Семинар-машварати техникӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Роғун

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ», яъне саноаткунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми миллӣ кабул гардидааст, сол аз сол теъдоди корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ зиёд гардидааст. Семинар-машварате, ки пайваста бо ибтикори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ  дар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронда мешавад, ин пеш аз ҳама баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳо мебошанд.

Семинар машварате,  ки дар  шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарият, кормандони муҳандисию техникии корхонаҳои нуктаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ, мутахассисони корхонаҳои саноатӣ таҳти  унвони «Риояи коидаҳои бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар объектҳои истеҳсолии хатарноки соҳаи саноати кимиё ва металлургӣ» роҳандозӣ карда шуд, роҷеъ ба гузарондани назоратҳои техникӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ дар анборҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ, корхонаҳои коркарди нафту чарм, корхонаҳои истеҳсоли орд, оксигену маҳсулотҳои пластикӣ, сехҳои оҳангудозӣ, корхонаҳои истеҳсолу нигоҳдоранда ва истифодабарандаи моддаҳои кимиёвӣ ва нафту кимиёвӣ  мебошад.

Дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 301 нуктаи фурӯши гази моеъ, 4 базаи нигоҳдории гази моеъ, ки ҳамагӣ 441 иншоотро дар бар мегиранд ба кайд гирифта шудааст. Бо максади иҷроиши талаботҳои конунҳои ҶТ санадҳои меъёрии ҳукукӣ оид ба бехатарии саноатӣ ва низомномаҳои Хадамот дар дастгоҳи марказии Хадамот Нозироти давлатии назорати газ фаъолият менамояд.

Мутахассисони Нозироти давлатии назорати гази Хадамот  омода ҳастанд, ки бо корхонаҳои зериназоратӣ ҳамкориро зичтар намоянд ва барои бехатарона истифодабарии обеъктҳо яъне зарфҳои зери фишор коркунандаи захираи гази моеъ ва хатарҳои технологӣ кӯмаки амалӣ расонанд.

 

Семинар-машварати техникӣ низ бо иштироки мутахассисону кормандони корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Масъулин зимни семинар-машварат иброз доштанд, ки Нозироти давлатии назорати объекти истеҳсолии хатарнок дар Хадамот аз соли 2007 дар асоси моддаи 2 Конуни ҶТ «Дар бораи бехатарии саноатии объекти истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004, таҳти раками 14, Конуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 августи соли 2011, ва Карори ҲҶТ аз 30 ноябри соли 2007, таҳти раками 590 оиди «Коидаҳои бакайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ»» корро ба рох монда, объектҳои истеҳсолии хатарнокро дар Феҳристи давлатӣ бакайд мегирад.

Айни замон дар Феҳристи давлатӣ 2 ҳазору 334 корхона ва 10 ҳазору 333 объект бакайд гирифта шудааст. Аз ин шумора то моҳи сентябри соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳое, ки ба истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул, иншоотҳои борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда, кимиё ва металлургӣ машғуланд аз 348 корхонаҳое, ки дар руйхат буда, танҳо 102 корхона ва 651 объектҳояшонро дар феҳристи давлатӣ бакайд гирифтаанд.

Семинар-машварати техникӣ, оиди бехатарии саноати ва таҳлили ҳодисаҳои нохуш дар соли 2021 дар ш. Роғун

Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ дар асоси Низомномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иктидори НБО «Роғун», ки бо карори Шӯрои нозироти ҶСК НБО «Роғун» №2к/4-27 аз 27-12 соли 2019 тасдик гардидааст, Хадамот гурӯҳи оид ба назорати техникӣ бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва экологияро роҳбарӣ намуда, дар доираи ваколатҳои худ, тибки талабот ва коидаҳои бехатарӣ ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ, инчунин ташкили назорати ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории ҳолати санитариро дар майдончаҳои сохтмони иншооти НБО-и «Роғун» назорат менамояд

Роҳбарияти Хадамот тасми гирифтааст, ки бо максади пурзӯр намудани риоияи талаботҳои бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии  хатарнок ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолиро бо корхонаву ташкилотҳои дар сохтмони иншооти НБО «Роғун» фаъолиятдошта, гузаронидани семинар-машварат бо иштироки роҳбарон ва муҳандисони техникаи бехатарӣ ва муҳофизати меҳнат, инчунин ҳифзи муҳити зист гузаронад.

Аз тарафи Хадамоти мазкур дар соли 2021 дар 12 корхонаи пудратчии дар сохтмони неругоҳ фаъолиятдошта назорати техникии накшавӣ гузаронда шудааст. Масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ   бо максади назорати риояи коидаҳои бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ бо роҳбарони корхонаҳо вохӯрӣ гузаронида, машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд.

Ҳар сол аз ҷониби худи Хадамот 2 маротиба нисбати ҳодисаҳои нохуши бакайдгирифташуда, бюллетенҳои ахборотӣ таҳия карда шуда, ба вазорату идораҳо ва корхонаҳое, ки  дар онҳо ҳодисаҳои нохуш рух додааст, дастрас карда мешаванд.

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ  минбаъд низ ҷиҳати назорати риояи коидаҳои техникаи бехатарӣ, пешгирии рух додани ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ, инчунин пешгирӣ намудани конунвайронкуниҳо чунин семинар-машваратҳоро ба роҳ монда, назоратро дар корхонаҳои зериназоратии Хадамот пурзӯр намуда, чораҳои амалӣ меандешанд.