ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ ДАР СОЛИ 2021. Солҳои минбаъда кадом шаҳрҳо ин унвони ифтихориро соҳиб мегарданд?

Ҳукуматдорони Гагаузия (ҳудуди мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Молдова) омодагии худро ба соли 2023 шуруъ намуданд, ки дар ин сол бори нахуст дар таърихи худ пойтахти ҳудуди мухтор- шаҳри Комрат ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ шинохта хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба рӯзноманигорон сардори Сарраёсати робитаҳои берунии ҳудуди мухтори  Гагаузия Виталий Влах иттилоъ дод.

«Дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Молдова мо ҳоло нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023-ро, ки дар пойтахти ҳудуди мухтор- шаҳри Комрат мегузаранд, омода намуда истодаем»,-гуфт Влах.

Ҳуҷҷати таҳияшуда барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи кишварҳои ИДМ пешниҳод карда мешавад. Влах зикр намуд, ки мақоми пойтахти фарҳангии ИДМ- «нуқтаи хеле олист», ки имкон медиҳад Гагаузия барои ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ шиносо шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 пойтахти фарҳангӣ шаҳри қирғизии Қароқул мегардад. Ва имсол мақоми ифтихории пойтахти фарҳангии ИДМ-ро пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба худ касб кардааст.

Дар доираи соли «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи махсуси чорабиниҳоро ташкил кардааст, ки аз маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва раванди  барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ иборат мебошад.

Нахустин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус- Гомел интихоб гардида буд. Миёни шаҳрҳои Тоҷикистон соли 2015 ин мақомро шаҳри Кӯлоб касб намуда буд.