БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

 

 

ХАДАМОТИ

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО

ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРӢ

 

(ќисми 1)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Душанбе

2021


 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ:

 

«Дастурамал оид ба тартиби гузаронидани назорат аз рӯи намунабардории кулл ҳангоми истихроҷ, коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва муайян намудани бадастоварии ҷузъҳои таркибии фоиданоки онҳо дар дастгоҳи заршӯӣ».

 

«Қоидањои ягонаи ҳифзи қаъри замин њангоми истихрољи канданињои фоиданоки сахт».

 

«Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот ба тартибдиҳии хулосаи экспертизаи бехатарии саноатӣ».

 

«Қоидањои сохт ва бехатарона истифодабарии аттраксионњо».

 

«Қоидаҳои бехатарии саноатии нафтанборњо ва анборњои мањсулоти нафтї».

 

«Қоидањои бехатарї ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод».

 

«Ќоидањои бехатарии саноатї дар нуќтањои газпуркунї ва стансияњои газпуркунии гази моеъ».

 

«Ќоидањои гузаронидани санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор дар соњаи бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкорї».

 

 


 

Зери роҳбарии:

 

Рањим Санъат Асо – сардори Хадамот

 

 

Тањияи:

 

Аламзода И. Б.         – муовини якуми сардори Хадамот

 

Мирзозода А. А.      – муовини сардори Хадамот

 

Олимӣ З.                    – сардори раёсати илмию техникї

 

Сафари Н.                  -сардори нозироти давлатии назорати кўњї – техникї

 

Убайдуллозода И.    -сардори нозироти давлатии назорати истифодаи оќилона ва њифзи ќаъри замин

 

Холназарзода Ф. –   сардори нозироти давлатии назорати иншооти борбардор, зарфњои зери фишор коркунанда ва аттраксионњо

 

Назриев Х. Х.           – сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургї

 

Ҳомидов Д. А.          – сардори нозироти давлатии назорати газ

 

Маљидов Т. Ш.         – сармутахассиси раёсати илмию техникї.


 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2020, №1024 ба қайд гирифта шудааст.

 

Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 12 майи соли 2020, №33 тасдиқ карда шудааст.

 

ДАСТУРАМАЛ

ОИД БА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАЗОРАТ

АЗ РӮИ НАМУНАБАРДОРИИ КУЛЛ ҲАНГОМИ ИСТИХРОҶ, КОРКАРДИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ ПОШХӮРДА ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ БАДАСТОВАРИИ ҶУЗЪҲОИ ТАРКИБИИ ФОИДАНОКИ ОНҲО ДАР ДАСТГОҲИ ЗАРШӮӢ

 

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дастурамал оид ба тартиби гузаронидани назорат аз рӯи намунабардории кулл ҳангоми истихроҷ, коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва муайян намудани бадастоварии ҷузъҳои таркибии фоиданоки онҳо дар дастгоҳи заршӯӣ (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи сархати сию чоруми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст ва бо мақсади муайянсозии коэффитсиенти муносиби бадастоварии компоненти фоиданок ва талафёбии технологӣ дар дастгоҳҳои заршӯӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, таҳия гардидааст.

2. Дастурамали мазкур қоидаҳо ва тартиби коркарди маводи аввалияро дар ҷараёни шустани регҳо, назорати ҷараёни технологии бойгардонӣ бо мақсади муайян намудан ва нигоҳдории реҷаи оптималии кори дастгоҳи технологиро муқаррар менамояд.

3. Намунабардории кулл бо қувваи коргарон, мутахассисони корхонаи истихроҷии соҳаи кӯҳкорӣ бо мақсади назорати раванди бойгардонии технологӣ, муайян намудани талафоти технологӣ, фоизи бадастоварии компонентҳои фоиданок дар комплексҳои бойгардонӣ, гузаронида мешавад.

4. Барои назорат аз рӯи намунабардории кулл бо фармоиши Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи салоҳиятнок (минбаъд – комиссия) таъсис дода мешавад.

5. Иҷроиши талаботи Дастурамал барои ҳамаи корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣҳуқуқӣ ва моликият, ки коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ҳатмӣ мебошад.

 

2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

6. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

намунабардорӣмаҷмӯи амалиёт барои гирифтан ва коркарди намунаҳо бо мақсади муайян намудани таркиб ва хусусияти моддаҳои таҳқиқшаванда ва яке аз муҳимтарин амалиёт ҳангоми истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад;

дастгоҳи шӯянда – таҷҳизоте, ки барои шустани қумҳои металлдор (зардор) пешбинӣ шудааст;

– ППМ-5 – дастгоҳи заршӯии модулӣ, ки бари элак 5 метрро ташкил медиҳад;

ГГМ-3 – элаки гидромеханикӣ, ки бари он 3 метрро ташкил медиҳад;

бункер – иншоот барои захира намудан, нигоҳдории муваққатӣ ва холӣ намудан ва бор кардани канданиҳои фоиданок ва ҷинсҳо мебошад. Бункери қабулкунанда бевосита ба фабрикаи бойгардонӣ наздик ҷойгир кунонида мешавад;

дарғотҳо (дар бойгардонӣ) – дастгоҳҳои бойгардонии ҷозибавӣ, ки он новаи моилро ифода мекунад ва таги новаи моил – фарши мулоим ва панҷараи оҳанин (трафарет) мумкин дошта бошад (ноҳамвориҳое, ки аз лундаҳо, ходаҳо, резинаи чиндор ва ғайраҳо сохта шудаанд). Мавҷуд будани панҷараҳои оҳанин барои таҳшиншавии минералҳои вазнин аз қумҳои пошхўрда мусоидат мекунад.

– таҳшин (шлих) – консентрат аз минералҳои вазнин, ки баъди шустани қумҳо аз конҳои пошхӯрда ба даст меояд;

шӯъбаи такмилдиҳӣмарҳилаи охирини бойгардонӣ, ки консентрати кондитсионӣ медиҳад;

маркшейдерия – соҳаи илми техникӣ ва кўҳкорӣ, ки асосан бо ченкунии фазоӣ-геометрӣ машғул мебошад (аксбардории маркшейдерӣ), мақсади он тасвир кардани кандаҳои кӯҳӣ дар нақшаҳо, бурришҳо, проексияҳо ва дигар графикаҳои қаъри замин ҳангоми корҳои омӯзишии конҳо, сохтмон ва истифодабарии корхонаҳои соҳаи кӯҳкорӣ мебошад;

эфел – масолеҳи майда ва донадор, ки ҳангоми шустани тиллои пошхӯрда ва бойгардонии маъдани тилло ҷудо мешавад;

бутара – таҷҳизоте, ки аз як ё ду элак ва дарғоти моил иборат буда, барои шустани ҷинсҳои кӯҳӣ бо мақсади ҷудо кардани гилхок ва масолеҳи хурд муқаррар карда шудааст;

зумпф – зарфе, ки ба он аз ковишгоҳ барои бо насос кашидан тавассути мошини лойкашак ва насоси қумӣ омехтаи обӣ меояд; ҷинси кӯҳӣ ва об барои тайёр кардани лойоба;

элаккунӣҷараёни тасниф аз рӯи калонҳаҷмӣ, ки дар сатҳи элаккунӣ амалӣ карда мешавад (панҷараҳо, элакҳо ва ғайра).

 

3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ КОМИССИЯ

7. Вазифаҳои асосии комиссияи назорат оид ба гузаронидани намунабардории кулл инҳоянд:

– азназаргузаронии пешакии карери истихроҷӣ, маҷмӯи дастгоҳи заршӯӣ, аз он ҷумла, бункери қабулкунанда, гиреҳи элаккунӣ, ҳолати шустан ва хориҷкунии лундасангҳо, дарғот (гиреҳи нигоҳдоранда), инчунин шуъбаи такмилдиҳӣ ва ҳолати анбори эфелӣ;

– назорати риояи ҳамаи меъёрҳо ва талаботи технологии харитаи реҷаи технологии коркарди регҳо;

– назорати ҷараёни бойгардонӣ бо мақсади муайян намудан ва нигоҳдории реҷаи муфиди кории дастгоҳи технологӣ;

– коркард намудани маводи воқеии ҳосилшуда оид ба назорати намунабардории кулл ва тартиб додани санад.

8. Комиссия ҳуқуқ дорад:

– эксперти мустақил, мутахассисони корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ, донишкадаҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва дигар шахсони салоҳиятдорро ҷалб намояд;

– аз корхонаҳои зериназоратӣ маводҳои иловагии геологию маркшейдерӣ, маводи аввалияи намунабардорӣ аз рӯи намунабардории кулли ҷорӣ аз партовҳо, фоизи (дараҷаи) бадастоварии компонентҳои фоиданок, маводҳои асосноккунии техникӣқтисодӣ ва дигар маводҳои аввалияи заруриро талаб намояд;

– Комиссияе, ки назорати намунабардории кулл ва санҷиши дастгоҳҳоро мегузаронад, ҳуқуқ дорад, ки шартҳои рафти намунабардориро вобаста ба шароитҳои воқеии кор иваз намояд;

– дар ҳолати мувофиқат накардани шароити корӣ тибқи талаботи Дастурамали мазкур, зиёд будани баландии зинаи корӣ нисбати бели экскаватор, омода набудани дастгоҳҳои шӯянда, надоштани миқдори даркории рег барои гузаронидани намунабардории кулл, аз меъёр зиёд будани омехташавии ҷинсҳои кӯҳӣ нисбати регҳо, комиссия метавонад, ки намунабардории куллро манъ намуда, ба корхона ё ҷамъият санад дар бораи бартараф намудани қоидавайронкуниҳо ва ба дигар вақт гузаронидани намунабардории кулл, инчунин дигар қоидавайронкуниҳо нисбати меъёрҳои ҳифзи қаъри заминро бо тавсияҳо ва талабот ҷиҳати бартараф намудани онҳо пешниҳод намояд.

