеҳсолӣ бояд ба меъёрҳои Қоидаи мазкур ҷавобгӯ бошад.
  22. Ба ҳамаи шахсоне, ки ба кор қабул карда мешаванд, бояд ба шахсоне, ки ба дигар кор гузаронида мешаванд, ҳатман дастури бехатарии меҳнат, омӯзиши бехатарона истифодабарӣ ва иҷрои кор, расонидани ёрии авалиндараҷа ба ҷабрдидагон гузаронида шавад.
  23. Роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳое, ки ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод машғуланд, бояд ки маълумоти дахлдор дошта бошанд, тибқи тартиби муқарраргардида омӯзонида ва аз аттестатсияи комиссияи Хадамоти назорати кӯҳӣ гузаронида шуда бошанд.
  24. Ба роҳбарии техникии корҳои кӯҳи ва таркишӣ дар объектҳои корҳои кӯҳии кушод шахсоне иҷозат дода мешаванд, ки таҳсилоти олӣ ва миёнаи кӯҳӣ-техникӣ дошта бошанд.
  25. Кормандоне, ки дар корҳои кушоди кӯҳӣ фаъолият менамоянд, вобаста ба самти иҷрои корҳо бояд маълумоти касбӣ дошта бошанд, барои усулҳои бехатарона иҷро кардани корҳо омӯзонида шуда бошанд, сигналҳои хабардиҳӣ ва рафтор ҳангоми садамаҳоро, ҷойи нигоҳдории воситаҳои наҷотдиҳиро донанд ва онро истифода бурда тавонанд; дастурамалҳои бехатарии раванди технологӣ ва хизматрасонии бехатаронаи мошинҳо ва механизмҳоро дошта бошанд. Ба кормандон на камтар аз 6 моҳ бояд дастури такрорӣ (даврӣ) оиди бехатарии меҳнат ва на камтар як маротиба дар як сол санҷиши дониши дастурамалҳои касабавӣ гузаронида мешавад. Натиҷаи санҷиш бо суратмаҷлис (протокол) дар китоби дастурдиҳӣ ва варақаи кории корманд қайд карда мешавад.
  26. Кормандоне, ки барои иҷрои корҳояшон якҷоя кардани якчанд ихтисосро дар бар мегирад, барои бехатарии меҳнат омӯзонида шуда, аз рӯи намудҳои корҳои якҷоямешуда дастур гузаронида мешавад.
  27. Ҳангоми тағйирёбии хусусияти кор ва инчунин баъди ҳодисаи нохуш, садама, ё ин ки дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дастури ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.
  28. Ба кор қабул кардан ва фиристондани шахсон ба коре, ки ба истифодабарии объектҳои корҳои кӯҳии кушод алоқаманд аст ва ба нишондодҳои тиббӣ мухолифат мекунад, манъ аст.
  29. Кормандон ва мутахассисон бо либосҳои махсус, пойафзоли махсус, бо кулоҳҳои муҳофизатии коршоям, айнак ва дигар воситаҳои худҳимоявӣ тибқи ихтисос ва шароит мувофиқи меъёрҳои тасдиқгардида бояд таъмин карда шаванд. Шахсоне, ки дар қайди ҷадвали расмии объекти корҳои кӯҳии кушод нестанд, лекин бо мақсади иҷро намудани супоришҳои истеҳсолӣ ба объект бо зарурат ташриф меоранд, бояд аз рӯи меъёрҳои бехатарӣ дастур гузаронида шуда, бо воситаҳои худҳимоявии фардӣ таъмин карда шаванд.
  30. Роҳбарони корхонаҳое, ки объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушодро истифода мебаранд, уҳдадоранд, ки шароити бехатарии меҳнатро таъмин кунанд, чорабиниҳои муҳофизатиро дар асоси баҳодиҳии хатарнокии ҳар як ҷойи корӣ ва объект дар умум ташкил намоянд.
  31. Супориш барои иҷрои кор бояд бо тариқи хаттӣ ба расмият дароварда шавад. Худсарона иҷро намудани корҳое, ки ба уҳдадории корманд тааллуқ надорад, манъ аст. Фиристодан ба ҷойҳои корие, ки талаботи қоидаҳои техникаи бехатарӣ вайрон шудааст, манъ аст.
  32. Барои иҷрои корҳое, ки талаботҳои баланди бехатарӣ муйян гардидааст, ба таври хаттӣ супориш-иҷозат бояд дода шавад. Ба ҳайати кормандони ташкилотҳои бегона барои иҷрои корҳо дар ҳудуди объект низ супориш-иҷозат дода мешавад. Дар он омилҳои хатарнок муайян карда шуда, сарҳадоти қитъа ё объекте, ки ташкилоти бегона барои иҷрои кор иҷозат дорад ва барои бехатарии истеҳсолӣ ҷавобгӯ аст, бояд нишон дода шавад.
  33. Ҳар як корманд қабл аз оғози кор аз ҳолати бехатарии ҷойи кории худ бояд боварӣ ҳосил намояд, мавҷудият ва коршоямии муњофизаткунакҳоро, воситаҳои муҳофизатӣ, асбобу механизмҳои кориро санҷад. Корманд ҳангоми ошкор кардани қоидавайронкунӣ оид ба талаботҳои бехатарӣ, ба кор шурӯъ накарда, ба устои кӯҳӣ, сардори қитъа, ҷонишини сардори қитъа (минбаъд- роҳбари техникии баст) бояд хабар диҳад.
  34. Дар ҳар як таҷҳизотҳои кӯҳӣ-нақлиётӣ дафтари қабул ва супоридани баст бояд бошад, ки тартиби бурдани дафтар аз тарафи ташкилоте, ки объекти корҳои кушоди кӯҳиро истифода мебарад, муақаррар карда мешавад. Дурустии бурдани дафтар мунтазам аз ҷониби роҳбари техникии баст (устои кӯҳӣ, сардори қитъа ва ҷонишини он) санҷида мешавад. Ҳар як ҷойи корӣ дар давоми баст аз тарафи устои кӯҳӣ, ва дар шабонарӯз аз ҷониби сардори қитъа ё муовини ӯ бояд аз назар гузаронида шавад ва дар ҳолати ошкор намудани қоидавайронкунӣ онҳо уҳдадоранд, ки барои иҷрои кор иҷозат надиҳанд.
  35. Ҳар як корманде, ки ҳолати хатарнокро, ки ба одамон, ба объектҳои истеҳсолӣ таҳдид менамояд (вайроншавии роҳи оҳан, мошину механизмҳо, шабакаҳои барқӣ, хислатҳои лағжиш, резиши уфуқҳо, сар задани сӯхтор ва ғайра) пай мебаранд, уҳдадоранд, ки дар ин бора ба роҳбари техникии баст хабар диҳанд, инчунин одамонеро, ки ба онҳо хатар таҳдид менамояд, хабардор намояд.
  36. Дар ҳар як корхона тартиби амали кормандон ва шахсони мансабдор ҳангоми ёфтани маводи тарканда дар коркардҳои кӯҳӣ, дар массаҳои кӯҳии баъди таркиш ё дигар ҳолатҳое, ки барои онҳо нигоҳдории маводи тарканда муқаррар карда нашудааст, бояд муайян карда шавад. Дар чунин ҳолатҳо роҳбари ташкилот уҳдадор аст, ки ба Хадамоти назорати кӯҳӣ хабар диҳанд.
  37. Кандаҳои кӯҳӣ ва гузаргоҳҳои ба онҳо пайвастшуда, ки дар онҳо хавфнокии ба онҳо афтидани одамон, мошин ва таҷҳизотҳо эҳтимолият дорад, бояд бо панҷара иҳота карда шуда, аломатҳои огоҳкунанда гузошта шаванд. Ҷойҳои фурӯрафта, чуқуриҳо, чуқуриҳои обҷамъшавӣ, чоҳҳои дренажӣ, шурфҳои ғайрифаъол ва дигар нақбҳои амудӣ бояд бо рӯйпӯши боэътимод маҳкам карда шаванд.
  38. Банд кардани ҷойҳои кории таҷҳизотҳо ва кандаҳои кӯҳии ба онҳо наздикро бо ҷинсҳои кӯҳӣ ва дигар асбобу олатҳо, ки рафтуомади одамон ва мошину механизмҳоро мушкил мегардонад, манъ аст.
  39. Рафтуомади одамон дар ҳудуди объекти корҳои кушоди кӯҳӣ бо роҳравҳои махсуси пиёдагардӣ ё бо канораи роҳи автомобилгард дар самти муқобили ҳаракат иҷозат дода мешавад. Ба хатсайрҳои ҳаракат ҳамаи кормандон бояд бо имзо шинос карда шаванд. Хатсайри ҳаракати одамонро роҳбари техникии корхона тасдиқ менамояд. Дар вақтҳои торикӣ роҳравҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард бояд бо рӯшноӣ таъмин бошанд.
  40. Дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод ба ҷойи кор бурдани кормандон бояд бо автомобили махсуси бо ин мақсад таҳҷизонидашуда сурат гирад. Хатсайр ва суръати кашондани одамонро роҳбари техникии ташкилот тасдиқ менамояд (дар ҳолати ба дигар ташкилот тааллуқ доштани нақлиёт, иловатан бо роҳбари ташкилоти паймонкор мувофиқа карда мешавад). Майдонча барои фаровардани кормандон бояд ҳамвор бошад. Майдончаи фаромадану баромадани одамон ба нақлиёт дар қисми ҳаракати роҳи автомобилгард манъ аст. Кашонидани одамон дар вагонҳои худхоликунанда, дар сабади (кузови) автомашинаҳои худрез, вагончаҳои боркашии роҳи танобӣ ва дигар нақлиётҳо, ки ба ин мақсад таъин нашудаанд, манъ аст.
  41. Барои робита байни зинаҳои объектҳои корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод лозим аст, ки зинапояҳои мустаҳками дастқаппакдори дутарафа, ки моилии на кам аз 600, ё ин, ки фаромадгоҳи нишебиаш на кам аз 200 зарур мебошад. Ҳангоми баландии зинапоя зиёда аз 10 метр будан, паҳноии он бояд на кам аз 0,8 метр бошад. Масофа ва ҷойи гузоштани зинапояҳо дар нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ муайян карда мешавад. Зинапояҳо ва майдончаҳо доимо бояд аз барф, ях ва ифлосӣ тоза карда шаванд, ҳангоми зарурат қум пошида шаванд.
  42. Дар гузаргоҳ ё гузаргоҳҳои зери конвейерҳои тасмагӣ бояд барои муҳофизати одамон аз ғалтидани пораҳои маводи интиқолшуда рафҳои муҳофизатӣ сохта шаванд.
  43. Манъ аст:

– ҳузури одамон дар ҷойҳои хатарноки таҷҳизотҳои коркунанда, дар њудуди эҳтимолияти кандашавии камарҳо дар зинаҳо ва дар наздикии онҳо;

– кор кардан дар қисми поёни зинаҳо дар камарҳо, дар ҷойи овезањои сангҳо, харсангҳо, инчунин овезаҳои барфӣ ва яхӣ. Дар сурати барҳам дода натавонистани ҷинсҳои овезон, ё ин ки тоза карда натавонистани канораҳо, бояд ҳамаи корҳо боздошт карда шавад, одамонро бароварда, қитъаи хатарнокро иҳота карда, аломатҳои огоҳикунанда гузошта мешавад.

  1. Барои ҳар як объекти корҳои кӯҳии кушод на дертар аз 15 рӯз то саршавии сол мувофиқи Тавсияҳо оид ба тартиб додани нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо (замимаи 1), нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо (минбаъд-НБС) тартиб дода, бо қисми махсусгардонидашудаи садамавӣ наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ мувофиқа карда мешавад.
  2. Ҳамаи ҳодисаҳои нохуш, садамаҳои истеҳсолӣ ва воқеаҳои ба онҳо монанд, тибқи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014, №462 тасдиқ шудааст, ба қайд гирифта шуда, тафтишот бурда мешавад. Оид ба ҳар як ҳодисаи ҷароҳатбардорӣ, ҷабрдида ва ё шоҳид уҳдадоранд, ки ҳатман ба роҳбари кор ё танзимгари кӯҳӣ хабар диҳад. Оид ба ҳар як ҳодисаи нохуш ё касалиҳои вазнин танзимгари кӯҳӣ ҳатман ба роҳбари ташкилот хабар медиҳад ва бригадаи «ёрии таъҷилии тиббӣ» -ро даъват мекунад. Ҷойи корие, ки дар он ҷо ҳодисаи нохуш ё садамаи истеҳсолӣ ба амал омадааст, агар ин ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар надошта бошад, бояд то саршавии тафтишот бетағйир нигоҳ дошта шавад.
  3. Дар ҳар як объекти корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод бояд системаи муҳофизатие амал кунад, ки даромадани одамони бегонаро дар объектҳои ҳаётан зарур ва инчунин биноҳою иншоотҳои хизматӣ истисно намояд.
  4. Бе иҷозати хаттии роҳбари техникии корхона (ғайр аз ҳолатҳои садамавӣ) боздошти иншоотҳои ҳаётан муҳим (зеристгоҳҳои электрикӣ, обҷамъкунакҳо, таҷҳизотҳои гармидиҳанда ва дигарҳо) манъ аст.

 

 

 

 

 

  1. ТАЛАБОТИ БЕХАТАРИИ ТЕХНИКӢ ҲАНГОМИ СОХТМОН ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОБЪЕКТҲОИ КОРҲОИ КУШОДИ КӮҲӢ

 

  • 1. Корҳои кӯҳӣ
  1. Корхонаҳое, ки бо коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод машғуланд, бояд таъмин намоянд:

– риояи талаботҳои қонунгузорӣ, инчунин стандартҳо ва меъёрҳои технологияи пешбурди корҳо вобаста ба истифодабарии қаъри замин ва коркарди аввалияи ашёи минералӣ, ки тибқи тартиби муқарраркардашуда тасдиқ карда шудааст;

– риояи талаботи лоиҳаҳои техникӣ, нақшаҳои (барнома) рушди корҳои кӯҳӣ, роҳ надодан ба талафёбии аз меъёр зиёд ва коркарди интихобии канданиҳои фоиданок;

– бурдани корҳои геологӣ, маркшейдерӣ ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ, нигаҳдории ҳуҷҷатгузорӣ дар раванди истифодабарии қаъри замин;

– пешниҳоди маълумоти дақиқ дар бораи захираҳои иктишофшуда, истихроҷмешуда, дар қаъри замин боқимондаи канданиҳои фоиданок ва файзнокии онҳо ба фонди иттилооти геологӣ ва идораи давлатии омор;

– тибқи тартиби муқарраргардида риояи стандартҳои тасдиқшуда (меъёр, қоида) дар самти ҳифзи қаъри замин, фазои атмосферӣ, замин, ҷангал, об ва инчунин бино ва иншоотҳо аз таъсири манфии вобаста ба қаъри замин;

– ба ҳолати корӣ овардан ва дар оянда барои истифода қарор додани майдони заминҳое, ки ҳангоми истифодабарии қаъри замин вайрон шудаанд, нигоҳдории кандаҳои кӯҳии иктишофӣ ва пармачоҳҳо, ки ҳангоми коркарди кон ва барои дигар мақсадҳои хоҷагидорӣ истифода бурда мешаванд;

– барҳам додани кандаҳои кӯҳӣ ва пармачоҳҳое, ки истифода бурда намешаванд;

– иҷро намудани шартҳои иҷозатномаҳо.

  1. Корҳои кӯҳӣ оид ба кофтани хандақҳо, коркарди зинаҳо, майдонҳои заҳбурканӣ, рехтани партовҳо бо дарназардошти шароити муҳандисӣ-геологӣ ва истифодаи дастгоҳҳои истифодашаванда тибқи лоиҳаи маҳаллии иҷрои корҳо (шиноснома), ки роҳбари техникии корхона тасдиқ намудааст, бояд иҷро карда шавад. Дар шиноснома андозаҳои имконпазири майдонҳои корӣ, бермаҳо, кунҷҳои афтиш, баландии зинаҳо, призмаҳои фурӯравӣ, масофа аз таҷҳизотҳо ва нақлиётҳои кӯҳи то канори зина ва партовгоҳҳо нишон дода мешавад. Муҳлати амали шиноснома вобаста ба шароити пешбурди корҳои кӯҳӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми тағйир ёфтани шароити кӯҳӣ-геологии корҳои кӯҳӣ то аз нав таҳия намудани шиноснома, корҳои кӯҳӣ бояд боз дошта шаванд. Ҳамаи шахсони назоратчии техникӣ, мутахассисон ва кормандоне, ки корҳои дар шиноснома нишондодашударо иҷро менамоянд, онҳое, ки барояшон талаботҳои шиноснома муҳим аст, дар шиноснома бо имзо бояд шинос карда шаванд. Бурдани корҳои кӯҳӣ бе шиносномаи тасдиқшуда ва инчунин вайрон кардани талаботҳои он манъ аст.
  2. Атрофи майдони саноатии объекти корҳои кушоди кӯҳӣ бояд бо минтақаи ҳимоявӣ- санитарӣ муқаррар карда шуда бошад, ки андозаи он дар лоиҳа тибқи меъёрҳои санитарии амалкунанда муайян гардидааст.
  3. Баландии зинаҳо дар лоиҳа нишон дода мешавад, ки он дар натиҷаи таҳқиқи хосиятҳои физикӣ- механикии ҷинсҳои кӯҳӣ ва кандании фоиданок, инчунин шартҳои кӯҳӣ-геологии хобиши он ва параметрҳои таҷҳизотҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми истифодабарии экскваторҳо ва боркунакҳои гидравликӣ бехатарии баландии зина бо назардошти андозаи давраи ҳаракати бели (ковш) он ҳисоб карда мешавад.
  4. Ҳангоми истифодабарии экскаваторҳои танобӣ баландии зина:

– на бояд аз баландии максималии кории бели экскаватор;

– баландӣ ва ё жарфи кории драглайн ва экскваторҳои бисёрбела, занҷирӣ ва роторӣ зиёд бошад.

-дар ҷинсҳои кӯҳии нарм, мустаҳкам ва зич 6 м ва дар ҷинсҳои кӯҳии нарм ноустувор ва резанда 3 метр бошад.

  1. Ҳангоми коркарди ҷинсҳои кӯҳӣ бо тариқи корҳои пармакунию таркишӣ баландии зина то якуним баробари баландии кории экскватор иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат зинаҳо ба зерзинаҳо тақсим карда мешаванд ё чораҳои махсус оид ба бехатар иҷро намудани фурӯрезонии овезаҳо таҳия ва амалӣ карда мешавад.
  2. Нишебии зинаҳои корӣ дар лоиҳа бо дарназардошти хусусиятҳои физикию механикии ҷинсҳои кӯҳӣ муайян карда мешавад:

-ҳангоми кори экскаваторҳои навъи бели механикидошта, драглайнҳо ва экскаваторҳои роторӣ – аз 800;

-ҳангоми кори экскаваторҳои занҷирии бисёрковша бо кандан аз поён ва ҳангоми коркарди дастии ҷинсҳои кӯҳии суст, рехташаванда, аз кунҷи афтиши табии ин ҷинсҳо бояд зиёд набошад.

  1. Меъёри ниҳоии нишебии зинаҳо дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод (карер), канораҳои қитъаҳои муваққатан хобондашуда ва канораҳоро дар умум (кунҷи боэътимод) лоиҳа муайян менамояд ва дар раванди истифодабарӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ, бо хулосаи мусбии экспертиза оид ба баҳодиҳии эътимоднокии девораҳо ва нишебиҳои карер саҳеҳ карда мешавад.
  2. Паҳноии майдонҳои кории объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод бо назардошти таъиноти истифодабарӣ, инчунин ҷойгиршавии таҷҳизотҳои кӯҳӣ нақлиётӣ, роҳҳои нақлиётӣ, хати барқ ва алоқа дар он тибқи лоиҳа муайян карда мешавад. Масофаи канори поёни зина (анбуҳи ҷинсҳои кӯҳӣ) ва канори болои зина то тири наздиктарини роҳи оҳан бояд аз 2,5 метр кам набошад.
  3. Ташкил кардани девораҳои ғайрикории объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод ва аз нав ба кор даровардани онҳо дар асоси лоиҳаи корие, ки бехатарии гузаронидани онҳоро пешбинӣ менамояд, бояд гузаронида шавад.
  4. Ҳангоми корҳои қабаткушоӣ масофаи байни канораи поёнии нишебии зинаи карер ва хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ тибқи лоиҳа муқаррар карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани роҳи оҳан ва ё конвейрҳо масофа аз канораи поёнии хоктӯда то тири роҳи оҳан ва ё тири конвейр на бояд аз 4 метр кам бошад.
  5. Фосилаи байни бермаҳои ҳамҳудуд ҳангоми саркӯб кардани зинаҳо ва овардани онҳо дар ҳолати ниҳоӣ, паҳноӣ, сохт ва тартиби хизматрасонии бермаҳои ҳимоявӣ дар лоиҳа муайян карда мешавад. Ҳангоми истифодабарии кон нишондодҳои зинаҳо ва бермаҳои ҳимоявӣ дар ҳолати зарурӣ дар асоси натиҷаи ташхиси хусусиятҳои физикӣ – механикии ҷинсҳои кӯҳӣ дар лоиҳа дақиқ карда мешавад. Ҳангоми саркӯб намудани зинаҳо ва овардани онҳо дар ҳолати ниҳоӣ нишебии умумии канораҳои карер, ки дар лоиҳа нишон дода шудааст, бояд риоя карда шавад.
  6. Бурриши кундалангии бермаҳои ҳимоявӣ бояд ҳамвор бошанд, ё нишебии он ба тарафи девораи объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод равон шуда бошад. Бермаҳое, ки дар он кормандон мунтазам рафтуо мекунанд, бояд панҷараи муҳофизатӣ дошта бошад ва ҳама вақт аз рехтаҳо ва пораҳои ҷинсњои кӯҳӣ тоза карда шавад.
  7. Дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод назорати ҳолати девораҳо, хандакҳо, зинаҳо, нишебӣ ва хоктӯдаҳо зарур мебошад. Дар ҳолати падидор шудани нишонаҳои ҳаракати ҷинсҳои кӯҳӣ, корҳо хотима дода шуда, чораҳо оид ба мустаҳкам намудани онҳо бояд таъмин карда шавад. Корҳо бо иҷозати роҳбари техникии корхона дар асоси лоиҳаи ташкилии корҳо, ки тарзи бехатарии иҷрои корҳоро таъмин менамояд ва аз тарафи ӯ тасдиқ карда шудааст, аз нав барқарор карда мешавад. Муҳлати азназаргузаронӣ ва мушоҳидаҳои инструменталии деформатсияи девораҳо, нишебиҳо, зинаҳо ва хоктӯдаҳои объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод, тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор муайян карда мешавад.
  8. Мунтазам тоза намудани зинаҳо аз ҳаргуна овезаҳо ва камарҳо ҳатмӣ мебошад. Корҳои тозакунии нишебиҳо ва зинаҳо бояд бо усули механиконидашуда гузаронида шавад. Тоза намудани зинаҳо бо истифодаи корҳои пармагарӣ таркишӣ танҳо дар асоси лоиҳаи махсус иҷозат дода мешавад. Дастӣ тоза намудан дар асоси супориш- иҷозат таҳти назорати бевоситаи роҳбари баст ва ё сардор амалӣ карда мешавад.
  9. Дар ҳолати кор намудан дар нишебиҳои зинаи кунҷи моилиаш зиёда аз 350, шахсони пармакунанда, тозакунандаи нишебиҳо ва иҷрокунандаи дигар намуди корҳо, ки дар асоси супориши корхона ва тибқи лоиҳаи алоҳида гузаронида мешавад, дар ҳузури шахси назоратчӣ бо истифода аз камарбанди ҳимоявӣ ва таноб, ки дар такягоҳи боэътимод мустаҳкам карда шудааст, амалӣ карда мешавад. Камарбанди ҳимоявӣ ва тасмаҳои эҳтиётӣ ҳангоми истифодабарӣ тибқи талабот бояд аз озмоиш гузаронида шуда, дар бораи таърихи озмоиши навбатӣ тамға дошта бошад.
  10. Масофаи уфуқии ҷойҳои корӣ ё механизмҳо, ки дар ду зина ба таври амудӣ ҳамҳудуд қарор доранд, бояд на кам аз 10 м ҳангоми коркарди дастӣ ва ҳангоми коркард бо экскаватор бояд на кам аз якуним баробари доираи (радиуси) ниҳоии кори экскаватор ташкил диҳад. Ҳангоми кори ду ва зиёда экскаваторҳо дар як уфуқӣ корӣ, масофаи байни онҳо на кам аз суммаи максималии доираи кори онҳо (экскаваторҳо) қабул карда мешавад (барои драглайнҳо бо дарназардошти масофаи партофтани ковш).
  11. Дар мавзеъҳое, ки бо сабаби мавҷудияти коркардҳои зеризаминӣ ё холигиҳо эҳтимолияти резиш, фурӯравиҳо ба вуҷуд омадааст, бояд чораҳои махсус андешида шаванд, ки бехатарии корҳоро таъмин намояд (пармакунии пешакии иктишофӣ, ҳангоми таркиш муваққатан ба ҷойи дигар бурдани мошину таҷҳизотҳои кӯҳӣ, ки дар наздикии мавзеи хатарнок қарор доранд ва ғайра). Дар баробари ин зарур аст, ки аз ҳолати девораҳо ва майдонҳо мушоҳидаҳои маркшейдерии дақиқ гузаронида шаванд. Ҳангоми падидор гаштани аломатҳои ғеҷиш корҳо қатъ карда мешаванд. Аз нав барқарор намудани кор танҳо дар асоси лоиҳаи махсуси иҷрои корҳо, ки аз тарафи роҳбари техникӣ тасдиқ шудаасту ва бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст ва дар он чораҳои иловагии бехатарӣ нишон дода шудааст, иҷозат дода мешавад.

65.Дар лоиҳаи коркарди конҳое, ки аз ҷинсҳои кӯҳии ба ярчшавӣ моилдошта таркиб ёфтаанд, бояд чораҳои махсуси бехатарӣ пешбинӣ карда шаванд. Агар тамоили ярчшавӣ дар ҷараёни корҳои кӯҳӣ мушоҳида шавад, дар лоиҳа иловаҳои зарурӣ ворид намуда, чораҳои бехатарии дар лоиҳа дарҷгардидаро амалӣ намудан зарур аст.

  1. Ҳангоми дар кон дар як вақт гузаронидани корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод ва зеризаминӣ, инчунин иҷрои корҳо ва истифодаи нақбҳои зеризаминии дренажӣ, дар асоси чорабиниҳои якҷояе, ки бехатарии кормандонро дар корҳои кушод ва зеризаминӣ таъмин менамояд ва бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст, амалӣ карда мешавад, аз ҷумла:

-мувофиқакунонии нақшаҳо ва ҷадвали бурдани корхои кӯҳӣ ва таркишӣ;

– истифодаи нақшаи ҳаводиҳии фишории корҳои зеризаминии кон;

– аз тарафи намояндагони ташкилотҳои касабавии наҷотдиҳию садамавӣ санҷиши ҳолати атмосфераи нақбҳои зеризаминӣ баъд аз таркишњои калон дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод (карер);

-пешгирӣ намудани ҳолати хавфи рахназании об ба объектҳои кандаҳои зеризаминӣ аз объектҳои корҳои кӯҳии кушод;

-таъмин намудани масъулини баст, сардорҳо бо воситаҳои санҷишӣ бо мақсади назорати таркиби атмосфера аз лиҳози моддаҳои заҳролудкунандаи таркишӣ.

  1. Иҷрои чорабиниҳои мазкур мунтазам аз тарафи роҳбари техникӣ ва мутахассисони объектҳои корҳои кӯҳии кушод ва зеризаминӣ назорат карда мешавад. Корҳо бояд тибқи ҳуҷҷатгузории меъёрӣ оид ба бехатарона гузаронидани корҳои кӯҳӣ дар корҳои муштараки (маҷмӯии) коркарди маъдан ва ғайри маъдани конҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шавад.
  2. Бурдани корҳои кӯҳӣ бо технологияи бетаркиш ва ё муштараки омода намудани анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳии сахт барои бор кардан бо истифода аз моеъҳои нармкунанда, бо регламенти махсуси технологӣ (харита) ташкил карда мешавад. Дар регламент тадбирҳои бехатарии истифодабарӣ ва тайёр намудани моеъҳо, инчунин бузургиҳои корҳои пармакунӣ таркишӣ, пуркунӣ ва корҳои кӯҳӣ дар назар дошта мешавад. Регламенти технологиро роҳбари техникии ташкилот тасдиқ менамояд.
  3. Дар коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ки майли худдаргирӣ доранд, кушодан, тайёр намудан ва истихроҷ бояд бо назардошти ин омил гузаронида шавад. Хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳие, ки ба он ҷинсҳои кӯҳии майли худдаргирӣ рехта мешаванд, бо риояи ҳатмии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ карда шудааст, ташкил карда шавад.
  4. Ҳангоми бурдани корҳо дар мавзеъҳое, ки хавфи фаромадани тарма ва сел вуҷуд дорад, ҳатман чораҳои муҳофизатӣ аз тармафароӣ ва сел бояд амалӣ карда шавад. Нақшаи чорабиниҳои зиддитармафароӣ ва зиддиселӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани шароитҳои маҳаллӣ таҳия карда шуда, аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ карда мешавад.
  5. Корҳои обкунии замин, бояд дар асоси лоиҳаи махсус, ки бехатарии бурдани корҳоро таъмин менамояд, амалӣ карда шавад.
  6. Кандаҳои кӯҳна ва зериобмонда, манбаъҳои обии рӯизаминӣ бояд дар нақшаҳои корҳои кӯҳӣ нишон дода шаванд.
  7. Корҳои кӯҳӣ дар наздикии кандаҳои кӯҳии зериобмонда ё манбаъҳои обӣ, тибқи лоиҳаи махсус, ки гузоштани сутунҳои махсусро барои пешгирии рахназании об пешбинӣ менамояд, гузаронида мешавад.
  8. Дар ҷойҳое, ки ба кормандон ва таҷҳизотҳо хавф таҳдид менамояд (манбаъҳои обӣ, кандаҳои зериобмонда ва ғайра) бояд ҳатман аломатҳои огоҳкунанда гузошта шаванд.
  9. Корхонаҳое, ки тибқи иҷозатнома дар соҳили дарёҳо ва ё маҷрои дарёҳо ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок машғуланд, уҳдадоранд, ки оид ба соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳо тартиб дода, онро амалӣ намоянд.
  10. Ҳаҷми солонаи истихроҷи омехтаҳои регу шағал аз соҳил ва маҷрои дарёҳо бояд бо ташкилоту мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла бо Вазорати нақлиёт ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мувофиқа карда шавад.
  • 2. Корҳои пармагарӣ
  1. Мавзеъҳои корӣ барои корҳои пармагарӣ бояд таъмин бошанд:

– бо фронти корӣ (майдончаи тозакардашуда ва ҳамворкардашуда);

– бо маҷмуъи асбоби коршоями пармакунӣ;

– бо лоиҳаи (шиноснома, харитаи технологӣ) корҳои пармакунӣ.

  1. Таъмини маркшейдерии корҳои пармагарӣ – таркишӣ бояд тибқи талаботҳо муқарраркардашуда, гузаронида шавад.
  2. Дастгоҳи пармакунӣ бояд дар майдончаи ҳамвор кардашуда, дар масофаи бехатар аз канори болоии зина, ки дар асоси ҳисоб ва ё лоиҳа муайян кардашуда, на кам аз 2 м аз канори зина то нуқтаи наздиктарини такягоҳи дастгоҳ гузошта мешавад. Тири дарозии он ҳангоми пармакунии қатори якуми пармачоҳҳо бояд ба хати канори зина перпендикуляр бошад. Ба зери домкрати дастгоҳи пармакунӣ пораҳои ҷинсҳои кӯҳиро гузоштан манъ аст. Ҳангоми гузоштани дастгоҳи пармагарӣ бо пармакунии куррашакл дар қатори якуми пармачоҳҳо бояд аз канори зина идораи дастгоҳ ба таври дистансионӣ амалӣ карда шавад.
  3. Ҷойивазкунии дастгоҳи пармакунӣ бо манораи бардошташуда дар зина танҳо дар майдончаи ҳамворкардашуда иҷозат дода мешавад. Дар мавриди гузарондани дастгоҳи пармагарӣ аз як зина ба зинаи дигар ё дар зери хати барқи баландшиддат, манораи он бояд ба ҳолати нақлиётӣ хобонида шуда, асбоби пармакунӣ ҷудо ё боэътимод мустаҳкам карда мешавад.
  4. Пармакунии пармачоҳҳо тибқи дастурамале, ки дар асоси дастурамалҳои соҳавӣ барои намудҳои алоњидаи пармакунӣ, ки (аловӣ, даврагӣ ва ғайра) аз тарафи ташкилотҳо таҳия гардидааст, гузаронида мешавад.
  5. Пармакунии пармачоҳҳо бо дастгоҳҳои пармакунии аловӣ (ҳароратӣ) дар нақбҳои кӯҳӣ, ки ҷинсҳои кӯҳии майли худдаргирӣ доранд ва газҳои зарҳолуд мебароранд, манъ аст.
  6. Пармачоҳҳое, ки қутри даҳанаи онҳо зиёда аз 250 мм аст, баъд аз тамом кардани пармакунӣ бояд маҳкам карда шаванд. Қитъаҳои пармачоҳҳои пармакардашуда бояд бо аломатҳои огоҳкунанда иҳота карда шавад. Тартиби иҳота намудани минтақаҳои пармакардашуда ва маҳкамкунии онҳо аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ карда мешавад.
  7. Ғалтаки дастгоҳҳои пармакунии чархзананда бо васл ва ҷудокунии ғайримеханикии қубури пармачоҳ ва тозакунии даҳанаи пармачоҳ, бояд панҷараи муҳофизатӣ дошта бошад, ки дар муҳаррики чархзанӣ бо додани қувваи барқ муњосира карда мешавад.
  8. Кор дар дастгоҳҳои пармакунӣ, ки маҳдудсози аз нав баровардани олати пармакунии он вайрон аст, тормози ғарғараи борбардорӣ ва системаи чангфурунишон надорад, манъ аст.
  9. Таноби борбардории дастгоҳи пармакунӣ бояд ба сарбории максималӣ ҳисоб карда, захираи устувории панҷкарата дошта бошад. Дар мавриди интихоб намудани таноб санади завод – сертификати онро ба роҳбарӣ гирифтан зарур мебошад. Механики қитъа ё дигар шахси махсус таъин карда шуда на кам аз як маротиба дар ҳафта назорати берунии танобро санҷида, дар бораи натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба дафтар ќайд менамояд. Нӯги симҳои баромада (кандашуда) бояд бурида шаванд. Ҳангоми мавҷуд будани 10 % симҳои кандашуда ба дарозии як қадами дастпечи таноби борбардор, танобро ҳатман иваз намудан лозим аст.
  10. Ҳангоми пармакунӣ бо перфоратор ва пармаи электрикӣ паҳноии бермаҳои корӣ бояд на кам аз 4 м бошад. Харсангҳои калон, ки барои пармакунӣ омода гардидаанд, бояд дар як қабат дар минтақае, ки фурӯравии зинаҳо мушоҳида намешавад, гузошта шаванд.

 

  1. ТАШКИЛИ ХОКТӮДАҲО

 

  • 1. Хоктӯдаҳои рехташуда ва нуқтаҳои ҳамлу нақл
  1. Мавзеи ҷойгиршавӣ, микдор, тартиби ташаккул ва истифодабарии хоктӯдаҳои дохилӣ ва берунӣ, ишқоркунии тӯдавӣ, андозаи онҳо дар лоиҳа пешбинӣ карда мешавад. Қабл аз интихоб кардани мавзеъ барои хоктӯдаҳо, бояд омӯзиши геологӣ-муҳандисӣ ва гидрогеологӣ гузаронида шавад. Дар лоиҳа бояд хусусиятҳои ҷинсҳои кӯҳии минтақаҳо, ки барои интихоби ҷойи хоктӯда муайян карда шудааст, нишон дода шавад. Тартиби ташкил ва истифодабарии хоктӯдаҳое, ки дар болои кандаҳои кӯҳии зеризаминии амалкунанда қарор доранд, инчунин пуркунии фурӯрафтаҳо ва майдонҳои коркардшудаи объекти корҳои кушоди кӯҳӣ бо лоиҳаи махсус муайян карда мешавад. Корҳои кӯҳӣ бо хоктӯдаҳои андармиён (анборҳо) тибқи лоиҳае, ки роҳбари техникии корхона тасдиқ намудааст, гузаронида мешавад. Ҷойгиркунонии хоктӯдаҳо дар майдони конҳое, ки бо тарзи кушод коркард карда мешаванд, манъ аст.
  2. Мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои ҳамлу нақл дар минтақаҳои кории карер тибқи нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ муайян карда мешаванд. Нуқтаҳои ҳамлу нақл бояд аз рӯи лоиҳае, ки роҳбари техникии корхона тасдиқ кардааст, иҷро карда шавад. Лоиҳаи нуқтаҳои ҳамлу нақл бояд муайян намояд: тартиби ташкил ва истифодабарӣ, миқдор ва андозаи секторҳо, нақшаи равшанидиҳӣ ва таъмини барқии экскаваторҳо ва истгоҳи назорати маъдан, нақшаи танзим ҳаракат дар майдони бор холикунии нуқтаи ҳамлу нақл, самти ҳаракати одамон, сигналҳои равшанӣ ва садоӣ.
  3. Ҳангоми ҷойгир намудани хоктӯдаҳо дар нишебкӯҳҳо бояд чораҳои махсус, ки ғеҷишро пешгирӣ менамояд, андешида шавад. Дар лоиҳа бояд ба дигар самт равона кардани обҳои борон ва заминӣ нишон дода шавад.
  4. Дар хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ҷамъ намудани барф манъ аст. Дар минтақаҳое, ки боришот дар намуди барф хеле бисёр дида мешавад, бояд анборкунонии ҷинсҳои кӯҳӣ аз руйи лоиҳае, ки дар он таъмини бехатарии корҳо дар ҳама фасли сол ба назар гирифта шудааст ва он бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст, амалӣ карда шавад.
  5. Ҳангоми пайдошавии нишонаҳои ярчпайдошавӣ корҳо дар партовгоҳ пайдошавӣ, бояд то коркарда баромадан ва тасдиқ гардидани меъёрҳои бехатарии махсус нигоҳ дошта шавад. Корҳо инчунин ҳангоми фишурдашавии партовгоҳҳо, ки дар дастурамалҳои ҷойдошта нишон дода нашудааст, нигоҳ дошта мешавад. Корҳо дар партовгоҳҳо баъд аз андозагирии фишурдашавии партовгоҳҳо, ки натиҷаи мусбӣ ба даст меояд ва бо иҷозати хаттии роҳбари техникӣ тасдиқ мешавад, ба роҳ монда мешавад.
  6. Имконияти рехтани хоктӯдаҳо дар ҳудуди ботлоқзорҳо тибқи лоиҳаи махсус иҷро карда мешавад, ки дар он чораҳои бехатарӣ оид ба ташкили хоктӯдаҳо пешбинӣ шудааст. Партофтани обҳои карерӣ ва рӯи заминӣ ба хоктӯдаҳо манъ аст.
  7. Баландии хоктӯдаҳо ва қабатҳои он, нишебӣ ва призмаи фурӯафтонӣ, суръати пешрафти фронти кор дар хоктӯдаҳо тибқи лоиҳа вобаста ба хусусиятҳои физикӣ – химиявии ҷинсҳои кӯҳии хоктӯда ва таҳкурсии он, тарзи ташкили хоктӯдаҳо ва релефи мавзеъ муайян карда мешавад.
  8. Баландии қабати нуқтаи ҳамлу нақл бояд ба талаботњои 59-и Қоидањои мазкур мувофиқат кунад. Роҳҳои оҳании боркунӣ бояд аз сатҳи истодани экскаватор ё дигар механизм бояд баланд бошад, ки он дар шиноснома муайян карда шудааст.
  9. Масофа аз тири роҳи оҳан то канори хоктӯдаҳои сипорӣ баъди ҳар ҷой иваз намудани роҳ вобаста ба мустаҳкамии зинаҳои хоктӯда муқаррар карда мешавад ва он бояд: на кам аз 1600 мм – ҳангоми иқтидори борбардории думпкар то 60 тонна; 1800 мм – ҳангоми иқтидори борбардории думпкар зиёда аз 60 тонна муайян карда шудааст. Дар хоктӯдаҳое, ки бо экскаваторҳои якбела таҷҳизонида шудааст, ҷойҳои борфарории думпкарҳо масофа аз тири роҳи оҳан то канори болоӣ бояд: на кам аз 1600 мм – барои роҳи оҳани муқаррарӣ; на кам аз 1300 мм – барои роҳи оҳани бараш 900 мм, ташкил намояд.
  10. Дар охири роҳи борфарории сарбаста бояд такягоҳҳо аз руйи лоиҳаи тасдиқнамудаи роҳбари техникии ташкилот гузошта шаванд, ки он аломатҳои дурусти монеаҳои роҳӣ дошта бошад ва дар торикӣ бо равшаннокӣ ё маводи инъикоскунандаи рушноӣ пӯшонида шуда бошад. Аломатҳои монеаҳои роҳ аз маркази роҳ дар масофаи на кам 2,5 метр ва баландии 1,5 метр дар тарафи мошинисти локомотив гузошта мешавад. Дар роҳи сарбастаи борфарорӣ бояд аломати сигнали «Таваққуфи локоматив!» дар масофаи зиёдтарин аз дарозии қатора дар ҷойи борфарорӣ гузошта мешавад.
  11. Қабули поездҳои бордор барои борфарорӣ дар хоктӯдаҳо, баъди ҳар як ҷойивазкунии роҳ танҳо бо иҷозати сардори техникии баст бо қайди дахлдор дар дафтари махсус, ба роҳ монда мешавад.
  12. Қатораҳои боркардашуда дар роҳи сарбастаи хоктӯдаҳо барои борфарорӣ бояд бо вагонҳо дар пеш нигаронида шуда бошад, ба истиснои додани онҳо дар абзетсери роҳи оҳани хоктӯда. Фиристонидани қатораҳои боркардашуда бо локомотивҳо дар пеш танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки шартҳои иловагии таъмини бехатарӣ тартиб дода шуда, роҳбари техникии ташкилот тасдиқ намояд ва он бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шавад.
  13. Ҳангоми борфарории думпкарњо одамон бояд берун аз минтақаи фуруафтии ҷинсҳои кӯҳӣ қарор дошта бошанд. Дар қади роҳи оҳан дар ҷойи борфарории катораҳо аз тарафи муқобил бояд майдончаи ҳамвор барои хизматрасонии ҳайати қатора ба нақша гирифта шуда бошад. Тоза намудани думпкарҳо бояд механикунонида бошад. Дастӣ тоза намудани думпкарҳо бо риоя намудани чораҳои махсуси бехатарӣ, ки роҳбари техникии ташкилот тасдиқ кардааст, иҷозат дода мешавад. Дастӣ тоза намудани думпкарҳо дар чуқурчаҳои борқабулкунак манъ аст. Барои холӣ намудани думпкарҳо аз ҷинсҳои кӯҳии яхбаста, часпонак ва харсангҳои калон бояд чорабиниҳо тартиб дод, ки он аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ карда мешавад.