 

4. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАМУНАБАРДОРИИ КУЛЛ ВА САНҶИШИ ДАСТГОҲҲОИ ЗАРШӮӢ (ДАР МИСОЛИ ДАСТГОҲҲОИ ППМ-5, ГГМ-3 ВА ДИГАРҲО)

9. Намунабардории кулл ва санҷиши дастгоҳҳои шӯянда аз тарафи истифодабарандагони қаъри замин дар як мавсими корӣ на кам аз 1-2 маротиба ва як маротиба дар ҳузури комиссия дар реҷаи муқаррарии корӣ дар давоми 3-5 шабонарӯз вобаста ба шароити корӣ ва мавҷудияти қувваю воситаҳо, дар мувофиқаи дақиқ бо харитаи реҷавии раванди технологӣ, ки онро роҳбари корхона ё сармуҳандис тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.

10. Вазифаи чунин шакли намунабардорӣ аз гирифтани маълумот барои тартиб додани баланси пурраи об ва рег (бо баҳодиҳии миқдорӣ ва сифатӣ) бо маводи фоиданок, ки ба дастгоҳи заршӯӣ дохил мешавад, иборат мебошад.

11. Пеш аз оғози намунабардории кулл ва санҷиши дастгоҳҳо, комиссия омода будани дастгоҳи шӯянда, муҳайё будани миқдори басандаи рег барои истихроҷ, баландии зинаҳои истихроҷӣ, будан ё набудани миқдори ҷинсҳои омехташуда, дараҷаи обнокӣ ва дигар мамониятҳои эҳтимолие, ки коркарди кандании фоиданок ва гузаронидани намунабардории куллро мушкил менамоянд, мушоҳидавӣ месанҷад.

12. Баландии зинаи истихроҷӣ аз рӯи баландии ковиши техникаи истихроҷӣ муайян карда мешавад ва набояд аз баландии ковиши он зиёд бошад. Баландии ковиш барои экскаватори ЭКГ-5 – 10 метр, LG-688 – 5-7 метр, CAT-347Д – 3 метрро ташкил медиҳад.

13. Дар комплекси дастгоҳи шӯянда инҳо ба назорати мушоҳидавӣ фаро гирифта мешаванд:

ҳолати ҳимоявии майдонҳои хизматрасонӣ ва зинапоя;

– надоштан ё доштани чакиш ва резиш дар гиреҳҳои васлшавӣ;

ҳолати дарғотҳои дастгоҳҳои шӯянда ва шуъбаи такмилдиҳӣ, хосиятҳои техникии онҳо;

– хосиятҳои техникии дастгоҳҳои шӯянда бояд талаботи ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва техникӣ, ки корхонаи истеҳсолкунандаи он муқаррар намудааст, ҷавобгӯ бошанд.

14. Ҳолат ва намуди руйпуши қаппак – намадчаҳои резинӣ бо сӯрохиҳо, ки ба талаботҳои зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

– миқдори элакҳо – 4;

– андозаи элак -3-150 мм;

– андозаи порчаҳое, ки ба элак дохил мешаванд – 400 мм;

– намадчаҳои қаппанда тамғаи R4-2262385;

– бари намад – 1,0 метр;

ғафсии намад – 2,0 см;

– дарозии торҳо (мӯякҳо) – 1,7 см;

ҳолат ва намуди ромбӣ – металлии 50-36 мм, трафарети тагшонии хурд – металлӣ 3 мм.

 

5. НАМУНАБАРДОРИИ РЕГҲО ДАР КОВИШГОҲ ВА МИЗИ ҚАБУЛКУНИИ ДАСТГОҲИ ЗАРШӮӢ

15. Дар ҳолати қаноатбахш будани ковишгоҳи кон, дастгоҳи заршӯӣ, миқдори зарурии регҳои зардор ва дигар шароитҳо, аз ҷумла, чорабиниҳо оид ба ҳифзи компоненти фоиданок, комиссия қарори гузаронидани намунабардории кулл ва санҷишро қабул менамояд ва аз болои иҷроиши талаботҳои харитаи раванди технологӣ дар ҳамаи пайвастагиҳои занҷири технологӣ – аз гирифтани намуна аз кон, мизи қабул, партовҳои бойгардонӣ то коркарди онҳо, ченкунии фишори обе, ки ба дастгоҳи заршӯӣ дода мешавад, бузургиҳои маҳлул (пулпа) то амалисозии ҳисобҳо ва тартиби додани санадро назорат мекунад.

16. Комиссия ба чораҳо оид ба ҳифзи компоненти фоиданок – мавҷудияти қулфу муҳр дар ҷойҳои зарурии дарғот, тирезаҳои каноравии дастгоҳи заршӯӣ диққати махсус медиҳад.

17. Намунабардории кулл бо аксбардории маркшейдерии ҳолати воқеии ковишгоҳ дар кони кушод оғоз шуда, бо аксбардории мазкур низ анҷом меёбад.

18. Намунабардории кулл дар муддати 8-9 соат вобаста ба суръати воридшудаи регҳо, додани онҳо барои шустан, элаккунӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт гузаронида мешавад.

 

6. НАМУНАБАРДОРИИ РЕГҲО ДАР КОВИШГОҲ

19. Намунабардории кулл аз гирифтани намунабардории қисми ҷӯякӣ-зинавӣ (бороздавӣ) аз реги дар ковишгоҳ оғоз меёбад. Аз регҳо дар ҳамаи баландии зинаи корӣ, ки он ба баландии ковиши механизм – экскаватор баробар аст, намунаҳо гирифта мешавад. Барои экскаватори ЭКГ-5 баландии зинаи корӣ 10 метрро ташкил медиҳад. Дарозии намунаи ҷӯякӣ (бороздавӣ) дар фосилаи ҳар 2 метр гирифта мешавад. Бо мақсади дақиқ муайян намудани миқдори металл дар рег, намунаҳо аз се ҷӯяк гирифта мешаванд, ки яктои он дар маркази ковишгоҳ ва дутои дигар дар канораҳои ковишгоҳ ҷойгир шудаанд.

20. Ҳаҷми як намуна на кам аз 0,02 м3-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии намунаҳои стандартӣ аз се ҷӯяк – 15 намуна.

21. Барои экскаватори намуди CAT-349Д баландии ковиш 3,0 метр, баландии зина – 3,0 м. Дарозии қисматҳо дар ҷӯяк дар ин ҳолат – 1,1 метр. Баландии умумии ҷӯяки якҷоякардашуда – 10 метр. Шумораи умумии намунаҳо дар ҳолати се ҷӯяки якҷояшуда – 28 намуна бо ҳаҷми 0,01 м3 ё 14 намунаи стандартӣ иборат мебошад.

 

7. НАМУНАБАРДОРИИ РЕГҲО ДАР МИЗИ ҚАБУЛ

22. Баъди ба анҷом расидани намунабардории ҷӯякӣ ба истихроҷ ва коркарди регҳои зардор дар дастгоҳи заршӯӣ оғоз карда мешавад. Барои коркард миқдори регҳои зардор бидуни ҳаҷми харсангҳои калон, ки дар ковишгоҳ боқӣ мемонад, истифода мегардад. Ҳаҷми коркарди регҳои зардор барои дастгоҳи заршӯии тамғаи ППМ-5 дар давраи гузаронидани намунабардории кулл 800 м3 тавсия карда мешавад.

23. Коркарди регҳои зардор барои назорати сифатнокии онҳо дар як вақт намунабардории кафӣ дар мизи қабулкунандаи дастгоҳи заршӯӣ ҳамроҳӣ мекунад. Аз ҳар як автомашинаи ҳисоби ҷуфт намунаҳо гирифта мешавад. Намунаҳо тарзе гирифта мешаванд, ки онҳо сифатноки миёнаи регҳои ҳамин мошинро муайян карда тавонанд. Барои ин аз тӯдаи рехташудаи мизи қабулкунанда намунаҳо «қабатӣ» гирифта мешавад. Аввалан мунтазам ба шакли катаки тахтаи шоҳмот аз боло, аз 10 нуқта, баъдан, пас аз шустани ними тўда, аз қисмати сатҳи миёнаи майдони ташкилшудаи тўда тариқи «лифофа» – аз 5 нуқта гирифта мешавад. Ҳаҷми намунаи «кафӣ» – 0,7 литр (1,5 кг) ё се қисмати як бел буда, ҳаҷми намунаи алоҳида – 0,01 м3-ро ташкил медиҳад. Миқдори мошин (рейс) вобаста аз ҳолати воқеии меъёрҳои пуркунии тамғаи автосамасвалҳо, ҳаҷми регҳои зардори коркардшаванда метавонад аз 100 то 114 тағйир дода шавад ва миқдори умумии намунаҳои алоҳида аз 50 то 57 ё 25-28 ҳаҷми пурраи стандартӣ тағйир ёбад.

24. Таркиби миёнаи компонентҳои фоиданок дар регҳои истихроҷгардида ва коркардшуда аз миқдори умумии навъи намунаҳои гирифташуда ҳамчун адади миёнаи арифметикӣ ҳисоб карда мешавад ва ҳаҷми умумии истихроҷ ҳамчун фарқияти ду аксбардориҳои маркшейдерӣ, ки қаблан ва баъди анҷоми намунабардории кулл гузаронида шудааст, муайян карда мешавад.

 

8. НАМУНАБАРДОРИИ МАҲСУЛОТИ ПАРТОВГОҲҲО

25. Дар раванди коркарди регҳо дар дастгоҳҳои заршӯии тамғаи ППМ-5, ГГМ-3 ва дигар намудҳои ба инҳо монанди дастгоҳҳои заршӯӣ, ба партовҳо асосан ду фраксия дохил мешаванд: фраксияҳои якҷояи ҷудошудаи лӯласангҳою шағал ва фраксияи эфелҳое, ки дар алоҳидагӣ захира мешаванд.

26. Ҳаҷми маводи сангу шағал дар регҳои коркардшаванда аз 480м3 то 560м3 тағйир меёбад ва миқдори боркашонии автомашинаҳо мувофиқ ба меъёрҳои боркашии автосамосвалҳои БелАЗ (8 м3) ва HOWO (7 м3) мутаносибан 60-70 ва 68-80 маротибаро ташкил медиҳад.

27. Аз ин рӯ, миқдор ва ҳаҷми умумии намунаҳо аз маҳсулоти партовӣ дар қитъаҳои гуногун вобаста ба таркиби фраксионии регҳои қитъаи дахлдор муайян карда мешаванд.

28. Дар партови лӯласангҳо ва шағал барои намунабардории ин фраксияи регҳо майдончаи махсус ба ҳаҷми ғунҷойиши маҳсулоти лӯласангу шағали воридшаванда тайёр карда мешавад. Дар он дар баробари гирифтани намунаҳо аз ҷониби хадамоти маркшейдерии қитъа, баъди ҷудокунӣ бо ёрии булдозер дар ковишгоҳ низ ченкунии ҳаҷми умумии лӯласангҳо гузаронида мешавад.

29. Аз сабаби миқдори кам доштани хокмайдаҳо дар таркиби массаи сангу шағал (то 7%) ва имконнопазирии дастӣ гирифтани онҳо, намунаҳо аз онҳо тариқи механикӣ пас аз ҷудо кардани лӯласангҳо бо булдозер гирифта мешаванд. Дар ин ҳолат, дар якҷоягӣ ба маводи регу шағал, сангпораҳо, инчунин маводи шағалдор низ ворид мегардад. Гилҳои ба сангпораҳо часпида бо ҷорӯби оҳанин ва ё бел тарошида мешаванд.

30. Дар раванди намунабардории кулл, ҳамчунин маҳсулоти партовҳои лӯласангию шағалӣ ва эфелии дастгоҳи заршӯӣ, ё дар баромади чап ва рости ҷамъшавандаҳои миёнаю хурдии дарғотҳо дар новаҳои асосии чап ва рост намунабардорӣ мешаванд.

31. Аз маҳсулоти «Кисагӣ»-и дар охири дарғоти тагшонии миёна васлшуда, резишҳои гуногун ва талафёбии регҳо дар занҷири технологӣ – «истихроҷ-боркашонӣ-коркарди регҳо», ҳамчунин партовҳои қатъкунаки консентрати дарғотҳои тагшонии чуқур, миёна ва хурд, дарғоти назоратӣ ва партовҳои дар мавриди бутаркунонӣ, ғалберкунии намунаҳо ва пуфкунии консентрати онҳо пайдошуда, ҳамчунин баъд аз бутар дар зумпф ва мизи такмилдиҳии шӯъбаи такмилдиҳӣ, намунаҳо гирифта мешаванд.

32. Нуқтаҳои асосӣ, ки дар партовҳои онҳо талафёбии технологии қисми компоненти фоиданок арзёбӣ мегардад, инҳо мебошанд: ғалбери гидромеханикӣӯласангҳо ва шағал), новаҳои чап ва рости ғункунандаҳои миёна ва хурд, новаҳои асосӣ, шуъбаи такмилдиҳандаи асосӣ, инчунин «киса»-и васлшудаи дарғоти тагшонии миёна ва гидроэлакӣ (дар ҷое, ки дарғоти тагшонии хурд васл шудааст).

 

9. НАМУНАБАРДОРИИ ЛӮЛАСАНГУ ШАҒАЛ

33. Дар пошхӯрдаҳое, ки миқдори фраксияи лӯласангу шағал 60 %-ро ташкил медиҳад ва автосамосвалҳоро истифода мебаранд, миқдори камтарини намунаҳо дар ҳолати истифодабарии БелАЗ метавонад як намунаи стандартиро аз ду мошин, яъне аз ҳар як мошин 0,01 м3 ва барои HOWО як намунаи стандартӣ аз се мошин ташкил диҳад.

34. Дар пошхӯрдаҳое, ки миқдори фраксияи лӯласангу шағал 70% -ро ташкил медиҳад, миқдори зиёдтарини намунаҳо барои намудҳои автосамосвалҳои нишондодашуда тақрибан ба як намунаи стандартӣ аз мошин баробар мебошад.

 

10. НАМУНАБАРДОРИИ ЭФЕЛҲО

35. Партовҳои маводҳои эфелӣ бо асбоби намунагир дар баромади чап ва рости дарғотҳои миёна ва хурд (дар он ҷое, ки онҳо васл карда шудаанд), шуъбаи такмилдиҳӣ «киса»-и чап ва рости новаи асосӣ, бо роҳи давра ба давра бастани ҷараёни лойоба (пулпа) баъди ҳар як 10-15 дақиқа намунабардорӣ мешавад.

36. Ҳаҷми намунаи шабонарӯзии интихобӣ аз ҳар як дарғотҳои чап ва рости тагшинҳои миёна, аз ҳар новаи чап ва рост мувофиқи тавсияҳои Чемезов В. В. (соли 1980) – 200-250 литр ё ин ки 0,2-0,25 м3-ро ташкил медиҳад.

37. Мувофиқи иқтидори истеҳсолии лоиҳавии дастгоҳи тамғаи ППМ-5 баробари 100 м3/соат бошад, давомнокии шустани ҳаҷми муайяни рег (8 соат) ва давомнокии вақти лоиҳавӣ дар як шабонарӯз 18 соат, миқдори максималии умумии намунаҳои алоҳида ташкил медиҳад:

Vумум= (0.25x2/18)x8=0,222 м3 ё 11 адад (0.222/0,02=11,1) намунаи стандартӣ.

Миқдори минималии намуна – 0,178 м3 ё 9 намунаи стандартӣ.

38. Миқдори қатъкунӣ бо давомнокии 10-15 дақиқа, бо фосилаи байни онҳо 10-15 дақиқа – 3 қатъкунӣ дар як соат ва ҳангоми гузаронидани намунабардории кулл ва санҷиш (8 соат) – 24 қатъкуниро ташкил медиҳад. Дар ҳолати ҳаҷми намунаи интихобии шабонарӯзӣ ба 250 литр барои як нова (дарғот) баробар будан, ҳаҷми намунаи алоҳида дар як қатъкунӣ [(0.25х8):18]:24=0,0046=0,005 ё ин ки аз чор як ҳиссаи ҳаҷми намунаи стандартиро ташкил медиҳад. Чунин ҳаҷми намунаи алоҳида барои як қатъкунӣ нисбати новаи дигар низ пешбинӣ мегардад.

39. Дар ҳолати надоштани шароит барои гирифтани намунаи эфелҳо бевосита аз баромади новаҳо, дарғотҳои тагшонии миёна ва хурд (дар ҷое, ки васл шудааст), эфелҳо аз партовгоҳи онҳо барои намунабардорӣ тавсия дода мешавад.

40. Эфелҳо дар партовгоҳашон тариқи хуруҷӣ аз рӯи тури (шабакаи) шакли чоркунҷавӣ ё росткунҷавӣ то чуқурии умумии эфелҳои навбавуҷудомада бо назардошти гуногунии суръати таҳшиншавии зарраҳои тилло ва дигар компонентҳои сахти селоба (пулпа), намунабардорӣ мешаванд. Тарафҳои тӯри чоркунҷагӣ (квадратӣ) бо паҳноии қабати эфелҳо 0,5 м, ҳаҷми миёнаи намунаи интихобӣ барои пошхӯрдаҳои 30% эфелҳоро дошта – 4,5х4,5 м ва барои росткунҷагӣ – 4х5м қабул карда мешаванд. Барои пошхӯрдаҳои 40% эфелҳоро дошта, ин нишондодҳо мувофиқан 5х5 ва 4х6 м-ро ташкил менамоянд.

41. Ҳаҷми намунаҳо 0,01 м3. Миқдори умумии намунаҳои алоҳида 20-25 намуна, ҳаҷми намунаи интихобӣ – 0,23-0,25м3 муқаррар гардидаанд.

 

11. НАМУНАБАРДОРИИ ПАРТОВҲОИ НОВАҲОИ НАЗОРАТӢ

42. Дар раванди ихтисоркунии консентратҳои дарғотҳои тагшонии чуқур ва миёна бо ихтисоркунаки шуъбаи мукаммалсозӣ ба вуҷуд меояд. Ҳаҷми умумии консентрати ихтисоршаванда тақрибан 1,0 м3-ро ташкил медиҳад. Гирифтани намуна баъд аз итмоми обгардонӣ ва ҷудо кардани консентрати бойгардонидашуда гузаронида мешавад. Ҳаҷми намунаи ягона – 0,02-0,04 м3-ро ташкил медиҳад. Нақшаи намунабардорӣ монанди намунабардории эфелҳо дар партовҳои онҳо мебошад.

 

12. КОНСЕНТРАТИ «КИСАГӢ»

43. Консентрати мазкур, ки бисёр вақт ба партовҳои эфелӣ пеш аз обгардонии дарғоти тагшонии миёна партофта мешавад, маводҳои регу шағали дар раванди коркарди пурраи регҳо ба вуҷуд меомадаро ифода менамояд. Ҳаҷми он тақрибан 0,2 м3, ҳаҷми намунаи ягона аз «киса» – 0,01 м3-ро ташкил медиҳад.