101.Чаппа намудани кузови думпкарҳо ва баргардонидани онњо ба ҳолати нақлиётӣ баъд аз борфарорӣ бояд бе ёрии тиргакҳо, шпалҳо, релсҳо ва ғайра амалӣ карда шавад.

  1. Дар вақти ҳаракат ва таъмири роҳи оҳан, дар қитъаҳои роҳе, ки дар он корҳои номбурда гузаронида мешаванд, бояд бо сигналҳо иҳота карда шаванд.
  2. Роҳҳои мошингузар бояд берун аз ҳудуди афтиши ҷинсҳои кӯҳӣ аз нишебиҳои хоктӯдаҳо ҷойгир шуда бошанд. Дар хоктӯдаҳо навиштаҷотҳои огоҳкунанда барои одамон дар бораи хатарнок будани нишебиҳои хоктӯдаҳо, бояд дар наздикии пойдевораҳо ва дар ҷойҳои борфарории воситаҳои нақлиёт гузошта шавад.
  3. Автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бори худро дар хоктӯда бояд дар ҷойҳое фароранд, ки тибқи шиноснома ва берун аз призмаи фурӯрезӣ (ғеҷиш) пешбинӣ шудааст. Андозаи ин призма аз тарафи кормандони хадамоти маркшейдерӣ муайян карда шуда, ҳамарӯза ба маълумоти шахсоне, ки дар хоктӯдаҳо кор мекунанд, расонида мешавад. Дар хоктӯдаҳо бояд нақшаи ҳаракати автомобилҳо гузошта шавад. Маҳали борфарорӣ бояд аз ду тараф бо аломати тасвири автосамосвал бо кузови болокардашуда ва нишон додани самти борфарорӣ ишора карда шавад.
  4. Майдони хоктӯдаҳои булдозерӣ ва нуқтаҳои борфарорӣ бо тамоми дарозии борфарориашон бояд нишебии кундалангии на кам аз 30, аз канори нишебӣ ба самти маркази хоктӯда ба дарозии автосамосвали корӣ дошта бошад ва бояд ҳатман гардиши автомобилҳо, автопоездњо, булдозерҳо ва дигар воситаҳои нақлиётро таъмин намояд. Маҳали борфарорӣ бояд аз ду тараф бо аломатҳо маҳдуд карда шавад. Дар тамоми њудуди маҳали борфарорӣ тибқи шиноснома бояд қабати ҷинсҳои кӯҳӣ (наварди эњтиётӣ) ба баландии на кам аз 0,5 метр андозаи максималии қутри чархи мошини борбардори максималӣ, ки дар шароити мазкур истифода мешавад, рехта шавад. Наварди эњтиётӣ барои ронандагон ҳамчун аломат хизмат мерасонад. Ба наварди эҳтиётӣ ворид шудан ҳангоми борфарорӣ манъ аст. Дар набудани ингуна навард ва номутобиқии баландии он, ки дар шиноснома талаб карда мешавад, наздик шудан ба канори партовгоҳ ба масофаи 5 метр ё ба масофаи дар шиноснома нишондода, манъ аст. Ҳамаи кормандоне, ки дар хоктӯдаҳо ва нуқтаҳои ҳамлу нақл фаъолият менамоянд, бояд дар шиноснома бо имзо шинос шуда бошанд. Баландии панҷараи муҳофизатӣ дар дули борфарории бункери қабулкунӣ бояд баробари на кам аз 0,5 қутри чархи автомобил бошад. Ҳангоми истифодабарии автомобилҳои иқтидори борбардориашон гуногун майдони воридот ба бункери қабул бояд ба секторҳое тақсим карда шавад, ки баландии панҷараи муҳофизатии дули борфарорӣ барои автомобилҳои борбардориашон мувофиқ ҷудо карда шуда бошад.
  5. Барои борфарорӣ автомошина бояд ба қафо ҳаракат намояд ва булдозер бошад нисбат ба канори болоӣ бояд дар ҳолати перпендикуляр корро иҷро намояд. Дар ин ҳангом булдозер бо бели худ ба пеш бо ташкил намудани наварди эҳтиётӣ тибқи шиносномаи нуқтаи ҳамлу нақл ҳаракат менамояд. Борфарории автосамосвалњо дар ҳудуди призмаи фурӯравӣ, ки дар нишебиҳои он коркади экскаваторӣ ба амал омадааст манъ аст.
  6. Корҳо дар секторҳо тибқи шиносномаи иҷрои корҳо ба роҳ монда шуда, бо ишораҳои махсус танзим карда мешаванд. Дар як сектор корҳои якҷояи булдозер ва автосамосвал бо экскаватор манъ аст. Масофаи байни мошини борфароранда ва мошини гузаштаистода бояд аз 5 метр кам набошад. Дар эстакадаи майдони борфарорӣ сохтани шабакаи васлкунанда манъ аст.
  7. Дар майдонҳои анборкунии массаи кӯҳӣ (ҷинсҳои кӯҳӣ), дар ҷойҳои борфарорӣ, нуқтаҳои ҳамлу нақл (анборҳо) ҳозир будани шахсони бегона, воситаҳои нақлиёт ва техникаҳое, ки ба технологияи корҳои ҳамлу нақл алоқаманд нестанд, манъ аст. Дар ҳамагуна ҳолатҳо одамон аз механизмҳо бояд дар масофаи на кам аз 5 метр дур қарор дошта бошанд.
  8. Аз тарафи хадамоти геологӣ – маркшейдерии корхона ҷиҳати устувории ҷинсҳои кӯҳӣ дар хоктӯдаҳо бояд мунтазам назорат бурда шавад, дар вақти ҷойгир намудани хоктӯдаҳо дар нишебкӯҳҳо назорати асбобии хамшавии майдони хоктӯдаҳо ба роҳ монда мешавад. Зичии мушоҳида, миқдори хатҳои мушоҳидавӣ ва дарозии онҳо, ҷойгиршавӣ, намуди аломатҳо ва масофаи байни онҳо дар хатҳои мушоҳидавӣ тибқи лоиҳаи стансияи мушоҳидавӣ муайян карда мешавад.

 

  • 2. Партовҳои обовард (партовгоҳи обӣ)

дар объектҳои кории кӯҳии тарзи кушод

  1. Сохтмон ва истифодабарии партовгоҳҳои обӣ дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод танҳо бо мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки дар асоси таҳқиқотҳои кӯҳӣ-геологӣ ва муайян намудани хосиятҳои физикӣ-механикии ҷинсҳои кӯҳӣ таҳия карда шудааст, иҷозат дода мешавад.
  2. Дар равиши истифодабарии партовгоҳи обӣ ва ҳангоми баланд намудани саддӣ муҳофизатӣ буридани ҷинсҳои кӯҳӣ, сохтани карер ва чоҳбун дар қисми поёни сарбанд ва нишебии он, инчунин дар худи захирагоҳи партовгоҳ иҷозат дода намешавад.
  3. Баландии теғаи сарбанди партовгоҳи обӣ ва ё баландии сатҳи об дар нишебии болои сарбанди он аз сатҳи об: барои анборгоҳи дараҷаи I ва II на кам аз 1,5 м, барои анборҳои III ва IV-1,0м бояд бошад. Барои назорати сатҳи об дар кули анбор дар ҷойи мувофиқ аз маводи хамнашаванда хатчӯби мушоҳидавӣ бо тақсимоти сантиметрӣ гузошта мешавад. Сифри хатчӯб ба нуқтаи такягоҳӣ пайваст карда шуда, ҳар сол санҷида мешавад.
  4. Ҳангоми баромадани лойоба ба соҳил барои пешгирӣ намудани резиши он ба теғаи садд ва нишебии поёнии он, баландии теғаи саддӣ партовгоҳ дар нишебии болоӣ нисбати соҳил бояд на кам аз диаметри лойобапарто, на кам аз 0,5 м баробар бошад.
  5. Дарозии соҳили сатҳи обӣ дар муддати истифодабарии партовгоҳҳои обӣ бояд бо нишондодҳои лоиҳавӣ барои ҳар як қабати обовард мутобиқат намояд: барои полоишгоҳҳои класси I – на кам аз 50 м, барои полоишгоҳҳои класси II– 40 м, барои полоишгоҳҳои класси III – 30м, барои полоишгоҳи класси IV -20 м.
  6. Минтақаи партовгоҳи обӣ бояд иҳота шуда, нишонаву аломатҳои огоҳкунанда гузошта шуда бошад. Барои хизматрасонии обовард кӯпруки дастадор сохта мешавад. Наздик шудан ба ҳавз-полоишгоҳ, ҷойҳои шусташуда, фурӯрафта ва даҳанаҳое, ки дар партовгоҳ пайдо шудааст, инчунин роҳ рафтан дар рӯи яхи ҳавзи полоишгоҳ манъ аст.
  7. Барои таъмини бехатарии кор назорати воқеӣ ва гузаронидани мушоҳидаҳои инструменталӣ бо истифодаи дастгоҳи назоратию ченкунӣ зарур мебошад.
  8. Ҳангоми пайдошавии аломатҳои хамшавии бермаҳо ва теғаҳои партовгоҳ бояд партови лойоба боздошта шавад, сабаби хамшавӣ муайян карда шуда, барои бартараф кардани он чораҳо андешида шавад. Пур намудани тарқишҳо ва фурӯрафтаҳо бояд бо маводе, ки садд таркиб ёфтааст, барқарор карда мешавад.
  9. Барои роҳ надодан ба кандашавии садд дар анбор рехтани лойобаи сероб ва зиёд намудани масрафи об аз нишондоди лоиҳавӣ роҳ дода намешавад. Дар ҳолати шустани қубури лойкашонак андешидани чораҳои бехатарӣ вобаста ба шуста вайронкардани садд зарур мебошад.
  10. Ҳангоми шустани иншоотҳо аз хоки майда, анбор намудани он бо булдозер танҳо пас аз санҷида баромадани обнокӣ, зичии маводи ҷамъшуда, ки даромадани техника ва одамонро таъмин менамояд, иҷозат дода мешавад.
  11. Барои анборҳое, (гидроотвал) ки дар ҷойҳои коркардашуда ва коркардашудаистода сохта мешаванд, бояд пешгӯии мавҷуд будани минтақаҳои шикастаҳои обгузар, кафидаҳо, фурӯрафта бо дарназардошти сарборӣ ба иншоотҳои партовгоҳ ҳангоми пур намудани онҳо то сатҳи лоиҳавӣ, инчунин ихроҷи филтратсионӣ ба фазои коркардшуда, амалӣ карда шавад.
  12. Дар ҳолатҳои ба тарзи ногаҳонӣ камшавии сатҳи об дар партовгоҳҳое, ки дар минтақаҳои коркардшуда ва коркардшудаистода қарор доранд, рехтани лойоба зуд қатъ карда мешавад ва барои яктарафа намудани об аз ҳавз бояд чораҳо андешида шавад.
  13. Барои саривақт бартараф намудани ҳолатҳои хатарнокӣ ва садамавӣ дар партовгоҳҳои обӣ захираи масолеҳи сохтмонӣ, техникаи заминкан, мошинҳо ва дигар намуди механизмҳое, ки тибқи нақшаи пешгирии садамаҳо ба нақша гирифта шудааст, бояд таъмин бошад. Нақшаи пешгирии садамаҳо тибқи замимаи 1 ҳамасола 15 рӯз қабл аз оғози сол таҳия карда мешавад.

 

  1. МЕХАНИЗАТСИЯИ КОРҲОИ КӮҲӢ

 

  • 1. Муқаррароти умумӣ
  1. Мошинҳои кӯҳӣ, нақлиёт, мошинҳои сохтмонӣ-роҳсозӣ, таҷҳизотҳои технологӣ (минбаъд-таҷҳизотҳои технологӣ) баъди васл намудан ва таъмири капиталӣ ҳатман бо иштироки намояндаи Хадамоти назорати кӯҳӣ барои истифодабарӣ қабул карда мешавад. Воситаҳои нақлиёте, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмир карда шудаанд, бояд ба талаботе, ки ҳолати техникӣ ва таҳизотҳои воситаҳои нақлиёт таъмини бехатарии ҳаракатро таъмин менамояд, ҷавобгӯй бошад ва он бо ҳуҷҷати дахлдор бояд тасдиқ шуда бошад. Кабинаи экскаваторҳо, дастгоҳҳои пармагарӣ ва дигар техникаҳои истифодашаванда бояд гарм карда шаванд ва бо таҷҳизотҳои гармдиҳанда таъмин бошанд.
  2. Таҷҳизотҳои технологие, ки захираи кориашон ба итмом расидааст, муоина карда шуда, дар натиҷаи муоина ва санҷиш тибқи тартиби муқарраршуда хулосаи экспертизаи бехатарии саноатӣ ба расмият дароварда мешавад, ки он барои қабули қарори дахлдор аз тарафи корхонаи истифодабаранда дар бораи гузаронидани таъмир, модернизатсия ва ё аз истифода баровардани таҷҳизот асос мешавад.
  3. Мошинҳои кӯҳӣ, нақлиётӣ ва сохтмонию роҳсозӣ бояд ҳамеша дар ҳолати коршоямӣ бошанд, бо воситаҳои сигналдиҳӣ, фишангҳои тормоз, иҳотаи қисмҳои ҳаракаткунандаи механизмҳо (муфтаҳо, гузаронандаҳо, шкивҳо ва ғайра) ва майдончаҳои корӣ таъмин бошанд, воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, равшанӣ, маҷмуи дурусти асбобу олотҳои корӣ, воситаҳои ҳимоявӣ аз зарбаи қувваи барқ, дастгоҳҳои ченкунандаю санҷишӣ, ичунин ҳимояи фаъол барои аз ҳад зиёд коркарда ва ё бор гирифтанро дошта бошанд. Номгуй ва миқдори воситаҳои зиддӣ сӯхторӣ барои ҳар як намуди мошин бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқ карда мешавад. Коршоямӣ ва дастаҷамъии мошин аз тарафи мошинист (оператор) дар басти корӣ, ҳар ҳафта аз тарафи механик, энергетики минтақа ва ҳар моҳ аз тарафи сармеханик, сарэнергетики карер ва ё дигар шахсони таъиншуда бояд санҷида шавад. Натиҷаи санҷиш бояд дар дафтари супоридан ва қабули баст дарҷ карда шавад. Истифодаи мошин ва механизмҳои вайрона манъ аст.
  4. Ҳамаи таҷҳизотҳои технологӣ ва воситаҳои техникие, ки дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод истифода мешаванд, аз ҷумла дастгоҳҳои дар хориҷа истеҳсолшуда, бояд сертификати мутобиқат ба талаботҳои бехатарии саноатиро дошта бошанд.
  5. Истифодабарӣ, хизматрасонии дастгоҳҳои технологӣ, таҷҳизоти техникӣ, васл ва таҷзия намудани онҳо, бояд тибқи дастур оид ба истифодабарии шиносномаҳои техникӣ ва дигар ҳуҷчатҳои меъёрии заводи истеҳсолкунанда гузаронида шавад. Хусусиятҳои техникие, ки заводи истеҳсолкунанда муқаррар кардааст, бояд дар ҳамаи давраи истифодабарии таҷҳизот нигоҳ дошта шавад.
  6. Қисмҳои ҳаракаткунандаи техникаҳои корӣ, ки манбаи хатар барои одамон буда метавонад, бояд иҳотаи бехатарӣ дошта бошанд, ғайр аз қисмҳое, ки бинобар хусусияти истифодабарии он иҳота кардан мумкин нест. Қабл аз оғози кори мошин (механизм), мошинист уҳдадор аст, ки бовари ҳосил кунад, ки ҳайти кормандон ва дигар шахсон дар масофаи бехатар ҷой гирифтаанд. Сигнали оғози кор бояд садоӣ бошад, давомнокии он набояд аз 6 сония кам буда, он бояд дар тамоми ҳудуди минтақаи хатарнок шунаво бошад. Қабл аз оғози кори механизм ва ҳаракати мошин, қатораи роҳи оҳан, автомобилҳо, техникаҳои боркунанда додани сигналҳои садоӣ ва чароғӣ ҳатмӣ мебошад. Тартиби додани сигналҳо аз тарафи корхонаи истифодабарандаи объекти корҳои кушоди кӯҳӣ муқаррар карда мешавад, бо он ҳамаи кормандон бояд шинос карда шаванд. Дар ин сурат сигналҳо ба ҳамаи кормандоне, ки дар минтақаи амали механизм қарор доранд, бояд шунаво бошад. Ҷадвали сигналҳо дар механизми коркунанда ё дар наздикиҳои он бояд овезон карда шавад. Ҳар як сигнали нодуруст додашуда, ҳамчун сигнали «Ист» қабул карда мешавад.
  7. Кормандоне, ки корҳои хавфнокиаш баландро иҷро менамоянд, аз ҷумла идоракунандагони дастгоҳҳои технологӣ (номгӯи ихтисосҳоро роҳбари корхона муайян менамояд), қабл аз саршавии кор дар баъзе ҳолатҳо пас аз тамомшавии кор, бинобар сабаби нушидани нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои нашъадор бояд аз назорати ҳатмии духтур гузаронида шавад.
  8. Омӯзиш, аттестатсия ва иҷозат барои иҷрои кор дар мошинҳо ва ёрдамчии мошинистҳои кӯҳӣ ва нақлиётӣ, ки идоракунии онҳо ба зуд-зуд даргирондан ва хомӯш кардани дастгоҳҳои барқӣ вобаста аст, тибқи талаботҳои меъёрҳо ва қоидаҳои амалкунандаи истифодабарии бехатаронаи таҷҳизотҳои барқӣ бо додани гурӯҳи тахассусӣ вобаста ба бехатарии барқӣ, гузаронида мешавад. Мавҷудияти гурӯҳи тахассусӣ ба мошинистҳо ва ёрдамчиёни онҳо бо супориши корӣ (фармоиш) ва қайд намудан дар дафтари фаврӣ ба онҳо доир ба ҷойивазкунии хатҳои кабелӣ ва нуқтаи ивазкунии онҳоро дар таҷҳизоте, ки ба онҳо вобаста карда шудааст, ҳуқуқ медиҳад. Ҳангоми муваққатан гузаронидани мошинистҳо ва ёрдамчиёни онҳоро ба дигар таҷҳизотҳои кӯҳӣ, ҷойивазкунӣ пас аз шиносоӣ бо нақшаи таъминоти барқи таҷҳизоти истифодабаранда, иҷозат дода мешавад.
  9. Сохт, васл намудан ва истифодаи компрессорҳо, кранҳои борбардор, дегҳои буғӣ ва зарфҳои зери фишор кор кунандае, ки дар коркарди рӯизаминии конҳо истифода бурда мешаванд, ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва бехатарона истифодабрии таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳои дахлдор бояд ҷавобгӯ бошанд.
  10. Дар ҳолати ғайрикории мошинҳои кӯҳӣ, нақлиётӣ ва сохтмонию роҳсозӣ бояд аз ҷойи корӣ дар масофаи бехатар кӯчонида шаванд ва қисмҳои борбардори онҳо ба замин фароварда шуда, хоначаҳои идоракунӣ маҳкам карда шаванд, кабели барқтаъминкунӣ аз манбаъи барқ ҷудо карда мешавад.
  11. Ҳаракат дар кабинаҳои бисёрҷояи автомобилҳо, дар қатораҳои роҳи оҳан, кабинаи локомотивҳо ба шахсоне иҷозат дода мешавад, ки қатораҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, инчунин назоратчиёни баст ва шахсоне ки ба онҳо роҳбари техникӣ иҷозати хаттӣ додааст. Миқдори кашондани одамон аз тарафи роҳбари корхона муайян карда мешавад.
  12. Дар объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод аз роҳҳои оҳан гузаштани булдозер, автомобил ва дигар автомобилҳои чархӣ, мошинаҳои тасмачархдор, танҳо дар минтақаҳои муайяншуда, махсус таҳҷизотонишуда ва бо аломатҳои нишондодашуда иҷозат дода мешавад.
  13. Корҳо бо истифодаи мошинҳои кӯҳӣ, нақлиётӣ ва сохтмонии роҳсозӣ тибқи лоиҳаи маҳаллии иҷрои корҳо (шиноснома) бояд ба роҳ монда шавад. Шиносномаҳо дар кабинаи мошинҳо нигоҳ дошта мешавад. Бурдани корҳои кӯҳӣ бе шиносномаи тасдиқшуда, инчунин риоя накардани он манъ аст.
  14. Бурдани мошинҳои кӯҳӣ, нақлиётӣ ва мошинаҳои сохтмонию роҳсозӣ (экскваторҳо, дастгоҳҳои пармагарӣ) бо воситаҳои нақлиётӣ тибқи харитаи технологӣ, ки аз тарафи роҳбари техникӣ тасдиқ карда шудааст, бояд амалӣ карда шавад. Ҳамлу нақли (кашола карда бурдан) мошинаҳои худгарди кӯҳӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон, аз ҷумла маҷмӯи трансформаторҳои зеристгоҳҳо, маҷмӯи дастгоҳҳои тақсимкунанда, нуқтаҳои ҷойивазкунӣ ва дигар, дар ҳудуди объекти корҳои кушоди кӯҳӣ бо истифодаи ядакҳои (ишкелҳои) устувор бо риояи чорабиниҳои махсус, ки бехатариро таъмин менамояд, тибқи Дастурамале, ки корхона тартиб додааст, рухсат дода мешавад. Бурдани мошин ва таҷҳизотҳо бо дигар намуди ядакҳо, истифодабарии ду ва зиёда аз он тягачҳо дар асоси лоиҳаи (чорабиниҳои) махсуси тартибдодашуда, ки аз тарафи роҳбари техникии корхона тасдиқ шудааст, бо барасмият дарории супориш-иҷозат бояд амалӣ карда шавад.
  15. Дар ҳолати ногаҳон қатъ гардидани барќ, шахсони идоракунандаи механизмҳо, уҳдадоранд, ки калиди идоракунии ҳаракатдиҳандаҳои барқӣ ва гӯшакҳои идоракуниро дар ҳолати «Ист» (сифрӣ) гузоранд.
  16. Ҳузури шахсони бегона дар кабинаҳо ва дар майдончаи берунаи экскаваторҳо ва дастгоҳҳои пармакунӣ ҳангоми кори онҳо манъ аст, ғайр аз роҳбари техникии баст ва шахсоне, ки иҷозати махсуси роҳбари техникии ташкилотро доранд.
  17. Равғанмолии мошинҳо ва таҷҳизотҳо тибқи ҳуҷҷати истифодабарӣ ва дастурамали заводи истеҳсолкунанда бояд иҷро карда шавад. Системаи равғанмолӣ бояд механизмҳое дошта бошад, ки пошхӯрӣ ва ҷоришавии равғанро огоҳ намояд. Ҳамаи механизмҳои системаи равғанмолӣ бояд дар ҳолати корӣ бошанд, тоза ва барои хизматрасонӣ бехатар бошанд. Равғанмолии муҳаррик ва дастгоҳҳо ҳангоми кор кардани онҳо манъ аст.
  18. Зинаҳо ва майдончаҳои нақлиётҳои кӯҳӣ-карерӣ, экскаваторҳо дар ҳар як басти корӣ аз ҷинсҳои кӯҳӣ ва ифлосиҳо бояд тоза карда шаванд.
  19. Истифодаи системаи идоракунии автоматӣ, телемеханикӣ ва фосилавии мошинҳо ва механизмҳо дар ҳолати мавҷуд будани муњосирае, ки интиқоли барқро ҳангоми вайрон будани система ғайриимкон мегардонад, иҷозат дода мешавад.
  20. Равағанҳои молиданӣ ва покгардонӣ бояд дар қуттиҳои маҳками оҳанин нигоҳ дошта шаванд. Дар мошинҳои кӯҳи ва нақлиётӣ нигоҳ доштани равғанҳои молиданӣ ва маводи зуддаргиранда манъ аст.

 

  • 2. Экскаваторҳои якковша
  1. Дар ҳолати ҳаракати экскваторҳои тасмачарх дар минтақаи ҳамвор ё ба боло баромадан, муҳаррики равонаки ҳаракатдиҳанда дар қафо ва дар ҳолати фаромадан дар нишебӣ, бояд дар пеш бошад. Ковш холӣ буда аз сатҳи замин бояд дар масофаи на зиёда аз 1 м қарор гирифта бошад, тири экскаватор ба самти ҳаракати он бояд гузошта шуда бошад. Дар ҳолати ҳаракати экскватори қадамгузор ковши он бояд холӣ карда шуда, тири он ба самти муқобили ҳаракати экскватор гузошта мешавад. Ҳангоми баромадан ва ё фаромадани экскватор дар нишебиҳо андешидани чораҳои бехатарӣ нисбати беихтиёрона ғеҷидани экскаватор зарур мебошад.
  2. Бурдани экскаватор бояд дар роҳҳое амалӣ карда шавад, ки берун аз призмаи фурӯравӣ қарор дошта бошанд, нишебии он аз нишебие, ки дар шиносномаи техникии экскаватор нишон дода шудааст набояд зиёд бошад, паҳноии роҳ барои гардиши экскаватор бояд мусоидат намояд. Ҳай карда бурдани экскаватор дар асоси сигнали ёрдамчии мошинист ва ё шахси таъинкардашуда амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат биниши доимии байни онҳо ва мошинист бояд таъмин карда шавад.
  3. Экскваторро дар зинаҳо, хоктӯдаҳо ё дар ҷойи ҳамвор кардашудае, ки нишебии он ба нишебии иҷозатшудаи шиносномаи техникии экскватор зиёд набошад, мегузоранд. Масофа аз нишебии зина, хоктӯда ё воситаи нақлиёт ва сарбории экскаватор тибқи шиносномаи коргоҳ вобаста ба шароити кӯҳӣ-геологӣ ва намуди таҷҳизот муайян карда мешавад, дар ҳама ҳолат набояд аз 1,0 м кам бошад. Ҳангоми кори экскаватори ғунҷойиши ковшаш аз 5 м3 кам (модели базавӣ) кабинаи вай бояд дар самти муқобили нишебии зинаҳо қарор дошта бошад.
  4. Дар ҳолати бор кардан ё фаровардани экскаватор ба поезд ё аз поезд дар хоктӯдаҳои экскаваторӣ, бояд ҳайати идоракунандагони поезд ба сигналҳои ронандаи экскаватор, ки ба сигналҳо, ки тибқи тартибот ҳангоми истифодабарии нақлиёти роҳи оҳан муқаррар карда шудааст, итоат намоянд. Дар ҳолати ба мошин бор кардани экскватор ронандагони мошинҳо уҳдадоранд, ки ба сигналҳои мошинисти экскаватор, ки мазмуни онро роҳбарияти ташкилот муайян кардааст, итоат намоянд. Ҷадвали сигналҳо дар ҷойи намоёни экскватор овехта мешавад, ба онҳо мошинисти экскаватор ва ронандагони воситаҳои нақлиёт бояд шинос карда шаванд.
  5. Ҳангоми кори экскаватор мавҷуд будани ҳамагуна одамон (аз ҷумла ҳайати хизматрасон) ба минтақаи кории экскватор манъ аст.
  6. Танобҳои дар экскаваторҳо истифодашаванда бояд ба шиноснома ҷавобгӯ буда, сертификати заводи истеҳсолкунандаро дошта бошанд. Танобҳо ва овезаҳои онҳо, тир ҳар ҳафта аз ҷониби механики қитъа бояд азназар гузорнида шаванд. Ба дарозии як қадами дастпеч то 15% симҳои кандашуда аз миқдори умумии симҳои таноб иҷозат дода мешавад. Нӯги баромадаистодаи симҳои кандашудаи онҳо бояд бурида шаванд. Натиҷаи азназаргузаронии танобҳои экскаватор дар дафтари супоридан ва қабул намудани баст қайд карда мешавад, инчунин дар дафтари агрегатии мошини кӯҳӣ дар бораи иваз намудани таноб бо нишон додани санаи ивазкунӣ ва намуди таноби гузошташуда навиштаҷоти дахлдор ворид карда мешавад.
  7. Дар ҳолати пайдо шудани хатари фуруравӣ ва ғеҷиши зина ҳангоми кори экскаватор ва ё мушоҳида намудани зарядҳои нотаркидаи маводи таркишӣ, мошинисти экскаватор уҳдадор аст, ки экскаваторро ба ҷойи бехатар оварда, роҳбари техникии бастро хабар диҳад. Барои баровардани экскватор аз ковишгоҳ ҳама вақт бояд гузаргоҳи озод вуҷуд дошта бошад. Харсангҳои ҷинсҳои кӯҳӣ бояд дар як қатор мустаҳкам гузошта шуда, барои гузаштани таҷҳизотҳои кӯҳӣ-нақлиётӣ монеъа ба вуҷуд наоранд.
  8. Ҳангоми кори экскватор дар замине, ки ба фишори чархҳои экскаватор тобовар нест, бояд чораҳое амалӣ карда шавад, ки дар шиносномаи коргоҳ дарҷ гардидаасту онҳо устувории кории экскаваторро таъмин менамоянд.

 

  • 3. Скреперҳо, булдозерњо, боркунандаҳо
  1. Ҳангоми истифодабарии дастгоҳҳои скреперии танобӣ кунҷи нишебии зина на бояд аз 350 зиёд бошад.
  2. Дастгоҳҳои скреперии танобиро бе сигнали огоҳкунанда ба кор даровардан мумкин нест, ҳангоми кори он гузаронидани корҳои таъмирӣ, дар минтақаи кории таноб будан ва дуруст кардани таноб бо даст манъ аст. Минтақаи кории ғарғараи танобдор бояд бо аломатҳои огоҳкунанда иҳота карда шуда, дар торикӣ бо равшанӣ таъмин карда шавад.
  3. Ҳамаи техникаи худҳаракаткунанда (грейдерҳо, скреперҳо, булдозерҳо, боркунандаҳо ва дигар) бояд шиносномаи техникӣ дошта бошанд, ки хусусиятҳои техникӣ ва истифодабарии онҳо дар он дарҷ шуда бошанд.
  4. Онҳо маҷмӯан бояд таъмин бошанд:

– бо воситаҳои оташхомӯшкунӣ;

– бо аломатҳои исти садамавӣ;

– бо қуттичаҳои тиббӣ.

– бо такягоҳҳои ба зери чархҳо гузоштан (барои техникаҳои чархдор);

– бо сигналҳои номуттасили овозӣ ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан;

– бо чароғаки дурахшони ранги зард дар болои кабина;

– бо ду оинаи ба оқиб нигоҳкунанда;

– бо асбобҳои таъмирие, ки заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ намудааст.

  1. Ба хати истифодабарӣ танҳо нақлиётҳое иҷозат дода мешаванд, ки ҳамаи агрегатҳо ва ҷузъҳои онҳо, ки бехатарии ҳаракатро таъмин менамоянд, инчунин бехатарии дигар корҳо, ки технологияи истифодаи онро пешбинӣ менамояд, аз лиҳози техникӣ бояд коршоям бошанд. Дар ҳама ҳолатҳо ҳангоми ба қафо ҳаракат кардани воситаи нақлиёт бояд сигнали овозӣ дода шаванд.
  2. Ҳаракати техникаҳои худгард (скреперҳо, булдозерҳо, боркунандаҳо ва дигар) дар минтақаҳои призмаи фуруравии зинаҳо манъ аст.
  3. Ташкил намудани садди ҳимоявӣ дар нуқтаҳои ҳамлу нақл тибқи шиносномаи нуќтаи ҳамлу нақл иҷро карда мешавад, дар ин ҳолат ҳаракати булдозер тариқи бел дар пеш иҷро карда мешавад.
  4. Ҳангоми истифодабарии скреперҳои чархдор бо кашаки тракторӣ нишебии фарориш дар қисмати боркашӣ набояд аз 150 ва дар ҳолати холигӣ набояд аз 250 зиёд бошад.
  5. Гузоштани техникаҳои худгард бо муҳаррики коркардаистода, бо бел ва ковши бардошта иҷозат дода намешавад. Ҳангоми кор дуруст кардани симтаноб, истодан дар рамаи овезон, бел ё ковш, инчунин кори техника бархилофи кунҷи нишебии рост, ки дастурамали заводи истеҳсолкунанда ба ҳисоб нагирифтааст, манъ аст. Истифодабарии булдозер (трактор) дар ҳолати набудан ва ё вайрон будани механизми манъкунии ҳаракат, ки ба кор даровардани муҳаррикро ҳангоми дар ҳолати корӣ будани дастгоҳи интиқоли ҳаракат ё механизми бакордарории муҳаррик аз кабина, манъ аст.
  6. Таъмир кардан, молидани равған ва ба танзим дарории булдозер, скрепер, боркунандаҳо дар ҷойи ҳамвор бояд амалӣ карда шавад, муҳаррики он хомӯш карда шуда, ковш ва ё бел ба замин ё дар болои такягоҳи махсус бояд гузошта шуда бошад. Дар ҳолатҳои истоди садамавии техникаҳои худгард дар ҷойҳои моил, чораҳои пешгирӣ намудани худҳаракаткунии он бояд амалӣ карда шавад.
  7. Дар зери ковш ва ё бели бардоштаи техника истодан манъ аст. Барои аз назар гузаронии ковш ва ё бел аз поён, онҳоро дар болои такягоҳи мустаҳкам гузошта, муҳаррики техникаро хомӯш кардан лозим аст.
  8. Кунҷи ниҳоии зинаи коргоҳ ҳангоми кори булдозер аз меъёри муайян намудаи дастурамал оид ба истифодабарӣ, ки завод муайян намудааст бояд зиёд набошад.
  9. Масофа аз канори тасмачархи булдозер ё чархи пеши тири боркунандаҳо (боркунандаҳои чархдор) то канори нишебии зина бо дарназардошти шароитҳои кӯҳӣ-геологӣ муайян карда мешавад ва он дар шиносномаи иҷроиши кор дар ковишгоҳ (хоктӯдаҳо) ва ё нуқаҳои ҳамлу нақл бояд дарҷ карда шавад.

 

  • 4. Гидромеханизатсия
  1. Тартиби бехатарона истифода бурдан ва хизматрасонии дастгоҳҳои обкашӣ, гидромониторҳо, шабакаҳои гидравликӣ, партовҳои обӣ ва обанборҳо тибқи дастурамале, ки роҳбари техникии корхона тасдиқ кардааст, муайян карда мешавад. Иншоотҳои гидротехникӣ (саддҳо, хандақҳои маҷроивазкунанда ва кӯҳӣ, сарбандҳо) барои гузаронидани обҳои боришоту обхезиҳо дар сари вақт бояд омода карда шаванд. Омодагӣ дар асоси чорабиниҳо оид ба гузаронидани обҳои боришоту обхезиҳо, ки роҳбари техникии корхона тасдиқ намудааст, бояд гузаронида шавад.
  2. Қабл аз саршавии кори гидромонитор дар масофаи таъсири фавраки он одамон бояд дур карда шаванд, дар минтақаи кории гидроманитор одамони ба ин кор тааллуқнадошта бояд ҳузур надошта бошанд. Гидромонитори коркардаистодаро бе назорат гузоштан мумкин нест.
  3. Гидромониторҳо аз хатти барқи баландшиддат бояд ба масофаи 2 каратаи масофаи парвози оби гидроманитор дур бошанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона масофаи гидроманиторҳо аз хати баландшиддати барќ дар масофаи наздиктар дар асоси амалӣ намудани чорабиниҳое, ки бехатарии корҳоро таъмин менамояд ва бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст, иҷозат дода мешавад.
  4. Ҷойгиркунонии хатҳои лойоба ва лулаҳои обӣ дар масофаи 25м наздик ба хати барқи баландшиддат ва хати алоқа манъ аст. Кам кардани ин масофа танҳо бо розигии соҳиби иншоот ва ташкилоте, ки истифодабарии бехатаронаи онро назорат мекунад, иҷозат дода мешавад.
  5. Барои хизматрасонӣ ба қатораи қубурҳо ва лулаҳои обгузар, ки дар болои гузаргоҳҳо қарор доранд, купрукҳо бо паҳноии 0,5 м бо иҳотагиракҳои баландиашон 1,2 м гузошта, дар масофаи 200 мм аз поён бо тахта рӯйпуш карда мешаванд.
  6. Қубурҳои обгузар дар ҷойи ҳамворкардашуда, ба тагмонакҳо гузошта мешавад. Ба қубурҳое, ки дар нишебиҳо ва девораҳои карер гузошта мешаванд, дар ҳар 20-30 м бояд бо чангакҳо (анкерҳо) мустаҳкам карда шаванд. Дар ҳолати ҷойгиркуниии қубури лойоба дар гузаргоҳҳо, чангакҳо ҳар 500 м гузошта мешаванд. Дар минтақаҳои ростхатаи қубурҳо дар ҳар масофаи на кам аз 500 м танзимкунандаҳо гузошта мешаванд. Дар ҳолати гузоштани қубурҳо дар хандакҳо ва ҷӯйборҳо, деворҳои онҳо бояд сахт мустаҳкам карда шавад.
  7. Биноҳои дастгоҳҳои обкашӣ ва мошинаи лойкашӣ бо қитъаи кории гидромонитор бо алоқаи телефонӣ ва радиоӣ бояд таъмин буда, бо воситаҳои хабардиҳии садамавӣ таҷҳизонида шуда бошанд.
  8. Дар биноҳои навбунёд байни дастгоҳҳои обкашӣ ва мошинаҳои лойкашӣ, инчунин байни онҳо ва деворҳо ба масофаи на кам аз 1 м бояд гузаргоҳ гузошта шавад. Дар бинои пойгоҳҳои обкашӣ ва лойкашӣ нақшаи хати қубурҳо бо нишон додани ҷойҳои вентилҳо ва ғалақаҳо бояд овезон карда шаванд, барои гузаштан аз болои қубурҳо бояд купрукчаҳои махсус гузошта шуда бошад.
  9. Гузаштан аз болои хатҳои обгузар (қубурҳо), ки бо зина ва панҷара таҷҳизонида нашудаанд, манъ аст.
  10. Дастгоҳҳои лойкашӣ бояд бо клапанҳои мутақобил таҷҳизонида шуда бошанд.
  11. Дар ҳамаи иншоотҳои обпарто, обҷамъшавии партовҳои обӣ ҷоришавии (даромадани) максималӣ бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Дар анҷоми кор тавассути воситаҳои гидромеханикӣ ҳолати иншоотҳои обпарто бояд муоина карда шуда, оид ба ҳолати онҳо ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.
  12. Барои рафтан ба назди чоҳҳои обпарто ва обҷамъшавӣ бояд кӯпракчаҳои дастакдор гузошта шуда бошанд. Бо мақсади нағалтидани одамон ба партовгоҳ даҳанаи чоҳи обпартои партовгоҳи обӣ бояд иҳота карда шавад.
  13. Партовҳои навовардаи (нав шусташуда) тагшиншуда бо аломатҳое, ки дар он гаштугузор манъ карда шудааст, бояд ишора карда шаванд.