 

13. ТАҲШИНҲОИ ХОКИСТАРРАНГ ВА СИЁҲ

44. Таҳшинҳои хокистарранг ва сиёҳ дар марҳилаи камшавии консентрати такмилдиҳии намуна дар раванди пуфкунии онҳо ва гирифтани маҳсулоти таҳшиншуда ба вуҷуд меоянд. Таркиби ин таҳшинҳо на фақат аз таркиби минералогӣ ва сифати регҳо, балки дар бисёр ҳолатҳо аз дараҷаи тахассусии пуфкунҳо ва коркарди босифати консентрат вобастагӣ дорад. Таркиби металл дар таҳшинҳо дар баъзе ҳолатҳо ба 1-1,5 грамм ва зиёдтар ба 1 кг таҳшин рост меояд.

45. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисоби талафёбии металл дар охири тозакунӣ таҳшинҳои сиёҳ ва хокистаранг бояд аз озмоиш гузаронида шаванд. Вазни онҳо вобаста ба миқдори таҳшинҳо (шлихҳо) бояд 50-100 граммро ташкил диҳад.

 

14. ТАЛАФЁБИҲОИ ДИГАР

46. Ба ин намуди талафёбӣ дохил мешаванд: талафёбӣ ҳангоми истихроҷ, кашонидан, коркард ва талафёбии эҳтимолӣ дар резонаҳои занҷири технологӣ.

47. Талафҳои бо истихроҷ вобаста то имрӯз озмоиш нашудаанд ва ҳисобӣ кардани онҳо ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, аксиомаи маълумро оид ба алоқаи зичии компонент бо файзнокиаш дар ҷинсҳои кӯҳии нигоҳдоранда (рег), шартан андозаи талафёбиро муайян кардан мумкин аст. Қабул шудааст, ки ҳаҷми регҳои талафшаванда ҳангоми истихроҷ, кашонидан ва коркард, хусусан дар ковишгоҳҳои обдор 3%-ро ташкил месозад. Аз ин бармеояд, ки кандании фоиданоки талафёбанда ба кандании фоиданоки регҳои талафшаванда, яъне ҳосили зарби ҳамин ҳаҷми регҳо ба файзнокии он баробар аст.

48. Талафёбии кандании фоиданоки резонаҳо дар шароити истифодабарии ППМ-5 ва дигар дастгоҳҳои шӯянда қариб вуҷуд надорад. Дар ҳолати ғайричашмдошт, резонаҳо ҳатман намунабардорӣ мешаванд. Дар ин ҳолат ҳаҷми намуна ба ҳаҷми худи резона баробар мешавад.

 

15. ПАРТОВҲОИ РАВАНДИ БУТАР ВА НОВАКУНӢ

49. Ин партовҳо дар натиҷаи ихтисоркунии регҳо, консентратҳо дар бутар ё нова пайдо мешавад. Дар аксар ҳолатҳо онҳо аз қобилияти шӯяндаҳо вобастагӣ доранд. Гирифтани ҳаҷми намунаҳои назоратӣ аз партовҳои бутарӣ ва новаи аз рӯи намуди намунаҳо дар ҳаҷми 25% аз миқдори умумии навъи намунаҳои коркардшуда тавсия дода мешавад.

50. Коркарди ҳамаи намунаҳо тибқи нақшаи маълуми стандартӣ гузаронида мешавад: таҳшинкунӣ (бураткунӣ) – ҷудокунӣ – хушккунӣ – пуфкунӣ – гирифтани таҳшини компоненти фоиданок.

51. Аз рӯи натиҷаҳои коркарди намунаҳо бо истифода аз усули маълуми ҳисобкунӣ, таркиби металл аз рӯи намудҳои талафёбӣ ҳисоб карда мешавад ва бо назардошти ҳаҷми мувофиқи онҳо, миқдори компоненти фоиданок талафшаванда ҳисоб карда мешавад. Миқдори умумии компоненти фоиданоки талафёфта бо ҷамъкунии миқдори ҳамаи намуди талафёбӣ муайян карда мешавад.

 

16. ҲИСОБИ БАДАСТОВАРИИ МЕТАЛЛ

52. Ҳангоми коркарди регҳои пошхӯрдаи сохти геологии мураккаби конҳои пошхӯрда бо тақсимоти таркиби гуногундоштаи металл ва таркиби гуногуни фраксионии компонентҳои фоиданок, ки таъсири андозаи ҳисобинашудаи конпоненти фоиданок ба андозаи бадастоварии он (дар мисоли ППМ-5) калон аст ва миқдори металлҳои бадастовардашуда аз металлҳо дар регҳои аввалия бартарият дорад, дар ин сурат, ҳисоби бадастоварӣ бо назардошти ҷамъи талафёбии воқеии технологӣ аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

 

Yавв – миқдори металл дар регҳои аввалия;

Yтҷамъи ҳамаи талафёбии металл;

Yг – миқдори металли бадастомада.

 

17. НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТЕХНОЛОГӢ

53. Регҳои зардор бо хосияти доштани миқдори зиёди лӯласангу шағал ва дар ҳолатҳои зиёд бо маводи гилхок тавсиф мешаванд. Ин ҳолат зарурияти дақиқ шустан ва элаккунии тўдаи кӯҳии аввалия, назорати бодиққат ба ҷойивазкунии маҳсулот дар элаки гидромеханикӣ, гидроэлак, шустани он берун аз параметрҳои лойоба ва танзимдарории онро ба миён меоварад.

54. Суръати тӯли интиқоли масолеҳ дар ғалбери гидромеханикӣ набояд аз 0,2+0,3 м/сония зиёд бошад. Фаввораи оби фишорӣ бояд зич бошад. Фишори оби ба гидромонитор дохилшаванда 20 метри сутуни обӣ (2 атмосфера) мебошад. Суръати селоби лойоба дар дарғотҳо бо сонияшумор ҳисобӣ шуда, ғафсии қабатро бо ҷадвал ва таносуби қисмҳои сахт ва моеъ (С:М) чунин муайян карда мешавад: дар баромади дарғотҳо бо таври бурриши селоб бо воситаи озмоишкунак селоб қисман гирифта, дар як маврид вақти бурриш қайд карда мешавад. Дар натиҷаи якчанд ченкунӣ бузургии миёнаи таносуби С:М (таносуби қисмҳои сахт ва моеъ) муайян карда мешавад. Дар зери новаи лӯласангу шағалҳо ба миқдори назаррас маҳсулоти майда (3+6мм) бояд набошад.

 

18. БОЙГАРДОНӢ ДАР ДАРҒОТҲО

55. Лойоба мунтазам дар тамоми паҳноии дарғот ҳаракат мекунад. Суръати сатҳи ҷараён набояд аз 2+2,5 м/сония зиёд бошад. Чуқурии ҷараён 2,5+3 маротиба аз андозаи донаҳои аз ҳама калони маводи бойгардонидашуда зиёдтар мешавад, вале на кам аз 30-32 мм. Эфелнокшавии берун аз дарғот мушоҳида намешавад, таносуби С : М = 1:10-16: 20-26.

56. Панҷараи оҳанин (трафарет) ба таги дарғот бо маводи тахтагӣ махкам карда шуда, сатҳи кории панҷараи оҳанин ҳамвор мебошад. Дар трафарети пресскардашуда фраксияҳои лойқадор мушоҳида намешаванд. Бо қатъ кардани маҳсулот ва об намадчаҳои резинӣ бо консентрат пӯшонида мешаванд. Баъд аз гирифтани консентрати дарғотҳо сурохаҳои қаппакҳои резинӣ тоза карда мешаванд.

 

19. КОРКАРДИ НАМУНАҲО

58. Барои коркарди намуна мавҷудияти асбобу анҷоми зерин лозим аст:

– бутара барои шустани намунаҳо;

– нова барои шустан;

– андозаи геологии ченкунӣ бо ҳаҷми 0,02 м3 (ендовка);

– бел, рӯдаҳои резинӣ, чангакҳои гуногун;

– элаккунии компоненти шлихӣ;

– маҷмӯи элаккунии компоненти фоиданок бо сурохаки андозаҳои 10 мм, 5 мм, 3 мм, 1 мм, 0,5 мм, 0,25 мм, 0,125 мм, 0,065 мм.

 

20. ШУСТАНИ НАМУНАҲОИ ГЕОЛОГӢ

59. Намунаҳои аз регҳои лӯласангу шағал ва эфелҳо гирифташуда, бо тариқи дастӣ дар бутара коркард карда мешаванд. Фраксияҳои калонро (аз 10 мм калонтар) ҷудо карда, баъд аз шустан ва азназаргузаронӣ ба партовгоҳ партофта мешаванд. Қисмати дигари фраксияҳои бо сарфи 5-6 литр/сония об, дар трафарети тагшонии хурди сахт ҷиҳозонидашуда ва рӯдаи резинӣ ба бойгардонӣ дар таҷҳизоти бутарӣ фарогир мешаванд. Барои пешгирии талафёбии қисми хурди консентрат, консентрати бутариро дар тағорачаи дастӣ то расидан ба дараҷаи таҳшинҳои хокистаррангу сиёҳ пурра шуста мешавад. Таҳшинҳои дар мавриди шусташавӣ гирифташударо хушк карда, дар ғилофак гирифта, тамға зада мешаванд. Баъдан таҳшинҳо дар шӯъбаи консентрати таҳшинӣ бо коркарди камералӣ ва дар тарозуи таҳлилӣ барои баркашидан фаро гирифта мешаванд. Миқдори миёнаи он бо усули мақбули умум, баъдан бо назардошти ҳаҷми фраксияҳои намудҳои талафёбӣ, миқдори талафёбии компоненти фоиданок муайян карда мешавад.

60. Аз натиҷаи гузаронидани намунабардории кулл, комиссия санад тартиб медиҳад, ки дар он натиҷаи ҳамаи намудҳои намунабардорӣ, ҳисоби муайянкунии таркиби миёнаи компонентҳои фоиданок дар регҳои аввалия, талафёбиҳои технологӣ, миқдори компонентҳои фоиданок дар дастгоҳи заршӯӣ, ҳамчунин маълумотҳои ченкунии фишори обдиҳӣ ва параметрҳои лойоба замима карда мешаванд.

61. Санад аз ҷониби ҳамаи аъзоёни комиссия имзо карда шуда, дар ҳолати гузаронидани намунабардории кулл аз ҷониби худи корхона аз тарафи роҳбари корхона ва ё сармуҳандиси корхонаи истихроҷкунанда тасдиқ карда мешавад, дар ҳолати гузаронидани намунабардории кулл бо иштироки комиссия бо роҳбарият ё сармуҳандиси корхона мувофиқа карда мешавад.

 

21. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ДАСТУРАМАЛИ МАЗКУР

62. Шахсоне, ки дар вайронкунии Дастурамали мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 


 

Дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2020, №1019 ба қайд гирифта шуд.

 

Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2020, № 14 тасдиқ карда шудааст

 

ҚОИДАҲОИ ЯГОНАИ ҲИФЗИ ҚАЪРИ ЗАМИН

ҲАНГОМИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ САХТ

 

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ягонаи ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки сахт мутобиқи сархати сиву дуюми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст, таҳия карда шуда, талаботҳо оид ба истифодабарии самаранок ва маҷмӯии конҳои канданиҳои фоиданоки сахт ва ҳифзи қаъри заминро муайян месозад.

2. Қоидаҳо барои ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, ширкатҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (новобаста аз шакли моликият) ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, барҳамдиҳӣ ва консерватсияи корхонаҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (ғайр аз маъмул) машғуланд, ҳатмӣ мебошад.

3. Мафҳумҳои дар Қоидаҳо овардашуда ба қонунгузорӣ дар бораи қаъри замин, инчунин дастурамалҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии байнисоҳавӣ ва соҳавӣ (низомномаҳо, дастурамалҳо, нишондиҳандаҳои методикӣ), ки истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки сахтро дар бар мегирад, мутобиқ кунонда шудааст.

 

2.  ТАЛАБОТҲОИ УМУМӢ

4. Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳолати риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қаъри замин ва мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин рухсат дода мешавад:

– иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҳисоботи геологӣ бо захирасанҷии канданиҳои фоиданок ва протоколи тасдиқи захираҳо дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (минбаъд -КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– санади супоридан ва қабул намудани кони омӯзишкардашуда барои азхудкунии саноатӣ;

– лоиҳаи тасдиқкардашуда барои сохтмони корхонаи нав ва ё  васеъгардида, азнавсозӣ ва бозсозии техникии корхонаи амалкунанда ва коркарди кон;

– санад, тасдиқкунандаи қитъаи кӯҳӣ;

– сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин;

– санади комиссияи давлатӣ оид ба қабули корхона ё ягон навбати ба истифода додашудаи он;

– рухсатнома барои истифодабарии махсуси об дар сурате, ки истихроҷи канданиҳои фоиданок ба ҳолати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ таъсир мерасонад ва дар ҳолати зарурӣ – протоколи КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи захираи обҳои зеризаминӣ;

– мувофиқакунӣ бо мақомотҳои ҳифзи моҳиён ҳангоми коркарди канданиҳои фоиданок дар соҳили баҳрҳо ва ҳудуди обанборҳо;

– нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ;

ҳуҷҷатҳои геологӣ, геодезӣ, маркшейдерӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар равиши сохтмон тартиб додашуда;

ҳисоботҳои корхонаҳои махсус оид ба таҳқиқотҳои технологӣ, гидрогеологӣ, муҳандиси-геологӣ, омӯзиши реҷаи газнокии конҳо ва дигар шартҳои коркарди онҳо, ҳангоми гузаронидани корҳои  иктишофии конҳо ва баъди ба анҷомрасии онҳо;

– мағзаҳои чоҳҳои иктишофӣ ва маҳакҳои такрорие, ки барои корҳои омӯзиши геологии оянда ва коркарди кон заруранд.

Тартиби гирифтани иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав) муайян менамоянд.

5. Муассиса бо комплексҳои нақбканӣ ва кӯҳканӣ, истихроҷӣ, таҷҳизотҳо ва мошинаҳои кӯҳӣ-нақлиётӣ, дигар воситаҳои техникие, ки тибқи лоиҳа барои таъмини бехатаронаи иҷроиши корҳои кӯҳӣ, ба пуррагӣ ва комплексӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданок аз қаъри замин истифода мешаванд, бояд таъмин бошад.

6. Қаъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси санади тасдиқкунандаи қитъаи кӯҳӣ барои истифодабарӣ ҷудо мегардад.

Қитъаи кӯҳӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок барои истифодабарӣ (ғайр аз маъмул) бо тартиби муайянгардида аз тарафи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар оянда-Хадамоти назорати кӯҳӣ) ҷудо карда мешавад.

Қитъаи кӯҳӣ, тибқи қоида, барои коркарди тамоми кони кандании фоиданок ба корхона ҷудо карда мешавад. Ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки нисбатан калон, қитъаҳои кӯҳӣ ба якчанд корхонаҳо ба тариқи истисно, аз тарафи Хадамоти назорати кӯҳӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки ҳар хелае, ки дар як майдон ҷойгиранд, қитъаи кӯҳӣ барои ҳар як кон ҷудогона пешниҳод мегардад. Дар ин ҳолат, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки калон аз тарафи якчанд корхонаҳо тартиби коркард ё қисми онҳо ва ҳампайвастагии корҳои кӯҳӣ бояд ба пуррагӣ, комплексӣ ва ба тариқи кофӣ истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки иктишофшударо аз қаъри замин, инчунин риояи талаботҳои бехатариро таъмин намояд.

Сарҳадҳои қитъаҳои кӯҳӣ дар асоси ҳудуди захираҳои иктишофшудаи канданиҳои фоиданок ё ягон қисми онҳо бо дарназардошти ҳудуди лағжиши ҷинсҳои кўҳӣ ё паҳншавии қисматҳои (канора) карерҳо муайян мегардад. Берун аз қитъаи кӯҳӣ мондани қисми конҳое, ки барои коркарди мустақил номувофиқ манъ аст.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок берун аз ҳудуди қитъаи кӯҳӣ манъ аст. Воридкунии қитъаҳои кони берун аз ҳудуди қитъаи кӯҳӣ ҷойгиршуда, тибқи дастрас намудани қитъаи кӯҳӣ бо асосноккунии техникию иқтисодӣ аз нав ба расмият дароварда мешавад.

Қитъаҳои кӯҳӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ба корхонаҳо, муассисаҳо, кооперативҳо, ҷамъиятҳо дар асоси иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва лоиҳаи коркарди кон (қитъа) ҷудо карда мешаванд.

7. Ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони корхона ва истихроҷи канданҳои фоиданок баъди ба расмият даровардани қитъаи кӯҳӣ, бо тартиби муқарраркардаи асосҳои қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

8. Истихроҷи саноатию таҷрибавии конҳои канданиҳои фоиданок ё ягон қисмати он бе қитъаи кӯҳӣ, дар асоси лоиҳаи тасдиқнамудаи муассисаи болоӣ, хулосаи мусбии муассисаҳои геологӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин тибқи тартиботи муқарраргардида, гузаронида мешавад. Дар ҳудудҳои обанборҳо, кӯлҳо, дарёҳо истихроҷи саноатию таҷрибавии конҳои канданиҳои фоиданок ба ғайр аз он, бо мақомотҳое, ки муносибат ва истифодаи обҳоро ба танзим медароранд, мувофиқа карда мешавад.

Истихроҷи саноатию таҷрибавии конҳо ё ягон қисми он барои аниқ намудани шароитҳои кӯҳию геологӣ ва дигар параметрҳо бо мақсади интихоби тарзи дурусти истихроҷ ва усули коркарди ашёи минералӣ, инчунин гирифтани маълумотҳои иловагӣ барои тартиб додани лоиҳаи сохтмони корхона ба роҳ монда мешавад.

Муҳлати гузаронидани коркарди саноатию таҷрибавӣ, ки дар лоиҳа асоснок карда шудааст, бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мутобиқ кунонида мешавад.

9. Талаботҳо оид ба истифодабарии самаранок ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки сахт бо усулҳои геотехнологӣ ва дигар (гудозиши сулфури зеризаминӣ, ишқоркунии зеризаминӣ, газикунонии зеризаминии ангишт ва дигар) дар асоси дастурамалҳо, ки аз тарафи вазоратҳо ва идораҳо тасдиқшудаву бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа шудааст, бояд пешбинӣ гардад.

10. Нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда шуда, аз тарафи истифодабарандагони қаъри замин тасдиқ карда мешавад.

Дар нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ нисбати ҳар як қисми истихроҷӣ дар алоҳидагӣ дарҷ карда мешавад.

Эзоҳ: қисми истихроҷӣ – ин қитъаи минималии кон бо шароитҳои нисбатан якҷинсаи геологӣ мебошад, ки коркарди он бо як системаи коркард ва нақшаи технологии кандани кон (зина, блок, камера ва ғайра) амалū гардида, дар ҳудуди он захираҳо дақиқ муайян карда шудаанд ва баҳисобгирии аввалиндараҷаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва дигар маъданҳои ҳамроҳ имконпазир аст.

Дар нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ бояд чораҳо оид ба камшавии талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ, дар ҳолати зарурӣ истихроҷ намудани захираҳои пешконсерватсияшуда ва ё аз тароз берунбуда, истифодабарии канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ва ҷинсҳои холии қабаткушоӣ, ҷобаҷокунии ашёи минералии ба талабот номувофиқ дар партовгоҳҳои махсус, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани пешравиҳои илмию техникӣ, инчунин нишондодҳои пешравиҳои технологӣ ва хулосаҳои илмию таҳқиқотӣ ва корҳои таҷрибавӣ доир ба ҳифзи қаъри замин пешбинӣ карда шавад.

Нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ тибқи Тартиби таҳия ва мутобиқ намудани нақшаҳои солонаи рушди корҳои кӯҳӣ, меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Кумитаи назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 04-6 аз 9 октябри соли 1997 тасдиқ карда шудааст, таҳия карда мешавад.

11. Лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои аҳолинишин, комплексҳои саноатӣ ва дигар объектҳои хоҷагии халқ дар ҳолати аз ташкилоти соҳаи геология маълумот нисбати мавҷудияти канданиҳои фоиданок дар ҳудуди сохтмони пешбинишуда пешниҳод карда нашавад, манъ карда мешавад.

Ба тариқи истисно, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷойгиршавии захираи кандаҳои фоиданок (ғайр аз маъмул), инчунин, ҷойгиркунонии гузаргоҳҳои зеризаминӣ, ки бо гирифтани канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ вобастанабуда, дар маҳалли мавҷудияти конҳо, аз тарафи Хадамоти назорати кӯҳӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат чорабиниҳои сохтмонӣ бо имконияти истихроҷи канданиҳои фоиданок бояд ба ҳисоб гирифта шавад.

12. Дар конҳо ё қисмҳои алоҳидаи  он, ки истихроҷ ва коркарди он мувофиқи асосноккунии техники-иктисодӣ аз тарафи муассиса ѓайримақсаднок мебошад, истихроҷи канданиҳои фоиданок аз тарафи ташкилотҳои худфаъол иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок аз тарафи ташкилотҳои худфаъол танҳо дар асоси шартнома бо корхонаи истихроҷӣ, ки қитъаи кӯҳӣ ба ӯ тааллуқ дорад, инчунин тибқи лоиҳаи тасдиқнамудаи истифодабарандаи қаъри замин ва Оинномаи намунавии ташкилоти худфаъол гузаронида мешавад.

Номгӯи канданиҳои фоиданок, ки истихроҷи он ба ташкилотҳои худфаъол рухсат дода шудааст ва Оинномаи намунавии онҳо бо тартиби муайян намудаи қонунгузорӣ, тасдиқ карда мешавад.

Корхонаҳо корҳои истихроҷии ташкилотҳои худфаъолро, инчунин риояи талаботҳои қонунгузории қаъри замин ва Қоидаҳои мазкурро аз тарафи онҳо мунтазам назорат намоянд.

13. Ҳар гуна намуди фаъолият, ки тартиботи нигохдории моддањои камёфти аёншудаи геологиро, пайдоиши минералогиро, қитъаҳои палеонтологӣ ва қитъаи қаъри замини бо тартиби муайян ҳамчун минтақаи манъкардашуда мансуб аст ё ин, ки ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангиро вайрон месозад, манъ аст.

Ҳангоми истифодаи қаъри замин ҳар гуна пайдоишҳои нодири геологӣ ва ташкилшавиҳои минералогӣ, метеоритҳо, иншоотҳои полеонтологӣ, археологӣ ва дигароне, ки манфиатҳои илму санъатро доранд, ошкор карда шавад, корҳо дар иншоотҳои мазкур ҳатман манъ карда шуда, ба мақомотҳои давлатии дахлдор хабар дода мешавад.

Барқарорсозии корҳо дар ин қитъа бо розигии мақомотҳои ваколатдори давлатӣ рухсат дода мешавад.

14. Бо максади самаранок ва оқилона истифодабарии боигариҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, барои истифодабарандагони қаъри замин, шахсони мансабдор ва дигар коргарон, ки ба беҳбудии истифодаи қаъри замин ва мустаҳккамкунии ҳифзи онҳо чораҷӯӣ намудаанд, аз тарафи вазоратҳо ва муассисаҳо ҳавасмандгардонии молӣ ва ахлоқӣ бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ гардидааст.

15. Вазоратњо, идораҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои соҳавии илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор ҳастанд, технологияи нав ва ё муосири вариантҳои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, воситаҳои механизатсиякунонӣ, ташкили меҳнат барои баланд бардоштани сифатнокӣ ва яклухтии ҷудо намудани кандании фоиданок ҳангоми истихроҷро кор карда бароянд ва нақшабандӣ намуда, татбиқи онро дар истеҳсолот таъмин намоянд.

16. Истихроҷи канданиҳои фоиданок ва истифодаи ашёи минералии он, ки ба қарори КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми тасдиқи захираҳо муайян карда шудааст, мухолиф аст, ё ин ки ба қоидавайронкунӣ роҳ дода шудааст, манъ аст.

Дар ҳолатҳои алоҳида ин намуди коркард муваққатан, танҳо бо иҷозати махсуси КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати кӯҳӣ иҷро мегардад.

17. Корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок ва омода намудани ашёи хом барои коркард машғул ҳастанд, барои азхудкунии комплексии конҳо, истифодабарии самаранок ва оқилонаи ашёи минералӣ ҷавобгар ҳастанд .

18. Талаботҳои Қоидаҳои мазкур бояд дар хуҷҷатгузориҳои соҳавӣ (қоидаҳои истифодабарии техникӣ, оинномаҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо ва дигарон), ки фаъолияти истеҳсолии хадамотҳо, зерсохторҳо ва мансабдорони алоҳидаи корхонаҳоро баён месозад, бояд дарҷ карда шаванд.

 

3.  ТАЛАБОТҲОИ АСОСӢ ОИД БА ЛОИҲАСОЗӢ,

СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАҲОИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

19. Мавзеи ҷойгиршавии корхона – майдон барои сохтмони корхона оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қаъри замин, об ва инчунин тибқи талаботҳои меъёрҳо ва стандартҳои соҳавӣ интихоб карда мешавад.

20. Мавзеи ҷойгиршавии корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок қабл аз корҳои лоиҳасозӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Хадамоти назорати кӯҳӣ ва инчунин бо дигар мақомотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.

21. Ташкилоти лоиҳасоз- лоиҳасози генералӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби ташкилотҳои махсуси лоиҳасоз ва таҳқиқотӣ бо дархости фармоишгар, барои интихоби майдонҳои сохтмон, вариантҳои гуногуни ҷойгиркунонии корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданокро бо ҳисобу китоби асоснок муқоисаи техникӣқтисодӣ намуда, аз рўи вариантҳои мувофиқ пешниҳод омода мекунад. Ҳаҷм ва номгӯи ин маводҳо ва пешниҳодҳо бо дарназардошти мураккаб будани объект муайян карда мешавад ва барои хулосабарорӣ бо мақсади самаранок ва пурра истифода бурдани конҳои канданиҳои фоиданоки истихроҷмешуда ва қарор кардан дар бораи ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, кифоя бошад.

22. Маводҳои асосноккардашуда бо вариантҳои муқоисавии техникӣқтисодии ҷойгиршавии корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва пешниҳодот дар бораи вариантҳои муфидро ташкилоти лоиҳасоз-лоиҳасози генералӣ, барои хулосабарорӣ ба Хадамоти назорати кӯҳӣ, ки намояндаи ӯ дар интихоби майдон барои сохтмони корхона ширкат намудааст, пешниҳод менамояд.

23. Барои интихоби майдони сохтмони корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок аз ҷониби Фармоишгар тибқи тартиби муқарраршуда, комиссия бо иштироки ҳатмии намояндаи Хадамоти назорати кӯҳӣ ташкил карда мешавад ва санад дар бораи интихоби майдони сохтмони корхона тартиб дода мешавад.

Санад дар бораи интихоби майдон барои сохтмони корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни комиссия ба имзо мерасад, аз тарафи фармоишгар тасдиқ мегардад ва ҳамчун ҳуҷҷати мувофиқашуда доир ба мавқеи ҷойгиршавии корхонаи истихроҷи канданињои фоиданок маҳсуб меёбад.

24. Дар ҳолати интихоб кардани майдон барои сохтмони корхона дар ҳудуди конҳои канданињои фоиданок, қабл аз оғози корҳои лоиҳасозӣ фармоишгар тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат барои сохтмони майдоне, ки дар он канданиҳои фоиданок ҷойгир шудааст, бояд ба расмият дарорад.

25. Лоиҳаи корхона, аз он ҷумла коркарди таҷрибавию-саноатии кон, бояд ба талаботи қонунгузорӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, ба гурӯҳбандӣ намудани захираи конҳо ва захираи пешбинишудаи канданиҳои фоиданоки сахт, меъёрҳои амалкунанда оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон, меъёрҳои соҳавӣ ва дастурҳо оид ба лоиҳакашӣ, талаботҳои бехатарӣ ва истифодабарии техникӣ ва ҳамчунин ба Қоидаҳои мазкур, ҷавобгӯ бошад. Дар лоиҳа чорабиниҳо дар бораи иҷрои қарор ва тавсияҳое, ки КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи захираҳо пешниҳод намудааст, бояд ба назар гирифта шавад.

26. Лоиҳаи корхона, аз он ҷумла коркарди таҷрибавию саноатӣ, дар асоси супориши техникӣ оид ба лоиҳакашӣ, ки аз тарафи истифодабарандаи қаъри замин ва ё ташкилоти болоии он тасдиқ шудааст, дар мувофиқа бо Хадамоти назорати кӯҳӣ дар қисми ҳифзи қаъри замин, таҳия карда мешавад. Лоиҳаи корхонаҳое, ки ба талаботи қонунҳои амалкунандаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва қоидаҳои мазкур ҷавобгӯй нест, қабл аз тасдиқ намудани он бояд бо Хадамоти назорати кӯҳӣ дар қисмати ҳифзи қаъри замин мувофиқа карда шавад.