 

  1. КОРҲОИ ТАЪМИРӢ
  2. Таъмири таҷҳизотҳои технологӣ бояд тибқи ҷадвали хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизотҳо гузаронида шавад. Ҷадвалҳои солона ва моҳонаи таъмири таҷҳизотҳо аз тарафи роҳбари техникии корхона тасдиқ карда мешавад.
  3. Корҳои таъмирӣ дар асоси супориш-иҷозат бо риоя намудани қоидаҳои бехатарии иловагӣ, ки дастурамалҳои дохилии ташкилот муқаррар кардааст, гузаронида мешавад.
  4. Таъмири экскаваторҳо ва дастгоҳҳои пармакунӣ дар майдонҳои кории зинаҳо иҷозат дода мешавад, дар ин ҳолат механизмҳои мазкур дар минтақаи аз фурӯравӣ дур ҷойгир кунонида мешаванд. Майдон бояд ҳамвор буда, роҳҳои даромад дошта бошад.
  5. Барои ҳама намуди таъмири таҷҳизотҳои технологии асосӣ тибқи низомномаи амалкунандаи корхона бояд дастурамал (харитаи технологӣ, роҳбарӣ, лоиҳаи ташкили кор) тартиб дода шавад. Дар он асбобу олотҳои зарурӣ нишон дода шуда, тартибу пайдарпаии иҷрои корҳо, ки бехатариро таъмин менамоянд, муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат тартиб ва тарзи хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизот дар асоси роҳнамо (дастурамал) оид ба истифодабарии заводи истеҳсолкунанда бо дарназардошти шароитиҳои маҳали истифодабарӣ муқаррар карда мешавад. Кормандоне, ки ба таъмир машғул ҳастанд бо дастурамалҳо, нақшаҳои технологӣ ва лоиҳаи ташкили кор бо имзо бояд шинос карда шаванд. Қабл аз оғози кор барои иҷрои он шахси маъсул бояд таъин карда шавад. Ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ аз тарафи ташкилоти паймонкор аз ҷониби шахсони масъули фармоишгар ва паймонкор супориш-иҷозат дар ҳама давраи иҷрои корҳо ба расмият дароварда мешавад ва чорабиниҳои ташкилию техникии дақиқ, ки ба баланд бардоштани бехатарии корҳои таъмирӣ равон карда мешавад, бояд тартиб ва амалӣ карда шавад.
  6. Иҷрои корҳои таъмирӣ дар назди қисмҳои кушоди ҳаракаткунандаи дастгоҳҳои механикӣ, ҳамчунин дар наздикии ноқилҳои барқ ва қисмҳои барқгузар, ки таҳти шиддат қарор доранд, дар ҳолати надоштани панҷараҳои эҳтиётии зарурӣ манъ аст.
  7. Барои таъмири таҷҳизотҳои барқӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои истифодабарии бехатаронаи дастгоҳҳои барқӣ ба роҳбарӣ гирифта мешавад.
  8. Таъмиру иваз кардани қисмҳои механизмҳо дар ҳолати ба пуррагӣ истодани мошин, хориҷ намудани фишор дар системаҳои гидравликӣ ва пневматикӣ, манъ намудани дастгоҳҳое, ки механизмро ба ҳаракат медароранд, иҷозат дода мешавад. Додани қувваи барқ ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ бо лоиҳаи махсус иҷозат дода мешавад.
  9. Корҳои аловӣ (корҳои кафшерии газӣ, буридан бо асбобҳои газӣ, корҳои кафшерии газу барқӣ) бояд бо риояи талаботҳои Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор иҷро карда шавад. Дастгоҳҳои кафшергарӣ бояд бо ҷараёни тағйирёбандаи барқии механизми автоматикии хомушкунандаи шиддати гардиши ғайрикорӣ дошта бошад ё шиддати онро то 12В бо истодагарии на зиёда аз 0,5с маҳдуд намояд.
  10. Таъмире, ки ба иваз намудани таркиби металии барандаи таҷҳизоти технологии асосӣ алоқаманд аст, бояд тибқи лоиҳаи бо заводи истеҳсолкунанда мувофиқа карда шуда бо тартиб додани санади иҷрои корҳо гузаронида шавад. Таъмири вобаста ба барқароркунии конструксияҳои металлии баранда бояд аз рӯи ҳуҷҷате, ки роҳбарии техникии корхона онро тасдиқ намудааст, гузаронида шавад.
  11. Кормандоне, ки корҳои борбандиро иҷро менамояд, бояд махсус омӯзонида шуда бошанд ва шаҳодатномаи тахассусӣ дошта бошанд
  12. Корҳое, ки бо истифода аз асбобҳои механикӣ иҷро карда мешаванд, бояд тибқи дастурамали заводи истеҳсолкунанда гузаронида шавад.

 

  1. ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК БО

ВОСИТАИ МОШИНҲОИ МАХСУСИ ЗАМИНКАНӢ (ДРАГА)

ВА ЛОЙКАШИИ ШИНОКУНАНДА

  1. Васл ва таҷдиди мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ, сохтмони иншоотҳои гидротехникии объектҳои корҳои кушоди кӯҳӣ, ташкили харитаҳои шуста тӯда кардан, омодагии корҳои кӯҳӣ дар асоси лоиҳа бояд гузаронида шавад. Дар мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ нигоҳ доштани таҷхизотҳо ва маводе, ки тибқи лоиҳа нигоҳ доштани онҳо пешбинӣ нагардидааст, манъ аст.
  2. Барои мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ нақшаи бартарафсозии садамаҳо (минбаъд – НБС) тартиб дода шуда, дар муддати на дертар аз 15 рӯз то мавсими оғози кор бояд тасдиқ карда шавад. Омӯзонидани ҳайати назорати техникӣ бо НБС аз тарафи роҳбари техникии корхона амалӣ карда мешавад. Шинос намудани кормандон бо қоидаҳои рафтори шахсӣ ҳангоми садама аз тарафи сардори мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ гузаронида мешавад. Шахсоне, ки бо НБС шинос карда нашудаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.
  3. Коркарди канданиҳои фоиданоки бо истифода аз мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ тибқи шиносномаи ковишгоҳ, ки аз тарафи роҳбари техникии корхона тасдиқ карда шудааст, бояд ба роҳ монда шавад.
  4. Саҳн, зинапояҳо, купрукҳо, гузаргоҳҳои мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ бояд аз оҳани чиндор ва ё гудохташудаи рахдор сохта шаванд, иҳота карда шуда, бояд тоза нигоҳ дошта шаванд. Барф ва яхи дар саҳни заврақ ва биноҳо ҷамъшаванда мунтазам тоза карда мешавад.
  5. Танобҳое, ки дар мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ истифода бурда мешаванд, ба шиносномаи мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ бояд ҷавобгӯ бошанд. Истифодаи таноби басташудаи чорчӯбаи кафлесӣ, инчунин таноби симҳояш кандашуда, иҷозат дода намешавад.
  6. Барои равшан намудани ҷойи кории қисмати болои сатҳи мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ, бояд қувваи барқи шиддатнокиаш на зиёда аз 220 В., барои равшании даруни заврақ – на зиёда аз 12В истифода бурда шавад, илова бар ин ҳамаи шӯъбаҳои заврақ бояд равшанӣ дошта бошанд. Дар ҳолати овезон намудани чароғакҳо дар баландии на кам аз 2,5 м аз фарши заврақ шиддати 127 В иҷозат дода мешавад. Барои чароғакҳои аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаронидашаванда ва асбобҳои барқии дастӣ шиддатнокии қувваи барқ набояд аз 36 В зиёд бошад. Дар мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ мавҷуд будани равшанидиҳандаҳои садамавӣ (аккумуляторҳо, чароғҳои барқӣ) ҳатмӣ мебошад. Ба заврақ фаромадан ҳангоми набудани рӯшноӣ манъ аст.
  7. Дар мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ байни бинои мошинист ва механизмҳо, инчунин барои алоқа бо шахсони хизматрасон бояд бо сигналҳои дутарафа таҷҳизонида шуда бошанд.
  8. Роҳҳо ва пайраҳоҳои минтақаҳои кории мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ бояд банд карда шуда, дар ҳудуди минтақаҳои хавфноки танобии корӣ аломатҳои огоҳкунанда гузошта мешавад. Гузаштан аз болои таноби корӣ танҳо бо иҷозати мошинисти баст бо андешидани чораҳои бехатарӣ, рухсат дода мешавад.
  9. Ба таноби чархзананда ва кабелҳо шино карда наздик омадан ва ё наздик омадан ба воситаҳои шинокунанда бе иҷозати мошинист манъ аст.
  10. Дар ҷойҳои намоён ва дастраси мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ, дар деворҳои заврақ ва беруни бино лавозимотҳои наҷотдиҳӣ (чанбарак, кура, камзулчаи наҷотдиҳӣ) баробар на кам аз ду маҷмӯъ дар ҳар 20 метр ба дарозии саҳн бояд ҷойгир кунонида шаванд. Чанбаракҳои наҷотдиҳӣ бо ресмони дарозиаш на камтар аз 30 м бояд таҳҷизонида шуда бошанд. Роҳҳои баромад ба сӯи воситаҳои наҷотдиҳӣ бояд ишора карда шаванд.
  11. Қувваи барқ ба мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ аз механизмҳои тақсимкунандаи назди соҳилҳо тавассути кабелҳо, ки ба рӯи замин кашида шуда, бо аломатҳои дар арғамчин ва ё такягоҳ овехташуда иҳота карда шудаанд, бояд интиқол карда шавад. Дар рӯи об кабелҳо дар амадҳо кашида мешаванд. Васл намудани кабели зиреҳпуш ба мошинҳои махсус ба воситаи тири махсус, ки ба сутуни оқиб маҳкам карда шудааст, бояд амалӣ карда шавад. Аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчондани кабели таҳти шиддат қарордоштаи дар соҳил буда, гузаштан аз болои он бе гузаргоҳҳои махсус, гуронидани кабел, яхкунонидани он дар замин манъ аст.
  12. Дар мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ ғарғараҳои болобари рамаҳо бояд бо ду механизми тормозӣ (корӣ ва эҳтиётӣ) таҷҳизонида шуда бошанд.
  13. Мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ барои кашида партофтани обҳо бояд ду насоси садамавии ба таври автоматикӣ коркунанда дошта бошанд.
  14. Мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ тибқи лоиҳаи ҳимоя аз сӯхтори объекти нишондодашуда бояд бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунии автоматикӣ таҷҳизонида шуда бошанд. Мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ бояд бо лавозимотҳои аввалияи оташхомушкунӣ таъмин бошанд.
  15. Ҷойҳои нигаҳдории равғанҳои молиданӣ ва маводи сӯзанда тибқи лоиҳа бояд бо воситаҳои автоматикии оташхомӯшкунӣ таъмин бошанд. Воситаҳои техникии оташхомушкунии аввалия бояд дар девораҳои минитақаи корӣ бошад. Лавозимотҳои оташхомӯшкунии аввалия ва воситаҳои наҷотдиҳӣ бояд дар ҷойи махсуси ҷудогардида нигаҳдорӣ карда шавад. Ҷойи нигоҳдорӣ бо даромади озод таъмин бошад.
  16. Барои даромад ва баромадан аз мошинҳои махсуси заминканӣ ва лойкашӣ бояд купрукчаҳои бардошташавандаи дастакдор сохта шаванд.

 

  1. КОРКАРДИ КОНҲОИ САНГИ ТАБИӢ ВА НАМАКИ ОШӢ

 

  • 1. Талаботҳои бехатарӣ ҳангоми истихроҷи

сангҳои донагӣ ва тахтасангҳо

  1. Истихроҷи сангҳои донагӣ ва тахтасангҳо зина ба зина бо коркарди пайдарпаӣ, аз боло ба поён иҷро карда мешавад. Зинаҳо метавонанд ба зерзинаҳо тақсим карда шаванд.
  2. Баландии зинаҳо дар лоиҳа вобаста ба шароитҳои кӯҳӣ-геологӣ ба баландии тахтасанги арракардашуда муқаррар карда шуда, набояд аз бузургиҳои зерин зиёд бошад:

-ҳангоми истифодаи мошинҳои сангбурӣ бо тарзи механикӣ ҷамъоварӣ намудан – 3 м ва он ба таҷҳизоти сангбурӣ бояд мутобиқат кунад;

– ҳангоми ҷамъоварии дастӣ – 2,35 м;

– ҳангоми коркарди дастии ҷинсҳои сахт монанди хоросанг ва истифодаи воситаҳои механизатсияи хурд – 6 м;

  1. Коркард бо зинаҳои баланд танҳо дар асоси лоиҳаи махсус иҷро карда мешавад, ки дар он истифодаи таҷҳизотҳо ва механизмҳои мувофиқ ва чорабиниҳои бехатарии иҷрои кор, пешбинӣ карда шудааст. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳангоми коркарди даромади уфуқӣ баландии барзиёди зина нисбати баландии ҳисобкардашуда иҷозат дода мешавад, вале он набояд аз баландии як блоки аррамешуда зиёд бошад. Дар ин ҳолат харсанг ва ё тахтасанги болоиро кормандони дар болои зина қарордошта, яктарафа менамоянд.
  2. Бузургиҳои монолитҳо ва блокҳо ҳангоми аз массив ҷудо намудан бо дарназардошти таҷҳизоти технологии истифодашаванда ва шароитҳои бехатарии иҷрои корҳо бо лоиҳа асоснок карда мешаванд.
  3. Ҷудо намудани блокҳо ва монолитҳо бо усулҳои бурриш, пармакунии тарқишии яклухт ё пармакунии ҳудуди блок ва кафонда гирифтани он дар оянда, тибқи лоиҳа, ки роҳбари техникии корхона тасдиқ намудааст, ба роҳ монда мешавад.
  4. Ҳангоми истихроҷи санг бо фонаҳо:

– сурох намудани санг дар зина бояд аз боло ба поён иҷро карда шавад;

– фронти корӣ дар ҳар синакор на кам аз 10 м, масофаи байни сангшиканҳо аз 4 м кам набошад.

  1. Тартиби кафондан ва ё буридан ҳангоми ҷудокунии блокҳо (монолитҳо) аз массив бояд худ аз худ чаппашудани онро бартараф намояд. Дар охир бурриши амудии тулӣ ва ё кафондан бояд иҷро карда шавад.
  2. Паҳноии майдони корӣ дар зина (зерзина) бо ҳисоб муайян карда мешавад ва дар он ҷойгиршавии таҷҳизотҳо, блокҳои ҷудошуда, захираи маводи даркорӣ ва гузаргоҳи озод бо паҳноии на кам аз 1 м бояд таъмин карда шавад, дар ин ҳолат паҳноии минималии майдони корӣ бояд аз 3 метр кам набошад.
  3. Ҳангоми саркуб намудани зинаҳо мондани бермаи муҳофизатӣ зарур мебошад, ки паҳноии он аз рӯи кунҷи моилии девораи зина, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, қабул карда мешавад.
  4. Кунҷҳои нишебии зинаҳо (зерзинаҳо) то 90о иҷозат дода шудааст.
  5. Ҳангоми боз намудани кон бо усули ғайритраншеӣ ду баромад аз объекти корӣ бояд мавҷуд бошад, ки бо зинапояҳо таҳҷизонида шуда бошанд; дар якеи он баромадҳо кунҷи моилии зинапоя набояд аз 400 зиёд бошад.
  6. Ҳангоми ҷудокунии дастии сангҳои фонамонанд, ки дар вақти даромади якуми мошин ба вуҷуд омадаанд, бояд корманд дар масофаи на кам аз 4 метр дур аз мошинаи амалкунанда қарор дошта бошад.
  7. Дар ҳолати пайдо шудани зарурияти иҷрои корҳо дар нишебии зинаҳо, купрукчаҳои мустаҳкам бояд гузошта шаванд, ки паҳноии фарши он на кам аз 1 метр бошад, ё корҳо тавассути ғарғара ва ё механизми бардоранда, ки барои бардоштани одамон пешбинӣ шудаанд, гузаронида мешаванд.
  8. Намуд ва модели мошинаи сангбурӣ бояд ба шароитии кӯҳӣ – техникии кон ҷавобгӯ бошад, бехатарии иҷрои корҳоро таъмин намояд.
  9. Манъ аст:

– истифодаи мошинҳои сангбурӣ, ки барои ҳимояи одамон аз паридани сангпора тавассути олати сангбурии мошин ба амал меояд, бо механизми ҳимоявӣ таҷҳизонида нашудаанд;

– гузоштан ва гирифтани арраи мошини сангбурӣ бе ҷудо намудани автомати интиқоли барқ ва гузоштани овезаи «Пайваст накунед, одамон кор карда истодаанд»;

– кор бо дастгоҳҳои вайронаи чангҷамъкунанда ва чангпахшкунанда;

– озод намудани мурватҳои ҷалбкунанда ва мустаҳкам намудани онҳо, инчунин тоб додани сараки бурранда ҳангоми ҳаракати мошини сангбурӣ;

– даргирондани мошини сангбурӣ ҳангоми кушода будани дарҳои лавҳаи идоракунӣ.

  1. Воқеъ будани ҳайати хизматрасон ва дигар шахсон дар қисми пеши самти ҳаракати мошини сангбурӣ ҳангоми кори он дар масофаи то 10 метр манъ аст. Дар ҳолати аз як ҷо ба ҷойи дигар гузаронидани мошини сангбурӣ ва ё блокҳои санг тавассути таноби кашанда, одамон дар як тараф аз танобҳои кашида бояд дур қарор дошта бошанд.
  2. Ҳар як мошини сангбурӣ бо олати буррандаи танобӣ бояд таҷҳизонида шавад:

– бо сигналҳои овозӣ ҳангоми ба кордарорӣ;

– бо системаи автоматикии ба кордарории олати буррандаи танобӣ;

-бо системаи автоматии назорат ва танзими бузургиҳои кашиши таноб, ки мошинро ҳангоми тамба ва канда шудани таноб нигоҳ медорад;

– бо ҷилди ҳимоявӣ барои пешгирӣ намудани партофти таноб ҳангоми канда шудан.

  1. Системаи электромеханикии таранг кашидани таноб ба танзим дароварда шуда, қувваи кашиши доимии он бояд таъмин карда шавад. Дар ҳолати вайрон будани онҳо истифодаи мошинаи сангбурӣ манъ аст.
  2. Ҳангоми истифодабарии мошинаи сангбурии танобӣ манъ аст:

– ба кор даровардани таноб бо роҳи ҷунбондан ё баробар бо истифодаи кашандаҳои дастӣ ва даргирондани муҳаррики ҳаракати таноб, инчунин боздоштани таноби коркардаистода бо воситаи аксулхомӯшкунӣ (контрток);

– кор ҳангоми ларзиши зиёд доштани муҳаррик дар натиҷаи яхбандии ғалтаки чархзананда ё самтнишондиҳанда;

– истифодаи воситаҳои бегона (тахта, чуб, сими металлӣ ва дигар) ба ҷойи ғилдиракҳои радкунанда барои таноби бурранда;

– ивазкунии таноб то ба пуррагӣ истодани ғалтаки ҳаракатдиҳанда ва суст шудани кашиши таноб;

  1. Танобҳое, ки дар мошинҳои сангбурӣ истифода бурда мешаванда бояд сертификат дошта бошанд ва ба шароити корӣ мувофиқ бошанд. Танобҳои кашанда ҳар ҳафта аз тарафи механики минтақа бояд аз назар гузаронида шаванд, дар ин ҳолат миқдори торҳои кандашудаи таноб дар як қадами дастпеч набояд аз 10% -и миқдори торҳои он зиёд бошад.
  2. Қабл аз оғози кори мошини сангбурӣ мошинист бояд боварӣ ҳосил намояд, ки дар радиуси кории олоти бурран0даи таноб одамони бегона, мошину механизмҳо қарор надошта бошанд. Воқеъ будани ҳайати хизматрасон ва дигар шахсон дар радиуси на кам аз 10 м аз таноби мошини коркардаистодаи сангбурӣ ва ё дигар мошини сангбурӣ бо олоти ҷойивазшавандаи танобӣ, манъ аст. Лавҳаи идоракунандаи ҷойивазшавандаи мошини сангбурӣ дар радиуси 10 м берун аз минтақаи кории таноби мошини коркардаистодаи сангбурӣ ва ё дигар мошини сангбурӣ бо олоти ҷойивазшавандаи танобӣ, ҷойгир карда мешавад.
  3. Мошинҳои сангбурии коркардаистода ва мошинҳое, ки нав ба кор монтаж карда мешаванд, механизмҳо ва таҷҳизотҳои таҳвилдиҳии нақлиётии онҳо бояд дар ҳолати коршоямӣ бошанд, бо аломатҳои амалкунандаи механизмҳои сигналдиҳӣ, тормозҳо, иҳотаи қисмҳои ҳаракаткунандаи дастрас ва майдони корӣ, маҷмӯи асбобҳои коршоями корӣ, дастгоҳҳои назоратию ченкунӣ, муњосираи муҳофизатӣ ва механизмҳои чангкашии коршоям таъмин бошанд. Ҳамаи мошинҳои сангбурӣ ва дастгоҳҳои арракунанда бояд механизми ҳимоявӣ дошта бошанд, ки ҳангоми набудани оби хунуккунанда ва ё дигар намуди хунуккунандаи дастгоҳ, ки дар конструксияи мошин нишон дода шудааст, он кори мошинро пешгирӣ менамояд.
  4. Ҳамаи санговезаҳое, ки баъди мошинаи сангбурӣ боқӣ мемонад ё ин ки то охир нобурида мондааст, ё овезонанд, таъҷилан бояд дур карда шаванд (гирифта шаванд).
  5. Роҳи оҳани барои ҳаракати мошинаи сангбурӣ бояд бо такягоҳҳои муҳофизатӣ ба итмом расад.
  6. Иҷро кардани корҳои ҷойивазкунии блокњо, ҷинсҳои кӯҳии ғайрикондитсионӣ дар синакор ва анбори ашёи корхонаҳои коркарди санг бо таври механикӣ зарур мебошад. Бардоштан ва ҷойивазкунии борҳои майдадона дар зарфҳои махсус, ки барои чунин корҳо таъин шудаанд, бояд иҷро карда шавад, дар ин ҳолат ба афтиши қисмҳои алоҳидаи бор роҳ дода намешавад.
  7. Ҷудо карда гирифтани сангҳои деворӣ, ки дар синакор бо мошинаи сангбурӣ бурида шудааст, зарур аст, ки аз ќаторҳои боло оғоз карда шавад. Ҷамъовари намудани сангҳои вазнашон 40 кг. бо баландии зинаҳо то 1,5 м дастӣ рухсат дода мешавад. Агар баландии зина зиёда аз 1,5 м-ро ташкил диҳад, ҷамъоварии сангҳо танҳо бо тарзи механикӣ иҷозат дода мешавад. Аз синакор бардоштани блокҳои калони деворӣ танҳо бо ёрии таҷҳизотҳои махсуси қапандаи эътимоднок бояд иҷро карда шавад.
  8. Ҳангоми буридан ва коркарди блокҳои калон, нисбати афтиши он ба тарафи корманд бояд чораҳо андешида шавад. Афтонидани дастии блокҳо ба тарафи худ манъ аст.
  9. Интиқоли мошинаи сангбурӣ дар чанаҳои махсус ё трейлерҳо тибқи харитаи технологӣ, ки роҳбари техникии корхона тасдиќ намудааст, бояд иҷро карда шавад.
  10. Ҳангоми интиқоли мошинаи сангбурӣ иҷроиши талаботҳои зерин ҳатмист:

1) суръати ҳаракати чана (трейлер) бо мошина набояд зиёд бошад:

– 5 км/с – дар қитъаҳои ҳамвор;

– 0.5 – 1 км/с – дар қитъаҳои нишеб;

2) олатҳои бурранда бояд тамоман ба поён фароварда шуда сахт карда шаванд;

3) интиқол таҳти назорати шахси масъули техникӣ бояд амалӣ карда шавад.

  1. Аз як ҷо ба ҷойи дигар бурдани вагонҳо ҳангоми дастӣ бор кардани онҳо аз конвейери интиқолии мошинаи сангбурӣ, танҳо дар ҳолати мавҷуд будани синализатсияи боэътимод рухсат дода мешавад ва дар ин ҳолат бояд суръати ҳаракат на зиёда аз 1.5 м/дақиқа бошад. Тартиби сигнализатсияро бо дарназардошти шароитҳои маҳаллӣ корхона муқаррар менамояд.
  2. Ҳангоми истифодабарии конвейерҳои тасмагии сайёр барои дастрас намудани сангҳои деворӣ дар тӯли синакор талаботҳо барои нақлиёти технологии бефосила ба роҳбарӣ гирифта мешаванд.
  3. Баландии сарҷини сангҳо набояд аз 1,8 метр ва дар блокҳои калонҳаљм набояд аз 2,5 метр зиёд бошад. Тарзи ҷобаҷогузории сарҷинҳо устувории онҳоро бояд кафолат диҳад.
  4. Дар ҷойи кории кормандоне, ки аз воситаи нақлиёт сангҳоро мефароранд, тугмаи садамавии “Ист”, ки қувваи барқро дар мошин, дар умум хомӯш менамояд, бояд гузошта шавад.
  5. Гирифтани сангҳое, ки дармондаанд, танҳо бо ёрии лавозимотҳои махсус иҷозат дода мешавад. Иҷрои ин корњо тариқи дастӣ манъ аст.
  6. Ҳангоми бор намудан ва борфарории механикӣ истодани (воқеъ будани) ронанда ва дигар шахсони хизматрасон дар кабина, дар зинапояи автомошина, инчунин азназаргузаронӣ ва таъмири он манъ аст.
  7. Шифти зинаи болоӣ дар фосилаи на камтар аз 2 метр аз канори он бояд аз партовсангҳо тоза карда шаванд.
  8. Самти роҳи мошинаи сангбурӣ бо нивелир ё дар асоси кунҷи афтиш пойдевори ҳамворкардашуда бо истифодаи тагмонакҳои чубӣ ва ё махсуси ба ин мақсад тайёркардашуда, бояд муайян карда шавад. Истифодаи сангҳои арракардашуда ба сифати тагмонак манъ аст. Роҳҳои оҳани мошинаҳои сангбурӣ аз релсҳои як намуд бояд иборат бошанд, ба пайвастшавии заминии маҳаллӣ пайваст карда шаванд ва дар ҷойи васлшавии релсҳо пайвасти электрикӣ бояд дошта бошанд.
  9. Ҳангоми дар як вақт кор кардани ду ё зиёда мошинҳои сангбурӣ дар як роҳи оҳан, фосилаи байни онҳо набояд аз 15 метр кам бошад. Ҳамчунин, мошинҳои сангбурӣ бояд бо буферҳои боваринок таҷҳизонида шуда бошанд.
  10. Нақшаҳои технологии коркарди сангҳо бехатарии иҷрои равандҳои алоҳидаи технологиро бояд таъмин намоянд ва ба боркашонии рӯ ба рӯи маҳсулоти нимтайёр ва тайёр, роҳ надиҳанд.
  11. Дар нақшаҳои истихроҷи якҷояи сангҳои блокӣ, ки истифодаи мошинҳои сангбурии боровӣ ва танобӣ пешбинӣ гардидааст, бояд тартиби зерини иҷрои корҳо риоя гардад: парма кардани пармачоҳи амудии технологӣ, ба тарзи уфуқӣ буридан бо дастгоҳи боровӣ, кундаланг ва ба дарозии амудӣ буридани санг бо мошинаи бурриши танобӣ.
  12. Ҳангоми истифодаи дастгоҳи сангбурӣ бо таноби геликоидалӣ қисмати бекори таноб берун аз ҳудуди минтақаи ҳифзшавандаи хати интиқоли барқ, дар зинаҳои ғайрикорӣ ва берун аз минтақаи кории механизмҳои борбардор бояд ҷойгир карда шавад.
  13. Ҳангоми иҷрои корҳо тавассути буридан бо тарзи термогазӣ ва коркарди санги блок зарфҳои моеъҳои сӯзанда дар фосилаи 3 метр аз ҷойи корӣ ва 5 метр дур аз баллонҳои оксигендор бояд ҷойгир карда шаванд. Зарфҳо барои моддаҳои сӯзанда бояд ба ҳаҷми ¾ пур карда шуда бошанд. Истифодаи зарфҳои моддаҳои сӯзандадошта тибқи меъёрҳои истифодабарии бехатаронаи зарфҳои зери фишор коркунанда ба роҳ монда мешавад.

 

  • 2. Талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истихроҷи намаки ошӣ дар ҳавзаҳои таҳшинӣ ва кӯлҳои намакдор
  1. Бузургиҳои системаи коркард (баландӣ ва кунҷи зинаҳо, паҳноии бермаҳои бехатарӣ, сутунҳои ҳифзкунанда ва ғайра) тибқи тавсияҳое, ки ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки дар асоси шароитҳои конкретии кӯҳӣ-геологии конҳо ва навъи таҷҳизоти кӯҳӣ-нақлиётӣ тартиб додаанд, бо лоиҳа муайян карда мешаванд. Дар ҳама ҳолатҳо баландии зина ҳангоми коркарди қабатҳои намак дар кӯл набояд аз 8 м зиёд бошад. Нишебии зинаи истихроҷшаванда бояд на кам аз 75° бошад. Ҳангоми коркарди қабати намак бо зинаи баландиаш то 3 метр, кунҷи нишебии зина 90° иҷозат дода мешавад.
  2. Бузургиҳои системаи коркард ҳангоми тартиб додани нақшаҳои солонаи рушди корҳои кӯҳӣ бо назардошти натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мониторинги муҳити геологӣ, бояд дақиқ карда шаванд.
  3. Сохти роҳи оҳани интиқолдиҳанда, ҳамчунин роҳҳои корӣ ва боркунӣ барои комбайнҳои намакҷамъкунанда, ба талаботи лоиҳа, ки аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ карда шудаанд, бояд мутобиқат кунанд. Масофа аз канори зина то хати меҳвари роҳи оҳан, ки тавассути он комбайни намакҷамъкунанда ҷой иваз менамояд, бояд на кам аз 2,3 м бошад.
  4. Ҳангоми коркарди қитъаи қабати намак дар кӯл бо синакорҳои рӯ ба рӯ оянда ва корҳои манёврӣ ба воситаи тракторҳо, паҳноии сутуни байни синакорҳо на бояд аз 17 метр кам бошад.
  5. Дар ҳудуди кули намак ҳамаи ковишҳои бекормонда, ҳамчунин, дар ҳудуди кули намак дар ковишҳое, ки муваққатан кор қатъ гардидааст, бояд бо аломатҳои огоҳкунанда маҳдуд карда шуда бошанд.
  6. Ҳангоми истихроҷи намаки ошӣ аз ҳавзаҳо ва кулҳо партофтани партовҳои бойгардонанда ба майдонҳои коркардшуда манъ аст.
  7. Комбайнҳои намакҷамъкунанда, дастгоҳҳои дизелӣ- генераторӣ, ки дар як вагон бо дигар таҷҳизотҳо ҷиҳозонида шудаанд, бояд шамолдиҳаки сунъӣ дошта бошанд.
  8. Комбайнҳои намакҷамъкунанда, ки дар чуқурии зиёда аз 3 м намакро мебароранд, бояд бо асбобҳои хамиченкунанда ва огоҳкунандаи автоматӣ таҷҳизонида шаванд, ки онҳо нишебии ниҳоиро бояд хабар диҳад.
  9. Ҳангоми моилшавии аз ҳадди муқарраршудаи зиёди комбайн мошинист уҳдадор аст, ки истихроҷи намакро қатъ гардонад, комбайнро аз ҷойи хатарнок барорад ва роҳбари техникии бастро хабардор намояд.
  10. Ҳангоми дар як роҳи корӣ кор кардани ду комбайни намакҷамъкунанда бояд сарҳади кори ҳар яки онҳо ишора шуда бошад. Сарҳади майдони кории комбайнҳои намакҷамъкунанда тавассути диски рангаш сурх ва қутраш 200 мм, ки дар байни хатҳои роҳи оҳан ва роҳи боргиранда гузошта мешаванд, ҷудо карда мешавад.
  11. Дар кули намак, қад-қади роҳ, ки тавассути он мошинҳо, тракторҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳаракат мекунанд бояд дар масофаҳои муайян сутунҳои роҳнамо чунон шинонида шаванд, ки дар тамоми вақти шабонарӯзӣ ва ҳама ҳолати обу ҳаво барои ронандагон намоён бошанд. Шинондани сутунҳои роҳнамо қад-қади роҳи оҳан, ки барои аз кул баровардани намак хизмат мекунад, ҳатмӣ нест.
  12. Корҳо оид ба ивазкунӣ ва мондани арраҳои агрегатҳои истихроҷи блоки намак мутобиқи нақшаи технологӣ, ки чораҳои зарурии бехатариро пешбинӣ менамояд ва он аз тарафи роҳбари техникӣ тасдиқ гардидааст, бояд иҷро карда шавад.
  13. Майдончаи болоии тали намак бояд уфуқӣ ё нишебии на зиёда аз 5-10° ба боло ё ба поён дошта бошад.
  14. Ҷуйборҳои асосии ғизодиҳандаи ҳавзҳо дар фосилаи ҳар 200 м ба самти дарозиашон бо купрукчаҳои гузарандаи дастакдори паҳноиашон на кам аз 0,8 м бояд таҷҳизонида шуда бошанд. Аз болои дарғотҳои ҳавзҳо рафтуо кардан манъ карда мешавад.
  15. Коркарди зинаҳои намак тибқи талаботи бандҳои 50-53 Қоидаи мазкур бояд амалӣ гардад.
  16. Ҳангоми кори комбайни намакҷамъкунанда манъ аст:

– воқеъ будан пеш аз комбайн дар масофаи на кам аз 10 м аз канори пеши корди комбайн;

-ҳузур доштани шахсони бегона дар комбайн.

  1. Гузаронидани корҳои батанзимдарорӣ ва дигар корҳо дар зери комбайн бе андешидани чораҳои бехатарӣ манъ аст.
  2. Ҳамаи ноқилҳои комбайни намакҷамъкунанда дар дохили лӯлаҳои металлӣ ё бо кабеле, ки бо моддаи зидди зангзанӣ пӯшида шудааст, бояд гузаронида шаванд.
  3. Чоҳҳои ҷабандаи таҷҳизоти насосҳо бояд эътимоднок маҳкам карда шуда, ё аз ҳама тараф бо панҷараҳои баландиашон на кам аз 1,2 м иҳота карда шуда бошанд.
  4. Ноқилҳои барқӣ ва рӯшноидиҳанда дар ҳудуди ҳавзҳо бояд кабелӣ бошанд.
  5. Кашидани кабел бевосита аз таги ҳавз ё бо қабати намак дар кули намак манъ аст. Кабелҳо бояд дар такягоҳҳои махсус ва ё пояҳо гузаронида шаванд.
  6. Эстакадаи боркунанда аз ҳама тараф бо панҷараи баландиаш на кам аз 1,2 м бояд иҳота карда шуда бошад. Баромадани шахсони бегона ба эстакадаи боркунанда манъ аст.
  7. Барои гузаштан аз конвейерҳои қад-қади эстакадаи боркунанда ҷойгиршуда, баъди ҳар 30 метр купрукчаҳои дастакдор бояд сохта шаванд. Паҳноии купрукчаҳои гузаранда набояд аз 0,8 м кам бошад.
  8. Азназаргузаронии конструксияҳои эстакадаи боркунандаро сардори осиёби намак на кам аз як маротиба дар як моҳ бояд гузаронад. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар китоби азназаргузаронии эстакадаи боркунанда қайд карда мешавад.
  9. Шахсоне, ки бо истихроҷ ва коркарди намак алоқаманд мебошанд, на кам аз як маротиба дар ҳар семоҳа бояд аз муоинаи духтурон гузаранд.
  10. Дар ҷойҳои истихроҷ, боркунӣ, борфарорӣ, интиқолдиҳӣ ва коркарди намак истифодабарии чароғҳои барқии панҷараи оҳанин надошта манъ карда мешавад.

 

  1. ТАЛАБОТ ОИД БА ИСТИФОДАИ БЕХАТАРОНАИ
НАҚЛИЁТИ ТЕХНОЛОГӢ
§1. Нақлиёти технологии автомобилӣ
  1. Паҳноии қисмати роҳрави роҳҳои дохиликарерӣ ва нишебии он бо дарназардошти талаботҳои қоида ва меъёрҳои амалкунанда вобаста ба андозаи автомобилҳо ва қатораҳои автомобилӣ дар лоиҳа муайян карда мешавад. Даромадҳои муваққатӣ ба хандакҳо бояд тавре ташкил карда шавад, ки ҳангоми ҳаракати нақлиёт ба дарозии онҳо аз ҳарду тарафи роҳ гузаргоҳ ба паҳноии на кам аз 1,5метр боқӣ монад.
  2. Дар роҳҳои нишебии тӯлонидошта (зиёда аз 60 %) дар масофаи на кам аз 600 майдони нишебиашон то 20 % ба дарозии на камтар аз 50 м бояд сохта шаванд.
  3. Радиуси гардишҳо дар нақша ва нишебиҳои кундалангии роҳҳои автомобилӣ бо дарназардошти меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ пешбинӣ карда мешаванд. Дар шароитҳои маҳдуди махсус дар роҳҳои дохиликарерӣ ва роҳҳои хоктӯдаҳо, бузургии радиуси гардиш ба андозаи на камтар аз ду радиуси конструктивии гардиши воситаҳои нақлиёт аз рӯи чархи пеши беруна – барои автомобилҳои танҳо ва на камтар аз се радиуси конструктивии гардиш – барои автомобилҳои ядакдор иҷозат дода мешавад.
  4. Қисми мошингузари роҳҳо дар ҳудуди карер (ғайр аз роҳҳои назди синакор) ба қоидаҳою меъёрҳои сохтмонӣ бояд ҷавобгӯ бошанд. ва аз призмаи эҳтимолии фуруравӣ бо девори муҳофизатӣ ва ё наварди эҳтиётӣ (аз ҷинсҳои кӯҳӣ) иҳота шуда бошанд. Баландии наварди муҳофизатӣ набояд аз нисфи диаметри чархи автомобили калонтарини боркаши дар карер истифодашаванда кам бошад. Тири амудӣ, ки аз қуллаи наварди муҳофизатӣ мегузарад, аз призмаи фуруравӣ бояд берун бошад. Масофа аз канори наварди (девори) муҳофизатӣ то қисмати мошингузар на кам аз 0,5 диаметри чархи автомобили иқтидори боркашиаш максималии дар карер истифодашаванда, қабул карда мешавад.

276.Дар давраи зимистон роҳҳои мошингард мунтазам аз барф ва ях тоза карда шуда, ба он қум, дажғол, шағали майда пошида ва ё бо маводи махсус коркард мешаванд.

  1. Ҳар як автомобил бояд шиносномаи техникӣ дошта бошад, ки дар он тавсифҳои асосии техникӣ ва истифодабарии он нишон дода шуда бошад. Автомобилҳои карерии дар кон истифодашаванда бо таҷҳизотҳои зерин бояд муҷаҳҳаз бошанд:

– воситаҳои оташхомушкунӣ;

– аломатҳои исти садамавӣ;

– доруқуттӣ;

– тагмонакҳо барои дар зери чархҳо мондан;

– сигналҳои номуттасили овозӣ ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан;

– механизми манъкунандаи (сигнализатор) бардоштани сабад (кузов) дар зери хатҳои барқ (барои автомашинаҳои борбардориашон 30 тонна ва зиёд);

– ду оинаи ба қафо нигоҳкунанда;

– воситаҳои алоқа.

  1. Ба хати корӣ автомашинаҳо дар ҳолате рухсат дода мешавад, ки агар ҳамаи ҷузъҳо ва агрегатҳое, ки бехатарии ҳаракатро таъмин менамоянд, ҳамчунин бехатарии дигар корҳо, ки технологияи истифодабарии нақлиётро пешбинӣ намудааст, дар шароити коршоямии техникӣ қарор дошта бошанд. Истифодаи оташ (чароғҳои васлкунанда, машъал ва диг.) барои гарм намудани равған ва об манъ аст. Бо ин мақсад истгоҳи автомашинаҳои объекти корҳои кушоди кӯҳӣ бо нуқтаҳои статсионарии гармкунандаҳои буғӣ таъмин бошанд. Ронандаҳое, ки автмобилро идора менамоянд, бо худ ҳуҷҷати ҳуқуқи идораи автомобилро бояд дошта бошанд. Ронандагоне, ки автомобилҳои трансмиссияи дизелӣ-барқӣ доштаро идора менамоянд, бояд гурӯҳи тахассусӣ нисбати бехатарии барқии аз гурӯҳи II паст набошад.
  2. Ҳангоми гузаронидани таъмири капиталӣ ва ҳам дар раванди истифодаи оянда, дар муҳлатҳое, ки аз ҷониби заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ гардидааст (тибқи номгӯй), дефектоскопияи ҷузъҳо, деталҳо ва агрегатҳои автомашинаҳои худрези калони боркаш, ки ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонанд, бояд гузаронида шавад.
  3. Суръат ва тартиби ҳаракати автомобилҳо, автомобилҳо ва тракторҳои поездмонанд дар роҳҳои карер аз тарафи роҳбари техникии ташкилот ва муассисаи нақлиётӣ бо дарназардошти шароитҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешавад. Кашидани автосамосвалҳои нуқсондори борбардориашон 27 тонна ва зиёд бо ядакмошинҳои махсус бояд амалӣ карда шавад. Дар қисмати мошингузари роҳ гузоштани автомашинҳои худрези вайроншуда манъ аст. Гузоштани муваққатии мошинҳои вайроншуда дар қисми мошингузари роҳ ҳангоми ҳолатҳои садамавӣ бо иҳота кардани роҳ аз ду тараф бо сигналҳои огоҳкунанда тибқи қоидаҳои амалкунадаи ҳаракати роҳ, иҷозат дода мешавад.
  4. Ҳаракат дар роҳҳои технологӣ бо аломатҳои роҳ, ки қоидаҳои амалкунандаи ҳаракат дар роҳҳо муқаррар кардааст, бояд танзим карда шавад. Дастурдиҳӣ оид ба бехатарӣ ба ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дар объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод фаъолият мекунанд, аз тарафи маъмурияти ташкилот ва хоҷагии автомобилӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми ба кор қабул кардан ва баъди бо хатсайр амалан шиносоӣ пайдо кардан ба ронандаҳо шаҳодатномаи ҳуқуқи кор дар объекти корҳои кӯҳии кушод бояд дода шавад. Ба ронандаҳои автомобилҳо ва таҷҳизоти худгарди технологӣ (грейдерҳо, скреперҳо, булдозерҳо, боркунандаҳо ва ғайра) хатсайр бояд дода шавад, ки он ҳамчун супориш барои иҷрои корҳо ба ҳисоб меравад. Ба ҳудуди қитъаи кӯҳкорӣ даромадани автомобилҳо, тракторҳо, ядакҳо, мошинҳои боркунанда, борбардор ва ғайра, ки ба дигар ташкилотҳо тааллуқ доранд, танҳо пас аз додани дастури ҳатмӣ ба ронанда ва қайд намудани он дар китоби махсус бо иҷозати маъмурияти корхонаи истифодабарандаи объект, рухсат дода мешавад.
  5. Назорат оид ба ҳолати техникии автосамосвалҳо, риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи шахсони масъули хоҷагии автомобилии ташкилот бояд таъмин карда шавад, аммо ҳангоми истифодаи нақлиёти ташкилоти паймонкор, ки дар асоси шартнома кор мекунад, аз тарафи шахсони масъули ташкилоти паймонкор таъмин карда мешавад. Қабл аз ба кор баромадан ва баъди ба гараж баргаштан назорати ҳолати техникии воситаи нақлиёт тибқи тартиб ва миқдоре, ки аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ гардидааст, аз ҷониби ронандаҳо ва шахсони уҳдадор бояд таъмин карда шавад.
  6. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои технологӣ автомобилҳо бояд аз якдигар пеш нагузаранд. Дар ҳолатҳои алоҳида ҳангоми истифодаи автомобилҳои суръати техникии гуногундошта бо дарназардошти таъмини шароити бехатарии ҳаракат, пешгузарӣ иҷозат дода мешавад.
  7. Ҳангоми ба мошин бор кардани массаи кӯҳӣ бо экскаваторҳо бояд шартҳои зерин иҷро карда шаванд:

– мошини борро интизоршаванда берун аз радиуси амали экскаватор бояд ҷойгир бошад ва танҳо пас аз сигнали иҷозати мошинист барои бор гирифтан наздик шавад;

– мошини зери бор дар ҳудуди дидашавандаи мошинисти экскаватор бояд қарор дошта бошад;

– мошини зери бор қарордошта бояд тормозонида шуда бошад;

– бор кардани автомобил аз оқиби автомобил ё аз канори он бояд амалӣ гардад, гузаронидани бели экскаватор аз болои кабинаи мошин манъ аст;

– баландии афтиши бор бояд минималӣ бошад ва дар ҳама ҳолат набояд аз 3 м зиёд бошад;

– мошини боркардашуда танҳо пас аз сигнали иҷозатии мошинисти экскаватор, бояд ба нуқтаи борфарорӣ раҳсипор гардад.

  1. Яктарафа бор кардан, бор кардани сангҳои калонҳаҷм, инчунин аз иқтидори борбардории автомобил зиёд бор кардан, иҷозат дода намешавад.
  2. Кабинаи автосамосвали дар объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод истифодашаванда бо сарпӯши махсуси ҳифзкунанда, ки бехатарии ронандаро ҳангоми бор кардан таъмин менамояд, бояд пӯшида шуда бошад. Ҳангоми набудани сарпӯши ҳифзкунанда ронандаи мошин уҳдадор аст, ки аз кабина баромада, дар муддати боркунӣ берун аз радиуси максималии бели экскаватор қарор гирад.
  3. Ҳангоми кор дар хатсайр манъ аст:

– ҳаракати мошин бо кузови бардошташуда;

– таъмир ва борфурорӣ дар зери хати интиқоли барқ;

– дар нуқтаи боркунӣ ҳаракат ба қафо дар масофаи зиёда аз 30 м (ба истиснои ҳангоми корҳои ровканӣ);

– гузаштан аз болои кабелҳо ва кабелҳое, ки дар рӯи замин бо механизмҳои махсус иҳота карда нашудаанд;

– бурдани шахсони бегона дар кабина бе иҷозати маъмурият;

– аз кабина баромадани ронанда то пурра бардошта шудани кузов;

– нигоҳ доштани мошин дар фарозӣ ва нишебӣ;

– ҳаракати қади роҳи оҳан дар масофаи на кам аз 5 м аз релси наздиктарин;

– истифодаи мошин бо механизми вайронаи бакордарории муҳаррики.

  1. Дар ҳолати исти мошин дар фарозӣ ё нишебӣ бо сабаби вайроншавии техникӣ, ронанда уҳдадор аст, ки барои худ аз худ ҳаракат накардани автомашина чораҳо андешад. Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳангоми ҳаракати мошин ба қафо бояд сигнали овозӣ дода шавад.
  2. Тоза кардани кузов аз маводи часпида ё яхкарда дар ҷойи махсус ҷудошуда бо истифодаи воситаҳои механикӣ ё дигар воситаҳо бояд иҷро карда шавад.
  3. Корҳои вобаста ба васлу насби чархҳо дар ҷойҳои алоҳида ё дар қитъаҳои махсус, ки бо механизмҳо ва иҳотаи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, бояд амалӣ карда шаванд. Иҷрокунандагони чунин корҳо бояд омӯзонида шуда, дастур гирифта бошанд.
  4. Нуқтаҳои ҳамлу нақл ҷанбаи зарурии амалиётҳои маневрии воситаҳои боркунӣ, автомобилҳо, автопоездҳо, булдозерҳо ва дигар техникаҳои ҷалбкардашуда ва таҷҳизотро бояд дошта бошанд.

 

§2. Нақлиёти технологии бефосила

  1. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳои нақлиёти бефосила ба роҳбарӣ гирифтани Қоидаҳои мазкур зарур мебошад ва ҳамчунин, дар объектҳои зеризаминӣ аз ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ғайримаъдан ва пошхӯрда бо тарзи зеризаминӣ, дар комплексҳои сангмайдакунӣ – ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарӣ ҳангоми майдакунӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, бойгардонии канданиҳои фоиданок ва порадона кардани маъданҳо ва консентратҳо бояд истифода бурд.
  2. Аз тарафи маъмурияти ташкилот барои назорат ва истифодабарии бехатарии конвейрҳо ва дигар намуди нақлиёти бефосила бояд доираи шахсони масъул муайян карда шуда бошанд.
  3. Дар долонҳои конвейерӣ ва эстакадаҳо, ки дар рӯи замин ҷойгир шудаанд ва барои интиқол додани маводи насӯзанда дар ҳолати сардӣ, ҷойгир кунонидани конвейерҳои лентагӣ бо лентаи ба оташ тоб наоваранда иҷозат дода мешаванд. Конструксияҳои сохтмонии долонҳо ва эстакадаҳо аз маводи оташбардор бояд сохта шаванд. Дар ин ҳолат, дар истгоҳҳои ҳаракатдиҳанда ва нуқтаҳои ҳамлу нақл, ҳамчунин ба дарозии конвейер, ки дар долон ҷойгир карда шудааст, воситаҳои автоматикии оташхомӯшкунӣ ва сигнализатсияи автоматӣ бояд насб карда шаванд. Сигнали бакордароии ин воситаҳо ба бунгоҳи танзимгар бояд ворид шавад. Барои огоҳ намудани даргирии лента истгоҳҳои ҳаракатдиҳандаи конвейерҳо бояд бо қулфҳои гармидиҳанда таҷҳизонида шаванд.
  4. Дастгоҳҳои нақлиёти технологии бефосила бояд механизмҳои зеринро дошта бошанд:

– механизмҳои муњосирашаванда, таҷҳизотро боздоранда, ки он дар гузашта садамавӣ боздошта шудааст;

– механизми бозистии садамавии конвейер аз ҳама гуна ҷо ба дарозии он;

– сигнализатсия оид ба оғози ба кор андохтани таҷҳизот;

– механизмҳои муњосира кунанда, ки имконияти бакордароии дистансиониро баъди ба кор даромадани воситаи ҳимоякунандаи конвейер истисно мекунанд;

– механизми конвейерро хомӯшкунанда дар ҳолати бозистии лента ҳангоми фаъол будани муҳаррик;

– механизми ба баромади канории лента монеъшаванда ва датчикҳои баромади канории лента, ки кори муҳаррикро ҳангоми баромадани лента берун аз ҳудуди канорҳои барабанҳо ва роликҳо-такягоҳҳо хомӯш мекунад;

– муњосираи маҳаллӣ, ки ба кор даромадани таҷҳизотро аз пулти идоракунии марказонидашуда пешгирӣ мекунад;

– ҳангоми васли конвейерҳо бо кунҷи зиёда аз 6° – механизми автоматии фаъолшавандаи тормоз, ки ҳангоми хомӯшкунии муҳаррик ба кор медарояд ва ба ҷойивазкунии шохаи лентаи бордор ба самти муқобил монеъ мешавад;

– механизм барои таранг кашидани лента;

– ҳангоми кунҷи моили конвейер зиёда аз 10° – механизми қаппандаи шохаи бордор ҳангоми канда шудани он;

– асбоб барои тозакунии механикии лента ва барабанҳо аз маводи часпанда;

– механизме, ки ҳангоми маҳкам шудани чуқурӣ ва новадонҳои борхоликунӣ ҳаракати муҳаррикро хомӯш мекунад.

  1. Дар конвейерҳои ҷойивазкунанда барои равонакҳои борфарорӣ васли хомӯшкунакҳои канорӣ, аммо дар роҳҳои релсдор – такягоҳҳои махсус зарур мебошад. Расондани нерӯи барқ ба муҳаррикҳои барқие, ки ба таври автоматӣ равонакҳо ва конвейрҳои ҷойивазкунандаро боз медоранд, бояд бо кабелҳои овехташаванда иҷро гардад. Пайвасти нерӯи барқ ба муҳаррикҳои барқие, ки ба таври автоматӣ равонакҳо ва конвейерҳои ҷойивазкунандаро боз медорад, дар майдонҳои хизматрасонӣ ё аз фарш тавассути симҳои алоқа, ки дар баландии на кам аз 3,5 м иҷозат дода мешавад. Ҳангоми кам будани баландии ноқили троллеӣ (аз 3,5 то 2,2 м) бояд иҳотаҳои махсус гузошта шаванд. Равонакҳои борфарор бояд бо механизмҳое таҷҳизонида шаванд, ки ба ҳаракти беихтиёр монеъ гарданд.
  2. Ҷамъоварии маводи рехта аз зери конвейерҳои лентагӣ бояд механикӣ (тозакунии гидравликӣ ва ғ.) бошад. Ҷамъоварии дастии мавод аз зери устувонаи (барабани) асосӣ, устувонаҳои оқиб ва радкунанда танҳо дар ҳолати боздоштани конвейер иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат нақшаи барқии муҳаррики он бояд ҷудо карда шуда, дар механизмҳои бакор дароваранда плакатҳои огоҳкунанда бо навиштаҷоти «Даргирондан манъ аст! Одамон кор карда истодаанд!» овезон карда мешавад. Стансияҳои ҳаракатдиҳанда, кашанда, радкунанда ва оқиби конвейерҳои лентадор бояд иҳота дошта бошанд, ки ба ҷамъоварии дастии маводи рехтаи назди устувонаҳо дар ҳолати кор кардани конвейер монеъ шуда тавонад. Иҳотаҳо бояд бо муҳаррики ҳаракатдиҳандаи конвейер чунон муњосира карда шуда бошад, ки дар ҳолати гирифтани иҳотаҳо имконияти даргирифтани он вуҷуд надошта бошад. Аз тарафи гузаргоҳи асосии одамон, ба дарозии умумии конвейер, ғилдиракҳои шохаҳои корӣ ва ғайрикории лента бидуни муњосира бо муҳаррики конвейер, бояд иҳота дошта бошанд (иҳота карда шаванд). Аз тарафи гузаргоҳи ғайриасосӣ, ғилдиракҳои шохаҳои кориву ғайрикории лента метавонад иҳота карда нашаванд ва даромади минтақа бо даричаҳо бояд таҷҳизонида шавад, ки он бо муҳаррики конвейер муњосира карда мешавад, ки дастрасии одамонро ба минтақа истисно менамояд.
  3. Дастӣ рост кардан ва ба тартиб даровардани зичии канораҳои лентаи конвейери коркардаистода манъ аст.
  4. Андармоншавии лентаи конвейерро пас аз тоза кардани устувонаҳо, лента ва мутобиқатии тарангии он ба механизмҳои кашанда бартараф кардан зарур аст. Даргирондан ва истифода бурдани конвейерҳо дар ҳолате, ки маводи интиқолшаванда ба қисмҳои ҳаракаткунанда (лента, устувона, ғилдиракҳо) рехта аст, манъ аст.
  5. Дар назди ҷойгиршавии меҳварҳои устувонаҳои ҳаракатдиҳанда, кашанда ва радкунандаи стансияҳои ҳаракатдиҳандаи конвейерҳо дар баландии зиёда аз 1,5 м аз сатҳи фарш майдончаҳо барои хизматрасонии ҳаракатдиҳандаҳо бояд сохта шаванд. Онҳо бо зинапояҳо ва панҷараҳои баландиашон на кам аз 1 м таҷҳизонида шуда, ба баландии на кам аз 0,15 м аз фарш ва на кам аз 0,3 м аз поёни конструксияҳои баромади майдонча то маводи интиқолдиҳанда, тахтабандӣ карда мешаванд. Масофаи амудӣ аз фарши майдончаҳо то поёни конструксияҳои сохтмонии нисбатан барҷаста (системаҳои коммуникатсионӣ) бояд на кам аз 1,8 м бошад. Майдончаҳо бояд фарши панҷарашакл ё яклӯхти нағеҷанда дошта бошанд.
  6. Баландии долонҳо ва эстакадаҳо аз сатҳи фарш то поёни конструксия бояд на кам аз 2 м бошад. Паҳноии долонҳо ва эстакадаҳо ба шароити таъмини гузаргоҳҳои зерин бояд мутобиқат кунанд:

– на кам аз 800 мм аз як тарафи конвейер (барои гузаштани одамон), аз тарафи дигар на кам аз 700 мм дар ҳолати паҳноии лента то 1400 мм ва на кам аз 800 мм аз ҳарду тарафи конвейер дар ҳолати паҳноии зиёда аз 1400 мм-и лента;

– байни ду ва зиёда конвейери мувозӣ на кам аз 1000 мм, аммо байни девори долон ва синҷаи конвейер на кам аз 700 мм, дар ҳолати паҳноии лента то 1400 мм будан ва на кам аз 800 мм бо паҳноии лента зиёда аз 1400 мм.

  1. Ҳангоми дар долонҳо ва эстакадаҳо ҷойгир намудани конвейерҳои ҷойивазкунандаи лентагӣ, ки дар релс ҳаракат мекунанд, бояд талаботи зерини дастурамали заводи истеҳсолкунанда риоя карда шавад:

– гузаргоҳҳои байни конвейерҳо (бо габаритҳои барҷаста) ва деворҳои биноҳо, ё дигар таҷҳизот бояд на кам аз 1 м бошад;

– ҷойҳои гузоштани конвейерҳо (минтақаи фаъолияти онҳо) бо тамоми периметр иҳотаи баландиаш на кам аз 1 м аз сатҳи фаршро бояд дошта бошанд;

– гузаргоҳҳои қитъаи иҳоташуда бояд бо даричаҳо ҷиҳозонида шуда бошанд, ки бо ҳаракатдиҳандаҳои лентаҳо ва механизмҳои ҳаракатдиҳандаи конвейерҳо муњосира карда шудаанд ва ҳангоми кушодани даричаҳо хомӯш кардани онҳо таъмин мегардад;

– дар ҳамаи дарозии конвейер пеш аз иҳота бояд троссҳои садамавӣ ё дар ҳар 30 метр тугмаи «Ист» насб карда шуда бошанд.

  1. Дар шинонидани конвейерҳои пластинагӣ ва ғизогирандаҳо имконияти хизматрасонӣ аз ҳарду тараф ба онҳоро бояд пешбинӣ намуд. Паҳноии гузаргоҳҳои озоди байни конвейерҳо на кам аз 1,2 метр, байни деворҳои бино ва конвейерҳо – на кам аз 1 метр бояд қабул карда шавад.
  2. Дар камераҳои зеризаминӣ, нуқтаҳои ҳамлу нақл ва биноҳои объекти корҳои кушоди кӯҳӣ масофаи минималии байни андозаҳои таҷҳизоти ҳамҳудуд ва аз деворҳо то таҷҳизот бо дарназардошти таъминоти ҳамлу нақли мошинҳо ва ҷузъҳои таҷҳизот ҳангоми таъмир ё ивазкунии онҳо муайян карда мешавад, аммо на кам аз:

– 1,5 метр – дар гузаргоҳҳои асосӣ;

– 1 метр – дар майдончаҳои корӣ, байни мошинҳо;

– 0,7 метр – дар гузаргоҳҳои корӣ, байни девор ва мошин.

  1. Ҳангоми ҷойгир намудани хати конвейерӣ дар ҷойи кушод, роҳҳои даромад ба ҷузъҳои асосии хати конвейерӣ ва таҷҳизоти ҳамҳудуд бояд таъмин карда шавад.
  2. Конвейерҳои пластинагӣ ва белчадор, ки дар ҳолати моилӣ монда шудаанд, бо қаппандаҳои ҳалқаҳои нақлиётӣ, ки дуршавии тасмаи онро ҳангоми кандашавӣ пешгирӣ мекунад, бояд таҷҳизонида шаванд.
  3. Ҳангоми шинонидани ғалтакҳо ва конвейерҳои белчадор хизматрасонии яктарафаи онҳо бо паҳноии гузаргоҳи озод на кам аз 0,8 м иҷозат дода мешавад. Сарпӯши ғалтакҳо ва конвейерҳои белчадорро (ғайр аз тирезаҳои махсуси назоратӣ ва люкҳо) муњосира намудан зарур аст, то ки он дастрасӣ ба қисмҳои тобхӯранда ва ҳаракаткунандаи ғалтакҳо ва конвейерҳои белчадорро ҳангоми кори онҳо истисно кунад.
  4. Ба роњ мондани сохт ва истифодаи нақлиёти танобии овезон дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба сохт ва истифодаи бехатаронаи роҳҳои танобии овезони боркаш зарур мебошад.
  5. Ҷойҳои кории даҳанаҳои борфарории нақлиёти танобӣ дар минтақаи баромади танобҳо аз истгоҳ бояд иҳота карда шаванд, ки он дар ҳолати худ аз худ ҷудошавии вагонетка аз таноби баранда бехатарии корҳоро таъмин менамояд. Дар ҷойҳои бурриши нақлиёти танобӣ бо роҳҳо, биноҳо ва иншоотҳо панҷараҳои муҳофизатии овезон бояд насб карда шаванд.
  6. Майдончаҳои кории назди даҳанаҳои борфарорӣ ва истгоҳҳои роҳи танобӣ бо алоқаи мустақими телефонӣ ва сигнализатсия бояд муҷаҳҳаз карда шуда, ҳамчунин, имконияти исти садамавии ҳаракатдиҳандаи танобро бо додани сигнал ба мошинистро бояд дошта бошанд. Ҳангоми якбора истодани роҳи танобӣ, то муайян намудани сабаби истодан ва бартараф кардани норасоӣ, сар додани он манъ аст.
  7. Ҳангоми дар конвейери лентагӣ насб кардани равонаки барабании партоянда ё ғизодиҳандаи ҷойивазкунанда, аз ҳарду тарафи конвейер бояд гузаргоҳ пешбинӣ карда шавад.
  8. Ҳангоми ба рӯи замин баромадани долонҳои конвейерии зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дар онҳо бояд воридгоҳи беруна пешбинӣ карда шуда, аз болои конвейр гузаргоҳҳо бояд сохта шаванд.
  9. Баромадҳои эвакуатсионӣ аз долонҳову эстакадаҳо ва гузаргоҳҳо (купрукчаҳо) аз болои конвейерҳоро на кам дар ҳар 100 м гузоштан зарур мебошад. Купрукчаҳо мувофиқи талаботи банди 443 бояд сохта шаванд.
  10. Дар гузаргоҳҳои долонҳои конвейерии нишебиашон аз 7° зиёд зинаҳо ё нардбонҳои чӯбӣ ва дастгиракҳо бояд сохта шаванд.
  11. Суръати ҳаракати лентаи конвейер ҳангоми маъданҷудокунии дастӣ бояд аз 0,5 м/с зиёд набошад. Дар ҷойҳои маъданҷудокунӣ лента бояд иҳота карда шавад.
  12. Ҳангоми ҷойгиршавии конвейерҳо аз болои гузаргоҳҳо ва таҷҳизотҳо, шохаи поёни онҳоро бо рӯйбасти пурра, ки имконияти афтодани маводи пошхӯрандаро истисно мекунад, иҳота кардан зарур аст.
  13. Ҳангоми бо конвейерҳои лентадор интиқол додани маводи хушку чангнок, маводи ҳарорати баланддошта ва буғбароранда, дар ҷойҳои боркунӣ ва фаровардани онҳо бояд паногоҳ пешбинӣ намуд ва инчунин, чорабиниҳои иловагӣ барои мубориза бо ин гуна омилҳо: шинонидани аспиратсия, обпошандаҳо ва ғайра, ки таркиби омехтаҳои зарарноки ҳаворо дар доираи консентратсияи ҳадди ҷойиз (КҲҶ) ба танзим медароранд, бояд андешида шаванд. Ҳангоми интиқолдиҳии маводҳои хушки хокамонанд ва чангбароранда минтақаи ҷойивазкунии онҳо бояд герметизатсия (ҳавоногузар) карда шавад. Дар долонҳои конвейерӣ, ҷойҳои наздикшавии онҳо ба биноҳо бояд девораҳо бо дарҳои худмаҳкамшаванда дошта бошанд.
  14. Элеваторҳо, конвейерҳои белчадор ва шнекҳо, ки маводҳои хушки чангдиҳандаро интиқол медиҳанд, бояд бо сарпӯшҳои мустаҳкам ба ҳамаи дарозиашон маҳкам карда шаванд; ҷойҳои боркунӣ ва борфарорӣ низ, бо паноҳгоҳҳои мустаҳкам бояд таҷҳизонида шаванд. Барои назорати мунтазами узвҳои кории механизмҳо дар сарпӯшҳо равзанаҳои назоратӣ бо даричаҳои зичмаҳкамшаванда гузошта мешаванд, ки барои бурдани мушоҳида имконият фароҳам меорад.
  15. Элеваторҳое, ки маҳсулоти намнокро интиқол медиҳанд, барои пешгирӣ аз пош хӯрдани лойоба ба ҳамаи дарозии худ бо сипарҳои ҳифзкунанда ё сарпӯшҳо бояд маҳкам карда шаванд. Дар ҷойҳои борфарорӣ ва боркунии элеваторҳо бояд хомӯшкунакҳои садамавӣ насб карда шаванд.
  16. Ҳамаи элеваторҳо бояд бо механизмҳои тормоз, ки ҳангоми канда шудан оқибравии занҷири доирашаклро ва қаппандаҳоро истисно менамояд, бояд ҷиҳозонида шаванд.
  17. Дар конвейерҳо, ки аз шохаи корӣ печонидани мавод имкон дорад, мустаҳкамкунндаи ҳимоявӣ насб кардан зарур аст.
  18. Чархҳои равонакҳои худфарор ва конвейерҳои худгард бояд иҳота карда шаванд. Роѓи байни иҳота ва релс набояд аз 10 мм зиёд бошад.
  19. Борҳои механизмҳои кашандаи конвейерҳо ва роҳҳои танобӣ, ҳамчунин, устувонаҳои кашанда бояд иҳота карда шаванд ва чунон гузошта шаванд, ки дар ҳолати канда шудани лента ё таноб имконияти афтодани бор ё барабан ба болои одамон ё таҷҳизот истисно гардад. Ҷойҳои борҳо ба баландии на кам аз 2 м бояд иҳота карда шаванд ва бордонҳо бо рӯйпӯшҳо пӯшонида шаванд. Стансияҳои кашандаи борӣ бо ҳаракатдиҳандаи конвейер дар ҳолати канда шудани борҳо бояд муњосира дошта бошад.
  20. Ҳангоми давомнок истодани конвейерҳо (махсусан зимистон) лентаҳо бояд аз маводи интиқолшаванда пурра озод, кашандаҳои онҳо суст карда шаванд. Ҳангоми ба кор даровардани конвейер 2-3 дақиқа лента бояд мавод надошта бошад.
  21. Фаромадани одамон ба бункер тавассути зинапоя пас аз истодани конвейерҳои боркунандаю борфароранда ва таъминунандаҳо иҷозат дода мешавад. Ба бункерҳо фаромадан ва корро дар онҳо иҷро намудан дар асоси супориш-рухсат таҳти назорати шахси назоратчии техникӣ пас аз ҷудо кардани нақшаи барқии ҳаракатдиҳандаҳои конвейерҳои боркунандаю борфароранда ва таъминкунандаҳо бо риояи чораҳои иловагии бехатарӣ, ки дар дастурамали дохилии ташкилот пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад. Одамони ба бункер фароянда бояд дастур гирифта бошанд ва бо камарбандҳои муҳофизатӣ ва танобҳо, ки дар қисми болои бункер маҳкам карда шудаанд, бояд таъмин бошанд. Барои барҳамдиҳии маводи муаллақмонда дар бункерҳо, онҳо бояд бо механизмҳои махсус таҷҳизонида шуда бошанд. Барои таъмини равшанӣ дар бункер бояд чароғакҳои аз лиҳози таркиш бехавф истифода гарданд.
  22. Бункерҳо бояд бо системаи автоматикии назорати сатҳи пуршавӣ таъмин гарданд.
  23. Ҷойҳои холӣ дар бункерҳо аз самти ҷойҳои ғайрикорӣ бо панҷараҳои баландиашон на кам аз 1 м бо тахтабандии пурра аз поён ба баландии 0,15 м. бояд иҳота карда шаванд. Майдончаҳои борфарорӣ барои нақлиёти роҳи оҳан ва автосамосвалҳо дар ҷойҳои иимконпазири гузаштани одамон бо панҷараҳои баландиашон на кам аз 1 м иҳота карда мешаванд.
  24. Майдончаҳои кории механизмҳои қабулкунанда ва борфарорӣ, бункерҳо ҳатман бо сигнализатсияи овозӣ таъмин карда мешавад, ки он барои хабардор кардани ҳайати хизматрасон оид ба омадани қатораи роҳи оҳан муқаррар карда шудааст. Сигналҳо 1,5-2 дақиқа пеш аз омадани воситаҳои нақлиёт дода мешаванд. Дар бункерҳои қабулкунанда чароғаки раҳнамо, ки даромаду баромади қатораи роҳи оҳан ё автомобилро ба майдони бункер барои борфарорӣ иҷозат медиҳад, бояд насб карда шавад.
  25. Механизмҳои обҷамъкунии лойоба на кам аз як маротиба дар як шабонарӯз аз ҷониби сармеханик ё шахси аз тарафи ӯ таъиншуда бояд аз назар гузаронида шаванд. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ дар китоби азназаргузаронии механизмҳои обпартоӣ қайд карда мешаванд.
  26. Пулҳо барои гузаштани одамон ва ҳайати хизматрасон ба болои конвейер дар фосилаҳои зерин бояд ҷойгир карда шаванд:

-на зиёда аз 50 м – дар биноҳо ва камераҳои зеризаминӣ;

-на зиёда аз 100 м – дар дигар ҳолатҳо.

  1. Пулҳо бояд:

– тарзе сохта шаванд, ки фосилаи амудӣ аз фарш то поёни конструксияҳои сохтмонии барҷаста (системаҳои коммуникатсионӣ) на кам аз 1,8 м бошанд. Аз поёни конструксияҳои нисбатан барҷаста то маводи бо конвейер интиқолшаванда – на кам аз 0,3 м;

– бо дастакҳои баландиашон на кам аз 1 м, руйкаши пурраи баландиаш на кам аз 0,15 м аз сатҳи фарш дошта бошанд. Фарш яклухт ва нағеҷанда ё панҷарамонанди паҳноиаш на кам аз 0,8 м, бояд бошад.

  1. Камераҳои мошинҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои зеризаминӣ бояд бо маводи насӯзанда (бетон, хишт ва ғ.) мустаҳкам карда шаванд. Ҳамаи нақбҳои ҳаводаро ва даромади камераҳо, ҳамчунин кандаҳои кӯҳии ҳамшафат дар масофаи на кам аз 5 м ба ҳарду тарафи камера бо ҳамон маводе, ки камера мустаҳкам карда шудааст, бояд мустаҳкам карда шавад.
  2. Камераҳои мошинҳои барқӣ тибқи қоидаҳои истифодабарии механизмҳои барқӣ бо маҷмӯи воситаҳои ҳимоявӣ бояд таъмин карда шаванд. Камераҳои қисми зеризаминии вусъатёбии конвейер бо дарҳои металлии ба тарафи берун кушодашаванда бояд маҳкам карда шаванд ва дар ҳолати кушода будан ба ҳаракат дар нақб монеъ нашаванд. Дарҳои яклӯхти металлӣ ҳатман сӯрохиҳои ҳаводаро дошта бошанд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳангоми зарур шудани қатъи ҳаво ба камера, дастӣ ва ё автоматикӣ бояд маҳкам карда шавад. Ҳангоми мавҷуд будани дарҳои иловагии яклӯхт, шинондани дарҳои металлии панҷарагӣ иҷозат дода мешавад, ки дар ҳолати сӯхтор дари камера бояд дастӣ ё автоматӣ маҳкам шаванд. Ҳамин гуна механизмро равзанаҳои ҳаводарои камера низ бояд дошта бошанд.
  3. Дар камераҳои зеристгоҳҳои қисми зеризаминии роҳҳои калон бо дарозии зиёда аз 10 м, ду баромад, ки дар қисматҳои аз ҳамдигар дури камера ҷойгир шудаанд, бояд мавҷуд бошанд. Деворҳо ва шифти камераҳои мошинҳо ва трансформаторҳо тибқи лоиҳа бояд маҳкам ва сафед карда шаванд. Дар камераҳо чакидани об набояд бошад.
  4. Дар камераҳое, ки бо дастгоҳҳо ва трансформаторҳои равғандор таҷҳизонида шудаанд, сохтани чоҳҳои махсуси равғанҷамъкунӣ манъ аст. Пеш аз баромади камера наварди ҳамвор ба баландии на кам аз 0,1 м аз фарш бояд гузошта шавад.
  5. Кашидани кабелҳо дар конструксияҳои конвейерҳо, ки дар долонҳо, биноҳо ва дигар иншоотҳои рӯизаминӣ ҷойгир карда шудаанд, ҳамчунин, дар ковишҳои зеризаминӣ ба ғайр аз кабелҳои муњосира, муҳофизатӣ, сигнализатсия ва идоракунӣ, ки дар конструксияҳои конвейер ба воситаи қуттиҳои муҳофизатӣ ё қубурҳо кашида мешаванд, манъ аст.
  6. Ҳангоми ҷойгир будани хати конвейерӣ дар ҳавои кушод кашидани кабел бо шиддатнокии 35кВ дар қади конвейер иҷозат дода мешавад, дар ин ҳолат ҳимояи кабел аз зараррасонии механикӣ бояд таъмин карда шавад.
  7. Барои интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ бояд истифода шаванд:

– кабелҳои безиреҳ бо рӯйкашҳои поливинилхлоридӣ ё алюминӣ барои занҷирҳои назоратӣ, симҳои рӯшнодиҳанда;

– кабелҳои зиреҳдор барои гузоштани кабелҳои доимӣ;

– кабелҳои чандирӣ барои таъминкунандаҳои мошинҳои ҷойивазкунанда ва механизмҳо.

  1. Кабелҳои чандирӣ бояд сахт овезон карда нашаванд ва дар баландие бошанд, ки имконияти зарарбинӣ надошта бошанд. Қисми кабели чандирии ба мошин наздиктарин, ки мошинҳои ҷойивазкунандаро таъмин мекунад, метавонад ба рӯи замин ба дарозии на зиёда аз 15 м кашида шавад ва он ҳамон тавр гузошта шавад, ки имконияти зиёнбинӣ аз тарафи мошини ҳаракаткунанда надошта бошад.
  2. Ҳавои ҳамаи чоҳҳои моилии конвейерӣ тавассути ҳавотозакунакҳои асосӣ, ки дар даромадгоҳи чоҳ ё уфуқи консентратсионӣ гузошта мешаванд, бояд тоза карда шаванд. Дар ҳамаи ҳолатҳо ҷамъи ҳавои тоза ба меъёрҳои муқарраршудаи ҷузъҳои асосии ҳаво ва омехтаҳои зиёновар бояд ҷавобгӯй бошад. Ҳар як ҳавотозакунакҳои асосӣ ва ёрирасон аз тарафи мошинист, ки махсус омӯзонида шудааст ва дар муҳлати на кам аз 5 рӯз таҷрибаҳосилкуниро дар зери роҳбарии мошинисти ботаҷриба гирифтааст, бояд хизматрасонӣ карда шавад. Ба кор андохтани дастгоҳи ҳавотозакунак бе мошинист дар ҳолати иҷрои шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:

– дастгоҳи ҳавотозакунак бо асбобҳои худнавис таҷҳизонида шудаанд, ки мунтазам маҳсулнокӣ ва таназзули онро ба қайд мегирад, ҳамчунин бо механизми сигналдиҳӣ ба пулти идораи фосилавӣ оид ба дур шудани дастгоҳ аз параметрҳои додашуда (маҳсулнокӣ, таназзул, ҳарорати подшипникҳои муҳаррикҳои барқӣ ва ҳавотозакунак);

– ҳавотозакунакҳое, ки ба ҳаракатдиҳандаҳо ва хомӯшкунакҳои дистансионии муҳаррики барқии дастгоҳ таъмин карда шудаанд;

-реверскунонии дистансионии ҷараёни ҳаво;

-пулти идоракунии фосилавӣ ва назорати кори дастгоҳи ҳавотозакунӣ дар бунгоҳи диспетчерӣ ҷойгир шудааст, дар ҳолати набудани он дар бинои яке аз механизмҳои доимокоркунандаи статсионарӣ дар рӯи замини карер, ки ҳадди ақал алоқаи телефонӣ дорад ва дар он ҷо назорати шабонарӯзӣ аз болои аппаратураҳои сигналдиҳанда ва қайди ҳамаи сигналҳои воридгардида дар китоб, таъмин гардидааст;

– аппаратураи идораи фосилавӣ ва назорати кори ҳавотозакунакҳо аз санҷиши саноатӣ дар муддати 720 соат гузаштааст.

  1. Натиҷаи ин санҷиш бо санад, ки аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда шудааст. Кори автоматикии дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ иҷозат дода мешавад, ғайр аз ҳавотозакунакҳои асосӣ бе асбобҳои худнавис дар ҳолати таъмини назорати фосилавӣ оид ба ҳамаи тағйироти кори ҳавотозакунак дар пулти идоракунӣ.
  2. Дар ковишҳо ва долонҳо ҳангоми истифодаи технологияи сиклӣ-анбӯҳӣ, суръати ҳаракати мавҷи ҳаводиҳӣ дар лоиҳа муайян карда мешавад.
  3. Ҳангоми иҷрои таркишҳои оммавӣ, одамони дар роҳи зеризаминии нақлиёти бефосила буда, бояд ба рӯи замин бароварда шаванд. Корҳо танҳо пас аз дуруст тоза намудани ҳаво ва мувофиқ намудани таркиби ҳавои тоза ба меъёрҳои санитарӣ, ки пас аз таҳқиқоти роҳи зеризаминӣ аз тарафи намояндагони касбии қисмҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ муайян карда мешавад, барқарор карда мешаванд.
  4. Дар баромадгоҳи чоҳи моил ба бинои рӯизаминии шахта барои пешгирии яхбандии даромадгоҳ ва ворид шудани ҳавои ифлос ба бино, сохтани болопӯш дар даромадгоҳи чоҳ зарур мебошад.
  5. Кормандони хизматрасони таҷҳизоти технологӣ дар чоҳи моил, бо баромадгоҳҳои асосӣ ва эҳтиётӣ аз чоҳи моил тавассути гузаштан бевосита аз ҷойи кор ба рӯи замин бо ҳамроҳи шахсони назоратчӣ бо қайди ҳатмӣ дар дафтари бақайдгирии шинос кардани кормандон бо баромадгоҳҳои эҳтиётӣ, бояд шинос карда шаванд.
  6. Дар ҳамаи ковишҳо ва бурриши онҳо гузоштани аломатҳои самти ҳаракати баромад ба рӯи замин бо нишон додани масофа, зарур мебошад. Аломатҳо бо ранги нурдиҳанда рӯйпуш карда мешавад ё бо системаи рӯшноикунанда равшан карда мешавад.
  7. Дар ҳамаи дарозии чоҳи моил қубурҳои зидди сӯхторӣ бо қутри на кам аз 100 мм, бояд шинонда шавад, ки дар ҳар 50 метр кранҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо қутри 63 мм (вентил ва мурватҳо) васл карда мешавад.
  8. Биноҳои истгоҳи равғаннигоҳдорӣ бо дастгоҳҳои автоматии сӯхторхомӯшкунӣ ва воситаҳои автоматии сигнализатсияи зидди сӯхтор бояд ҷиҳозонида шаванд. Сигнали ба кор даромадани ин воситаҳо бояд ба бунгоҳи диспетчерӣ ворид гарданд.
  9. Ҳозир будани шахсони бегона дар бинои истгоҳи равғаннигоҳдорӣ манъ аст, дарҳои бино ҳамавақт бо қулф бояд маҳкам бошанд.
  10. Корҳои кафшергарӣ ва бо шуълаи газ иҷрошаванда тибқи тартиби муқарраргардида бо риояи чораҳои бехатарӣ бояд иҷро карда шавад.
  11. Барои объектҳои нақлиёти бефосила, ки дар шароити зеризаминӣ ҷойгир шудаанд ё бо объектҳои зеризаминии кӯҳӣ (чоҳҳо, нақбҳо ва ғайра) ҳамшафатанд, аз ҷониби роҳбари техникӣ нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо бояд тартиб дода шавад, ки он бо ташкилотҳои касбии садамавӣ-наҷотдиҳӣ мувофиқа карда мешавад ва аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқ мегардад. Омӯзиши нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо аз ҷониби назоратчии техникӣ дар зери роҳбарии роҳбари техникии ташкилот то оғози нимсола бояд гузаронида шавад. Шиносшавии кормандон бо қоидаҳои рафтори шахсӣ ҳангоми рух додани садамаҳо тибқи нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо аз тарафи сардори қитъа бо имзо дар китоби қайди шиносшавии кормандон бо баромадгоҳҳои эҳтиётӣ, бояд гузаронида шавад. Шахсоне, ки ба нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо шинос нестанд, ё қисме, ки ба ҷойи кори онҳо вобаста аст намедонанд, ба кор иҷозат дода намешаванд.
  12. Ҳамаи кормандон ва шахсони назорати техникӣ, ки дар шароити зеризаминӣ кор мекунанд, бо воситаҳои инфиродии худнаҷотдиҳии ҷудокунанда бояд таъмин бошанд ва тартиби истифодаи онҳоро донанд. Санҷиши дониши кормандон нисбати истифодабарии воситаҳои худнаҷотдиҳӣ аз тарафи сардорони қитъаҳо ё ҷонишини онҳо на кам як маротиба дар шаш моҳ, бояд гузаронида шавад.
  13. Барои огоҳ намудани кормандони дар зери замин коркунанда оид ба рух додани садама ба ғайр аз алоқаи телефонӣ бояд сигнализатсияи махсуси садамавӣ (бо чароғ, баландгӯяк ва ғ.) мавҷуд бошад.
  14. Чоҳҳои моили зеризаминӣ, ки бо конвейерҳои лентагӣ таҷҳизонида шудаанд ва баландиҳои нуқтаҳои охири онҳо зиёда аз 40 м фарқият доранд, бо механизмҳои болобари механикӣ бояд таҷҳизонида шаванд, барои дастрас намудани одамон болобари моил (фуникулерҳо), ё таҷҳизоти монорелсии овезон ё роҳи танобӣ, ки барои истифода иҷозати дахлдори Хадамоти назорати кӯҳиро дорад, таҷҳизонида мешаванд.
  15. Истифодабарӣ ва таҳқиқоти механизмҳои болобар, ки барои фаровардан ва баровардани одамон хизмат мекунанд, тибқи талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ оид ба бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ғайримаъдан ва пошхӯрда бо тарзи зеризаминӣ, бояд амалӣ карда шавад.
  16. Ҳар як зарфи болобар, ки барои фаровардан ва баровардани одамон дар чоҳи моил хизмат мекунад, дар ҳар баст аз тарафи шахси масъуле, ки бо фармоиши махсуси корхона таъин гардидааст, аз назар гузаронида мешавад, механизми парашюти бошад бо роҳи ҳаракатовари дастӣ озмоиш карда мешавад. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар китоби махсуси шакли тасдиқгардида қайд карда мешавад.
  17. Зарфҳои болобардор, ки барои бурдани одамон хизмат мекунанд, бояд байни ҳамдигар бо занҷирҳои дуқабата ё бо як занҷир ва занҷирҳои муҳофизатӣ пайваст карда шаванд. Меҳвари марказии занҷир, гиреҳҳо ва занҷирҳои муҳофизатӣ бояд захираи 13 каратаи устуворӣ нисбати ҳадди сарбории статикии максималӣ дошта бошанд ва баъди овезон намудан дар ҳар панҷ сол иваз карда мешаванд.
  18. Ҳаракати одамон дар гузаргоҳи чоҳи моил ё долон (зиёда аз 6°) танҳо дар ҳолати таҷҳизоти нақлиёти боздошташуда ё баъди санҷиши ҳолати он ҳангоми холӣ ба кор даровардан, иҷозат дода мешавад.
  19. Дар ҷойҳои доимии саворшавӣ ё фаромадани одамон, қад-қади механизмҳои болобар аз тарафи гузаргоҳҳо майдончаҳои саворшавии паҳноияшон на кам аз 1 метр бо шароити гузаштан ба ҷойҳои корӣ, пешбинӣ намудан зарур аст.
  20. Ҳар як механизми болобар дар чоҳи моил бо алоқаи босуръат байни мошини болобар ва зарфи ҳаракаткунанда бояд таҷҳизонида шавад, ки имконияти гуфтугӯи дутарафа ба роҳ монад ва ҳамчунин, додани сигналҳои зеринро таъмин мекунад:

– сигналҳои рамзӣ;

– сигнали иҷроишӣ;

– сигнали бозистии садамавии зарфи болобар;

– сигнали санҷандаи (датчики) фаровардани таноб;

– сигналҳои «Ба саворшавӣ иҷозат», «Саворшавӣ манъ аст».