27. Дар лоиҳаи корхона масъалаҳои зерин бояд пешбинӣ шаванд:

ҷойгиркунонии таҷҳизоту иншоотҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии корхона, тарзи боз намудан ва системаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, истифодаи воситаҳои механизатсиякунонӣ ва автоматикунонии ҷараёни истеҳсолӣ, ки пурраву самаранок ва аз ҷињати иқтисодӣ манфиатовар ҷалби захирањои тавозунӣ ва самараноку оқилона истифода кардани онҳо ва дар якҷоягӣ бо онњо канданиҳои фоиданоки ҳамроҳро таъмин месозад, ҳамчунин ҳифз ё захира намудани захираҳои ғайритавозунӣ дар зери замин ё дар анборҳои алоҳида барои азхудкунии саноатии минбаъдаи онҳо;

– омода намудани канданињои фоиданоки истихроҷшуда, ки тарзи пешрафти ғанигардонӣ ва коркарди манфиатноки ашёи минералӣ, самаранок ва пурра ҷалб кардани маъданҳое, ки дар таркибашон захирањои саноатӣ мавҷуд аст, таъмин намояд;

– самаранок истифода кардани ҷинсҳои кӯҳии ҳамроҳ ва қабаткушоӣ, партовҳои истеҳсолие, ки дар натиҷаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ба амал омадаанд;

– безараргардонӣ ё зери хок намудани партовҳои зарарноки истеҳсолот тибқи қонунҳои амалкунанда;

– дар алоҳидагӣ ҷамъ намудан ва нигоҳ доштани канданиҳои фоиданоки ҳамроҳе, ки муваққатан истифода намешаванд, ҳамчунин партовҳои истеҳсолӣ, ки дар таркибашон компонентҳои фоиданок мавҷуд аст, асосноксозии ғунҷойиши анборҳо, тартиб ва технологияи анборкунӣ, шароит ва муҳлати нигоњдорӣ ва ҷалби онҳо барои истифодаи канданиҳои фоиданок ва партовҳои истеҳсолот, чорабиниҳо доир ба пешгирӣ кардани талафёбӣ ва вайрон шудани ашёи минералӣ;

-омӯзиши геологии қаъри замин, ки дар давоми сохтмон ва фаъолияти корхона кашф шудаанд, тартиб додани ҳуҷҷатгузориҳои геологӣ ва маркшейдерӣ;

-воситаҳои техникие, ки барои ҳисобу китоби дақиқ ва сифати ашёи минералии маъдани истихроҷшуда истифода бурда мешавад;

ҳайати хадамоти геологӣ ва маркшейдерии корхона ва таҷҳизотҳои техникии онҳо;

-чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии кормандони корхона ва аҳолӣ, ҳифзи қаъри замин, ҳаво, замин, ҷангал, об ва дигар объектҳои табии муҳити гирду атроф, бино, иншоот, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ аз таъсири манфие, ки ба истифодабарии қаъри замин алоќа дорад;

-чорабинӣ дар бораи техникаи бехатарӣ;

-мутобиқи қонунҳои амалкунанда, бехатар ва барқарор намудани қитъаҳои замин ва манбаъҳои об, ки дар натиљаи истифода бурдани сарватҳои табиӣ вайрон мешаванд, ба ҳолате, ки қобили истифодаи хољагии халқ бошанд.

Инчунин, дар чорабиниҳои вобаста ба ҳифзи муҳити атроф, ки дар лоиҳа оварда шудааст, дар якҷоягӣ бо дигар масъалаҳо бояд пешбинӣ шаванд;

-кам намудани бегонакунии заминҳое, ки таҳти корҳои кӯҳӣ қарор доранд;

-дар бораи интихоби технологияи истихроҷ ва коркарди аввалияи ашёи хоми маъданӣ бо камтарин партов ба муҳити табиати атроф;

-дар бораи ташкили назорат доир ба ҳолати муҳити табиати атроф ва дурнамои ҳолати ивазшавии муҳити табиати атроф дар алоқамандӣ бо истифодаи қаъри замин.

28. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар конҳои нисбатан калон, ки дар он ду ва зиёда корхона ҷойгир мебошад, бояд лоиҳаи маҷмӯии азхудкунӣ ва коркарди кон таҳия карда шуда, масъалаҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

– самаранок боз намудани конҳо бо майдонҳои шахтавӣ (карерӣ), ки нисбатан истихроҷи пурраи захираҳоро аз қаъри замин, истифодабарии маҷмӯии захираҳои кони асосӣ ва канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ва ҷузъҳои фоиданоки он, инчунин, чорабиниҳое, ки бехатарии кормандони корхона ва аҳолиро таъмин менамояд;

– асосноккунии иқтидори муфиди ҳар як корхона, коркарди бонавбати конҳо (қабатҳо), танаҳои маъдандори канданиҳои фоиданоки гуногуншакл ва гуногунсохт бо истиснои коркарди нодурусти он ва роҳ надодан ба талафёбии беасоси онҳо;

– дуруст ва маќсаднок ҷойгир кардани майдончаҳои саноатии асосӣ ва ёрирасони корхона бо биноҳои руизаминӣ ва иншоотҳое, ки барои истифодаи корхона заруранд, аз он ҷумла анбори кандании фоиданок, партовгоҳҳои ҷинсҳои кӯҳии қабаткушоӣ ва ҳамсафар, инчунин, шаҳраки коргарнишин ва коммуникатсия: роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, хатҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва иншооти обтозакунӣ ва дигар объектҳое, ки барои фаъолияти мунтазами корхона лозим меояд;

– сохтмони марҳилавӣ ва ба истифода додани корхонаҳои алоҳида;

– харољоти сармоявӣ ва нишондиҳандаҳои техникї-иқтисодии корхонаҳо дар алоҳидагӣ ва умуман дар кон.

Лоиҳаи маҷмӯии азхудкунӣ ва коркарди кон тибқи тартиботи муқарраргардида аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ ва бо Хадамоти назорати кӯҳӣ мувофиқа карда мешавад ва дар асоси он лоиҳаи алоҳидаи корхонаҳое, ки дар ин кон ҷойгир шудаанд, таҳия карда мешавад.

29. Тарзи боз намудани кон дар, усул ва низоми коркарди кон дар лоиҳаи корхона бо ҳисобу китоби техникию иқисодии вариантҳо, бо қабул намудани варианте, ки шароити бехатарии корҳо, истихроҷи пурра ва босифати кандании фоиданокро аз қаъри замин бо фоидаи максималии иқтисодӣ ба ҳар як воҳиди (тонна, м. куб) захираҳои тавозунии истихроҷшуда бо риояи талаботҳои ҳифзи муҳити атроф таъмин менамояд, қабул карда мешавад.

Ҳангоми асоснок кардани усул ва низоми коркарди кон дар лоиҳаи корхона, ҳамчунин вариантҳои коркарди майдонҳои шахтавӣ аз марзи кон ба марказ, омода намудани қисмҳои истихроҷшаванда бо ковишҳои ҷинсҳои кӯҳии ғайримаъданӣ, инчунин, муайян кардани бузургиҳои муфиди қисмҳои истихроҷшаванда дида баромада шавад.

Ба амал баровардани вариантњои дар лоиҳа кабул гардида, бояд бехатариро дар вақти кор таъмин намояд ва коркарди интихобии минтақаҳои нисбатан серҳосили қабатҳо, танаҳо ва хобишҳои маъданӣ, ки боиси паст шудани сифати захираҳои тавозунӣ мегардад, инчунин коркарди паҳлӯӣ ва барзиёди қабатҳо, танаҳо ва хобишҳои маъдан, ки ба талафёбии арзиши саноатӣ ва ё пурра талафёбӣ оварда мерасонад, манъ намояд.

30. Агар дар лоиҳаи корхонаи фаъолияткунанда коркарди захираҳои тавозунии ҳамроҳ нишон дода нашуда бошад ва ё коркарди он ба роҳ монда нашуда бошад, корхона уҳдадор аст, ки оид ба коркарди кандании фоиданоки ҳамроҳ ба лоиҳаи мавҷуда илова ворид намояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ маҳали ҷойгиркунонии кандании фоиданоки ҳамроҳро дар партовгоҳи махсус бо мақсади истифодаи он дар оянда, муайян намояд.

Дар вақти таҳия намудани илова ба лоиҳа, бояд истихроҷ ва коркарди пурраи ашёи хом, истифодаи технологияи муосири истихроҷ ва коркард таъмин карда шавад ва дараҷаи азхудкунӣ, сифат ва фазои ҷойгиршавии кандании фоиданок, мавҷудияти истеъмолкунандагон ва дурнамои талабот ба ин намуди кандании фоиданок ба ҳисоб гирифта шавад.

31. Ҳангоми сохтан ва ба истифода додани корхонаҳое, ки дар конҳои шароити табии мураккаби кӯҳӣ-геологӣ ҷойгир шудаанд, талаботҳои Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои ангишт бо тарзи зеризаминӣ, Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои ангишт бо тарзи рӯизаминӣ, Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ғайримаъдан ва пошхўрда бо тарзи зеризаминӣ, Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми коркарди канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод, Қоида (Дастур) дар бораи ҳифзи иншоот ва объектҳои табиӣ аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ, инчунин, талаботҳои дастурамалҳои махсус, ки дар ҳамин Қоидаҳо оварда шудааст, қатъиян риоя карда шавад.

32. Дар лоиҳаи корхона коркарди ашёи минералии маҷмӯие, ки аз тарафи КДЗ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъиноти бисёрҷониба муайян карда шудааст, бояд варианти муфиди азхудкунии кон ва истифодаи маҳсулоти истихроҷмешуда барои манфиатҳои максималии хоҷагии халқ муайян карда шавад.

33. Дар лоиҳаи корхонае, ки ба истихроҷи зеризаминии масолеҳи табии сохтмонӣ аз санг, гаҷ, оҳаксанг, намаки сангӣ ва калий машғул аст, бояд омодагии мақсадноки нақбҳо бо мақсади таъмини истифодаи дарозмуддати он бо мақсадҳое, ки ба истихроҷ вобаста нест, нишон дода шуда бошад.