 

9.  ТАЛАБОТ ОИД БА ИСТИФОДАИ БЕХАТАРОНАИ

ДАСТГОҲҲОИ БАРҚӢ

  1. Лоиҳакашӣ, истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқии (таҷҳизотҳои барқӣ, шабакаҳои таъмини барқ) дар объекти корҳои кӯҳии кушод, тибқи талаботи меъёрҳои амалкунанда оид ба истифодаи бехатаронаи дастгоҳҳои барқӣ бояд амалӣ карда шавад.
  2. Дар ҳар як объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод тибқи тартиби муқарраргардида бояд ба расмият дароварда шуда бошад:

– нақшаи таъмини барқ, ки дар нақшаи корҳои кӯҳӣ дода шудааст ва аз ҷониби роҳбари техникӣ тасдиқ гардидааст. Дар нақша қувва ва кашишҳои шабакаҳои барқӣ, мавзеи ҷойгиршавии дастгоҳҳои барқӣ (зеристгоҳҳои трансформаторӣ, механизмҳои тақсимкунанда ва ғайра), нишон дода мешаванд.

– нақшаи ягона бо нишон додани шабакаҳои барқ, дастгоҳҳои барқӣ (зеристгоҳҳои трансформаторӣ, механизмҳои тақсимкунанда ва ғ.), навъи қувваи барқ, масоҳати бурриши кундаланги ноқилҳо ва кабелҳо, дарозии онҳо, тамғаҳо, шиддатнокӣ ва иқтидори ҳар як дастгоҳ, ҷойҳои заминпайвст, ҷойгиршавии механизмҳои муҳофизатӣ ва коммутатсионӣ, неруҳои релеҳои ҳадди зиёд ва ҷараёни барқи номиналии пешгирикунанда (предохранитель), низоми нерӯ ва вақти ба кор даромадани ҳимоя аз расиши як фаза ба замин, ҷараёни барқи расиши кӯтоҳ дар нуқтаи нисбатан дури хати муҳофизатӣ;

– нақшаи алоҳидаи таъминоти барқ барои дастгоҳҳои барқии мавсимӣ пеш аз ба кор даровардани онҳо.

  1. Дар нақшаи таъминоти барқ, ки дар нақшаи корҳои кӯҳӣ нишон дода шудааст, ҳамаи тағйироте, ки дар раванди истифодабарӣ ба вуқуъ омадааст, баъди анҷоми кор бо имзои шахси масъул оид ба таҷҳизоти барқии объект, бояд дарҷ карда шавад.
  2. Барои ташкили хизматрасонии бехатарии дастгоҳҳо ва шабакаҳо барқӣ, бо фармоиши роҳбарияти ташкилот ҳудудҳои хизматрасонии ҳайати электротехникӣ бояд муайян ва ба расмият дароварда шуда, шахсони масъули ташкилкунанда ва ҷузъҳои сохтор таъин гарданд. Шахсони масъул барои истифодабарии бехатарии дастгоҳҳои барқӣ ҷиҳати донистани қоидаҳои бехатарии истифодабарӣ бояд омӯзонида шуда, аз аттестатсия гузаронида шаванд.
  3. Дар ҳар як дастгоҳи ба кор дароранда навиштаҷоти дақиқ оид ба дастгоҳи ба кор дароранда бояд сабт гардад.
  4. Ҳангоми кор дар дастгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ чорабиниҳои ташкилӣ ва техникӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ пешбинӣ гардидаанд, бояд иҷро шаванд.
  5. Ҳангоми хизматрасонии дастгоҳҳои барқӣ истифодаи воситаҳои ҳимоя аз барқ (дастпӯшакҳои диэлектрикӣ, пойафзоли резинӣ ва қолинчаҳо, нишондиҳандаҳои шиддатнокӣ, штангаҳои ҷудокунанда, заминпайвастҳои ҷойивазшаванда ва ғайра) ва воситаҳои ҳимоявии фардӣ (айнакҳои муҳофизатӣ, камарбандҳои монтёрӣ, чанголҳо ва ғайра), зарур дониста мешавад. Воситаҳои ҳимоявӣ ба талаботҳои амалкунандаи қоидаҳои истифодабарӣ ва санҷиши воситаҳои ҳимоявӣ, ки дар дастгоҳҳои барқӣ истифода мешаванд ва ба стандартҳои давлатии ҳифзи меҳнат бояд ҷавобгӯ бошанд, дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳатман аз санҷиши навбатӣ гузаранд. Қабл аз истифодабарии воситаҳои ҳимоявӣ зарур аст, ки коршоямии онҳо, набудани нуқсонҳои зоҳирӣ, ифлосӣ, маҳлати коршоямӣ тибқи мӯҳр бояд санҷида шаванд. Истифодаи воситаҳои муҳлати истифодаашон гузашта манъ аст. Дар маҳалҳои ҳарорати пастдошта дастпӯшакҳои диэлектрикии гармкардашуда бояд истифода шаванд. Истифодаи дастпӯшакҳои диэлектрикӣ дар якҷоягӣ бо дастпӯшакҳои гарм (пашмӣ ва дигар) иҷозат дода мешавад.
  6. Кормандоне, ки дар дастгоҳҳои электротехникӣ, бо асбоби электрификатсияшуда ё аз рӯи хусусияташ бо ҳаракатдиҳандаи электрикии мошинҳо ва механизмҳо алоқаманд аст, ба кор иҷозат дода шудааст, вобаста ба бехатарии барқӣ бояд дараҷаи тахассусӣ дошта бошанд. Ҳамаи кормандони ташкилот бо усулҳои наҷот додани зарардидагон аз қувваи барқ, ёрии аввалия расонидан ба осебдидагон аз қувваи барқ ва дигар омилҳои зараррасон, бояд омӯзонида шаванд.
  7. Ҳамаи дастгоҳҳои барқии нав насбгардида ва таҷдид кардашуда, ҳамчунин, таҷҳизоти технологӣ ва комплексҳои ба кордарорӣ, ки аз механизмҳои барқӣ нерӯ мегиранд, тибқи тартиби дар меъёрҳо ва қоидаҳои амалкунандаи бехатарии истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ пешбинишуда, барои истифодабарӣ бояд қабул карда шаванд.
  8. Пайваст кардани мошинҳои ҳаракаткунанда ба хатҳои интиқоли барқи карерӣ тавассути пунктҳои ҳаракаткунандаи тағйирдиҳандаи (зеристгоҳҳои трансформатории ҳаракаткунандаи комплексӣ) дар завод истеҳсолшуда, бояд амалӣ карда шавад. Дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ, ба корхонаҳое, ки коркарди конҳои канданиҳои фоиданокро бо тарзи кушод ба роҳ мондаанд, аз ҷузъҳои комплекткунанда ва деталҳои истеҳсоли завод ҳангоми мавҷуд будани сертификатҳои мутобиқ, тайёр намудани пунктҳои ҳаракаткунандаи тағйирдиҳанда тибқи ҳуҷҷатгузории заводҳои истеҳсолкунанда, иҷозат дода мешавад.
  9. Барои нерӯ гирифтани дастгоҳҳои ҳаракаткунанда ва худгардҳои барқӣ шабакаи шиддатнокии на зиёда аз 35кВ дошта бо нейтрали ҷудошудаи трансформаторҳо ё бо заминпайваст тавассути резисторҳои баландом, ё ки бо трансформаторҳои муътадилкунандаи шабака бояд амалӣ карда шаванд. Дар ин ҳолат бояд ба инобат гирифта шавад:

– намудҳои ҳимояи истифодашаванда аз расишҳои якфаза ба замин, ки дар пунктҳои тағйирдиҳанда ва зеристгоҳҳо насб карда мешаванд;

– имконпазирии тағйирёбии ҷараёни ғунҷойишии расиши металлии якфаза ба замин;

– тӯлкашии умумии шабакаҳои алоқамандшудаи металлии шиддатнокии 6-10 кВ, ки бояд ҷараёни ғунҷойишии расиши якфаза дар замин аз 15А зиёд набошад.

  1. Истифодаи шабакаҳои шиддатнокии то 1 кВ бо нейтрали заминпайвасти сарбаста барои неругирии истеъмолкунандагони доимӣ, ки берун аз ҳудуди корҳои кӯҳии рӯизаминӣ ҷойгир шудаанд, ҳамчунин таъмини барқ аз дигар трансформаторҳои дастгоҳҳои рӯшанидиҳандаи нуқтаҳои ҳамлу нақл ва партовгоҳҳо; хандақҳои даромад (баромад), дастгоҳҳои махсуси рӯшанидиҳанда ва дигар шабакаҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат механизми заминпайвасти ин дастгоҳҳо набояд бо нейтрали ҷудошуда алоқаи галваникӣ дошта бошад.
  2. Ќуроќҳои (калибровка) гудохташавандаи ҳифзкунандаҳо калибровкаи заводи истеҳсолкунанда ё лабораторияи электротехникиро бояд дошта бошанд, ки дар тамға ќуроќи токи номиналӣ нишон дода мешавад. Истифодаи ќуроќҳои гудохташавандаи калибровканошуда ё ќуроќҳои гудохташаванда бе патрони ҳимоявӣ манъ аст. Ивазкунии онҳо дар ҳолати қатъ кардани шиддатнокӣ ва ҳангоми набудани раъду барқ бояд иҷро карда шавад.
  3. Ҳамаи дастгоҳҳои ҳаракаткунандаи барқии то 1000 В, ки аз трансформаторҳои нейтралашон ҷудошуда нерӯ мегиранд, бояд ҳимояи зудамал аз ихроҷи ҷараён ба замин бо хомӯшшавии автоматикии дастгоҳи барқӣ дар ҳолати зоҳиршавии хавфи задани қувваи ҷараён дошта бошанд ва дар ин ҳолат вақти умумии хомӯшшавӣ бояд аз 200 мс зиёд набошад. Дурустии фаъолияти (ба кор даромадани) релеи ихроҷи қувваи ҷараён дар ҳар баст, пеш аз оғози кор бояд санҷида шавад. Санҷиши реле ихроҷи ток дар маҷмӯъ бо автомат ба муҳлати ба кор даромадани онҳо дар муҳлатҳои аз тарафи шахси масъули хоҷагии барқ муқарраршуда, аммо на кам аз як маротиба дар шаш моҳ, ҳамчунин, ҳангоми бори аввал насб намудани он ба мошин ё дар ҳолати аз як мошин ба мошини дигар гузоштан, бояд амалӣ карда шавад. Натиҷаи санҷиши реле ихроҷи ҷараён дар маҷмӯъ бо автомат ба муҳлати фаъол шудани он дар китоби махсус қайд карда мешавад. Надоштани ҳимоя аз ихроҷи ҷараён барои занҷирҳои шиддатнокиашон то 60В иҷозат дода мешавад.
  4. Дастгоҳҳои барқӣ бо нейтрали заминпайваст бояд механизми ҳимоявии хомӯшкунӣ дошта бошанд.
  5. Ҳамаи ҳаракатдиҳандаҳои барқии экскаваторҳо, дастгоҳҳои пармагарӣ, конвейерҳо ва насосҳо бо муњосираи барқӣ, ки пас аз додани шиддат, худ аз худ кор кардани механизмҳоро пешгирӣ менамояд, бояд таҷҳизонида шаванд.
  6. Қисмҳои бараҳнаи ҷараёнбарандаи механизмҳои барқӣ, ноқилҳои бараҳна, пайванди хомӯшкунакҳо ва ҳимоякунандаҳо, исканҷаҳои мошинҳои барқӣ ва аппаратҳо ва ғ., ки ба расидани тасодуфӣ дастрас мебошанд, бо панҷараҳои муҳофизатӣ бояд иҳота карда шаванд.
  7. Механизми умумии замипайваст дар объекти корҳои кушоди кӯҳӣ аз заминпайвасти марказӣ, шабакаҳои заминпайваст, ноқилҳои заминпайваст ва заминпайвасти маҳаллӣ бояд таркиб ёфта бошад. Муқовимати механизми умумии заминпайваст набояд аз 4 Ом зиёд бошад. Дар мавзеъҳое, ки муқовимати хоси калони замин мавҷуд аст, заминпайваст мутобиқи меъёрҳои амалкунанда иҷро карда мешавад. Ба сифати заминпайвастҳои асосӣ заминпайвасти зеристгоҳҳои шиддатнокиашон 35/10-6 кВ ё КРП6-10 ва заминпайвастҳои табиӣ бояд истифода шаванд. Истифодаи заминпайвасти зеристгоҳҳои шиддатнокиашон 110 кВ ва зиёда, ҳамчунин, зеристгоҳҳои кашанда ва якҷоякардаи кашанда-пасткунанда ба сифати заминпайвасти асосии механизмҳои барқӣ дар корҳои кӯҳии кушод, ки аз системаҳои таъмини барқи нейтралашон ҷудошуда нерӯ мегиранд, иҷозат дода намешавад.
  8. Муоинаи зоҳирии ҳамаи шабакаҳои заминпайваст аз тарафи ҳайати кормандони электротехникӣ на кам аз як маротиба дар як моҳ, ҳамчунин, пас аз корҳои таркишгарӣ дар минтақаи имконпазири зарарбинии механизмҳои заминпайваст, бояд гузаронида шавад. Муоинаи шабакаҳои заминпайваст тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ оид ба истифодабарии бехатаронаи дастгоҳҳои барқии корҳои кӯҳии кушод, иҷро карда мешавад. Ченкунии муқовимати механизми умумии заминпайвасти дастгоҳҳои ҳаракаткунандаи барқӣ на кам аз як маротиба дар як моҳ, ҳамчунин, пас аз шинондан, тармим ва таъмири механизмҳои заминпайваст, бояд амалӣ гардад. Натиҷаҳои муоина ва ченкунии механизмҳои заминпайвасти дастгоҳҳои барқии ҳаракаткунанда ва доимӣ бояд дар китоби махсус қайд карда шавад. Ченкунии муқовимати механизмҳои заминпайвасти дастгоҳҳои барқии доимӣ дар давраҳои хушкшавии зиёд (тобистон) ва сардии зиёди (зимистон) хок бояд гузаронида шавад.
  9. Заминпайвасти экскаваторҳо, ки ба бор кардани массаи кӯҳӣ дар синакори бо шабакаҳои электрофикатсияшудаи нақлиёт пайваст аст, машғуланд, бо тарзҳои зерин бояд иҷро карда шаванд:

– ҳангоми таҷҳизонидани шабакаи пайвастшавии синакор – бо ҳимоякунандаи шиддати шабакаи пайастшавӣ ҳангоми расидани бели экскаватор ба ноқили пайвасткунанда, ба механизми умумии заминпайваст;

– ҳангоми набудани ҳимоякунанда, ки ҳангоми расиши бел ба ноқили пайвастшаванда ба заминпайвасти мустақил таъсир мерасонад, ба шабакаи умумии заминпайваст алоқаманд нест, ба релсҳои роҳи оҳани қитъаи кӯҳӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолати корҳои таъмирӣ дар экскаваторҳо, ҳангоми пайвасти ҳатмии сими кабелҳои заминпайваст ба пункти тағйирдиҳанда бо ҷудо намудани сими заминпайваст аз релс, бояд иҷро карда шавад. Дар ҳамаи ҳолатҳо назорат оид ба пуррагии симҳои кабели заминпайваст бояд таъмин карда шавад.

  1. Кори экскаваторҳо, боркунандаҳо, дастгоҳҳои пармагарӣ ва ғайра, дар наздикии хатҳои барқии зери шиддат қарордошта, дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки масофаи ҳавоии байни қисмҳои болобардор ва кашанда дар ҳама ҳолатҳо, аз ҷумла, дар ҳолати баромадани яктарафа ва ба боло, ки конструксия муқаррар намудааст, то ноқили наздиктарине, ки зери шиддат қарор дорад бояд на кам аз:

– 2 метр ҳангоми шиддатнокии то 20 кВ;

– 4 метр ҳангоми шиддатнокии 35 кВ бошад.

  1. Ҳангоми бурида гузаштани (наздикшавӣ) хати барқ дар роҳҳои мошингард масофа аз ноқили поёнии фазии хат то нуқтаи болоии мошин ё бор на кам аз нишондиҳандаҳои зерин бояд бошад:

– 2 метр ҳангоми шиддатнокии то 20 кВ;

– 2,5 метр ҳангоми шиддатнокии то 35 кВ.

  1. Барои хатҳои барқи муваққатии технологӣ бо шиддатнокии то 35 кВ истифодаи такягоҳхои ҳаракаткунанда иҷозат дода мешавад. Масофаи байни такягоҳњои ҳаракаткунанда бо дарназардошти шароитҳои иқлим ва таъмини устувории такягоҳҳо муайян карда мешавад ва маъмулан набояд аз 50 м зиёд бошад. Мустаҳкамсозии дуқабатаи симҳо ҳангоми буридани хати барқи ҳавоӣ бо шабакаи пайвастшавӣ, хати ҳавоӣ бо хати ҳавоӣ, хати ҳавоӣ бо роҳҳои доимии технологӣ бояд иҷро карда шавад, аммо таҳкими якқабата – ҳангоми буридани хати ҳавоӣ бо роҳҳои мошингард, ки дар зинаҳо ва партовгоҳҳо сохта шудаанд, иҷро карда мешавад.
  2. Ҳамаи хатҳои ҳавоӣ ва кабелии интиқоли барқ дар марзҳои минтақаҳои хатарнок ҳангоми таркиш бояд хомӯш карда шаванд. Баъди таркиш, пеш аз ба кор даровардани хатҳои интиқоли барқ муоина гузаронида шуда, зарари ошкоргардида бояд бартараф карда шаванд.
  3. Кабелҳои чандирӣ, ки ба мошинҳои ҳаракаткунанда нерӯ медиҳанд, бояд ончунон гузошта шаванд, ки имконияти зарар ба онҳо, яхбандӣ, зери хок мондан, пахш кардани воситаҳои нақлиёт ва механизмҳо истисно гардад. Дар майдонҳои обнокиаш зиёд, кабел бояд аз болои такягоҳҳо ё тӯдаи хоки хушк гузошта шавад. Дар оғози баст ва инчунин, дар давоми рӯзи корӣ кабелҳои чандирӣ аз тарафаи кормандоне, ки онро хизматрасонӣ мекунанд, бояд муоина гардад. Нигоҳ доштани кабели зери шиддат қарор дошта дар барабани махсус, ки аз рӯи конструксияи мошин пешбинӣ гардидааст, иҷозат дода мешавад. Бардошта бурдани кабели чандирӣ бояд бо ёрии механизмҳо тавассути истифодаи лавозимоти махсус, ки маҳдуд кардани қутри қатшавии онро таъмин мекунад, ё дастӣ иҷро карда шавад.
  4. Ҳангоми бардошта бурдани кабели экскаватор, ки зери шиддат қарор дорад, ҳайати хизматрасон уҳдадоранд, ки аз дастпӯшакҳои диэлектрикӣ ё механизмҳои махсуси бо дастакҳои ҷудокунанда, истифода барад.

 

10. ТАЛАБОТ ОИД БА ТАШКИЛИ ЧАРОҒОН КАРДАНИ

ҶОЙҲОИ ИҶРОИ КОРҲО

  1. Барои шабакаҳои рӯшноии объекти корҳои кушоди кӯҳӣ, ҳамчунин, нуқтаҳои доимии рӯшноӣ дар мошинҳои ҳаракаткунанда, механизмҳо ва агрегатҳо системаи барқӣ бо нейтрали ҷудошуда ва шиддати хаттии на зиёда аз 220 В бояд истифода шавад. Ҳангоми истифодаи намудҳои махсуси рӯшноӣ истифодаи шиддати зиёда аз 220 В иҷозат дода мешавад. Барои нерӯ гирифтани чароғҳои дастии гузаронидашаванда шиддати хатии на зиёда аз 36 В қувваи ҷараёни тағйирёбанда ва то 50 В ҷараёни доимӣ бояд истифода шаванд. Ҳангоми кашиши тепловозӣ барои ин мақсад истифодаи шиддати то 75 В ҷараёни доимӣ иљозат дода мешавад.
  2. Барои равшании партовгоҳҳо (хоктӯдаҳо) ва роҳҳои берун аз бурриш ҳангоми нерӯ гирифтан аз зеристгоҳҳои алоҳидаи трансформаторҳо истифодаи шиддати 380/220 В дар шабака бо нейтрали заминпайваст иҷозат дода мешавад.
  3. Дар такягоҳҳои доимӣ ва ҳаракаткунандаи шабакаи пайвастшавии ҷараёни доимӣ бо шиддати то 1650 В, овехтани симҳои рӯшноии барқӣ ва чароғакҳо, ки болотар аз сими пайвастшавӣ дар муқобили такягоҳ кашида мешаванд, иҷозат дода мешавад. Масофа аз сими пайвастшавӣ то симҳои рӯшноидиҳанда бояд на кам аз 1,5 метр бошад. Дар шабакаи рӯшноидиҳанда бо шиддати 1650 В изоляторҳо истифода бурда мешаванд. Масофа аз сими пайвастшавӣ то такягоҳ ҳангоми овехтани паҳлӯӣ бояд на кам аз 1 метр бошад. Дар якҷоягӣ овехтани сими пайвастшавӣ ва симҳои хатти алоқа иҷозат дода намешавад. Ивазкунии чароғҳо ва чароғпояҳо, ки дар поёни симҳои рӯшноидаҳандаи такягоҳҳои чубӣ ҷойгир шудаанд, дар ҳолати аз сими пайвастшавӣ хомӯш намудани шиддат бояд иҷро карда шавад. Таъмири шабакаи рӯшноидиҳанда (ивази чангакҳо, сихҳо ва изоляторҳо, таранг кардани симҳо ва ғайра) бояд ҳангоми хомӯш кардани шиддат ҳам аз шабакаи пайвастшавӣ ва ҳам аз шабакаи рӯшноидиҳанда, бояд амалӣ гардад.
  4. Ҷойҳои корӣ тибқи меъёрҳои дар замимаи 2 овардашуда бояд равшан карда шаванд.
  5. Кормандони ба кор сафарбаршаванда дар шароити рӯшноии паст ва шабона бояд чароғакҳои инфиродии бурдашаванда дошта бошанд.

 

11. ТАЛАБОТ ОИД БА ТАЪМИН НАМУДАНИ ОБЪЕКТҲОИ КОРҲОИ КӮҲИИ КУШОД БО АЛОҚА ВА СИГНАЛИЗАТСИЯ

  1. Объекти корҳои кӯҳии кушод бояд бо маҷмӯи воситаҳои техникӣ, ки назорат ва идораи равандҳои технологӣ ва бехатарии корҳоро таъмин мекунанд, аз ҷумла, алоқаи телефонӣ (алоқаи радио) бо коммутатор ё СТА (стансияи телефонии автоматикӣ)-и ташкилот, танзимгар, таҷҳизонида шавад. Нерӯгирии механизмҳои алоқа ва сигнализатсия, ба истиснои механизмҳои махсуси нақлиёт, бо шиддати хаттии на зиёда аз 220В аз шабакаи рӯшноидиҳанда, аз батареяҳои аккумуляторӣ ё росткунак бояд амалӣ гардад. Барои механизмҳои сигналдиҳанда, ғайр аз ТССБ (таҷҳизоти сигнализатсия, сентрализация ва муњосира), ки бо шиддати на зиёда аз 24 В кор мекунанд, кашидани хатҳо бо симҳои бараҳна иҷозат дода мешаванд. Зеристгоҳҳои барқӣ бо алоқаи телефонӣ ё радиоӣ бо танзимгари барқ (ҳайати опративии корхонаи бо барқ таъминкунанда) ё бо танзимгари карер бояд дошта бошанд.
  2. Ҳамаи ноқилҳои телефонӣ бояд на кам аз ду сим дошта бошанд.
  3. Таҷҳизотҳои алоқа бояд аз халалрасонӣ ва таъсири зарарноки хатҳои шиддати баланди шабакаи пайвастшавӣ, раъду барқ ва токҳои роњгум ҳимоя дошта бошад.

12. ТАЛАБОТ ОИД БА ХУШКОНИДАН ВА

СИСТЕМАИ ОБПАРТО

  1. Барои таъмин намудани устувории нишебиҳои ковишҳои кӯҳӣ ва хоктӯдаҳо (партовгоҳҳо), паст кардани намнокии канданиҳои фоиданок ва қабатҳои рӯйпӯшкунанда, ташкили шароити бехатари кори таҷҳизоту нақлиётҳои кӯҳӣ бояд дар лоиҳа чораҳои хушконидани минтақаҳои иҷрои корҳо, муҳофизат аз обҳои рӯизаминӣ ва боришоти атмосферӣ, аз он ҷумла чунин қарорҳои техникӣ пешбинӣ карда шаванд:

– оид ба паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ (дар ҳолати зарурӣ);

-оид ба сохтмони иншоотҳо барои обпартоӣ берун аз минтақаи таъсири системаи заҳбур;

– оид ба иҳота кардани иншоотҳо, ковишҳои кӯҳӣ ва партовгоҳҳо аз обҳои рӯизаминӣ ва боришоти атмосферӣ.

  1. Хушконидани кон бояд аз рӯи лоиҳа, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст, иҷро карда шавад. Ҳар як объекти корҳои кӯҳии кушод, ки ҷоришавии табиии обҳои рӯизаминӣ ва байниқабатиро надорад, бо системаи обпартоӣ бояд таъмин карда шавад. Сохтмон ва истифодаи ковишҳои зеризаминии хушконанда бояд мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ оид ба бехатарӣ ҳангоми истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи зеризаминӣ амалӣ карда шавад. Даромадгоҳи чоҳҳои амудӣ, нақбҳо, шурфҳо, пармачоҳҳо ва дигар ковишҳои заҳбурӣ аз ворид шудани обҳои рӯизаминӣ, бояд эътимоднок ҳифз карда шаванд. Ҳангоми дар ҳудуди объекти корҳои кӯҳии рӯизаминӣ мавҷуд будани ярчҳо, ҳудуди ярч аз боло бо хандақҳо ё хоктеппаҳои ҳифзкунанда, ки онро аз ворид шудани обҳои рӯизаминӣ ва боришот ҳифз мекунанд, бояд иҳота карда шаванд. Бо ин мақсад ҳамасола аз ҷониби роҳбари техникии корхона чорабиниҳо оид ба таъмини бехатари корҳо тартиб ва тасдиқ карда мешавад.
  2. Нерӯгирии зеристгоҳҳои шахтаҳои заҳбур бо ду хати алоҳидаи интиқоли барқ бояд ба роҳ монда шавад, ки ҳар кадоми онҳо қобилияти таъмини сарбории ниҳоии шахтаро доранд.
  3. Автоматикунонии механизмҳои обпартоӣ дар карерҳо ва шахтаҳои дренажӣ бояд ба таври автоматикӣ ба кор даромадани насосҳои эҳтиётиро ба ивази насоси аз кор баромада, имконияти идораи фосилавии насосҳо ва назорати кори механизм бо додани сигналҳоро ба пулти идор акунӣ таъмин намояд.
  4. Ҳангоми сохтмони шахтаҳои заҳбур бояд таъмини њолатњо аз рахназании об, бехатарона баровардани одамон ва ҳифзи таҷҳизотро таъмин менамояд, пешбинӣ карда шавад.
  5. Ҳангоми пешрафти нақбҳои зеризаминии заҳбурӣ дар ҷинсҳои кӯҳии сахтиашон гуногун дар зери уфуқҳои обдор, зарур дониста мешавад, ки пешакӣ ба чуқурии дар шиносномаи мустаҳкамкунӣ ё дар шиносномаи гузаштани нақбҳо вобаста ба сохт ва сахтии ҷинсҳои кӯҳӣ, гузаштани пармачоҳ пешбинӣ гардад ва умуман, дар ҳама ҳолатҳо дарозии он на кам аз 5 м-ро ташкил диҳад.
  6. Дар ҳар як ковиши гузашташаванда захираи мавод барои сохтани садди муваққатии полоишӣ дар ҳолатҳои зарурӣ, бояд мавҷуд бошанд.
  7. Қубурҳои гузошташудаи пармачоҳҳо, ки дар карер қарор доранд, бояд саривақт бурида шуда, эътимоднок рӯйпӯш карда шаванд.
  8. Дар назди механизми асосии обпарто бояд зарфи обҷамъкунанда бошад. Дар шахтаҳои дренажӣ обҷамъкунанда бояд ду шӯъба дошта бошад. Ғунҷойиши обҷамъкунанда дар ҳолати обпартои рӯизаминӣ ба муҳлати ҷоришавии на кам аз се соат, аммо обҷамъкунандаҳои механизмҳои обпартои шахтаҳои дренажӣ – барои ҷоришавии муътадили дусоата, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  9. Обгузаронии умумии насосҳои кории механизми асосии обпартоӣ ба муддати на зиёда аз 20 соат кашида партофтани ҷоришавии чашмдоштии ниҳоии шабонарӯзии обро бояд таъмин намояд. Механизми насосҳои эҳтиётӣ бо кашиши умумии нисбати кашиши насосҳои корӣ ба 20-25% баробарро бояд дошта бошад. Насосҳои механизми асосии обпарто бояд фишори якхела дошта бошанд.
  10. Механизмҳои обпартоӣ дар мавзеъҳои ҳарорати манфӣ дошта бояд пеш аз мавсими зимистон гарм карда шаванд.
  11. Оби аз ҳудуди объекти корҳои кушоди кӯҳӣ баровардашаванда ба манбаи оби наздиктарин ё ба ҷое бояд партофта шавад, ки имконияти дубора даромадани онро ба ковишҳо тавассути кафидаҳо, фурӯрафтагиҳо, ҷинсҳои обгузар ва ботлоқшавии майдонҳои наздикбударо истисно кунад. Обҳои дар натиҷаи хушконидани конҳо ҳосилшуда танҳо пас аз софкорӣ кардан, аммо дар ҳолатҳои зарурӣ – пас аз тоза намудан аз омехтаҳои зиёновар, бояд партофта шавад. Ҷойҳои партофтани ин гуна обҳо тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа карда мешаванд. Ҳангоми истифодаи обҳои карерӣ (шахта) барои шустани нақлиёт фаъолшавии хоси миёнаи солонаи изотопҳои алфа-фаъоли зиёдистанда аз миқдори манфиатнок мутобиқи радионуклидҳои табиӣ, ки ба 0,2 м3/сол баробар аст, набояд зиёд бошад.
  12. Хати қубури об ба рӯи замин кашидашуда бояд лавозимоте, ки онро пурра аз об холӣ менамояд, дошта бошанд.
  13. Дар наздикии даромадгоҳҳои шахтаҳои дренажӣ оташафрӯзӣ, обкунии даромадгоҳҳо бо оташи кушод ва ҳамчунин, гузоштани мошинҳо бо муҳаррики коркунанда манъ аст.
  14. Даромади пармачоҳҳои дренажӣ-ҳаводиҳӣ қубурҳои перфоратсияшуда, ки аз рӯи фарши зина ба баландии 1 метр мебароянд, мегузоранд ва қубур ранги тобон карда шуда, дар он рақами пармачоҳ навишта мешавад, даҳанаи қубури пармачоҳ бо панҷараи кафшергардидаи металлӣ бояд маҳкам карда шавад.

13. ТАЛАБОТ ОИД БА МУБОРИЗАИ ЗИДДИ ЧАНГ, ГАЗҲОИ  ЗАРАРНОК ВА БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ

  1. Таркиби атмосфераи объектҳои корҳои кӯҳии кушод ба меъёрҳои муқарраргардида оид ба қисмҳои асосии таркиби ҳаво ва омехтаҳои заранок (чанг, газ) бо дарназардошти стандартҳои давлатии амалкунанда, бояд ҷавобгӯ бошад.
  2. Ҳавои минтақаи корӣ бояд аз рӯи ҳаҷми 20% оксиген ва на зиёда аз 0,5% гази оксиди карбон дошта бошад; таркиби дигар газҳои зарарнок аз меъёрҳои муқарраргардидаи санитарӣ набояд зиёд бошанд. Ҷойҳои гирифтани намунаҳо ва муҳлати гирифтани онҳо бо ҷадвали аз тарафи роҳбари техникии ташкилот тасдиқгардида, вале на кам аз як маротиба дар семоҳ ва баъди ҳар ивазшавии технологияи корҳо, муқаррар карда мешаванд.
  3. Ба ҷойҳои корӣ омадани кормандону мутахассисон пас аз гузаронидани таркишҳои оммавӣ, баъди гирифтани хабар аз тарафи ташкилоти касбии садамавӣ-наҷотдиҳӣ оид ба паст шудани ҷамъшавии маҳсулоти заҳрноки таркиби ҳаво то меъёрҳои муқарраршудаи санитарӣ, аммо дар муддати на кам аз 30 дақиқаи баъди таркиш, парешон шудани чанг ва барқароршавии пурраи дидашавандагӣ, ҳамчунин, муоинаи ҷойҳои таркиш аз тарафи шахси масъул (тибқи тартиботи таркиши оммавӣ), иҷозат дода мешавад.
  4. Дар ҳамаи ҳолатҳое, ки таркиби газҳои зарарнок ё чангнокии ҳаво дар объекти корҳои кӯҳии кушод аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд мебошад, чораҳои бехатарӣ ва солимии шароити меҳнат бояд андешида шаванд. Барои мубодилаи пайвастаи тозагардонии ҳаво дар минтақаҳое, ки ҳавояш бад тоза карда мешавад ва минтақаҳои ҳавои бозистодаи объекти корҳои кӯҳии кушод, тавассути механизмҳои ҳавотозакунакҳо ё дигар воситаҳо ва тибқи чорабиниҳои аз ҷониби роҳбари техникии ташкилот тасдиқгардида, ҳавотозакунии сунъӣ бояд ташкил карда шавад.
  5. Дар объектҳои корҳои кӯҳии кушод бо реҷаи мушкили махсуси чангу газ, хадамоти чангтозакунӣ бояд ташкил карда шавад ва объектҳо аз тарафи ташкилоти садамавӣ-наҷотдиҳӣ бояд ҳама вақт хизматрасонӣ гарданд.
  6. Дар ҷойҳои ихроҷшавии газу чанг чорабиниҳои мубориза бар зидди онҳо бояд пешбинӣ карда шаванд. Дар ҳолатҳое, ки истифодаи воситаҳои ҳавотозакунӣ камшавии консентратсияи газҳои зарарнокро паст намекунанд, герметизация кардани кабинаи экскаваторҳо, дастгоҳҳои пармагарӣ, мошинҳо ва дигар таҷҳизот, бо додани ҳавои тоза ба онҳо бо роҳи ба вуҷуд овардани фишори барзиёд, бояд амалӣ карда шавад. Дар ҷойҳои корие, ки консентратсияи чанг аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд аст, ҳайати хизматрасон бо воситаҳои ҳимоявии фардии органҳои нафаскашӣ бояд таъмин карда шаванд.
  7. Барои паст намудани чангпайдошавӣ ҳангоми бор кардани ҷинсҳои кӯҳӣ дар фаслҳои гарми сол, обпошии мунтазами ҷинсҳои баъди таркиш ҷамъ карда шударо бояд иҷро намуд. Барои паст намудани чанг дар роҳҳои автомобилгард дар ҳарорати мусбии ҳаво, обпошии роҳҳоро ва дар ҳолати зарурӣ бо омехта намудани маҳлулҳои пайвасткунанда ба роҳ мондан лозим аст. Ҳангоми шиддатнок будани пайдошавии чанг аз ҳудуди корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод, андешидани чорабиниҳо оид ба пешгирии пайдошавии чанг зарур мебошад (истифодаи маҳлулҳои пайвасткунанда, кабутизоркунӣ ва ғайра).
  8. Истифодаи мошинҳои сангбурӣ, дастгоҳхои пармакунӣ, перфораторҳо ва пармаҳои барқӣ бе воситаҳои муфиди чангқапӣ ва чангпахшкунӣ манъ аст.
  9. Ҳангоми кори автомобилҳо, булдозерҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз бо ихроҷи газҳои ғализ, ки дар таркибаш омехтаҳои заҳролуд аз ҳадди консентратсияи иҷозатдодашуда зиёд бошад, бартарафкунандаҳои каталитикии газҳои бароянда бояд истифода бурда шаванд. Аз тарафи ташкилот бояд ҳамеша назорати таркиби омехтаҳои зараровари газҳои барояндаи мошин ва механизмҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.
  10. Барои огоҳ намудани ифлосшавии таркиби ҳаво аз газҳое, ки ҳангоми даргирии ҷинсҳои куҳии сӯзанда ва массаи кӯҳии дар партовгоҳ ҷойгир шуда, бояд чорабиниҳои пешгирии сӯхтор тартиб дода, аз тарафи роҳбари техникии корхона тасдиқ карда мешавад ва ҳангоми ба вуҷуд омадани сӯхтор, чорабиниҳои фаврии сӯхторхомушкунӣ бояд амалӣ карда шавад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани сӯхтор ҳамаи корҳо дар минтақаҳои карер, ки дар он ҷо ифлосшавии ҳаво аз сӯзиши мавод ба назар мерасад, бояд қатъ карда шаванд, ба ғайр аз корҳои сӯхторхомӯшкунӣ.
  11. Ҳангоми ҷудошавии газҳои заҳролуд аз обҳои дренажӣ дар ҳудуди объекти корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод, чорабиниҳо оид ба кам кардан ё тамоман барҳам додани филтратсияи об аз нишебии зинаҳо бояд иљро карда шавад.
  12. Чоҳҳои назоратӣ ва пармачоҳҳои дастгоҳҳои обкашии обҳои шорандаи истеҳсолӣ, бояд боэътимод маҳкам карда шаванд.
  13. Фаромадани кормандҳо ба дохили чоҳҳо барои иҷрои корҳои таъмирӣ баъд аз тамоман сар додани об, тоза намудани ҳаво, пешакӣ чен кардани моддаҳои заҳролуд ва газҳои зарарнок дар иштироки шахси назоратчии техникӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми дар чоҳҳо ошкор намудани газҳои зарарнок ё нарасидани миқдори зарурии оксиген, ҳамаи корҳо дар дохили чоҳҳо бо ниқобҳои зиддичангии луладор иҷро кардан зарур аст.
  14. Ҳангоми дар ҷойҳои корӣ ошкор намудани газҳои зарарнок ба миқдоре, ки аз консентратсияи иҷозатшуда зиёд аст, ҳамаи корҳоро қатъ намуда, одамонро аз мавзеъи хатарнок баровардан зарур аст.
  15. Ҳангоми дар объектҳои корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод вуҷуд доштани омилҳои хавфи радиатсионӣ, чорабиниҳои ташкилию техникӣ доир ба иҷро намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», қоидаҳои амалкунандаи бехатарии радиатсионӣ ва меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ бояд иҷро карда шавад. Барои муайян намудани дараҷаи ифлосшавии радиатсионӣ таҳқиқи радиатсионии муҳитро дар муҳлатҳое, ки бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шудааст, вале на кам аз як маротиба дар се сол, бояд гузаронида шавад.
  16. Ташкилотҳое, ки бо истихроҷи канданиҳои фоиданок бо ҳадди баланди радиатсионӣ машғуланд, уҳдадоранд, ки назорати радиатсиониро ба роҳ монанд. Назорати ҳадди радиатсионӣ дар ҷойи корӣ ва дар объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод, мувофиқи қоидаҳои амалкунандаи бехатарии радиатсионӣ бояд иҷро карда шавад. Натиҷаи ченкунии ҳадди радиатсионӣ дар дафтари махсус сабт мегардад.
  17. Мақсади назорати радиатсионӣ ин гирифтани маълумот оид ба миқдори шуоъзании радиатсионӣ ба шахсони воқеӣ ё коллективии ҳайати кормандони объекти корҳои кӯҳии тарзи кушод ва аҳолии дар наздикӣ ҷойгиршуда, инчунин гирифтани маълумот оид ба ҳамаи бузургиҳое, ки муҳити радиатсиониро тавсиф менамоянд, мебошад. Сабти заҳролудшавии кормандон ва аҳолӣ мувофиқи системаи ягонаи назорати давлатӣ ва бақайдгирии ҳадди заҳролудшавӣ, бояд иҷро карда шавад.
  18. Тартиби гузаронидани назорати истеҳсолӣ барои бехатарии радиатсионӣ бо мақомотҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа карда мешавад.
  19. Кормандҳое, ки бо манбаи заҳролудшавии радиатсионӣ ба корхонаҳо ба кор медароянд, ҳатман оид ба бехатарии радиатсионӣ омӯзонида шуда, санҷиши сатҳи дониши онҳо гузаронида мешавад. Санҷиши сатҳи дониш на кам аз як маротиба дар 3 сол бояд гузаронида шавад.
  20. Ҳавотозакунии сунъии объектҳои корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод бояд пастшавии меъёрҳои омехтаҳои радиатсиониро дар ҳаво то сатҳи иҷозатшуда таъмин намояд. Таҷҳизотҳои ҳавотозакуниро дар минтақаҳои ҳавои тоза ҷойгир намудан лозим аст. Суръати фавраи ҳавотозакунӣ барои самаранок берун намудани ҳавои заҳролудшуда аз ҳудуди мавзеъи ифлосшуда бояд кифоя бошад ва на кам аз 0,6 м/сония барои ҷараёни бароянда ва 0,25 м/сония барои фавраи уфуқиро бояд ташкил намояд.
  21. Ҳангоми ғайриқаноатбахш будани муҳити радиатсионӣ барои ҳимояи узвҳои нафаскашӣ аз чанг ва омехтаҳои радиатсионӣ, кормандоне, ки дар кабинаҳо ва рӯи замин кор мекунанд, бояд бо распираторҳо таъмин карда шаванд.
  22. Қабл аз равон кардани таҷҳизотҳои кӯҳкорӣ ба таъмир, онҳо бояд аз санҷиши дозиметрӣ гузаронида шавад. Ҳангоми заҳролудшавии радиатсионӣ бояд безарар карда шавад. Таҷҳизотро қабл аз ба оҳанпора супоридан, ҳатман бояд безарар карда шавад. Таҷҳизоте, ки ба таъмир равона мегардад, бояд ҳамон миқдори берунаи гамма-шуоъ дошта бошад, ки аз меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ зиёд набошад. Тавоноии экспозитсионии гамма-шуоъ дар сатҳи таҷҳизоте, ки ба таъмир ё ба партов ҳамчун оҳанпора равона карда мешавад, бояд аз 50 мкР/соат зиёд набошад. Безарар намудани таҷҳизоти технологии объектҳои корҳои кӯҳии тарзи кушод дар майдончаи махсуси асосаш сахт ва обпарто ба зарфи махсус бояд иҷро гардад. Оби истифодашударо ба рӯи замин партофтан манъ аст. Таҷҳизоти кӯҳкорие, ки таркибии радиатсиониаш аз ҳадди меъёрҳои иҷозатшуда зиёд аст ва имконияти тозакунӣ надоранд, ҳамчун партовҳои радиатсионӣ шуморида мешавад.
  23. Кашондани ҷинсҳои кӯҳӣ ва канданиҳои фоиданок бо таркиботи баланди радиатсионӣ бо нақлиёти махсус бояд ба роҳ монда шавад ва истифода бурдани ин нақлиёт бо мақсадҳои дигар манъ аст. Ҳамаи амалиётҳо бо чунин канданиҳои фоиданок дар ҳудуди объекти корҳои кушоди кӯҳӣ бо истифодаи воситаҳои чангпахшкунӣ бояд иҷро карда шавад.
  24. Минтақаҳои истеҳсолие, ки дар он ҷо ҷинсҳои кӯҳии таркиби баланди радиатсионӣ доранд, ҷудо ва анбор карда мешаванд, ба тамоми ҳудудҳояш (периметраш) бояд иҳота карда шавад. Даромад ва гузаргоҳҳо ба онҳо бо гузоштани аломатҳои манъкунанда бояд муҳофизат карда шаванд (аломати хатари радиатсионӣ бо навиштаҷоти «Даромад манъ аст»).
  25. Шахсоне, ки бо коркарди канданиҳои фоиданоки дар таркибаш шуоъи баланди радиактивидошта машғул ҳастанд, ҳангоми хизматрасонии санитарӣ-маишӣ дар гурӯҳи алоҳида ҷой карда, онҳоро таҳти назорати радиометрии пӯсти бадан бояд қарор дода шаванд.
  26. Барои пешгирии эҳтимолияти пайдошавии чанг ва паҳншавии аэрозолҳои радиактивӣ аз болои нишебии шусташаванда ҳангоми истифодаи партовгоҳи обовард, дар баробари шустан то нуқтаҳои лоиҳавӣ бо ғафсии қабаташ на кам аз 0,5 метр хоки тоза бояд рехта шавад.
  27. Барои назорати баландшавии сатҳи обҳои зеризаминии радиоактивӣ, дар периметри партовгоҳи обовард ва ба самти ҷараёни обҳои зеризаминӣ пармачоҳҳои намунагирӣ (назоратӣ) бояд ба нақша гирифта шавад. Ҷойгиршавӣ ва миқдори пармачоҳҳо вобаста ба шароити гидрогеологӣ тавре қабул карда мешавад, ки масофаи байни онҳо аз 300 м кам набошад. Дар баробари ин як-ду пармачоҳ берун аз минтақаи санитарӣ- муҳофизатӣ бояд ҷойгир шуда бошад.
  28. Тартиби истифодаи хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҷинсҳои сахти камрадиоактивӣ, ки бақияи таркибаш аз 0,005% кам уран дорад, тибқи хуҷҷатҳои меъёрии дахлдор муайян карда мешавад.
  29. Назорат барои иҷрои чорабиниҳои мубориза бо чанг, риояи меъёрҳои муайяншудаи таркиби атмосфера, бехатарии радиатсионӣ дар объекти корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод, бар дӯши роҳбарияти ташкилоти истифодабарандаи кон гузошта мешавад.

 

 

 

 

  1. ТАЛАБОТ ОИД БА СОХТИ БИНОҲОИ

ИДОРАВӢ-МАИШӢ

  1. Дар назди ҳар як объекти корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод биноҳои идоравию маишӣ бояд сохта шавад. Биноҳо ба шуъбаҳои ҷудогона барои мардон ва занон ҷудо бояд карда шуда, миқдори кормандон, бо дарназардошти пурра аз худ намудани иқтидори лоиҳавӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Биноҳои идоравию маишӣ бояд дошта бошанд: гардеробҳо барои либосҳои корӣ ва болоӣ, ҳуҷраҳо барои хушккунӣ ва аз чангтозакунии либоси корӣ, ҳуҷра барои душ, њоҷатхона, ҳуҷраи либосшӯӣ, устохонаҳои таъмири либоси корӣ ва пойафзоли махсус, ҳуҷраи шустан ва тоза кардани пойафзол, стансияи обҷӯшонӣ барои обӣ нӯшокӣ, обдон, ҳуҷраи гигиенаи шахсии занона. Иншоотҳои идоравию маишӣ дар объектҳои навсохтаистода бояд аз тарафи самти вазиши шамол дар масофаи на кам аз 50 м аз анборҳои рӯизаминии канданињои фоиданок, фабрикаи сангмайдакунию ҷудокунӣ, эстакадаҳо ва дигар қитъаҳои чанг ба вуҷуд оваранда, вале на кам аз 500 м аз иншоотҳои асосии истеҳсолӣ бояд ҷойгир карда шаванд. Ҳамаи ин биноҳоро бо қитъаҳои дарахтзор иҳота кардан лозим мебошад. Биноҳои идоравию маиширо дур аз канораҳои карер ҷойгир кунонидан мумкин аст, ба шарте, ки агар ташкилот шароити бурдану овардани кормандонро бо нақлиёти махсус дошта бошад.
  2. Ҳамаи биноҳои идоравию маишӣ ҳавотозакунакҳои кашидагиранда бояд дошта бошанд, ки таркиби омехтаҳои заранокро дар биноҳо тибқи меъёрҳо таъмин намоянд.
  3. Дар объектҳои корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод, тибқи талаботи умумии қоидаҳои санитарӣ, хоҷатхонаҳои пӯшида барои истифодабарӣ дар ҷойҳои мувофиқ бояд таљҳизонида шаванд. Дар объектҳои корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод (ҳамчунин партовгоҳҳо), дар мавсими сармо ва боронгарӣ барои гармшавӣ ва паноҳ бурдан аз борон, дар масофаи на кам аз 300 м аз ҷойи корӣ биноҳои махсус бояд сохта шаванд. Биноҳои мазкур бо мизҳо, курсиҳо барои нишастан, ташнобҳо бо собун, оби нӯшокӣ ва ё зарф бо оби нушокии ҷушондашуда, либоскашолкунак барои либоси болоӣ бояд таҷҳизонида шуда бошанд. Ҳарорати ҳаво дар дохили бинои гармкунӣ набояд аз 200 С паст бошад.
  4. Ҳамаи ташкилотҳо шустушӯи либосҳои махсус, таъмири пойафзоли корӣ ва либосро бояд таъмин намоянд.
  5. Ташкилотҳо уҳдадор ҳастанд, ки кормандони худро бо оби нушиданӣ таъмин намоянд. Истифодаи об аз манбаъҳое, ки дар ҳудуди объекти корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод мавҷуд аст, баъд аз ташхис ва ҷавобгӯ будани он ба талаботи меъёрҳои санитарӣ, иҷозат дода мешавад.
  6. Дар ҳар як объекти корҳои кӯҳии кушод ва ё барои гурӯҳи объектҳои дар наздикӣ ҷойгиршуда, нуқтаи ёрии тиббӣ бо алоқаи телефонӣ бояд ташкил карда шавад. Дар ташкилотҳое, ки миқдори кормандонаш аз 50 нафар кам, хизматрасонии тиббии муассисаи наздиктарин иҷозат дода мешавад. Ҳар як қитъа, сех, устохона, инчунин агрегатҳои кӯҳӣ, нақлиётӣ ва утоқҳои санитарию маишӣ бо доруқуттии ёрии аввалия бояд таъмин бошанд.

 

Замимаи 1

Ба Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди

конҳои канданиҳои

фоиданок бо тарзи кушод

 

ТАВСИЯҲО БАРОИ ТАРТИБ ДОДАНИ НАҚШАИ БАРҲАМДИҲИИ САДАМАҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ

КОРҲОИ КУШОДИ КӮҲӢ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо (минбаъд-НБС) барои ҳамаи объектҳои корҳои кушоди кӯҳӣ: карерҳое, ки дар шароити мураккаби кӯҳию техникӣ истифода мешаванд, дар карерҳое, ки корҳои таркишӣ ба роҳ монда шудааст, партовгоҳҳои моеъ, драгаҳо (мошинҳои махсуси заминканӣ), садамаҳо, ки таҳдиди муайян барои њаёти одамон дорад, амнияти иншоотҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои аҳолӣ ё офатҳои экологӣ тартиб дода мешаванд. Дар НБС имконпазирии вайроншавии раванди истеҳсолӣ ва реҷаи кори мошинҳо ва таҷњизотҳо, инчунин хомӯшшавии барқ, рӯшноӣ, об, буғ, огоҳкунӣ ва хомушкунии сӯхтор бояд ба инобат гирифта шавад. Ба ғайр аз ҳолатҳои номбаршуда дар карерҳо эҳтимолияти ба вуҷуд омадани сӯхторро ҳангоми интиқол ва нигоҳдории маводи тарканда дар ҷойи кор, хатари зери об мондани карерҳо, афтиши қисмҳои калони ҷинсҳои кӯҳӣ аз зинаҳо ва девораҳои карер бояд ба назар гирифта шавад. Барои драгаҳо (мошини махсуси заминканӣ) мавқеъҳои НБС вобаста ба ғарқшудан ё чаппашавии драга, хомӯш намудани сӯхтор ва рахназании партовҳои моеъ аз садд ба назар гирифта мешавад. Дар НБС системаи хабардоркунии ҳайати кормандони истеҳсолоти объекти истеҳсолии хатарнок нишон дода мешавад.
  3. НБС ҳамасола бо дарназардошти ҳолати воқеъии объектҳои корҳои кӯҳӣ аз тарафи роҳбари техникии карер тартиб дода шуда, бо роҳбарияти қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ (минбаъд – ҚҲНК), бо роҳбари техникии драга мувофиқа карда мешавад ва аз тарафи роҳбари техникии ташкилот 15 рӯз қабл аз саршавии соли оянда тасдиқ карда мешавад.
  4. Омӯзиши мутахассисон дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз тарафи роҳбари техникии объекти истеҳсолӣ, коргаронро бошад – роҳбари қисми дахлдори истеҳсолӣ мегузаронад. Омузиш на кам аз 10 рӯзи баъд аз мавриди амал қарор додани НБС бо имзои кормандон ва мутахассисон дар санадҳои дахлдори НБС гузаронида мешавад. Дар бораи шинос шудан бо НБС дар дафтари махсус қайд кардан иҷозат аст. Ҳангоми иваз шудани ҳолати воқеъии объекти корҳои кӯҳӣ, инчунин тағйир ёфтани нақшаҳо, ки дар мавқеъҳои НБС дарҷ гардидааст, ба НБС дар муҳлати як шабонарӯз тағйирот бояд дохил кард. Бо ҳар як тағйироте, ки ба НБС ворид карда мешавад, тамоми кормандон ва мутахассисон қабл аз оғози кор бо имзо бояд шинос карда шаванд. Кормандони ташкилотҳои дигар ва хадамотҳо, ки барои бартараф намудани садама ҷалб карда шудаанд, новобаста аз мансубияти идоравӣ, ба ихтиёри роҳбари масъули корҳои барҳамдиҳии садама мегузаранд. Роҳбари масъули корҳои барҳамдиҳии садама фаъолияти қувва ва воситаҳои ҷалбшавандаи дигар корхонаҳоро бояд мувофиқа намояд.
  5. Ба нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо қисми фаврӣ аз рӯи шакли тартиб дода шуда тибқи замимаи 1 бояд дохил карда шавад.

 

  1. ПЕШНИҲОДҲОИ АСОСӢ ДОИР БА ҚИСМИ ФАВРИИ

НАҚШАИ БАРҲАМДИҲИИ САДАМАҲО

  1. Қисми фаврии нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо тамоми корҳо ва намудҳои асосии садамаҳои имконпазирро дар объектҳои корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод, ки ба бехатарии одамон ва ҳифзи муҳити зист таҳдид менамояд, бояд дарбар гирад. Ҳангоми иваз шудани технология ва ташкили кор дар давоми як шабонарӯз ба НБС тағйиротҳои дахлдор ворид карда мешавад. НБС бо ҳамаи замимаҳояш дар танзимгар (оператор), ё шахси мансабдоре, ки ба ҳолати объекти истеҳсолии хатарнок масъул аст, сардори қисми махсуси ташкилоти садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ки ба объект хизмат мерасонад, нигоҳ дошта мешавад. Корҳои наҷотдиҳӣ ва барҳамдиҳии оқибати садамаҳо тибқи фармоиши роҳбари масъули корҳо оид ба барҳамдиҳии садамаҳо ба роҳ монда мешавад. Чорабиниҳои асосӣ барои наҷотдиҳии одамоне, ки дар объекти корҳои кушоди кӯҳӣ ба садама дучор шудаанд, дар қисми фаврии НБС бояд ба инобат гирифта шавад:

– тарзи хабардиҳӣ дар бораи садамаҳо дар тамоми қитъаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои баромади одамон аз ҷойҳои садамавӣ, рафтори шахсони масъули назорати кӯҳӣ (мутахассисон) барои баровардани  одамон аз ҷойҳои хатарнок, даъвати қисми махсуси ташкилоти  садамавию наҷотдиҳӣ ва хатсайри ӯ барои наҷотдиҳии одамон, пешгирии паҳншавӣ ва барҳамдиҳии садама;

– истифода бурдани воситаҳои нақлиёт барои зудтар кӯчондани одамон аз мавзеъи хатарнок ва овардани қисмҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ ба мавзеъи садама;

– таъин намудани шахсони масъул барои иҷрои чорабиниҳои алоҳида, ҷобаҷогузории постҳои муҳофизатии минтақаи хатарнок;

– усулҳо ва воситаҳои наҷотдиҳии одамон вобаста ба намуди садама;

– зарурият ва тартиби хомӯшкунии барқ ба минтақаи садамавӣ;

– рӯйхати шахсони мансабдор ва ташкилотҳое, ки оид ба садама бояд хабардор карда шаванд.

  1. Дар НБС-и драга (мошинҳои махсуси заминканӣ) ба ғайр аз хуҷҷатҳои зикршуда бояд бошад:

– нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ бо нишон додани биноҳои ёридиҳанда, сарбандҳо, саддҳо, девораҳо, гузаргоҳҳо ва сатҳи баландии об ва чуқурии обанбор;

– нақшаи сатҳии драга (мошини махсуси заминканӣ) бо нишон додани ҷойи ҷойгиршавии таҷҳизотҳои асосӣ ва ҷойҳои насби сухторхомӯшкунии автоматикӣ, нақшаи ҷойгиршавии баромадгоҳҳои эҳтиётӣ;

– нақшаи ҷойгиршавии роҳҳое, ки ба обанбор наздиканд, ҷойҳои ҷойгиршавии воситаҳои шинокунанда;

– нақшаи қубурҳои сухторхомушкунӣ, ҷойҳои нигоҳдории лавозимоти якуминдараҷаи сухторхомӯшкунӣ;

– нақшаи барқтаъминкунӣ;

– нақшаи рушноидиҳии садамавӣ;

– нақшаи ҷойгиршавии тавораҳои обногузар, даромадгоҳ, гузаргоҳҳои васлкунӣ.

  1. Нусхаҳои НБС бо ҳамаи замимаҳо доир ба драгањо (мошинҳои махсуси заминканӣ) дар дасти шахси мансабдори масъул оид ба ҳолати объекти истеҳсолии хатарнок, сардори қисми махсуси ташкилоти садамавию наҷотдиҳӣ, ки объекти мазкурро хизматрасон аст, нигоҳ дошта мешавад. Ба ғайр аз ин қисми фаврии нақша дар бинои драгерӣ овезон карда мешавад. То ҳозир шудани сардор, роҳбари техникии драга ба ҷойи садама, уҳдадории роҳбари масъули корҳои барҳамдиҳии садамаҳо ба устои баст ва дар набудани он ба драгачӣ вогузошта мешавад.

 

  1. Чорабиниҳои асосӣ ҳангоми садамаҳо дар захирадонҳои Партовҳои моеъ
  2. Роҳбари масъули корҳо роҳбари техникии идораи маъдан, кони маъдан, кони пошхӯрда, артели заршуӣ, фабрикаи бойгардонӣ, сех ё шӯъбаи хоҷагии партовҷамкунии истеҳсолӣ, китъаи гидромеханизатсия метавонад таъин шавад. То ҳозир шудани роҳбар ба ҷойи садама, идоракунии корҳо бар дӯши роҳбар – шахси масъул оид ба ҳолати иншоот, ё сардори (устои) баст гузошта мешавад. Дар ҳолати зарурӣ роҳбари техникии ташкилот метавонад роҳбарии корҳоро ба зиммаи худ гирифта, дар дафтари фаврӣ оид ба барҳамдиҳии садамаҳо қайд намояд.
  3. Ба қисми фаврӣ замима карда мешавад:

– нақшаи шарҳии хоҷагии партовҷамкунии истеҳсолӣ бо нишон додани роҳҳои эвакуатсияи одамон, коммуникатсияњо, воситаҳои алоқа, воситаҳои зидди сухтор;

– нақшаи анборҳои садамавӣ, экспликатсияи иншоотҳои истеҳсолӣ, ки дар объекти истеҳсолии хатарнок ҷойгир шудааст.

  1. Ҳангоми рух додани садама роҳбари корҳои барҳамдиҳии садамаҳо вазъияти фавриро аз назар гузаронида, дар ҳолати зарурӣ бо ёрии роҳбари техникии ташкилот ҳамаи қувва ва воситаҳои техникиро барои барҳамдиҳии садама ҷалб менамояд.

 

  1. ЧОРАБИНИҲОИ АСОСИИ НАҶОТДИҲИИ ОДАМОН, КИ ДАР ЗАХИРАДОНҲОИ ПАРТОВҲОИ МОЕЪИ ОБЪЕКТҲОИ КОРҲОИ КӮҲӢ БО ТАРЗИ КУШОД БА САДАМА ДУЧОР ОМАДААНД
  2. Дар қисми оперативии НБС бояд ба нақша гирифта шавад:

– хабардиҳии фаврии кормандони истифодабарандагони захирадонҳои партовҳои моеъ, объектҳо ва сехҳо, ки ба кори партовгоҳ бевосита таъсир мерасонанд, идораи ташкилот;

– пешгирии ҳатмии паҳншавии қитъањои садамавӣ бо боздоштани раванди технологӣ, ҳангоми зарурият пурра боздоштани истеҳсолот;

– кӯчондани одамон аз минтақаи хатарнок, ҳамчунин, гузоштани постҳои муҳофизатии минтақаи хатарнок;

– таъминот бо воситаҳои манфиатноки ёрирасон барои наҷоти одамон, ки ба садама гирифтор шудаанд (нақлиёт, ёрии тиббӣ, хӯрока ва ғайра).

  1. Ҳангоми коркарди чорабиниҳо оид ба наҷоти одамон, ки ба садама дучор гаштаанд, ҳолатҳои имконпазири зерин бояд ба назар гирифт:

– вайрон шудани садди ҷамъкунанда дар шакли ярчи ҷузъӣ;

– рахнакунии маҳалии садди ҷамъкунанда бо ҷорӣ шудани маҷрои об ва сели лойомехта;

– аз болои садд ҷоришавии об бо шустани ҷузъии садд;

– харобшавии фронталии ҷамъкунанда бо ҷорӣ шудани сели лойоба.

  1. Дар ҳолати вайрон шудани садд ба шакли ярчи ҷузъӣ бояд чораҳои зерин дида шаванд:

– чорабиниҳо оид ба гузаронидани сехҳо (объектҳо), ки ба истифодабарии ҷамъкунанда таъсир мерасонанд, ба реҷаи садамавӣ;

– чорабиниҳо оид ба кӯчондани ҳайати кормандони объекти истеҳсолӣ, ки дар қитъаи садамавӣ ҷойгир шудаанд, ба ноҳияи дур аз сарҳади эҳтимолии рушди ярч, ба масофаи бехатар, аммо на кам аз 100 м;

– эълони минтақаи хатарноки қитъа, ки дар он ҷо ярч фаромадааст.

  1. Дар ҳолати рахнакунии маҳаллии садд бо ҷоришавии об ва лойоба бояд чораҳои зерин дида шаванд:

– хабар додани одамон, ки дар минтақаи эҳтимолии зериобмонӣ қарор доранд;

– дидани чораҳо оид ба бозистии пурраи сехҳои (объектҳои) ба кори ҷамъкунанда таъсир расонанда;

– чорабиниҳо оид ба кор даровардани иншоотҳои садамавии обпартои отсеки дуюми ҷамъкунанда;

– андешидани чораҳо оид ба мобилизатсия ва овардани воситаҳои нақлиёти ҳарҷогард ва механизмҳо (кашандаҳо, булдозерҳо, ҳарҷогардҳо, экскаваторҳо ва ғ.) ба мавзеи садама;

– имконияти таъҷилан муайян кардани миқдори шахсони ба садама дучоршуда;

– ташкили кофтукови шахсони ба садама дучоршуда, эвакуатсияи онҳо аз минтақаи хатарнок ва додани ёрии аввалия ба осебдидагон.

  1. Дар ҳолати ҷорӣ шудани об аз болои садд ва қисман шустани он андешидани чораҳои зерин зарур мебошад:

– чораҳо оид ба реҷаи садамавӣ гузаронидани сехҳо (объектҳо), ки ба истифодаи ҷамъкунанда таъсир мерасонанд;

– чораҳо оид ба кор даровардани иншоотҳои зарурии садамавӣ (иншоотҳои обпарто, ҳуҷраи (отсеки) дуюм, пойгоҳҳои садамавии насос ва ғайра).

– андешидани чораҳо оид ба мобилизатсия ва овардани воситаҳои нақлиёти ҳарҷогард ва механизмҳо (кашандаҳо, булдозерҳо, ҳарҷогардҳо, экскаваторҳо ва ғайра);

– чорабиниҳо оид ба кӯчондани ҳайати истифодабаранда, ки дар қитъаи садамавӣ мебошанд, ба ноҳияи бехатар;

– эълони қитъа, ки дар он ҷо садама ба вуқуъ омадааст, ҳамчун минтақаи хатарнок;

  1. Дар ҳолати вайроншавии ҷамъкунандҳои партовҳои моеъ ба тарзи фронталӣ чораҳои зерин бояд андешида шавад:

– хабар додани кормандоне, ки дар минтақаи ғарқшавӣ қарор доранд;

– дидани чораҳо оид ба бозистии пурраи сехҳо (объектҳо), ки ба истифодабарии ҷамъкунанда таъсир мерасонанд;

– дидани чораҳо оид ба мобилизатсия ва овардани воситаҳои нақлиёти ҳарҷогард, ҳангоми зарурат – чархболҳо ба ноҳияи садама.

  1. Дар ҳамаи ҳолатҳои имконпазири садамаҳо дар ҷамъкунанда ташкили бригадаҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ки ба итоати роҳбари масъули корҳо оид ба барҳамдиҳии садама медароянд, бояд ба назар гирифта шавад.

 

Замимаи 1

ба тавсияҳо барои тартиб

додадани НБС дар объектҳои

корҳои кушоди кӯҳӣ

 

 

 

Мувофиқа карда шуд,

сардори ҚҲНК

_________ ному насаб

«___»_________с.20___

 

Тасдиқ мекунам,

роҳбари техникӣ

________________

(ташкилот)

«___»_________с.20___

____

 

ҚИСМИ ЗУДАМАЛИ

нақшаи барҳамдиҳии садамаҳо

(намуди садама)

Мавқеи №______________________________________________

(ҷойи садама)

Чорабиниҳо оид ба наҷоти одамон ва барҳамдиҳии садама Шахсони масъул оид ба иҷрои чорабиниҳо ва иҷрокунандаҳо Ҷойгиршавии воситаҳо барои наҷот додани одамон ва барҳамдиҳии садама Амали ҚҲНК Рӯйхат ва имзои шахсоне, ки барои барҳамдиҳии садама зери роҳбарии командири шуъбаи ҚҲНК рафтаанд
1 2 3 4 5

 

 

Замимаи 2

ба тавсияҳо барои тартиб

додадани НБС дар объектҳои

корҳои кушоди кӯҳӣ

 

ТАҚСИМОТИ УҲДАДОРИҲОИ ДАР БАЙНИ ШАХСОНИ АЛОҲИДА, КИ ДАР БАРҲАМДИҲИИ САДАМА ИШИТРОК МЕКУНАНД ВА ТАРТИБИ АМАЛИЁТИ ОНҲО

 

  1. Роҳбари масъул оид ба барҳамдиҳии садама:

– фавран ба иҷрои чорабиниҳо, ки дар қисми фаврии нақшаи барҳамдиҳии садама (дар навбати аввал оид ба наҷоти одамон, ки дар объекти корҳои кӯҳии кушод ба садама дучор гардидаанд) пешбинӣ шудаанд, шурӯъ намуда, иҷроиши онро назорат мекунад. Ҳангоми бурдани корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва корҳо оид ба барҳамдиҳии садама танҳо фармоиши роҳбари масъули корҳои барҳамдиҳии садамаҳо ҳатмӣ мебошанд.

– доимо дар бунгоҳи фармондиҳии барҳамдиҳии садама будан. Бунгоҳи садама ҷойи кории диспетчери кӯҳӣ (навбатдори объект) мебошад. Барои саривақт бурдани корҳо оид ба наҷотдиҳии одамон ва барҳамдиҳии садамаҳо, бурдани ҳуҷҷатгузорӣ дар бунгоҳи фармондиҳӣ на кам аз ду аппарати алоқа муқаррар карда мешавад. Дар давраи барҳамдиҳии садамаҳо дар бунгоҳи фармондиҳӣ метавонанд танҳо шахсони ба барҳамдиҳии садама алоқаманд ҳузур дошта бошанд. Дар марҳилаи аввали зуҳур ва рушди садама ташкилот ва роҳбарияти корҳо оид ба барҳамдиҳии садама то омадани роҳбари техникии қисми истеҳсолӣ (ташкилот), ки дар ҳайати он объект мебошад ва дар он садама ба вуқӯъ омадааст, дар бунгоҳи фармондиҳии барҳамдиҳии садама бояд диспетчери объекти истеҳсолӣ ин корро иҷро намояд. Пас аз хабардор шудани садама диспетчер уҳдадор аст амалиётро мувофиқи НБС ба кор дарорад. Ҳангоми барҳамдиҳии садамаҳои давомнок роҳбари масъули корҳо ҳуқуқ дорад дар муддати кӯтоҳ аз бунгоҳи фармондиҳӣ ба ҷойи худ муовини роҳбари техникии ташкилот ё дигар шахси назоратчии техникиро, ки барои иҷрои ин уҳдадориҳо омода аст, таъин намуда, барои дамгирӣ равад. Роҳбари масъул оид ба қарори қабулнамуда уҳдадор аст дар китоби фаврӣ қайд намояд ё фармоиш барорад.

– ӯ тафтиш мекунад, ки ҷузъу томҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ, гурӯҳи сӯхторхомӯшкунӣ дархост шудаанд, оё хабардоркунии ҳайати истеҳсолии объект оид ба садама иҷро гардидааст?

– миқдори кормандони дучори садамашударо муайян мекунад, посбонии минтақаи хатарнокро мувофиқи ҷойгиршавии постҳои нигаҳбонӣ ташкил мекунад ва роҳ додани одамонро ба объекти садамавӣ бо рухсатномаҳо таъмин месозад.

– ба корҳо мувофиқи НБС роҳбарӣ мекунад.

– китоби амалиёти фавриро (мувофиқи замимаи 4) мебарад.

– ахбороти рафти корҳои наҷотдиҳиро қабул ва таҳлил мекунад, оид ба ташкили фаъолияти мутақобилаи хадамоти объекти истеҳсолӣ фармоиш медиҳад.

  1. Роҳбари корҳои наҷотдиҳӣ-садамавӣ – қумондони ҷузъи қисми махсуси касбии қисми ҳарбӣ кунонида шудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ:

– дар бунгоҳи фармондиҳӣ мебошад.

– ба корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ тибқи нақшаи барҳамдиҳии садама роҳбарӣ мекунад; супориши роҳбари масъули корҳоро оид ба барҳамдиҳии садама иҷро мекунад ва нисбати иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ масъул мебошад.

– мунтазам ба роҳбари масъули корҳо оид ба барҳамдиҳии садама нисбати рафти корҳои наҷотдиҳӣ ахборот медиҳад. Дар ҳолати мухолифати байни қумондони қисми наҷотдиҳӣ-садамавӣ ва роҳбари масъули корҳо оид ба барҳамдиҳии садама барои иҷроиш қарори роҳбари масъул ҳатмӣ мебошад. Қумондони ҷузъи қисми наҷотдиҳӣ-садамавӣ – роҳбари корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ уҳдадор аст, қарори қабулшударо иҷро намояд. Агар қарори қабулшуда ба Оинномаи қисми наҷотдиҳӣ-садамавӣ мухолифат кунад, қумондон бояд ин қарорро иҷро намояд ва дар як замон ақидаи махсусро дар китоби амалиёти фаврӣ оид ба барҳамдиҳии садама қайд намояд.

  1. Роҳбари (роҳбари техникӣ) ташкилот:

– ба кори фаврӣ ҳамроҳ нашуда, супоришҳои фаврии роҳбари масъулро оид ба барҳамдиҳии садама иҷро намуда, ба барҳамдиҳии садама ёрӣ мерасонад;

– оид ба равона кардани одамон, мошинҳо, таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ ба объекти садамавӣ, чораҳо меандешад;

– ба осебдидагон ёрии тиббиро ташкил мекунад;

– хӯроки ҳайати шахсии қисми наҷотдиҳӣ-садамавӣ ва ҳайати истеҳсолиро, ки ба барҳамдиҳии садама ҷалб гардидаанд, ташкил менамояд;

– барои наҷотдиҳндагони кӯҳӣ база ва ҷойи дамгирӣ муҳайё мекунад.

  1. Роҳбари ҷузъи истеҳсолӣ:

– уҳдадор аст фавран ба бунгоҳи фармондиҳӣ ҳозир шавад ва оид ба омадани худ ба роҳбари масъули барҳамдиҳии садама гузориш диҳад;

– ба осебдидагон ёрии тиббиро ташкил мекунад.

-аз рӯи системаи қабулшудаи баҳисобгирии ҳайати истеҳсолӣ тафтиши одамони дар минтақаи хатарнок буда ва ҳамчунин, берун аз ҳудуди он баровардашударо ташкил мекунад;

– дар асоси талаботи роҳбари масъули корҳо оид ба барҳамдиҳии садама ба он кормандони ботаҷриба ва шахсони назоратгари кӯҳиро ҷалб мекунад, ҳамчунин навбатдории кормандонро барои иҷрои супоришҳои таъҷилӣ таъмин менамояд;

– ба кори нақлиёти объекти истеҳсолӣ роҳбарӣ мекунад;

– Муҳофизати минтақаи хатарнокро ташкил мекунад, навбатдорони постҳоро дастур медиҳад.

  1. Сармеханик ва сарэнергетики ҷузъи истеҳсолӣ:

– мунтазам додани нерӯи барқ (пневматикӣ) ё хомӯш кардани онро (тибқи мавқеи НБС) таъмин мекунанд;

– оид ба таъмини корҳои садамавӣ бо таҷҳизоти иловагӣ чораҳо мебинанд;

– ба роҳбари масъул оид ба иҷроиши фармоишҳо гузориш медиҳанд;

Эзоҳ: Уҳдадориҳои шахсони уҳдадори объекти истеҳсолӣ, ки ба номгӯи мазкур дохил нагардидаанд, дар асоси шароитҳои мушаххаси объекти хатарноки истеҳсолӣ муайян карда мешаванд ва дар НБС акс меёбанд.

  1. Сардори алоқаи ташкилот бояд ба бинои истгоҳи марказии алоқаи телефонӣ ҳозир шавад ва алоқаи мунтазамро таъмин намояд.
  2. Телефончии алоқаи телефонӣ пас аз қабул кардани хабари садама бояд фавран ҳамаи шахсони уҳдадори ташкилот ва муассисаҳоро тибқи рӯйхат хабардор намояд (замимаи 3). Пас аз хабардор шудан оид ба садама телефончӣ муоширатро бо шахсони ба садама муносибати бевосита надошта қатъ мекунад ва гуфтугӯҳои навбати аввали шахсони ба он муносибати мустақим доштаро таъмин менамояд.

 

 

Замимаи 3

ба тавсияҳо барои тартиб

додадани НБС дар объектҳои

корҳои кушоди кӯҳӣ

 

Рӯйхати шахсони мансабдори ташкилот ва идораҳое, ки оид ба руй додани садама бояд фавран хабардор карда шаванд

№бт Ташкилот ва ё шахси мансабдор Ному насаб № телефон Суроға
хизматӣ мобилӣ хизматӣ Хона
1. ҚҲНҚ
2. Идораи сӯхторхомӯшкунандаҳо
3. Ёрии тиббӣ
4. Роҳбари карер
5. Роҳбари техникӣ
6. Сармеханик
7. Сарэнергетик
8. Роҳбари ҷамъшавандаҳои моэъ
9. Дирекори корхона
10. Сардори шуъбаи назорати техникӣ
11. Сартабиби беморхона
12. Нозири минтақавии ХНДБКССК
13. Иттифоқи касаба
14. Нозири меҳнат
15. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ
16. Прокуратура
17. Шуъбаи корҳои дохилӣ
18. Кумитаи амнияти миллӣ
19. Мақомоти маҳаллии ҳолатҳои фавқулодда

 

 

Роҳбари техникӣ

 

 

 

Замимаи 4

ба тавсияҳо барои тартиб

додадани НБС дар объектҳои

корҳои кушоди кӯҳӣ

 

 

КИТОБИ АМАЛИЁТИ ФАВРӢ

оид ба барҳамдиҳии садама

(кон, фабрика, коргоҳи заршӯӣ, земснаряд, ғункунанда)

 

(ташкилот, объект)

___________________________________________________________________________________________

(ҷойи садама)

Вақти ба вуҷуд омадани садама

(сол, моҳ, сана, соат, дақиқа)

 

Сана Вақт (соат ва дақиқа) Мазмуни супоришҳо оид ба барҳамдиҳии садама ва муҳлати иҷроиши онҳо Шахсони масъул барои иҷрои супоришҳо Қайдҳо оид ба иҷрои супоришҳо (сана, соат, дақиқа)
1 2 3 4 5

 

 

 

Роҳбари масъули корҳои

барҳамдиҳии садама __________________________

(имзо)

 

Сардори ҚҲНК    _____________________________

(имзо)

Замимаи 5

ба ќоидаҳои бехатарӣ ҳангоми

коркарди конҳои канданиҳои

фоиданок бо тарзи кушод

 

Меъёрҳои рӯшноии ҷойҳои кории объектҳои корҳои кӯҳии рӯизаминӣ

 

Объектҳои карер Рӯшноии ҳадди ақалл, люкс Ҳамворие, ки дар он рӯшноӣ меъёрбандӣ мешавад Эзоҳ
1 2 3 4
Ҳудуд дар ноҳияи иҷрои корҳо 0,2 Дар сатҳи ҷойи рӯшноишаванда Ноҳияи корҳо, ки рӯшноӣ карда мешавад, аз ҷониби роҳбари техникии карер муқаррар карда мешавад
Ҷойи кори мошинҳо дар карер, партов-гоҳи ҷинсҳои кӯҳӣ ва дигар қитъаҳо 5

8

Уфуқӣ

Амудӣ

Рӯшноӣ бояд дар ҳамаи жарфӣ ва баландии фаъолияти таҷҳизоти кории мошинҳо таъмин гардад.
Ҷойи корҳои дастӣ 5

10

Уфуқӣ

Амудӣ

Ҷойҳои борфарории қатораҳои роҳи оҳан, мошинҳо ва автопоездҳо дар партовгоҳҳо, бунгоҳҳои қабулкунандаи ҳамлу нақл 3 Уфуқӣ Рӯшноӣ дар сатҳи ҷойи рӯшношаванда таъмин карда мешавад
Ноҳияи кори булдозер ё дигар механизми тракторӣ 10 Дар сатҳи тасмачархи трактор
Ҷойи кори механизми гидромотор 5

10

Уфуқӣ

Амудӣ

Рӯшноӣ дар ҳамаи баландии зинаи коркардшаванда вобаста ба қутри фаъолияти ҷараёни гидромотор таъмин мегардад.
Ҷойи мондани ҷинсҳои кӯҳӣ дар гидропартов 5 Уфуқӣ
Ҳудуди гидропартовҳои нав шусташуда 0,2 Уфуқӣ
1 2 3 4
Ҷойи корҳои пармагарӣ 10 Амудӣ Рӯшноӣ ба баландии дастгоҳ таъмин мегардад.
Кабинаи мошин ва механизмҳо 30 Уфуқӣ

 

Дар баландии 0,8 м аз фарш.
Бинои дастгоҳи заминмак ва минтақаи чоҳҳои заминмак 10 Уфуқӣ Дар биноҳои дастгоҳи заминмак ба баландии 0,8 м аз фарш.
Хатҳои пайдарҳами конвейерӣ 5 Дар сатҳи конвейер.
Минтақаи хизматрасонии барабанҳои конвейерҳо 10 Уфуқӣ
Лентаҳои конвейерӣ дар ҷойҳои гирифтани дастии намунаҳо 50 Дар сатҳи лентаи конвейерӣ Дар масофаи на кам аз 1,5 м намунабардори муқобили ҳаракати лентаи конвейер.
Биноҳои қитъа барои гарм кардани кормандон 10 Уфуқӣ
Зинапояҳо, нишебиҳои аз як зина ба зинаи дигари карер фаромадан 3
Роҳҳои доимии ҳаракати кормандони карер 1 Уфуқӣ
Роҳҳои мошингард дар ҳудуди карер (дар вобастагӣ аз пайвастагии ҳаракат) 0,5-3 Уфуқӣ Рӯшноӣ дар сатҳи ҳаракати мошинҳо таъмин мегардад.
Роҳҳои оҳан дар ҳудуди карер 0,5 Уфуқӣ Рӯшноӣ дар сатҳи сохтмони болоии карер таъмин карда мешавад.

 

 

 

 

 


Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2020, №1047 ба қайд гирифта шуд.
Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 06 октябри соли 2020, №61 тасдиқ карда шудааст.

 

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ДАР НУҚТАҲОИ ГАЗПУРКУНӢ ВА СТАНСИЯҲОИ ГАЗПУРКУНИИ

ГАЗИ МОЕЪ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва талаботҳои бехатарии меҳнат дар истгоҳҳои газпуркунии гази моеъ мутобиқи сархати сиюми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст, бо мақсади танзим ва таъмини бехатарӣ ҳангоми истифодабарии нуқтаҳои газпуркунӣ (минбаъд- НГП) ва стансияҳои газпуркунии (минбаъд- СГП) газҳои моеъ, пешгирии садама, ҳодисаҳои нохуш ва ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои садама дар ин стансияҳо таҳия шудааст.
  3. Қоидаҳои мазкур барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шакли моликият, ки ба истифодабарии нуқтаҳои газпуркунӣ ва стансияҳои газпуркунии гази моеъ дар шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин машғуланд ҳатмӣ мебошад.
  4. Қоидаҳои мазкур талабот ва ҳолатҳои риояашон ҳатмӣ ҳангоми истифодабарии ҳама намуди таҷҳизотҳо, иншоотҳо ва коммуникатсия дар НГП, ҳамчунин ҳангоми бурдани равандҳои технологии дар СГП пешбинишударо дар бар мегирад.
  5. Ҳангоми истифодабарии СГП дар баробари Қоидаҳои мазкур бояд талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок», Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ ва Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии зарфҳои зери фишор коркунанда ва дигар санадҳои меърии ҳуқуқии соҳавӣ риоя карда шавад.
  6. Истифодабарии дегхонаҳои дар ҳудуди СГП ҷойгирбуда бояд мувофиқи дастурҳои Қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва талаботҳои бехатарии меҳнат дар хоҷагии гази Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии дегҳои буғӣ ва обгармкунанда ва Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии қубурҳои буғгузарон ва оби гарм ба роҳ монда шавад.
  7. Вазифаи асосии роҳбарият ва ҳайати СГП инҳо мебошанд:

-қабул, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеъи карбогидратдор ба истеъмолкунандагон, ки бо нақлиёти роҳи оҳан, обӣ, автомобилӣ, тавассути қубурҳо аз корхонаҳои газ истеҳсолкунанда, ё аз ҷойҳои нигоҳдории газ ба истгоҳи газпуркунӣ дастрас гардонида шудааст;

-мунтазам додани газ ба таҷҳизотҳои газтаъминкунии истеъмолкунандагон;

-кори мунтазами СГП, бехатарии мењнат ва бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодабарии СГП;

-нишондиҳандаҳои баланди техникӣ-иқтисодии кори СГП.

  1. Роҳбарияти СГП масъулият дорад барои:

-дастурҳои маъмурӣ-хоҷагӣ ва техникии СГП;

-тайёр кардани ҳайати истифодабаранда;

-ташкил ва гузаронидани хизматрасонии техникии саривақтӣ ва таъмири таҷҳизотҳо, иншоотҳо ва коммуникатсияи СГП;

-таҳияи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии меҳнат, ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ аз сӯхтор;

-таҳияи дастурамалҳои вазифавӣ ва истеҳсолӣ (технологӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳои техникӣ;

-таҳияи пешниҳодҳо оид ба таҷдиди (азнавсозии технологӣ) СГП ё сехҳои ҷудогона;

-иҷрои назорати техникии корҳои сохтмонию васлгарӣ, ки дар СГП ба роҳ монда мешаванд.