34. Ҳангоми сохтмони корхонаи нав ё азнавсозии корхонаи амалкунанда, ҳамчунин дар онҳо омода кардани уфуқҳо ва қитъаҳои истихроҷӣ, тағйир додан ё қафомонии талаботи лоиҳаи тасдиқшуда, ки ба вайрон намудани қонунгузории истифодаи қаъри замин ва Қоидаи мазкур оварда мерасонад, бе розигии пешакии ташкилоти лоиҳакаш ва мақомоти Хадамоти назорати кӯҳӣ, инчунин бе иҷозати хаттии ташкилоте, ки лоиҳаро тасдиқ намудааст, манъ аст.

35. Корхонае, ки мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида сохтмони он (азнавсозӣ, васеъкунӣ) ба анҷом расидааст ва барои истифода омода аст, аз ҷониби Фармоишгар барои қабул ба комиссияи давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳайати комиссияи давлатии қабул, тартиби кор ва таъиноти онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда муайян карда мешавад.

Корхонае, ки сохтмонаш ба итмом расидааст, барои истифодабарӣ бо санади комиссияи давлатии қабул ба расмият дароварда мешавад.

36. Маълумоти асосӣ дар бораи қарори лоиҳавӣ оид ба таъмини истифодаи самараноку коркарди маҷмӯии онҳои истифодашаванда ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ҳифзи қаъри замин ва табиати муҳити атроф, бояд дар қисми махсуси лоиҳа – «Ҳифзи қаъри замин ва табиати муҳити атроф» нишон дода шавад.

 

4.  ТАЪМИНОТИ ГЕОЛОГИЮ МАРКШЕЙДЕРИИ

КОРҲОИ КӮҲӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ЗАХИРАҲО

37. Вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ба лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок машғуланд, бояд хадамотҳои геологӣ ва маркшейдерӣ дошта бошанд.

Сохтор, вазифа, масъулият ва ҳуқуқҳои хадамотҳо бо Низомномаи намунавии соҳавии хадамоти геологӣ ва Низомномаи намунавии соҳавии хадамоти маркшейдерӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 1995, № 650  тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешавад.

38. Корхонаҳо вазифадоранд, ки:

– азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷии конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар корҳои геологиро бо мақсади мукаммалгардонии базаи ашёи минералӣ, пурра намудани маълумотҳои саҳеҳии захираҳои иктишофшуда, омӯзиши кӯҳӣ-геологӣ ва дигар шароитҳои коркарди конро ба роҳ монад;

– корҳои маркшейдериро бо мақсади таъмини коркарди (истихроҷи) нисбатан пурра ва истифодаи маҷмӯии канданиҳои фоиданок, самаранок ва бехатар бурдани корҳои кӯҳӣ, ҳифзи қаъри замин, биноҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳои табииро аз таъсири зиёновари корҳои кӯҳӣ, иҷро намояд;

ҳуҷҷатгузории муқарраршудаи геологӣ ва маркшейдериро пеш барад;

– ба ҳисобгирӣ, ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданокро таъмин намояд, инчунин, канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ, канданиҳои фоиданоке, ки муваққатан истифода бурда намешаванд, партовгоҳҳои истеҳсолии саноатие, ки дорои компонентҳои фоиданок ҳаст, ба қайд гирад;

Коркарди конҳо ва сохтмони (азнавсозии) корхона бе таъминоти саривақтӣ ва босифати корҳои геологӣ ва маркшейдерии корҳои кӯҳӣ, ба ҳисоб нагирифтани ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданок манъ аст.

39. Ҳамаи корҳои геологӣ дар ҳудуди кони коркардшудаистода бояд мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида, ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ ва фармоишҳо, ҳамчунин бо риояи талаботҳои дастурамалҳои КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои методӣ ва фармоишҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо гузаронида шаванд.

Дар ҳолатҳои алоҳида бо розигии Хадамоти назорати кӯҳӣ, бурдани корҳои иктишофи истихроҷии кон дар асоси нақшаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ иҷозат дода мешавад.

40. Азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷии конҳо ё минтақаҳои алоҳидаи он аз тарафи корхона ё ташкилот тибқи супориши геологӣ амалӣ карда мешавад.

41. Азнавомӯзии иктишофӣ дар қисмҳои пурра омӯхтанашудаи кони истифодашаванда (қанот, уфуқҳои поёнӣ, қитъаҳои алоҳида) бо ҳамбастагии лоиҳаи корхона ва нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ пайдарпай гузаронида мешавад.

Иктишофи истихроҷии кон бояд аз корҳои омодасозӣ ва истихроҷӣ пеш бошад ва дар ҳамаи муддати фаъолияти корхона гузаронида шавад.

42. Лоиҳаи идомаи корҳои иктишофӣ (доразведка) ва иктишофи истихроҷии конҳо бояд пешбинӣ намояд:

-супориши мақсаднок, асосноккунии масъала ва роҳи ҳалли онҳо;

-методика ва технологияи гузаронидани корҳои комплексии геологӣ, геофизикӣ, гидрогеологӣ ва инженерӣ-геологии қабулшуда ва ҳамчунин тадқиқотҳои технологӣ ва дигар намуди тадқиқотҳо, ки барои иҷрои супориши мақсаднок зарур аст;

ҳисоби ҳаҷми корҳои аслӣ ва маблағҳои зарурӣ аз рӯи методикаи корҳои қабулгашта;

-натиҷаҳои ниҳоӣ оид ба зиёд шудани захираҳои канданиҳои фоиданок, гузаронидани захираҳо ба категорияҳои нисбатан баланд аз лиҳози дараҷаи омӯзиш, ҳамчунин муайянкунии хусусиятҳои геологии кон ё минтақаҳои алоҳидаи он.

Дар шароитҳои мураккаби кӯҳӣ-геологии коркарди конҳо ва минтақаҳои он (эҳтимолияти пайдоиши партови ногаҳонии массаи кӯҳӣ ва газ, рахназании обҳо ва лойқа, зарбаҳои кӯҳӣ, лағжиши кӯҳ ва диг), дар лоиҳаи иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ гузаронидани тадқиқотҳои махсус дар нақб бо мақсади пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба таъмини самаранок ва бехатар бурдани корҳои кӯҳӣ нишон дода шавад.

Лоиҳаи азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ бояд истифодаи максималии нақбҳои мавҷудаи асосӣ, омодасозӣ ва бурришӣ, чоҳҳоро барои идомаи корҳои азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ пешбинӣ намояд.

Нақбҳои иктишофӣ дар корҳои истихроҷӣ бояд ба таври максималӣ истифода бурда шавад.

43. Натиҷаҳои корҳои геологӣ, гидрогеологӣ, геофизикӣ, технологӣ ва дигар, ки дар раванди сохтмон ва истифодаи корхона, азнавомӯзӣ ва иктишофи истихроҷӣ ба даст меояд, бояд сари вақт коркард намуда, барои асосноккунии геологии лоиҳа ва банақшагирии самараноки корҳои кӯҳӣ, инчунин нақбҳои асосӣ, омодасозӣ ва истихроҷӣ бурда истифода шавад.

Дар мавриди мутобиқат накардани нишондодҳои иктишофи дақиқ ва нишондодҳои воқеӣ, ки дар рафти сохтмон ва истифодаи корхона, азнавомӯзии иктишофӣ ва иктишофи истихроҷӣ ошкор мешавад, маводи номутобиқатӣ бояд аз тарафи корхона якҷоя бо ташкилоте, ки иктишофи дақиқи конро анҷом додааст, баррасӣ карда шавад. Дар сурати пайдо шудани номувофиқии нисбатан зиёд, маводҳо ба КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мегардад.

Корхона ё ташкилоти махсус дар натиҷаи корҳои гузаронидашудаи корҳои иктишофӣ-геологӣ ҳисоботи геологӣ тартиб медиҳад. Тартиб, муҳлат ва мазмунии ҳисоботи геологии корхона ё ташкилотҳои махсуси иктишофӣ-геологиро Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Лоиҳакашӣ ва нақшабандии корҳои кӯҳӣ, ҳамчунин пешбурди онҳо бе асосноккунии пешакии геологӣ иҷозат дода намешавад.

44. Барои ҳамаи нақбҳои иктишофӣ-геологӣ ва чоҳҳои пармакардашуда бояд ҳуҷҷатнигории геологӣ карда шавад ва дар мавриди ошкор намудани канданиҳои фоиданок ва дар дигар ҳолатҳои лозимӣ – намунагирӣ (опробование), аз он ҷумла, намунагирии технологӣ гузаронида шавад. Намунагирии (намунагирии технологӣ) мувофиқи лоиҳа ва дастурамал оид ба корҳои геологӣ, тибқи талаботҳои Саридораи геологияи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи таснифоти захираҳои канданиҳои фоиданок, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Дар мавридҳои зарурӣ, тибқи дастурамал, дар нақбҳои асосӣ (капиталӣ), омодасозӣ, бурришӣ, чоҳҳои кофташудаи таъиноти гуногун ҳуҷҷатикунонии геологӣ гузаронида мешавад.

Корхона вазифадор аст, ки саривақт ташхиси химиявӣ, спектралӣ ва дигар намудҳои ташхисро барои ҳама гуна компонентҳои фоиданок ва зиёновар, тибқи лоиҳаи корҳои иктишофӣ-геологӣ ва Дастурамали зикршуда таъмин намояд. Ҳамчунин, хусусиятҳои технологии канданиҳои фоиданок ва дорои компонентҳои фоиданоки таъиноти саноатӣ доштаи онро мавриди тадқиқот қарор диҳад.

45. Сифатнокӣ ва саривақтӣ тартибдиҳии ҳуҷҷатҳ</