  1. Корхонаи хоҷагии газ, ки ба он СГП тобеъ аст, бояд ҳуҷҷатҳои зерини роҳбарикунандаро таҳия ва тасдиқ намояд:

– низомнома оид ба СГП;

-дастурамалҳои вазифавии сардори СГП, сармуҳандис ва ҳамаи кормандони муҳандисӣ-техникӣ;

-дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) барои кормандони таъиншуда ва дастурамалҳо оид ба ҳифзи (бехатарии) меҳнат, ки қоидањои иҷрои ҳамаи намуди кор ва рафтор дар биноҳои истеҳсолӣ ва дар ҳудуди СГП бо дар назар доштани шароитҳои маҳал, ҳамчунин талаботҳои бехатарии сӯхтор муқаррар менамояд;

-низомнома оид ба фурӯши газ аз СГП, ки дар он ҳуқуқи маъмурияти СГП оид ба қатъи додани газ ба истеъмолкунандагоне, ки талаботҳои Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газро риоя намекунанд, пешбинӣ шудааст.

  1. Дар ҳолати ба роҳ мондани равандҳои технологӣ, таҷҳизот ва мошинҳои нав, ки дар Қоидаҳои мазкур пешбинӣ нашудаанд, то ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қоидањо бояд ҳатман дастурамалҳои иловагӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда, мувофиқи онҳо амал карда шавад.
  2. Зиёд кардани маҳсулнокии СГП бо шарти риояи талаботҳои меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ (минбаъд МҚС) ва Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ дар ҳолати таъмини масофаҳои мувофиқи меъёр даровардашудаи гузаргоҳҳои сехҳо, сохти ҳавотозакунакҳо, рӯшноӣ ва ба инҳо монанд аз ҳисоби зиёд шудани бастҳои корӣ, механиконӣ ва авоматикунонӣ иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати кори дубастӣ номгӯи корҳоеро, ки танҳо рӯзона ба иҷро расонида мешаванд, муайян кардан зарур аст.
  3. Дар ҳолати баланд бардоштани маҳсулнокии СГП зиёдтар аз 40 фоиз (аз рӯи ҳисоби ба як баст) бояд аз ҳисоби фурӯши газ таҷдид (васеъкунӣ) пешбинӣ карда шавад. Дар ин ҳолат бояд ба таври илова чорабиниҳо оид ба бехатарона истифодабарии СГП, ки аз тарафи ташкилоти болоӣ тасдиқ карда мешаванд, таҳия карда шаванд. Як нусхаи чорабиниҳо ба мақомоти давлатии дахлдори назорати газ фиристода мешавад.
  4. Корҳо оид ба васеъкунӣ ва таҷдиди бино, тағйир ва ивази таҷҳизоти технологӣ бояд дар асоси лоиҳа ба иҷро расонида шаванд ва баистифодадиҳӣ мувофиқ ба талаботҳои барои сохтмони нав гузошташаванда қабул карда шаванд.
  5. Барои вайрон кардани талаботҳои қоидаҳои мазкур сардори ИГП, сармуҳандис, сардорон ва устоҳои сехҳо, ҳамчунин ҳар як корманд доир ба қитъаи вобасташуда масъулияти шахсӣ доранд.
  6. Риоя накардани Қоидаҳои мазкур бинобар зарурати техникӣ аз тарафи корхонаи истифодабаранда дар мувофиқа бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳавӣ иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолат корхонаи хоҷагии газ бояд асосҳои риоя накардани Қоидаҳои мазкур ва номгӯи чорабиниҳо, ки бехатарона истифодабарии СГП – ро таъмин менамоянд, пешниҳод намояд.
  7. Ба кор дар СГП шахсони синнашон аз 18 хурд набуда, ки омӯзиш ва санҷиши донишро дар асоси нишондодҳои Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ ва Қоидаҳои мазкур гузаштаанд, иҷозат дода мешаванд.

 

  1. ҚАБУЛ КАРДАН БАРОИ БАИСТИФОДАДИҲӢ

ВА КОРҲОИ  БАКОРАНДОЗӢ

  1. Қабул кардан барои баистифодадиҳии СГП баъди ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ ё таҷдид, ҳамчунин қабул кардан барои баистифодадиҳии иншоотҳои алоҳидаи СГП баъди таъмири асосӣ бояд мувофиқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок», боби дахлдори МҚС -и Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қоидаҳои иҷро кардан ва абули корҳо ва Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ ба роҳ монда шавад.
  2. Қабул кардан барои ба иситифодадиҳӣ баъди таҷдиди бино ва иншоотҳои дар минтақаи ёрирасони СГП (ғайр аз биноҳои минтақаи аз таркиш хатарнок), ҳамчунин таҷҳизотҳо баъди таъмири асосӣ бе иштироки нозири Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. мењнат
  3. Ба ҳаракат овардан, танзим ва баистифодадиҳии таҷҳизотҳои НГП ва СГП бояд аз тарафи ташкилотҳои махсусгардонидашуда ба роҳ монда шавад.
  4. Ба ҳолати озмоиши комплексии таҷҳизотҳои СГП бояд инҳо ба иҷро расонида шуда бошанд:

-омӯзиш ва аттестатсияи ҳайати хизматрасон;

-дар биноҳои истеҳсолӣ дар ҷойҳои корӣ бояд дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ), тарҳҳои технологии истеҳсолот, плакатҳо ва дастурамалҳо оид ба бехатарии меҳнат, мазмуни дастурҳо оид ба бехатарии сӯхтор овехта шуда бошанд;

-бо фармони корхона шахсони аз ҷумлаи кормандони муҳандисӣ-техникӣ санҷиши донишро тибқи тартиби муқарраргардида гузашта, масъулин барои иҷрои корҳои аз газ хатарнок, ҳолати дуруст ва бехатарии зарфҳои зери фишор коркунанда, додани рухсатҳо барои корҳои аз газ ва оташ хатарнок, барои бехатарии меҳнат ва санитарияи истеҳсолӣ таъин шуда бошанд;

– зарфҳои зери фишор коркунанда дар феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд;

– ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ-техникӣ ба расмият дароварда шуда ва санад оид ба иҷозатдиҳии гузаронидани корҳои батанзимдарорӣ ва озмоиши комплексии таҷҳизотҳои СГП имзо шуда бошад;

– ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани таъмир ва муоинаи техникии баллонҳо дар давраи истифодабарӣ дастрас шуда бошад;

-дар насосҳо, компрессорҳо, зарфҳо, дастгоҳҳои пуркунанда, муҳаррики электрикӣ, ҳавотозакунакҳо ва дигар таҷҳизоти технологӣ, ҳамчунин дар арматураи маҳкамкунанда ва пешгирикунанда рақамҳо мувофиқи тарҳи технологии СГП гузошта шуда бошад;

– бо тирча дар қубурҳои газ самти ҳаракати газ ва дар сарчархаки арматураи маҳкамкунанда-самти гардиш ҳангоми кушодан ва маҳкам кардан нишон дода шуда бошад;

-дар сехи пуркунанда бояд ҷадвалҳои меъёрҳои пур кардани газ дар баллонҳо дар рӯи тарозу бо нишон додани массаи даҳанпӯшҳои сохташон гуногун овезон бошанд;

-самаранокии системаҳои ҳаводиҳанда аз тарафи ташкилоти махсусгардонидашуда санҷида ва танзим карда шуда бошад;

-дастаи ихтиёрии сӯхтор ташкил ва омӯзонида шуда бошад;

-таҷҳизоти зиддисӯхтор бояд мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда бошанд.

  1. Пеш аз озмоиши комплексии таҷҳизотҳои СГП (пеш аз боддиҳӣ) қубурҳои газ, зарфҳо ва таҷҳизотҳои газӣ бо ҳаво зери фишори 0,1 МПа (1 кгс/см2) дар давоми 30 дақиқа бо ин фишор аз санҷиш гузаронида мешаванд. Дар ин ҳолат фишори бо манометри намунавии санҷидашуда ва фишори чен кардашаванда бояд доимӣ бошад.
  2. Ҳангоми фушурдан ҳама дарзҳои кафшерӣ, ҷойҳои ҳалқапайванд ва рахапеч бо мағзоба озмоиш карда мешаванд. Ҳангоми иҷрои корҳо доир ба бо мағзобакунӣ дар шароитҳои ҳарорати манфӣ (аз 0 то минус 400 С) ба моеъи собундор спирт илова намудан зарур аст (мувофиқан аз 5 то 30%).
  3. Корҳои батанзимдарорӣ доир ба кор даровардани СГП барои баистифодадиҳӣ аз тарафи бригадаи махсусгардонидашудаи ташкилоти танзимгар бо иштироки ҳайати истифодабаранда аз рӯи рухсати барои корҳои аз газ хатарнок ва аз рӯи нақшаи пешакӣ таҳиягардида, ки дар он тартиби бо навбат иҷро намудани амалиётҳо доир ба кор даровардан, тартиби ҷобаҷогузорӣ ва уҳдадориҳои шахсони дар корҳои ба кор даровардан машғулбуда нишон дода мешавад, ба роҳ монда мешавад.
  4. Давраҳои асосии корҳои батанзимдарорӣ доир ба кор даровардани СГП барои баистифодадиҳӣ инҳо мебошанд:

– санҷиши кори сигналдиҳандаҳои консентратсияи гази тарканда;

-тафтиши берунӣ ва муайян намудани дурустии таҷҳизот, арматура, дастгоҳҳо;

-санҷиши коршоямии воситаҳои оташнишонӣ ва ҳаводиҳандаи биноҳои тарканда;

-боддиҳии зарфҳо ва қубурҳои газгузар бо газ (буғӣ, фазаи газҳои моеъ ё газҳои инертӣ);

-санҷиши кори асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ ва сатҳсанҷҳо;

-санҷиши кори системаи хушккунӣ ва тозакунии ҳаво ва додани об;

-резиши газҳои моеъ аз систернаҳои роҳи оҳан ба зарфҳои базаи нигоҳдорӣ;

-санҷидани ҳамаи компрессорҳо ва насосҳо дар кор;

-пур кардани баллонҳо ва автосистернаҳо бо гази моеъ.

  1. Ҳангоми корҳои батанзимдарорӣ ҳамаи корҳои дар СГП иҷрошаванда ба анҷом расонида мешаванд, ки дар асоси онҳо ислоҳҳо, муайянкуниҳо ва иловаҳои дахлдор ба дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ), ҳамчунин ба дастурамал оид ба ҳифзи (бехатарии) меҳнат ворид карда мешаванд. Пеш аз оғоз ва бо тамом шудани корҳои батанзимдарорӣ дар СГП ҳамаи ҳайати хизматрасон (истифодабаранда) бевосита дар ҷойҳои корӣ аз тарафи роҳбари корҳо дастурдиҳӣ гузаронида мешавад.
  2. Баъди санҷиши комплексии 72-соатаи ҳамаи таҷҳизотҳо ва кори ҳамаи даври технологии СГП корҳои батанзимдарорӣ, ба итмом расида ҳисоб мешаванд. Стансияи газпуркунӣ аз тарафи дастаи танзимгарон бо тартиб додани санади дахлдор ба роҳбарияти СГП супорида мешавад.

 

3.ТАЛАБОТҲОИ УМУМӢ ОИД БА БЕХАТАРОНА ИСТИФОДАБАРИИ СГП

  1. Дар СГП бояд шиноснома, ки маълумотҳоро дар бораи он дар бар мегирад, тартиб дода шавад.
  2. Ҳангоми истифодаи техникии таҷҳизот, қубурҳо, биноҳо ва иншоотҳои СГП бояд хизматрасонии техникӣ, таъмирҳои нақшавӣ (ҷорӣ ва капиталӣ), корҳои садамавӣ-барқарорсозӣ ва муоинаи техникии зарфҳо, автосистернаҳо ва баллонҳо ба роҳ монда шаванд.
  3. Таҷҳизот, қубурҳо ва арматура дар СГП бояд ҳавоногузар бошанд ва ихроҷи газ надошта бошанд. Аз ин рӯ ҳамаи ҷойҳои пайвастагиҳои рахапеч, ҳалқапайванд ва пайвандҳои ҷаъбадори зарфҳо барои газҳои моеъ, насосҳо, компрессорҳо, асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ, қубурҳо ва арматура бояд ҳар моҳ аз назар гузаронида шаванд. Ҷойҳои вайрони ҳавоногузар бояд ҳатман мувофиқи дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) сахт карда шаванд. Ихроҷҳо дар ҳолати фишори корӣ бо ёрии моеъи собундор ё асбобҳои ба мақсади аз таркиш муҳофизатшуда таъиншуда муайян карда мешаванд.
  4. Агар ҳангоми хизматрасонии техникии таҷҳизот, қубурњои газ, асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ (минбаъд – АНЧ) нуқсонҳо маълум карда шаванд, ки фавран дуруст карданашон номумкин бошад, он гоҳ қубурҳои газ, агрегат, зарф, АНЧ бояд бо ёрии дастгоҳи қатъкунанда ва сарпушак аз шабакаҳои амалкунанда қатъ карда шаванд. Бакордарории онҳо пас аз дуруст карданашон аз тарафи шахси барои истифодабарии таҷҳизоти мазкур масъул иҷозат дода мешавад ва бо қайд дар китоби истифодабарии сехи (ќитъаи) дахлдор ба расмият дароварда мешавад.
  5. Истифодабарии зарфҳо, таҷҳизот ва қубурҳои газҳои моеъ бо клапанҳои пешгирикунандаи нуқсондор, дастгоҳҳои катъкунанда, АНЧ, ҳамчунин дар ҳолати набудани онҳо иҷозат дода намешавад.

31.Тамоку кашидан дар ҳудуди минтақаи истеҳсолии СГП чӣ дар биноҳо ва чӣ берун аз биноҳо манъ карда мешавад. Дар минтақаи ёрирасон тамоку кашидан фаќат дар ҷойҳои махсус ҷудошуда барои тамокукашӣ иҷозат дода мешавад.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ ЗАРФҲО ВА АВТОСИСТЕРНАҲО
  2. Зарфҳо ва автосистернаҳо пеш аз пур кардан бояд оид ба мавҷуд будани фишори зиёдатӣ тафтиш карда шаванд. Бузургии фишори зиёдатӣ дар мавсими тобистон бояд на кам аз 0,05 МПа (0,5 кгс/см2) бошад. Дар мавсими хунуки сол вақте ки фишори зиёдати дар зарфҳо ва автосистернаҳо камтар аз 0,05 МПа (0,5 кгс/см2) аст, бузургии фишори боқимонда ва тарзи ченкунии он бояд тибқи дастурамали истеҳсолӣ (технологӣ) ба роҳ монда шавад.
  3. Ҳангоми пур кардани зарфҳо ва автосистернаҳо, ки бақияи газҳои моеъро надоранд (навҳо, баъди муоинаи техникӣ ва таъмир) газ ба онҳо барои пешгирӣ кардани пайдошавии қувваи электрикии статикӣ дар ҷараёни гази озодрехташаванда бояд оҳиста сар дода шавад.
  4. Ҳангоми маротибаи якум пур кардан бо газҳои моеъ, ҳамчунин пеш аз пур кардани зарфҳо, автосистернаҳо ва қубурҳое ки онҳоро печида мегиранд бояд бо буғҳои (фазаи буғӣ) газҳои моеъ шамол дода тоза карда шаванд. Газҳои барои боддиҳӣ истифодашуда ба воситаи шамъҳо ба ҳаво партофта мешаванд, дар ин ҳолат бояд чораҳои огоҳикунандаи афтидани газ ба ҷойҳое, ки аланга гирифтанаш мумкин аст, дида шаванд. Боддиҳӣ ба итмом расонидашуда ҳисоб меёбад агар аз рӯи натиҷаи таҳлили кимиёвӣ таркиби ҳаво дар газҳои боддињӣ на зиёда аз 1% хаҷмро ташкил диҳад.
  5. Резиш ва пур кардани газҳои моеъ дар СГП мумкин аст ба воситаи насосҳо, компрессорҳо, буғронакҳо ё фишори гази табиӣ мувофиқи дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) ба иҷро расонида шавад.
  6. Ҳангоми резиши газҳои моеъ аз систернаҳои роҳи оҳан ва автосистернаҳо ба зарфҳои базаи нигоҳдорӣ бояд чӣ ба зарфҳои холишаванда ва чӣ ба пуршаванда назорати доимӣ бурда шавад. Ҳангоми пур шудани зарфҳо зарур аст, ки назорати қатъӣ бурда шавад то меъёри моеъ дар онҳо аз муқаррарнамуда зиёд нашавад.
  7. Дар сурати аз ҳад зиёд пур шудани зарфҳо ва ё автосистернаҳо гази зиёдатӣ бояд ба дигар зарфҳо рехта шаванд.
  8. Бо газ пур кардани зарфҳо дар ҳолатҳои дар Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии зарфҳои зери фишор коркунанда нишон дода шуда, манъ аст:

-агар дар қисмҳои асосии зарфҳо таркишҳо, варам, гузаронидан ё арақкунӣ дар ҷойҳои пайванди васлшаванда, шоридан дар ҳалқапайвандҳо, пайвасти қабатҳои резинӣ аён гардад;

-ҳангоми вайроншавии  клапанҳои пешгирикунанда;

-ҳангоми вайроншавии дастгоҳҳои фишорсанҷӣ;

-ҳангоми вайронӣ ё ба миқдори заруринабудаи деталҳо дар даричаҳои сарпӯшдор ва палконаҳо;

-ҳангоми фурӯнишинии таҳкурсиҳои зарфҳо ва пояҳои  қубурҳои пайвасткунанда.

  1. Ҳангоми истифодабарии зарфҳо бояд хизматрасонии техникӣ ва муоинаи техникӣ ба роҳ монда шаванд.
  2. Ҳангоми хизматрасонии техникии зарфҳо ҳар моҳ бояд корҳои зерин ба иҷро расонида шаванд:

-дида баромадани зарфҳо ва арматура бо мақсади муайян намудан ва бартарафсозии нуқсонҳо ва ихроҷи газ;

– санҷиши сатҳи газ дар зарфҳо.

  1. Ихроҷи газ дар раванди истифодабарӣ бояд фавран бартараф карда шаванд.
  2. Дар бораи ҳамаи нуқсонҳое, ки ҳангоми хизматрасонии техникӣ ошкор карда мешаванд бояд дар китоб қайд карда шаванд. Дар ҳолати ошкор кардани нуқсонҳое, ки метавонанд ба вайрокунии равандҳои технологӣ оварда расонанд, бояд чораҳои дар дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) пешбинишуда ба иҷро расонида шаванд.
  3. Агар ҳангоми хизматрасонии техникии зарфҳо нуксонҳое ошкор карда шаванд, ки фавран дуруст карданашон ғайриимкон бошанд, он гоҳ зарфи нуқсондор бо воситаи гузоштани сарпӯшакҳои думдори барҷаста бояд аз қубурҳои газ ва таҷҳизот қатъ карда шавад.
  4. Ҳар моҳ бояд бо зеркунии кӯтоҳмуддат ба фишанг дурустии клапанҳои муҳофизаткунанда санҷида шавад. Баъди тафтиш ва батанзимдарорӣ клапанҳои муҳофизаткунанда тамға карда мешаванд. Гузоштани сарпӯшакҳо дар ҷойи клапанҳои муҳофизаткунанда, ки барои санҷиш ё таъмир бурда мешаванд, манъ аст.
  5. Аз рӯи ҷадвале, ки сардори ИГП тасдиқ намудааст, бояд корҳои зерин ба иҷро расонида шаванд:

-тафтиши клапанҳои муҳофизаткунанда барои партофтани фишори зиёдатӣ – як маротиба дар 6 моҳ;

-дида баромадан, молидан ва суръат бахшидани мурватчархи лукидонҳо ва даҳанпӯшҳо – ду маротиба дар як моҳ;

-рехтани об аз зарфҳо ба воситаи дастгоҳҳои дренаж – аз рӯи зарурат.

  1. Дида баромадани ҳамаи зарфҳо бо араматура ва АНЧ дар ҳолати корӣ аз тарафи шахси масъул барои дуруст ва кори бехатари зарфҳои зери фишор коркунанда, на кам аз як маротиба дар 3 моҳ гузаронида мешавад.
  2. Муҳлати муоинаи техникии зарфҳо (зарфҳои гуногун ва автосистернаҳо), хамчунин зарурати пеш аз муҳлат гузаронидани муоинаи техникии зарфҳо бояд мувофиқи дастурҳои Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии зарфҳои зери фишор коркунанда муайян карда шаванд. Тартиби муоинаи техникӣ ва меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи техникӣ тибки Қоидахои бехатарӣ дар хоҷагии газ муайян карда мешаванд.
  3. Тозакунии зарфҳо, дида баромадани дохил ва корҳои таъмирӣ дар онҳо бояд бо иҷозати хаттии сардори СГП гузаронида шаванд.

 

  1. РЕХТАНИ ГАЗҲОИ МОЕЪ АЗ СИСТЕРНАҲОИ РОҲИ ОҲАН
  2. Систернаҳои роҳи оҳан бо газҳои моеъ ба СГП омада расида, бояд фавран аз тарафи усто ё сардори ИГП қабул карда, дида баромада шуда, барои рехтани газ омода карда шаванд. Ҳангоми қабул кардани систернаҳои роҳи оҳан бо газҳои моеъ зарур аст, ки санҷида шавад:

– мувофиқати систернаҳо ва миқдори он бо ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл;

– борхати роҳи оҳан ва шиноснома барои газҳои моеъ аз тарафи таъминкунанда додашуда;

-мавҷуд будани тамға дар сарпӯши даҳанаи систернаи роҳи оҳан, сарпӯшакҳои даҳанпӯшҳои пуркунию резиш ва дар клапанҳои муҳофизаткунанда;

-дурустии танаи систерна (набудани тарқишҳо, ҷойҳои пачақшуда ва ғ), арматураи маҳкамкунанда ва назоратӣ;

-мавҷуд будан ва сатҳи газ дар систерна (аз рӯи даҳанпӯшҳои назоратӣ);

-набудани об дар систерна (аз рӯи даҳанпӯши барои рехтани об) бо роҳи гузаронидани таҳлили кимиёвии маҳаки аз газ гирифташуда. Дар ҳолати дар систерна ошкор кардани об бо иштироки ташкилоти ғайриманфиатдор санад тартиб дода шуда, санад ба таъминкунандаи газ равон карда мешавад.

  1. Таркиби газҳои моеъ дар систерна бояд ба талаботҳои стандартҳои амалкунанда мувофиқат кунад, ки бо қайдҳои дар ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл ва таҳлилҳои лаборатории дар СГП гузаронидашуда тафтиш карда мешаванд.
  2. Рехтани газ аз систернаҳои роҳи оҳан ба зарфҳои базаи нигоҳдорӣ тибқи дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) баъди дур кардани локомотив аз ҳудуди СГП ба масофаи на кам аз 20 м аз деворҳои СГП ва заминпайвасти систернаҳо анҷом дода мешавад.
  3. Гузоштани систернаҳои роҳи оҳан бо газҳои моеъ дар назди гузаргоҳи (эстакадаи) резиш, баровардани систернаҳо аз ҳудуди мавзеи СГП ва корҳои рафтуо дар роҳи оҳани сарбаста зери назорати СГП, ки аз аттестатсия гузашта бошанд, мувофиқи дастурамалҳои истехсолӣ (технологӣ) ба иҷро расонида мешаванд.
  4. Дар ҳолати омадани систернаҳои роҳи оҳан бо газҳои моеъ дар рӯзҳои ид ё рӯзҳои истироҳат барои холӣ кардани онҳо бояд аъзоёни дастае даъват карда шаванд, ки чунин корҳоро дар рӯзҳои муқаррарӣ иҷро мекарданд.
  5. Дар гузаргоҳ (эстакада) ба иҷро расонидани корҳо оид ба рехтани газ аз систернаҳои роҳи оҳан дар вақти раъду барқ манъ аст.
  6. Кормандон амалиёти рехтани газро аз систернаҳои роҳи оҳан бояд бо либосҳои махсус корҷома ё нимтана ва шими аз матои ғафс, каллапӯш ва айнакҳои муҳофизатӣ иҷро намоянд. Ҳангоми бастани рӯдаҳо остинҳои либосҳои махсус бояд тугмаҳояш гузаронида ё сахт баста шуда бошанд.
  7. Ҳангоми рехтани газҳои моеъ аз систернаҳои роҳи оҳан бояд алоқаи биниш ва техникӣ байни ҳайате, ки амалиёти рехтани газро дар эстакадаи резиш ба иҷро мерасонанд ва ҳайати хизматрасони шуъбаи насосию компрессорӣ ва базаи нигоҳдории газҳои моеъ таъмин карда шавад.
  8. Дар ҳолати канда шудан ё даридани рӯдаҳои чандир, ки систернаҳои роҳи оҳанро бо қубурҳои газҳои моеъ мепайвандад, бояд фавран даҳанпӯшҳо дар систернаҳо ва коммуникатсияҳои дастгоҳҳои резиш қатъ карда шавад, компрессор боздошта шуда, барои ислоҳи ҷойҳои вайроншуда чораҳои зарурӣ андешида шавад.
  9. Ҳангоми ба СГП омадани систернаҳои роҳи оҳан бо газҳои моеъ, ки ягон шоридан дорад, систерна дар навбати аввал бояд холӣ карда шавад ва ба корхонаи дастраскунанда баргардонида шавад. Дар ин ҳолат маъмурияти СГП оид ба систерна санади нуқсони онро тартиб дода ба таъминкунанда равон мекунад. Гузаронидани ягон хел таъмири систернаҳои роҳи оҳан дар ҳудуди гузаргоҳи (эстакадаи) резиш манъ мебошад. Бо ба охир расидани резиш ба зарфҳои СГП газҳои воридгардида бояд, ки даромад карда шаванд.
  10. Миқдори гази воқеан қабул гардида аз рӯи нишондодҳои сатҳсанҷҳои зарфҳои қабулнамуда то ва баъди рехтани газ ва аз рӯи борхатҳои корхонаи таъминкунанда муайян карда мешаванд.
  11. Ҳангоми воридоти газ аз таъминкунанда ба СГП ба воситаи қубурҳо, қабули газ бояд мувофиқи дастурамалҳои истењсолӣ (технологӣ), ки барои ин СГП таҳия ва аз тарафи корхонаи хоҷагии газ ё роҳбарияти СГП тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шавад.
  12. Ҳангоми хизматрасонии техникии қубурҳо ва араматура, дар гузаргоҳи (эстакадаи) резиш корҳои зерин иҷро карда мешаванд:

-ҳар моҳ қубурҳо ва арматура ба мақсади муайян ва бартарафсозии нуқсонҳо тафтиш гузаронида мешавад;

-тозакунӣ аз чанг ва лой гузаронида мешавад;

-пеш аз истифодабарӣ рӯдаҳои резинию матоӣ ба мақсади муайян намудани таркишҳо, пайвандҳо ва дигар вайрониҳо аз назар гузаронида мешаванд;

-на камтар аз ду бор дар як моҳ азназаргузаронӣ, молидан ва суръатбахшии мурватчархи лукидонҳо ва даханпӯшҳо гузаронида мешавад;

– рӯдаҳои резинию матоӣ бо фишори баробари 1,25% фишори корӣ дар ҷойи корбариашон санҷиши гидравликӣ гузаронида мешаванд, як маротиба дар се моҳ.

  1. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири манометрҳо ва араматураҳо дар муҳлатҳои барои чунин таҷҳизотҳо муқарраргардида гузаронида мешаванд.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ КОМПРЕССОРҲО ВА НАСОСҲО
  2. Ҳангоми истифодабарии компрессорҳо ва насосҳо риояи талаботҳои дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) ва дастурамалҳои корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур мебошад.
  3. Дар насосҳо ва компрессорҳо бояд қатъкунии автоматии муҳаррики барқӣ ҳангоми баланд шудани фишор дар хатҳои фишор аз бузургиҳои дар лоиҳа пешбинишуда, пешбинӣ карда шавад.
  4. Маълумотҳо дар бораи кор ва миқдори вақти коркардашудаи компрессорҳо ва насосҳо бояд дар китоби истифодабарӣ қайд карда шаванд.
  5. Нигоҳдории маводи молиданӣ дар шуъбаи насосӣ-компрессорӣ ба миқдори талаботи шабонарӯзӣ иҷозат дода мешавад. Равғани молиданӣ ва маводи поккунӣ бояд дар зарфи металлии маҳкамшавандаи барои ин таъиншудае, ки барои ба дигар ҷой кӯчондан қуллай аст, нигоҳ дошта шаванд.
  6. Равғани коркардашуда бояд дар зарфи металлӣ ҷамъ карда шуда, дар ҷойи махсуси ҷудогардидаи минтақаи ёрирасони ИГП барои минбаъд истифодабарӣ нигоҳ дошта шавад.
  7. Бе назорат гузоштани компрессорҳо ва насосҳои коркардаистода мумкин нест.
  8. Дар хатҳои фишорӣ ва ҷаббиши компрессорҳо ва ҷойҳои дар лоиҳа пешбинишудаи барои ченкунии ҳарорат, бояд барои гузоштани ҳароратсанҷ кафшер гилза карда шуда бошад. Кори компрессорҳо ва насосҳо бе гузоштани ҳароратсанҷ дар гилза иҷозат дода намешавад.
  9. Дар вақти истифодабарии компрессорҳо ва насосҳо бояд дурустии манометрҳо, ки фишорро дар хатҳои ҷаббиш ва пошдиҳӣ нишон медиҳад, таъмин карда шавад. Манометрҳо бояд санҷида шуда бошанд. Кори компрессорҳо ва насосҳо бо манометрҳои вайрон манъ аст.
  10. Ҳангоми гузаштан аз компрессор ва насоси корӣ бо эҳтиётӣ бояд дурустии кушода будани лӯкидони дахлдор ва омодабошии компрессорҳо ва насосҳои эҳтиётӣ барои сар додан, санҷида шуда бошанд. Ба кор даровардан бояд мувофиқи дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) иҷро карда шавад.
  11. Ҳарорати ҳаво дар шӯъбаи насосӣ-компрессорӣ дар вақти корӣ бояд на кам аз +10 0 С бошад. Дар ин ҳолат, вақте ки ҳарорати ҳаво паст будан аз +10 0 С, зарур аст, ки барои пешгирии яхбандии об агар копмпрессорҳо хобонда шуда бошанд, об аз қубурҳои обгузар ва системаи хунукидиҳии компрессорҳо рехта шавад.
  12. Ба кор даровардани компрессорҳо ва насосҳо ҳангоми набудани панҷараи муҳофизатии механизмҳои гузаронандаи теға ва тасмадор дар бастаки пайвасткунии онҳо бо муҳаррик (двигател) иҷозат дода намешавад.
  13. Ҳангоми хизматрасонии техникии компрессорҳо ва насосҳо ҳар моҳ корҳои зерин ба иҷро расонида мешаванд:

-тафтиши ҳамаи қубурҳои газ ва арматура бо мақсади муайян кардан ва бартарафсозии нуқсонҳо ва ихроҷи газ;

-тоза кардани таҷҳизот аз чанг ва ашёҳои ифлоскунандаи таҷҳизот;

-назорат оид ба набудани садоҳои бегона, шакли ларзиш, ҳарорати подшипникҳо, сатҳ, фишор ва ҳарорати равған ва оби хунуккунанда, оид ба сифати равған;

-тафтиши ҳолати берунии таҷҳизот, дурустии барои назарафканӣ дастрасӣ қисмҳои чархзананда;

-назорат оид ба ҳолати дурустӣ ва мавқеи дурусти арматураи маҳкамкунанда ва клапанҳои муҳофизаткунанда;

-назорат оид ба риояи дастурамали корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизот;

-хомӯш кардани таҷҳизоти вайроншуда.

  1. Ҳар моҳ ҳангоми фишори корӣ ҳамаи пайвастагиҳои рахапеч ва ҳалқапайванд барои маҳкамӣ бо моеъи собундор озмоиш карда мешаванд. Клапанҳои муҳофизаткунанда мувофиқи дастурамал оид ба истифодабарии компрессор санҷида мешаванд. Ғайр аз ин корҳо ҳангоми хизматрасонии техникии компрессорҳо бояд дигар корҳое, ки дар дастурамал оид ба истифодабарии компрессорҳо пешбинӣ шудаанд, ба иҷро расонида шаванд.
  2. Дар хизматрасонии техникии насосҳо корҳои зерин пешбинӣ шудаанд, ки бояд ҳар моҳ иҷро гарданд:

-тафтиши чархзании озоди навард;

-тафтиши ҳаммеҳварии насоси бо муҳаррики электрикии ҳаракатовардошта, ҳамчунин ҳолати дандонаи бастаки пайвасткунанда;

-тафтиши кори клапани баргарданда, бартараф кардани ихроҷҳои байни қисмҳо дар насосҳои бисёрзинадори қисмдор;

-кашида таранг кардани мурватҳои ҳодӣ.

  1. Ғайр аз корҳои номбаршуда корҳое низ бояд иҷро карда шаванд, ки дар дастурамали корхонаи истеҳсолкунанда оид ба истифодабарӣ пешбинӣ шудаанд.
  2. Хизматрасонии техникии дастгоҳҳои компрессорӣ ва насосӣ аз тарафи ҳайати истифодабаранда ё истифодабарию таъмирӣ ба роҳ монда мешавад.
  3. Таъмири ҷории таҷҳизоти насосию компрессорӣ дар худ амалиётҳои хизматрасонии техникӣ ва тафтиш, қисман ҷудо кардани таҷҳизот бо таъмир ва ивази қисмҳои тезхурдашаванда, гузоштани ин таҷҳизот дар ҷояш ба иҷро расонида мешавад.
  4. Ҳангоми таъмири ҷории компрессорҳо ғайр аз корҳои ҳангоми хизматрасонии техникӣ гузаронандашаванда инҳо иҷро карда мешаванд:

-кушодани сарпӯшҳои силиндрҳо, тозакунии силиндрҳо, поршенҳо аз сӯхта, қисман ивазкунии ҳалқаҳои поршен, санҷиши фарсудашавии ҳалкаҳои поршенӣ, штокҳо, силиндрњо;

-тафтиши гарданаҳои наварди зонудор ба конусшаклӣ ва эллипсшаклӣ ҳангоми зарурати барои тарошидан ва суфтакунӣ;

-тафтиши ҳолат ва дар ҳолати зарурат тарошкории подшипники қуббачаи шатун;

-танзими тарқиши байни вкладишҳо дар гардани парвонамонанди наварди зонудор;

-тафтиш ва ҳангоми зарурат иваз намудани подшипникҳои ғилдиракчадор;

-тафтиши мурватҳои шатун ва санҷиши андозаҳо;

-тафтиши ҳолати втулкаи қуббачаи болоии шатун ва дандонаи крейтскопф, таъмири онҳо ва ё ивазкунӣ;

-тозакунии руйпуши силиндрҳо ва яхдонҳо аз лой ва карахшҳо;

-танзими фазоҳои зарарнок ва тарқиши байни қисмҳои комапайванд бо мақсади то андозаҳои дар дастурамали корхонаи истеҳсолкунанда пешбинишуда;

-таъмири равғантаъминкунак, тоза кардан ва шустани картер;

-пурра иваз кардани равган, аз нав зада даровардан ва таъмири ҷаъба (салник) ва пешсалникҳо;

-таъмир ё ивази арматураи маҳкамкунанда ва клапанҳои муҳофизаткунанда;

-тафтиш ва таъмири ҳамаи пайвастагиҳои мурватдор;

-таъмир ва иваз намудани клапанҳои чаббанда ва фишордиҳанда;

-суфтакунӣ ва соиши лонаи клапанҳо;

-таъмири дастгоҳҳои хушккунии ҳаво.

  1. Ҳангоми таъмири ҷории насосҳо ғайр аз корҳои дар вақти хизматрасонии техникӣ гузаронидашаванда чунин намуди корҳо иҷро карда мешаванд:

-баровардани ротор ва дида баромадани сатҳи дарунии тана;

-таъмир ва қисман иваз намудани дискҳо;

-суфтакунии гарданакҳои навард, дурусткунии он (ҳангоми зарурат);

-ивазкунии ҳалкаҳои зичкунанда;

-мувозӣ кардани ротор (ҳангоми зарурат);

-ивазкунии прикладкаҳо;

-таъмир ва аз нав зада даровардани ҷаъбаҳо;

-иваз кардани подшипникҳо (ҳангоми зарурат).

  1. Таъмири асосӣ дар худ корҳои таъмири ҷорӣ, ба қисмҳо ҷудокунии пурраи таҷҳизот, обшӯй ва иваз кардани ҷузъиёти вайронро дар бар мегирад.

 

  1. ПУР КАРДАНИ БАЛЛОНҲО
  2. Пур кардани баллонҳо бо гази моеъ бояд дар биноҳои гарм карда шаванда ҳангоми ҳарорати ҳаво дар бино на кам аз +100 С гузаронида шавад. Дар ноҳияҳои ҳарорати миёнаи ҳавояшон дар моҳи аз ҳама хунук на кам аз 00 С баллонҳо метавонанд дар майдонҳои кушод дар зери айвон пур карда шаванд. Дар ноҳияҳои бо ҳарорати ҳавояшон нисбатан паст баллонҳоро метавонанд дар майдонҳои кушод, ки пешакӣ то ҳарорати на зиёда аз 100 С гарм карда шудаанд, бо газҳои моеъ пур карда шаванд.
  3. Тартиби иҷро ва таркиби амалиётҳои истеҳсолӣ ҳангоми пуркунии баллонҳо дар агрегатҳои пуркунанда, ҳамчунин конвейерҳои пуршуда, дигар воситаҳои механизатсия ва таҷҳизоти ғайристандартӣ бояд мувофиқи дастурамалҳо оид ба хизматрасонии ҳамин таҷҳизот, ки бо дар назар доштани талаботҳои дастурамали корхонаи истеҳсолкунанда ва Қоидаҳои мазкур тартиб дода шудааст, муайян карда шаванд.
  4. Барои пайвастани қуббачаи пуркунанда (шиканҷа) ба рампаи пуркунанда истифода бурдани рӯдаҳои печон (шлангҳо) аз маводи устувор ба таъсири газҳои моеъ ва ба фишори кории на кам аз 1,6 МПа (16 кгс/см2) ҳисобкардашуда, иҷозат дода мешавад.
  5. Баллонҳои аз истифодабарандагон воридгардида то пуркунӣ бояд бо мақсади муайян кардани нуқсонҳои беруна тафтиш карда шаванд ва барои муайян кардани миқдори гази бухорнашуда баркашида шаванд.
  6. Агар, мувофиқи лоиҳа, дар СГП рехтани газҳои боқимонда аз ҳамаи баллонҳо пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ зарурат ба он аз ҳисоби таркиби газ, шароити истифодабарӣ ва ваќтҳои сол бояд муайян карда шаванд. Агар бақияи газ дар баллон аз миқдори гази дар баллони пур карда буда аз 2 % зиёд бошад (аз рӯи масса), пас рехтани газ аз баллонҳо бояд ҳатман гузаронида шавад.
  7. Назорат оид ба дуруст пур кардани баллонҳо ва дурустии онҳоро оператор-нозир ва устои сех ба роҳ мемонанд. Бақайдгирии баллонҳои пуркардашуда бояд дар китоб ба роҳ монда шавад, ки дар он нишон дода мешавад:

-санаи пур кардан;

-рақами баллон;

-санаи муоина;

-ѓунҷойиши баллон, л;

-массаи газ дар баллон, кг;

-имзои шахсе, ки баллонро пур кардааст.

  1. Баллони аз ҳад зиёд пуркардашуда бояд аз газ озод карда ва аз нав барои пуркунӣ дода шавад. Ҳангоми мавҷуд будани дастгоҳҳои резишу пуркунӣ барои баллонҳои нодуруст пуркардашуда, резиш аз баллонҳои аз ҳад зиёд пуркардашуда иҷозат дода мешавад.
  2. Тарозу дар оғози ҳар як баст бояд бо сангҳои тарозу-намунаҳои назоратӣ санҷида шаванд.
  3. Механизмҳои пуркунандаи дастгоҳҳо ҳамчунин бояд дар оғози баст бо роҳи пуркунии ду баллон дар ҳар дидбон ва муайян намудани дақиқии пуркунӣ дар тарозуи назоратӣ (дақиқии пуркунӣ бояд бо нишондодҳои шиносномавӣ мувофиқат кунанд) санҷида шаванд. Гузаронидани санҷиш бо бори назоратӣ (массаи бор бояд бо нишондодҳои аз се ду ҳиссаи шкалаи дастгоҳи баркашидан мувофиқат кунад), ки лавозимоти барои маҳкамкунии шиканҷаро дорад, иҷозат дода мешавад. Санҷиш бояд дар ҳузури устое, ки натиҷаҳоро дар китоб қайд менамояд, гузаронида шавад.
  4. Баъди пуркунӣ баллон бояд оид ба ҳавоногузарии пайвастагиҳои мурватӣ ва вентилҳо дар ҳолатҳои маҳкамӣ ва кушода санҷида шаванд. Ҳангоми санҷиш оид ба ҳавоногузарии пайвастагиҳои мурватӣ ва вентилҳо дар ҳолатҳои кушода ба штутсери вентил бояд сарпӯшак тоб дода ва ҳавоногузарии пайвастагиҳои рахапеч ва зичии ҷаъбаҳо санҷида шаванд. Баъди санҷиш ба гарданаи баллон бояд клапани муҳофизаткунанда маҳкам карда шавад.
  5. Баллонҳоро бо газ пур кардан дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

-бо гузаштани муҳлати муоинаи навбатӣ;

-ҳангоми набудани тамғаи муқарраршуда;

-ҳангоми вайрон будани вентил;

-ҳангоми харобии тана (тарқишҳо, хурдашавии сахт, тағйири чашмраси шакл);

– ҳангоми вайрон будани кашф (каҷӣ, суст шинондан);

-ҳангоми номувофиқатии ранг ва навиштаҷотҳо ба меъёрҳои муқарраргардида;

-ҳангоми мавҷуд будани гази бухорнашуда, ки аз рӯи масса аз меъёрҳои муқарраргардида баланд аст.

  1. Баллонҳои барои ҳамлу нақл ва нигоњдории газҳои моеъи карбогидридӣ дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта намешаванд.
  2. Баллонҳои барои гази моеъ бояд як маротиба дар панҷ сол аз муоинаи техникӣ мувофиқи талаботҳои Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии зарфҳои зери фишор коркунанда ва мувофиқи талаботҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд. Барои гузаронидани муоинаи техникии баллонҳо дар ИГП, корхонаҳое, ки чунин намуди корро иҷро мекунанд, бояд аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гиранд. Ҳангоми каноатбахш гузаронидани натиҷаи муоина дар баллон тамға ва санаи муоинаи гузаронидашуда ва навбатӣ зада мешавад. Санаҳои пешинаи муоина нест карда мешаванд.
  3. Баллонҳои нуқсондор ва муҳлати муоинаашон гузашта бояд ба таъмир ва ба муоинаи техникӣ фиристода шаванд. Корҳои нишондодашуда бояд мувофиқи талаботҳои стандарти Тоҷикистон, ба иҷро расонида шаванд.
  4. Дар сехи пуркунӣ миқдори баллонҳои дар як вақт мавҷуда набояд аз нисфи маҳсулнокии соатбайи умумии дастгоҳ зиёд бошад. Дар сехи пуркунӣ анборкунӣ ва нигоҳдории баллонҳои пуркардашуда манъ аст.
  5. Агар ҳангоми ҳамлу нақл ва гузоштани баллон дар ҷойи истифодабаранда ягон нуқсони баллон муайян карда шавад, он бояд ба СГП баргардонида шавад.

 

  1. ПУР КАРДАНИ АВТОСИСТЕРНАҲО ВА ПУР КАРДАНИ АВТОМОБИЛҲОИ ГАЗБАЛЛОНӢ
  2. Автоситернаҳо барои кашондани газҳои моеъ то оғози истифодабарӣ бояд дар феҳристи давлатии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шаванд.
  3. Пеш аз пур кардани автосистернаҳо бо газҳои моеъ аз тарафи шахси масъули бо фармони СГП барои ҳолати дурустӣ ва кори бехатаронаи зарфҳои зери фишор коркунанда таъиншуда, бояд тафтиши қисми берунии сатҳи систерна гузаронида шуда, ҳолат ва зичии арматура, мавҷуд будани фишори боқимонда санҷида шаванд. Натиҷаи тафтиши систерна ва хулоса оид ба имконияти пуркунии онҳо бояд дар китоби истифодабарӣ қайд карда шаванд.
  4. Автосистернаро дар ҳолатҳои зерин бо газ пур кардан манъ аст:

-бо гузаштани муҳлати муоинаи навбатӣ;

-ҳангоми вайрон будани таг (тарқишҳо, тағйири намоёни шакл ва ғайра);

-ҳангоми набудани тамғаҳои муқарраргардида ва навиштаҷотҳо дар систернаҳо;

-ҳангоми набудан ё нодурустии арматура;

-ҳангоми номувофиқатии ранг ва навиштаҷотҳо ба Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии зарфҳои зери фишор коркунанда;

-ҳангоми нодурустии қисми ҳаракаткунандаи систернаҳо;

-ҳангоми набудани фишори изофаи талаботӣ;

-агар заминпайвасти автосистернаҳо ба амал расонида нашуда бошад.

  1. Ҳангоми ошкор кардани вайронии механикӣ ё ягон носозии техникии автосистерна аз тарафи ҳайати хизматрасони ИГП бо салоҳдиди шахсони назорати давлатӣ баранда ё шахсони масъул барои ҳолати дуруст ва истифодабарии зарфҳо, бояд фавран муоина гузаронида шаванд.
  2. Иҷозат барои пур кардани автосистернаро ба оператор устои сехи пуркунӣ медиҳад. Пеш аз пур кардани автосистерна оператор бояд калиди даргирониро аз ронандаи автосистерна гирад. Калид танҳо баъд аз ҷудо кардани рӯдаи пуркунӣ аз штутсери автосистерна бояд баргардонида шавад.
  3. Баъди пур кардани автосистерна дар штутсерҳои вентилҳо сарпӯшакҳо бояд сахт тоб дода дароварда шаванд ва тамға гузошта шаванд. Тамғагузориро устои сехи пуркунӣ ба иҷро мерасонад. Сарпӯшакҳоро аз штутсерҳои резиши систерна гирифтан танҳо баъди боздоштани муҳаррик иҷозат дода мешавад, ба кор даровардани муҳаррик бошад танҳо баъди ҷудо кардани рӯдаҳо ва гузоштани сарпӯшакҳо дар штутсерҳо амалӣ карда мешавад.
  4. Агар ҳангоми пур кардани автосистерна ихроҷи газ ошкор карда шавад, он гоҳ пур кардан бояд қатъ карда шуда, газ аз систерна дур карда шавад ва чораҳои бартарафсозии вайронӣ дида шавад. Пур кардани систернаҳо танҳо баъди бартарафсозии вайрониҳо барқарор карда мешавад.
  5. Дар СГП пур кардани газбаллонҳои автомобили ба корхона тааллуқдошта иҷозат дода мешавад. Колонкаи барои пур кардани газбаллонҳои автомобилӣ бояд мувофиқи лоиҳа ба иҷро расонида шавад.
  6. Пур кардани автомобилҳоро мувофиқи дастурамали истеҳсолӣ (технологӣ) ба роҳ мондан зарур мебошад.
  7. Пуркунии автосистернаҳо бо газҳои моеъ ва пур кардани автомашинаҳои газбаллонӣ аз тарафи як оператори колонкаҳои пуркунанда ва пуркуниро хизматрасонанда, ки бевосита ба устои сехи пуркунанда тобеъ аст, амалӣ карда мешавад.
  8. Ҳангоми хизматрасонии техникии қубурҳо, арматураҳо ва асбобҳои дар колонкаҳо барои пур кардани автосистернаҳо ва пур кардани автомобилҳои газбаллонӣ гузошташуда, корҳои зерин ба иҷро расонида мешаванд:

-ҳар моҳ қубурҳои газ ва арматура бо мақсади ошкор кардан ва бартарафсозии вайрониҳо ва дар як вақт дур кардани чанг ва лой аз назар гузаронида мешаванд;

-пеш аз ҳар як истифодабарӣ рӯдаҳои резинию матогӣ (шлангҳо) бо мақсади ошкор кардани тарқишҳо, чокҳо ва дигар харобиҳо аз назар гузаронида мешаванд;

-на кам аз ду маротиба дар як моҳ тафтиш, равғанмолӣ ва суръатбахшии мурватчархи лӯкидонҳо ва вентилҳо гузаронида мешавад.

  1. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири манометрҳо ва арматураҳо дар муҳлатҳое, ки барои ин таҷҳизотҳо муқаррар шудаанд, гузаронида мешаванд.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲҲОИ БУХОРКУНАНДА
  2. Ҳар як дастгоҳи бухоркунанда бояд схемаи технологии таҷҳизот ва қубурҳо, дастурамал оид ба бакордарорӣ ва хизматрасонии дастгоҳ ва китоби истифодабарӣ дошта бошад.
  3. Дар арматураи маҳкамкунанда бояд ақрабак, ки самти гардишро барои маҳкамкунӣ ва дар қубурҳо –самти ҳаракати газро ишорат мекунанд, нишон дода мешавад.
  4. Истифодабарии дастгоҳҳои бухоркунанда дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад:

– ҳангоми баланд шудани фишори гази моеъ ва буғи гази моеъ аз меъёри муқаррарӣ;

– ҳангоми кор накардани клапанҳои муҳофизатӣ, манометрҳо, асбобҳои назоратию ченкунӣ ва воситаҳои автоматикӣ;

– ҳангоми асбобҳои назоратию ченкунии аз санҷиш нагузаронида;

– ҳангоми нопуррагии миқдор ё нодурустии деталҳои пайвандкунанда;

– ҳангоми ошкор гардидани ихроҷи газ ё арақкунӣ дар пайвастагиҳои кафшерӣ, пайвастагиҳои мурватӣ, ҳамчунин бо пуррагӣ вайроншавии конструксия;

– ҳангоми афтидани фазаи гази моеъ ба қубури фазаи буғӣ.

  1. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири бухоркунандаҳо бояд дар ҳаҷм ва муҳлате, ки дар шиносномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст, гузаронида шаванд.
  2. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири қубурҳо, арматураҳо, асбобҳои худкор ва АНЧ бояд дар муҳлатҳои барои ин намуди таҷҳизотҳо муқарраргардида, ба иҷро расонида шаванд.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ СИСТЕМАИ ҲАВОТОЗАКУНӢ
  2. Аз тарафи роҳбарияти СГП бояд аз ҳисоби кормандони муҳандисӣ-техникӣ шахси масъул оид ба истифодабарии системаи ҳавотозакунӣ таъин карда шавад.
  3. Дар СГП бояд дастурамал оид ба истифодабарии системаи ҳавотозакунӣ, ки талаботҳои дастурамалҳои корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизоти ҳавотозакунӣ, чорабиниҳои зиддисӯхтор, ҳаҷм ва муҳлатҳои хизматрасонии техникӣ, таъмирҳои ҷорӣ ва асосиро дар бар мегиранд, таҳия карда шаванд.
  4. Ба ҳар як системаи ҳавотозакунӣ бояд ишорати мухтасари шартӣ ва рақами тартибӣ мувофиқи лоиҳа (масалан П-1, В-3), бо ранги равшани шустанашаванда дар қуттии ҳавотозакунак ё ҳавогузар дода шавад.
  5. Ба ҳар як системаи ҳавотозакунӣ бояд шиноснома, ки дар он нақшаи гузоштан, намуд ва тавсифи ҳавотозакунак ва муҳаррики барқӣ оварда мешаванд, тартиб дода шавад.
  6. Тағйири сохти системаи ҳавотозакунӣ бе мувофиқа бо ташкилоти лоиҳакаш иҷозат дода намешавад.
  7. Системаҳои ҳавотозакунӣ бояд мувофиқи лоиҳа бо дастгоҳҳои танзими маҳсулнокӣ ҷиҳозонида шуда бошад. Баъди ба кор андохтан ва танзим ҳолати ин дастгоҳҳо бояд қайд карда шаванд. Танзим ва ба кор андохтани системаҳои ҳавотозакунӣ дар биноҳои ИГП бо истеҳсолоти дараҷаи А дар як сол як маротиба бояд аз тарафи ташкилоти махсусгардонидашуда ба иҷро расонида шаванд. Натиҷаҳои танзим бояд бо санад қабул карда шаванд ва дар шиносномаи системаи ҳавотозакунӣ қайд карда мешаванд.
  8. Ҳангоми нокифояи мубодилаи ҳаво дар бинои истеҳсолӣ гузаронидани корҳо бо газҳои моеъ дар ин биноҳо то бартарафсозии нодурустиҳои системаи ҳавотозакунӣ манъ карда мешавад.
  9. Камераҳои ҳавотозакунӣ бояд қулф қарда шаванд. Дар дарҳо бояд лавҳачаҳо бо навиштаҷотҳои дар бораи манъ будани даромадани шахсони бегона овехта бошанд. Нигоҳ доштани маводи гуногун ва таҷҳизотҳо дар камераҳои ҳавотозакунӣ манъ аст.
  10. Дар биноҳои СГП бо истеҳсолоти дараҷаи А бояд асбобҳои дар бораи контсентратсияи хатраноки газ сигналдиҳанда гузошта шуда бошанд. Ҳангоми набудани асбобҳои муайянгардида зарур аст, ки таҳлили ҳавои бино оид ба мавҷудияти газҳо дар он бо газтаҳлилкунакҳои кӯчонидашаванда гузаронида шавад. Маҳак барои таҳлил бояд дар ҷойҳои мувофиқи нақшаи интихоби тасдиқгардида ҷудо карда гирифта шавад. Ҳангоми муайян кардани консентратсияи гази хатарнок дар бино, фавран бояд ҳавои бино тоза карда шавад ва сабабҳои газолуд будан бартараф карда шавад.
  11. Дар вақти таъмири биноҳои бо дараҷаи А сӯрохии кашида баровардани ҳавои системаҳои ҳавотозакунии кашанда бояд бо панҷара, ки ба система афтидани ашёҳои бегонаро пешгирӣ мекунад, маҳкам карда шавад.
  12. Ҳангоми таҷдиди биноҳо бо истеҳсолоти дараҷаи А ва системаҳои ҳавотозакунии онҳоро хизматрасонанда то барои ба кор андохтани таҷњизоти технологӣ бояд озмоишҳои пеш аз бакорандозӣ ва танзими системаҳои ҳавотозакунӣ аз тарафи ташткилоти махсусгардонидашуда гузаронида шаванд.
  13. Ба кор андохтани системаҳои ҳавотозакунӣ бояд 15 дақиқа то оғози кори таҷҳизоти технологӣ ба амал бароварда шавад, дар ин ҳолат бояд аввалан системаҳои кашанда, баъдан системаи ҳаводиҳанда ба кор дароварда шаванд.
  14. Хизматрасонии техникии таҷҳизотҳои камераҳои ҳавотозакунӣ ва системаҳои ҳавотозакунӣ дар биноҳои минтақаи истеҳсолӣ, ҳамчунин шӯъбаҳои минтақаи ёрирасонӣ бо истеҳсолоти дараҷаи А бояд ҳар моҳ гузаронида шаванд. Хизматрасонии техникии боқимондаи таҷҳизотҳои ҳавотозакунии СГП бояд дар 10 рӯз як маротиба гузаронида шавад. Натиҷаҳои хизматрасонии техникӣ бояд дар китоби истифодабарӣ қайд карда шаванд.
  15. Системаҳои ҳавотозакунии кашандаи камераи рангуборкунӣ бояд на камтар як маротиба дар ду моҳ тоза карда шаванд.
  16. Таъмири ҷории клапанҳои баргардандаи оташнигоҳдоранда ва худ ба худ маҳкамшаванда бояд дар як сол як маротиба пеш аз танзими навбатии системаҳои ҳавотозакунӣ гузаронида шавад. Оид ба гузаронидани таъмир бояд санад тартиб дода шавад. Маълумотҳо оид ба натиҷаҳои таъмир бояд дар шиносномаи системаи ҳавотозакунӣ қайд карда шавад.
  17. Ҳавогузарҳо бояд ба замин пайваст карда шаванд. Шинонданҳои мулоими системаҳои ҳавотозакунӣ бояд бандҳои пайвандкунакҳои металлӣ дошта бошанд.
  18. Хизматрасонии техникии таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ дар худ корҳои зеринро дар бар мегиранд:

-таъмири хурди системаи ҳавотозакунӣ, ки дар вақти танаффусҳо дар кори қитъаҳои истеҳсолӣ ва дастгоҳҳои технологӣ ба роҳ монда мешавад (маҳкамтар тофтани пайвандҳо, тасмаҳо, таъмири фиксаторҳои мавқеи дросселҳо, ғалақаҳо ва амсоли инҳо);

-назорат оид ба иҷрои дастурамалҳо оид ба истифодабарии системаҳо (ҳарорати подшипникҳо, дурустии самти гардиши ротори ҳавотозакунак, набудани садоҳои бегона, ларзиш, ҷабидани ҳаво, ихроҷи гармибар дар калориферҳо ва қубурҳо, дурустии мавқеи дастгоҳҳои танзимкунанда);

-назорат оид ба ҳолати ҳимояҳои қисмҳои даврзанонанда, саривақт ба кор даровардан ва хомӯш кардани системаҳои ҳавотозакунӣ;

– ба кор даровардан ва хомӯш кардани системаҳои ҳавотозакунӣ дар ҳолатҳои садамавӣ бо тартибе, ки дар дастурамалҳо пешбинӣ шудааст.

  1. Ҳангоми таъмири ҷорӣ ба таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ хизматрасонии техникӣ гузаронида мешавад, ба ғайр аз он:

-тозакунии сатҳҳои беруна аз чанг ва лой;

-қатъкунӣ ва қисман ба қисмҳо ҷудо кардани системаи ҳавотозакунӣ;

-дуруст кардани ҷойҳои пачақшуда;

-пур карда тахткунии сурохҳо ва ҷойҳои зангзадаи қуттиҳои ҳавотозакунакҳо, камераҳои ҳавотозакунӣ, ҳавогузарҳо, зонтҳои кашанда ва дигар дастгоҳҳо аз метали тунука;

-таъмири пайвастагиҳои қатпайванд, парчин кардашуда, часпондашуда ва кафшершуда, пурра кашидани пайвастагиҳои мурватӣ;

-иваз намудани ҳалқапайвандҳо, мурватҳо, қабатҳо, нишонданҳои мулоим, мустаҳкамкунакҳои ба корношоямӣ расида;

-таъмири ҷудокунакҳо дар ҷойҳои гузаштани ҷузъиётҳои системаи ҳавотозакунӣ;

-тозакунии пурраи ҳавогузарҳо, ҳавотозакунакҳо, калориферҳо ва дигар ҷузъиётҳои системаи ҳавотозакунӣ;

– таъмири ротор, навард, иваз ва таъмири подшипникҳо;

-барқарорсозии роғҳои байни ротор ва қуттиҳо;

-мувозӣ кардани ротори ҳавотозакунакҳо;

-тоза кардан ва иваз кардани ҷузъиётҳои обполакҳо;

-барқарорсозии рангмолиҳои рӯпӯшҳои зиддизангзаниҳо;

-бартарафсозии ларзишҳои ҳавогузарҳо ва ҳавотозакунакҳо, ҳамчунин садоҳои ба вуҷуд оварандаи онҳо;

-аз нав ба танзимдарории системаҳои ҳавотозакунӣ ҳангоми вайрон кардани параметрҳои додашуда.

  1. Ҳангоми таъмири асосии таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ таъмири ҷории пурра гузаронида мешавад, ба ғайр аз он:

-таъмир ё иваз намудани наварди ҳавотозакунак;

-таъмири қуттии ҳавотозакунак;

-ҳатман иваз намудани ҳамаи подшипникҳои ҷунбанда;

-мувозии статикӣ кардани ротор дар олати махсус;

-таъмири ҷузъиётҳои сохтӣ, гарминигоҳдории таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ бо ивазкунии ҳангоми зарурат клапанҳои гарм кардашуда, дарҳо, дроссел-клапанҳо, ғалақаҳо, механизмҳо ва ҳаракатоварҳо;

-иваз намудани ќисмњои корношоям барои истифодаи ҳавогузарҳо, берункашакҳо, паноҳгоҳҳо, ҳавогузарҳо аз чанг, лойқа, шлам, рангҳои тагшиншуда;

-рангмолии ҳамаи таҷҳизотҳо, биноҳои камераҳои ҳавотозакунӣ;

-васл кардани система, санҷидани ҷузҳои алоҳида ва кулли система, гузаронидани санҷишҳо ва танзим.

  1. Даврияти таъмири таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ инҳо ќабул карда мешавад:

– ҷорӣ – як маротиба дар 6 моҳ;

– асосӣ – як маротиба дар 6 сол, ба ғайр системаи ҳавотозакунии камераҳои рангмолӣ, ки таъмири асосиашон бояд дар 4 сол як маротиба гузаронида шавад.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲҲОИ АВТОМАТИКА ВА АСБОБҲОИ НАЗОРАТӢ – ЧЕНКУНӢ (АНЧ)
  2. Ҳангоми истифодабарии шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои воситаи бонгдиҳанда, автоматика ва АНЧ бояд талаботҳои Қоидаҳои истифодабарии техникӣ ҳангоми иситифодабарии дастгоҳҳои барқии истеъмолкунандагон ва Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иситифодабарии дастгоҳҳои барқии истеъмолкунандагон, Қоидаҳои мазкур, ҳамчунин дастурамалҳои корхонаҳои истеҳсолкунандаи барои маснуоти мушаххас қабулшаванда иҷро шаванд.
  3. Шахсоне, ки ба онҳо истифодабарии дастгоҳҳои автоматика ва АНЧ вогузор шудааст, бояд шаҳодатнома дар бораи санҷиши дониши Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газро дошта бошанд.
  4. Дар СГП бояд ҳуҷҷатҳои зерини техникӣ ва истифодабарӣ мансуб ба АНЧ ва автоматика мавҷуд бошанд:

-ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иҷроия;

-шиносномаҳои асбобҳо;

-дастурамалҳои корхонаи истеҳсолкунанда;

-китобҳои истифодабарӣ.

  1. Асбобҳо ва дастгоҳҳои автоматикаи бехатарӣ, танзими автоматикӣ, асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ бояд дақиқии нишондодҳоро таъмин намоянд, ҳолати дурусти ба талаботҳои бо стандартҳои давлатӣ ва дастурамалҳои корхонаҳои истеҳсолкунанда пешбинишуда, дошта бошанд. Барои таъмини шароитҳои зарури кори асбобҳо зарур аст, ки муоинаи техникӣ мунтазам, таъмири ҷорӣ ва асосӣ, ҳамчунин санҷиши давлатии асбобҳои назоратӣ-ченкунии дар истифода қарордошта гузаронида шавад.
  2. Муҳлати муоинаи техникии АНЧ ва воситаҳои автоматикӣ мувофиқи дастурҳои дар шиносномаҳои асбобҳо ва дастурамалҳои истифодабрии корхонаҳои истеҳсолкунанда дарҷгардида муқаррар карда мешаванд. Муҳлати санҷиши давлатии асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ мувофиқи номгӯи воситаҳои ченкуние, ки бояд ҳатман санҷиши давлатӣ гузароиндашавандаи бо мақсади баҳисобгирӣ, ҳисобу китоби тарафайн ва савдо, таъмини техникаи бехатарӣ, ҳифзи муҳити зист ва солимии аҳолӣ, ки аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ шудааст, муқаррар карда мешаванд. Истифодабарии асбобҳои назоратӣ-ченкунии вайрон ва муҳлати санҷишашон гузашта иҷозат дода намешавад.
  3. Муоинаи техникии АНЧ дар худ инҳоро дар бар мегирад:

-тафтиши берунии асбоб;

-санҷиши дурустии ноқилҳои барқӣ ва дигар комммуникатсияҳо;

-бе осеб нигоҳ доштани тамғаҳо (дар сурати мавҷуд буданашон);

-ошкор кардани нуқсонҳое, ки ҳангоми истифодабарӣ пайдо мешаванд;

-равған молидани механизмҳои ҳаракат;

-ивази коғази диаграммавӣ, парњо ва ранг дар асбобҳои худнавис, пур кардани моеъҳои махсус.

  1. Қайди нишондодҳои асбобҳо дар китоби кори таҷҳизоти технологӣ бояд ҳар моҳ анҷом дода шавад. Дар хизматрасонии техникӣ дар вақташ пешниҳод намудани асбобҳо ба санҷиши давлатӣ дохил мешавад.
  2. Тафтиши кор кардани дастгоҳҳои сигналдиҳӣ ва муњосираи автоматикаи бехатарӣ бояд моҳе на камтар аз як маротиба гузаронида шавад.
  3. Назорати герметикӣ будани асбобҳо, қубурҳои импулсӣ ва арматура дар як вақт бо тафтиши герметикӣ будани қубурҳои газгузар ва таҷҳизоти технологӣ моҳе на кам аз як маротиба гузаронида мешавад.
  4. Таъмири ҷорӣ мумкин аст бевосита дар ҷояш бе гирифтани асбоб аз ҷойи гузошта ё дар устохона бо ивазкунии асбоби гирифташуда бо эҳтиётӣ ба иҷро расонида мешавад. Таъмири ҷорӣ дар худ дар бар мегирад:

-тафтиши берунӣ, кушодан ва тоза кардани асбоб;

-қисман ба қисмҳо ҷудокунии системаи ҳаракаткунанда;

-таъмир кардан ё иваз кардани ақрабакҳои вайрон, пружинаҳо, найчаҳо, мехҳои печдор, васлҳо, доракҳои диаграммаҳо, фишанги қаламҳо ва ҳангоми зарурат пур кардан ё иваз кардани деталҳои тиргаки (мустаҳкамкунандаи) намерасидагӣ ва фарсудашуда, ҳамчунин шишаҳо.

  1. Баъди таъмири ҷорӣ асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ бояд аз санҷиши давлатӣ гузаранд.
  2. Қатъ кардани дастгоҳҳои автоматикаи бехатарӣ ва муњосира танҳо бо иҷозати сардори СГП, (сармуҳандис) иҷозат дода мешавад. Ҳамаи қатъкуниҳо дар китоб қайд карда мешаванд.
  3. Ҳангоми аз кор баромадани воситаи бонгдиҳандаи газолуднокӣ, ченкунии газолуднокиро бо газтаҳлилкунакҳои сайёр ҳар 2 соат дар давоми басти корӣ гузаронидан зарур аст. Ҳангоми мавҷуд будани сигналдиҳаки газолуднокии эҳтиётӣ онро ба ивази аз кор баромада гузоштан зарур аст.
  4. Сигналдиҳакҳои газолуднокӣ, ки барояшон ҳавои фишурда талаб карда намешавад, бояд шабонарӯзӣ дар кор бошанд, сигналдиҳӣ аз онҳо бошад бояд ба бинои посбонӣ бароварда шавад.
  5. Сигналдиҳакҳои газолуднокии дар СГП насбшуда бояд барои ба кор даромадан мувофиқи дастурамалҳои корхонаи истеҳсолкунанада дуруст насб карда шаванд.
  6. Манометрҳои дар таҷҳизотҳо ва қубурҳо насбшаванда, бояд ҷадвале дошта бошанд, ки ҳудуди ченкунии фишори корӣ аз се дар ду ҳиссаи ҷадвал ҷойгир бошад.
  7. Ҳангоми таъмири асосии асбобҳо таъмири ҷориро ба иҷро мерасонанд, ҳамчунин;

-ба қисмҳо ҷудокунӣ ва васлкунии қисмҳои ҳаракаткунандаи ченкунӣ ва қисмҳои алоҳидаи асбобҳо;

-бо об шустани ҳамаи деталҳо ва хушккунии онҳо;

-иваз ё дуруст кардани кернҳо, зерпошнаҳо ва дигар деталҳои системаи ченкунӣ;

-тафтиши нақшаи асбобҳо, танзим ва ҷо ба ҷо кардани нишондодҳо дар нуқтаҳои асосӣ дар ҳамаи ҳудудҳои ченкунӣ;

– иваз ё дуруст кардани арматура (қулфҳо, дастакҳо, ҳалқаҳо, исканҷаҳо);

-иваз кардан ва дурусткунии калиди ҳудудҳо.

  1. Баъди таъмир асбобро ранг мекунанд ва коммуникатсияҳои ба он пайвастшавандаро нишон мегузоранд. Асбобҳои ченкунӣ-назоратӣ баъди таъмири асосӣ бояд аз санҷиши давлатӣ гузаронида шаванд.
  2. Даврияти иҷрои таъмири ҷорӣ ва асосӣ мувофиқи дастурамалҳои истеҳсолӣ (технологӣ) муайян карда мешаванд:

– барои асбобҳои санҷиши барқӣ, таъмири ҷорӣ бояд на кам аз як маротиба дар як сол гузаронида шавад, таъмири асосӣ – на кам аз як маротиба дар 5 сол;

– барои асбобҳои боқимонда, таъмири ҷорӣ на кам аз як маротиба дар 6 моҳ, таъмири асосӣ – на кам аз як маротиба дар 2 сол.

  1. Таъмир ва тайёр кардани АНЧ барои санҷиши давлатиро шахси махсуси омӯзонидашуда ба иҷро мерасонад. Ҷуммакҳои танзимкунанда ва маҳкамкунандаро шахси сехи таъмиргарӣ, ки таъмири таҷҳизотҳои технологиро иҷро мекунад, таъмир мекунад. Таъмири автоматика ва АНЧ бояд ба муҳлати иҷрои таъмири таҷҳизотҳои асосӣ баробар карда шавад.

 

  1. ИСТИФОДАБАРИИ ТАҶҲИЗОТИ ЭЛЕКИРИКӢ
  2. Истифодабарии таҷҳизоти электрикии стансияҳои газпуркунӣ бояд мувофиқ бо Қоидаҳои истифодабарии техникии дастгоҳҳои электрикии истифодабарандагон ва Қоидаҳои техникаи бехатарӣ (минбаъд – ҚИТ ва ҚТБ) ҳангоми истифодабарии дастгоҳҳои истифодабарандагон бо дар назар доштани дастурҳои қисми иловагии Дастгоҳҳои электрикии истеҳсолоти таркандаи Қоидаҳои муқарраргардида ба роҳ монда шавад.
  3. Барои истифодабарии таҷҳизотҳои ИГП шахсоне иҷозат дода мешаванд, ки шаҳодатномаи муҳлаташон нагузаштаро дар бораи санҷиши дониши ҚИТ ва ҚТБ ва Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ, талаботҳои қоидаҳои мазкур, ҳамчунин дастурамалҳои корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳои электрикиро донанд.
  4. Бо фармони корхонаҳои хоҷагии газ ё ИГП аз ҳисоби ҳайати кормандони муҳандисию техникӣ, ки курсҳои махсуси тайёрии электротехникиро гузаштаанд, бояд шахси масъул оид ба истифодабарии хоҷагии электрикии ИГП таъин карда шавад ва он уҳдадор аст, ки корҳои зеринро иҷро намояд:

– кори боэътимод ва бехатаронаи дастгоҳҳои электрикӣ;

– омӯзиш ва дастурдиҳии ҳайат, ҳамчунин санҷиши даврии дониши ҳайат оид ба ҚИТ ва ҚТБ ва назорати иҷрои қоидаҳо;

– риояи дастуруамалҳо оид ба додани супоришномаҳо ҳангоми рухсат ба кор дар таҷҳизотҳои электрикӣ;

– мавҷуд будан ва дар вақташ тафтиш намудани воситаҳои ҳифз;

– гузаронидани таъмир ва озмоишҳо мувофиқи ҷадвале, ки роҳбарияти СГП тасдиқ намудааст.

  1. Дар бинои барои ҳайати навбатдорон ҷудогардида бояд дошта бошад:

-китоби истифодабарӣ барои қайди қабул ва супоридани баст, натиҷаи иҷрои тағйирдиҳиҳо ва иҷрои корҳо оид ба бартарфсозии вайрониҳо, бақайдгирии додани калидҳо аз зеристгоҳҳои трансформаторҳо, ҷойи электрошитҳо, бинои АНЧ;

-бланкаи супоришномаҳо;

-нақшаҳои истифодабарии дастгоҳҳои электрикӣ;

-китоби санҷиши дониш;

-дастурамалҳои истифодабарӣ;

-фармони маъмурият дар бораи рухсат ба тафтиши шахсии дастгоҳҳои барқӣ (руйхати шахсон).

  1. Таҷҳизотҳои электрикӣ ва ноқилҳои электрикӣ дар ҷойҳои тарканда бояд на кам аз як маротиба дар як моҳ аз тарафи шахси масъул оиди хоҷагии электрики ИГП ё шахсони онҳоро таъинкарда тафтиши беруна гузаронида шаванд. Натиҷаҳои тафтиш бояд дар китоб қайд карда шаванд.
  2. Ҳангоми тафтиш бояд санҷида шавад:

-ҳолати воридаҳои ноқилҳо ва кабелҳо дар таҷҳизотҳои электрикӣ;

-рангмолӣ, мустаҳкамии қубурҳо, набудани люфт дар ҷойҳои пайвастҳо (сарпӯшҳои фитингҳо то бозистодан бояд тофта маҳкам карда шаванд).

-ҳолати заминвасла;

-мавҷуд будани мурватҳои қисмҳои ҷилдҳоро сахткунанда;

-мавҷуд будани тамғаҳои пешбинишуда;

-набудани ҷойҳои кафида, ҷойҳои пачақшуда дар ҷилд;

-бутунии сарпӯшҳои шишагии чароғҳо;

-кори ҳавотозакунакҳои биноҳои шитӣ ва АНЧ;

-ҳарорати қисмҳои алоҳидаи таҷҳизотҳои электрикӣ.

  1. Дар таҷҳизотҳои электрикии аз таркидан ҳимояшуда ба ҳайати истифодабаранда ҳангоми риояи талаботҳои дар банди 16-25 дарҷгардида иҷрои корҳои зерин иҷозат дода мешавад:

-иваз кардани равғани молиданӣ ва подшипникҳо;

-таъмири қисмҳои токгузаронанда ва пайвастагиҳои васлшаванда;

-иваз кардани чароғҳои сӯхта аз кор баромада ва сарпӯшҳои шишагии зарардидаи чароғҳо;

-ба қисмҳо ҷудокунӣ, тозакунӣ, равған молидани сатҳҳои аз таркидан ҳифзшуда ва васл кардани таҷҳизоти электрикӣ;

-иваз кардани асбобҳои ченкунии электрикӣ ба монанди ба ҳамин хел нишондодҳо ва ба ҳамон шакл иҷро кардашуда;

-хомӯш кардани асбобҳои ченкунии электрикӣ ва супурдани онҳо ба санҷиши давлатӣ;

-бартараф кардани ҷоришавии равған ва иваз кардани он;

-иваз кардани қабатҳои зичкунанда;

-иваз кардани ҳифзкунакҳо, элментҳои галвании хушк ва батареяҳои аккумуляторӣ;

-иваз кардани печаҳои мошинҳои электрикии пастшиддат ва қисмҳои дар корхонаҳои истеҳсолкунанда тайёр кардашудаи мошинҳои электрикии баландшиддат ба айниятдошта бо дар назар доштани риояи қатъии маълумотҳои печа ва тамғаи мол, ки дар шартҳои техникии (ШТ) корхонаи истеҳсолкунанда муайян шудааст.

-таъмири системаи боддиҳӣ, тоза ва иваз кардани филтрҳо, иваз кардани шишаҳои шикастаи даричаҳои назоратӣ;

-таъмири ҳавотозакунаки муҳаррики электрикӣ ва ҷилди он.

  1. Барои иҷрои корҳои таъмирии дигар намуди корхона бояд иҷозати сохторҳои минтақавии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирад ё онҳоро дар корхонаҳои махсусгардонидашудаи таъмиркунӣ (сехҳо) ба иҷро расонад.
  2. Дараҷа ва андозаҳои минтақаҳои тарканда дар биноњои СГП мувофиқи лоиҳа муайян карда мешавад.
  3. Барои дастгоҳҳои таркандаи беруна минтақаҳои тарканда дараҷаи В-1г бо ҳудудҳои зерин дар хатҳои уфуқӣ ва амудӣ муқаррар карда мешавад:

-аз ҷойҳои холии дар паси конструксияҳои муҳофизатии биноҳои бо минтақаҳои тарканда дараҷаи В-1а буда – 0,5 м;

-аз ҳавотозакунаки кашанда, ки аз тарафи берун гузошта шудааст ва бинои бо минтақаҳои таркандаи дараҷаи В-1а- ро хизмат мерасонад, ҳамчунин аз арматураи маҳкамкунанда ва ҷойҳои пайвасти ҳалқапайванди қубурҳои эстакадаи резиш – 3 м;

-аз дастгоҳҳои барои хориҷкунӣ аз клапанҳои пешгирикунандаи зарфҳо, ҳамчунин аз дастгоҳҳои дар конструксияҳои муҳофизатии биноҳо ҷойгир карда шуда барои хориҷкунии ҳаво аз системаи ҳавотозакунаки кашандаи биноҳо минтақаҳои тарканда дараҷаи В-1а-5 м;

-дар ҳудуди хоктеппаҳои базаи нигоҳдорӣ.

  1. Дар минтақаҳои тарканда дараҷаи В-1а бояд ноқил ва кабелҳои бо симҳои мисӣ, аммо дар минтақаи В-1г, В-1б истифодаи сим ва кабелҳои симҳояшон алюминӣ иҷозат дода мешавад. Дар минтақаҳои таркандаи дараҷаи дилхоҳ истифода кардани симҳои бе изолятсиядор манъ аст.
  2. Дар минтақаҳои таркандаи дилхоҳ дараҷа ба кор бурдан мумкин аст:

-ноқилҳо бо изолятсияи резинӣ ва поливинилхлоридӣ;

-кабелҳои бо изолятсияи резинӣ, поливинилхлоридӣ ва коғазӣ дар пӯсти резинӣ, поливинилхлоридӣ ва металлӣ.

  1. Ба кор бурдани кабелҳои пӯсти алюминидор дар минтақаҳои таркандаи В-1а манъ аст. Ба кор бурдани ноқилҳо ва кабелҳо бо изолятсияи полиэтиленовӣ ва ё пустӣ дар минтақаҳои таркандаи ҳамаи дараҷаҳо манъ аст. Кабелҳои кушода кашидашаванда дар минтақаҳои таркандаи дараҷаи дилхоҳ (дар конструксияҳо, деворҳо, дар каналҳо, туннелҳо ва амсоли инҳо), набояд рӯйпӯш ё ҷилдҳои пӯшонида аз маводи сӯзанда (ҷут, битум, рӯйпечи пахтагӣ ва амсоли инҳо) дошта бошанд.
  2. Ҳангоми гузаштани сими электрикӣ аз минтақаҳои таркандаи дараҷаи В-1а ба бинои аз таркиш бехатар ё берун сими электрикӣ дар ҷойҳои гузариш ба воситаи девор бояд зичкунандаи ҷудокунанда, дошта бошанд.
  3. Зичкунандаҳои ҷудокунандаи дар қубурҳои гузарониши электрикӣ гузошташуда бояд оид ба зичӣ бо ҳавои фишораш 0,25 МПа (2,5 кгс/см2) дар давоми 3 дақиқа озмоиш карда шаванд, ки дар ин вақт афтидани фишор то ба на зиёда 0,2 МПа (2,5 кгс/см2) иҷозат дода мешавад. Озмоиши такрорӣ барои зичӣ бояд дар як вақт бо таъмири асосии гузарониши электрикии қубурдор дар муҳлатҳои Қоидаҳои истифодабарии техникии дастгоҳҳои электрикии истифодабарандагон ва Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодабарии дастгоҳҳои истифодабарандагон (ҚИТ ва ҚТБ) пешбинишуда гузаронида шаванд. Ҳангоми қисман иваз кардани гузарониши қубурӣ ё пайваст кардани қитъаҳои аз нав таъмиркардашуда танҳо ҳамин қитъаҳо озмоиш карда мешаванд.
  4. Дар ҳолати мавҷуд будан дар СГП зарфҳои зеризаминӣ (зери хоктеппаҳо ё хокпӯш кардашудаҳо барои газҳои моеъ соле як маротиба (баҳорон ва тирамоҳ) бузургии потенсиали электрикиро нисбат ба замин дар ҳар як зарф чен кардан зарур аст. Барои қайди натиҷаҳои ченкуниҳо бояд шакли ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ-техникӣ, ки барои таҷҳизотҳои зарфӣ дар Қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва талаботҳои бехатарии меҳнат дар хоҷагии гази Тоҷикистон оварда шудааст, истифода бурда шавад.
  5. Дарҳои истгоҳҳои трансформаторӣ, биноҳои шитҳо ва АНЧ бояд қулф карда шаванд.
  6. Дар минтақаҳои аз таркиш хатарноки дараҷаи дилхоҳ гузаронидани заминвасла, ба ҳамаи дастгоҳҳои электрикӣ ҳангоми ҳама гуна шиддатҳои тағйирёбанда ва доимӣ ба ғайри таҷҳизоти электрикӣ дар даруни қуттиҳо ва ҷевонҳо ва пултҳо гузошташуда зарур аст. Ба сифати ноқилҳои ҳимояи нулӣ (заминвасла) бояд махсус барои ба ин мақсадҳо таъиншуда истифода бурда шаванд. Ноқилҳои ҳимояи нулӣ бояд дар ҷилдҳои умумӣ, ќубурҳо, қуттиҳо бо симҳои фазавӣ гузаронида шаванд.
  7. Дар сурати қатъи автоматии дастгоҳҳои электрикӣ бояд муоинаи ғайринавбатии он гузаронида шавад.

175 .Дар биноҳои тарканда ва дастгоҳҳои берунаи тарканда инҳо манъ аст:

-гузаронидани таъмири таҷҳизотҳои электрикӣ ва шабакаҳои электрикӣ, ки зери шиддат қарор доранд;

-иҷозат додани кори дастгоҳи электрикиро ҳангоми нодуруст будани сохти заминвасла;

-иҷозат додани кори таҷҳизотҳои электрикӣ ҳангоми нодуруст будани ҳимояи таркишии ҷилди таҷҳизот;

-ба кор андохтани дастгоҳи электрикӣ то бартарафсозии сабабҳои қатъи садамавӣ;

-зери шиддат нигоҳ доштани шабакаҳои электрикии истифоданашаванда;

-ба кор андохтани дастгоҳи электрикӣ бе ҳимояи электрикии зарурӣ;

-истифодабарии таҷҳизотҳои электрикӣ ҳангоми аз параметрҳои номиналӣ тамоили нораво доштан;

-ба трансформаторҳои асбобҳо ва аппаратураи аз таркидан ҳимоядоштаро таъминкунанда, пайваст кардани дигар таҷҳизоти электрикии ба ин комплект надароянда;

-иваз кардани чароғҳои электрикӣ дар чароғҳои аз таркидан ҳимоядошта ба лампаҳои навъи дигар;

-иваз кардани аппаратураи ҳимоявӣ, қуроқҳои гудохташаванда, релеҳои ҳароратӣ ва ҷузъҳояшон, аз ҳамдигарҷудокунакҳои (электромагнитӣ ва ҳароратӣ ва ғайра) ба дигар навъҳо ё бо дигар параметрҳои номиналие, ки ҳамон қадар ба онҳо ин аппаратура ҳисоб карда шудааст.

  1. Чен кардани муқовимати ба замин пайвасткунандаи биноҳо, таҷҳизотҳои электротехникӣ, технологӣ ва дигар бояд ҳар сол гузаронида шаванд. Дар як сол тобистон – ҳангоми бисёртар хушк шудани хок, дар соли оянда зимистон – ҳангоми яхбандии зиёдтарин. Баробар бо ин зарур аст, ки ҳолати пайвандкунакҳо (ҳимоя аз қувваи электрики статикӣ ва зуҳурҳои такрории чароғак) дар қубурҳои газ, ниҳодаҳои мулоими дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ ва дигар таҷҳизотҳо тафтиш карда шавад.
  2. Агар маълум шавад, ки муқовимати ба замин пайвасткунандаҳо ҳангоми ченкуниҳо аз натиҷаҳои ченкуниҳои пешина д